ترجمة معاني سورة النازعات باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية
خوجه ميروف خوجه مير
آية رقم 1
ﮢﮣ
ﮤ
1.Аллоҳ савганд ёд мекунад ба фариштагоне, ки ҷонҳои кофиронро ба сахтӣ мегиранд
آية رقم 2
ﮥﮦ
ﮧ
2.ва савганд ба фариштагоне, ки ҷонҳои мӯъминонро ба осонӣ мегиранд
آية رقم 3
ﮨﮩ
ﮪ
3.ва савганд ба фариштагоне, ки барои расонидани фармони Аллоҳ шинокунон ва шитобон аз осмон фуруд меоянд
آية رقم 4
ﮫﮬ
ﮭ
4.ва савганд, ба фариштагоне, ки бар якдигар сабқат мекунанд дар иҷро намудани амрҳои Парвардигор
آية رقم 5
ﮮﮯ
ﮰ
5.ва савганд(1) ба фариштагоне, ки ҳамаи корҳоро тадбир мекунанд,
1. Ҷоиз нест барои одами қасам хурдан ба ғайри Аллоҳ, зеро чунин амал ширк аст.
آية رقم 6
ﮱﯓﯔ
ﯕ
6.ки он рӯз, ки нахустин нафхаи(1) қиёмат, ки нафхаи миронидан аст, заминро биларзонад
1. Дамидан дар сур
آية رقم 7
ﯖﯗ
ﯘ
7. ва нафхаи дуввум аз паси он биёяд, мардум аз нав зинда хоҳанд шуд.
آية رقم 8
ﯙﯚﯛ
ﯜ
8. Дар он рӯз дилҳои кофирон аз сахтии тарс дар ларза бошанд,
آية رقم 9
ﯝﯞ
ﯟ
9. ва азобу даҳшатҳои рӯзи қиёматро мушоҳида кунанд, бар чашмонашон хорӣ ва фурӯафтодагӣ намоён шавад.
آية رقم 10
ﯠﯡﯢﯣﯤ
ﯥ
10. Мункирони рӯзи аз нав зинда гардонидани баъд аз миронидан мегӯянд:
Оё мо ба ҳолати нахустин бозмегардем,
Оё мо ба ҳолати нахустин бозмегардем,
آية رقم 11
ﯦﯧﯨﯩ
ﯪ
11. он гоҳ ки устухонҳое пӯсида будем?
آية رقم 12
ﯫﯬﯭﯮﯯ
ﯰ
12. Гӯянд: Ин бозгашти мо бозгаштест зиёновар!
آية رقم 13
ﯱﯲﯳﯴ
ﯵ
13. Пас танҳо як овози баланд аст.
آية رقم 14
ﯶﯷﯸ
ﯹ
14. ва онгоҳ онон дар замини ҳамвор (саҳрои қиёмат) меоянд.
آية رقم 15
ﯺﯻﯼﯽ
ﯾ
15. Эй Паёмбар, оё қиссаи Мӯсо (алайҳис салом) ба ту расидааст?
آية رقم 16
ﯿﰀﰁﰂﰃﰄ
ﰅ
16. Он гоҳ ки Парвардигораш ӯро дар водии муқаддаси Туво(1) садо кард:
1. Он води дар куҳи Сайно воқеъ аст.
آية رقم 17
ﭑﭒﭓﭔﭕ
ﭖ
17. Ба сӯи Фиръавн бирав, ки ӯ дар гуноҳ аз ҳад гузаштааст.
آية رقم 18
ﭗﭘﭙﭚﭛﭜ
ﭝ
18. Бигӯ: Оё туро рағбате ҳаст, ки покиза шавӣ ва ба имон нафси худро ороста кунӣ
آية رقم 19
ﭞﭟﭠﭡ
ﭢ
19. ва ман туро ба сӯи Парвардигорат роҳ бинамоям ва то ту битарсӣ аз Ӯ?
آية رقم 20
ﭣﭤﭥ
ﭦ
20. Пас, Мӯсо ба Фиръавн он мӯъҷизаи бузург; асо ва дастро нишон дод.
آية رقم 21
ﭧﭨ
ﭩ
21. Ва Фиръавн паёмбари Аллоҳ Мӯсо (алайҳиссалом)-ро дурӯғ бароварду нофармонӣ кард.
آية رقم 22
ﭪﭫﭬ
ﭭ
22. Сипас пушт гардонд аз имон ва бар зидди Мӯсо саъй ва талош мекард.
آية رقم 23
ﭮﭯ
ﭰ
23. Пас ҳама аҳли мамлакаташро ҷамъ кард ва нидо дод
آية رقم 24
ﭱﭲﭳﭴ
ﭵ
24. ва Гуфт: Ман Парвардигори бузурги шумо ҳастам!
آية رقم 25
ﭶﭷﭸﭹﭺ
ﭻ
25. Пас Парвардигораш ӯро ба азоби охирату дунё гирифтор кард.
آية رقم 26
ﭼﭽﭾﭿﮀﮁ
ﮂ
26. Бегумон дар ин кирдори Фиръавн ва он азобе, ки бар вай нозил шуд, панди бузургест барои касе, ки аз Аллоҳ метарсад!
آية رقم 27
27. Эй одамон, оё офариниши шумо сахттар аст ё офариниши осмоне ки Аллоҳ онро сохтааст?
آية رقم 28
ﮋﮌﮍ
ﮎ
28. Баландии онро барафрошт ва онро устувор кард,
آية رقم 29
ﮏﮐﮑﮒ
ﮓ
29. шабашро торик кард ба фурӯ рафтани офтоб ва рӯзашро равшан кард ба баромадани офтоб
آية رقم 30
ﮔﮕﮖﮗ
ﮘ
30. ва баъд аз халқи осмон заминро паҳн кард
آية رقم 31
ﮙﮚﮛﮜ
ﮝ
31. ва аз он об берун овард ва чарогоҳҳо падид овард
آية رقم 32
ﮞﮟ
ﮠ
32. ва кӯҳҳоро устувор сохт,
آية رقم 33
ﮡﮢﮣ
ﮤ
33. барои фоидаи шумо ва чорпоёнатон. Аз нав зинда гардонидани шумо рӯзи қиёмат дар назди Аллоҳ осонтараст аз офариниши ин чизҳо.
آية رقم 34
ﮥﮦﮧﮨ
ﮩ
34. Чун он ҳодисаи бузурги қиёмат даррасад,
آية رقم 35
ﮪﮫﮬﮭﮮ
ﮯ
35. рӯзе, ки одамӣ ҳамаи амалҳои худро аз неку бад ба ёд оварад
آية رقم 36
ﮰﮱﯓﯔ
ﯕ
36. ва дӯзах барои ҳар фарди бино ошкор ва намоён мегардад.
آية رقم 37
ﯖﯗﯘ
ﯙ
37. Пас ҳар кӣ аз ҳад гузашта бошад дар куфру исён
آية رقم 38
ﯚﯛﯜ
ﯝ
38. ва зиндагии инҷаҳонро бар зиндагии охират ихтиёр карда бошад,
آية رقم 39
ﯞﯟﯠﯡ
ﯢ
39. бегумон ҷаҳаннам ҷойгоҳи ӯст.
آية رقم 40
40. Аммо ҳар кас, ки аз истодан дар баробари Парвардигораш тарсида бошад ва нафси худро аз ҳаво ва ҳавас боздошта бошад,
آية رقم 41
ﯭﯮﯯﯰ
ﯱ
41. пас бегумон биҳишт ҷойгоҳи ӯст.
آية رقم 42
ﯲﯳﯴﯵﯶ
ﯷ
42. Эй Паёмбар, туро мушрикон тамасхуромезона аз қиёмат мепурсанд, ки чӣ вақт воқеъ шавад.
آية رقم 43
ﯸﯹﯺﯻ
ﯼ
43. Аз воқеъ шудани он туро чӣ хабарест?
آية رقم 44
ﯽﯾﯿ
ﰀ
44. Балки, огоҳӣ аз замони барпо шавии қиёмат ба Парвардигорат аст.
آية رقم 45
ﰁﰂﰃﰄﰅ
ﰆ
45. Ту танҳо бимдиҳандаи касе ҳастӣ, ки аз қиёмат метарсад.
آية رقم 46
46. Рӯзе, ки онро бубинанд, аз ҳавли қиёмат пиндоранд дар ин ҷаҳон фақат як шомгоҳ ё чоштгоҳ истодаанд.
تقدم القراءة