Пас, ҳар яке аз эшонро ба [кайфари] гуноҳашон азоб кардем. Пас, ба бархе аз онон борони санг фиристодем ва бархе дигарро бонги маргбор фурӯ гирифт ва бархеро дар замин фурӯ бурдем ва бархеро ғарқ кардем. Аллоҳ таоло ҳаргиз ба онон ситам накард, балки онон [худ] ба хештан ситам мекарданд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
40. Пас, ҳар якеро ба сазои гуноҳашон ба азоб дучор кардем: ба баъзе тӯфонҳои регбор фиристодем ва онон қавми Лут буданд ва баъзеро наъраи даҳшатнок фурӯ гирифт, онон қавми Самуд ва мардуми Мадян буданд ва баъзеро дар замин фурӯ бурдем, ки онон Қорун ва ёронаш буданд ва баъзеро ғарқ сохтем, ки онон Қавми Нӯҳ, Фиръавн, Ҳомон ва қавмашон буданд. Ва Аллоҳ ҳаргиз ба онҳо ситам накарда буд, балки онҳо худ ба хештан ситам карда буданд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\631
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\631
الترجمة الطاجيكية
فَكُلًّا أَخَذۡنَا بِذَنۢبِهِۦۖ فَمِنۡهُم مَّنۡ أَرۡسَلۡنَا عَلَيۡهِ حَاصِبٗا وَمِنۡهُم مَّنۡ أَخَذَتۡهُ ٱلصَّيۡحَةُ وَمِنۡهُم مَّنۡ خَسَفۡنَا بِهِ ٱلۡأَرۡضَ وَمِنۡهُم مَّنۡ أَغۡرَقۡنَاۚ وَمَا كَانَ ٱللَّهُ لِيَظۡلِمَهُمۡ وَلَٰكِن كَانُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ يَظۡلِمُونَ
Ҳамаро ба гуноҳашон фурӯ гирифтем: бар баъзе бодҳои регбор фиристодем, баъзеро фарёди сахт фурӯ гирифт, баъзеро дар замин фурӯ бурдем, баъзеро ғарқ сохтем. Ва Худо ба онҳо ситам намекард, онҳо худ ба худашон ситам карда буданд.
Tajik - Tajik translation