Surah 'Abasa in Тоҷикӣ
АБАСА · سورة عبس · Verses: 42 · Meccan
Translation: Тоҷикӣ translation 1 (الترجمة الطاجيكية - عارفي)
-
1
عَبَسَ وَتَوَلَّىٰٓ
[Паёмбар] чеҳра дар ҳам кашид ва рӯй баргардонд -
2
أَن جَآءَهُ ٱلۡأَعۡمَىٰ
Аз ин ки он нобино [Абдуллоҳ ибни Умми Мактум] наздаш омад -
3
وَمَا يُدۡرِيكَ لَعَلَّهُۥ يَزَّكَّىٰٓ
Ва [эй Паёмбар] ту чи медонӣ? Чи басо ӯ [аз гуноҳонаш] пок шавад -
4
أَوۡ يَذَّكَّرُ فَتَنفَعَهُ ٱلذِّكۡرَىٰٓ
Ё панд гирад ва ин панд ба судаш бошад -
5
أَمَّا مَنِ ٱسۡتَغۡنَىٰ
Аммо он ки [аз имон] бениёзӣ меварзад -
6
فَأَنتَ لَهُۥ تَصَدَّىٰ
Пас, ту ба ӯ рӯ меоварӣ -
7
وَمَا عَلَيۡكَ أَلَّا يَزَّكَّىٰ
Дар ҳоле ки агар ӯ худро [аз куфр] пок насозад, эроде бар ту нест -
8
وَأَمَّا مَن جَآءَكَ يَسۡعَىٰ
Аммо касе, ки шитобон ба суроғи ту меояд -
9
وَهُوَ يَخۡشَىٰ
Ва [аз Аллоҳ таоло] метарсад -
10
فَأَنتَ عَنۡهُ تَلَهَّىٰ
Пас, ту аз ӯ ғофил мешавӣ [ва ба дигарон мепардозӣ] -
11
كَلَّآ إِنَّهَا تَذۡكِرَةࣱ
Ҳаргиз чунин нест; бе гумон, ин [оёт барои] тазаккур ва ёдоварӣ аст -
12
فَمَن شَآءَ ذَكَرَهُۥ
Пас, ҳар ки бихоҳад, аз он панд гирад -
13
فِي صُحُفࣲ مُّكَرَّمَةࣲ
Дар саҳифаҳои арҷманде [сабт] аст -
14
مَّرۡفُوعَةࣲ مُّطَهَّرَةِۭ
[Дар ҷойгоҳе] Баландпоя ва покиза [аз палидӣ]
-
15
بِأَيۡدِي سَفَرَةࣲ
Дар дасти сафирон [-и ваҳй] аст -
16
كِرَامِۭ بَرَرَةࣲ
[Ки] бузургвору накукоранд -
17
قُتِلَ ٱلۡإِنسَٰنُ مَآ أَكۡفَرَهُۥ
Марг бар инсон [-и кофир, ки] чи қадар носипос аст! -
18
مِنۡ أَيِّ شَيۡءٍ خَلَقَهُۥ
[Аллоҳ таоло] Ӯро аз чи чиз офаридааст? -
19
مِن نُّطۡفَةٍ خَلَقَهُۥ فَقَدَّرَهُۥ
Ӯро аз нутфа [-и ночизе] офарид ва сипас мавзунаш сохт -
20
ثُمَّ ٱلسَّبِيلَ يَسَّرَهُۥ
Он гоҳ роҳро барояш осон намуд -
21
ثُمَّ أَمَاتَهُۥ فَأَقۡبَرَهُۥ
Он гоҳ [пас аз поёни умр] ӯро миронд ва дар қабр [пинҳон] намуд -
22
ثُمَّ إِذَا شَآءَ أَنشَرَهُۥ
Сипас ҳар гоҳ бихоҳад, ӯро [зинда мекунад ва] бармеангезад -
23
كَلَّا لَمَّا يَقۡضِ مَآ أَمَرَهُۥ
Ҳаргиз чунин нест [ки ӯ мепиндорад]. Ӯ ҳанӯз он чиро, ки [Аллоҳ таоло] фармон дода, ба ҷой наовардааст -
24
فَلۡيَنظُرِ ٱلۡإِنسَٰنُ إِلَىٰ طَعَامِهِۦٓ
Пас, инсон бояд ба ғизои хеш [ва офариниши он] бингарад -
25
أَنَّا صَبَبۡنَا ٱلۡمَآءَ صَبࣰّا
Мо оби фаровон [аз осмон] фуру рехтем -
26
ثُمَّ شَقَقۡنَا ٱلۡأَرۡضَ شَقࣰّا
Сипас заминро аз ҳам шикофтем -
27
فَأَنۢبَتۡنَا فِيهَا حَبࣰّا
Он гоҳ дар он дона [-ҳои фаровон] рӯёнидем -
28
وَعِنَبࣰا وَقَضۡبࣰا
Ва ангуру сабзӣ [хӯрокии бисёр] -
29
وَزَيۡتُونࣰا وَنَخۡلࣰا
Ва зайтуну нахл -
30
وَحَدَآئِقَ غُلۡبࣰا
Ва боғҳое [анбуҳ ва] пурдарахт -
31
وَفَٰكِهَةࣰ وَأَبࣰّا
Ва [анвои] мева ва алаф [падид овардем] -
32
مَّتَٰعࣰا لَّكُمۡ وَلِأَنۡعَٰمِكُمۡ
[Ҳамаи инҳо] Барои баҳрагирии шумо ва чаҳорпоёнатон аст -
33
فَإِذَا جَآءَتِ ٱلصَّآخَّةُ
Пас, ҳангоме ки [он] садои боҳайбати [-и қиёмат] фаро расад -
34
يَوۡمَ يَفِرُّ ٱلۡمَرۡءُ مِنۡ أَخِيهِ
Рӯзе, ки инсон аз бародараш мегурезад -
35
وَأُمِّهِۦ وَأَبِيهِ
Ва аз модараш ва аз падараш -
36
وَصَٰحِبَتِهِۦ وَبَنِيهِ
Ва аз занаш ва писаронаш [низ мегурезад] -
37
لِكُلِّ ٱمۡرِيࣲٕ مِّنۡهُمۡ يَوۡمَئِذࣲ شَأۡنࣱ يُغۡنِيهِ
Дар он рӯз ҳар касро корест, ки ӯро ба худ машғул медорад -
38
وُجُوهࣱ يَوۡمَئِذࣲ مُّسۡفِرَةࣱ
Чеҳраҳое дар он рӯз кушода ва равшан аст -
39
ضَاحِكَةࣱ مُّسۡتَبۡشِرَةࣱ
[Ба хотири неъмату раҳмати Аллоҳ таоло] хандону шод аст -
40
وَوُجُوهࣱ يَوۡمَئِذٍ عَلَيۡهَا غَبَرَةࣱ
Ва чеҳраҳое дар он рӯз ғуборолуд аст -
41
تَرۡهَقُهَا قَتَرَةٌ
Сиёҳӣ [ва торикӣ] онҳоро пӯшонидааст -
42
أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡكَفَرَةُ ٱلۡفَجَرَةُ
Инон ҳамон кофирони бадкирдоранд