Тарҷумаи сураи НУҲ ба الطاجيكية аз الترجمة الطاجيكية - عارفي
Verse 1
Бе гумон, Мо Нуҳро ба сӯйи қавмаш фиристодем [ва гуфтем]: «Қавми худро – пеш аз он ки азоби дарднок ба суроғашон ояд – ҳушдор деҳ [ва битарсон]
Verse 2
ﮇﮈﮉﮊﮋﮌ
ﮍ
[Нуҳ] Гуфт: «Эй қавм, ман барои шумо бимдиҳандае ошкор ҳастам
Verse 3
ﮎﮏﮐﮑﮒ
ﮓ
Ки Аллоҳро бипарастед ва аз Ӯ парво намоед ва мутеи [дастурҳои] ман бошед
Verse 4
[Пас, агар чунин кардед, Аллоҳ таоло] гуноҳони шуморо меомурзад ва шуморо то замони муайяне муҳлат медиҳад, зеро ҳангоме ки аҷали илоҳӣ фаро расад, таъхир нахоҳад дошт, агар медонистед»
Verse 5
Ва Нуҳ [пас аз насиҳату даъват] гуфт: «Парвардигоро, ба ростӣ, ки ман қавми худро шабу рӯз [ба имон] даъват кардам
Verse 6
ﮱﯓﯔﯕﯖ
ﯗ
Вале даъвати ман ҷуз ба гурезашон [аз ҳақ] наафзуд
Verse 7
Ва ман ҳар чи даъваташон кардам, то саранҷоми ононро биёмурзӣ, ангуштони худро дар гӯшҳояшон фурӯ карданд ва либосҳояшонро [ба худ] печиданд ва [дар мухолифат] исрор [-у пофишорӣ] карданд ва ба шиддат гарданкашӣ ва такаббур намуданд
Verse 8
ﯧﯨﯩﯪ
ﯫ
Он гоҳ онҳоро бо садои баланд [ва ошкор] даъват кардам
Verse 9
Он гоҳ ошкоро барояшон гуфтам ва дар ниҳон барои [ҳар кадом аз] онон баён кардам
Verse 10
ﯴﯵﯶﯷﯸﯹ
ﯺ
Пас, гуфтам: «Аз Парвардигори хеш омурзиш бихоҳед [ки] бе гумон, Ӯ бисёр омурзанда аст
Verse 11
ﭑﭒﭓﭔ
ﭕ
То аз осмон [борони] паёпай бар шумо бифиристад
Verse 12
Ва шуморо бо амволу фарзандони бисёр ёрӣ кунад, ба шумо боғҳои [сарсабз] бидиҳад ва бароятон ҷӯйборҳо[-и ҷорӣ] қарор диҳад
Verse 13
ﭠﭡﭢﭣﭤﭥ
ﭦ
Шуморо чи шудааст, ки барои Аллоҳ таоло азамат [-у шукӯҳ] қоил нестед?
Verse 14
ﭧﭨﭩ
ﭪ
Дар ҳоле ки шуморо дар мароҳили гуногун офарид
Verse 15
Оё намебинед, чи гуна Аллоҳ таоло ҳафт осмонро бар фарози якдигар офарид?
Verse 16
Ва моҳро дар миёни осмонҳо мояи рӯшноӣ қарор дод ва хуршедро чароғи [фурӯзоне] гардонид?
Verse 17
ﭼﭽﭾﭿﮀ
ﮁ
Ва Аллоҳ таоло шуморо ҳамчун гиёҳе аз замин рӯёнид
Verse 18
ﮂﮃﮄﮅﮆ
ﮇ
Сипас шуморо ба он [замин] бозмегардонад ва бори дигар шуморо берун меоварад
Verse 19
ﮈﮉﮊﮋﮌ
ﮍ
Ва Аллоҳ таоло заминро барои шумо густурда сохт
Verse 20
ﮎﮏﮐﮑ
ﮒ
То аз роҳҳои паҳновари он [ба сӯйи мақсади худ] рафтуомад кунед»
Verse 21
Нуҳ гуфт: «Парвардигоро, онҳо аз ман нофармонӣ намуданд ва аз касе пайравӣ карданд, ки молу фарзандаш чизе ҷуз зиёнкорӣ бар ӯ наафзудааст
Verse 22
ﮡﮢﮣ
ﮤ
Ва [он пешвоёни гумроҳ] найранги бузурге ба кор бурданд
Verse 23
Ва гуфтанд: «Маъбудони худро раҳо накунед ва [ба хусус] «Вадда» ва «Сувоъ» ва «Яғус» ва «Яъуқ» ва «Наср»-ро [раҳо накунед]
Verse 24
Ба ростӣ, онҳо бисёреро гумроҳ карданд ва [ту эй Парвардигор] ситамгоронро ҷуз гумроҳӣ маафзой»
Verse 25
[Саранҷом онон] Ба кайфари гуноҳонашон [ҳамагӣ] ғарқ шуданд, пас, дар оташ [-и дузах] дароварда шуданд ва дар баробари [азоби] илоҳӣ ёвар [-у мададгоре] барои худ наёфтанд
Verse 26
Нуҳ гуфт: «Парвардигоро, ҳеҷ як аз кофиронро бар рӯйи замин боқӣ магузор
Verse 27
Чаро ки агар онҳоро боқӣ гузорӣ, бандагонатро гумроҳ мекунанд ва ҷуз [насле] бадкор ва кофир ба вуҷуд намеоваранд
Verse 28
Парвардигоро, маро ва падару модарам ва ҳар он касеро, ки бо имон вориди хонаи ман мешавад ва [тамоми] мардони муъмин ва занони муъминро биёмурз ва ситамгоронро ҷуз ҳалокат [ва нобудӣ] маафзо»
تقدم القراءة