Тарҷумаи сураи ЪОДИЁТ ба الطاجيكية аз الترجمة الطاجيكية - عارفي
Verse 1
ﮱﯓ
ﯔ
Савганд ба аспҳои даванда, ки нафасзанон [ба сӯйи майдони ҷиҳод] пеш мерафтанд
Verse 2
ﯕﯖ
ﯗ
Ва савганд ба аспҳое, ки [бо бархӯрди сумҳояшон ба сангҳо] шарораи [оташ] эҷод карданд
Verse 3
ﯘﯙ
ﯚ
Боз савганд ба аспҳое, ки дар субҳгоҳон [бар душман] юриш баранд
Verse 4
ﯛﯜﯝ
ﯞ
Пас, дар он ҳангом гарду ғубор барангезанд
Verse 5
ﯟﯠﯡ
ﯢ
Он гоҳ ба миёни [сипоҳи душман] дароянд
Verse 6
ﭑﭒﭓﭔ
ﭕ
Яқинан, инсон дар баробари [неъматҳои] Парвардигораш бисёр носипос аст
Verse 7
ﭖﭗﭘﭙ
ﭚ
Ва бе гумон, ӯ бар ин [носипосӣ] гувоҳ аст
Verse 8
ﭛﭜﭝﭞ
ﭟ
Ва ҳамоно ӯ алоқаи фаровоне ба мол [-и дунё] дорад
Verse 9
Оё ӯ намедонад, ки дар он рӯз он чи дар гурҳост, [ҳама зинда ва] барангехта шаванд?
Verse 10
ﭩﭪﭫﭬ
ﭭ
Ва он чи дар синаҳост, [ҳама] ошкор гардад
Verse 11
ﭮﭯﭰﭱﭲ
ﭳ
Яқинан, дар он рӯз Парвардигорашон ба [вазъу ҳоли] эшон комилан огоҳ аст
تقدم القراءة