Surah Al-Balad in Тоҷикӣ
БАЛАД · سورة البلد · Verses: 20 · Meccan
Translation: Тоҷикӣ translation 1 (الترجمة الطاجيكية - عارفي)
-
1
لَآ أُقۡسِمُ بِهَٰذَا ٱلۡبَلَدِ
Савганд ба ин шаҳр [Макка] -
2
وَأَنتَ حِلُّۢ بِهَٰذَا ٱلۡبَلَدِ
Ва ту дар ин шаҳр сокинӣ [ва ҷанг дар ин шаҳр барои ту ҳалол аст] -
3
وَوَالِدࣲ وَمَا وَلَدَ
Ва савганд ба падар [Одам] ва фарзандонаш -
4
لَقَدۡ خَلَقۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ فِي كَبَدٍ
Яқинан, инсонро дар ранҷ офаридем -
5
أَيَحۡسَبُ أَن لَّن يَقۡدِرَ عَلَيۡهِ أَحَدࣱ
Оё ӯ гумон мекунад, ҳеҷ кас бар [муҷозоти] вай тавоно нест? -
6
يَقُولُ أَهۡلَكۡتُ مَالࣰا لُّبَدًا
Мегӯяд: «[Ба хотири инфоқ] Моли зиёдеро табоҳ кардаам» -
7
أَيَحۡسَبُ أَن لَّمۡ يَرَهُۥٓ أَحَدٌ
Оё мепиндорад, ки ҳеҷ кас ӯро надидааст? -
8
أَلَمۡ نَجۡعَل لَّهُۥ عَيۡنَيۡنِ
Оё барои ӯ ду чашм қарор надодем? -
9
وَلِسَانࣰا وَشَفَتَيۡنِ
Ва як забон ва ду лаб? -
10
وَهَدَيۡنَٰهُ ٱلنَّجۡدَيۡنِ
Ва ӯро ба ду роҳ [хайр ва шар] роҳнамоӣ кардем -
11
فَلَا ٱقۡتَحَمَ ٱلۡعَقَبَةَ
Пас, ба гардана [и сахт] қадам нагузошт [ва наомад] -
12
وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا ٱلۡعَقَبَةُ
Ва ту чи медонӣ, ки гардана [-и сахт] чист? -
13
فَكُّ رَقَبَةٍ
Озод кардани барда аст -
14
أَوۡ إِطۡعَٰمࣱ فِي يَوۡمࣲ ذِي مَسۡغَبَةࣲ
Итъом дар рӯзи қаҳтӣ [ва гуруснагӣ] -
15
يَتِيمࣰا ذَا مَقۡرَبَةٍ
[Хоҳ] Ятиме аз хешовандон [бошад]
-
16
أَوۡ مِسۡكِينࣰا ذَا مَتۡرَبَةࣲ
Ё мустаманде хокнишин -
17
ثُمَّ كَانَ مِنَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَتَوَاصَوۡاْ بِٱلصَّبۡرِ وَتَوَاصَوۡاْ بِٱلۡمَرۡحَمَةِ
Он гоҳ аз касоне бошад, ки имон овардаанд ва якдигарро ба сабр [бар ибодат ва дурӣ аз гуноҳ] ва меҳрубонӣ [бо бандагон] тавсия намудаанд -
18
أُوْلَٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلۡمَيۡمَنَةِ
Инон аҳли саодатанд [ки номаи аъмол ба дасти росташон дода мешавад ва аҳли биҳиштанд] -
19
وَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِـَٔايَٰتِنَا هُمۡ أَصۡحَٰبُ ٱلۡمَشۡـَٔمَةِ
Аммо касоне, ки ба оёти Мо куфр варзиданд, онон аҳли шақоватанд [ки номаи аъмол ба дасти чапашон дода мешавад ва ба дузах мераванд] -
20
عَلَيۡهِمۡ نَارࣱ مُّؤۡصَدَةُۢ
Бар онон [аз ҳар сӯ] оташи сарпӯшидае аст [ки роҳи фирор надоранд]