Surah Al-A'la in Тоҷикӣ
АЪЛО · سورة الأعلى · Verses: 19 · Meccan
Translation: Тоҷикӣ translation 1 (الترجمة الطاجيكية - عارفي)
-
1
سَبِّحِ ٱسۡمَ رَبِّكَ ٱلۡأَعۡلَى
Номи Парвардигори баландмартабаатро ба покӣ ёд кун -
2
ٱلَّذِي خَلَقَ فَسَوَّىٰ
[Ҳамон] ки [инсонро] офарид ва ҳамоҳанг ва мутаодил сохт -
3
وَٱلَّذِي قَدَّرَ فَهَدَىٰ
Ва [ҳамон] касе, ки андозагирӣ кард ва [ба шоистагӣ офарид] ва сипас ҳидоят намуд -
4
وَٱلَّذِيٓ أَخۡرَجَ ٱلۡمَرۡعَىٰ
Ва [он] касе, ки чарогоҳро [барои тағзияи ҷондорон] рӯёнид -
5
فَجَعَلَهُۥ غُثَآءً أَحۡوَىٰ
Сипас онро хушку сиёҳ гардонид -
6
سَنُقۡرِئُكَ فَلَا تَنسَىٰٓ
Мо ба зудӣ [Қуръонро] бар ту мехонем; пас, ту ҳаргиз [онро] фаромӯш нахоҳӣ кард -
7
إِلَّا مَا شَآءَ ٱللَّهُۚ إِنَّهُۥ يَعۡلَمُ ٱلۡجَهۡرَ وَمَا يَخۡفَىٰ
Магар он чиро, ки Аллоҳ таоло бихоҳад; ҳамоно Ӯ ошкору ниҳонро медонад -
8
وَنُيَسِّرُكَ لِلۡيُسۡرَىٰ
Ва барои ту осонтарин [роҳ]-ро фароҳам мегардонем -
9
فَذَكِّرۡ إِن نَّفَعَتِ ٱلذِّكۡرَىٰ
Пас, агар панди муфид бошад, [мардумро бо оёти Қуръон] панд деҳ -
10
سَيَذَّكَّرُ مَن يَخۡشَىٰ
Ба зудӣ, касе, ки [аз Аллоҳ таоло] метарсад, панд мепазирад -
11
وَيَتَجَنَّبُهَا ٱلۡأَشۡقَى
Ва бадбахттарин [-и мардум] аз он дурӣ мегузинад -
12
ٱلَّذِي يَصۡلَى ٱلنَّارَ ٱلۡكُبۡرَىٰ
[Ҳамон] Касе, ки дар оташи бузург [-и ҷаҳаннам] дархоҳад омад -
13
ثُمَّ لَا يَمُوتُ فِيهَا وَلَا يَحۡيَىٰ
Ва дар он [оташ] на мемирад ва на зинда мемонад -
14
قَدۡ أَفۡلَحَ مَن تَزَكَّىٰ
Яқинан, касе, ки худро [аз куфру гуноҳ] пок кунад, растагор хоҳад шуд -
15
وَذَكَرَ ٱسۡمَ رَبِّهِۦ فَصَلَّىٰ
Ва [низ касе, ки] номи Парвардигорашро ёд кунад ва намоз бигузорад -
16
بَلۡ تُؤۡثِرُونَ ٱلۡحَيَوٰةَ ٱلدُّنۡيَا
Вале шумо [мардум] зиндагии дунёро [бар охират] тарҷеҳ медиҳед -
17
وَٱلۡأٓخِرَةُ خَيۡرࣱ وَأَبۡقَىٰٓ
Дар ҳоле ки охират беҳтар ва пояндатар аст -
18
إِنَّ هَٰذَا لَفِي ٱلصُّحُفِ ٱلۡأُولَىٰ
Ба ростӣ, ин [пандҳо] дар китобҳои осмонии пешин [низ] буд -
19
صُحُفِ إِبۡرَٰهِيمَ وَمُوسَىٰ
Китобҳои Иброҳим ва Мӯсо