سورة الشمس

الترجمة الطاجيكية

ترجمة معاني سورة الشمس باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية

خوجه ميروف خوجه مير

الترجمة الطاجيكية

خوجه ميروف خوجه مير

الناشر

مجمع الملك فهد

آية رقم 1
1. Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба офтоб ва равшаниаш ба ҳангоми чошт
آية رقم 2
2. ва савганд, ба моҳ чун аз паи он барояд
آية رقم 3
3. ва савганд, ба рӯз, чун дунёро равшан кунад
آية رقم 4
4. ва савганд, ба шаб, чун рӯзро бипӯшад
آية رقم 5
5. ва савганд, ба осмон ва ба он ки онро бино кард
آية رقم 6
6. ва савганд, ба замин ва ба он ки онро паҳн кард
آية رقم 7
7. ва савганд, ба нафси одамӣ ва ба он ки некӯяш биёфарид,
آية رقم 8
8. сипас шинохти бадиҳову парҳезгориҳояшро(1) ба ӯ илҳом кард.
1. Роҳи баду некро
آية رقم 9
9. Ҳамоно касе, ки нафсашро пок дошт, наҷот ёфт.
آية رقم 10
10. Ҳамоно касе, ки нафсашро палид сохт ва онро дар маъсият одат дод, ҳалок шуд.
آية رقم 11
11.      Қавми Самуд паёмбарашонро аз рӯи саркашии худ, дурӯғ бароварданд.
آية رقم 12
12.      Он гоҳ, ки бадбахттаринашон бархост ва рафт аз барои куштани шутур.
آية رقم 13
13.      Паёмбари Аллоҳ Солеҳ алайҳиссалом ба онҳо гуфт, ки ба шутур коре надошта бошед, ҳамоно ин муъҷизаи Аллоҳ аст ва ӯро аз навбати обаш боз надоред.
آية رقم 14
14.      Ӯро дурӯғ бароварданд ва шутурро куштанд. Пас Парвардигорашон ба сабаби гуноҳашон бар сарашон азоб овард ва бо хок баробар сохт.
آية رقم 15
15.      Ва Ӯ таъоло баъд аз фуруд овардани азоб аз оқибати кори онҳо наметарсад.
تقدم القراءة