Surah Al-Isra in Тоҷикӣ

ИСРО · سورة الإسراء

Meccan Verses: 111 Juz 15 Page 282 Revelation order: 50

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

سُبۡحَٰنَ ٱلَّذِيٓ أَسۡرَىٰ بِعَبۡدِهِۦ لَيۡلࣰا مِّنَ ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِ إِلَى ٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡأَقۡصَا ٱلَّذِي بَٰرَكۡنَا حَوۡلَهُۥ لِنُرِيَهُۥ مِنۡ ءَايَٰتِنَآۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡبَصِيرُ ١

1. Пок аст он Аллоҳе, ки бандаи худро бо ҷасаду рӯҳ, бедор на хоб шабе аз Масҷидулҳаром (Макка) ба Масҷидулақсо, (Байтулмуқаддас) ки гирдогирдашро бо зироату меваҳо баракат додаем, сайр дод, то баъзе аз оёти худро ба ӯ бинамоем, албатта, Ӯ шунавову биност!(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\453

وَءَاتَيۡنَا مُوسَى ٱلۡكِتَٰبَ وَجَعَلۡنَٰهُ هُدࣰى لِّبَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ أَلَّا تَتَّخِذُواْ مِن دُونِي وَكِيلࣰا ٢

2. Ва китоби Тавротро ба Мӯсо додем ва он китобро роҳнамои банӣ Исроил гардонидем, ки ҷуз Ман сарпарасти дигаре дар амри дину дунёятон интихоб накунед.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\453

ذُرِّيَّةَ مَنۡ حَمَلۡنَا مَعَ نُوحٍۚ إِنَّهُۥ كَانَ عَبۡدࣰا شَكُورࣰا ٣

3. Эй фарзандони мардуме, ки бо Нӯҳ дар киштияшон бардоштем, Мо падарони шуморо аз ғарқ шудан наҷот додем. Пас, Аллоҳро дар муқобили неъматҳояш шукргузор бошед, бидонед, км ӯ (Нуҳ) бандае сипосгузор
буд.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\67

وَقَضَيۡنَآ إِلَىٰ بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ فِي ٱلۡكِتَٰبِ لَتُفۡسِدُنَّ فِي ٱلۡأَرۡضِ مَرَّتَيۡنِ وَلَتَعۡلُنَّ عُلُوࣰّا كَبِيرࣰا ٤

4.       Ва банӣ Исроилро дар Тавроте, ки ба онҳо нозил шуда буд, хабар додем, ки ду бор дар замини (Шом ва Байтулмуқаддас) фасод мекунед ва низ саркашӣ мекунед, ва сар ба туғён хоҳед дошт.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\67

فَإِذَا جَآءَ وَعۡدُ أُولَىٰهُمَا بَعَثۡنَا عَلَيۡكُمۡ عِبَادࣰا لَّنَآ أُوْلِي بَأۡسࣲ شَدِيدࣲ فَجَاسُواْ خِلَٰلَ ٱلدِّيَارِۚ وَكَانَ وَعۡدࣰا مَّفۡعُولࣰا ٥

5.     Чун аз он ду бор ваъдаи нахустин даррасид, гурӯҳе аз бандагони хешро, ки ҷанговароне зӯрманд буданд, бар сари шумо фиристодем. Онон ҳатто даруни хонаҳоро ҳам тафтиш мекарданд ва ин ваъда (ғалаба ва интиқом) ба анҷом расид.

ثُمَّ رَدَدۡنَا لَكُمُ ٱلۡكَرَّةَ عَلَيۡهِمۡ وَأَمۡدَدۡنَٰكُم بِأَمۡوَٰلࣲ وَبَنِينَ وَجَعَلۡنَٰكُمۡ أَكۡثَرَ نَفِيرًا ٦

6.       Бори дигар чун ислоҳ шудед, шуморо бар онҳо (Ҷолут ва лашкараш) ғалаба додем
ва ба молу фарзанд мадад кардем ва бар шумораатон дар замони Довуд (алайҳиссалом) афзудем.(1)
1. Тафсири Табарӣ 17\370

إِنۡ أَحۡسَنتُمۡ أَحۡسَنتُمۡ لِأَنفُسِكُمۡۖ وَإِنۡ أَسَأۡتُمۡ فَلَهَاۚ فَإِذَا جَآءَ وَعۡدُ ٱلۡأٓخِرَةِ لِيَسُـُٔواْ وُجُوهَكُمۡ وَلِيَدۡخُلُواْ ٱلۡمَسۡجِدَ كَمَا دَخَلُوهُ أَوَّلَ مَرَّةࣲ وَلِيُتَبِّرُواْ مَا عَلَوۡاْ تَتۡبِيرًا ٧

7.    Аллоҳ ба банӣ Исроил мегӯяд: Агар некӣ кунед, ба худ мекунед ва агар бадӣ кунед, ба худ мекунед. Ва чун ваъдаи дуввум(1) фаро расид, касонеро бар саратон фиристодем, то шуморо бо озору алам расонидан ғамгин созанд ва чун бори аввал, ки ба масҷид даромада буданд, ба масҷид дароянд ва ба ҳар чӣ даст ёбанд, нобуд созанд.(2)
1. Ва омадани ин вақт дар замоне буд, ки Паёмбари Аллоҳ Яҳё ибни Закариёро куштанд.
2. Тафсири Табарӣ 17\372

عَسَىٰ رَبُّكُمۡ أَن يَرۡحَمَكُمۡۚ وَإِنۡ عُدتُّمۡ عُدۡنَاۚ وَجَعَلۡنَا جَهَنَّمَ لِلۡكَٰفِرِينَ حَصِيرًا ٨

8. Шояд Парвардигоратон бар шумо (эй банӣ Исроил) раҳмат оварад, агар аз гуноҳ тавба кунед. Ва агар ба маъсияту гунаҳкорӣ бозгардед, бозмегардем барои азоб карданатон дар ин ҷаҳон ва ҷаҳаннамро зиндони кофирон сохтаем.(1)
1. Ин оят ва ояти қаблӣ барои ин уммат ваъиди сахт аст, то гирифтори азоб нашаванд, чуноне ки бар банӣ Исроил фуруд омада буд. Тафсири Бағавӣ 5\80

إِنَّ هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانَ يَهۡدِي لِلَّتِي هِيَ أَقۡوَمُ وَيُبَشِّرُ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ٱلَّذِينَ يَعۡمَلُونَ ٱلصَّٰلِحَٰتِ أَنَّ لَهُمۡ أَجۡرࣰا كَبِيرࣰا ٩

9. Ҳамоно ин Қуръоне, ки бар бандаи Мо Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фуруд овардем мардумро бо роҳе ҳидоят мекунад, ки он устувортар аст ва ба мӯъминоне, ки корҳои шоиста мекунанд, мужда медиҳад, ки онон подоши бузурге доранд.

وَأَنَّ ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡأٓخِرَةِ أَعۡتَدۡنَا لَهُمۡ عَذَابًا أَلِيمࣰا ١٠

10.   Ва албатта, барои касоне, ки ба охират имон намеоваранд, азоби дардоваре (ва он дӯзах аст) муҳайё кардаем.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\80

وَيَدۡعُ ٱلۡإِنسَٰنُ بِٱلشَّرِّ دُعَآءَهُۥ بِٱلۡخَيۡرِۖ وَكَانَ ٱلۡإِنسَٰنُ عَجُولࣰا ١١

11.   Ва одамӣ гоҳо аз ғазаб бар ҷони худ ё фарзанд, ё молаш дуои бад металабад, чи тавре ки дуои хайр мекунад. Агар Аллоҳ он дуояшро қабул кунад, ҳалок мешавад, вале ба фазлу раҳматаш иҷобат намекунад. Ва одамӣ табиатан бар хурсандию сахтӣ бесабру шитобкор аст.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\81

وَجَعَلۡنَا ٱلَّيۡلَ وَٱلنَّهَارَ ءَايَتَيۡنِۖ فَمَحَوۡنَآ ءَايَةَ ٱلَّيۡلِ وَجَعَلۡنَآ ءَايَةَ ٱلنَّهَارِ مُبۡصِرَةࣰ لِّتَبۡتَغُواْ فَضۡلࣰا مِّن رَّبِّكُمۡ وَلِتَعۡلَمُواْ عَدَدَ ٱلسِّنِينَ وَٱلۡحِسَابَۚ وَكُلَّ شَيۡءࣲ فَصَّلۡنَٰهُ تَفۡصِيلࣰا ١٢

12.   Ва шабу рӯзро ду нишона қарор додем. Нишонаи шабро торикӣ гардонидем ва нишонаи рӯзро равшанӣ, то ба талаби ризқе, ки Парвардигоратон муқаррар доштааст, бархезед ва шумори солҳову ҳисобро бидонед. Агар Аллоҳ офтобу маҳтобро ба ҳоле, ки халқ карда буд мегузошт, шабро аз рӯз шинохта намешуд ва на вақти рӯза ва ҳаҷ дониста мешуд ва на вақти роҳату дамгирӣ ва мо ҳар чизро ба тафсил баён кардаем.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\81

وَكُلَّ إِنسَٰنٍ أَلۡزَمۡنَٰهُ طَٰٓئِرَهُۥ فِي عُنُقِهِۦۖ وَنُخۡرِجُ لَهُۥ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ كِتَٰبࣰا يَلۡقَىٰهُ مَنشُورًا ١٣

13.   Кирдори неку бади ҳар инсонеро чун тавқе ба гарданаш овехтаем. Ва дар рӯзи қиёмат барои ӯ номаи (амалашро) кушода берун оварем, то дар он бингарад.

ٱقۡرَأۡ كِتَٰبَكَ كَفَىٰ بِنَفۡسِكَ ٱلۡيَوۡمَ عَلَيۡكَ حَسِيبࣰا ١٤

14.   Дар он рӯз ба ӯ гуфта мешавад: «Бихон номаи аъмолҳое, ки дар дунё карда будӣ. Имрӯз ту худ барои ҳисоб кардани амалҳоят басандаӣ!»(1)
1. Тафсири Табарӣ 17\401

مَّنِ ٱهۡتَدَىٰ فَإِنَّمَا يَهۡتَدِي لِنَفۡسِهِۦۖ وَمَن ضَلَّ فَإِنَّمَا يَضِلُّ عَلَيۡهَاۚ وَلَا تَزِرُ وَازِرَةࣱ وِزۡرَ أُخۡرَىٰۗ وَمَا كُنَّا مُعَذِّبِينَ حَتَّىٰ نَبۡعَثَ رَسُولࣰا ١٥

15.   Ҳар ки роҳи ҳақро дарёбад сипас он роҳи ҳақро пайравӣ намояд фоидаи он танҳо бар худи ӯ мерасад ва ҳар ки аз роҳи ҳақ гумроҳ гардад ва роҳи залолатро пайравӣ намояд, зиёни он танҳо бар худи ӯ бозмегардад ва ҳеҷ кас бори гуноҳони дигареро бар худ набардорад ва Мо ҳеҷ қавмеро азоб намекунем то он гоҳ ки паёмбаре бифиристем.(1)
1. Тафсири Табарӣ 17\401

وَإِذَآ أَرَدۡنَآ أَن نُّهۡلِكَ قَرۡيَةً أَمَرۡنَا مُتۡرَفِيهَا فَفَسَقُواْ فِيهَا فَحَقَّ عَلَيۡهَا ٱلۡقَوۡلُ فَدَمَّرۡنَٰهَا تَدۡمِيرࣰا ١٦

16.   Чун бихоҳем деҳаеро ҳалок кунем, ба саркашони он ҷо мефармоем, то дар он ҷо нофармонӣ кунанд ва он гоҳ азоб бар онҳо воҷиб гардад ва он деҳаро нобуд созем.

وَكَمۡ أَهۡلَكۡنَا مِنَ ٱلۡقُرُونِ مِنۢ بَعۡدِ نُوحࣲۗ وَكَفَىٰ بِرَبِّكَ بِذُنُوبِ عِبَادِهِۦ خَبِيرَۢا بَصِيرࣰا ١٧

17.   Баъд аз Нӯҳ чи бисёр мардумеро, ки имон наоварданд, ҳалок кардем. Ва басандааст, ки Парвардигори ту аз гуноҳони бандагонаш огоҳ ва ба онҳо биност.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\84

مَّن كَانَ يُرِيدُ ٱلۡعَاجِلَةَ عَجَّلۡنَا لَهُۥ فِيهَا مَا نَشَآءُ لِمَن نُّرِيدُ ثُمَّ جَعَلۡنَا لَهُۥ جَهَنَّمَ يَصۡلَىٰهَا مَذۡمُومࣰا مَّدۡحُورࣰا ١٨

18.   Ҳар кас, ки хоҳони ин ҷаҳони тезгузар бошад ва умед ба охират надошта бошад дар он ҳар чиро бихоҳем зуд ба ӯ медиҳем, сипас он гоҳ дар охират ҷаҳаннамро ҷойгоҳи ӯ созем, то сарзанишшуда (аз тарафи Аллоҳ, фариштагон ва мардум) ва рондашуда (аз раҳмати Аллоҳ) ба он дарафтад.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\455

وَمَنۡ أَرَادَ ٱلۡأٓخِرَةَ وَسَعَىٰ لَهَا سَعۡيَهَا وَهُوَ مُؤۡمِنࣱ فَأُوْلَٰٓئِكَ كَانَ سَعۡيُهُم مَّشۡكُورࣰا ١٩

19.   Ва ҳар кӣ хоҳони савоби охират бошад ва дар талаби он талош кунад ва мӯъмин бошад, пас онҳо касонеанд, ки мавриди сипос ва такдир қарор мегиранд.

كُلࣰّا نُّمِدُّ هَٰٓؤُلَآءِ وَهَٰٓؤُلَآءِ مِنۡ عَطَآءِ رَبِّكَۚ وَمَا كَانَ عَطَآءُ رَبِّكَ مَحۡظُورًا ٢٠

20.   Ҳамаро, чи он гурӯҳеро, ки охиратро талаб доранд ва чи ин гурӯҳро, ки дунёро талаб доранд, аз атои Парвардигорат пай дар пай хоҳем дод, зеро атои Парвардигорат ҳаргиз аз касе мамнӯъ нагаштааст.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\455

ٱنظُرۡ كَيۡفَ فَضَّلۡنَا بَعۡضَهُمۡ عَلَىٰ بَعۡضࣲۚ وَلَلۡأٓخِرَةُ أَكۡبَرُ دَرَجَٰتࣲ وَأَكۡبَرُ تَفۡضِيلࣰا ٢١

21.   Бингар, ки чӣ гуна баъзеҳояшонро дар дунё ба фарохии ризқ ва камиаш ва осонию душворӣ ва донову нодонӣ ва дигар чизҳо
бар баъзе дигар бартарӣ ниҳодаем ва бегумон дараҷоти охират афзунтар ва бузургтар аст.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\455

لَّا تَجۡعَلۡ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَ فَتَقۡعُدَ مَذۡمُومࣰا مَّخۡذُولࣰا ٢٢

22.   Бо Аллоҳи барҳақ маъбуди дигареро қарор мадеҳ, ки он гоҳ ба шарик оварданат дар мазаммату хорӣ ва бе ёвар хоҳӣ монд.(1)
1. Тафсири Ибни Касир 5\64

۞ وَقَضَىٰ رَبُّكَ أَلَّا تَعۡبُدُوٓاْ إِلَّآ إِيَّاهُ وَبِٱلۡوَٰلِدَيۡنِ إِحۡسَٰنًاۚ إِمَّا يَبۡلُغَنَّ عِندَكَ ٱلۡكِبَرَ أَحَدُهُمَآ أَوۡ كِلَاهُمَا فَلَا تَقُل لَّهُمَآ أُفࣲّ وَلَا تَنۡهَرۡهُمَا وَقُل لَّهُمَا قَوۡلࣰا كَرِيمࣰا ٢٣

23.   Парвардигорат фармон додааст, ки (эй инсон) ҷуз ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед (алалхусус, дар синни пиронсолиашон). Агар яке аз онҳо ё ҳардуи онҳо дар назди ту ба синни пирӣ расанд, ба онон уф магӯ ва ба сари онҳо фарёд мазан ва бо эҳтиром ба онон сухан бигӯ.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\456

وَٱخۡفِضۡ لَهُمَا جَنَاحَ ٱلذُّلِّ مِنَ ٱلرَّحۡمَةِ وَقُل رَّبِّ ٱرۡحَمۡهُمَا كَمَا رَبَّيَانِي صَغِيرࣰا ٢٤

24.   Дар баробарашон аз рӯи меҳрубонӣ бозуи хоксориро паст кун (на аз рӯи тарс ва на аз барои умедвории онҳо) ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, ҳамчунон ки маро дар хурдӣ парвариш доданд, бар онҳо раҳмат овар» (ҳам дар ҳаёт ва ҳам баъд аз ҳаёташон).(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\453

رَّبُّكُمۡ أَعۡلَمُ بِمَا فِي نُفُوسِكُمۡۚ إِن تَكُونُواْ صَٰلِحِينَ فَإِنَّهُۥ كَانَ لِلۡأَوَّٰبِينَ غَفُورࣰا ٢٥

25.   Эй мардум, Парвардигоратон аз ҳар каси дигар ба он чи дар дилҳоятон мегузарад, аз некӯи ба падару модар ва нофармониашон донотар аст ва агар аз солеҳон ва фармонбардорони ҳуқуқи падару модар бошед, пас Ӯ ҳамеша тавбакунандагонро бахшандааст.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\88

وَءَاتِ ذَا ٱلۡقُرۡبَىٰ حَقَّهُۥ وَٱلۡمِسۡكِينَ وَٱبۡنَ ٱلسَّبِيلِ وَلَا تُبَذِّرۡ تَبۡذِيرًا ٢٦

26.   Ҳаққи хешованду мискин ва дар роҳмондаро адо кун ва ҳаргиз исрофкорӣ макун дар нафақа кардан, балки миёна бош!(1)
1. Тафсири Ибни Камир 5\69

إِنَّ ٱلۡمُبَذِّرِينَ كَانُوٓاْ إِخۡوَٰنَ ٱلشَّيَٰطِينِۖ وَكَانَ ٱلشَّيۡطَٰنُ لِرَبِّهِۦ كَفُورࣰا ٢٧

27.   Бегумон исрофкорон бародарони шайтонанд ва шайтон нисбат ба Парвардигораш носипос буд.

وَإِمَّا تُعۡرِضَنَّ عَنۡهُمُ ٱبۡتِغَآءَ رَحۡمَةࣲ مِّن رَّبِّكَ تَرۡجُوهَا فَقُل لَّهُمۡ قَوۡلࣰا مَّيۡسُورࣰا ٢٨

28.   Ва агар аз онон ба хотири талаби раҳмати Парвардигорат, ки ба он умед дор рӯй мегардонӣ, пас, ба онон суханони нарм бигӯ.(1)
1. Яъне, вақте ки туро хешовандонат ва касоне, ки Аллоҳ туро дар ҳақашон амр намудааст, бипурсанд, то чизе барояшон бидиҳӣ аз ризқу рӯзӣ, вале чизеро дар даст надорӣ ва аз сабаби дасттангиат аз онҳо рӯй мегардонӣ, пас барояшон ваъда деҳ, ки агар ризқи Аллоҳ биёяд иншо Аллоҳ бароятон бирасонем. Тафсири Ибни Касир 5 \ 69

وَلَا تَجۡعَلۡ يَدَكَ مَغۡلُولَةً إِلَىٰ عُنُقِكَ وَلَا تَبۡسُطۡهَا كُلَّ ٱلۡبَسۡطِ فَتَقۡعُدَ مَلُومࣰا مَّحۡسُورًا ٢٩

29.   Ва дасти худро дар кори хайр ба гардани худ баста макун аз бахилӣ ва онро (ба исрофкорӣ) ба тамом кушод ҳам магир, ки он гоҳ дар сурати бухл маломатшудаи ҳасратзада бинишинӣ.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\90

إِنَّ رَبَّكَ يَبۡسُطُ ٱلرِّزۡقَ لِمَن يَشَآءُ وَيَقۡدِرُۚ إِنَّهُۥ كَانَ بِعِبَادِهِۦ خَبِيرَۢا بَصِيرࣰا ٣٠

30.   Бегумон Парвардигорат ризқу рӯзии ҳар касеро бихоҳад, фарох менамояд ва ризқу рӯзии ҳар касеро бихоҳад кам ва танг мегардонад, чунки Аллоҳ ба бандагонаш огоҳ ва биност.

وَلَا تَقۡتُلُوٓاْ أَوۡلَٰدَكُمۡ خَشۡيَةَ إِمۡلَٰقࣲۖ نَّحۡنُ نَرۡزُقُهُمۡ وَإِيَّاكُمۡۚ إِنَّ قَتۡلَهُمۡ كَانَ خِطۡـࣰٔا كَبِيرࣰا ٣١

31.   Ва ҳар вақте ки донистед, ки ризқ аз ҷониби Аллоҳ аст пас, - эй одамон, - фарзандони худро аз бими тангдастӣ накушед.
Мо, ҳам шуморо рӯзӣ медиҳем ва ҳам онҳоро.(1) Албатта, куштани онҳо гуноҳи бузургест.
1. Яъне, аҳли ҷоҳилият ба духтарон мерос намедоданд, балки духтарони худро мекуштанд, то камбағалиашон бисёр нашавад ва аз ҳамин сабаб наҳй карда шуд. Тафсири Ибни Касир 5\72

وَلَا تَقۡرَبُواْ ٱلزِّنَىٰٓۖ إِنَّهُۥ كَانَ فَٰحِشَةࣰ وَسَآءَ سَبِيلࣰا ٣٢

32.   Ва ба зино наздик нашавед, то ин ки дар он дучор машавед. Зино коре зишт ва роҳи бад аст.

وَلَا تَقۡتُلُواْ ٱلنَّفۡسَ ٱلَّتِي حَرَّمَ ٱللَّهُ إِلَّا بِٱلۡحَقِّۗ وَمَن قُتِلَ مَظۡلُومࣰا فَقَدۡ جَعَلۡنَا لِوَلِيِّهِۦ سُلۡطَٰنࣰا فَلَا يُسۡرِف فِّي ٱلۡقَتۡلِۖ إِنَّهُۥ كَانَ مَنصُورࣰا ٣٣

33.    Касеро, ки Аллоҳ куштанашро ҳаром кардааст, накушед, магар бар ҳақ (яъне, ба қасос ё сангсор кардани зинокор, ё куштани муртад). Ва ҳар кас, ки ба ситам кушта шавад, барои соҳиби хуни ӯ қудрате додаем, (хоҳад қасос гирад, хоҳад хунбаҳо гирад, хоҳад бахшад) вале дар қасос аз ҳад нагузарад, бегумон хуни кушташуда бар кушандааш ёрӣ дода шудааст.(1)
1. Тафсири Табарӣ 17\443

وَلَا تَقۡرَبُواْ مَالَ ٱلۡيَتِيمِ إِلَّا بِٱلَّتِي هِيَ أَحۡسَنُ حَتَّىٰ يَبۡلُغَ أَشُدَّهُۥۚ وَأَوۡفُواْ بِٱلۡعَهۡدِۖ إِنَّ ٱلۡعَهۡدَ كَانَ مَسۡـُٔولࣰا ٣٤

34.    Ва ба моли ятим наздик нашавед, магар ба равише, ки некӯтар аст, то ин ки ятим ба даврони камол бирасад ва ба аҳд ва паймони худ вафо кунед, зеро аз аҳду паймони худ пурсида мешавед.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\457

وَأَوۡفُواْ ٱلۡكَيۡلَ إِذَا كِلۡتُمۡ وَزِنُواْ بِٱلۡقِسۡطَاسِ ٱلۡمُسۡتَقِيمِۚ ذَٰلِكَ خَيۡرࣱ وَأَحۡسَنُ تَأۡوِيلࣰا ٣٥

35.    Чун чизеро бо паймона чен кунед, паймонаро комил гардонед ва бо тарозуи дуруст баркашед, ки ин беҳтар аст бароятон дар дунё ва оқибаташ дар охират некӯтар аст.(1)
1. Тафсири Ибни Касир 5\74

وَلَا تَقۡفُ مَا لَيۡسَ لَكَ بِهِۦ عِلۡمٌۚ إِنَّ ٱلسَّمۡعَ وَٱلۡبَصَرَ وَٱلۡفُؤَادَ كُلُّ أُوْلَٰٓئِكَ كَانَ عَنۡهُ مَسۡـُٔولࣰا ٣٦

36.    Эй инсон, аз пайи чизе марав, ки ба он огоҳӣ надорӣ, бегумон гӯш, чашм ва дил
ҳар яке мавриди суол воқеъ хоҳанд шуд.

وَلَا تَمۡشِ فِي ٱلۡأَرۡضِ مَرَحًاۖ إِنَّكَ لَن تَخۡرِقَ ٱلۡأَرۡضَ وَلَن تَبۡلُغَ ٱلۡجِبَالَ طُولࣰا ٣٧

37.   Хиромида бо ғуруру худписандӣ бар замин роҳ марав, чаро ки наметавонӣ заминро бишикофӣ ва ба баландии кӯҳҳо бирасӣ.

كُلُّ ذَٰلِكَ كَانَ سَيِّئُهُۥ عِندَ رَبِّكَ مَكۡرُوهࣰا ٣٨

38.   Ҳамаи ин корҳое, ки Аллоҳ наҳй кардааст нописанд аст ва Парвардигори ту онҳоро нохуш дорад.

ذَٰلِكَ مِمَّآ أَوۡحَىٰٓ إِلَيۡكَ رَبُّكَ مِنَ ٱلۡحِكۡمَةِۗ وَلَا تَجۡعَلۡ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَ فَتُلۡقَىٰ فِي جَهَنَّمَ مَلُومࣰا مَّدۡحُورًا ٣٩

39.   Эй Паёмбар, ин ҳикматест, ки Парвардигорат ба ту ваҳй кардааст. Эй инсон!
Бо Аллоҳи барҳақ маъбуди дигареро муқаррар макун, ки маломатшудаву рондашуда дар дӯзах андохта шавӣ!

أَفَأَصۡفَىٰكُمۡ رَبُّكُم بِٱلۡبَنِينَ وَٱتَّخَذَ مِنَ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةِ إِنَٰثًاۚ إِنَّكُمۡ لَتَقُولُونَ قَوۡلًا عَظِيمࣰا ٤٠

40.   Оё Парвардигоратон барои шумо махсус писарон интихоб кард ва худ фариштагонро ба духтарӣ ихтиёр кард? Ҳаққо, ки суханест вазнин сухани бисёр бад, ки бар забон меоваред. Нисбат додани он ба Аллоҳ лоиқ нест.(1)
1. Тафсири Табарӣ 17\453

وَلَقَدۡ صَرَّفۡنَا فِي هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانِ لِيَذَّكَّرُواْ وَمَا يَزِيدُهُمۡ إِلَّا نُفُورࣰا ٤١

41.   Ва ба дурустӣ Мо суханони ҳақро гуногун дар ин Қуръон овардем, то ин ки панд гиранд ва он чи ки ба фоидаи онҳост қабул намоянд ва он чи бар зарари онҳост онро тарк намоянд, вале золимон ҷуз ба дур шудан аз ҳақ наяфзоянд.(1)
1. Тафсири Ибни Касир 5\78

قُل لَّوۡ كَانَ مَعَهُۥٓ ءَالِهَةࣱ كَمَا يَقُولُونَ إِذࣰا لَّٱبۡتَغَوۡاْ إِلَىٰ ذِي ٱلۡعَرۡشِ سَبِيلࣰا ٤٢

42.   Эй Паёмбар, ба мушрикон бигӯ: «Ҳамчунон, ки мегӯянд, агар бо Аллоҳ маъбудони дигаре ҳам мебуданд,
пас он маъбудон ба сӯи соҳиби арши бузург роҳе меҷӯстанд».(1)
1. Тафсири Ибни Касир 5\78

سُبۡحَٰنَهُۥ وَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يَقُولُونَ عُلُوࣰّا كَبِيرࣰا ٤٣

43.   Ӯ пок аст ва аз он чи дар борааш мегӯянд, бартару болотар аст.

تُسَبِّحُ لَهُ ٱلسَّمَٰوَٰتُ ٱلسَّبۡعُ وَٱلۡأَرۡضُ وَمَن فِيهِنَّۚ وَإِن مِّن شَيۡءٍ إِلَّا يُسَبِّحُ بِحَمۡدِهِۦ وَلَٰكِن لَّا تَفۡقَهُونَ تَسۡبِيحَهُمۡۚ إِنَّهُۥ كَانَ حَلِيمًا غَفُورࣰا ٤٤

44.   Ҳафт осмону замин ва ҳар чӣ дар миёни инҳост аз махлуқоташ Ӯро ба покӣ ёд мекунанд ва мавҷудоте нест, магар он ки бо ситойиш Ӯро ба покӣ ёд мекунанд, вале шумо (эй одамон) ёд кардани онҳоро намефаҳмед. Ӯ, бурдбор ва омурзанда аст.

وَإِذَا قَرَأۡتَ ٱلۡقُرۡءَانَ جَعَلۡنَا بَيۡنَكَ وَبَيۡنَ ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡأٓخِرَةِ حِجَابࣰا مَّسۡتُورࣰا ٤٥

45.   Эй Муҳаммад, ҳангоме ки Қуръон мехонӣ, миёни ту ва онон, ки ба қиёмат имон намеоваранд, пардаи ғафсе қарор медиҳем, ки аз шунидани он фоидае намебинанд ва роҳ намеёбанд.(1)
1. Тафсири Ибни Касир 5\82

وَجَعَلۡنَا عَلَىٰ قُلُوبِهِمۡ أَكِنَّةً أَن يَفۡقَهُوهُ وَفِيٓ ءَاذَانِهِمۡ وَقۡرࣰاۚ وَإِذَا ذَكَرۡتَ رَبَّكَ فِي ٱلۡقُرۡءَانِ وَحۡدَهُۥ وَلَّوۡاْ عَلَىٰٓ أَدۡبَٰرِهِمۡ نُفُورࣰا ٤٦

46.    Ва бар дилҳошон парда меафканем, то маънои Қуръонро дарнаёбанд ва дар гӯшҳояшон сангинӣ эҷод мекунем. Ва чун Парвардигоратро дар Қуръон ба ягонагӣ ёд кунӣ, боз ба ақиб бо нафрат мегарданду мераманд.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\459

نَّحۡنُ أَعۡلَمُ بِمَا يَسۡتَمِعُونَ بِهِۦٓ إِذۡ يَسۡتَمِعُونَ إِلَيۡكَ وَإِذۡ هُمۡ نَجۡوَىٰٓ إِذۡ يَقُولُ ٱلظَّٰلِمُونَ إِن تَتَّبِعُونَ إِلَّا رَجُلࣰا مَّسۡحُورًا ٤٧

47.    Мо беҳтар медонем, мақсади бади он сардорони Қурайшро, ки чун ба ту гӯш медиҳанд, вақте ки - ту эй Муҳаммад - Қуръон мехонӣ ва ҳол он ки гӯш карданашон аз барои ҳидоят ёфтан ва қабули ҳақ нест, балки аз барои айбгӯйӣ аст ва медонем ҳангоме ки онҳо бо ҳам дар гӯши якдигар сӯҳбат мекунанд. Он замон, ки ситамкорон мегӯянд: «Шумо ба ҷуз марди ҷодукарда касеро пайравӣ намекунед».(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\97

ٱنظُرۡ كَيۡفَ ضَرَبُواْ لَكَ ٱلۡأَمۡثَالَ فَضَلُّواْ فَلَا يَسۡتَطِيعُونَ سَبِيلࣰا ٤٨

48.    Бингар, (эй Муҳаммад) ки чӣ гуна барои ту масалҳо заданд. Гуфтанд Муҳаммад ҷодукарда, шоир ва девона аст, пас гумроҳ шудаанд ва ба сӯи ҳақ роҳ ёфта наметавонанд, то берун оянд.(1)
1. Тафсири Табарӣ 17\462

وَقَالُوٓاْ أَءِذَا كُنَّا عِظَٰمࣰا وَرُفَٰتًا أَءِنَّا لَمَبۡعُوثُونَ خَلۡقࣰا جَدِيدࣰا ٤٩

49.    Гуфтанд (мункирони рӯзи қиёмат): «Оё агар аз мо устухоне бимонад ва хок шавем, боз ҳам бо офаринише нав, аз қабр бармехезем?»

۞ قُلۡ كُونُواْ حِجَارَةً أَوۡ حَدِيدًا ٥٠

50.    Бигӯ эй Муҳаммад, агар тавонед аз ин ҳам зӯру тавоно бошед: Санг бошед ё оҳан, Аллоҳ бозмегардонад шуморо чуноне ки нахустин бор офарид ва ду бора зинда шудани шумо бар Вай осон аст.(1)
1. Тафсири Табарӣ 17\463

أَوۡ خَلۡقࣰا مِّمَّا يَكۡبُرُ فِي صُدُورِكُمۡۚ فَسَيَقُولُونَ مَن يُعِيدُنَاۖ قُلِ ٱلَّذِي فَطَرَكُمۡ أَوَّلَ مَرَّةࣲۚ فَسَيُنۡغِضُونَ إِلَيۡكَ رُءُوسَهُمۡ وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هُوَۖ قُلۡ عَسَىٰٓ أَن يَكُونَ قَرِيبࣰا ٥١

51.    Ё ин ки офаридаи дигаре бошед, ки дар назаратон бузург менамоед, хоҳанд гуфт, чи касе моро бозмегардонад, бигӯ ҳамон Аллоҳе, ки нахустин бор шуморо офарид, пас сарҳояшонро ба савлат такон дода мегӯянд, он кай хоҳад буд? Бигӯ, шояд, ки наздик бошад.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\99

يَوۡمَ يَدۡعُوكُمۡ فَتَسۡتَجِيبُونَ بِحَمۡدِهِۦ وَتَظُنُّونَ إِن لَّبِثۡتُمۡ إِلَّا قَلِيلࣰا ٥٢

52.    Рӯзе, ки Аллоҳ шуморо ба сӯи Худ мехонад ва шумо аз қабр бархеста ситойшгӯён амри Ӯро қабул мекунед ва мепиндоред, ки дар дунё андаке оромидаед.(1)
1. Тафсири Ибни Касир 5\86

وَقُل لِّعِبَادِي يَقُولُواْ ٱلَّتِي هِيَ أَحۡسَنُۚ إِنَّ ٱلشَّيۡطَٰنَ يَنزَغُ بَيۡنَهُمۡۚ إِنَّ ٱلشَّيۡطَٰنَ كَانَ لِلۡإِنسَٰنِ عَدُوࣰّا مُّبِينࣰا ٥٣

53.   Ва ба бандагони ман бигӯ, ки бо якдигар ба беҳтарин шева сухан бигӯянд ва агар он тавр нагӯянд, ба дурустӣ шайтон дар миёни онҳо низоъ (душманӣ ва фасод) меафканад, зеро шайтон душмани ошкорои одамӣ аст!(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\460

رَّبُّكُمۡ أَعۡلَمُ بِكُمۡۖ إِن يَشَأۡ يَرۡحَمۡكُمۡ أَوۡ إِن يَشَأۡ يُعَذِّبۡكُمۡۚ وَمَآ أَرۡسَلۡنَٰكَ عَلَيۡهِمۡ وَكِيلࣰا ٥٤

54.   Парвардигоратон ба ҳоли шумо огоҳтар аст чи кас сазовори ҳидоят аст ва чи кас сазовор нест. Агар бихоҳад, бар шумо раҳм мекунад ва ба сӯи имон тавфиқ мефармояд ва агар бихоҳад, бар куфр шуморо мемиронад, азобатон мекунад ва мо туро, - эй Муҳаммад,- нигоҳбони онҳо ва муроқиби аҳволи онон нафиристодаем(1).
1. Тафсири Ибни Касир 5\87

وَرَبُّكَ أَعۡلَمُ بِمَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۗ وَلَقَدۡ فَضَّلۡنَا بَعۡضَ ٱلنَّبِيِّـۧنَ عَلَىٰ بَعۡضࣲۖ وَءَاتَيۡنَا دَاوُۥدَ زَبُورࣰا ٥٥

55.   Ва Парвардигори ту ба касе, ки дар осмонҳову замин аст, огоҳтар аст. Баъзе аз паёмбаронро бар баъзе дигар бартарӣ ниҳодем (ба бузургӣ ва ба бисёр уммат доштанашон) ва ба Довуд Забурро додем.

قُلِ ٱدۡعُواْ ٱلَّذِينَ زَعَمۡتُم مِّن دُونِهِۦ فَلَا يَمۡلِكُونَ كَشۡفَ ٱلضُّرِّ عَنكُمۡ وَلَا تَحۡوِيلًا ٥٦

56.   Бигӯ эй Муҳаммад, ба мушрикони қавмат: «Онҳоеро, ки ҷуз Аллоҳи барҳақ (маъбуди дигаре) мепиндоред, фаро бихонед. Наметавонанд балоро (қаҳтию гуруснагиро) аз шумо дур созанд ё онро насиби дигарон кунанд!». Пас қодир бар ҳама чиз ягона Аллоҳ аст.(1)
1. Тафсири Ибни Касир 5\88

أُوْلَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ يَدۡعُونَ يَبۡتَغُونَ إِلَىٰ رَبِّهِمُ ٱلۡوَسِيلَةَ أَيُّهُمۡ أَقۡرَبُ وَيَرۡجُونَ رَحۡمَتَهُۥ وَيَخَافُونَ عَذَابَهُۥٓۚ إِنَّ عَذَابَ رَبِّكَ كَانَ مَحۡذُورࣰا ٥٧

57.    Касонеро, ки кофирон мепарастанд; аз паёмбарон, фариштагон ва солеҳон,
ки худашон ба сӯи Парвардигори хеш василаи наздикиро талаб мекунанд, ки кадом яке аз онҳо наздиктар бошад ва ба раҳмати Ӯ умедворанд ва аз азоби Ӯ метарсанд. Бегумон азоби Парвардигорат тарснок аст!(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\460

وَإِن مِّن قَرۡيَةٍ إِلَّا نَحۡنُ مُهۡلِكُوهَا قَبۡلَ يَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ أَوۡ مُعَذِّبُوهَا عَذَابࣰا شَدِيدࣰاۚ كَانَ ذَٰلِكَ فِي ٱلۡكِتَٰبِ مَسۡطُورࣰا ٥٨

58.    Ва ҳеҷ шаҳре (аз шаҳрҳое, ки паёмбаронро дурӯғ бароварданд) нест, магар ин ки мо пеш аз фаро расидани рӯзи қиёмат ҳалокаш мекунем ё ба азобе сахт гирифтораш месозем. Ва ин дар он китоби Лавҳи Маҳфуз навишта шудааст.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\460

وَمَا مَنَعَنَآ أَن نُّرۡسِلَ بِٱلۡأٓيَٰتِ إِلَّآ أَن كَذَّبَ بِهَا ٱلۡأَوَّلُونَۚ وَءَاتَيۡنَا ثَمُودَ ٱلنَّاقَةَ مُبۡصِرَةࣰ فَظَلَمُواْ بِهَاۚ وَمَا نُرۡسِلُ بِٱلۡأٓيَٰتِ إِلَّا تَخۡوِيفࣰا ٥٩

59.   Моро аз нузули мӯъҷизот бознадошт, магар ин ки умматони пешина пас
аз мушоҳида дурӯғаш мепиндоштанд. Ба қавми Самуд ба унвони мӯъҷизае равшан модашутурро додем. Бар он ситам карданд кофир шуданд, пас ҳалокашон кардем ва Мо ин мӯъҷизотро ҷуз барои тарсонидан барои чизи дигаре намефиристем.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\460

وَإِذۡ قُلۡنَا لَكَ إِنَّ رَبَّكَ أَحَاطَ بِٱلنَّاسِۚ وَمَا جَعَلۡنَا ٱلرُّءۡيَا ٱلَّتِيٓ أَرَيۡنَٰكَ إِلَّا فِتۡنَةࣰ لِّلنَّاسِ وَٱلشَّجَرَةَ ٱلۡمَلۡعُونَةَ فِي ٱلۡقُرۡءَانِۚ وَنُخَوِّفُهُمۡ فَمَا يَزِيدُهُمۡ إِلَّا طُغۡيَٰنࣰا كَبِيرࣰا ٦٠

60.   Ва ба ёд ор эй Расул, он гоҳ ки туро гуфтем: Парвардигорат бар ҳамаи мардум огоҳии комил дорад ва он дидореро, ки дар шаби Меъроҷ барои ту муяссар кардем ва қиссаи дарахти малъун,(1) ки дар Қуръон омадааст, ба ҷуз озмойиш барои мардум чизи дигар набуд. Мо мардумро метарсонем, вале танҳо боз куфру саркашияшон афзуда мешавад.
1. Яъне, кофирон бинобар шунидани қиссаи Меъроҷ ва дарахти заққум, тасдиқ накарданд ва истеҳзову масхара мекарданд, ки дар дӯзах дарахт чӣ гуна мерӯяд. Тафсири Бағавӣ 5 \ 103

وَإِذۡ قُلۡنَا لِلۡمَلَٰٓئِكَةِ ٱسۡجُدُواْ لِأٓدَمَ فَسَجَدُوٓاْ إِلَّآ إِبۡلِيسَ قَالَ ءَأَسۡجُدُ لِمَنۡ خَلَقۡتَ طِينࣰا ٦١

61.   Ва ёд ор чун ба фариштагон гуфтем: «Одамро саҷда кунед». Пас ҳама саҷда карданд, ба ҷуз Иблис, ки такаббур карда гуфт: «Оё барои касе, ки аз гил офаридаӣ, саҷда кунам?»(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\461

قَالَ أَرَءَيۡتَكَ هَٰذَا ٱلَّذِي كَرَّمۡتَ عَلَيَّ لَئِنۡ أَخَّرۡتَنِ إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ لَأَحۡتَنِكَنَّ ذُرِّيَّتَهُۥٓ إِلَّا قَلِيلࣰا ٦٢

62.   Шайтон гуфт: «Ба ман бигӯй, оё ин ҳамон касе аст, бар ман бартарӣ додаӣ, ин басо ҷои тааҷҷуб аст. Агар маро то рӯзи қиёмат мӯҳлат диҳӣ, фарзандони ӯро ҷуз андакеашон ба гумроҳи кашонида аз бех барканам» ва нобудашон созам.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\104

قَالَ ٱذۡهَبۡ فَمَن تَبِعَكَ مِنۡهُمۡ فَإِنَّ جَهَنَّمَ جَزَآؤُكُمۡ جَزَآءࣰ مَّوۡفُورࣰا ٦٣

63.   Аллоҳ Фармуд: «Бирав, ҷазои ту ва ҳар кас, ки пайрави ту гардад, ҷаҳаннам аст, ба дурустӣ, ки ҷазои сазовору комил аст!»

وَٱسۡتَفۡزِزۡ مَنِ ٱسۡتَطَعۡتَ مِنۡهُم بِصَوۡتِكَ وَأَجۡلِبۡ عَلَيۡهِم بِخَيۡلِكَ وَرَجِلِكَ وَشَارِكۡهُمۡ فِي ٱلۡأَمۡوَٰلِ وَٱلۡأَوۡلَٰدِ وَعِدۡهُمۡۚ وَمَا يَعِدُهُمُ ٱلشَّيۡطَٰنُ إِلَّا غُرُورًا ٦٤

64.   Бо фарёди хеш ҳар киро тавонӣ, аз ҷой биҷунбон (ба сӯи маъсият) ва бо ёрии саворону пиёдагонат бар онон битоз ва дар молу фарзанд ба (касби ҳаром) бо онон шарик шав ва ба пайравонат ваъдаи дурӯғ бидеҳ. Ва ҳол он ки шайтон ҷуз ба фиребе ваъдаи дигарашон надиҳад!(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\461

إِنَّ عِبَادِي لَيۡسَ لَكَ عَلَيۡهِمۡ سُلۡطَٰنࣱۚ وَكَفَىٰ بِرَبِّكَ وَكِيلࣰا ٦٥

65.   Бегумон туро бар бандагони Ман ононе, ки ба ихлос маро фармонбардорӣ мекунанд, ҳеҷ ғолибияте набошад ва Парвардигори ту (эй Муҳаммад) барои нигаҳбонии мӯъминон аз макри шайтон кофист!»(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\461

رَّبُّكُمُ ٱلَّذِي يُزۡجِي لَكُمُ ٱلۡفُلۡكَ فِي ٱلۡبَحۡرِ لِتَبۡتَغُواْ مِن فَضۡلِهِۦٓۚ إِنَّهُۥ كَانَ بِكُمۡ رَحِيمࣰا ٦٦

66.   Парвардигори шумост, ки киштиҳоро дар баҳрҳо бароятон равон мекунад, то аз фазли Ӯ рӯзии худ ба даст оред. Зеро бо шумо меҳрубон аст.

وَإِذَا مَسَّكُمُ ٱلضُّرُّ فِي ٱلۡبَحۡرِ ضَلَّ مَن تَدۡعُونَ إِلَّآ إِيَّاهُۖ فَلَمَّا نَجَّىٰكُمۡ إِلَى ٱلۡبَرِّ أَعۡرَضۡتُمۡۚ وَكَانَ ٱلۡإِنسَٰنُ كَفُورًا ٦٧

67.   Чун дар дарё ба шумо сахтӣ (ғарқ шудан) бирасад, ҳамаи онҳое, ки мепарастед, аз назаратон гум шаванд, ғайр аз Аллоҳ. Ва чун дуои шуморо қабул кунад ба соҳили наҷот бирасонад, аз тоати Ӯ рӯй мегардонед, зеро одамӣ як махлуқи бисёр носипос аст!(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\107

أَفَأَمِنتُمۡ أَن يَخۡسِفَ بِكُمۡ جَانِبَ ٱلۡبَرِّ أَوۡ يُرۡسِلَ عَلَيۡكُمۡ حَاصِبࣰا ثُمَّ لَا تَجِدُواْ لَكُمۡ وَكِيلًا ٦٨

68.   Оё эмин ҳастед аз ин ки ногаҳон шуморо дар гӯшае аз замин фурӯ барад, ё тундбоди регборе, чунон ки бар қавми Лут алайҳиссалом фиристода буд, бар шумо бифиристад, сипас барои худ ҳеҷ нигаҳбоне намеёбед?(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\108

أَمۡ أَمِنتُمۡ أَن يُعِيدَكُمۡ فِيهِ تَارَةً أُخۡرَىٰ فَيُرۡسِلَ عَلَيۡكُمۡ قَاصِفࣰا مِّنَ ٱلرِّيحِ فَيُغۡرِقَكُم بِمَا كَفَرۡتُمۡ ثُمَّ لَا تَجِدُواْ لَكُمۡ عَلَيۡنَا بِهِۦ تَبِيعࣰا ٦٩

69.   Ё эмин шудаед аз ин ки бори дигар шуморо ба дарё бозгардонад ва тӯфони тунди киштишикан бар шумо бифиристад ва ба хотири ношукргузорие, ки варзидаед, ғарқатон созад? Баъд аз он касеро наёбед, ки дар баробари он чи бо шумо кардаем аз Мо интиқом бигирад. Ҳамоно Аллоҳ ба андозаи заррае бар шумо ситам накардааст.(1)
1. Тафсири Ибни Касир 5\97

۞ وَلَقَدۡ كَرَّمۡنَا بَنِيٓ ءَادَمَ وَحَمَلۡنَٰهُمۡ فِي ٱلۡبَرِّ وَٱلۡبَحۡرِ وَرَزَقۡنَٰهُم مِّنَ ٱلطَّيِّبَٰتِ وَفَضَّلۡنَٰهُمۡ عَلَىٰ كَثِيرࣲ مِّمَّنۡ خَلَقۡنَا تَفۡضِيلࣰا ٧٠

70.   Ва ба ростӣ, Мо фарзандони Одамро гиромӣ доштем ба ақл ва ба фиристонидани паёмбарон ва ҳама чизро барояш мутеъ гардондем ва бар баҳру хушкӣ бар савориҳои гуногун савор кардем ва аз чизҳои хушу покиза рӯзӣ додем ва бар бисёре аз махлуқоти хеш бартариашон додаем.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\463

يَوۡمَ نَدۡعُواْ كُلَّ أُنَاسِۭ بِإِمَٰمِهِمۡۖ فَمَنۡ أُوتِيَ كِتَٰبَهُۥ بِيَمِينِهِۦ فَأُوْلَٰٓئِكَ يَقۡرَءُونَ كِتَٰبَهُمۡ وَلَا يُظۡلَمُونَ فَتِيلࣰا ٧١

71.   (Ба ёд ор эй Паёмбар), рӯзе, ки ҳар гурӯҳе аз мардумро бо пешвоёнашон бихонем, номаи аъмоли ҳар ки ба дасти росташ дода шавад, пас онҳо номаи аъмолашонро мехонанд ва ба андозаи риштаи борике, ки дар даруни донаи хурмост (киноя аз чизи кам) ситам намебинанд.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\463

وَمَن كَانَ فِي هَٰذِهِۦٓ أَعۡمَىٰ فَهُوَ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ أَعۡمَىٰ وَأَضَلُّ سَبِيلࣰا ٧٢

72.  Ва ҳар ки дар ин дунё нобино бошад (аз далелҳои қудрати Аллоҳ),(1) дар охират низ нобино ва гумроҳтар аст.
1. Тафсири Табарӣ 17\505

وَإِن كَادُواْ لَيَفۡتِنُونَكَ عَنِ ٱلَّذِيٓ أَوۡحَيۡنَآ إِلَيۡكَ لِتَفۡتَرِيَ عَلَيۡنَا غَيۡرَهُۥۖ وَإِذࣰا لَّٱتَّخَذُوكَ خَلِيلࣰا ٧٣

73.  Ва наздик буд, ки туро (эй Муҳаммад, мушрикон) аз он чи бар ту ваҳй карда будем, бероҳа созанд, то ғайри ҳукми Қуръонро ба дурӯғ ба мо нисбат бидиҳӣ, он гоҳ бо ту дӯстӣ кунанд.

وَلَوۡلَآ أَن ثَبَّتۡنَٰكَ لَقَدۡ كِدتَّ تَرۡكَنُ إِلَيۡهِمۡ شَيۡـࣰٔا قَلِيلًا ٧٤

74.   Ва агар Мо туро устувор бар ҳақ намедоштем, наздик будӣ, ки (аз бисёр рағбат доштанат дар ҳидояти онҳо) ба сӯяшон андаке майл кунӣ.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\463

إِذࣰا لَّأَذَقۡنَٰكَ ضِعۡفَ ٱلۡحَيَوٰةِ وَضِعۡفَ ٱلۡمَمَاتِ ثُمَّ لَا تَجِدُ لَكَ عَلَيۡنَا نَصِيرࣰا ٧٥

75.   Он гоҳ азоби дунё ва азоби охиратро ба ту мечашондем ва барои худ дар баробари Мо ёваре намеёфтӣ.

وَإِن كَادُواْ لَيَسۡتَفِزُّونَكَ مِنَ ٱلۡأَرۡضِ لِيُخۡرِجُوكَ مِنۡهَاۖ وَإِذࣰا لَّا يَلۡبَثُونَ خِلَٰفَكَ إِلَّا قَلِيلࣰا ٧٦

76.   Ва наздик буд, ки туро мушрикон аз ин сарзамини Макка билағжонанд, то овораат созанд. Ва худ пас аз ту ҷуз андак замоне намемонданд.

سُنَّةَ مَن قَدۡ أَرۡسَلۡنَا قَبۡلَكَ مِن رُّسُلِنَاۖ وَلَا تَجِدُ لِسُنَّتِنَا تَحۡوِيلًا ٧٧

77.Суннати Аллоҳ дар бораи паёмбароне, ки пеш аз ту фиристодаем, низ чунин аст ва суннати моро тағйирпазир наёбӣ.

أَقِمِ ٱلصَّلَوٰةَ لِدُلُوكِ ٱلشَّمۡسِ إِلَىٰ غَسَقِ ٱلَّيۡلِ وَقُرۡءَانَ ٱلۡفَجۡرِۖ إِنَّ قُرۡءَانَ ٱلۡفَجۡرِ كَانَ مَشۡهُودࣰا ٧٨

78.   Аз ҳангоми заволи хуршед, то он гоҳ ки шаб фаро мерасад, намозро барпой дор ва намози субҳгоҳро бихон. Бегумон дар намози субҳгоҳ ҳамаи фариштагони шаб ва фариштагони рӯз ҳозир шаванд.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\114

وَمِنَ ٱلَّيۡلِ فَتَهَجَّدۡ بِهِۦ نَافِلَةࣰ لَّكَ عَسَىٰٓ أَن يَبۡعَثَكَ رَبُّكَ مَقَامࣰا مَّحۡمُودࣰا ٧٩

79.   Ва дар қисмате аз шаб бархез ва намози таҳаҷҷуд бихон. Ин нофила (намози шаб) хоси ту аст. Бошад, ки Парвардигорат туро
ба мақоме писандида бирасонад.

وَقُل رَّبِّ أَدۡخِلۡنِي مُدۡخَلَ صِدۡقࣲ وَأَخۡرِجۡنِي مُخۡرَجَ صِدۡقࣲ وَٱجۡعَل لِّي مِن لَّدُنكَ سُلۡطَٰنࣰا نَّصِيرࣰا ٨٠

80.   Бигӯ: «Эй Парвардигори ман, маро ба таври ростиву писандида (ба ҳар коре) дохил кун ва ба таври ростиву писандида берун бар ва маро аз ҷониби худ пирӯзиву ёрӣ ато кун!

وَقُلۡ جَآءَ ٱلۡحَقُّ وَزَهَقَ ٱلۡبَٰطِلُۚ إِنَّ ٱلۡبَٰطِلَ كَانَ زَهُوقࣰا ٨١

81.   Бигӯ (эй Муҳаммад барои мушрикон): «Ҳақ (ислом) омад ва ботил (ширк) нобуд гашт. Бегумон ботил ҳамеша аз миён рафтани ва нобуд шуданӣ аст.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\114

وَنُنَزِّلُ مِنَ ٱلۡقُرۡءَانِ مَا هُوَ شِفَآءࣱ وَرَحۡمَةࣱ لِّلۡمُؤۡمِنِينَ وَلَا يَزِيدُ ٱلظَّٰلِمِينَ إِلَّا خَسَارࣰا ٨٢

82.   Ва аз Қуръон он чиро фуруд меорем, ки вай барои дилҳои мӯъминон шифо мебахшад; аз шакку нифоқ ва ҷаҳолат ва низ шифо мебахшад ба хондани касалиҳои баданӣ ва Қуръон низ раҳмат аст, вале кофирон аз шунидани он ва набудани имонашон
ба он, барояшон ҷуз зиёне намеафзояд.(1)
1. Тафсири Ибни Касир 5\112

وَإِذَآ أَنۡعَمۡنَا عَلَى ٱلۡإِنسَٰنِ أَعۡرَضَ وَنَـَٔا بِجَانِبِهِۦ وَإِذَا مَسَّهُ ٱلشَّرُّ كَانَ يَـُٔوسࣰا ٨٣

83.   Чун ба инсон неъмат ато кунем (мол, офият, ризқу нусрат)(1), рӯйгардон шуда ва хештан канор мекашад ва такаббур меварзад ва чун сахтӣ ба ӯ расад, маъюс ва ноумед мешавад.
1. Тафсири Ибни Касир 5\113

قُلۡ كُلࣱّ يَعۡمَلُ عَلَىٰ شَاكِلَتِهِۦ فَرَبُّكُمۡ أَعۡلَمُ بِمَنۡ هُوَ أَهۡدَىٰ سَبِيلࣰا ٨٤

84.   Бигӯ: «Ҳар кас ба равиши хеш коре мекунад ва Парвардигоратон беҳтар медонад, ки чи касе роҳ ёфтатараст».

وَيَسۡـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلرُّوحِۖ قُلِ ٱلرُّوحُ مِنۡ أَمۡرِ رَبِّي وَمَآ أُوتِيتُم مِّنَ ٱلۡعِلۡمِ إِلَّا قَلِيلࣰا ٨٥

85.   Туро эй Паёмбар, мушрикон аз ҳақиқати рӯҳ(1) мепурсанд. Бигӯ: «Рӯҳ чизе аст, ки танҳо Парвардигори ман аз он огоҳ аст ва шумо ва ҷамиъи мардум аз илм ба ҷуз андаке, чизе дода нашудаед».
4. Рӯҳе, ки инсон ба он зинда аст. Тафсири Бағавӣ 5 \ 126

وَلَئِن شِئۡنَا لَنَذۡهَبَنَّ بِٱلَّذِيٓ أَوۡحَيۡنَآ إِلَيۡكَ ثُمَّ لَا تَجِدُ لَكَ بِهِۦ عَلَيۡنَا وَكِيلًا ٨٦

86.   Агар бихоҳем ҳамаи Қуръонро, ки бар ту ваҳй кардаем, аз дили ту бармедорем ва онгоҳ касеро нахоҳӣ ёфт, ки дар ин бора дар баробари Мо аз ту дифоъ кунад, ё ки Қуръонро бар ту бозгардонад.

إِلَّا رَحۡمَةࣰ مِّن رَّبِّكَۚ إِنَّ فَضۡلَهُۥ كَانَ عَلَيۡكَ كَبِيرࣰا ٨٧

87.   Магар боқӣ гузоштани Қуръон дар дили ту, ба сабаби раҳмате аз ҷониби Парвардигорат аст, ки воқеъан инъоми Ӯ(1). дар бораи ту бисёр аст.
1. Қуръони азим, мақоми маҳмуд ва дигар неъматҳое, ки ба дигар ҷаҳониён дода нашудааст. Тафсири Табарӣ 17\546

قُل لَّئِنِ ٱجۡتَمَعَتِ ٱلۡإِنسُ وَٱلۡجِنُّ عَلَىٰٓ أَن يَأۡتُواْ بِمِثۡلِ هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانِ لَا يَأۡتُونَ بِمِثۡلِهِۦ وَلَوۡ كَانَ بَعۡضُهُمۡ لِبَعۡضࣲ ظَهِيرࣰا ٨٨

88.   Бигӯ: «Агар инсу ҷин гирд оянд ва иттифоқ кунанд, то монанди ин Қуръонро биёваранд, ҳаргиз наметавонанд монанди онро биёваранд, ҳарчанд, ки якдигарро ёрӣ диҳанд».

وَلَقَدۡ صَرَّفۡنَا لِلنَّاسِ فِي هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانِ مِن كُلِّ مَثَلࣲ فَأَبَىٰٓ أَكۡثَرُ ٱلنَّاسِ إِلَّا كُفُورࣰا ٨٩

89.   Ва ба ростӣ, ки дар ин Қуръон ҳар масъаларо барои мардум бо шеваҳои гуногун баён доштем, вале бештари мардум ҷуз инкор ва ношукрӣ напазиранд.

وَقَالُواْ لَن نُّؤۡمِنَ لَكَ حَتَّىٰ تَفۡجُرَ لَنَا مِنَ ٱلۡأَرۡضِ يَنۢبُوعًا ٩٠

90.   Мушрикон гуфтанд: «Ба ту (эй Муҳаммад) мо ҳаргиз имон намеоварем, магар ин ки барои мо аз замин чашмае равон созӣ,

أَوۡ تَكُونَ لَكَ جَنَّةࣱ مِّن نَّخِيلࣲ وَعِنَبࣲ فَتُفَجِّرَ ٱلۡأَنۡهَٰرَ خِلَٰلَهَا تَفۡجِيرًا ٩١

91.   ё туро боғе бошад аз дарахтони хурмову ангур, ки дар мобайнаш наҳрҳоро фаровон ҷорӣ гардонӣ,

أَوۡ تُسۡقِطَ ٱلسَّمَآءَ كَمَا زَعَمۡتَ عَلَيۡنَا كِسَفًا أَوۡ تَأۡتِيَ بِٱللَّهِ وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةِ قَبِيلًا ٩٢

92.   ё чунон ки иддаъо мекунӣ, осмонро пора-пора бар сари мо фуруд оварй ё Аллоҳу фариштагонро пеши мо ҳозир гардонӣ,

أَوۡ يَكُونَ لَكَ بَيۡتࣱ مِّن زُخۡرُفٍ أَوۡ تَرۡقَىٰ فِي ٱلسَّمَآءِ وَلَن نُّؤۡمِنَ لِرُقِيِّكَ حَتَّىٰ تُنَزِّلَ عَلَيۡنَا كِتَٰبࣰا نَّقۡرَؤُهُۥۗ قُلۡ سُبۡحَانَ رَبِّي هَلۡ كُنتُ إِلَّا بَشَرࣰا رَّسُولࣰا ٩٣

93.   ё туро хонае аз зарру зевар бошад ё ба сӯи осмон боло равӣ. Ва мо ба осмон боло рафтанатро ҳам бовар намекунем, магар ин ки китобе ҳамроҳи худ барои мо биёварӣ, ки онро хонем». Бигӯ эй Муҳаммад барояшон: «Парвардигори ман пок аст. Ба дурустӣ ман танҳо банда ва фиристодае аз сӯи Аллоҳ барои ҳидояти мардумонам.»

وَمَا مَنَعَ ٱلنَّاسَ أَن يُؤۡمِنُوٓاْ إِذۡ جَآءَهُمُ ٱلۡهُدَىٰٓ إِلَّآ أَن قَالُوٓاْ أَبَعَثَ ٱللَّهُ بَشَرࣰا رَّسُولࣰا ٩٤

94.   Ҳеҷ чиз мардумро аз имон овардан бознадошт, он гоҳ ки ҳидояташон омад, магар ин ки (аз рӯи ҷаҳл ва инкор)(1) мегуфтанд: «Оё Аллоҳ инсонеро ба унвони пайғамбарӣ фиристодааст?»
1. Тафсири Бағавӣ 5\131

قُل لَّوۡ كَانَ فِي ٱلۡأَرۡضِ مَلَٰٓئِكَةࣱ يَمۡشُونَ مُطۡمَئِنِّينَ لَنَزَّلۡنَا عَلَيۡهِم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ مَلَكࣰا رَّسُولࣰا ٩٥

95. Бигӯ эй Паёмбар, дар ҷавоби инкорашон: Агар дар рӯи замин ба ҷои инсонҳо фариштагон мезистанд ва бо пойи худ мисли инсонҳо ба оромӣ роҳ мерафтанд, барояшон ба паёмбарӣ фариштае аз осмон нозил мекардем, вале аҳли рӯи замин башаранд, пас сазовор аст, ки паёмбар аз ҷинси башар бошад, то суханашро бифаҳманд.(1)
1. Тафсири Табарӣ 17\558

قُلۡ كَفَىٰ بِٱللَّهِ شَهِيدَۢا بَيۡنِي وَبَيۡنَكُمۡۚ إِنَّهُۥ كَانَ بِعِبَادِهِۦ خَبِيرَۢا بَصِيرࣰا ٩٦

96. Бигӯ: «Аллоҳ ба унвони гувоҳ миёни сидқи ману саркашии шумо кофист, зеро Ӯ аз ҳоли бандагонаш огоҳу биност!»

وَمَن يَهۡدِ ٱللَّهُ فَهُوَ ٱلۡمُهۡتَدِۖ وَمَن يُضۡلِلۡ فَلَن تَجِدَ لَهُمۡ أَوۡلِيَآءَ مِن دُونِهِۦۖ وَنَحۡشُرُهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ عَلَىٰ وُجُوهِهِمۡ عُمۡيࣰا وَبُكۡمࣰا وَصُمࣰّاۖ مَّأۡوَىٰهُمۡ جَهَنَّمُۖ كُلَّمَا خَبَتۡ زِدۡنَٰهُمۡ سَعِيرࣰا ٩٧

97. Ва ҳар киро Аллоҳ ҳидоят кунад, ҳидоятёфтааст. Ва ҳар касеро гумроҳ созад, ҷуз Аллоҳи барҳақ барои онҳо сарпарасте наёбӣ ва дар рӯзи қиёмат, дар ҳоле ки чеҳраҳояшон рӯ ба замин аст, кӯру гунг ва кар(1) зинда ва ҷамъашон мекунем ва ҷаҳаннам ҷойгоҳи онҳост, ҳар вақте ки шӯълаи он фурӯ нишинад, барояшон онро биафзоем.
1. Яъне, намебинанд ва сухан намезананд ва намешунаванд ҳақро, инчунин дар охират ҷазояшшон кӯру гунг ва каранд. Тафсири Ибни Касир 5 \ 123

ذَٰلِكَ جَزَآؤُهُم بِأَنَّهُمۡ كَفَرُواْ بِـَٔايَٰتِنَا وَقَالُوٓاْ أَءِذَا كُنَّا عِظَٰمࣰا وَرُفَٰتًا أَءِنَّا لَمَبۡعُوثُونَ خَلۡقࣰا جَدِيدًا ٩٨

98.   Ин ҷазои онҳост, зеро ба оёти Мо имон наёварданд ва гуфтанд: «Оё чун мо устухон шудему хок, моро ба сурати тозае зинда мекунанд?»

۞ أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ أَنَّ ٱللَّهَ ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ قَادِرٌ عَلَىٰٓ أَن يَخۡلُقَ مِثۡلَهُمۡ وَجَعَلَ لَهُمۡ أَجَلࣰا لَّا رَيۡبَ فِيهِ فَأَبَى ٱلظَّٰلِمُونَ إِلَّا كُفُورࣰا ٩٩

99.   Оё намедонанд, инҳо мушрикон, ки Аллоҳе, ки осмонҳову заминро аз нестӣ офаридааст, қодир аст, ки монанди онҳоро баъд аз фанояшон биёфаринад ва барояшон муддати умре ниҳода, ки дар он шакке нест? Аммо золимон ҷуз куфр ва инкор чизи дигареро қабул накарданд.(1)
1. Тафсири Ибни Касир 5 \ 123

قُل لَّوۡ أَنتُمۡ تَمۡلِكُونَ خَزَآئِنَ رَحۡمَةِ رَبِّيٓ إِذࣰا لَّأَمۡسَكۡتُمۡ خَشۡيَةَ ٱلۡإِنفَاقِۚ وَكَانَ ٱلۡإِنسَٰنُ قَتُورࣰا ١٠٠

100. Бигӯ (эй Муҳаммад барояшон): "Агар шумо, - эй мардум, - молики ҳамаи хазинаҳои раҳмати Парвардигори ман мебудед, аз бими тангдастӣ бахилӣ пеша мекардед, зеро одамӣ бисёр бахил (ва тангназар) аст!"

وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَا مُوسَىٰ تِسۡعَ ءَايَٰتِۭ بَيِّنَٰتࣲۖ فَسۡـَٔلۡ بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ إِذۡ جَآءَهُمۡ فَقَالَ لَهُۥ فِرۡعَوۡنُ إِنِّي لَأَظُنُّكَ يَٰمُوسَىٰ مَسۡحُورࣰا ١٠١

101. Аз банӣ Исроил бипурс, ки чун Мӯсо назди онон омад, ба ӯ нӯҳ нишонаи ошкоро(1) дода будем. Ва Фиръавн ба ӯ гуфт: «Эй Мӯсо, пиндорам, ки туро ҷоду карда бошанд».
1. Ва онҳо: асо, даст, қаҳтӣ, баҳр, тӯфон, малах, шабушк, қурбоққа ва хун мебошанд. Тафсири Ибни Касир 5 \ 124

قَالَ لَقَدۡ عَلِمۡتَ مَآ أَنزَلَ هَٰٓؤُلَآءِ إِلَّا رَبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ بَصَآئِرَ وَإِنِّي لَأَظُنُّكَ يَٰفِرۡعَوۡنُ مَثۡبُورࣰا ١٠٢

102. Мӯсо ба Фиръавн гуф «Ба ҳақиқат медонӣ, ин нишонаҳои ошкорро ҷуз Парвардигори осмонҳову замин нафиристодааст. Ва ман, эй Фиръавн, туро ба яқин ҳалокшуда мебинам».

فَأَرَادَ أَن يَسۡتَفِزَّهُم مِّنَ ٱلۡأَرۡضِ فَأَغۡرَقۡنَٰهُ وَمَن مَّعَهُۥ جَمِيعࣰا ١٠٣

103. Фиръавн қасди он дошт, ки онҳоро аз он сарзамин (Миср) барканад, вале Мо, ӯ ва ҳамаи ҳамроҳонашро ғарқ сохтем.

وَقُلۡنَا مِنۢ بَعۡدِهِۦ لِبَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ ٱسۡكُنُواْ ٱلۡأَرۡضَ فَإِذَا جَآءَ وَعۡدُ ٱلۡأٓخِرَةِ جِئۡنَا بِكُمۡ لَفِيفࣰا ١٠٤

104. Ва пас аз Фиръавн ва лашкараш ба банӣ Исроил гуфтем: «Дар он сарзамини
Шом сокин шавед ва чун ваъдаи охират расад, ҳамаи шуморо бо ҳам зиндаву ҷамъ
мекунем».(1)
1. Тафсири Табарӣ 17\572

وَبِٱلۡحَقِّ أَنزَلۡنَٰهُ وَبِٱلۡحَقِّ نَزَلَۗ وَمَآ أَرۡسَلۡنَٰكَ إِلَّا مُبَشِّرࣰا وَنَذِيرࣰا ١٠٥

105.  Ин Қуръонро ба ҳақ нозил
кардаем (бар Муҳаммад саллаллоху алайҳи ва саллам) ва ба ҳақ ва сидқ, адл ва аз тағиру табдил нигоҳ дошташуда нозил шудааст ва туро нафиристодем, магар он ки мужда диҳӣ ба ҷаннат он касеро, ки фармонбардорӣ мекунад ва бим диҳӣ ба дӯзах он касеро, ки нофармонбардорӣ ва куфр меварзад.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\468

وَقُرۡءَانࣰا فَرَقۡنَٰهُ لِتَقۡرَأَهُۥ عَلَى ٱلنَّاسِ عَلَىٰ مُكۡثࣲ وَنَزَّلۡنَٰهُ تَنزِيلࣰا ١٠٦

106.  Ва Қуръонро кам-кам (дар муддати бисту се сол) ба гунаи оятҳо ва бахшҳои ҷудогона нозил кардем, то ту онро оҳиста-оҳиста ва андак-андак бар мардум бихонӣ ва ба ин васила ҷазби дилҳо ва андешаҳо шавад ва дар амал ҷорӣ гардад. Ва Қуръонро ба ҳақ фурӯ фиристодем ва ба ҳақ фуруд омадааст.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\468

قُلۡ ءَامِنُواْ بِهِۦٓ أَوۡ لَا تُؤۡمِنُوٓاْۚ إِنَّ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡعِلۡمَ مِن قَبۡلِهِۦٓ إِذَا يُتۡلَىٰ عَلَيۡهِمۡ يَخِرُّونَۤ لِلۡأَذۡقَانِۤ سُجَّدࣰاۤ ١٠٧

107.  Бигӯ эй кофирон: «Хоҳ ба Қуръон имон биёваред ё имон наёваред ихтиёри хушбахтӣ ва бадбахтии худатонро доред, вале бидонед, ки эъҷоз ва ҳақиқати Қуръон равшан аст. Онон, ки аз ин пеш дониш омӯхтаанд ва бо Таврот ва Инҷили ростин сару кор доштаанд, чун Қуръон барояшон тиловат шавад, саҷдакунон бар рӯй меафтанд ва сари таслим дар баробари Аллоҳ фуруд меоваранд ва ӯро сипос мегӯянд (1)
1. Тафсири Ибни Касир 5\128

وَيَقُولُونَ سُبۡحَٰنَ رَبِّنَآ إِن كَانَ وَعۡدُ رَبِّنَا لَمَفۡعُولࣰا ١٠٨

108.  ва мегӯянд: Пок аст Парвардигори мо аз он чи ки Ӯро нисбат медиҳанд мушрикон. Ваъдаи Парвардигори мо анҷом
ёфтанист, ки дар он хилоф ва шакке нест.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\461

وَيَخِرُّونَ لِلۡأَذۡقَانِ يَبۡكُونَ وَيَزِيدُهُمۡ خُشُوعࣰا۩ ١٠٩

109.  Ва ба рӯй меафтанд ва мегирянд ва Қуръон фурӯтании онҳоро меафзояд.

قُلِ ٱدۡعُواْ ٱللَّهَ أَوِ ٱدۡعُواْ ٱلرَّحۡمَٰنَۖ أَيࣰّا مَّا تَدۡعُواْ فَلَهُ ٱلۡأَسۡمَآءُ ٱلۡحُسۡنَىٰۚ وَلَا تَجۡهَرۡ بِصَلَاتِكَ وَلَا تُخَافِتۡ بِهَا وَٱبۡتَغِ بَيۡنَ ذَٰلِكَ سَبِيلࣰا ١١٠

110.  Бигӯ (эй Муҳаммад барои мушрикони қавмат), ононе, ки бар ту ин гуна дуо карданро инкор намуданд: чӣ Аллоҳро бихонед, чӣ Раҳмонро бихонед фарқе намекунад, ҳар кадомро ки аз асмои ҳусно, ки бихонед монеъ надорад, номҳои некӯ аз они Ӯст. Эй Паёмбар, ҳангоме, ки ба намоз истодӣ дар намоз садоятро баланд макун ва низ паст ҳам махон ва миёни ин ду роҳе интихоб кун.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\468

وَقُلِ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ ٱلَّذِي لَمۡ يَتَّخِذۡ وَلَدࣰا وَلَمۡ يَكُن لَّهُۥ شَرِيكࣱ فِي ٱلۡمُلۡكِ وَلَمۡ يَكُن لَّهُۥ وَلِيࣱّ مِّنَ ٱلذُّلِّۖ وَكَبِّرۡهُ تَكۡبِيرَۢا ١١١

111.  Бигӯ (эй Муҳаммад): «Сипоси комил Аллоҳро, ки фарзанде ихтиёр накардааст ва Ӯро шарике дар мулк нест, балки тамоми мулк аз они Ӯст ва ба нотавонӣ наяфтад, ки ба ёрӣ мӯҳтоҷ шавад. Пас, Ӯро ба таъзим кардани бисёр ёд кун!(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\468

Other translations of this surah

Tafsir of this surah in Arabic Тоҷикӣ translation

Surahs

1 Al-Fatihah ФОТИҲА · 7 verses · Meccan Juz 1 · Revealed 5 الفاتحة 2 Al-Baqarah БАҚАРА · 286 verses · Medinan Juz 1 · Revealed 87 البقرة 3 Al-Imran ОЛИ ИМРОН · 200 verses · Medinan Juz 3 · Revealed 89 آل عمران 4 An-Nisa' НИСО · 176 verses · Medinan Juz 4 · Revealed 92 النساء 5 Al-Ma'idah МОИДА · 120 verses · Medinan Juz 6 · Revealed 112 المائدة 6 Al-An'am АНЪОМ · 165 verses · Meccan Juz 7 · Revealed 55 الأنعام 7 Al-A'raf АЪРОФ · 206 verses · Meccan Juz 8 · Revealed 39 الأعراف 8 Al-Anfal АНФОЛ · 75 verses · Medinan Juz 9 · Revealed 88 الأنفال 9 At-Taubah ТАВБА · 129 verses · Medinan Juz 10 · Revealed 113 التوبة 10 Yunus ЮНУС · 109 verses · Meccan Juz 11 · Revealed 51 يونس 11 Hood ҲУД · 123 verses · Meccan Juz 11 · Revealed 52 هود 12 Yusuf ЮСУФ · 111 verses · Meccan Juz 12 · Revealed 53 يوسف 13 Ar-Ra'd РАЪД · 43 verses · Medinan Juz 13 · Revealed 96 الرعد 14 Ibrahim ИБРОҲИМ · 52 verses · Meccan Juz 13 · Revealed 72 إبراهيم 15 Al-Hijr ҲИҶР · 99 verses · Meccan Juz 14 · Revealed 54 الحجر 16 An-Nahl НАҲЛ · 128 verses · Meccan Juz 14 · Revealed 70 النحل 17 Al-Isra ИСРО · 111 verses · Meccan Juz 15 · Revealed 50 الإسراء 18 Al-Kahf КАҲФ · 110 verses · Meccan Juz 15 · Revealed 69 الكهف 19 Maryam МАРЯМ · 98 verses · Meccan Juz 16 · Revealed 44 مريم 20 Ta­Ha ТОҲО · 135 verses · Meccan Juz 16 · Revealed 45 طه 21 Al-Anbiya' АНБИЁ · 112 verses · Meccan Juz 17 · Revealed 73 الأنبياء 22 Al-Hajj ҲАҶ · 78 verses · Medinan Juz 17 · Revealed 103 الحج 23 Al-Mu'minun МУЪМИНУН · 118 verses · Meccan Juz 18 · Revealed 74 المؤمنون 24 An-Nur НУР · 64 verses · Medinan Juz 18 · Revealed 102 النور 25 Al-Furqan ФУРҚОН · 77 verses · Meccan Juz 18 · Revealed 42 الفرقان 26 Ash-Shu'ara' ШУЪАРО · 227 verses · Meccan Juz 19 · Revealed 47 الشعراء 27 An-Naml НАМЛ · 93 verses · Meccan Juz 19 · Revealed 48 النمل 28 Al-Qasas ҚАСАС · 88 verses · Meccan Juz 20 · Revealed 49 القصص 29 Al-'Ankabut АНКАБУТ · 69 verses · Meccan Juz 20 · Revealed 85 العنكبوت 30 Ar­Room РУМ · 60 verses · Meccan Juz 21 · Revealed 84 الروم 31 Luqman ЛУҚМОН · 34 verses · Meccan Juz 21 · Revealed 57 لقمان 32 As­Sajdah САҶДА · 30 verses · Meccan Juz 21 · Revealed 75 السجدة 33 Al­Ahzab АҲЗОБ · 73 verses · Medinan Juz 21 · Revealed 90 الأحزاب 34 Saba' САБА · 54 verses · Meccan Juz 22 · Revealed 58 سبأ 35 Fatir ФОТИР · 45 verses · Meccan Juz 22 · Revealed 43 فاطر 36 Ya­Sin ЁСИН · 83 verses · Meccan Juz 22 · Revealed 41 يس 37 As-Saffat СОФФОТ · 182 verses · Meccan Juz 23 · Revealed 56 الصافات 38 Sad СОД · 88 verses · Meccan Juz 23 · Revealed 38 ص 39 Az-Zumar ЗУМАР · 75 verses · Meccan Juz 23 · Revealed 59 الزمر 40 Ghafir ҒОФИР · 85 verses · Meccan Juz 24 · Revealed 60 غافر 41 Fussilat ФУССИЛАТ · 54 verses · Meccan Juz 24 · Revealed 61 فصلت 42 Ash-Shura ШУРО · 53 verses · Meccan Juz 25 · Revealed 62 الشورى 43 Az-Zukhruf ЗУХРУФ · 89 verses · Meccan Juz 25 · Revealed 63 الزخرف 44 Ad-Dukhan ДУХОН · 59 verses · Meccan Juz 25 · Revealed 64 الدخان 45 Al-Jathiya ҶОСИЯ · 37 verses · Meccan Juz 25 · Revealed 65 الجاثية 46 Al-Ahqaf АҲҚОФ · 35 verses · Meccan Juz 26 · Revealed 66 الأحقاف 47 Muhammad МУҲАММАД · 38 verses · Medinan Juz 26 · Revealed 96 محمد 48 Al-Fath ФАТҲ · 29 verses · Medinan Juz 26 · Revealed 111 الفتح 49 Al-Hujurat ҲУҶУРОТ · 18 verses · Medinan Juz 26 · Revealed 106 الحجرات 50 Qaf ҚОФ · 45 verses · Meccan Juz 26 · Revealed 34 ق 51 Az-Zariyat ЗОРИЁТ · 60 verses · Meccan Juz 26 · Revealed 67 الذاريات 52 At-Tur ТУР · 49 verses · Meccan Juz 27 · Revealed 76 الطور 53 An-Najm НАҶМ · 62 verses · Meccan Juz 27 · Revealed 23 النجم 54 Al-Qamar ҚАМАР · 55 verses · Meccan Juz 27 · Revealed 37 القمر 55 Ar-Rahman РАҲМОН · 78 verses · Medinan Juz 27 · Revealed 97 الرحمن 56 Al-Waqi'ah ВОҚИА · 96 verses · Meccan Juz 27 · Revealed 46 الواقعة 57 Al-Hadid ҲАДИД · 29 verses · Medinan Juz 27 · Revealed 94 الحديد 58 Al-Mujadilah МУҶОДАЛА · 22 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 105 المجادلة 59 Al-Hashr ҲАШР · 24 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 101 الحشر 60 Al-Mumtahinah МУМТАҲИНА · 13 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 91 الممتحنة 61 As-Saff САФ · 14 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 109 الصف 62 Al-Jumu'ah ҶУМЪА · 11 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 110 الجمعة 63 Al-Munafiqun МУНОФИҚИН · 11 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 104 المنافقون 64 At-Taghabun ТАҒОБУН · 18 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 108 التغابن 65 At-Talaq ТАЛОҚ · 12 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 99 الطلاق 66 At-Tahrim ТАҲРИМ · 12 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 107 التحريم 67 Al-Mulk МУЛК · 30 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 77 الملك 68 Al-Qalam ҚАЛАМ · 52 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 2 القلم 69 Al-Haqqah ҲОҚҚА · 52 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 87 الحاقة 70 Al-Ma'arij МАЪОРИҶ · 44 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 79 المعارج 71 Nooh НУҲ · 28 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 71 نوح 72 Al-Jinn ҶИН · 28 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 40 الجن 73 Al-Muzzammil МУЗЗАММИЛ · 20 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 3 المزمل 74 Al-Muddaththir МУДДАССИР · 56 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 4 المدثر 75 Al-Qiyamah ҚИЁМАТ · 40 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 31 القيامة 76 Al-Insan ИНСОН · 31 verses · Medinan Juz 29 · Revealed 98 الإنسان 77 Al-Mursalat МУРСАЛОТ · 50 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 33 المرسلات 78 An-Naba' НАБА · 40 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 80 النبأ 79 An-Nazi'at НОЗИЪОТ · 46 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 81 النازعات 80 'Abasa АБАСА · 42 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 24 عبس 81 At-Takwir ТАКВИР · 29 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 7 التكوير 82 Al-Infitar ИНФИТОР · 19 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 82 الإنفطار 83 Al-Mutaffifin МУТАФФИФИН · 36 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 86 المطففين 84 Al-Inshiqaq ИНШИҚОҚ · 25 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 83 الإنشقاق 85 Al-Buruj БУРУҶ · 22 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 27 البروج 86 At-Tariq ТОРИҚ · 17 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 36 الطارق 87 Al-A'la АЪЛО · 19 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 8 الأعلى 88 Al-Ghashiyah ҒОШИЯ · 26 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 68 الغاشية 89 Al-Fajr ФАҶР · 30 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 10 الفجر 90 Al-Balad БАЛАД · 20 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 35 البلد 91 Ash-Shams ШАМС · 15 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 26 الشمس 92 Al-Lail ЛАЙЛ · 21 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 9 الليل 93 Ad-Duha ЗУҲО · 11 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 11 الضحى 94 Ash-Sharh ШАРҲ · 8 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 12 الشرح 95 At-Tin ТИН · 8 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 28 التين 96 Al-'Alaq АЛАҚ · 19 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 1 العلق 97 Al-Qadr ҚАДР · 5 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 25 القدر 98 Al-Baiyinah БАЙЙИНА · 8 verses · Medinan Juz 30 · Revealed 100 البينة 99 Az-Zalzalah ЗИЛЗИЛА · 8 verses · Medinan Juz 30 · Revealed 93 الزلزلة 100 Al-'Adiyat ЪОДИЁТ · 11 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 14 العاديات 101 Al-Qari'ah ҚОРИЪА · 11 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 30 القارعة 102 At-Takathur ТАКОСУР · 8 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 16 التكاثر 103 Al-'Asr АСР · 3 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 13 العصر 104 Al-Humazah ҲУМАЗА · 9 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 32 الهمزة 105 Al-Fil ФИЛ · 5 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 19 الفيل 106 Quraish ҚУРАЙШ · 4 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 29 قريش 107 Al-Ma'un МОЪУН · 7 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 17 الماعون 108 Al-Kauthar КАВСАР · 3 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 15 الكوثر 109 Al-Kafirun КОФИРУН · 6 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 18 الكافرون 110 An-Nasr НАСР · 3 verses · Medinan Juz 30 · Revealed 114 النصر 111 Al-Masad МАСАД · 5 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 6 المسد 112 Al-Ikhlas ИХЛОС · 4 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 22 الإخلاص 113 Al-Falaq ФАЛАҚ · 5 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 20 الفلق 114 An-Nas НОС · 6 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 21 الناس

Reading settings

View
Compare with

Pick up to two more translations to show under each verse.

Arabic size
100%
Translation size
100%
Line spacing
Theme

Verse

Arabic tafsir
Highlight

Highlights stay in this browser and are listed on the bookmarks page. /bookmarks