Пас [эй паёмбар] агар [мушрикон аз даъвати ту] рӯй мегардонанд [тавфиқро аз худ салб мекунанд]. Мо туро нигаҳбони онон нафиристодем ва ту вазифае ҷуз расонидан [-и ваҳй] надорӣ ва чун раҳмате аз ҷониби худ ба инсон бичашонем, бад-он сармаст мешавад ва агар ба сазои рафтори гузаштаи худ дучори мусибате шавад, [ба ҷойи бедорӣ носипосӣ мекунад]. Ба ростӣ, ки инсон бисёр носипос аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
48. Агар мушрикон аз имон овардан ба Аллоҳ рӯӣ гардонанд, туро эй Расул бар онҳо нафиристодаем, ки бар аъмолашон нигаҳбон бошӣ. Ба таҳқиқ, бар ӯҳдаи ту ҷуз расонидани пайғом, чизе дигар нест.
Ва Мо чун ба инсон аз раҳмати Худ ба ӯ саломатӣ ва тавонгарӣ бичашонем, шодмон мегардад ва агар ба хотири корҳои баде, ки кардааст, мусибате ба ӯ расад, монанди камбағалӣ ва касалӣ носипосӣ мекунад. Пас ҳароина, инсон носипос аст ва тамоми неъматҳоро фаромӯш мекунад фақат аз бало ёдоварӣ мекунад.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 7\216

الترجمة الطاجيكية
فَإِنۡ أَعۡرَضُواْ فَمَآ أَرۡسَلۡنَٰكَ عَلَيۡهِمۡ حَفِيظًاۖ إِنۡ عَلَيۡكَ إِلَّا ٱلۡبَلَٰغُۗ وَإِنَّآ إِذَآ أَذَقۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ مِنَّا رَحۡمَةٗ فَرِحَ بِهَاۖ وَإِن تُصِبۡهُمۡ سَيِّئَةُۢ بِمَا قَدَّمَتۡ أَيۡدِيهِمۡ فَإِنَّ ٱلۡإِنسَٰنَ كَفُورٞ
Агар рӯй гардонанд, туро нафиристодаем, ки нигаҳбонашон бошӣ. Бар ту ғайри расонидани пайғом ҳеҷ нест. Ва Мо чун ба инсон аз раҳмати Худ бичашонем, шодмон мегардад ва агар ба хотири корҳое, ки кардааст, норавоӣ ба ӯ расад, носипосӣ мекунад.
Tajik - Tajik translation