سورة البلد

الترجمة الطاجيكية

ترجمة معاني سورة البلد باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية

خوجه ميروف خوجه مير

الترجمة الطاجيكية

خوجه ميروف خوجه مير

الناشر

مجمع الملك فهد

آية رقم 1
1. (Аллоҳ савганд ёд мекунад:) Савганд ба ин шаҳр (ва он Макка аст).
آية رقم 2
2. Ва шаҳре, ки ту сокини он ҳастӣ
آية رقم 3
3. Ва савганд ба падар ва фарзанде, ки ба вуҷуд овард, (яъне, ба падари башарият, Одам алайҳиссалом ва фарзандони ӯ).
آية رقم 4
4. Ҳамоно, ки одамиро дар ранҷу меҳнат биёфаридаем.
آية رقم 5
5. Оё мепиндорад, бо он чӣ аз мол ҷамъ намуд, ки касе бар ӯ тавоно нагардад?
آية رقم 6
6. Фахр карда мегӯяд: «Моли фаровонеро харҷ кардам!»
آية رقم 7
7. Оё мепиндорад, ки касе ӯро надидааст?
آية رقم 8
8. Оё барои ӯ ду чашм наёфаридаем?
آية رقم 9
9. Ва забону ду лабро наёфаридаем?
آية رقم 10
10.   Ва оё барои вай роҳи неку бадро баён накардаем?
آية رقم 11
11.   Пас ин шахси худсито ҳоло ба гузаргоҳи душвор дарнаёмадааст?
آية رقم 12
12.   Ва ту чӣ донӣ, ки гузаргоҳи сахт чист ва ба гузаштани он чӣ мадад мерасонад?
آية رقم 13
13.   Озод кардани ғуломи мӯъмин аст,
آية رقم 15
15.   ба ятиме, ки хешованд бошад, ки ҳам садақа мешавад ва силаи раҳм ба ҷо меояд,
آية رقم 16
16.   ё ба мискини хокнишине, (яъне, бенавое, ки ҳеҷ чиз надорад).
17.   Баъд, аз он бошад, аз гурӯҳи онҳое, ки имон овардаанд ба Аллоҳу Паёмбар ва васият карданд якдигарро ба сабр намудан бар тоъати Аллоҳ ва сабр аз нофармониҳои
Ӯ ва тавсия намуданд якдигарро ба шафқату меҳрубонӣ ба бандагони Аллоҳ.
آية رقم 18
18.   Онон, ки чунин афъолро иҷро намуданд, инҳо аҳли саъодатанд.
آية رقم 19
19.   Ва касоне, ки ба оёти Мо кофир шуданд, инҳо бадбахтонанд.
آية رقم 20
20.   Насиби онҳост оташе, ки аз ҳар сӯ сараш пӯшидааст.
تقدم القراءة