Surah Al-'Ankabut in Тоҷикӣ

АНКАБУТ · سورة العنكبوت

Meccan Verses: 69 Juz 20 Page 396 Revelation order: 85

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

الٓمٓ ١

1.Алиф, Лом,
Мим.(1)
1. Тавзеҳ дар бораи ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гузаштааст.

أَحَسِبَ ٱلنَّاسُ أَن يُتۡرَكُوٓاْ أَن يَقُولُوٓاْ ءَامَنَّا وَهُمۡ لَا يُفۡتَنُونَ ٢

2. Оё мардум пиндоштаанд, ки чун бигӯянд: «Имон овардаем ва ба ягонагии Аллоҳ ва рисолати паёмбар иқрор кардаем, раҳо шаванд ва дигар ранҷу сахтиҳое, ки бояд дар роҳи дини Аллоҳ таҳаммул кард, озмоиш нашаванд?"(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\626

وَلَقَدۡ فَتَنَّا ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡۖ فَلَيَعۡلَمَنَّ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ صَدَقُواْ وَلَيَعۡلَمَنَّ ٱلۡكَٰذِبِينَ ٣

3. Албатта, мардумеро, ки пеш аз онҳо буданд (бо навъҳои таколиф ва машаққатҳо ва бо неъматҳои гуногун ва сахтиҳо), озмудаем, то ба таҳқиқ, Аллоҳ касонеро, ки рост гуфтаанд, маълум намояд(1) ва дурӯғгӯёнро ҷудо кунад.
1. Яъне, то чӣ андоза дар имонаш содиқ аст. Тафсири Табарӣ 19/ 8

أَمۡ حَسِبَ ٱلَّذِينَ يَعۡمَلُونَ ٱلسَّيِّـَٔاتِ أَن يَسۡبِقُونَاۚ سَآءَ مَا يَحۡكُمُونَ ٤

4. Оё онҳое, ки муртакиби гуноҳ мешаванд, гумон мекунанд, ки аз Мо пешдастӣ мекунанд ва аз ҳавзаи қудрати Мо мегурезанд ва аз
Мо раҳои меёбанд? Чӣ бад доварӣ мекунанд!

مَن كَانَ يَرۡجُواْ لِقَآءَ ٱللَّهِ فَإِنَّ أَجَلَ ٱللَّهِ لَأٓتࣲۚ وَهُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ ٥

5. Ҳар кас, ки ба дидори Аллоҳ умед дорад, бояд бидонад, ки ваъдаи Аллоҳ(1), ҳатман омаданист ва Ӯ ба гуфтаҳо шунаво ва ба кардаҳо доност!
1. Яъне, вақти муайяншуда барои сазову ҷазо. Тафсири Бағавӣ 6/ 233

وَمَن جَٰهَدَ فَإِنَّمَا يُجَٰهِدُ لِنَفۡسِهِۦٓۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَغَنِيٌّ عَنِ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٦

6.   Ҳар кӣ дар роҳи пешрафти дини Аллоҳ ва анҷоми ибодатҳо ҷиҳод кунад, бешак, ба фоидаи худ кардааст. Ба таҳқиқ Аллоҳ аз ҳамаи ҷаҳониён ва тоату ибодати онҳо бениёз аст.

وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَنُكَفِّرَنَّ عَنۡهُمۡ سَيِّـَٔاتِهِمۡ وَلَنَجۡزِيَنَّهُمۡ أَحۡسَنَ ٱلَّذِي كَانُواْ يَعۡمَلُونَ ٧

7.   Гуноҳони ононро, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, ҳатман нест мекунем ва албатта, беҳтар аз он чи амал кардаанд, подошашон медиҳем.

وَوَصَّيۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ بِوَٰلِدَيۡهِ حُسۡنࣰاۖ وَإِن جَٰهَدَاكَ لِتُشۡرِكَ بِي مَا لَيۡسَ لَكَ بِهِۦ عِلۡمࣱ فَلَا تُطِعۡهُمَآۚ إِلَيَّ مَرۡجِعُكُمۡ فَأُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ٨

8.        Ва инсонро фармон додем, ки ба падару модари худ некӣ кунад. Ва агар он ду бикӯшанд, ки ба ту чизеро, ки ба он огоҳ нестӣ, шарики Ман қарор диҳӣ, итоаташон макун(1). Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Ман аст, пас, он гоҳ шуморо ба ҳақиқати корҳое, ки мекардед, ҳатман хабар медиҳам!(2)
1. Яъне, тоати махлуқро ба ҷо оварда намешавад, вақте ки дар маъсияти Аллоҳ бошад. 2. Тафсири Саъдӣ 1\627

وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَنُدۡخِلَنَّهُمۡ فِي ٱلصَّٰلِحِينَ ٩

9.      Ва касонеро, ки имон овардаанд ва кирдорҳои шоиста кардаанд, дар гурӯҳи солеҳон даровардаем.

وَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يَقُولُ ءَامَنَّا بِٱللَّهِ فَإِذَآ أُوذِيَ فِي ٱللَّهِ جَعَلَ فِتۡنَةَ ٱلنَّاسِ كَعَذَابِ ٱللَّهِۖ وَلَئِن جَآءَ نَصۡرࣱ مِّن رَّبِّكَ لَيَقُولُنَّ إِنَّا كُنَّا مَعَكُمۡۚ أَوَلَيۡسَ ٱللَّهُ بِأَعۡلَمَ بِمَا فِي صُدُورِ ٱلۡعَٰلَمِينَ ١٠

10.    Баъзе аз мардум мегӯянд:
«Ба Аллоҳ имон овардаем.
Ва чун дар роҳи Аллоҳ озоре бубинанд, он озорро монанди азоби Аллоҳ шуморанд. Ва чун аз сӯи Парвардигори ту пирӯзие (ба шумо мӯъминон) расад, мегӯянд: «Ҳароина, мо низ бо шумо будаем». Оё Аллоҳ ба он чи дар дилҳои мардуми ҷаҳон мегузарад, огоҳтар нест?

وَلَيَعۡلَمَنَّ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَلَيَعۡلَمَنَّ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ ١١

11.    Албатта, Аллоҳ медонад, ки мӯъминон чӣ касонанд ва мунофиқон чӣ касон. Ва ин ду гӯруҳро бо василаи озмоиш дар сахтиҳо аз якдигар ҷудо месозад.(1)
1. Тафсири Ибни Касир 6\266

وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لِلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱتَّبِعُواْ سَبِيلَنَا وَلۡنَحۡمِلۡ خَطَٰيَٰكُمۡ وَمَا هُم بِحَٰمِلِينَ مِنۡ خَطَٰيَٰهُم مِّن شَيۡءٍۖ إِنَّهُمۡ لَكَٰذِبُونَ ١٢

12.    Ва кофирони Қурайш ба мӯъминон гуфтанд: Дини Муҳаммадро тарк кунед ва пайравӣ кунед роху равиши моро, бори гуноҳатон бар гардани мо. Ҳол он ки инҳо бори гуноҳи касеро бар гардан нахоҳанд гирифт, бегумон онҳо дурӯғ мегӯянд.(1)
1. Тафсири Табарӣ 20\ 14

وَلَيَحۡمِلُنَّ أَثۡقَالَهُمۡ وَأَثۡقَالࣰا مَّعَ أَثۡقَالِهِمۡۖ وَلَيُسۡـَٔلُنَّ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ عَمَّا كَانُواْ يَفۡتَرُونَ ١٣

13.     Ва албатта, мебардоранд гуноҳони худро ва гуноҳони дигаронро бо гуноҳони худ якҷоя ва ҳамоно рӯзи қиёмат ба сабаби дурӯғҳое, ки бар ҳам мебофанд, пурсида хоҳанд шуд.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\627

وَلَقَدۡ أَرۡسَلۡنَا نُوحًا إِلَىٰ قَوۡمِهِۦ فَلَبِثَ فِيهِمۡ أَلۡفَ سَنَةٍ إِلَّا خَمۡسِينَ عَامࣰا فَأَخَذَهُمُ ٱلطُّوفَانُ وَهُمۡ ظَٰلِمُونَ ١٤

14.     Ва Мо Нӯҳро ба сӯи қавмаш ба паёмбарӣ фиристодем. Ӯ нуҳсаду панҷоҳ сол дар миёни онон бизист. Ва онҳоро ба тавҳид даъват мекард ва аз ширк манъ мекард. Пас ӯро иҷобат накарданд, зеро мардуме ситампеша буданд, пас тӯфон онҳоро фурӯ гирифт.

فَأَنجَيۡنَٰهُ وَأَصۡحَٰبَ ٱلسَّفِينَةِ وَجَعَلۡنَٰهَآ ءَايَةࣰ لِّلۡعَٰلَمِينَ ١٥

15.     Пас, ӯ ва касонеро, ки дар киштӣ буданд, наҷот додем ва он киштиро(1) нишони ибрате барои ҷаҳониён гардонидем.
1. Ё қиссаи Нӯҳро. Тафсири Саъдӣ 1\628

وَإِبۡرَٰهِيمَ إِذۡ قَالَ لِقَوۡمِهِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ وَٱتَّقُوهُۖ ذَٰلِكُمۡ خَيۡرࣱ لَّكُمۡ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ ١٦

16.     Ва ба ёд овар Иброҳимро, он гоҳ ки ба қавмаш гуфт: «Аллоҳи якторо бипарастед ва аз Ӯ битарсед. Ин бароятон беҳтар аст, агар бидонед.

إِنَّمَا تَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ أَوۡثَٰنࣰا وَتَخۡلُقُونَ إِفۡكًاۚ إِنَّ ٱلَّذِينَ تَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ لَا يَمۡلِكُونَ لَكُمۡ رِزۡقࣰا فَٱبۡتَغُواْ عِندَ ٱللَّهِ ٱلرِّزۡقَ وَٱعۡبُدُوهُ وَٱشۡكُرُواْ لَهُۥٓۖ إِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ ١٧

17.     Ҳароина, шумо эй қавм, ғайри Аллоҳи якто бутонеро мепарастед ва дурӯғҳои бузург мебофед. Онҳоеро, ки ғайри Аллоҳи якто мепарастед, бешак, наметавонанд шуморо рӯзӣ диҳанд. Аз Аллоҳи якто рӯзӣ биҷӯед ва Ӯро ибодат кунед ва сипос гӯед, зеро ба сӯи Ӯ бозгардонида мешавед, пас ҳар якеро бар амали кардаи худ ҷазои муносиб медиҳад.

وَإِن تُكَذِّبُواْ فَقَدۡ كَذَّبَ أُمَمࣱ مِّن قَبۡلِكُمۡۖ وَمَا عَلَى ٱلرَّسُولِ إِلَّا ٱلۡبَلَٰغُ ٱلۡمُبِينُ ١٨

18.     Агар шумо ваҳйро дурӯғ мебароред, мардумоне ҳам, ки пеш аз шумо буданд, дурӯғ мешумориданд. Ва бар ӯҳдаи паёмбар ҷуз таблиғе равшангар ҳеҷ нест.

أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ كَيۡفَ يُبۡدِئُ ٱللَّهُ ٱلۡخَلۡقَ ثُمَّ يُعِيدُهُۥٓۚ إِنَّ ذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ يَسِيرࣱ ١٩

19.     Оё намебинанд, ки Аллоҳ чӣ гуна махлуқро меофаринад сипас аз нестӣ бозаш мегардонад? Бешубҳа, ин кор бар Аллоҳ осон аст.

قُلۡ سِيرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَٱنظُرُواْ كَيۡفَ بَدَأَ ٱلۡخَلۡقَۚ ثُمَّ ٱللَّهُ يُنشِئُ ٱلنَّشۡأَةَ ٱلۡأٓخِرَةَۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءࣲ قَدِيرࣱ ٢٠

20.     Бигӯ эй Расул, барои мункирони баъс: Дар замин сайр кунед ва бингаред, ки чӣ гуна Аллоҳ мавҷудотро офарида. Сипас офариниши охиринро падид меоварад.
Ба таҳқиқ, Аллоҳ бар ҳар чизе тавоност ва ҳеҷ чизе Ӯро оҷиз оварда наметавонад!(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\628

يُعَذِّبُ مَن يَشَآءُ وَيَرۡحَمُ مَن يَشَآءُۖ وَإِلَيۡهِ تُقۡلَبُونَ ٢١

21.   Ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад ва ҳар киро бихоҳад, мавриди раҳмат қарор медиҳад ва ҳама ба сӯи Ӯ бозгардонида мешавед.

وَمَآ أَنتُم بِمُعۡجِزِينَ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَا فِي ٱلسَّمَآءِۖ وَمَا لَكُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ مِن وَلِيࣲّ وَلَا نَصِيرࣲ ٢٢

22.    Шумо наметавонед (Аллоҳро) дармонда кунед, на дар замин ва на дар осмон ва шуморо ҷуз Ӯ ҳеҷ корсозу ёваре нест!»

وَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ وَلِقَآئِهِۦٓ أُوْلَٰٓئِكَ يَئِسُواْ مِن رَّحۡمَتِي وَأُوْلَٰٓئِكَ لَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمࣱ ٢٣

23.     Ва онҳо, ки ба оёти Аллоҳ ва дидори Ӯ имон надоранд ва ба вуқӯъ омадани қиёматро инкор мекунанд, онҳо аз сабаби мушоҳида карданашон азобро дар охират аз раҳмати Ман ноумед шуданд. Ин гуна касон барояшон азоби дардовар аст.(1)
1. Тафсири Табарӣ 20\ 23

فَمَا كَانَ جَوَابَ قَوۡمِهِۦٓ إِلَّآ أَن قَالُواْ ٱقۡتُلُوهُ أَوۡ حَرِّقُوهُ فَأَنجَىٰهُ ٱللَّهُ مِنَ ٱلنَّارِۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتࣲ لِّقَوۡمࣲ يُؤۡمِنُونَ ٢٤

24.     Ҷавоби қавми Иброҳим алайҳиссалом ин буд, ки гуфтанд: Бикушед ӯро ё бо оташ ӯро бисӯзонед. Пас, ӯро дар оташ афканданд ва Аллоҳ ӯро аз оташ бираҳонид. Ва бешак, дар наҷот додани Мо Иброҳимро аз оташ, барои қавме, ки имон меоваранд ва ба шариати Ӯ амал мекунанд, ибратҳоест.(1)
1. Яъне, дар қиссаи Иброҳим. Тафсири Саъдӣ 1/ 629

وَقَالَ إِنَّمَا ٱتَّخَذۡتُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ أَوۡثَٰنࣰا مَّوَدَّةَ بَيۡنِكُمۡ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۖ ثُمَّ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ يَكۡفُرُ بَعۡضُكُم بِبَعۡضࣲ وَيَلۡعَنُ بَعۡضُكُم بَعۡضࣰا وَمَأۡوَىٰكُمُ ٱلنَّارُ وَمَا لَكُم مِّن نَّٰصِرِينَ ٢٥

25.      Гуфт Иброҳим: «Ҳароина, шумо бутонеро ба ҷои Аллоҳи якто маъбуди худ гирифтаед, то дар ин зиндагонии дунё миёнатон дӯстӣ бошад, вале дар рӯзи қиёмат мункири якдигар мешавед ва якдигарро лаънат мекунед ва ҷоятон дар оташ аст ва ҳеҷ ёваре надоред.

۞ فَـَٔامَنَ لَهُۥ لُوطࣱۘ وَقَالَ إِنِّي مُهَاجِرٌ إِلَىٰ رَبِّيٓۖ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ ٢٦

26.      Пас, даъвати Иброҳимро Лут тасдиқ кард. Ва Иброҳим гуфт: Бешубҳа, ман ба сӯи Парвардигорам ба замини муборак(1) ҳиҷрат мекунам, ҳароина, Ӯ пирӯзманду ҳаким аст!(2)
1. Яъне, бп Шом 2. Тафсири Бағавӣ 6\238

وَوَهَبۡنَا لَهُۥٓ إِسۡحَٰقَ وَيَعۡقُوبَ وَجَعَلۡنَا فِي ذُرِّيَّتِهِ ٱلنُّبُوَّةَ وَٱلۡكِتَٰبَ وَءَاتَيۡنَٰهُ أَجۡرَهُۥ فِي ٱلدُّنۡيَاۖ وَإِنَّهُۥ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ لَمِنَ ٱلصَّٰلِحِينَ ٢٧

27.      Ва додем барои Иброҳим фарзанд Исҳоқро ва наберааш Яъқубро ва дар фарзандони Иброҳим паёмбариву китобро муқаррар доштем. Ва подошашро дар дунё (ба ёддошти нек ва фарзандони солеҳ) додем ва ӯ дар охират аз солеҳон аст.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\629

وَلُوطًا إِذۡ قَالَ لِقَوۡمِهِۦٓ إِنَّكُمۡ لَتَأۡتُونَ ٱلۡفَٰحِشَةَ مَا سَبَقَكُم بِهَا مِنۡ أَحَدࣲ مِّنَ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٢٨

28.     Ва ба ёд овар эй Паёмбар,
Лутро, вақте ки ба қавми худ гуфт: Шумо кори зиштеро(1) пеша кардаед, ки ҳеҷ як аз мардуми ҷаҳон пеш аз шумо чунин намекардааст.
1. Ливотагариро.

أَئِنَّكُمۡ لَتَأۡتُونَ ٱلرِّجَالَ وَتَقۡطَعُونَ ٱلسَّبِيلَ وَتَأۡتُونَ فِي نَادِيكُمُ ٱلۡمُنكَرَۖ فَمَا كَانَ جَوَابَ قَوۡمِهِۦٓ إِلَّآ أَن قَالُواْ ٱئۡتِنَا بِعَذَابِ ٱللَّهِ إِن كُنتَ مِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ ٢٩

29.     Оё, ҳароина, шумо бо мардон алоқаи ҷинсӣ мекунед ва роҳзанӣ мекунед ва дар маҳфили худ муртакиби корҳои нописанд(1) мешавед?» Ҷавоби қавмаш ин буд, ки гуфтанд: «Агар рост мегӯӣ, азоби Аллоҳро бар сари мо биёвар!»
1. Масхараи одамони мусофир. Тафсири Табарӣ 20/31

قَالَ رَبِّ ٱنصُرۡنِي عَلَى ٱلۡقَوۡمِ ٱلۡمُفۡسِدِينَ ٣٠

30.     Гуфт Лут: Эй Парвардигори ман, маро болои мардуми фасодкор (бо фуруд овардани азоб бар болояшон) нусрат деҳ! Пас, Аллоҳ дуояшро иҷобат кард.

وَلَمَّا جَآءَتۡ رُسُلُنَآ إِبۡرَٰهِيمَ بِٱلۡبُشۡرَىٰ قَالُوٓاْ إِنَّا مُهۡلِكُوٓاْ أَهۡلِ هَٰذِهِ ٱلۡقَرۡيَةِۖ إِنَّ أَهۡلَهَا كَانُواْ ظَٰلِمِينَ ٣١

31.     Чун фиристодагони(1) Мо ба :Иброҳим мужда(2) оварданд, гуфтанд: «Мо, бешубҳа, мардуми ин деҳаро(3) ҳалок хоҳем кард, ки мардуми ситамкоре ҳастанд».
1. Яъне фариштагон. 2. Яъне, таваллуди Исҳоқро ва аз паси Исҳоқ фарзандаш Яъқубро. Тафсири Саъдӣ 1/ 630 3. Деҳаи Садум.

قَالَ إِنَّ فِيهَا لُوطࣰاۚ قَالُواْ نَحۡنُ أَعۡلَمُ بِمَن فِيهَاۖ لَنُنَجِّيَنَّهُۥ وَأَهۡلَهُۥٓ إِلَّا ٱمۡرَأَتَهُۥ كَانَتۡ مِنَ ٱلۡغَٰبِرِينَ ٣٢

32.      Иброҳим гуфт: Лут дар он ҷост. Гуфтанд: Мо беҳтар медонем, чӣ касе дар куҷост. Бегумон ӯ ва хонадонаш, ҷуз занашро, ки дар ҳамон ҷо хоҳад монд, наҷот медиҳем.

وَلَمَّآ أَن جَآءَتۡ رُسُلُنَا لُوطࣰا سِيٓءَ بِهِمۡ وَضَاقَ بِهِمۡ ذَرۡعࣰاۖ وَقَالُواْ لَا تَخَفۡ وَلَا تَحۡزَنۡ إِنَّا مُنَجُّوكَ وَأَهۡلَكَ إِلَّا ٱمۡرَأَتَكَ كَانَتۡ مِنَ ٱلۡغَٰبِرِينَ ٣٣

33.      Ва чун фиристодагони(1) Мо назди Лут омаданд, сахт нороҳат ва дилтанг шуд. Гуфтанд фариштагон: «Матарс ва ғамгин мабош, ҳамоно туву хонадонат, ҷуз занатро, ки дар ҳамон ҷо хоҳад монд, наҷот медиҳем.
1. Яъне, фариштагон.

إِنَّا مُنزِلُونَ عَلَىٰٓ أَهۡلِ هَٰذِهِ ٱلۡقَرۡيَةِ رِجۡزࣰا مِّنَ ٱلسَّمَآءِ بِمَا كَانُواْ يَفۡسُقُونَ ٣٤

34.      Ҳамоно мо ба мардуми ин деҳа ба сабаби кирдори бадашон(1), ки мекарданд, аз осмон азоб нозил хоҳем кард».
1. Яъне, фоҳишагариашон. Тафсири Табарӣ 20/33

وَلَقَد تَّرَكۡنَا مِنۡهَآ ءَايَةَۢ بَيِّنَةࣰ لِّقَوۡمࣲ يَعۡقِلُونَ ٣٥

35.      Ҳароина, аз он деҳа барои хирадмандон ибрати равшане бар ҷой гузоштем.

وَإِلَىٰ مَدۡيَنَ أَخَاهُمۡ شُعَيۡبࣰا فَقَالَ يَٰقَوۡمِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ وَٱرۡجُواْ ٱلۡيَوۡمَ ٱلۡأٓخِرَ وَلَا تَعۡثَوۡاْ فِي ٱلۡأَرۡضِ مُفۡسِدِينَ ٣٦

36.      Ва бародарашон Шуъайбро ба аҳли Мадян фиристодем. Гуфт: Эй қавми ман,
Аллоҳро бипарастед ва ба рӯзи қиёмат умедвор бошед ва дар замин ба табаҳкорӣ макӯшед, лекин тавба кунед аз кирдори бадатон ва ба сӯи Ӯ бозгардед.

فَكَذَّبُوهُ فَأَخَذَتۡهُمُ ٱلرَّجۡفَةُ فَأَصۡبَحُواْ فِي دَارِهِمۡ جَٰثِمِينَ ٣٧

37.     Пас, дурӯғгӯяш шумориданд ва зилзила ононро фурӯ гирифт ва дар хонаҳои худ ба зону афтода, мурданд.

وَعَادࣰا وَثَمُودَاْ وَقَد تَّبَيَّنَ لَكُم مِّن مَّسَٰكِنِهِمۡۖ وَزَيَّنَ لَهُمُ ٱلشَّيۡطَٰنُ أَعۡمَٰلَهُمۡ فَصَدَّهُمۡ عَنِ ٱلسَّبِيلِ وَكَانُواْ مُسۡتَبۡصِرِينَ ٣٨

38.     Ва Оду Самудро низ ҳалок кардем. Ва ин аз ҷойгоҳи сукунаташон бароятон ошкор аст. Шайтон корҳояшонро дар назарашон биёрост ва ононро аз роҳи имон боздошт. Ва ҳол он ки дар куфру залолаташон мардуме соҳиби ақлу ҳӯш буданд. Гумон мекарданд бар роҳи ҳақ ҳастанд, вале онҳо дар залолат ғарқшудагонанд.(1).
1. Тафсири Табарӣ 20\35

وَقَٰرُونَ وَفِرۡعَوۡنَ وَهَٰمَٰنَۖ وَلَقَدۡ جَآءَهُم مُّوسَىٰ بِٱلۡبَيِّنَٰتِ فَٱسۡتَكۡبَرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَمَا كَانُواْ سَٰبِقِينَ ٣٩

39.     Ва низ ҳалок кардем Қоруну Фиръавн ва Ҳомонро, ки ҳамоно Мӯсо бо далелҳои равшани худ назди онҳо омад. Онҳо дар замин такаббур ва саркашӣ мекарданд, вале натавонистанд аз Аллоҳ бигурезанд.

فَكُلًّا أَخَذۡنَا بِذَنۢبِهِۦۖ فَمِنۡهُم مَّنۡ أَرۡسَلۡنَا عَلَيۡهِ حَاصِبࣰا وَمِنۡهُم مَّنۡ أَخَذَتۡهُ ٱلصَّيۡحَةُ وَمِنۡهُم مَّنۡ خَسَفۡنَا بِهِ ٱلۡأَرۡضَ وَمِنۡهُم مَّنۡ أَغۡرَقۡنَاۚ وَمَا كَانَ ٱللَّهُ لِيَظۡلِمَهُمۡ وَلَٰكِن كَانُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ يَظۡلِمُونَ ٤٠

40.     Пас, ҳар якеро ба сазои гуноҳашон ба азоб дучор кардем: ба баъзе тӯфонҳои регбор фиристодем ва онон қавми Лут буданд ва баъзеро наъраи даҳшатнок фурӯ гирифт, онон қавми Самуд ва мардуми Мадян буданд ва баъзеро дар замин фурӯ бурдем, ки онон Қорун ва ёронаш буданд ва баъзеро ғарқ сохтем, ки онон Қавми Нӯҳ, Фиръавн, Ҳомон ва қавмашон буданд. Ва Аллоҳ ҳаргиз ба онҳо ситам накарда буд, балки онҳо худ ба хештан ситам карда буданд.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\631

مَثَلُ ٱلَّذِينَ ٱتَّخَذُواْ مِن دُونِ ٱللَّهِ أَوۡلِيَآءَ كَمَثَلِ ٱلۡعَنكَبُوتِ ٱتَّخَذَتۡ بَيۡتࣰاۖ وَإِنَّ أَوۡهَنَ ٱلۡبُيُوتِ لَبَيۡتُ ٱلۡعَنكَبُوتِۚ لَوۡ كَانُواْ يَعۡلَمُونَ ٤١

41.     Мисоли онон, ки ба ҷои Аллоҳ дӯстоне гирифтанд, ҳамчун кори анкабут (тортанак) аст, ки хонае бисохт. Ба дурустӣ, ки агар медонистанд, ҳароина, сусттарини хонаҳо, хонаи анкабут аст.

إِنَّ ٱللَّهَ يَعۡلَمُ مَا يَدۡعُونَ مِن دُونِهِۦ مِن شَيۡءࣲۚ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ ٤٢

42.     Ба таҳқиқ, Аллоҳи якто медонад, ки он чиро ғайр аз вай мепарастанд чизе нест, балки танҳо номҳоест, ки онҳоро номидаанд на фоида ва на зиёне расонида метавонанд ва Ӯ бар душманонаш пирӯзманд аст ва дар корҳояш бо ҳикмат аст! (1)
1. Тафсири Табарӣ 20\39

وَتِلۡكَ ٱلۡأَمۡثَٰلُ نَضۡرِبُهَا لِلنَّاسِۖ وَمَا يَعۡقِلُهَآ إِلَّا ٱلۡعَٰلِمُونَ ٤٣

43.     Ин масалҳоро барои мардум меорем, то манфиат баранд ва аз он таълим бигиранд
ва он масалҳоро ҷуз доноён дарк намекунанд.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\631

خَلَقَ ٱللَّهُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ بِٱلۡحَقِّۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةࣰ لِّلۡمُؤۡمِنِينَ ٤٤

44.     Аллоҳ осмонҳову заминро ба ростӣ биёфарид ва бешак, дар офариниши осмонҳо
ва замин ибратест барои мӯъминон.

ٱتۡلُ مَآ أُوحِيَ إِلَيۡكَ مِنَ ٱلۡكِتَٰبِ وَأَقِمِ ٱلصَّلَوٰةَۖ إِنَّ ٱلصَّلَوٰةَ تَنۡهَىٰ عَنِ ٱلۡفَحۡشَآءِ وَٱلۡمُنكَرِۗ وَلَذِكۡرُ ٱللَّهِ أَكۡبَرُۗ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ مَا تَصۡنَعُونَ ٤٥

45.     Эй Паёмбар! Ҳар чиро аз ин китоби Қуръон бар ту ваҳй шудааст, тиловат кун. Ва намозро бо аркону шартҳояш бигзор, ки ҳароина, муҳофизат кардан бар намоз одамиро аз фаҳшову мункар бозмедорад ва дилаш мунаввар мешавад ва имонаш зиёд мегардад ва зикри Аллоҳ дар намоз ва ғайри намоз бузургтар ва афзалтар аст ва Аллоҳ ба корҳое, ки аз неку бад мекунед, огоҳ аст!(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\632

۞ وَلَا تُجَٰدِلُوٓاْ أَهۡلَ ٱلۡكِتَٰبِ إِلَّا بِٱلَّتِي هِيَ أَحۡسَنُ إِلَّا ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ مِنۡهُمۡۖ وَقُولُوٓاْ ءَامَنَّا بِٱلَّذِيٓ أُنزِلَ إِلَيۡنَا وَأُنزِلَ إِلَيۡكُمۡ وَإِلَٰهُنَا وَإِلَٰهُكُمۡ وَٰحِدࣱ وَنَحۡنُ لَهُۥ مُسۡلِمُونَ ٤٦

46.     Бо аҳли китоб (яъне, бо яҳуду насоро) ба некӯтарин шева муҷодала кунед.
Магар бо онҳое, ки ситам пеша карданд. Ва бигӯед: «Ба тамоми он чи бар мо нозил шуда аз Қуръон ва он чи бар шумо нозил шудааст аз Таврот ва Инҷил, имон овардем, ки ҳама аз
назди Аллоҳ таолост. Ва маъбуди мову маъбуди шумо якест ва на барои У шарике аст на зидде ва на ҳамтое ва мо дар баробари Ӯ фармонбардорем.(1)
1. Тафсири Табарӣ 20\49

وَكَذَٰلِكَ أَنزَلۡنَآ إِلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَۚ فَٱلَّذِينَ ءَاتَيۡنَٰهُمُ ٱلۡكِتَٰبَ يُؤۡمِنُونَ بِهِۦۖ وَمِنۡ هَٰٓؤُلَآءِ مَن يُؤۡمِنُ بِهِۦۚ وَمَا يَجۡحَدُ بِـَٔايَٰتِنَآ إِلَّا ٱلۡكَٰفِرُونَ ٤٧

47.     Чунонки китобҳои собиқро пеш аз ту фуруд овардем ҳамчунон ин китоби Қуръонро бар ту нозил кардем. Пас, аҳли Китоб ба он имон меоваранд ва аз ин арабҳои Қурайш ва ғайри онҳо низ касе ҳаст, ки ба он имон меоварад ва ҷуз кофирон касе оёти Қуръони Моро инкор намекунад.(1)
1. Тафсири Табарӣ 20\50

وَمَا كُنتَ تَتۡلُواْ مِن قَبۡلِهِۦ مِن كِتَٰبࣲ وَلَا تَخُطُّهُۥ بِيَمِينِكَۖ إِذࣰا لَّٱرۡتَابَ ٱلۡمُبۡطِلُونَ ٤٨

48.     Ва аз мӯъҷизаҳои равшани ту ин аст, ки ту пеш аз Қуръон ҳеҷ китоберо намехондӣ ва ба дасти худ чизе наменавиштӣ. Ҳоло ин ки онҳо инро медонистанд. Агар пеш аз ваҳйи Илоҳӣ хонанда ё нависанда мебудӣ, ахли ботил ба шак меафтоданд.

بَلۡ هُوَ ءَايَٰتُۢ بَيِّنَٰتࣱ فِي صُدُورِ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡعِلۡمَۚ وَمَا يَجۡحَدُ بِـَٔايَٰتِنَآ إِلَّا ٱلظَّٰلِمُونَ ٤٩

49.     Балки Қуръон оётест равшан, ки дар синаи аҳли дониш ҷой дорад. Ва оёти Моро танҳо ситамкорон инкор мекунанд.

وَقَالُواْ لَوۡلَآ أُنزِلَ عَلَيۡهِ ءَايَٰتࣱ مِّن رَّبِّهِۦۚ قُلۡ إِنَّمَا ٱلۡأٓيَٰتُ عِندَ ٱللَّهِ وَإِنَّمَآ أَنَا۠ نَذِيرࣱ مُّبِينٌ ٥٠

50.     Ва мушрикон гуфтанд: Чаро аз ҷониби Парвардигораш нишонаҳое(1) бар Муҳаммад нозил намешавад? Бигӯ: нишонаҳо дар назди Аллоҳ аст ва ман фақат бимдиҳандае ошкор ҳастам.
1. Мисли шутури Солеҳ ва асои Мӯсо алайҳимассалом.

أَوَلَمۡ يَكۡفِهِمۡ أَنَّآ أَنزَلۡنَا عَلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَ يُتۡلَىٰ عَلَيۡهِمۡۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَرَحۡمَةࣰ وَذِكۡرَىٰ لِقَوۡمࣲ يُؤۡمِنُونَ ٥١

51.     Оё ононро басанда нест, ки бар ту, ба таҳқиқ, Қуръон фиристодаем ва бар онҳо хонда мешавад. Дар ин китоби Қуръон барои мӯъминон раҳмату панд аст!

قُلۡ كَفَىٰ بِٱللَّهِ بَيۡنِي وَبَيۡنَكُمۡ شَهِيدࣰاۖ يَعۡلَمُ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۗ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ بِٱلۡبَٰطِلِ وَكَفَرُواْ بِٱللَّهِ أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡخَٰسِرُونَ ٥٢

52.     Бигӯ: Аллоҳ ба гувоҳӣ миёни ману шумо кофист, ки ман расули Ӯ ҳастам. Он чиро, ки дар осмонҳову замин аст, медонад. Ва ҳеҷ чиз бар Ӯ пӯшида нест. Касоне, ки ба ботил имон оварданд ва ба Аллоҳ кофир шуданд, онҳо дар дунёву охират зиёнкоронанд.

وَيَسۡتَعۡجِلُونَكَ بِٱلۡعَذَابِ وَلَوۡلَآ أَجَلࣱ مُّسَمࣰّى لَّجَآءَهُمُ ٱلۡعَذَابُۚ وَلَيَأۡتِيَنَّهُم بَغۡتَةࣰ وَهُمۡ لَا يَشۡعُرُونَ ٥٣

53.     Ва мушрикони қавмат тамасхӯрона аз ту азобро ба шитоб металабанд. Агар онро мавъиди муайяне набуд, бешубҳа, бар онҳо меомад. Ва ҳатман, ногаҳон ва бидуни он, ки хабардор шаванд, бар онҳо фуруд хоҳад омад.

يَسۡتَعۡجِلُونَكَ بِٱلۡعَذَابِ وَإِنَّ جَهَنَّمَ لَمُحِيطَةُۢ بِٱلۡكَٰفِرِينَ ٥٤

54.     Онон аз ту ба шитоб азобро металабанд, ҳол он ки ҷаҳаннам, ҳароина, бар кофирон иҳота дорад.

يَوۡمَ يَغۡشَىٰهُمُ ٱلۡعَذَابُ مِن فَوۡقِهِمۡ وَمِن تَحۡتِ أَرۡجُلِهِمۡ وَيَقُولُ ذُوقُواْ مَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ٥٥

55.     Рӯз қиёмат, ки азоб аз болои сари кофирон ва аз зери пойҳояшон онҳоро дарбар гирад ва Аллоҳ он замон бигӯяд: «Ба хотири аъмоле(1), ки дар дунё мекардед, инак, азобро бичашед!»
1. Аз шарик оварданатон ба Аллоҳи ягона.

يَٰعِبَادِيَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِنَّ أَرۡضِي وَٰسِعَةࣱ فَإِيَّٰيَ فَٱعۡبُدُونِ ٥٦

56.     Эй бандагони ман, ки ба ман имон овардед, агар аз изҳор кардани имонатон дар тангӣ бошед ба таҳқиқ, замини ман фарох аст, пас, ҳиҷрат кунед ва танҳо маро бипарастед.(1)
2. Тафсири Бағавӣ 6\251

كُلُّ نَفۡسࣲ ذَآئِقَةُ ٱلۡمَوۡتِۖ ثُمَّ إِلَيۡنَا تُرۡجَعُونَ ٥٧

57.    Ҳар касе чашандаи таъми марг аст. Ва барои ҳисобу ҷазо ба сӯи Мо бозгардонида мешавед.

وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَنُبَوِّئَنَّهُم مِّنَ ٱلۡجَنَّةِ غُرَفࣰا تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ خَٰلِدِينَ فِيهَاۚ نِعۡمَ أَجۡرُ ٱلۡعَٰمِلِينَ ٥٨

58.     Касонеро, ки имон овардаанд ба Аллоҳ ва расулаш ва корҳои шоиста кардаанд, ҳатман, дар ҳуҷраҳои биҳишт ҷой диҳем. Аз зери он ҷӯйҳои об равон аст. Дар он ҷо ҷовидона бимонанд. Амалкунандагонро чӣ некӯ муздест.

ٱلَّذِينَ صَبَرُواْ وَعَلَىٰ رَبِّهِمۡ يَتَوَكَّلُونَ ٥٩

59.     Онҳо, ки бар ибодати Аллоҳ сабр варзиданд ва дар динашон устувор истоданд ва дар ризқу рӯзии худ бар Парвардигорашон таваккал мекунанд.(1)
1. Тафсири Табарӣ 20\57

وَكَأَيِّن مِّن دَآبَّةࣲ لَّا تَحۡمِلُ رِزۡقَهَا ٱللَّهُ يَرۡزُقُهَا وَإِيَّاكُمۡۚ وَهُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ ٦٠

60.     Чӣ бисёр ҷунбандагоне, ки тавони таҳсили ба даст овардани рӯзии хеш надоранд ва Аллоҳ онҳоро ва шуморо рӯзӣ медиҳад. Ва Ӯ ба гуфтори шумо шунаво ва ба кирдор ва ниятҳои шумо доност!

وَلَئِن سَأَلۡتَهُم مَّنۡ خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ وَسَخَّرَ ٱلشَّمۡسَ وَٱلۡقَمَرَ لَيَقُولُنَّ ٱللَّهُۖ فَأَنَّىٰ يُؤۡفَكُونَ ٦١

61.     Агар аз онҳо бипурсӣ эй Паёмбар: чӣ касе осмонҳову заминро офарида ва офтобу моҳро ром кардааст? Ҳатман, хоҳанд гуфт: Аллоҳи якто. Чунки ба инкори ин ҳақиқат қодир нестанд. Пас, чӣ гуна баъд аз ин эътироф баргардонида мешаванд аз роҳи ҳақ (аз тавҳид)?(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\635

ٱللَّهُ يَبۡسُطُ ٱلرِّزۡقَ لِمَن يَشَآءُ مِنۡ عِبَادِهِۦ وَيَقۡدِرُ لَهُۥٓۚ إِنَّ ٱللَّهَ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمࣱ ٦٢

62.     Аллоҳ рӯзии ҳар як аз бандагонашро, ки бихоҳад, фаровон мекунад ё танг месозад, ҳар киро, ки хоҳад. Ҳароина, Аллоҳ ба умури ҳама чиз доност ва чизе бар Ӯ пӯшида намемонад!

وَلَئِن سَأَلۡتَهُم مَّن نَّزَّلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءࣰ فَأَحۡيَا بِهِ ٱلۡأَرۡضَ مِنۢ بَعۡدِ مَوۡتِهَا لَيَقُولُنَّ ٱللَّهُۚ قُلِ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِۚ بَلۡ أَكۡثَرُهُمۡ لَا يَعۡقِلُونَ ٦٣

63.     Агар аз мушрикон бипурсӣ эй Паёмбар: Чӣ касе аз осмон борон фиристод
ва замини мурдаро бо он зинда кард?» Ҳатман, хоҳанд гуфт: «Аллоҳи якто». Бигӯ: «Сипос Аллоҳрост!» Вале бештаринашон намефаҳманд чӣ ба онҳо суд меорад ва чӣ зарар мерасонад!(1)
1. Тафсири Табарӣ 20\59

وَمَا هَٰذِهِ ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَآ إِلَّا لَهۡوࣱ وَلَعِبࣱۚ وَإِنَّ ٱلدَّارَ ٱلۡأٓخِرَةَ لَهِيَ ٱلۡحَيَوَانُۚ لَوۡ كَانُواْ يَعۡلَمُونَ ٦٤

64.     Зиндагонии ин дунё нест, ҷуз бозиву беҳудагӣ, ки дилҳо ба он саргарм мешаванд ва баданҳо ба он бозӣ мекунанд. Ба сабабе, ки дар он зебу зиннатҳо ва шаҳватҳо ороста шудааст. Баъд аз он зуд аз байн меравад. Ва зиндагии ҷаҳони охират, зиндагии ростин аст, агар мушрикон ин дунёи фониро медонистанд ҳеҷгоҳ бар сарои абадӣ тарҷеҳ намедоданд.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\635

فَإِذَا رَكِبُواْ فِي ٱلۡفُلۡكِ دَعَوُاْ ٱللَّهَ مُخۡلِصِينَ لَهُ ٱلدِّينَ فَلَمَّا نَجَّىٰهُمۡ إِلَى ٱلۡبَرِّ إِذَا هُمۡ يُشۡرِكُونَ ٦٥

65.     Ва чун мушрикон ба киштӣ савор шаванд аз ғарқ шудани дар баҳр битарсанд, он ҳангом Аллоҳро бо ихлос илтиҷову ибодат кунанд ва чун аз ғарқ шудан наҷоташон дод ва ба хушкӣ овард, дар он ҳолат боз ширк меоваранд,

لِيَكۡفُرُواْ بِمَآ ءَاتَيۡنَٰهُمۡ وَلِيَتَمَتَّعُواْۚ فَسَوۡفَ يَعۡلَمُونَ ٦٦

66.     то неъматеро, ки ба онон ато карда будем, ношукрӣ кунанд ва чанд рӯзе аз лаззатҳои зудгузари дунё бархурдор шаванд. Албатта, ба зудӣ хоҳанд донист, вайронаи амалашонро ва он чи Аллоҳ омода кардааст барояшон азоби дардовари рӯзи қиёматро.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 6/ 255 Ин оят барои мушрикон таҳдид ва ваъда ба азоб аст.

أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ أَنَّا جَعَلۡنَا حَرَمًا ءَامِنࣰا وَيُتَخَطَّفُ ٱلنَّاسُ مِنۡ حَوۡلِهِمۡۚ أَفَبِٱلۡبَٰطِلِ يُؤۡمِنُونَ وَبِنِعۡمَةِ ٱللَّهِ يَكۡفُرُونَ ٦٧

67.     Оё надидаанд кофирони Макка, ки Мо ҳарамро ҷои амни мардум қарор додем, ҳол он ки мардум дар атрофашон рабуда мешаванд ва дар ҳама ҷойи берун аз ҳарам куштору ғорат мекунанд? Оё ба (бутҳои) ботил имон меоваранд ва неъмати Аллоҳро ношукрӣ мекунанд?(1)
1. Тафсир Табарӣ 20\62

وَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّنِ ٱفۡتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبًا أَوۡ كَذَّبَ بِٱلۡحَقِّ لَمَّا جَآءَهُۥٓۚ أَلَيۡسَ فِي جَهَنَّمَ مَثۡوࣰى لِّلۡكَٰفِرِينَ ٦٨

68.     Пас, кист ситамгортар аз он, ки бар Аллоҳ дурӯғ мебандад ё ба ҳангоме, ки ҳақ (яъне, Қуръон) ба сӯи ӯ ояд, дурӯғ мешуморад? Оё дар ҷаҳаннам ҷойгоҳе барои кофирон нест, ки паёмбарии Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дурӯғ мебароранд?(1)
1. Тафсири Бағавӣ 6\256

وَٱلَّذِينَ جَٰهَدُواْ فِينَا لَنَهۡدِيَنَّهُمۡ سُبُلَنَاۚ وَإِنَّ ٱللَّهَ لَمَعَ ٱلۡمُحۡسِنِينَ ٦٩

69.     Касонеро, ки дар роҳи пирӯзии дини Мо кӯшиш кунанд, ҳатман, ба роҳҳои хеш ҳидояташон мекунем ва Аллоҳ, ҳароина, бо некӯкорон аст, онҳоро нусрат, муҳофизат ва ҳидоят мекунад!

Other translations of this surah

Tafsir of this surah in Arabic Тоҷикӣ translation

Surahs

1 Al-Fatihah ФОТИҲА · 7 verses · Meccan Juz 1 · Revealed 5 الفاتحة 2 Al-Baqarah БАҚАРА · 286 verses · Medinan Juz 1 · Revealed 87 البقرة 3 Al-Imran ОЛИ ИМРОН · 200 verses · Medinan Juz 3 · Revealed 89 آل عمران 4 An-Nisa' НИСО · 176 verses · Medinan Juz 4 · Revealed 92 النساء 5 Al-Ma'idah МОИДА · 120 verses · Medinan Juz 6 · Revealed 112 المائدة 6 Al-An'am АНЪОМ · 165 verses · Meccan Juz 7 · Revealed 55 الأنعام 7 Al-A'raf АЪРОФ · 206 verses · Meccan Juz 8 · Revealed 39 الأعراف 8 Al-Anfal АНФОЛ · 75 verses · Medinan Juz 9 · Revealed 88 الأنفال 9 At-Taubah ТАВБА · 129 verses · Medinan Juz 10 · Revealed 113 التوبة 10 Yunus ЮНУС · 109 verses · Meccan Juz 11 · Revealed 51 يونس 11 Hood ҲУД · 123 verses · Meccan Juz 11 · Revealed 52 هود 12 Yusuf ЮСУФ · 111 verses · Meccan Juz 12 · Revealed 53 يوسف 13 Ar-Ra'd РАЪД · 43 verses · Medinan Juz 13 · Revealed 96 الرعد 14 Ibrahim ИБРОҲИМ · 52 verses · Meccan Juz 13 · Revealed 72 إبراهيم 15 Al-Hijr ҲИҶР · 99 verses · Meccan Juz 14 · Revealed 54 الحجر 16 An-Nahl НАҲЛ · 128 verses · Meccan Juz 14 · Revealed 70 النحل 17 Al-Isra ИСРО · 111 verses · Meccan Juz 15 · Revealed 50 الإسراء 18 Al-Kahf КАҲФ · 110 verses · Meccan Juz 15 · Revealed 69 الكهف 19 Maryam МАРЯМ · 98 verses · Meccan Juz 16 · Revealed 44 مريم 20 Ta­Ha ТОҲО · 135 verses · Meccan Juz 16 · Revealed 45 طه 21 Al-Anbiya' АНБИЁ · 112 verses · Meccan Juz 17 · Revealed 73 الأنبياء 22 Al-Hajj ҲАҶ · 78 verses · Medinan Juz 17 · Revealed 103 الحج 23 Al-Mu'minun МУЪМИНУН · 118 verses · Meccan Juz 18 · Revealed 74 المؤمنون 24 An-Nur НУР · 64 verses · Medinan Juz 18 · Revealed 102 النور 25 Al-Furqan ФУРҚОН · 77 verses · Meccan Juz 18 · Revealed 42 الفرقان 26 Ash-Shu'ara' ШУЪАРО · 227 verses · Meccan Juz 19 · Revealed 47 الشعراء 27 An-Naml НАМЛ · 93 verses · Meccan Juz 19 · Revealed 48 النمل 28 Al-Qasas ҚАСАС · 88 verses · Meccan Juz 20 · Revealed 49 القصص 29 Al-'Ankabut АНКАБУТ · 69 verses · Meccan Juz 20 · Revealed 85 العنكبوت 30 Ar­Room РУМ · 60 verses · Meccan Juz 21 · Revealed 84 الروم 31 Luqman ЛУҚМОН · 34 verses · Meccan Juz 21 · Revealed 57 لقمان 32 As­Sajdah САҶДА · 30 verses · Meccan Juz 21 · Revealed 75 السجدة 33 Al­Ahzab АҲЗОБ · 73 verses · Medinan Juz 21 · Revealed 90 الأحزاب 34 Saba' САБА · 54 verses · Meccan Juz 22 · Revealed 58 سبأ 35 Fatir ФОТИР · 45 verses · Meccan Juz 22 · Revealed 43 فاطر 36 Ya­Sin ЁСИН · 83 verses · Meccan Juz 22 · Revealed 41 يس 37 As-Saffat СОФФОТ · 182 verses · Meccan Juz 23 · Revealed 56 الصافات 38 Sad СОД · 88 verses · Meccan Juz 23 · Revealed 38 ص 39 Az-Zumar ЗУМАР · 75 verses · Meccan Juz 23 · Revealed 59 الزمر 40 Ghafir ҒОФИР · 85 verses · Meccan Juz 24 · Revealed 60 غافر 41 Fussilat ФУССИЛАТ · 54 verses · Meccan Juz 24 · Revealed 61 فصلت 42 Ash-Shura ШУРО · 53 verses · Meccan Juz 25 · Revealed 62 الشورى 43 Az-Zukhruf ЗУХРУФ · 89 verses · Meccan Juz 25 · Revealed 63 الزخرف 44 Ad-Dukhan ДУХОН · 59 verses · Meccan Juz 25 · Revealed 64 الدخان 45 Al-Jathiya ҶОСИЯ · 37 verses · Meccan Juz 25 · Revealed 65 الجاثية 46 Al-Ahqaf АҲҚОФ · 35 verses · Meccan Juz 26 · Revealed 66 الأحقاف 47 Muhammad МУҲАММАД · 38 verses · Medinan Juz 26 · Revealed 96 محمد 48 Al-Fath ФАТҲ · 29 verses · Medinan Juz 26 · Revealed 111 الفتح 49 Al-Hujurat ҲУҶУРОТ · 18 verses · Medinan Juz 26 · Revealed 106 الحجرات 50 Qaf ҚОФ · 45 verses · Meccan Juz 26 · Revealed 34 ق 51 Az-Zariyat ЗОРИЁТ · 60 verses · Meccan Juz 26 · Revealed 67 الذاريات 52 At-Tur ТУР · 49 verses · Meccan Juz 27 · Revealed 76 الطور 53 An-Najm НАҶМ · 62 verses · Meccan Juz 27 · Revealed 23 النجم 54 Al-Qamar ҚАМАР · 55 verses · Meccan Juz 27 · Revealed 37 القمر 55 Ar-Rahman РАҲМОН · 78 verses · Medinan Juz 27 · Revealed 97 الرحمن 56 Al-Waqi'ah ВОҚИА · 96 verses · Meccan Juz 27 · Revealed 46 الواقعة 57 Al-Hadid ҲАДИД · 29 verses · Medinan Juz 27 · Revealed 94 الحديد 58 Al-Mujadilah МУҶОДАЛА · 22 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 105 المجادلة 59 Al-Hashr ҲАШР · 24 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 101 الحشر 60 Al-Mumtahinah МУМТАҲИНА · 13 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 91 الممتحنة 61 As-Saff САФ · 14 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 109 الصف 62 Al-Jumu'ah ҶУМЪА · 11 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 110 الجمعة 63 Al-Munafiqun МУНОФИҚИН · 11 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 104 المنافقون 64 At-Taghabun ТАҒОБУН · 18 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 108 التغابن 65 At-Talaq ТАЛОҚ · 12 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 99 الطلاق 66 At-Tahrim ТАҲРИМ · 12 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 107 التحريم 67 Al-Mulk МУЛК · 30 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 77 الملك 68 Al-Qalam ҚАЛАМ · 52 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 2 القلم 69 Al-Haqqah ҲОҚҚА · 52 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 87 الحاقة 70 Al-Ma'arij МАЪОРИҶ · 44 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 79 المعارج 71 Nooh НУҲ · 28 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 71 نوح 72 Al-Jinn ҶИН · 28 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 40 الجن 73 Al-Muzzammil МУЗЗАММИЛ · 20 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 3 المزمل 74 Al-Muddaththir МУДДАССИР · 56 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 4 المدثر 75 Al-Qiyamah ҚИЁМАТ · 40 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 31 القيامة 76 Al-Insan ИНСОН · 31 verses · Medinan Juz 29 · Revealed 98 الإنسان 77 Al-Mursalat МУРСАЛОТ · 50 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 33 المرسلات 78 An-Naba' НАБА · 40 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 80 النبأ 79 An-Nazi'at НОЗИЪОТ · 46 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 81 النازعات 80 'Abasa АБАСА · 42 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 24 عبس 81 At-Takwir ТАКВИР · 29 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 7 التكوير 82 Al-Infitar ИНФИТОР · 19 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 82 الإنفطار 83 Al-Mutaffifin МУТАФФИФИН · 36 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 86 المطففين 84 Al-Inshiqaq ИНШИҚОҚ · 25 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 83 الإنشقاق 85 Al-Buruj БУРУҶ · 22 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 27 البروج 86 At-Tariq ТОРИҚ · 17 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 36 الطارق 87 Al-A'la АЪЛО · 19 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 8 الأعلى 88 Al-Ghashiyah ҒОШИЯ · 26 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 68 الغاشية 89 Al-Fajr ФАҶР · 30 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 10 الفجر 90 Al-Balad БАЛАД · 20 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 35 البلد 91 Ash-Shams ШАМС · 15 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 26 الشمس 92 Al-Lail ЛАЙЛ · 21 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 9 الليل 93 Ad-Duha ЗУҲО · 11 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 11 الضحى 94 Ash-Sharh ШАРҲ · 8 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 12 الشرح 95 At-Tin ТИН · 8 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 28 التين 96 Al-'Alaq АЛАҚ · 19 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 1 العلق 97 Al-Qadr ҚАДР · 5 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 25 القدر 98 Al-Baiyinah БАЙЙИНА · 8 verses · Medinan Juz 30 · Revealed 100 البينة 99 Az-Zalzalah ЗИЛЗИЛА · 8 verses · Medinan Juz 30 · Revealed 93 الزلزلة 100 Al-'Adiyat ЪОДИЁТ · 11 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 14 العاديات 101 Al-Qari'ah ҚОРИЪА · 11 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 30 القارعة 102 At-Takathur ТАКОСУР · 8 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 16 التكاثر 103 Al-'Asr АСР · 3 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 13 العصر 104 Al-Humazah ҲУМАЗА · 9 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 32 الهمزة 105 Al-Fil ФИЛ · 5 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 19 الفيل 106 Quraish ҚУРАЙШ · 4 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 29 قريش 107 Al-Ma'un МОЪУН · 7 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 17 الماعون 108 Al-Kauthar КАВСАР · 3 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 15 الكوثر 109 Al-Kafirun КОФИРУН · 6 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 18 الكافرون 110 An-Nasr НАСР · 3 verses · Medinan Juz 30 · Revealed 114 النصر 111 Al-Masad МАСАД · 5 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 6 المسد 112 Al-Ikhlas ИХЛОС · 4 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 22 الإخلاص 113 Al-Falaq ФАЛАҚ · 5 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 20 الفلق 114 An-Nas НОС · 6 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 21 الناس

Reading settings

View
Compare with

Pick up to two more translations to show under each verse.

Arabic size
100%
Translation size
100%
Line spacing
Theme

Verse

Arabic tafsir
Highlight

Highlights stay in this browser and are listed on the bookmarks page. /bookmarks