Дархӯри ҳеҷ башаре нест, ки Аллоҳ таоло бо ӯ сухан бигӯяд, магар бо ваҳй ё аз фаросӯи ҳиҷобе ё [ин ки Аллоҳ таоло] фариштае бифиристад, ки ба фармонаш ҳар чи бихоҳад, ваҳй кунад. Бе тардид, Ӯ баландмартабаи ҳаким аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
51. Ҳеҷ башареро насазад, ки Аллоҳ бо ӯ сухан гӯяд магар аз тариқи ваҳй ё аз паси парда ё ин ки Аллоҳ фариштаеро(1) бифиристад, то ба фармони Ӯ ҳар чӣ бихоҳад, ба ӯ ваҳй кунад. Ҳароина, Ӯ баландмартабаи бузург аст: дар зот, номҳо, сифатҳо ва афъолаш ва ҳама махлуқот дар баробари Ӯ сари таслим фурудоварандаанд ва дар тадбири умури халқаш ҳаким аст!(2)
____________________
1. Мурод аз ин фаришта Ҷабраил алайҳиссалом аст. 2. Тафсири Саъдӣ 1\762. Дар ин оят исботи сифати каломи Парвардигор омадаст, ба ваҷҳе ки лоиқ ба зоти бузургии Ӯ дорад.
____________________
1. Мурод аз ин фаришта Ҷабраил алайҳиссалом аст. 2. Тафсири Саъдӣ 1\762. Дар ин оят исботи сифати каломи Парвардигор омадаст, ба ваҷҳе ки лоиқ ба зоти бузургии Ӯ дорад.
الترجمة الطاجيكية
۞وَمَا كَانَ لِبَشَرٍ أَن يُكَلِّمَهُ ٱللَّهُ إِلَّا وَحۡيًا أَوۡ مِن وَرَآيِٕ حِجَابٍ أَوۡ يُرۡسِلَ رَسُولٗا فَيُوحِيَ بِإِذۡنِهِۦ مَا يَشَآءُۚ إِنَّهُۥ عَلِيٌّ حَكِيمٞ
Ҳеҷ башареро нарасад, ки Худо ҷуз ба ваҳй ё аз он сӯи парда бо ӯ сухан гӯяд. Ё фариштае мефиристад то ба фармони Ӯ ҳар чӣ бихоҳад, ба ӯ ваҳй кунад. Ӯ баландпояву ҳаким аст!
Tajik - Tajik translation