Вақте [дар ғазваи Хандақ] душманон аз боло ва поён [ва аз шарқ ва ғарби шаҳр] ба сӯятон омаданд [ва Мадинаро муҳосира карданд]; он гоҳ ки чашмҳо [ба фаровонии душман] хира гашта ва ҷонҳо [аз шиддат ва ваҳшат] ба гулугоҳ расида буд ва шумо ба Аллоҳ таоло гумонҳо [-и гуногун] мебурдед
الترجمة الطاجيكية - عارفي
10. Ба хотир биёред, он вақтро, ки аз самти водии боло аз тарафи машриқ ва аз самти поин аз тарафи мағриб бар шумо тохтанд, чашмҳо аз шиддати даҳшат хира шуданд ва ҷонҳо аз шиддати тарс ба лаб расида буданд ва мунофиқонро ноумедӣ фаро гирифт ва ба ваъдаи Аллоҳ гумонҳои гуногун мебурдед.(1)
____________________
1. Яъне, (мунофиқон гумон карданд, ки) Аллоҳ динашро ёрӣ намекунад ва калима ва суханашро ба итмом намерасонад. Тафсири Саъдӣ 1 \ 659
____________________
1. Яъне, (мунофиқон гумон карданд, ки) Аллоҳ динашро ёрӣ намекунад ва калима ва суханашро ба итмом намерасонад. Тафсири Саъдӣ 1 \ 659
الترجمة الطاجيكية
إِذۡ جَآءُوكُم مِّن فَوۡقِكُمۡ وَمِنۡ أَسۡفَلَ مِنكُمۡ وَإِذۡ زَاغَتِ ٱلۡأَبۡصَٰرُ وَبَلَغَتِ ٱلۡقُلُوبُ ٱلۡحَنَاجِرَ وَتَظُنُّونَ بِٱللَّهِ ٱلظُّنُونَا۠
Он гоҳ ки аз самти боло ва аз самти поин бар шумо тохтанд, чашмҳо хира шуд ва дилҳо ба гулӯ расида буд ва ба Худо гумонҳои гуногун мебурдед.
Tajik - Tajik translation