سورة العلق

الترجمة الطاجيكية

ترجمة معاني سورة العلق باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية

خوجه ميروف خوجه مير

الترجمة الطاجيكية

خوجه ميروف خوجه مير

الناشر

مجمع الملك فهد

آية رقم 1
1. Бихон, эй Паёмбар ба номи Парвардигорат, Он ки ҳама ҷаҳонро офаридааст,
آية رقم 2
2. одамиро аз пораи хуни баста офаридааст.
آية رقم 3
3. Бихон! Ва Парвардигори ту арҷмандтарин аст.
آية رقم 4
4. Аллоҳе, ки ба воситаи қалам халқашро таълим дод,
آية رقم 5
5. ба одамӣ он чиро, ки намедонист, биёмӯхт. Ва аз торикиҳои ҷаҳл ба нури илм баровард.
آية رقم 6
6. Ҳаққо, ки одамӣ аз ҳад мегузарад,
آية رقم 7
7. ҳар гоҳ ки хештанро тавонгар бинад.
آية رقم 8
8. Ҳароина, бидонад ҳар як саркаш, ки бозгашт ба сӯи Парвардигори туст. Пас ҳар як инсонро мувофиқи амалаш подошу ҷазо хоҳад дод.
آية رقم 9
9. Эй Паёмбар, оё диди он касро, ки манъ мекунад(1),
1. Мурод аз касе ки манъ мекунад, номи ӯ Абӯҷаҳл аст
آية رقم 10
10.   бандаеро (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро), ки чун ба намоз истад?
آية رقم 11
11.   Оё дидӣ эй манъкунанда, агар он мард (яъне Муҳаммад) бар роҳи ҳидоят мебуд, пас чи гуна ӯро бозмедошт?
آية رقم 12
12.   Ё ин ки ба тақво ва парҳезгорӣ фармон медод?
آية رقم 13
13.   Оё дидӣ эй Муҳаммад, манъкунанда агар дурӯғ барорад ҳақро ва аз фармон рӯйгардонад. Оё аз азоби Аллоҳ наметарсад?
آية رقم 14
14.   Оё магар надонистааст, ки ҳар чиро ки мекунад, Аллоҳ мебинад? Амр чунин нест, чунонки Абӯҷаҳл мепиндорад.
آية رقم 15
15.   На, агар бознаистад аз бадбахтиаш пешонаашро хоҳем кашид.
آية رقم 16
16.   Пешонаи дурӯғгӯи гунаҳгорро.
آية رقم 17
17.   Пас ёрони худро даъват кунад.
آية رقم 18
18.   Мо низ фариштагони маъмури дӯзахро садо мезанем!
آية رقم 19
19.   Фармони ӯро қабул макун, ки ҳаргиз ба ту бадӣ натавонад расонд ва саҷда куну ба Аллоҳ наздик шав!
تقدم القراءة