Surah Al-Hajj in Тоҷикӣ

ҲАҶ · سورة الحج

Medinan Verses: 78 Juz 17 Page 332 Revelation order: 103

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ ٱتَّقُواْ رَبَّكُمۡۚ إِنَّ زَلۡزَلَةَ ٱلسَّاعَةِ شَيۡءٌ عَظِيمࣱ ١

1.  Эй мардум, аз азоби Парвардигоратон бо иҷро намудани амрҳояш ва дур будан аз манъкардаҳояш битарсед, ки албатта, зилзилаи қиёмат ҳодисаи бузургест, ки андоза ва сифати он зилзиларо
ва чӣ гуна шуданашро ҳеҷ кас надонад, ба ҷуз Парвардигори ҷаҳониён.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\523

يَوۡمَ تَرَوۡنَهَا تَذۡهَلُ كُلُّ مُرۡضِعَةٍ عَمَّآ أَرۡضَعَتۡ وَتَضَعُ كُلُّ ذَاتِ حَمۡلٍ حَمۡلَهَا وَتَرَى ٱلنَّاسَ سُكَٰرَىٰ وَمَا هُم بِسُكَٰرَىٰ وَلَٰكِنَّ عَذَابَ ٱللَّهِ شَدِيدࣱ ٢

2.   Он рӯз, барпо шудани қиёматро бубинед, ки ҳар ширдиҳанда аз тифле, ки шир медиҳад, ғофил шавад ва ҳар зани бордор бори шиками худро (1) бар замин гузорад ва мардумро чун маст бинӣ, ҳол он ки маст нестанд, балки азоби Аллоҳ бисёр сахт аст, ки ақлу идрокашонро рабудааст.
1. Фарзанди норасидаро.

وَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يُجَٰدِلُ فِي ٱللَّهِ بِغَيۡرِ عِلۡمࣲ وَيَتَّبِعُ كُلَّ شَيۡطَٰنࣲ مَّرِيدࣲ ٣

3.       Баъзе аз мардуми аҳли куфр бе ҳеҷ донише дар бораи Аллоҳ баҳс мекунанд ва дар қудрати Аллоҳ шак меоранд,
ки чӣ гуна аз нав зинда хоҳем шуд? Ва ҳар шайтони саркашро пайравӣ мекунанд.

كُتِبَ عَلَيۡهِ أَنَّهُۥ مَن تَوَلَّاهُ فَأَنَّهُۥ يُضِلُّهُۥ وَيَهۡدِيهِ إِلَىٰ عَذَابِ ٱلسَّعِيرِ ٤

4.       Дар қазои илоҳӣ бар шайтон чунин муқаррар шудааст, ки ҳар кас, ки шайтонро дӯст бидорад ва пайравӣ намояд, пас шайтон ӯро гумроҳ мекунад ва ӯро ба сӯи азоби оташи сӯзон мебарад.(1)
1. Тафсири Ибни Касир 5\394

يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ إِن كُنتُمۡ فِي رَيۡبࣲ مِّنَ ٱلۡبَعۡثِ فَإِنَّا خَلَقۡنَٰكُم مِّن تُرَابࣲ ثُمَّ مِن نُّطۡفَةࣲ ثُمَّ مِنۡ عَلَقَةࣲ ثُمَّ مِن مُّضۡغَةࣲ مُّخَلَّقَةࣲ وَغَيۡرِ مُخَلَّقَةࣲ لِّنُبَيِّنَ لَكُمۡۚ وَنُقِرُّ فِي ٱلۡأَرۡحَامِ مَا نَشَآءُ إِلَىٰٓ أَجَلࣲ مُّسَمࣰّى ثُمَّ نُخۡرِجُكُمۡ طِفۡلࣰا ثُمَّ لِتَبۡلُغُوٓاْ أَشُدَّكُمۡۖ وَمِنكُم مَّن يُتَوَفَّىٰ وَمِنكُم مَّن يُرَدُّ إِلَىٰٓ أَرۡذَلِ ٱلۡعُمُرِ لِكَيۡلَا يَعۡلَمَ مِنۢ بَعۡدِ عِلۡمࣲ شَيۡـࣰٔاۚ وَتَرَى ٱلۡأَرۡضَ هَامِدَةࣰ فَإِذَآ أَنزَلۡنَا عَلَيۡهَا ٱلۡمَآءَ ٱهۡتَزَّتۡ وَرَبَتۡ وَأَنۢبَتَتۡ مِن كُلِّ زَوۡجِۭ بَهِيجࣲ ٥

5.       Эй мардум, агар дар шубҳа ҳастед аз рӯзе, ки Аллоҳ мурдаҳоро зинда мегардонад, Мо падари шуморо аз хок, сипас насли вайро аз нутфае, ки дар раҳми зан қарор мегирад, сипас аз лахтаи хуне,
ки он ба қудрати Аллоҳ баста мегардад, сипас аз порагӯшти шаклёфта, ки дар муддати муайян таваллуд мешавад ва гоҳ ношаклёфта, ки пеш аз муддати таваллуд, меафтад, биёфаридаем, то қудрати худро бароятон ошкор кунем. Ва то замоне муайян ҳар чиро хоҳем, дар раҳмҳо нигаҳ медорем, сипас аз батни модаратон шуморо кӯдаке берун меоварем. Сипас, шуморо тарбият мекунем, то ба ниҳояти ҷавонии худ бирасед. Баъзе
аз шумо мемиранд ва баъзе ба пирию фартутӣ бурда мешаванд, то он гоҳ ки ҳар чи омӯхтаанд, фаромӯш кунанд. Ва ту заминро хушкшуда мебинӣ. Чун борон бар он бифиристем, дар ҷунбиш ояд ва сабзиш ёбад ва аз ҳар навъ гиёҳи зебо ва хуррам бирӯёнад.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\367

ذَٰلِكَ بِأَنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلۡحَقُّ وَأَنَّهُۥ يُحۡيِ ٱلۡمَوۡتَىٰ وَأَنَّهُۥ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءࣲ قَدِيرࣱ ٦

6.       Ин ҳама далелҳои зикршуда ба сабаби он аст, ки Аллоҳ ҳақ аст, мурдагонро зинда месозад ва албатта, Ӯ бар ҳама чиз тавоно аст.

وَأَنَّ ٱلسَّاعَةَ ءَاتِيَةࣱ لَّا رَيۡبَ فِيهَا وَأَنَّ ٱللَّهَ يَبۡعَثُ مَن فِي ٱلۡقُبُورِ ٧

7.       Ва ба дурустӣ, ки қиёмат хоҳад омад, шубҳае дар он нест. Ва Аллоҳ ҳамаи касонеро, ки дар гӯрҳо ҳастанд, зинда мекунад.

وَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يُجَٰدِلُ فِي ٱللَّهِ بِغَيۡرِ عِلۡمࣲ وَلَا هُدࣰى وَلَا كِتَٰبࣲ مُّنِيرࣲ ٨

8.       Ва аз миёни мардуми куффор касест, ки дар бораи ягонагии Аллоҳ бе ҳеҷ донише ва ҳеҷ роҳнамоӣ ва ҳеҷ китоби равшанибахше баҳс мекунад.

ثَانِيَ عِطۡفِهِۦ لِيُضِلَّ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِۖ لَهُۥ فِي ٱلدُّنۡيَا خِزۡيࣱۖ وَنُذِيقُهُۥ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ عَذَابَ ٱلۡحَرِيقِ ٩

9.       Гарданро ба такаббур ба як сӯ мегардонад, то мардумро аз роҳи Аллоҳ гумроҳ созад. Насиби ӯ дар дунё хорист ва дар рӯзи қиёмат азоби оташро ба ӯ мечашонем.

ذَٰلِكَ بِمَا قَدَّمَتۡ يَدَاكَ وَأَنَّ ٱللَّهَ لَيۡسَ بِظَلَّٰمࣲ لِّلۡعَبِيدِ ١٠

10. Барои он саркаш гуфта мешавад: Ин ҷазои корҳоест, ки пеш аз ин кардаӣ ва Аллоҳ бе гуноҳ ба бандагонаш ситам намекунад.

وَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يَعۡبُدُ ٱللَّهَ عَلَىٰ حَرۡفࣲۖ فَإِنۡ أَصَابَهُۥ خَيۡرٌ ٱطۡمَأَنَّ بِهِۦۖ وَإِنۡ أَصَابَتۡهُ فِتۡنَةٌ ٱنقَلَبَ عَلَىٰ وَجۡهِهِۦ خَسِرَ ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةَۚ ذَٰلِكَ هُوَ ٱلۡخُسۡرَانُ ٱلۡمُبِينُ ١١

11. Ва аз миёни мардум касест, ки ислом овардааст, вале дар қалбаш имон дохил нашудааст Аллоҳро бо шубҳа мепарастад. Агар хайре ба ӯ расад, дилаш ба он хайр ором гираду мутмаин шавад ва дар ибодати Аллоҳ бардавом истад ва агар озмоише (балое) пеш ояд, рӯй бартобад. Дар дунёву охират зиён бинад ва он зиёни ошкору равшан аст.

يَدۡعُواْ مِن دُونِ ٱللَّهِ مَا لَا يَضُرُّهُۥ وَمَا لَا يَنفَعُهُۥۚ ذَٰلِكَ هُوَ ٱلضَّلَٰلُ ٱلۡبَعِيدُ ١٢

12. Ва он зиёндида ғайри Аллоҳ касеро мехонад, ки на зиёне ба ӯ мерасонад ва на фоидае ва ин гумроҳиест беинтиҳо.

يَدۡعُواْ لَمَن ضَرُّهُۥٓ أَقۡرَبُ مِن نَّفۡعِهِۦۚ لَبِئۡسَ ٱلۡمَوۡلَىٰ وَلَبِئۡسَ ٱلۡعَشِيرُ ١٣

13. Касеро мехонад, ки зиёнаш наздиктар аз суди ӯ. Ва чӣ ҳамдамон ва дӯстони баде ҳастанд. (Яъне, мурод аз ин бутҳояшон аст).(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\534

إِنَّ ٱللَّهَ يُدۡخِلُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ جَنَّٰتࣲ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُۚ إِنَّ ٱللَّهَ يَفۡعَلُ مَا يُرِيدُ ١٤

14. Ҳамоно Аллоҳ касонеро, ки имон оварда ва корҳои шоиста кардаанд, ба бустонҳое, ки дар зери он ҷӯйҳо ҷорӣ мешаванд, дохил
месозад ва Аллоҳ ҳар чӣ хоҳад, ҳамон мекунад.

مَن كَانَ يَظُنُّ أَن لَّن يَنصُرَهُ ٱللَّهُ فِي ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِ فَلۡيَمۡدُدۡ بِسَبَبٍ إِلَى ٱلسَّمَآءِ ثُمَّ لۡيَقۡطَعۡ فَلۡيَنظُرۡ هَلۡ يُذۡهِبَنَّ كَيۡدُهُۥ مَا يَغِيظُ ١٥

15.   Касе мепиндошт, ки Аллоҳ дар дунёву охират, ҳаргиз ӯро (дини Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро) нусрат намедиҳад ва ба ин хотир асабонӣ аст, пас ресмоне аз сақфи хонааш биёвезад, то худро хафа кунад, сипас ресмонро бибурад
ва бингарад, ки оё ин ҳила хашмашро дур мекунад? (Хулосаи маъно ин аст, ки ҳамон тавре ки расидани ӯ ба осмон ғайри мумкин аст, ҳаргиз Аллоҳ нусрати паёмбараш Муҳаммад саллаллоху алайҳи ва салламро қатъ намегардонад)(1)
1. Тафсири Табарӣ 18\580

وَكَذَٰلِكَ أَنزَلۡنَٰهُ ءَايَٰتِۭ بَيِّنَٰتࣲ وَأَنَّ ٱللَّهَ يَهۡدِي مَن يُرِيدُ ١٦

16.   Ва ин гуна Қуръонро ба сурати оёти равшан нозил кардем. Ва аммо ҳидоят дар дасти Аллоҳ аст, Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, ҳидоят мекунад. (1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\535

إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَٱلَّذِينَ هَادُواْ وَٱلصَّٰبِـِٔينَ وَٱلنَّصَٰرَىٰ وَٱلۡمَجُوسَ وَٱلَّذِينَ أَشۡرَكُوٓاْ إِنَّ ٱللَّهَ يَفۡصِلُ بَيۡنَهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءࣲ شَهِيدٌ ١٧

17.   Аллоҳ миёни онон, ки имон ба Аллоҳ ва расулаш овардаанд ва онон, ки дини яҳуд ё собиён,(1) ё насоро, ё маҷусият (оташпарастӣ)-ро баргузидаанд ва онон, ки мушрик шудаанд, дар рӯзи қиёмат ҳукм мекунад ва мӯъминонро ба ҷаннат ва кофиронро ба дӯзах медарорад. Бегумон Аллоҳ бар ҳама чиз огоҳ аст!
Ва ҳар якро мувофиқи аъмолаш ҷазои муносиб медиҳад(2)
1. Онҳо қавмеанд, ки бар фитраташон боқӣ монданд ва дини муқарраре надоранд, ки ба он пайравӣ намоянд. 2. Тафсири Ибни Касир 5\402

أَلَمۡ تَرَ أَنَّ ٱللَّهَ يَسۡجُدُۤ لَهُۥۤ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَن فِي ٱلۡأَرۡضِ وَٱلشَّمۡسُ وَٱلۡقَمَرُ وَٱلنُّجُومُ وَٱلۡجِبَالُ وَٱلشَّجَرُ وَٱلدَّوَآبُّ وَكَثِيرࣱ مِّنَ ٱلنَّاسِۖ وَكَثِيرٌ حَقَّ عَلَيۡهِ ٱلۡعَذَابُۗ وَمَن يُهِنِ ٱللَّهُ فَمَا لَهُۥ مِن مُّكۡرِمٍۚ إِنَّ ٱللَّهَ يَفۡعَلُ مَا يَشَآءُ۩ ١٨

18.   Оё надидаӣ, (эй Паёмбар), тамоми касоне, ки дар осмонҳову замин ҳастанд ва офтобу моҳ ва ситорагону кӯҳҳо ва дарахтону чаҳорпоён ва бисёре аз мардум Аллоҳро саҷда мекунанд. Ва бисёр касоне ҳастанд, ки азоб бар онҳо муқаррар шудааст ва ҳар киро Аллоҳ хор созад, гиромидорандае надорад. Ба дурустӣ, ки Аллоҳ
ҳар чӣ бихоҳад, ҳамон мекунад.

۞ هَٰذَانِ خَصۡمَانِ ٱخۡتَصَمُواْ فِي رَبِّهِمۡۖ فَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ قُطِّعَتۡ لَهُمۡ ثِيَابࣱ مِّن نَّارࣲ يُصَبُّ مِن فَوۡقِ رُءُوسِهِمُ ٱلۡحَمِيمُ ١٩

19.   Ин ду гурӯҳ: (аҳли имон ва аҳли куфр) душманони якдигаранд дар бораи Парвардигорашон ба хусумат бархостаанд. Ҳар яке худро ҳақ медонад. Пас, онон, ки кофир шуданд, барояшон ҷомаҳое аз оташ бурида шудааст, ки ҷасадҳояшонро бирён мекунад ва аз боло бар сарашон оби ҷӯшон мерезанд.

يُصۡهَرُ بِهِۦ مَا فِي بُطُونِهِمۡ وَٱلۡجُلُودُ ٢٠

20.    Ба он оби ҷӯшон ҳар чӣ дар даруни шикам доранд ва низ пӯстҳояшон гудохта мешавад.

وَلَهُم مَّقَٰمِعُ مِنۡ حَدِيدࣲ ٢١

21.    Ва барои азоб додани онҳо гурзҳои оҳанин муҳайё аст.

كُلَّمَآ أَرَادُوٓاْ أَن يَخۡرُجُواْ مِنۡهَا مِنۡ غَمٍّ أُعِيدُواْ فِيهَا وَذُوقُواْ عَذَابَ ٱلۡحَرِيقِ ٢٢

22.    Ҳар гоҳ ки бихоҳанд аз он азоб, аз он андӯҳ берун оянд, бори дигар ононро ба он бозгардонда мешаванд. Ва ба онон гуфта мешавад, ки бичашед азоби оташи сӯзонро.

إِنَّ ٱللَّهَ يُدۡخِلُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ جَنَّٰتࣲ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ يُحَلَّوۡنَ فِيهَا مِنۡ أَسَاوِرَ مِن ذَهَبࣲ وَلُؤۡلُؤࣰاۖ وَلِبَاسُهُمۡ فِيهَا حَرِيرࣱ ٢٣

23.    Аллоҳ касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ба биҳиштҳое, ки дар зери он ҷӯйҳо меравад, дохил месозад. Дар он ҷо бо дастбандҳое аз тиллову марворид ороста шаванд
ва либосашон дар он ҷо аз ҳарир (абрешим) аст.

وَهُدُوٓاْ إِلَى ٱلطَّيِّبِ مِنَ ٱلۡقَوۡلِ وَهُدُوٓاْ إِلَىٰ صِرَٰطِ ٱلۡحَمِيدِ ٢٤

24.    Онон дар дунё ба сӯи сухани пок тавҳид роҳ ёфтанд ва ба сӯи роҳи ислом, ки баранда ба ҷаннат аст, роҳнамоӣ шудаанд.(1)
1. Тафсири Табарӣ 18\595

إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَيَصُدُّونَ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ وَٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِ ٱلَّذِي جَعَلۡنَٰهُ لِلنَّاسِ سَوَآءً ٱلۡعَٰكِفُ فِيهِ وَٱلۡبَادِۚ وَمَن يُرِدۡ فِيهِ بِإِلۡحَادِۭ بِظُلۡمࣲ نُّذِقۡهُ مِنۡ عَذَابٍ أَلِيمࣲ ٢٥

25.   Онҳое, ки кофир шудаанд ба он чи ки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи
ва саллам) овард ва мардумро аз роҳи Аллоҳ ва Масҷидулҳаром, ки барои мардуми чи муқиму чи мусофир баробар аст, бозмедоранд ва низ ҳар киро дар он ҷо қасди каҷравӣ ё ситамкорӣ дошта бошад, ба ӯ азоби дардовар бичашонем.

وَإِذۡ بَوَّأۡنَا لِإِبۡرَٰهِيمَ مَكَانَ ٱلۡبَيۡتِ أَن لَّا تُشۡرِكۡ بِي شَيۡـࣰٔا وَطَهِّرۡ بَيۡتِيَ لِلطَّآئِفِينَ وَٱلۡقَآئِمِينَ وَٱلرُّكَّعِ ٱلسُّجُودِ ٢٦

26.   Ва эй Паёмбар, ба ёд ор замонеро, ки ҷойгоҳи хонаи Аллоҳро барои Иброҳим муайян сохтем ва ба ӯ гуфтем: «Ҳеҷ чизро шарики Ман масоз ва хонаи Маро барои тавофкунандагон ва ба намоз истодагон ва рукуъкунандаву саҷдакунандагон покиза бидор».

وَأَذِّن فِي ٱلنَّاسِ بِٱلۡحَجِّ يَأۡتُوكَ رِجَالࣰا وَعَلَىٰ كُلِّ ضَامِرࣲ يَأۡتِينَ مِن كُلِّ فَجٍّ عَمِيقࣲ ٢٧

27.   Ва эй Иброҳим, мардумро ба воҷиб будани ҳаҷ даъват кун, то пиёда ё савор бар шутурони лоғар, ки асари заҳмати сафар онҳоро хаста кардааст, аз роҳҳои дур назди ту биёянд.

لِّيَشۡهَدُواْ مَنَٰفِعَ لَهُمۡ وَيَذۡكُرُواْ ٱسۡمَ ٱللَّهِ فِيٓ أَيَّامࣲ مَّعۡلُومَٰتٍ عَلَىٰ مَا رَزَقَهُم مِّنۢ بَهِيمَةِ ٱلۡأَنۡعَٰمِۖ فَكُلُواْ مِنۡهَا وَأَطۡعِمُواْ ٱلۡبَآئِسَ ٱلۡفَقِيرَ ٢٨

28.   То шоҳиди манфиатҳои худ бошанд, аз омурзиши гуноҳҳояшон ва савобҳои қурбониашон ва тоаташон ва савдоҳояшон ва номи Аллоҳро дар рӯзҳое муайян
(даҳаи аввали зулҳиҷҷа ва серӯзи пас аз он) ба ҳангоми забҳи чорпоён; (аз шутур, гов ва гӯсфандон), ки Аллоҳ ризқи рӯзии онҳо сохтааст, ёд кунанд. Пас аз онҳо бихӯреду бенавоёни фақирро низ таом диҳед.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\380

ثُمَّ لۡيَقۡضُواْ تَفَثَهُمۡ وَلۡيُوفُواْ نُذُورَهُمۡ وَلۡيَطَّوَّفُواْ بِٱلۡبَيۡتِ ٱلۡعَتِيقِ ٢٩

29.    Сипас, чиркро(1) аз худ дур кунанд ва назрҳои хешро адо кунанд ва бар он хонаи кӯҳансол (Каъба) тавоф кунанд.
1. Олудагиҳо ва чизҳои зиёдатии бадан, мисли ноҳун ва мӯй. Тафсири Бағавӣ 5\380

ذَٰلِكَۖ وَمَن يُعَظِّمۡ حُرُمَٰتِ ٱللَّهِ فَهُوَ خَيۡرࣱ لَّهُۥ عِندَ رَبِّهِۦۗ وَأُحِلَّتۡ لَكُمُ ٱلۡأَنۡعَٰمُ إِلَّا مَا يُتۡلَىٰ عَلَيۡكُمۡۖ فَٱجۡتَنِبُواْ ٱلرِّجۡسَ مِنَ ٱلۡأَوۡثَٰنِ وَٱجۡتَنِبُواْ قَوۡلَ ٱلزُّورِ ٣٠

30.    Ин аст ҳукми Аллоҳ дар он чи гузашт ва ҳар кас шаъоири (1) Аллоҳро бузург шуморад, пас ин дар назди Парвардигораш барояш беҳтар аст. Ва чорпоён бар шумо ҳалоланд, магар онҳое, ки бароятон хонда шуд: аз моли худмурда, хун ва дигар чизҳои ҳаромшуда. Пас аз палидиҳое, ки баъзе аз онҳо бутҳо ҳастанд, дурӣ кунед ва аз сухани ботилу дурӯғ низ парҳез кунед.
1. Ибодатҳо ва қурбониҳо ҳангоми адои ҳаҷ.

حُنَفَآءَ لِلَّهِ غَيۡرَ مُشۡرِكِينَ بِهِۦۚ وَمَن يُشۡرِكۡ بِٱللَّهِ فَكَأَنَّمَا خَرَّ مِنَ ٱلسَّمَآءِ فَتَخۡطَفُهُ ٱلطَّيۡرُ أَوۡ تَهۡوِي بِهِ ٱلرِّيحُ فِي مَكَانࣲ سَحِيقࣲ ٣١

31.    Дар дини Аллоҳ рост бошед, барои Аллоҳ ҳеҷ гуна шарике муқаррар накунед ва ҳар кас, ки ба Аллоҳ ширк оварад,
чун касест, ки аз осмон фурӯ афтад ва паррандае ӯро бирабояд ё боде ба макони дуре рӯфта партофтааст.

ذَٰلِكَۖ وَمَن يُعَظِّمۡ شَعَٰٓئِرَ ٱللَّهِ فَإِنَّهَا مِن تَقۡوَى ٱلۡقُلُوبِ ٣٢

32.   Ин аст ҳукми Аллоҳ ва касоне, ки шиорҳои Аллоҳро бузург мешуморанд; (аз ибодатҳо ва қурбониҳо) ба дурустӣ ин корашон нишони парҳезгории дилҳост.

لَكُمۡ فِيهَا مَنَٰفِعُ إِلَىٰٓ أَجَلࣲ مُّسَمࣰّى ثُمَّ مَحِلُّهَآ إِلَى ٱلۡبَيۡتِ ٱلۡعَتِيقِ ٣٣

33.   Аз он шутурони қурбонӣ то замоне муайян бароятон фоидаҳоест, сипас ҷои қурбониашон дар он хонаи кӯҳансол (Каъба) аст.

وَلِكُلِّ أُمَّةࣲ جَعَلۡنَا مَنسَكࣰا لِّيَذۡكُرُواْ ٱسۡمَ ٱللَّهِ عَلَىٰ مَا رَزَقَهُم مِّنۢ بَهِيمَةِ ٱلۡأَنۡعَٰمِۗ فَإِلَٰهُكُمۡ إِلَٰهࣱ وَٰحِدࣱ فَلَهُۥٓ أَسۡلِمُواْۗ وَبَشِّرِ ٱلۡمُخۡبِتِينَ ٣٤

34.   Барои ҳар уммате тарзи қурбониро муаяйн сохтаем, то номи Аллоҳро ба ҳангоми забҳ бар чорпоёне, ки қурбонӣ карда мешаванд бар забон ронанд. Пас маъбуди шумо маъбуди яктост, дар баробари Ӯ таслим шавед.
Ва фӯрутанонро(1) ба некиҳои дунёву охират хушхабар деҳ.
1. Касонеанд, ки дар баробари бандагони Адлоҳ хоксоранд.

ٱلَّذِينَ إِذَا ذُكِرَ ٱللَّهُ وَجِلَتۡ قُلُوبُهُمۡ وَٱلصَّٰبِرِينَ عَلَىٰ مَآ أَصَابَهُمۡ وَٱلۡمُقِيمِي ٱلصَّلَوٰةِ وَمِمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡ يُنفِقُونَ ٣٥

35.   Касоне ҳастанд, чун номи Аллоҳ бурда шавад, дилҳояшон аз тарси Ӯ ҳаросон мегардад ва дар баробари мусибатҳое, ки ба онҳо мерасад, сабр меварзанд ва намозро барпо медоранд
ва аз он чи рӯзиашон додаем, нафақа мекунанд.

وَٱلۡبُدۡنَ جَعَلۡنَٰهَا لَكُم مِّن شَعَٰٓئِرِ ٱللَّهِ لَكُمۡ فِيهَا خَيۡرࣱۖ فَٱذۡكُرُواْ ٱسۡمَ ٱللَّهِ عَلَيۡهَا صَوَآفَّۖ فَإِذَا وَجَبَتۡ جُنُوبُهَا فَكُلُواْ مِنۡهَا وَأَطۡعِمُواْ ٱلۡقَانِعَ وَٱلۡمُعۡتَرَّۚ كَذَٰلِكَ سَخَّرۡنَٰهَا لَكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ ٣٦

36.    Шутурони қурбониро барои шумо аз шаъоири Аллоҳ қарор додем, то ба он ба сӯи Аллоҳ наздик шавед. Шуморо дар онҳо хайру баракатест; аз хӯрдан, садақа кардан ва савоб гирифтан. Пас ҳангоми қурбонӣ, дар ҳоле, ки бар пой истодаанд, номи Аллоҳро бар онҳо бихонед ва чун пахлӯяшон бар замин расид, аз гӯшти онҳо бихӯред ва фақирони боқаноат ва гадоёнро бихӯронед. Ин гуна Мо онҳоро барои шумо ром кардем. Бошад, ки шумо сипосгузорӣ кунед!(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\538

لَن يَنَالَ ٱللَّهَ لُحُومُهَا وَلَا دِمَآؤُهَا وَلَٰكِن يَنَالُهُ ٱلتَّقۡوَىٰ مِنكُمۡۚ كَذَٰلِكَ سَخَّرَهَا لَكُمۡ لِتُكَبِّرُواْ ٱللَّهَ عَلَىٰ مَا هَدَىٰكُمۡۗ وَبَشِّرِ ٱلۡمُحۡسِنِينَ ٣٧

37.    Ҳаргиз гӯштҳо ва хунҳои қурбониён ба Аллоҳ намерасад, чунки Аллоҳ бениёз ва лоиқи ситоиш аст, балки парҳезгории шумо, (яъне ихлосу нияти шумо) ба Ӯ мерасад. Ҳамчунин онҳоро бароятон мусаххар намуд, то Аллоҳро ба хотири он, ки ҳидоятатон кардааст, ба бузургӣ ёд кунед. Ва некӯкоронро мужда бидеҳ!

۞ إِنَّ ٱللَّهَ يُدَٰفِعُ عَنِ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُحِبُّ كُلَّ خَوَّانࣲ كَفُورٍ ٣٨

38.    Ба ростӣ, Аллоҳ аз касоне, ки имон овардаанд, дифоъ мекунад, зеро Аллоҳ хиёнаткорони носипосро
дӯст надорад!

أُذِنَ لِلَّذِينَ يُقَٰتَلُونَ بِأَنَّهُمۡ ظُلِمُواْۚ وَإِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ نَصۡرِهِمۡ لَقَدِيرٌ ٣٩

39.    (Дар ибтидои Ислом ҷангидан бар муқобили куффор мамнӯъ буд ва бар азияти онҳо сабр кардан маъмӯр буд. Пас вақте, ки азияти мушрикон то ҷое расид, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз Макка ба Мадина ҳиҷрат намуд ва Ислом қувват пайдо кард.) Ба мусалмонон ҷангидан бо куффор рухсат дода шуд, ба сабаби он ки онҳо мавриди ситам қарор гирифтаанд ва бегумон Аллоҳ бар ёрӣ кардан ва пирӯз гардонидани онҳо тавоност.

ٱلَّذِينَ أُخۡرِجُواْ مِن دِيَٰرِهِم بِغَيۡرِ حَقٍّ إِلَّآ أَن يَقُولُواْ رَبُّنَا ٱللَّهُۗ وَلَوۡلَا دَفۡعُ ٱللَّهِ ٱلنَّاسَ بَعۡضَهُم بِبَعۡضࣲ لَّهُدِّمَتۡ صَوَٰمِعُ وَبِيَعࣱ وَصَلَوَٰتࣱ وَمَسَٰجِدُ يُذۡكَرُ فِيهَا ٱسۡمُ ٱللَّهِ كَثِيرࣰاۗ وَلَيَنصُرَنَّ ٱللَّهُ مَن يَنصُرُهُۥٓۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَقَوِيٌّ عَزِيزٌ ٤٠

40.    Онҳое, ки ба ноҳақ аз
диёрашон ронда шудаанд, гуноҳашон танҳо ин буд, ки мегуфтанд: «Парвардигори мо Аллоҳи яктост?» Ва агар Аллоҳ баъзе аз мардумро ба василаи баъзе дигар дафъ намекард, бегумон хилватхонаҳои роҳибон(1) ва ибодатхонаҳои насоро ва яҳуд ва масоҷиди
мусалмонон, ки дар онҳо номи Аллоҳ бисёр ёд карда мешавад, вайрон мегардид. Ва албатта, Аллоҳ ёрӣ мекунад касеро, ки дини Ӯро ёрӣ медиҳад. Бегумон Аллоҳ тавонову пирӯзманд аст бар ҳамаи халоиқ ва ғолиб аст ва ҳама дар ихтиёри Ӯянд.(2)
1. Ибодатхонаи донишмандони насоро. 2. Тафсири Саъдӣ 1\540

ٱلَّذِينَ إِن مَّكَّنَّٰهُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ أَقَامُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتَوُاْ ٱلزَّكَوٰةَ وَأَمَرُواْ بِٱلۡمَعۡرُوفِ وَنَهَوۡاْ عَنِ ٱلۡمُنكَرِۗ وَلِلَّهِ عَٰقِبَةُ ٱلۡأُمُورِ ٤١

41.    Ҳамон касоне, ки агар дар замин ба онҳо қудрат диҳем, намозро дар вақташ мегузоранд ва закоти молро бар мустаҳиқаш медиҳанд ва амр ба маъруфу наҳй
аз мункар мекунанд. Ва саранҷоми ҳамаи корҳо аз они Аллоҳ аст!

وَإِن يُكَذِّبُوكَ فَقَدۡ كَذَّبَتۡ قَبۡلَهُمۡ قَوۡمُ نُوحࣲ وَعَادࣱ وَثَمُودُ ٤٢

42.    Эй Расул, ғамгин набош, агар инҳо туро Дурӯғгӯ бароранд, пеш аз онҳо қавми Нӯҳу
Од ва Самудро низ дурӯғ бароварда буданд,

وَقَوۡمُ إِبۡرَٰهِيمَ وَقَوۡمُ لُوطࣲ ٤٣

43.    ва низ қавми Иброҳим ва қавми Лут,

وَأَصۡحَٰبُ مَدۡيَنَۖ وَكُذِّبَ مُوسَىٰۖ فَأَمۡلَيۡتُ لِلۡكَٰفِرِينَ ثُمَّ أَخَذۡتُهُمۡۖ فَكَيۡفَ كَانَ نَكِيرِ ٤٤

44.    ва мардуми Мадян(1) ва Мӯсоро низ дурӯғгӯ шумориданд. Ман ба кофирон мӯҳлат додам ва ба зудӣ онҳоро ба ҷурми гуноҳашон ҷазо накардам, сипас онҳоро ба азоб гирифтор намудам. Ва (бингар) уқубати Ман чӣ гуна буд?(2)
1. Қавми Шуъайб алайиссалом. 1. Тафсири Саъдӣ 1\540

فَكَأَيِّن مِّن قَرۡيَةٍ أَهۡلَكۡنَٰهَا وَهِيَ ظَالِمَةࣱ فَهِيَ خَاوِيَةٌ عَلَىٰ عُرُوشِهَا وَبِئۡرࣲ مُّعَطَّلَةࣲ وَقَصۡرࣲ مَّشِيدٍ ٤٥

45.   Чӣ бисёр шаҳрҳоеро дар ҳоле, ки аҳлаш ситамкор буданд, нобуд кардаем ва чунон ки сақфҳояшон бар деворҳояшон фурӯ рехтааст ва чӣ бисёр чоҳҳо, ки бекор монд ва (низ) қасрҳои баланди гаҷкоришуда бесоҳиб монд.

أَفَلَمۡ يَسِيرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَتَكُونَ لَهُمۡ قُلُوبࣱ يَعۡقِلُونَ بِهَآ أَوۡ ءَاذَانࣱ يَسۡمَعُونَ بِهَاۖ فَإِنَّهَا لَا تَعۡمَى ٱلۡأَبۡصَٰرُ وَلَٰكِن تَعۡمَى ٱلۡقُلُوبُ ٱلَّتِي فِي ٱلصُّدُورِ ٤٦

46.   Оё қурайшиҳои беимон дар замин сайр намекунанд, то соҳиби дилҳое гарданд, ки ба василаи онҳо хирадмандона биандешанд, то ибрат бигиранд ва гӯшҳое, ки ба он бишнаванд, панд бигиранд? Бегумон чашмҳо нобино намегарданд, балки дилҳое, ки дар синаҳо ҷой доранд, аз дарк кардани ҳақ кӯр мешаванд.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\391

وَيَسۡتَعۡجِلُونَكَ بِٱلۡعَذَابِ وَلَن يُخۡلِفَ ٱللَّهُ وَعۡدَهُۥۚ وَإِنَّ يَوۡمًا عِندَ رَبِّكَ كَأَلۡفِ سَنَةࣲ مِّمَّا تَعُدُّونَ ٤٧

47.   Ва кофирони Қурайш аз рӯи ҷаҳолаташон бо шитоб азобро аз ту, -эй Расул-, металабанд ва Аллоҳ ҳаргиз ваъдаи худро хилоф намекунад. Ва бегумон назди Парвардигори ту як рӯз аз рӯзҳои қиёмат монанди
ҳазор сол аст, ки шумо дар дунё мешумуред.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\541

وَكَأَيِّن مِّن قَرۡيَةٍ أَمۡلَيۡتُ لَهَا وَهِيَ ظَالِمَةࣱ ثُمَّ أَخَذۡتُهَا وَإِلَيَّ ٱلۡمَصِيرُ ٤٨

48.   Чӣ бисёр деҳаҳое буданд, ки мардумонашон золим буданд ва Ман мӯҳлаташон додам, сипас онҳоро ба азоб гирифтор намудам. Ва бозгашти ҳама назди Ман аст!

قُلۡ يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ إِنَّمَآ أَنَا۠ لَكُمۡ نَذِيرࣱ مُّبِينࣱ ٤٩

49.    Бигӯ - эй Расул: «Эй мардум, ман барои шумо бимдиҳандаи ошкорам».

فَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَهُم مَّغۡفِرَةࣱ وَرِزۡقࣱ كَرِيمࣱ ٥٠

50.   Пас онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, барои онҳо омурзиши гуноҳон аст ва аз ризқу рӯзии пок ва хубе бархӯрдоранд.

وَٱلَّذِينَ سَعَوۡاْ فِيٓ ءَايَٰتِنَا مُعَٰجِزِينَ أُوْلَٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلۡجَحِيمِ ٥١

51.   Ва онон, ки дар инкори оёти Мо мекӯшанд ва мехоҳанд Моро оҷиз кунанд, онҳо сокинони ахли ҷаҳаннаманд.

وَمَآ أَرۡسَلۡنَا مِن قَبۡلِكَ مِن رَّسُولࣲ وَلَا نَبِيٍّ إِلَّآ إِذَا تَمَنَّىٰٓ أَلۡقَى ٱلشَّيۡطَٰنُ فِيٓ أُمۡنِيَّتِهِۦ فَيَنسَخُ ٱللَّهُ مَا يُلۡقِي ٱلشَّيۡطَٰنُ ثُمَّ يُحۡكِمُ ٱللَّهُ ءَايَٰتِهِۦۗ وَٱللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمࣱ ٥٢

52.   Мо пеш аз ту ҳеҷ расул ё паёмбареро нафиристодаем, магар он ки чун ба хондани оёт машғул шуд, шайтон дар сухани ӯ чизе шубҳа меафканд. Ва он гоҳ Аллоҳ он чиро, ки шайтон афканда буд, аз байн мебарад, сипас оёти хешро устувор медорад ва Аллоҳ доно аст ба он чи ки шуд ва мешавад ва чизе
аз Ӯ пинҳон намемонад ва бо ҳикмат аст ҳар чизеро дар ҷояш қарор медиҳад!(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\542

لِّيَجۡعَلَ مَا يُلۡقِي ٱلشَّيۡطَٰنُ فِتۡنَةࣰ لِّلَّذِينَ فِي قُلُوبِهِم مَّرَضࣱ وَٱلۡقَاسِيَةِ قُلُوبُهُمۡۗ وَإِنَّ ٱلظَّٰلِمِينَ لَفِي شِقَاقِۭ بَعِيدࣲ ٥٣

53.   То Аллоҳ он чиро ки шайтон барои бемордилоне, ки дар дилҳояшон шак ва нифоқ аст, меафканад ва онон,
ки дилҳояшон аз имон овардани ба Аллоҳ сахт аст, озмуне қарор диҳад. Бегумон ситамкорон бар муқобили Аллоҳ ва расулаш дар мухолифат ва душмании дуру дароз ҳастанд.(1)
1. Тафсири Табарӣ 18\669

وَلِيَعۡلَمَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡعِلۡمَ أَنَّهُ ٱلۡحَقُّ مِن رَّبِّكَ فَيُؤۡمِنُواْ بِهِۦ فَتُخۡبِتَ لَهُۥ قُلُوبُهُمۡۗ وَإِنَّ ٱللَّهَ لَهَادِ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِلَىٰ صِرَٰطࣲ مُّسۡتَقِيمࣲ ٥٤

54.   Ва то соҳибони илм бидонанд, ки он (ваҳй) аз ҷониби Парвардигорат ҳақ аст ва ба он имон биёваранд ва дилҳояшон ба он ором гирад ва дар баробараш таслим ва фӯрутан шаванд.
Ва ба дурустӣ, ки Аллоҳ касонеро, ки имон овардаанд, ба роҳи рост (яъне Ислом) ҳидоят мекунад.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\542

وَلَا يَزَالُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ فِي مِرۡيَةࣲ مِّنۡهُ حَتَّىٰ تَأۡتِيَهُمُ ٱلسَّاعَةُ بَغۡتَةً أَوۡ يَأۡتِيَهُمۡ عَذَابُ يَوۡمٍ عَقِيمٍ ٥٥

55.   Ҳамеша кофирон дар он чи Паёмбар овардааст шак мекунанд, то он гоҳ, ки қиёмат ногаҳон бар сарашон фаро расад ё ба
азоби рузи наҳс(1) гирифтор оянд.
1. Азоби рӯзе, ки ҳеҷ хайру хубӣ дар он нест.

ٱلۡمُلۡكُ يَوۡمَئِذࣲ لِّلَّهِ يَحۡكُمُ بَيۡنَهُمۡۚ فَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ فِي جَنَّٰتِ ٱلنَّعِيمِ ٥٦

56.   Фармонравоӣ дар он рӯз аз они Аллоҳ аст. Миёнашон ҳукм мекунад. Пас касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, дар боғҳои пурнозу неъмат (биҳишт) ҳастанд.

وَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَكَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَا فَأُوْلَٰٓئِكَ لَهُمۡ عَذَابࣱ مُّهِينࣱ ٥٧

57.   Ва касоне, ки куфр варзидаанд ва оёти Моро дурӯғ шумурдаанд, барояшон азоби хоркунандае аст, ки онҳоро хору залил мегардонад!(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1 \ 543

وَٱلَّذِينَ هَاجَرُواْ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ ثُمَّ قُتِلُوٓاْ أَوۡ مَاتُواْ لَيَرۡزُقَنَّهُمُ ٱللَّهُ رِزۡقًا حَسَنࣰاۚ وَإِنَّ ٱللَّهَ لَهُوَ خَيۡرُ ٱلرَّٰزِقِينَ ٥٨

58.   Ва касоне, ки дар роҳи Аллоҳ барои нусрати дини Аллоҳ ҳиҷрат намуданд, сипас дар майдони ҷанг кушта шуданд ё дар бистари худ мурданд, албатта, Аллоҳ ба онҳо дар ҷаннат ризқи нек медиҳад. Яқинан Аллоҳ беҳтарин рӯзидиҳандагон аст.(1)
1. Тафсири ибни Касир 5\447

لَيُدۡخِلَنَّهُم مُّدۡخَلࣰا يَرۡضَوۡنَهُۥۚ وَإِنَّ ٱللَّهَ لَعَلِيمٌ حَلِيمࣱ ٥٩

59.   Ононро ба ҷое дароварад, ки онон он ҷоро дӯст доранд ва аз он хушнуд бошанд. Ва он ҷаннат аст. Ва албатта, Аллоҳ доно аст ба ҳоли шахсе, ки дар роҳи Ӯ ҳиҷрат намудааст ё барои дунё ҳиҷрат кардааст
ва бурдбор аст аз он касоне, ки Ӯро нофармонбардорӣ мекунанд ва фавран онҳоро ба азоб намегирад!(1)
1. Тафсири Табарӣ 18 \ 674

۞ ذَٰلِكَۖ وَمَنۡ عَاقَبَ بِمِثۡلِ مَا عُوقِبَ بِهِۦ ثُمَّ بُغِيَ عَلَيۡهِ لَيَنصُرَنَّهُ ٱللَّهُۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَعَفُوٌّ غَفُورࣱ ٦٠

60.   Ҳукм бар ин аст, ҳар кас ситам кунад, барои ӯ ҷоиз аст, ба андозае, ки ба ӯ ситам шудааст, бар ҷинояткор ситам намояд баъд аз он ҷинояткор бар ӯ дубора ситам кунад, ба дурустӣ, ки Аллоҳ ситамдидаро ёриаш хоҳад кард. Ба дурустӣ, ки Аллоҳ афвкунанда ва омурзанда аст гунаҳкоронро, фавран ба гуноҳашон азоб намедиҳад ва аз гуноҳашон дармегузарад.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\543

ذَٰلِكَ بِأَنَّ ٱللَّهَ يُولِجُ ٱلَّيۡلَ فِي ٱلنَّهَارِ وَيُولِجُ ٱلنَّهَارَ فِي ٱلَّيۡلِ وَأَنَّ ٱللَّهَ سَمِيعُۢ بَصِيرࣱ ٦١

61.   Ин ба он сабаб аст, ки Аллоҳ шабро дар рӯз ва рӯзро дар шаб дохил мегардонад ва бар яке аз он ду меафзояд ва аз дигаре мекоҳад ва баръакс.
Ба Аллоҳ ба ҳамаи садоҳо шунавост ва ба ҳама корҳо биност.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1 \ 543

ذَٰلِكَ بِأَنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلۡحَقُّ وَأَنَّ مَا يَدۡعُونَ مِن دُونِهِۦ هُوَ ٱلۡبَٰطِلُ وَأَنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلۡعَلِيُّ ٱلۡكَبِيرُ ٦٢

62.   Ин ба он сабаб аст, ки Аллоҳ ҳақ аст ва он чи кофирон ҷуз Ӯ маъбуди дигаре мехонанд, ботил аст ва Ӯ баландмартабаву бузург аст.

أَلَمۡ تَرَ أَنَّ ٱللَّهَ أَنزَلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءࣰ فَتُصۡبِحُ ٱلۡأَرۡضُ مُخۡضَرَّةًۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَطِيفٌ خَبِيرࣱ ٦٣

63.    Оё надидаӣ, ки Аллоҳ аз осмон борон фиристод ва замин бар асари он сарсабзу хуррам мегардад? Албатта, Аллоҳ дар рӯёнидани наботот аз замин дақиқ ва огоҳ аст!

لَّهُۥ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۚ وَإِنَّ ٱللَّهَ لَهُوَ ٱلۡغَنِيُّ ٱلۡحَمِيدُ ٦٤

64.    Аз они Ӯст он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст. Ба дурустӣ, Аллоҳ бениёз ва сазовори ситоиш аст!

أَلَمۡ تَرَ أَنَّ ٱللَّهَ سَخَّرَ لَكُم مَّا فِي ٱلۡأَرۡضِ وَٱلۡفُلۡكَ تَجۡرِي فِي ٱلۡبَحۡرِ بِأَمۡرِهِۦ وَيُمۡسِكُ ٱلسَّمَآءَ أَن تَقَعَ عَلَى ٱلۡأَرۡضِ إِلَّا بِإِذۡنِهِۦٓۚ إِنَّ ٱللَّهَ بِٱلنَّاسِ لَرَءُوفࣱ رَّحِيمࣱ ٦٥

65.    Оё надидаӣ, ки Аллоҳ ҳар чиро дар рӯи замин ҳаст ва киштиҳоро, ки дар баҳр ба фармони Ӯ мераванд, бароятон мусаххар гардонид? Ва Аллоҳ намегузорад осмон бар замин фурӯ резад, то ҳама ҳалок шаванд, магар ба изну хости худаш. Ба дурустӣ, ки Аллоҳ бар мардум бахшоянда ва меҳрубон аст.

وَهُوَ ٱلَّذِيٓ أَحۡيَاكُمۡ ثُمَّ يُمِيتُكُمۡ ثُمَّ يُحۡيِيكُمۡۗ إِنَّ ٱلۡإِنسَٰنَ لَكَفُورࣱ ٦٦

66.    Ӯ Аллоҳ зотест, ки шуморо зиндагӣ бахшид ва шуморо аз нестӣ ба вуҷуд овардааст, сипас бимиронад ва баъд аз мурданатон шуморо боз зинда месозад. Бегумон инсон дар баробари неъматҳои Аллоҳ ношукр аст.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\398

لِّكُلِّ أُمَّةࣲ جَعَلۡنَا مَنسَكًا هُمۡ نَاسِكُوهُۖ فَلَا يُنَٰزِعُنَّكَ فِي ٱلۡأَمۡرِۚ وَٱدۡعُ إِلَىٰ رَبِّكَۖ إِنَّكَ لَعَلَىٰ هُدࣰى مُّسۡتَقِيمࣲ ٦٧

67.   Барои ҳар уммате дине ниҳодем, то бар он дину оин амал кунанд. Пас, дар бораи амр мушрикони Қурайш бо ту эй Расул, ситеза накунанд ва мардумро ба сӯи Парвардигори худ даъват кун, бегумон ту бар роҳи рост ҳастӣ.

وَإِن جَٰدَلُوكَ فَقُلِ ٱللَّهُ أَعۡلَمُ بِمَا تَعۡمَلُونَ ٦٨

68.   Ва агар бо ту эй Расул, ситеза карданд, бигӯ барояшон: "Аллоҳ бар ҳар коре, ки мекунед, огоҳтар аст".

ٱللَّهُ يَحۡكُمُ بَيۡنَكُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ فِيمَا كُنتُمۡ فِيهِ تَخۡتَلِفُونَ ٦٩

69.   Аллоҳ миёни шумо дар рӯзи қиёмат дар бораи он чи ихтилоф меварзидед, ҳукм хоҳад кард.(1)
1. Дар ин оят одоби накӯест ва ин оят рад аст дар ҷавоби шахсе, ки бо такаббур ҷидол мекунад.

أَلَمۡ تَعۡلَمۡ أَنَّ ٱللَّهَ يَعۡلَمُ مَا فِي ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِۚ إِنَّ ذَٰلِكَ فِي كِتَٰبٍۚ إِنَّ ذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ يَسِيرࣱ ٧٠

70.   Оё надонистаӣ, эй Расул, ки Аллоҳ ҳар чиро, ки дар осмонҳову замин аст, медонад? Бегумон тамоми инҳо дар китоби Лавҳи Маҳфуз сабт аст ва ин кор барои Аллоҳ осон аст.

وَيَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ مَا لَمۡ يُنَزِّلۡ بِهِۦ سُلۡطَٰنࣰا وَمَا لَيۡسَ لَهُم بِهِۦ عِلۡمࣱۗ وَمَا لِلظَّٰلِمِينَ مِن نَّصِيرࣲ ٧١

71.   Ва мушрикон ғайри Аллоҳ чизеро мепарастанд, ки Аллоҳ ҳеҷ далеле бар сиҳатии парастиши онҳо нозил накардааст ва чизеро мепарастанд, ки ба он илме надоранд. Ва барои ситамкорон ҳеҷ ёваре нест.

وَإِذَا تُتۡلَىٰ عَلَيۡهِمۡ ءَايَٰتُنَا بَيِّنَٰتࣲ تَعۡرِفُ فِي وُجُوهِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ ٱلۡمُنكَرَۖ يَكَادُونَ يَسۡطُونَ بِٱلَّذِينَ يَتۡلُونَ عَلَيۡهِمۡ ءَايَٰتِنَاۗ قُلۡ أَفَأُنَبِّئُكُم بِشَرࣲّ مِّن ذَٰلِكُمُۚ ٱلنَّارُ وَعَدَهَا ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْۖ وَبِئۡسَ ٱلۡمَصِيرُ ٧٢

72.    Ва ҳангоме ки оёти равшани Мо бар онон хонда мешавад, дар чеҳраи кофирон нохӯширо мебинӣ, балки наздик аст ҳамла кунанд ба он касоне, ки оёти Моро бар онҳо мехонанд. Бигӯ эй Расул барояшон: «Оё шуморо бар чизе бадтар аз ин огоҳ кунам? Ҳамон оташи ҷаҳаннам аст, ки Аллоҳ онро бар касоне, ки имон наовардаанд, ваъда додааст ва оташ, бад саранҷомест!»

يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ ضُرِبَ مَثَلࣱ فَٱسۡتَمِعُواْ لَهُۥٓۚ إِنَّ ٱلَّذِينَ تَدۡعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ لَن يَخۡلُقُواْ ذُبَابࣰا وَلَوِ ٱجۡتَمَعُواْ لَهُۥۖ وَإِن يَسۡلُبۡهُمُ ٱلذُّبَابُ شَيۡـࣰٔا لَّا يَسۡتَنقِذُوهُ مِنۡهُۚ ضَعُفَ ٱلطَّالِبُ وَٱلۡمَطۡلُوبُ ٧٣

73.    Эй мардум, мисоле оварда шуд. Ба он гӯш диҳед. Касонеро, ки ба ҷои Аллоҳ маъбуди худ мехонед ва мадад металабед, агар ҳама ҷамъ шаванд, магасе (пашшае)-ро нахоҳанд офарид ва агар магасе чизе аз онҳо бирабояд, наметавонанд онро аз ӯ боз пас бигиранд. Пас, толибу матлуб ҳарду (дармондаву) нотавонанд! Пас, бо ин қадар хорию нотавонӣ чӣ гуна ин бутҳоро парастиш карда мешавад?(1)
1. Тафсири Табрӣ 18\686

مَا قَدَرُواْ ٱللَّهَ حَقَّ قَدۡرِهِۦٓۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَقَوِيٌّ عَزِيزٌ ٧٤

74.    Инҳо мушрикон Аллоҳро, чунонки лоиқи бузургии Ӯст, бузург надоштанд. Ҳароина, Аллоҳ бар ҳама чиз нерӯманд ва пирӯз аст!

ٱللَّهُ يَصۡطَفِي مِنَ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةِ رُسُلࣰا وَمِنَ ٱلنَّاسِۚ إِنَّ ٱللَّهَ سَمِيعُۢ بَصِيرࣱ ٧٥

75.    Аллоҳ аз миёни фариштагону мардумон расулоне ихтиёр мекунад. Албатта, Аллоҳ ба гуфтори бандаҳояш шунаво аст ва ба ҷамиъи ашё биност!

يَعۡلَمُ مَا بَيۡنَ أَيۡدِيهِمۡ وَمَا خَلۡفَهُمۡۚ وَإِلَى ٱللَّهِ تُرۡجَعُ ٱلۡأُمُورُ ٧٦

76.    Он чиро, ки дар пеши рӯяшон аст ва он чиро, ки пушти сарашон (оянда ва гузаштаи онҳо) аст, медонад. Ва ҳамаи корҳо ба сӯи Ӯ бозмегарданд.

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱرۡكَعُواْ وَٱسۡجُدُواْۤ وَٱعۡبُدُواْ رَبَّكُمۡ وَٱفۡعَلُواْ ٱلۡخَيۡرَ لَعَلَّكُمۡ تُفۡلِحُونَ۩ ٧٧

77.    Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш, Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) имон овардаед, дар намози худ рукӯъ ва саҷда кунед ва Парвардигоратонро бипарастед ва корҳои нек ба ҷой оваред, то наҷот ёбед.

وَجَٰهِدُواْ فِي ٱللَّهِ حَقَّ جِهَادِهِۦۚ هُوَ ٱجۡتَبَىٰكُمۡ وَمَا جَعَلَ عَلَيۡكُمۡ فِي ٱلدِّينِ مِنۡ حَرَجࣲۚ مِّلَّةَ أَبِيكُمۡ إِبۡرَٰهِيمَۚ هُوَ سَمَّىٰكُمُ ٱلۡمُسۡلِمِينَ مِن قَبۡلُ وَفِي هَٰذَا لِيَكُونَ ٱلرَّسُولُ شَهِيدًا عَلَيۡكُمۡ وَتَكُونُواْ شُهَدَآءَ عَلَى ٱلنَّاسِۚ فَأَقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتُواْ ٱلزَّكَوٰةَ وَٱعۡتَصِمُواْ بِٱللَّهِ هُوَ مَوۡلَىٰكُمۡۖ فَنِعۡمَ ٱلۡمَوۡلَىٰ وَنِعۡمَ ٱلنَّصِيرُ ٧٨

78.    Дар роҳи Аллоҳ, ҷиҳод кунед, он гуна ки шоистаи ҷиҳод дар роҳи Ӯст. Ӯ шуморо баргузид. Ва бароятон дар дин ҳеҷ корҳои душвориро бар дӯши шумо нагузоштааст. Дини падаратон Иброҳимро барои шумо ташриъ кардааст. Ӯ пеш аз ин дар китобҳои пешин ва дар ин Қуръон шуморо "мусалмон" номид. То Паёмбар бар шумо гувоҳ бошад ва шумо низ бар дигар мардум гувоҳ бошед.
Пас, намоз бигузоред ва закот бидиҳед ва ба Аллоҳ ибодат кунед, ки Ӯ ёвар ва сарпарасти шумо аст. Чӣ сарпараст ва сарвари нек ва чӣ мададгор ва кӯмаккунандаи хубе аст!

Other translations of this surah

Tafsir of this surah in Arabic Тоҷикӣ translation

Surahs

1 Al-Fatihah ФОТИҲА · 7 verses · Meccan Juz 1 · Revealed 5 الفاتحة 2 Al-Baqarah БАҚАРА · 286 verses · Medinan Juz 1 · Revealed 87 البقرة 3 Al-Imran ОЛИ ИМРОН · 200 verses · Medinan Juz 3 · Revealed 89 آل عمران 4 An-Nisa' НИСО · 176 verses · Medinan Juz 4 · Revealed 92 النساء 5 Al-Ma'idah МОИДА · 120 verses · Medinan Juz 6 · Revealed 112 المائدة 6 Al-An'am АНЪОМ · 165 verses · Meccan Juz 7 · Revealed 55 الأنعام 7 Al-A'raf АЪРОФ · 206 verses · Meccan Juz 8 · Revealed 39 الأعراف 8 Al-Anfal АНФОЛ · 75 verses · Medinan Juz 9 · Revealed 88 الأنفال 9 At-Taubah ТАВБА · 129 verses · Medinan Juz 10 · Revealed 113 التوبة 10 Yunus ЮНУС · 109 verses · Meccan Juz 11 · Revealed 51 يونس 11 Hood ҲУД · 123 verses · Meccan Juz 11 · Revealed 52 هود 12 Yusuf ЮСУФ · 111 verses · Meccan Juz 12 · Revealed 53 يوسف 13 Ar-Ra'd РАЪД · 43 verses · Medinan Juz 13 · Revealed 96 الرعد 14 Ibrahim ИБРОҲИМ · 52 verses · Meccan Juz 13 · Revealed 72 إبراهيم 15 Al-Hijr ҲИҶР · 99 verses · Meccan Juz 14 · Revealed 54 الحجر 16 An-Nahl НАҲЛ · 128 verses · Meccan Juz 14 · Revealed 70 النحل 17 Al-Isra ИСРО · 111 verses · Meccan Juz 15 · Revealed 50 الإسراء 18 Al-Kahf КАҲФ · 110 verses · Meccan Juz 15 · Revealed 69 الكهف 19 Maryam МАРЯМ · 98 verses · Meccan Juz 16 · Revealed 44 مريم 20 Ta­Ha ТОҲО · 135 verses · Meccan Juz 16 · Revealed 45 طه 21 Al-Anbiya' АНБИЁ · 112 verses · Meccan Juz 17 · Revealed 73 الأنبياء 22 Al-Hajj ҲАҶ · 78 verses · Medinan Juz 17 · Revealed 103 الحج 23 Al-Mu'minun МУЪМИНУН · 118 verses · Meccan Juz 18 · Revealed 74 المؤمنون 24 An-Nur НУР · 64 verses · Medinan Juz 18 · Revealed 102 النور 25 Al-Furqan ФУРҚОН · 77 verses · Meccan Juz 18 · Revealed 42 الفرقان 26 Ash-Shu'ara' ШУЪАРО · 227 verses · Meccan Juz 19 · Revealed 47 الشعراء 27 An-Naml НАМЛ · 93 verses · Meccan Juz 19 · Revealed 48 النمل 28 Al-Qasas ҚАСАС · 88 verses · Meccan Juz 20 · Revealed 49 القصص 29 Al-'Ankabut АНКАБУТ · 69 verses · Meccan Juz 20 · Revealed 85 العنكبوت 30 Ar­Room РУМ · 60 verses · Meccan Juz 21 · Revealed 84 الروم 31 Luqman ЛУҚМОН · 34 verses · Meccan Juz 21 · Revealed 57 لقمان 32 As­Sajdah САҶДА · 30 verses · Meccan Juz 21 · Revealed 75 السجدة 33 Al­Ahzab АҲЗОБ · 73 verses · Medinan Juz 21 · Revealed 90 الأحزاب 34 Saba' САБА · 54 verses · Meccan Juz 22 · Revealed 58 سبأ 35 Fatir ФОТИР · 45 verses · Meccan Juz 22 · Revealed 43 فاطر 36 Ya­Sin ЁСИН · 83 verses · Meccan Juz 22 · Revealed 41 يس 37 As-Saffat СОФФОТ · 182 verses · Meccan Juz 23 · Revealed 56 الصافات 38 Sad СОД · 88 verses · Meccan Juz 23 · Revealed 38 ص 39 Az-Zumar ЗУМАР · 75 verses · Meccan Juz 23 · Revealed 59 الزمر 40 Ghafir ҒОФИР · 85 verses · Meccan Juz 24 · Revealed 60 غافر 41 Fussilat ФУССИЛАТ · 54 verses · Meccan Juz 24 · Revealed 61 فصلت 42 Ash-Shura ШУРО · 53 verses · Meccan Juz 25 · Revealed 62 الشورى 43 Az-Zukhruf ЗУХРУФ · 89 verses · Meccan Juz 25 · Revealed 63 الزخرف 44 Ad-Dukhan ДУХОН · 59 verses · Meccan Juz 25 · Revealed 64 الدخان 45 Al-Jathiya ҶОСИЯ · 37 verses · Meccan Juz 25 · Revealed 65 الجاثية 46 Al-Ahqaf АҲҚОФ · 35 verses · Meccan Juz 26 · Revealed 66 الأحقاف 47 Muhammad МУҲАММАД · 38 verses · Medinan Juz 26 · Revealed 96 محمد 48 Al-Fath ФАТҲ · 29 verses · Medinan Juz 26 · Revealed 111 الفتح 49 Al-Hujurat ҲУҶУРОТ · 18 verses · Medinan Juz 26 · Revealed 106 الحجرات 50 Qaf ҚОФ · 45 verses · Meccan Juz 26 · Revealed 34 ق 51 Az-Zariyat ЗОРИЁТ · 60 verses · Meccan Juz 26 · Revealed 67 الذاريات 52 At-Tur ТУР · 49 verses · Meccan Juz 27 · Revealed 76 الطور 53 An-Najm НАҶМ · 62 verses · Meccan Juz 27 · Revealed 23 النجم 54 Al-Qamar ҚАМАР · 55 verses · Meccan Juz 27 · Revealed 37 القمر 55 Ar-Rahman РАҲМОН · 78 verses · Medinan Juz 27 · Revealed 97 الرحمن 56 Al-Waqi'ah ВОҚИА · 96 verses · Meccan Juz 27 · Revealed 46 الواقعة 57 Al-Hadid ҲАДИД · 29 verses · Medinan Juz 27 · Revealed 94 الحديد 58 Al-Mujadilah МУҶОДАЛА · 22 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 105 المجادلة 59 Al-Hashr ҲАШР · 24 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 101 الحشر 60 Al-Mumtahinah МУМТАҲИНА · 13 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 91 الممتحنة 61 As-Saff САФ · 14 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 109 الصف 62 Al-Jumu'ah ҶУМЪА · 11 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 110 الجمعة 63 Al-Munafiqun МУНОФИҚИН · 11 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 104 المنافقون 64 At-Taghabun ТАҒОБУН · 18 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 108 التغابن 65 At-Talaq ТАЛОҚ · 12 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 99 الطلاق 66 At-Tahrim ТАҲРИМ · 12 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 107 التحريم 67 Al-Mulk МУЛК · 30 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 77 الملك 68 Al-Qalam ҚАЛАМ · 52 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 2 القلم 69 Al-Haqqah ҲОҚҚА · 52 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 87 الحاقة 70 Al-Ma'arij МАЪОРИҶ · 44 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 79 المعارج 71 Nooh НУҲ · 28 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 71 نوح 72 Al-Jinn ҶИН · 28 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 40 الجن 73 Al-Muzzammil МУЗЗАММИЛ · 20 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 3 المزمل 74 Al-Muddaththir МУДДАССИР · 56 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 4 المدثر 75 Al-Qiyamah ҚИЁМАТ · 40 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 31 القيامة 76 Al-Insan ИНСОН · 31 verses · Medinan Juz 29 · Revealed 98 الإنسان 77 Al-Mursalat МУРСАЛОТ · 50 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 33 المرسلات 78 An-Naba' НАБА · 40 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 80 النبأ 79 An-Nazi'at НОЗИЪОТ · 46 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 81 النازعات 80 'Abasa АБАСА · 42 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 24 عبس 81 At-Takwir ТАКВИР · 29 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 7 التكوير 82 Al-Infitar ИНФИТОР · 19 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 82 الإنفطار 83 Al-Mutaffifin МУТАФФИФИН · 36 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 86 المطففين 84 Al-Inshiqaq ИНШИҚОҚ · 25 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 83 الإنشقاق 85 Al-Buruj БУРУҶ · 22 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 27 البروج 86 At-Tariq ТОРИҚ · 17 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 36 الطارق 87 Al-A'la АЪЛО · 19 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 8 الأعلى 88 Al-Ghashiyah ҒОШИЯ · 26 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 68 الغاشية 89 Al-Fajr ФАҶР · 30 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 10 الفجر 90 Al-Balad БАЛАД · 20 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 35 البلد 91 Ash-Shams ШАМС · 15 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 26 الشمس 92 Al-Lail ЛАЙЛ · 21 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 9 الليل 93 Ad-Duha ЗУҲО · 11 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 11 الضحى 94 Ash-Sharh ШАРҲ · 8 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 12 الشرح 95 At-Tin ТИН · 8 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 28 التين 96 Al-'Alaq АЛАҚ · 19 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 1 العلق 97 Al-Qadr ҚАДР · 5 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 25 القدر 98 Al-Baiyinah БАЙЙИНА · 8 verses · Medinan Juz 30 · Revealed 100 البينة 99 Az-Zalzalah ЗИЛЗИЛА · 8 verses · Medinan Juz 30 · Revealed 93 الزلزلة 100 Al-'Adiyat ЪОДИЁТ · 11 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 14 العاديات 101 Al-Qari'ah ҚОРИЪА · 11 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 30 القارعة 102 At-Takathur ТАКОСУР · 8 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 16 التكاثر 103 Al-'Asr АСР · 3 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 13 العصر 104 Al-Humazah ҲУМАЗА · 9 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 32 الهمزة 105 Al-Fil ФИЛ · 5 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 19 الفيل 106 Quraish ҚУРАЙШ · 4 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 29 قريش 107 Al-Ma'un МОЪУН · 7 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 17 الماعون 108 Al-Kauthar КАВСАР · 3 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 15 الكوثر 109 Al-Kafirun КОФИРУН · 6 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 18 الكافرون 110 An-Nasr НАСР · 3 verses · Medinan Juz 30 · Revealed 114 النصر 111 Al-Masad МАСАД · 5 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 6 المسد 112 Al-Ikhlas ИХЛОС · 4 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 22 الإخلاص 113 Al-Falaq ФАЛАҚ · 5 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 20 الفلق 114 An-Nas НОС · 6 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 21 الناس

Reading settings

View
Compare with

Pick up to two more translations to show under each verse.

Arabic size
100%
Translation size
100%
Line spacing
Theme

Verse

Arabic tafsir
Highlight

Highlights stay in this browser and are listed on the bookmarks page. /bookmarks