ترجمة معاني سورة يس باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية
خوجه ميروف خوجه مير
آية رقم 1
ﭬ
ﭭ
1.Ё, Син.(1)
1. Зикри ҳарфҳои муқаттаа дар аввали сураи Бақара гузашт.
آية رقم 2
ﭮﭯ
ﭰ
2. Аллоҳ савганд ёд мекунад ба Қуръони боҳикмат,
آية رقم 3
ﭱﭲﭳ
ﭴ
3. Бегумон ту аз зумраи фиристодагони Аллоҳ ҳастӣ,
آية رقم 4
ﭵﭶﭷ
ﭸ
4. бар роҳи рост ҳастӣ ва он ислом аст.
آية رقم 5
ﭹﭺﭻ
ﭼ
5. Ин Қуръон фиристодаи Аллоҳи пирӯзманди меҳрубон аст.
آية رقم 6
6. Эй Расул, Қуръонро бар ту нозил кардем, то мардумеро бим диҳӣ, ки падаронашон бим дода нашуданд ва худ ғофилу бехабаранд.(1)
1. Ин оят бар воҷиб будани даъват далолат мекунад ва олимонро огоҳ месозад, ки мусалмононро аз ғафлат бедор кунанд.
آية رقم 7
7. Бегумон ваъдаи Аллоҳ дар бораи аксари он кофирон таҳаққуқ ёфтааст, зеро баъд аз он ки ҳақ бар онҳо арза шуд, онро напазируфтанд, пас имон намеоваранд.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\692
آية رقم 8
8. Ҳароина, Мо бар гарданҳои кофироне, ки ҳақро напазируфтанд то манаҳҳо тавқ ниҳодем, чунон ки сарҳояшон ба болост ва онро поин карда натавонанд. (Ин масале аст, ки напазируфтани ҳидоят ҳамчун напазируфтани касе аст, ки дар тавқ баста қарор дорад ва қодир ба ҳаракат нест.)
آية رقم 9
9. Ва дар баробари рӯи кофирон ва дар пушти сарашон деворе қарор додем. Ва бар чашмонашон низ пардае афкандем, пас онҳо ба сабаби куфру такаббурашон ҳақро намебинанд.(1)
1. Тафсири Ибни Касир 6\564
آية رقم 10
10. Эй Паёмбар, барои онҳо баробар аст, чи онҳоро битарсонӣ ва чи натарсонӣ, имон намеоваранд.
آية رقم 11
11. Танҳо ту касеро метарсонӣ, ки аз Қуръон пайравӣ кунад ва аз Аллоҳи меҳрубон дар ниҳон битарсад. Пас ӯро ба омурзиш аз гуноҳҳояш ва подоши некӯ мужда бидеҳ, ки он ворид шудани ҷаннат аст!
آية رقم 12
12. Ҳароина, Мо мурдагонро рӯзи қиёмат зинда мекунем. Ва ҳар кореро, ки пеш аз ин аз неку бад кардаанд ва ҳар
чизҳоеро, ки боқӣ гузоштанд, баъди маргашон аз корҳои хуб, монанди фарзанди солеҳ, илми нофеъ ва садақаи ҷория ва аз корҳои бад, монанди ширку исён менависем ва ҳар чизро дар Китоби мубин (Лавҳи Маҳфуз) шумор кардаем.(1)
чизҳоеро, ки боқӣ гузоштанд, баъди маргашон аз корҳои хуб, монанди фарзанди солеҳ, илми нофеъ ва садақаи ҷория ва аз корҳои бад, монанди ширку исён менависем ва ҳар чизро дар Китоби мубин (Лавҳи Маҳфуз) шумор кардаем.(1)
(1) Тафсири Саъдӣ 1\692
آية رقم 13
13. Достони мардуми он деҳаро бар онҳо биёвар, он гоҳ ки фиристодагони Аллоҳ ба сӯи онҳо омаданд.
آية رقم 14
14. Нахуст ду танро аз фиристодагони худ барои даъват ба сӯи имон ба наздашон фиристодем, пас онҳо дурӯғгӯяшон бароварданд, пас он ду шахсро бо саввумин шахс пурзӯрашон кардем ва гуфтанд: «Ҳароина, мо ба сӯи шумо фиристода шудаем».
آية رقم 15
15. Мардуми он деҳа гуфтанд: «Шумо инсонҳое монанди мо ҳастед ва Аллоҳи меҳрубон ҳеҷ чиз нафиристодааст ва шумо дурӯғ мегӯед».
آية رقم 16
ﭶﭷﭸﭹﭺﭻ
ﭼ
16. Фиристодагони Аллоҳ гуфтанд: «Ҳароина, Парвардигори мо медонад, ки мо ба сӯи шумо фиристода шудаем.
آية رقم 17
ﭽﭾﭿﮀﮁ
ﮂ
17. Ва бар ӯҳдаи мо ҷуз паём расонидани ошкор ҳеҷ чиз дигаре нест».(1)
1. Мо шуморо ҳидоят карда наметавонем, ҳидоят танҳо дар дасти Алдоҳ аст. Тафсири Саъдӣ 1 \ 694
آية رقم 18
18. Мардуми деҳа гуфтанд: «Ба таҳқиқ, Мо шуморо ба фоли бад гирифтаем. Агар бас накунед, ҳатман, сангсоратон хоҳем кард ва шуморо аз мо шиканҷае сахт хоҳад расид».
آية رقم 19
19. Фиристодагони Аллоҳ гуфтанд: « Фоли бади шумо бо худи шумост. Оё агар пандатон диҳанд, ки салоҳи шумо дар он мебошад, ба мо чунин мегӯед? Балки, мардуми аз ҳад гузашта ҳастед!»(1).
1. Тафсири Бағавӣ 7\ 13
آية رقم 20
20. Марде аз ҷои дуртарини он шаҳр давон - давон омаду гуфт: «Эй қавми ман, ба ин расулон пайравӣ кунед!(1)
1. Ин замоне буд, ки мардуми деҳа қасди куштани расулон карда буданд.
آية رقم 21
21. Касонеро пайравӣ кунед, ки аз шумо музде наметалабанд ва худ мардуми ҳидоятёфтаанд!(1)
1. Ин оят баён мекунад бузургии шахсеро, ки даъват ба амри маъруф ва наҳйи аз мункар мекунад.
آية رقم 22
22. Чаро Аллоҳеро, ки маро офаридааст ва ба назди Ӯ бозгардонда мешавед, напарастам?
آية رقم 23
23. Оё ғайри Ӯ маъбудонеро
ихтиёр кунам, ки агар ба ман зиёне бирасонад, шафоъаташон маро ҳеҷ фоида накунад ва маро натавонанд наҷот дод?
ихтиёр кунам, ки агар ба ман зиёне бирасонад, шафоъаташон маро ҳеҷ фоида накунад ва маро натавонанд наҷот дод?
آية رقم 24
ﯪﯫﯬﯭﯮ
ﯯ
24. Агар чунин маъбудонеро парастиш кунам, ҳароина, дар ин ҳангом ман дар гумроҳии ошкор бошам.
آية رقم 25
ﯰﯱﯲﯳ
ﯴ
25. Ҳароина, ман ба Парвардигоратон имон овардам. Пас, сухани маро бишнавед ва маро итоат кунед.»
آية رقم 26
26. Пас, аз он ки ӯро ба зулм куштанд, ба ӯ гуфта шуд: «Ба биҳишт дарой!, чун неъматҳои биҳиштро дид», гуфт: «Эй кош, қавми ман медонистанд,(1)
1. Тафсири Бағавӣ 7\15
آية رقم 27
27. он чизеро, ки Парвардигори ман маро ба сабаби имон ба Аллоҳ ва сабр бар тоаташ биёмурзид ва дар зумраи гиромишудагон даровард».
آية رقم 28
28. Ва аз он пас баъди шаҳодаташон бар сари қавми ӯ ҳеҷ лашкаре аз осмон фурӯ нафиристодем. Ва Мо пеш аз ин низ фиристода набудем.
آية رقم 29
29. Балки азоби онҳо як бонги сахте буд, ки ногоҳ ҳама бар ҷой хомӯш ҳалок шуданд.
آية رقم 30
30. (Аллоҳ мегӯяд:) Эй дареғ бар ин бандагон! Ҳеҷ паёмбаре бар онҳо фиристода нашуд, магар он ки масхарааш карданд.
آية رقم 31
31. Оё ин масхаракунандагон надидаанд, ки чӣ мардумеро пеш аз онҳо ҳалок кардаем, ки дигар, ҳаргиз ба наздашон ба дунё бознамегарданд?
آية رقم 32
ﮂﮃﮄﮅﮆﮇ
ﮈ
32. Ва ҳеҷ касе нест, аз ҳалок шудагон ва дигарон, ки дар рӯзи қиёмат барои ҳисоб назди Мо ҳозираш наоранд.(1)
1. Тафсири Табарӣ 20\513
آية رقم 33
33. Ва замини мурда барои он мушрикон, нишона ва ибратест, ки Мо онро бо фуруд овардани об зинда гардонидем ва донае (ғизое), ки аз он мехӯранд, берун овардем.( Албатта, касе, ки замини мурдаро бо наботот зинда гардонид, метавонад халқро баъди мурданаш зинда гардонад.) (1)
1. Тафсири Табарӣ 20\514
آية رقم 34
34. Ва дар он замин аз хурмо ва ангурзор боғҳо қарор додем ва чашмаҳо равон сохтем,
آية رقم 35
35. то аз меваҳои он ва дастранҷи хеш бихӯранд. Ин ҳама аз раҳмати Аллоҳ буд, на аз машаққату қуввати онҳо. Пас чаро ба неъматҳои Аллоҳ сипос намегӯянд?
آية رقم 36
36. Пок аст он Аллоҳе, ки ҳамаи ҷуфтҳоро биёфарид, аз он чи замин мерӯёнад ва аз худашон (нару мода) ва ҳар он чизе, ки онҳо намедонанд. Аллоҳ дар офариниши худ касеро шарик нагирифтааст пас сазовор нест, ки ба Ӯ шарик муқаррар карда шавад.(1)
1. Тафсири Табарӣ 20\515
آية رقم 37
37. Ва шаб барояшон низ нишона ва ибрати дигарест, ки Мо рӯзро аз он бармегирем, ногаҳон торикӣ ононро фаро мегирад.
آية رقم 38
38. Ва офтоб низ барояшон нишона ва ибрати дигарест, ки ба сӯи қароргоҳи хеш равон аст. Ин фармони Аллоҳи пирӯзманду доност.
آية رقم 39
39. Ва барои моҳ манзилҳое таъин кардем, ки пас аз тай карданаш онҳоро монанди шохаи хушкидаи хурмо борик шавад.
آية رقم 40
40. Офтобро насазад, ки ба моҳ расад ва шабро насазад, ки бар рӯз пешӣ гирад ва ҳама аз офтобу маҳтоб ва ситорагон дар фалаке шиноваранд.
آية رقم 41
41. Ибрати дигаре барои онҳо ин аст, ки ҳароина, Мо фарзандонашонро дар он киштии(1) пуркардашуда аз худашон ва матоъҳояшон савор кардем.
1. Мурод аз он киштии Нӯҳ алайҳиссалом аст ва инсонҳо аз насли ҳамон касонеанд, ки дар киштии Нӯҳ савор буданд. Тафсири Ибни Касир 6\579
آية رقم 42
ﭚﭛﭜﭝﭞﭟ
ﭠ
42. Ва барои он мушрикон монанди киштӣ чизе офаридем, ки бар он савор шаванд.
آية رقم 43
43. Ва агар бихоҳем, ҳамаро ғарқ месозем ва онҳоро ҳеҷ фарёдрасе набошад ва наҷот дода намешаванд,
آية رقم 44
ﭫﭬﭭﭮﭯﭰ
ﭱ
44. магар ин ки раҳмати Мо ба додашон бирасад ва онҳоро ғарқ накунем ва то муддате баҳрамандашон созем, ки аз камбудиҳои худ бозгарданд.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\696
آية رقم 45
45. Ва он гоҳ ки ба он мушрикон гуфта шавад, ки аз он чи дар пеши рӯй доред ё пушти сар доред, битарсед, шояд, ки мавриди раҳмат
қарор гиред, вале рӯй баргардонданд, қабул
ыакардаыд(1).
қарор гиред, вале рӯй баргардонданд, қабул
ыакардаыд(1).
1. Тафсири Бағавӣ 7\20
آية رقم 46
46. Ва ҳеҷ ояте аз оятҳои Парвардигорашон бар он мушрикон нозил нашавад, ҷуз он ки аз он рӯй гардонанд.
آية رقم 47
47. Ва чун гуфта шавад, барои кофирон, ки аз он чи Аллоҳ рӯзиятон кардааст, садақа кунед, кофирон ба мӯъминон гӯянд: «Оё касонеро таом диҳем, ки агар Аллоҳ мехост, худ онҳоро таом медод? Шумо, кофирон, албатта, дар гумроҳии ошкор ҳастед».
آية رقم 48
48. Ва инҳо кофирони мункир аз ҳақ мегӯянд: «Агар рост мегӯед, ин ваъда кай хоҳад
буд?»
буд?»
آية رقم 49
49. Ин мушрикон интизорӣ намекашанд, магар як садои марговарро, ки онҳоро фаро мегирад дар ҳоле ки бехабар аз марг бо якдигар дар хусумат ҳастанд,
آية رقم 50
50. Пас, дар он вақт мушрикон наметавонанд васияте кунанд ва на ба сӯи хонаводаи худ бозгарданд.
آية رقم 51
51. Ва дар сур дамида мешавад ва онон аз қабрҳо берун оянд ва шитобон ба сӯи Парвардигорашон раванд.
آية رقم 52
52. Мункирони рӯзи қиёмат мегӯянд: «Вой бар мо, чӣ касе моро аз хобҳоямон барангехт? Ин ҳамон ваъдаи Аллоҳи меҳрубон аст ва паёмбарон рост гуфта буданд!»
آية رقم 53
53. Он ҷуз як бонги даҳшатнок нахоҳад буд, пас онгоҳ онҳо ҳама барои ҳисобу ҷазо дар пешгоҳамон гирд оварда мешаванд.
آية رقم 54
54. Он рӯз ба ҳеҷ кас ситам намешавад. Ва ҷуз монанди коре, ки кардаед, подош намебинед.
آية رقم 55
55. Албатта, биҳиштиён он рӯз ба шодмонӣ машғул бошанд.
آية رقم 56
56. Онҳо ва ҳамсаронашон дар сояҳое бар тахтҳо такя задаанд.
آية رقم 57
ﭡﭢﭣﭤﭥﭦ
ﭧ
57. Дар он ҷо ҳар мева ва ҳар чизи дигар, ки бихоҳанд, фароҳам аст.
آية رقم 58
ﭨﭩﭪﭫﭬ
ﭭ
58. Ба онҳо гуфта мешавад: салом бар шумо бод, ин суханест аз ҷониби Парвардигори меҳрубон.
آية رقم 59
ﭮﭯﭰﭱ
ﭲ
59. Ва гуфта мешавад; эй гунаҳкорон, имрӯз аз мӯъминон ҷудо шавед!
آية رقم 60
60. Эй фарзандони Одам, оё ба воситаи паёмбаронам бо шумо паймон набастам, ки шайтонро напарастед ва ӯро итоат макунед, ҳароина, ӯ душмани ошкори шумост?
آية رقم 61
ﮃﮄﮅﮆﮇﮈ
ﮉ
61. Ва шуморо фармон додам, ки Маро бипарастед, ки роҳи рост ин аст.
آية رقم 62
62. Ва ҳамоно шайтон гӯруҳи бисёреро аз шумо гумроҳ кард. Пас, оё ба ақл дарнамеёфтед?
آية رقم 63
ﮔﮕﮖﮗﮘ
ﮙ
63. Ин аст он ҷаҳаннаме, ки ба шумо дар дунё ваъда дода шуда буд, вале шумо онро дурӯғ мебаровардед.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\698
آية رقم 64
ﮚﮛﮜﮝﮞ
ﮟ
64. Имрӯз ба сазои куфре, ки меварзидед, дар он дохил шавед?
آية رقم 65
65. Имрӯз бар даҳонҳояшон мӯҳр мениҳем, ки сухан гуфта наметавонанд. Ва аз он корҳое, ки мекарданд, дастҳояшон бо Мо сухан мегӯяд ва пойҳояшон бар он хувоҳӣ медиҳад.
آية رقم 66
66. Агар бихоҳем чашмонашонро кӯр мекунем. Пас, шитобон роҳ пеш гиранд. Аммо куҷоро тавонанд дид, дар ҳоле, ки чашмҳояшон кӯр гаштааст?(1)
1. Тафсири Бағавӣ 7\25
آية رقم 67
67. Ва агар бихоҳем, онҳоро бар ҷояшон масх (табдил ба ҳайвон ё сурати бадшакл ё берӯҳ) кунем, ки на тавоне дошта бошанд, ки пеш қадам бардоранд ва на ақиб бозмегарданд.
آية رقم 68
68. Ҳар киро умри дароз диҳем, дар офариниш ӯро дигаргун кунем.(1) Чаро оқилона намеандешанд? Пас, он Зоте, ки чунин қудрат дорад, албатта, қодир аст онҳоро дубора зинда гардонад.
1. Яъне, дар пиронсолӣ ақлу ҷисмаш нотавон гардад.
آية رقم 69
69. Ба ӯ (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шеър наомӯхтем ва шеър лоиқи ӯ нест. Он, ҷуз Қуръони ошкор чизи дигаре намебошад.
آية رقم 70
70. Ва то ҳар касро, ки зинда дил бошад бим диҳад ва сухани ҳақ(1) бар кофирон собит шавад.
1. Яъне, фармони азоб.
آية رقم 71
71. Оё бо нигоҳи ибрат надидаанд, ки бо дастони хеш барои онҳо чорпоёнро аз нестӣ офаридем ва акнун инсонҳо молики онҳо ҳастанд?
آية رقم 72
ﭞﭟﭠﭡﭢﭣ
ﭤ
72. Ва он чорпоёнро барояшон ром кардем. Бар баъзе аз онҳо савор мешаванд. Ва гӯшти баъзеро мехӯранд.
آية رقم 73
73. Ва барои он одамҳо дар он чорпоён фоидаҳост ва ошомиданиҳост. Чаро шукр намегӯянд?
آية رقم 74
74. Ва ба ҷои Аллоҳ ба он умед маъбудоне ихтиёр кардаанд, ки ёрияшон кунанд.
آية رقم 75
75. Он маъбудҳои дурӯғинро қудрати он нест, ки ба ёриашон бархезанд, вале ин бутпарастон монанди лашкаре ба хидматашон(1) омода ҳастанд.
1. Яъне, маъбудони дурӯғин.
آية رقم 76
76. Суханашон(1) туро эй Расул, андӯҳгин насозад. Албатта, Мо ҳар чиро, ки пинҳон медоранд ё ошкор месозанд,
медонем.
медонем.
1. Куфру масхара карданашон туро ғамгин насозад.
آية رقم 77
77. Оё он инсони мункири рӯзи қиёмат надидааст, ки Мо ӯро аз нутфае офаридаем,
пас, ӯ ситезаҷӯйи ошкор шудааст?
пас, ӯ ситезаҷӯйи ошкор шудааст?
آية رقم 78
78. Ва барои Мо масале зад ва офариниши худро фаромӯш карда гуфт: « Чӣ касе ин устухонҳои пӯсидаро дубора зинда мекунад»?
آية رقم 79
79. Бигӯ барои ӯ: «Зоте онҳоро зинда мекунад, ки дар оғоз онҳоро офаридааст ва Ӯ ба ҳар офаринише доност.
آية رقم 80
80. Он Аллоҳе, ки аз дарахти сабз бароятон оташ падид овард ва шумо аз он оташ меафрӯзед. Инчунин Аллоҳ қодир аст, ки мурдагонро аз қабрҳояшон зинда берун орад.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\699
آية رقم 81
81. Оё касе, ки осмонҳову заминро офаридааст, наметавонад монанди онҳоро дубора биёфаринад? Оре, метавонад, ки Ӯ офаринандаи ҳамаи махлуқот аст ва ба ҳар чӣ офарид ва меофарад, доност!(1)
1. Тафсири Бағавӣ 7\29
آية رقم 82
82. Чун бихоҳад чизеро биёфарад, ҳароина, фармонаш ин аст, ки мегӯяд:
«Мавҷуд шав!» Пас, мавҷуд мешавад.
«Мавҷуд шав!» Пас, мавҷуд мешавад.
آية رقم 83
83. Пок аст он Аллоҳе, ки малакут (моликияту ҳокимият)-и ҳар чизе ба дасти Ӯст ва ҳама ба сӯи Ӯ барои ҳисобу ҷазо бозгардонда мешавед!
تقدم القراءة