ترجمة سورة التين

الترجمة الطاجيكية
ترجمة معاني سورة التين باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية .
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1. Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба анҷиру зайтун
2. ва савганд ба кӯҳи Тури Сино, ки дар он ҷо Аллоҳ бевосита бо Мӯсо алайҳиссалом сухан гуфт.
3. Савганд ба ин шаҳри эмин аз ҳамаи хавф, ки Макка аст,
4. ки мо одамиро ба таҳқиқ дар некӯтарин сурате биёфаридем.
5. Он гоҳ ӯро ба сӯи дӯзах гардонидем, агар аз итоъати Парвардигораш ва аз пайравии расули Аллоҳ рӯй гардонад,
6. магар онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, пас барои онон подоши бепоён аст.
7. Эй инсон, пас чист, ки баъд аз ин ҳама панду насиҳат туро ба дурӯғ шуморидани қиёмат вомедорад?
8. Оё Аллоҳ ҳукмкунандатарини ҳокимон намебошад дар ҳама чизе, ки офаридаст? Бале албатта мебошад!
Icon