2.Оқибати фатҳ он аст, ки Аллоҳ таъоло гуноҳи туро, он чӣ пеш аз ин буда ва он чӣ пас аз ин бошад, барои ту биёмурзад, (ба сабаби он чи ҳосил шуд дар ин фатҳ аз тоъатҳои бисёр ва ба дӯш гирифтанат машаққатҳои бисёреро) ва неъмати худро бар ту тамом кунад (1) ва туро ба роҳи рост ҳидоят кунад.
1. Яъне, динатро зоҳир намояд ва туро бар душманонат пирӯз гардонад.
5. то мардону занони мӯъминонро ба биҳиштҳое дохил кунад, ки дар он аз зери дарахтон ва қасрҳо рӯдҳо ҷорист ва дар он ҷо ҷовидонанд ва гуноҳҳояшонро нест кунад.
Ва ин дар назди Аллоҳ комёбии бузургест!
7. Ва аз они Аллоҳ таъолост лашкарҳои осмонҳову замин ба воситаи онон бандагони мӯъминашро пирӯз мегардонад. Ва Аллоҳ таъоло бар халқаш пирӯзманд ва дар тадбири корашон бо ҳикмат аст!
14. Ва аз они Аллоҳ таъолост фармонравоии осмонҳову замин. Ҳар киро бихоҳад, (ба раҳматаш) меомурзад ва ҳар киро бихоҳад (ба адлаш), азоб мекунад ва Аллоҳ таъоло омӯрзандаи тавбакунандагон ва меҳрубони онҳост!
17. Эй мардум бар кӯр гуноҳе нест ва бар ланг гуноҳе нест ва бар бемор гуноҳе нест (дар нарафтани ба ҷиҳод ҳамроҳи мӯъминон, аз сабабе, ки қудрату тавоноӣ надоранд). Ва ҳар кӣ аз Аллоҳу паёмбараш итоъат кунад, ӯро ба биҳиштҳое дохил мекунанд, ки дар он аз зери қасрҳояш дарёҳо равон аст. Ва ҳар кӣ аз итоъати Аллоҳу паёмбараш сар бартобад ва аз муқобилият бо душман ақибнишинӣ кунад, ба азоби дардовар азобаш мекунад.
24. Ва Ӯ Аллоҳ Зотест, ки боздошт дасти мушриконро аз зарар расонидан ба шумо (дар Ҳудайбия) ва дасти шуморо аз мушрикон дар даруни Макка (боздошт). Баъд аз он, ки ғолибу пирӯз сохт шуморо бар болои мушрикон. (1) Ва Аллоҳ бар ҳар корҳое, ки мекардед, огоҳу бино буд!
1. Яъне, ҳаштод нафар аз мушрикони Макка бо силоҳҳои худ дар Ҳудайбия бар Расулуллоҳ ва ёронаш фурӯд омаданд ва мехостанд, ки ногаҳон ҳамла оранд, вале асҳоби Расулуллоҳ дастгирашон карданд ва сипас озодашон карданд. Тафсири Табарӣ 22 \ 236
25. Онҳо (куффори Макка) касоне ҳастанд, ки кофир шуданд ва шуморо (дар рӯзи Ҳудайбия) аз даромадани Масҷидулҳаром боздоштанд ва аз расидани қурбонӣ ба қурбонгоҳаш боздоштанд ва агар мардон ва занони мӯъмин дар Макка набуданд, ки шумо онҳоро намешиносед ва бими он набуд, ки онҳоро поймол ва ҳалок кунед, пас надониста аз куштани онҳо муртакиби гуноҳ шавед, то Аллоҳ ҳар касро бихоҳад дар раҳмати худ қарор диҳад. Агар мӯъминон ва кофирон дар Макка аз якдигар ҷудо мебуданд, албатта, кофиронашонро ба азоби дардовар азоб мекардем.
26. Чун кофирон тасмим гирифтанд, ки дар дилҳои худ таъассуб, ҳамон таъассуби ҷоҳилиро ҷой диҳанд, (1) пас Аллоҳ оромиши Худро бар дили паёмбараш ва мӯъминон фурӯ фиристод ва собит кард бар онҳо калимаи тақворо, ки он "Ло илоҳа иллаллоҳ" аст ва Паёмбар ва ёронаш ба тақво сазовортару шоистатар буданд ва Аллоҳ бар ҳар чизе доност!
1. Яъне, Аз рӯи тааъссуби ҷоҳилӣ рисолати Муҳаммад саллаллоху алайҳи ва салламро иқрор накарданд, аз ҳамин сабаб дар сулҳи Ҳудайбия навиштани "Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим"-ро қабул накарданд ва низ ин ибораро нанавиштанд: "Ин аст, он чӣ доварӣ кард Муҳаммад Расулуллоҳ". Тафсири Табарӣ 22/ 251
28. Аллоҳ таъолост, ки паёмбараш (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро) бо далелҳои равшан ва бо дини Ислом фиристод, то он динро бар ҳамаи динҳо пирӯз гардонад. Ва басанда аст туро (эй Паёмбар) Аллоҳ таъоло барои шоҳидии ин, ки Ӯ таъоло пирӯзӣ диҳад туро ва динатро бар соири динҳо ва боло гардонад!
29. Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), расули Аллоҳ аст ва касоне, ки бо ӯ бар дини ӯ ҳастанд, бар кофирон сахтгиранд ва дар миёни якдигар меҳрубонанд. Онҳоро дар намозашон дар ҳолати рукуъ ва суҷуд мебинӣ ва умедвори фазлу хушнудии Аллоҳ ҳастанд, пас онҳоро ба ҷаннат дохил мекунад, ва аз онҳо розӣ мебошад.
Нишонаи дурусткории онҳо дар чеҳраҳояшон аз асари саҷда намоён аст.
Ин аст васфи онҳо дар Таврот ва дар Инҷил, ки чун киштзоре ҳастанд, ки ҷавона (хӯша) бизанад ва он ҷавона (хӯша) маҳкам шавад ва бар пояҳои худ биистад ва кишоварзонро ба ҳайрат андозад, то он ҷо, ки бисёрии онҳо ва зебоии манзарашон кофиронро ба хашм оварад. (1)
Аллоҳ аз миёни онҳо касонеро, ки имон овардаанд ба Аллоҳу расулаш ва корҳои шоиста кардаанд ва аз манъ кардаҳояш парҳез карданд, ба омӯрзиши гуноҳҳояшон ва мукофоти бузург (ҷаннат) ваъда додааст! (2)
1. Ин оят далел аст бар ин ки касе, ки саҳобагонро бад бинад, кофир мешавад, зеро бад дидани саҳобагон хашму ғазаби Аллоҳро ба вуқӯъ меорад. 2. Ваъдаи Аллоҳ ҳақ аст ва ҳар касе, ки пайравии саҳобагон кунад, пас ӯ низ дар ҳукми онҳост ва сазовори мағфират ва аҷри бузург мегардад. Дар фазлу бузургӣ ва камолот ҳеҷ кас аз ин уммат ба онҳо баробар шуда наметавонад. Аллоҳ аз онҳо розӣ аст ва онҳоро хушнуд гардондааст.