Ва мардон ва занони муъмин дӯстони якдигаранд, [мардумро] ба некӣ фармон медиҳанд ва аз нописандӣ бозмедоранд ва намоз барпо мекунанд ва закот мепардозанд ва аз Аллоҳ таоло ва паёмбараш итоат менамоянд. Инонанд, ки Аллоҳ таоло мавриди раҳмат қарорашон хоҳад дод. Бе тардид, Аллоҳ таоло шикастнопазири ҳаким аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
71. Мардони мӯъмин ва занони мӯъмин дӯстони якдигаранд дар дин. Ба некӣ фармон медиҳанд ва аз ношоистагӣ бозмедоранд ва намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва аз Аллоҳу паёмбараш фармонбардорӣ мекунанд. Аллоҳ инҳоро раҳмат хоҳад кард ва аз азобаш онҳоро наҷот хоҳад дод ва дохили биҳишташон хоҳад кард. Аллоҳ дар мулки худ пирӯзманд ва дар аҳкому шариаташ ҳаким аст!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 14/347
____________________
1. Тафсири Табарӣ 14/347
الترجمة الطاجيكية
وَٱلۡمُؤۡمِنُونَ وَٱلۡمُؤۡمِنَٰتُ بَعۡضُهُمۡ أَوۡلِيَآءُ بَعۡضٖۚ يَأۡمُرُونَ بِٱلۡمَعۡرُوفِ وَيَنۡهَوۡنَ عَنِ ٱلۡمُنكَرِ وَيُقِيمُونَ ٱلصَّلَوٰةَ وَيُؤۡتُونَ ٱلزَّكَوٰةَ وَيُطِيعُونَ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥٓۚ أُوْلَـٰٓئِكَ سَيَرۡحَمُهُمُ ٱللَّهُۗ إِنَّ ٱللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٞ
Мардони мӯъмин ва занони мӯъмин дӯстони якдигаранд. Ба некӣ фармон медиҳанд ва аз ношоист бозмедоранд ва намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва аз Худову паёмбараш фармонбардорӣ мекунанд. Худо инҳоро раҳмат хоҳад кард, Худо пирӯзманду ҳаким аст!
Tajik - Tajik translation