سورة القيامة

الترجمة الطاجيكية - عارفي

Тарҷумаи сураи ҚИЁМАТ ба الطاجيكية аз الترجمة الطاجيكية - عارفي

الترجمة الطاجيكية - عارفي

Verse 2
Ва ба нафси маломатгар савганд мехӯрам
Оё инсон мепиндорад, ки [пас аз марг] ҳаргиз устухонҳояшро ҷамъ нахоҳем кард?
Оре, Мо қодирем, ки [ҳатто хутути сари] ангуштонашро яксону мураттаб кунем.
Балки инсон мехоҳад, ки [озодона ва бидуни тарс аз охират] дар гуноҳу бадкорӣ мудовимат кунад
Verse 6
[Аз ин рӯ] Мепурсад: «Рӯзи қиёмат кай хоҳад буд?»
Verse 7
Пас, ҳангоме ки чашм хира шавад
Verse 8
Ва моҳ тира [ва бе нур] гардад
Verse 9
Ва хуршеду моҳ як ҷо ҷамъ шаванд
Он рӯз инсон мегӯяд: «Роҳи гурез куҷост?»
Verse 11
Ҳаргиз! Ҳеҷ гурезгоҳе нест
Verse 12
Он рӯз қароргоҳ [-и ниҳоне] ба сӯйи Парвардигори туст
Ва дар он рӯз инсонро аз тамоми корҳое, ки аз пеш ё пас фиристода, огоҳ мекунанд
Балки инсон ба хубӣ бар хештан огоҳ аст
Verse 15
Агарчи [дар дифоъ аз худ] узрҳояшро дар миён оварад
[Эй паёмбар, ҳангоми нузули Қуръон] забонатро барои [такрор ва хондани] он шитобзада ҳаракат мадеҳ
Verse 17
Мусалламан, ҷамъоварӣ ва хондани он бар [уҳдаи] Мост
Verse 18
Пас, ҳар гоҳ [тавассути Ҷабраил] онро [бар ту] хондем, аз хондани ӯ пайравӣ кун
Verse 19
Сипас баён карданаш бар [уҳдаи] Мост
Verse 20
Ҳаргиз чунин нест [ки шумо мушрикон мепиндоред]! Балки дунё [-и зудгузар]-ро дӯст медоред
Verse 21
Ва охиратро раҳо мекунед
Verse 22
Он рӯз чеҳраҳое тоза [ва шодоб] аст
Verse 23
Ба сӯйи Парвардигораш менигарад
Verse 24
Ва дар он рӯз чеҳраҳое абус [ва дарҳамкашида] аст
Яқин дорад, ки осебе камаршикан ба ӯ мерасад
Verse 26
Оре, чун [ҷон] ба гулугоҳаш бирасад
Verse 27
Ва гуфта шавад: «Чи касест, ки афсун бихонад? [Ва ӯро наҷот диҳад]
Verse 28
Ва яқин кунад, ки замони ҷудоӣ [аз дунё] аст.
Verse 29
Ва [кор боло гирад ва] соқҳо[-и пояш аз сахтии ҷон додан] ба ҳам печад.
Verse 30
Дар он рӯз масири ҳама ба сӯйи Парвардигорат хоҳад буд
Verse 31
Пас, [мункири меод] на тасдиқ карда ва на намоз гузоридааст
Verse 32
Балки [Қуръонро] такзиб кард ва [аз имон] рӯ гардонд
Сипас хиромон ба сӯйи хонаводааш бозгашт
Verse 34
Вой бар ту! Пас, вой бар ту!
Verse 35
Боз ҳам вой бар ту! Пас, вой бар ту!
Оё инсон гумон мекунад, ки [бе ҳадаф ва бидуни ҳисоб ва ҷазо] ба худ раҳо мешавад?
Оё [ӯ] нутфае аз манӣ набуд, ки [дар раҳим] рехта мешавад?
Он гоҳ ба сурати хуни баста даромад ва [Аллоҳ таоло ӯро] офарид ва дурусту устувор сохт
Сипас аз ӯ ду завҷи нару мода падид овард
Оё [чунин Офаридгоре] қодир нест, ки мурдагонро [дубора] зинда кунад?
تقدم القراءة