Surah Al-Kahf in Тоҷикӣ

КАҲФ · سورة الكهف

Meccan Verses: 110 Juz 15 Page 293 Revelation order: 69

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ ٱلَّذِيٓ أَنزَلَ عَلَىٰ عَبۡدِهِ ٱلۡكِتَٰبَ وَلَمۡ يَجۡعَل لَّهُۥ عِوَجَاۜ ١

1. Тамоми шукру сипос хос барои Аллоҳ аст, ки бар бандааш (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) китоби Қуръонро фуруд овард ва дар он ҳеҷ гуна каҷӣ ва инҳирофе қарор надодааст.

قَيِّمࣰا لِّيُنذِرَ بَأۡسࣰا شَدِيدࣰا مِّن لَّدُنۡهُ وَيُبَشِّرَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ٱلَّذِينَ يَعۡمَلُونَ ٱلصَّٰلِحَٰتِ أَنَّ لَهُمۡ أَجۡرًا حَسَنࣰا ٢

2. Китобест собит ва устувор ва Аллоҳ онро нозил кардааст, то мардумро аз азоби сахти худ битарсонад ва мӯъминонро, ки корҳои шоиста мекунанд, мужда диҳад, ки барои онҳо подоши хубест ва он ҷаннат аст.

مَّٰكِثِينَ فِيهِ أَبَدࣰا ٣

3. Ҷовидона дар он биҳиште, ки неъмати хуби Аллоҳ таоло ҳаст, хоҳанд монд.

وَيُنذِرَ ٱلَّذِينَ قَالُواْ ٱتَّخَذَ ٱللَّهُ وَلَدࣰا ٤

4.Ва аз азоби сахти Ӯ битарсонад касонеро, ки мегӯянд: «Аллоҳ фарзанде ихтиёр кардааст»(1).
1. Ин оят яҳудиёну насрониҳоро ба хотири ба Худованд фарзанд қоил шуданашон бим медиҳад. Яҳудиён Узайрро писари Худо медонанд ва насрониҳо Исо (а)-ро. Тафсири Саъдӣ 1/469.

مَّا لَهُم بِهِۦ مِنۡ عِلۡمࣲ وَلَا لِأٓبَآئِهِمۡۚ كَبُرَتۡ كَلِمَةࣰ تَخۡرُجُ مِنۡ أَفۡوَٰهِهِمۡۚ إِن يَقُولُونَ إِلَّا كَذِبࣰا ٥

5.       Аз он на бар онҳо на бар падарони онҳо ҳеҷ огоҳие нест. Гуноҳи бузург аст ин сухан, ки мебарояд аз даҳонашон. Ин сухан (Аллоҳ соҳиби фарзанд аст) дурӯғи маҳз аст, ки мегӯянд.

فَلَعَلَّكَ بَٰخِعࣱ نَّفۡسَكَ عَلَىٰٓ ءَاثَٰرِهِمۡ إِن لَّمۡ يُؤۡمِنُواْ بِهَٰذَا ٱلۡحَدِيثِ أَسَفًا ٦

6.       Пас агар ба ин сухани (Қуръон) имон наёваранд, шояд мехоҳӣ дар пайи онҳо худро аз ғаму андӯҳ ҳалок созӣ.

إِنَّا جَعَلۡنَا مَا عَلَى ٱلۡأَرۡضِ زِينَةࣰ لَّهَا لِنَبۡلُوَهُمۡ أَيُّهُمۡ أَحۡسَنُ عَمَلࣰا ٧

7.       Ба таҳқиқ, Мо ҳар чӣ дар рӯи замин аст, зиннати он қарор додем, то имтиҳонашон кунем, ки кадоми яке аз онҳо беҳтар амал мекунанд.

وَإِنَّا لَجَٰعِلُونَ مَا عَلَيۡهَا صَعِيدࣰا جُرُزًا ٨

8.       Ва ҳамоно Мо ҳастем, ки рӯи заминро чун дунё ба охир расад, мисли биёбоне хушк хоҳем кард.

أَمۡ حَسِبۡتَ أَنَّ أَصۡحَٰبَ ٱلۡكَهۡفِ وَٱلرَّقِيمِ كَانُواْ مِنۡ ءَايَٰتِنَا عَجَبًا ٩

9.       Оё пиндоштаӣ, ки Асҳоби Каҳф ва Рақим аз нишонаҳои аҷибу ғариби Мо будаанд?

إِذۡ أَوَى ٱلۡفِتۡيَةُ إِلَى ٱلۡكَهۡفِ فَقَالُواْ رَبَّنَآ ءَاتِنَا مِن لَّدُنكَ رَحۡمَةࣰ وَهَيِّئۡ لَنَا مِنۡ أَمۡرِنَا رَشَدࣰا ١٠

10.   Ба ёд ор эй Паёмбар, чун он ҷавонмардони мӯъмин аз тарси қавмашон ба ғор паноҳ бурданд ва гуфтанд: «Эй Парвардигори мо,
моро аз сӯйи худ раҳмат иноят
кун ва моро аз бадӣ нигоҳ дор ва бароямон дар кори мо роҳи наҷоте фароҳам фармо».

فَضَرَبۡنَا عَلَىٰٓ ءَاذَانِهِمۡ فِي ٱلۡكَهۡفِ سِنِينَ عَدَدࣰا ١١

11.   Пас чандин соле ононро дар он ғор хобонидем.

ثُمَّ بَعَثۡنَٰهُمۡ لِنَعۡلَمَ أَيُّ ٱلۡحِزۡبَيۡنِ أَحۡصَىٰ لِمَا لَبِثُوٓاْ أَمَدࣰا ١٢

12.   Сипас бедорашон кардем, то бидонем кадом як аз он ду гурӯҳ муддати замонеро, ки гузарониданд, ба хотир доранд.

نَّحۡنُ نَقُصُّ عَلَيۡكَ نَبَأَهُم بِٱلۡحَقِّۚ إِنَّهُمۡ فِتۡيَةٌ ءَامَنُواْ بِرَبِّهِمۡ وَزِدۡنَٰهُمۡ هُدࣰى ١٣

13.   Мо хабари Асҳоби Каҳфро ба ростӣ барои ту эй Паёмбар ҳикоят мекунем: онҳо ҷавонмардоне буданд, ки ба Парвардигорашон имон оварда буданд ва
Мо низ бар ҳидояташон афзудем.

وَرَبَطۡنَا عَلَىٰ قُلُوبِهِمۡ إِذۡ قَامُواْ فَقَالُواْ رَبُّنَا رَبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ لَن نَّدۡعُوَاْ مِن دُونِهِۦٓ إِلَٰهࣰاۖ لَّقَدۡ قُلۡنَآ إِذࣰا شَطَطًا ١٤

14.   Бар дилҳояшон нерӯ ва устуворӣ бахшидем. Он гоҳ ки дар назди он подшоҳи кофир истоданд ва гуфтанд: «Парвардигори мо, Парвардигори осмонҳову замин аст. Ҷуз Ӯ касеро маъбуди барҳақ нахонем, ки ҳар гоҳ чунин кунем, ҳамоно сухани дурӯғе гуфта бошем.

هَٰٓؤُلَآءِ قَوۡمُنَا ٱتَّخَذُواْ مِن دُونِهِۦٓ ءَالِهَةࣰۖ لَّوۡلَا يَأۡتُونَ عَلَيۡهِم بِسُلۡطَٰنِۭ بَيِّنࣲۖ فَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّنِ ٱفۡتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبࣰا ١٥

15. Ин қавми мо, ба ғайри Ӯ таоло маъбудон (бутҳо)-и дигаре ихтиёр кардаанд. Чаро барои исботи ибодаташон онҳоро далели равшане намеоваранд? Кист ситамкортар (кофиртар) аз касе, ки ба Аллоҳ дурӯғ мебандад ва ба Ӯ ширк меорад?

وَإِذِ ٱعۡتَزَلۡتُمُوهُمۡ وَمَا يَعۡبُدُونَ إِلَّا ٱللَّهَ فَأۡوُۥٓاْ إِلَى ٱلۡكَهۡفِ يَنشُرۡ لَكُمۡ رَبُّكُم مِّن رَّحۡمَتِهِۦ وَيُهَيِّئۡ لَكُم مِّنۡ أَمۡرِكُم مِّرۡفَقࣰا ١٦

16. Ва чун аз ин кофирон канора ҷустед ва ҷуз Аллоҳи барҳақ маъбуди дигареро намепарастед, пас ба сӯйи ғор паноҳ баред, то Аллоҳ аз раҳмати хеш бар шумо фароху арзонӣ кунад ва дар корҳоятон барои шумо кушоиш фароҳам орад.

۞ وَتَرَى ٱلشَّمۡسَ إِذَا طَلَعَت تَّزَٰوَرُ عَن كَهۡفِهِمۡ ذَاتَ ٱلۡيَمِينِ وَإِذَا غَرَبَت تَّقۡرِضُهُمۡ ذَاتَ ٱلشِّمَالِ وَهُمۡ فِي فَجۡوَةࣲ مِّنۡهُۚ ذَٰلِكَ مِنۡ ءَايَٰتِ ٱللَّهِۗ مَن يَهۡدِ ٱللَّهُ فَهُوَ ٱلۡمُهۡتَدِۖ وَمَن يُضۡلِلۡ فَلَن تَجِدَ لَهُۥ وَلِيࣰّا مُّرۡشِدࣰا ١٧

17. Ва хуршедро мебинӣ, ки чун тулуъ мекунад, аз ҷониби рост ба ғор моил мешавад ва чун ғуруб мекунад, аз болояшон ба ҷониби чап мегузарад ва онҳо дар саҳнаи ғор бароҳат хобанд (яъне дар вақти тулуъ ва ғуруб онҳоро гармии офтоб азият намедод). Ва ин ҳама аз нишонаву муъҷизаҳои Аллоҳ аст. Ҳар киро Аллоҳ ҳидоят кунад, ҳидоят ёфтааст ва ҳар киро гумроҳ созад, ҳаргиз корсозу роҳнамое барои ӯ нахоҳӣ ёфт.

وَتَحۡسَبُهُمۡ أَيۡقَاظࣰا وَهُمۡ رُقُودࣱۚ وَنُقَلِّبُهُمۡ ذَاتَ ٱلۡيَمِينِ وَذَاتَ ٱلشِّمَالِۖ وَكَلۡبُهُم بَٰسِطࣱ ذِرَاعَيۡهِ بِٱلۡوَصِيدِۚ لَوِ ٱطَّلَعۡتَ عَلَيۡهِمۡ لَوَلَّيۡتَ مِنۡهُمۡ فِرَارࣰا وَلَمُلِئۡتَ مِنۡهُمۡ رُعۡبࣰا ١٨

18.   Мепиндоштӣ эй бинанда, ки Асҳоби Каҳф бедоранд, ҳол он ки воқеан дар хоб буданд ва Мо онҳоро дар ҳоле, ки хоб буданд ба дасти росту дасти чап мегардонидем, то замин ҷисми ононро нахӯрад ва сагашон бар остонаи ғор ду дасти хеш дароз карда буд. Агар аз ҳоли онҳо огоҳ мешудӣ, албатта гурезон бозмегаштӣ ва аз онҳо сахт метарсидӣ.(1)
1. Тафсири Бағавӣ. 5/158.

وَكَذَٰلِكَ بَعَثۡنَٰهُمۡ لِيَتَسَآءَلُواْ بَيۡنَهُمۡۚ قَالَ قَآئِلࣱ مِّنۡهُمۡ كَمۡ لَبِثۡتُمۡۖ قَالُواْ لَبِثۡنَا يَوۡمًا أَوۡ بَعۡضَ يَوۡمࣲۚ قَالُواْ رَبُّكُمۡ أَعۡلَمُ بِمَا لَبِثۡتُمۡ فَٱبۡعَثُوٓاْ أَحَدَكُم بِوَرِقِكُمۡ هَٰذِهِۦٓ إِلَى ٱلۡمَدِينَةِ فَلۡيَنظُرۡ أَيُّهَآ أَزۡكَىٰ طَعَامࣰا فَلۡيَأۡتِكُم بِرِزۡقࣲ مِّنۡهُ وَلۡيَتَلَطَّفۡ وَلَا يُشۡعِرَنَّ بِكُمۡ أَحَدًا ١٩

19.   Ҳамчунин бедорашон кардем, то бо якдигар гуфтугӯ кунанд. Яке аз онҳо пурсид: «Чанд вақт аст,
ки оромидаед?» Гуфтанд: «Як рӯз ё ниме аз рӯз оромидаем». Гуфтанд: «Парвардигоратон беҳтар донад, ки чанд вақт оромидаед. Якеро аз худ бо ин пулатон ба шаҳр бифиристед, то бингарад, ки ғизои покиза кадом аст ва аз он бароятон рӯзиятонро биёварад. Ва бояд ки бо ҳушёрӣ (эҳтиёт) рафтор кунад, то касе ба шумо огоҳӣ наёбад. (1)
1. Тафсири Бағавӣ. 5/160.

إِنَّهُمۡ إِن يَظۡهَرُواْ عَلَيۡكُمۡ يَرۡجُمُوكُمۡ أَوۡ يُعِيدُوكُمۡ فِي مِلَّتِهِمۡ وَلَن تُفۡلِحُوٓاْ إِذًا أَبَدࣰا ٢٠

20.    Зеро агар шуморо қавматон биёбанд, сангсор хоҳанд кард ё ба дини хеш дароваранд.
Ва агар чунин шавад, то абад растагор нахоҳед шуд.

وَكَذَٰلِكَ أَعۡثَرۡنَا عَلَيۡهِمۡ لِيَعۡلَمُوٓاْ أَنَّ وَعۡدَ ٱللَّهِ حَقࣱّ وَأَنَّ ٱلسَّاعَةَ لَا رَيۡبَ فِيهَآ إِذۡ يَتَنَٰزَعُونَ بَيۡنَهُمۡ أَمۡرَهُمۡۖ فَقَالُواْ ٱبۡنُواْ عَلَيۡهِم بُنۡيَٰنࣰاۖ رَّبُّهُمۡ أَعۡلَمُ بِهِمۡۚ قَالَ ٱلَّذِينَ غَلَبُواْ عَلَىٰٓ أَمۡرِهِمۡ لَنَتَّخِذَنَّ عَلَيۡهِم مَّسۡجِدࣰا ٢١

21.    Бад-ин сон мардумро ба ҳолашон огоҳ кардем, то бидонанд, ки ваъдаи Аллоҳ (яъне, зинда гардонидан баъди миронидан) рост аст ва ҳароина, дар вуқуъи қиёмат шубҳае нест.
Он гоҳ дар бораи онҳо бо якдигар ба гуфтугӯ пардохтанд ва гуфтанд:
«Бар ғори онҳо биное бисозед, Парвардигорашон аз ҳолашон огоҳтар аст».
Ва онон, ки бар амрашон ғолибтар шуда буданд,(1) гуфтанд: «Албатта, бар ғорашон масҷиде месозем».(2)
1. Яъне онҳое, ки соҳиби амру қувват буданд. Тафсири Саъдӣ. 1/473. 2. Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам сохтани бино бар болои қабрҳо ё навиштани чизе болои онҳоро манъ кардаанд, зеро ин амал ғулув ва ҳаром аст.

سَيَقُولُونَ ثَلَٰثَةࣱ رَّابِعُهُمۡ كَلۡبُهُمۡ وَيَقُولُونَ خَمۡسَةࣱ سَادِسُهُمۡ كَلۡبُهُمۡ رَجۡمَۢا بِٱلۡغَيۡبِۖ وَيَقُولُونَ سَبۡعَةࣱ وَثَامِنُهُمۡ كَلۡبُهُمۡۚ قُل رَّبِّيٓ أَعۡلَمُ بِعِدَّتِهِم مَّا يَعۡلَمُهُمۡ إِلَّا قَلِيلࣱۗ فَلَا تُمَارِ فِيهِمۡ إِلَّا مِرَآءࣰ ظَٰهِرࣰا وَلَا تَسۡتَفۡتِ فِيهِم مِّنۡهُمۡ أَحَدࣰا ٢٢

22.    Баъзе аз аҳли китоб хоҳанд гуфт: «Се тан буданд ва чаҳорумашон сагашон буд» ва мегӯянд: «Панҷ тан буданд ва шашуминашон сагашон буд, ба хаёлу гумон ва ғоибона» ва мегӯянд: «Ҳафт тан буданд ва ҳаштуминашон сагашон буд». Бигӯ эй Расул:
«Парвардигори ман ба адади онҳо донотар аст ва шумори онҳоро ҷуз андак касони дигаре намедонанд». Ва ту дар бораи Асҳоби Каҳф бо аҳли китоб ҷуз ба зоҳир муҷодала макун ва касеро дар бораашон аз аҳли китоб мапурс.(1)
1. Тафсири Табарӣ. 17/641.

وَلَا تَقُولَنَّ لِشَاْيۡءٍ إِنِّي فَاعِلࣱ ذَٰلِكَ غَدًا ٢٣

23.   Дар бораи ҳеҷ чизе магӯ, ки ман фардо онро анҷом медиҳам,

إِلَّآ أَن يَشَآءَ ٱللَّهُۚ وَٱذۡكُر رَّبَّكَ إِذَا نَسِيتَ وَقُلۡ عَسَىٰٓ أَن يَهۡدِيَنِ رَبِّي لِأَقۡرَبَ مِنۡ هَٰذَا رَشَدࣰا ٢٤

24.   магар ин ки бигӯйӣ агар Аллоҳ бихоҳад онро анҷом медиҳам. Ва чун фаромӯш кунӣ, Парвардигоратро ба ёд ор(1). ва бигӯ: «Шояд Парвардигори ман маро аз наздиктарин (дурусттарин) роҳ ҳидоят кунад».
1. Чун ки ёди Аллоҳ фаромуширо дур мекунад. Тафсири Саъдӣ. 1/474.

وَلَبِثُواْ فِي كَهۡفِهِمۡ ثَلَٰثَ مِاْئَةࣲ سِنِينَ وَٱزۡدَادُواْ تِسۡعࣰا ٢٥

25.   Ва онон дар ғори худ сесад сол оромиданд ва нӯҳ сол ба он афзудаанд. (1)
1. Яъне, ҳисоби солшумории шамсӣ сесад сол ва ба ҳисоби солшумории қамарӣ сесаду нӯҳ сол. Тафсири Бағавӣ. 5/165.

قُلِ ٱللَّهُ أَعۡلَمُ بِمَا لَبِثُواْۖ لَهُۥ غَيۡبُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ أَبۡصِرۡ بِهِۦ وَأَسۡمِعۡۚ مَا لَهُم مِّن دُونِهِۦ مِن وَلِيࣲّ وَلَا يُشۡرِكُ فِي حُكۡمِهِۦٓ أَحَدࣰا ٢٦

26.   Бигӯ эй Расул: «Аллоҳ донотар аст, ки чанд сол орамиданд. Илми ғайби осмонҳову замин аз они Ӯст. чӣ қадар биносту чӣ қадар шунавост! Чуз Ӯ корсозе надоранд ва касеро
дар фармон ва ҳукмҳои худ (илми ғайб) шарикнасозад».(1)
1. Тафсири Бағавӣ. 5/165.

وَٱتۡلُ مَآ أُوحِيَ إِلَيۡكَ مِن كِتَابِ رَبِّكَۖ لَا مُبَدِّلَ لِكَلِمَٰتِهِۦ وَلَن تَجِدَ مِن دُونِهِۦ مُلۡتَحَدࣰا ٢٧

27.   Эй Паёмбар, бар ту ҳар чӣ аз китоби Парвардигорат ваҳй шудааст, тиловат кун. Сухани Ӯро тағйирдиҳандае нест. Ва ту ҷуз Ӯ, ҳаргиз паноҳгоҳе намеёбӣ.

وَٱصۡبِرۡ نَفۡسَكَ مَعَ ٱلَّذِينَ يَدۡعُونَ رَبَّهُم بِٱلۡغَدَوٰةِ وَٱلۡعَشِيِّ يُرِيدُونَ وَجۡهَهُۥۖ وَلَا تَعۡدُ عَيۡنَاكَ عَنۡهُمۡ تُرِيدُ زِينَةَ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۖ وَلَا تُطِعۡ مَنۡ أَغۡفَلۡنَا قَلۡبَهُۥ عَن ذِكۡرِنَا وَٱتَّبَعَ هَوَىٰهُ وَكَانَ أَمۡرُهُۥ فُرُطࣰا ٢٨

28.   Эй Паёмбар, сабр кун ҳамроҳ бо касоне (ёрони фақират), ки ҳар субҳу шом Парвардигорашонро мехонанд ва хушнудии
Ӯро меҷӯянд. Ва набояд чашмони ту барои ёфтани зебу зиннатҳои зиндагии ин дунё аз инҳо ба сӯйи куффор гардад. Ва аз он ки дилашро аз зикри худ ғофилу бехабар сохтаем ва аз паи ҳавои нафси худ меравад ва дар корҳояш исроф меварзад, пайравӣ макун! (1)
1. Бузургони Макка ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд: Агар мисли Билолу Суҳайбу Аммор ғуломони пойлучро аз назди худ биронӣ, мо бо ту ҳамроҳ мешавем. Аллоҳ барои итоат накардан аз талабу хостаи кофирон, ояти мазкурро нозил кард. Тафсири Табарӣ. 18/7.

وَقُلِ ٱلۡحَقُّ مِن رَّبِّكُمۡۖ فَمَن شَآءَ فَلۡيُؤۡمِن وَمَن شَآءَ فَلۡيَكۡفُرۡۚ إِنَّآ أَعۡتَدۡنَا لِلظَّٰلِمِينَ نَارًا أَحَاطَ بِهِمۡ سُرَادِقُهَاۚ وَإِن يَسۡتَغِيثُواْ يُغَاثُواْ بِمَآءࣲ كَٱلۡمُهۡلِ يَشۡوِي ٱلۡوُجُوهَۚ بِئۡسَ ٱلشَّرَابُ وَسَآءَتۡ مُرۡتَفَقًا ٢٩

29.   Эй Паёмбар, ба он ғофилон бигӯ: «Ин сухани ҳақ аз ҷониби Парвардигори шумост. Ҳар кӣ бихоҳад, имон биёварад ва ҳар кӣ бихоҳад, кофир шавад».
Мо барои кофирон оташе
омода кардаем, ки он аз ҳар тараф онҳоро дар бар мегирад ва чун ба истиғоса (додхоҳӣ) об хоҳанд аз ташнагӣ, аз обе чун миси гудохта бихӯронандашон, ки аз ҳарораташ чеҳраҳо кабоб мешавад, чӣ оби баде ва чӣ оромгоҳи бадест!(1)
1. Дар ин оят ҳушдор ва ваиди сахтест барои аҳли куфр. Тафсири Табарӣ. 18/19.

إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ إِنَّا لَا نُضِيعُ أَجۡرَ مَنۡ أَحۡسَنَ عَمَلًا ٣٠

30.   Касоне, ки ба Аллоҳу расулаш имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, албатта Мо подоши некӯкоронро барбод намекунем.

أُوْلَٰٓئِكَ لَهُمۡ جَنَّٰتُ عَدۡنࣲ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهِمُ ٱلۡأَنۡهَٰرُ يُحَلَّوۡنَ فِيهَا مِنۡ أَسَاوِرَ مِن ذَهَبࣲ وَيَلۡبَسُونَ ثِيَابًا خُضۡرࣰا مِّن سُندُسࣲ وَإِسۡتَبۡرَقࣲ مُّتَّكِـِٔينَ فِيهَا عَلَى ٱلۡأَرَآئِكِۚ نِعۡمَ ٱلثَّوَابُ وَحَسُنَتۡ مُرۡتَفَقࣰا ٣١

31.   Барояшон биҳиштҳое ҷовид аст. Аз зери қасрҳо ва манзилҳояшон рӯдҳои ширин ҷорист. Биҳиштиёнро ба дастбандҳои заррине меороянд ва ҷомаҳои сабзе аз матоъи нахи нозук ва матоъи абрешим мепӯшанд ва дар он ҷо бар тахтҳо такя мезананд. Чӣ подоши некӯе ва чӣ оромгоҳи некӯест ин ҷаннат!

۞ وَٱضۡرِبۡ لَهُم مَّثَلࣰا رَّجُلَيۡنِ جَعَلۡنَا لِأَحَدِهِمَا جَنَّتَيۡنِ مِنۡ أَعۡنَٰبࣲ وَحَفَفۡنَٰهُمَا بِنَخۡلࣲ وَجَعَلۡنَا بَيۡنَهُمَا زَرۡعࣰا ٣٢

32.   Ва барояшон достони ду мардеро аз умматони пешина, ки якеашон мӯъмин ва дигараш кофир буд, баён кун, ки ба яке (ба кофир) ду боғи ангур дода будем ва бар
гирди онҳо дарахтони хурмо ва дар миёнашон киштзор карда будем.

كِلۡتَا ٱلۡجَنَّتَيۡنِ ءَاتَتۡ أُكُلَهَا وَلَمۡ تَظۡلِم مِّنۡهُ شَيۡـࣰٔاۚ وَفَجَّرۡنَا خِلَٰلَهُمَا نَهَرࣰا ٣٣

33.   Он ду токзор меваи худро бе ҳеҷ каму кост медоданд.
Ва рӯде байни он ду ҷорӣ гардонидем.

وَكَانَ لَهُۥ ثَمَرࣱ فَقَالَ لِصَٰحِبِهِۦ وَهُوَ يُحَاوِرُهُۥٓ أَنَا۠ أَكۡثَرُ مِنكَ مَالࣰا وَأَعَزُّ نَفَرࣰا ٣٤

34.   Ҳосил аз они ӯ буд. Ба дӯсти (мӯъминаш), ки бо ӯ гуфтугӯ мекард, мағрурона гуфт: «Ман ба мол аз ту бештар
ва ба ёрону тарафдорҳо пирӯзтарам».

وَدَخَلَ جَنَّتَهُۥ وَهُوَ ظَالِمࣱ لِّنَفۡسِهِۦ قَالَ مَآ أَظُنُّ أَن تَبِيدَ هَٰذِهِۦٓ أَبَدࣰا ٣٥

35.   Ва он мард бар хештан ситам карда(1) ва ба ин ҳолат ба боғи худ даромад ва гуфт: "Напиндорам, ки ин боғ ҳаргиз аз миён биравад".
1. Яъне ба рӯзи аз нав зинда шудан (қиёмат) бовар накард.

وَمَآ أَظُنُّ ٱلسَّاعَةَ قَآئِمَةࣰ وَلَئِن رُّدِدتُّ إِلَىٰ رَبِّي لَأَجِدَنَّ خَيۡرࣰا مِّنۡهَا مُنقَلَبࣰا ٣٦

36.   Ва напиндорам, ки қиёмат ҳам биёяд (ва агар фарз кунем, ки қиёмат шавад ҳам, чунон ки ту мегӯйӣ эй мусалмон,) ва агар ҳам маро назди Аллоҳ баранд, албатта боғе беҳтар аз ин боғ хоҳам ёфт.

قَالَ لَهُۥ صَاحِبُهُۥ وَهُوَ يُحَاوِرُهُۥٓ أَكَفَرۡتَ بِٱلَّذِي خَلَقَكَ مِن تُرَابࣲ ثُمَّ مِن نُّطۡفَةࣲ ثُمَّ سَوَّىٰكَ رَجُلࣰا ٣٧

37.   Дӯсти мӯъминаш, ки бо ӯ гуфтугӯ мекард, гуфт: «Оё бар он Аллоҳе, ки туро аз хок ва сипас аз нутфа биёфарид ва боз туро марди комил сохт, кофир шудаӣ?

لَّٰكِنَّا۠ هُوَ ٱللَّهُ رَبِّي وَلَآ أُشۡرِكُ بِرَبِّيٓ أَحَدࣰا ٣٨

38. Вале, ӯ Аллоҳи барҳақ, Парвардигори ман аст ва ман ҳеҷ касро дар ибодат шарики Парвардигорам намесозам.

وَلَوۡلَآ إِذۡ دَخَلۡتَ جَنَّتَكَ قُلۡتَ مَا شَآءَ ٱللَّهُ لَا قُوَّةَ إِلَّا بِٱللَّهِۚ إِن تَرَنِ أَنَا۠ أَقَلَّ مِنكَ مَالࣰا وَوَلَدࣰا ٣٩

39.    Чаро он гоҳ ки ба боғи худ даромадӣ, нагуфтӣ: «Ҳамду сипос мар Аллоҳро он чи хости Аллоҳ аст шуданист, нест ҳеҷ қуввате, магар ба хости Аллоҳ?» Агар мебинӣ, ки дороиву фарзанди ман камтар аст аз ту.

فَعَسَىٰ رَبِّيٓ أَن يُؤۡتِيَنِ خَيۡرࣰا مِّن جَنَّتِكَ وَيُرۡسِلَ عَلَيۡهَا حُسۡبَانࣰا مِّنَ ٱلسَّمَآءِ فَتُصۡبِحَ صَعِيدࣰا زَلَقًا ٤٠

40.    Шояд Парвардигори ман маро чизе беҳтар аз боғи ту диҳад. Шояд бар он боғ соиқае (оташаке) бифиристад ва онро ба замине софу лағжанда иваз кунад.

أَوۡ يُصۡبِحَ مَآؤُهَا غَوۡرࣰا فَلَن تَسۡتَطِيعَ لَهُۥ طَلَبࣰا ٤١

41.    Ё оби он бар замин фурӯ равад ва ҳаргиз ба ёфтани он қудрат наёбӣ.

وَأُحِيطَ بِثَمَرِهِۦ فَأَصۡبَحَ يُقَلِّبُ كَفَّيۡهِ عَلَىٰ مَآ أَنفَقَ فِيهَا وَهِيَ خَاوِيَةٌ عَلَىٰ عُرُوشِهَا وَيَقُولُ يَٰلَيۡتَنِي لَمۡ أُشۡرِكۡ بِرَبِّيٓ أَحَدࣰا ٤٢

42.    Дар ҳақиқат ба меваҳояш офат расид ва бомдодон дасти пушаймонӣ ва ҳасрат бар даст мемолид, ба хотири он ки сарфу харҷ карда буд дар ободии он боғ ва акнун ҳамаи биноҳояш фурӯ рехтааст. Ва мегӯяд: «Эй кош, касеро шарики Парвардигорам насохта будам!»

وَلَمۡ تَكُن لَّهُۥ فِئَةࣱ يَنصُرُونَهُۥ مِن دُونِ ٱللَّهِ وَمَا كَانَ مُنتَصِرًا ٤٣

43.   Ва ӯро ҷамоате набуд, ки ғайр аз Аллоҳ ӯро ёрӣ диҳанд ва худ низ қудрат надошт.

هُنَالِكَ ٱلۡوَلَٰيَةُ لِلَّهِ ٱلۡحَقِّۚ هُوَ خَيۡرࣱ ثَوَابࣰا وَخَيۡرٌ عُقۡبࣰا ٤٤

44.   Ин ҷо собит шуд, ки тасарруфу корсозӣ хос Аллоҳрост, ки ҳамеша бошандааст. Подоши Ӯ беҳтар ва саранҷомаш некӯтар аст. (1)
1. Тафсири Бағавӣ. 5/174.

وَٱضۡرِبۡ لَهُم مَّثَلَ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا كَمَآءٍ أَنزَلۡنَٰهُ مِنَ ٱلسَّمَآءِ فَٱخۡتَلَطَ بِهِۦ نَبَاتُ ٱلۡأَرۡضِ فَأَصۡبَحَ هَشِيمࣰا تَذۡرُوهُ ٱلرِّيَٰحُۗ وَكَانَ ٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءࣲ مُّقۡتَدِرًا ٤٥

45.   Барояшон эй Паёмбар, зиндагии дунёро мисол ор, ки чун боронест, ки аз осмон фуруд оварем ва бо он гиёҳони гуногун ба фаровонӣ бирӯяд. Ногоҳ хушк шавад ва бод ба ҳар сӯ парокандааш созад ва Аллоҳ бар ҳар чизе тавоност!

ٱلۡمَالُ وَٱلۡبَنُونَ زِينَةُ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۖ وَٱلۡبَٰقِيَٰتُ ٱلصَّٰلِحَٰتُ خَيۡرٌ عِندَ رَبِّكَ ثَوَابࣰا وَخَيۡرٌ أَمَلࣰا ٤٦

46.   Дороиву фарзанд зебу зиннатҳои ин зиндагонии дунёи фонист ва амалҳои солеҳ,(1) ки ҳамеша барҷой мемонанд, назди Парвардигорат беҳтар ва умед бастан ба онҳо некӯтар аст.
1. Монанди намозҳои панҷвақта ва такбиру тасбеҳу таҳлил. Тафсири Табарӣ. 18/32.

وَيَوۡمَ نُسَيِّرُ ٱلۡجِبَالَ وَتَرَى ٱلۡأَرۡضَ بَارِزَةࣰ وَحَشَرۡنَٰهُمۡ فَلَمۡ نُغَادِرۡ مِنۡهُمۡ أَحَدࣰا ٤٧

47.   Рӯзе, ки кӯҳҳоро равон
кунем аз ҷояшон ва заминро намоён мебинӣ (яъне дар рӯйи замин ягон чизе нест аз кӯҳҳо, дарахтҳо ва наботот)
ва ҳамаро барои ҳисоб гирд меоварем ва як тан аз ононро ҳам раҳо намекунем. (1)
1. Тафсири Бағавӣ. 5/175.

وَعُرِضُواْ عَلَىٰ رَبِّكَ صَفࣰّا لَّقَدۡ جِئۡتُمُونَا كَمَا خَلَقۡنَٰكُمۡ أَوَّلَ مَرَّةِۭۚ بَلۡ زَعَمۡتُمۡ أَلَّن نَّجۡعَلَ لَكُم مَّوۡعِدࣰا ٤٨

48.   Ва мардум ҳозир карда шаванд назди Парвардигори ту сафкашида. Гӯем: Албатта омадед пеши Мо, чунон ки офарида будем шуморо аввалин бор (яъне бидуни моли дунёву фарзанд), балки гумон мекардед, ки ҳаргиз барои шумо ваъдагоҳе (яъне қиёматро) қарор намедиҳем.(1)
1.Тафсири Саъдӣ. 1/479.

وَوُضِعَ ٱلۡكِتَٰبُ فَتَرَى ٱلۡمُجۡرِمِينَ مُشۡفِقِينَ مِمَّا فِيهِ وَيَقُولُونَ يَٰوَيۡلَتَنَا مَالِ هَٰذَا ٱلۡكِتَٰبِ لَا يُغَادِرُ صَغِيرَةࣰ وَلَا كَبِيرَةً إِلَّآ أَحۡصَىٰهَاۚ وَوَجَدُواْ مَا عَمِلُواْ حَاضِرࣰاۗ وَلَا يَظۡلِمُ رَبُّكَ أَحَدࣰا ٤٩

49.   Дафтари аъмол кушода шавад. Гунаҳкоронро бинӣ, ки аз он чи дар он омадааст, тарсону ҳаросонанд ва мегӯянд: «Вой бар мо, ин чӣ дафтарест, ки тамоми гуноҳи ҳурду бузургро сабт кардааст». Он гоҳ аъмоли худро дар муқобили худ ҳозир ва омода мебинанд ва Парвардигори ту ба касе заррае ҳам ситам намекунад.(3)
3.Тафсири Бағавӣ. 5/177.

وَإِذۡ قُلۡنَا لِلۡمَلَٰٓئِكَةِ ٱسۡجُدُواْ لِأٓدَمَ فَسَجَدُوٓاْ إِلَّآ إِبۡلِيسَ كَانَ مِنَ ٱلۡجِنِّ فَفَسَقَ عَنۡ أَمۡرِ رَبِّهِۦٓۗ أَفَتَتَّخِذُونَهُۥ وَذُرِّيَّتَهُۥٓ أَوۡلِيَآءَ مِن دُونِي وَهُمۡ لَكُمۡ عَدُوُّۢۚ بِئۡسَ لِلظَّٰلِمِينَ بَدَلࣰا ٥٠

50.   Ва он гоҳ, ки ба фариштагон гуфтем, ки одамро саҷда кунед,(1) ҳама саҷда карданд,
магар Иблис, ки аз ҷин буд ва аз фармони Парвардигораш сар битофт. Эй мардум, оё шайтон ва фарзандонашро ба ҷои Ман ба дӯстӣ мегиред, ҳол он, ки душмани ашаддии шумоянд? Золимон чизи бадеро (яъне шайтонро сарпарасту корсози худ) ба ҷои Аллоҳ интихоб кардаанд.(2)
1. Саҷдаи эҳтиром ва таҳийят, на саҷдаи ибодат. 2. Тафсири Табарӣ. 18/44.

۞ مَّآ أَشۡهَدتُّهُمۡ خَلۡقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَلَا خَلۡقَ أَنفُسِهِمۡ وَمَا كُنتُ مُتَّخِذَ ٱلۡمُضِلِّينَ عَضُدࣰا ٥١

51.   Он гоҳ, ки осмонҳову замин ва худашонро меофаридам, онҳоро (Иблису фарзандонашро) ҳозир накарда будам, балки Худ, якто ҳамаро халқ кардам бе ягон ёвар. Зеро Ман гумроҳонро ба ёрӣ намегирам. Пас чӣ гуна ононро дӯст ва шарики Ман мегиред? (1)
1. Тафсири Саъдӣ. 1/480.

وَيَوۡمَ يَقُولُ نَادُواْ شُرَكَآءِيَ ٱلَّذِينَ زَعَمۡتُمۡ فَدَعَوۡهُمۡ فَلَمۡ يَسۡتَجِيبُواْ لَهُمۡ وَجَعَلۡنَا بَيۡنَهُم مَّوۡبِقࣰا ٥٢

52.   Ва рӯзе, ки Аллоҳ таъоло мегӯяд: «Онҳоеро, ки мепиндоштед шарикони Мананд дар ибодат, садо кунед, то ин ки шуморо кӯмак кунанд». Садо кунанд ва шарикон ҷавоб надиҳанд. Он гоҳ ҳалокатгоҳро
(ҷаҳаннам) миёнашон қарор диҳем.(1)
1. Тафсири Бағавӣ. 5/181.

وَرَءَا ٱلۡمُجۡرِمُونَ ٱلنَّارَ فَظَنُّوٓاْ أَنَّهُم مُّوَاقِعُوهَا وَلَمۡ يَجِدُواْ عَنۡهَا مَصۡرِفࣰا ٥٣

53.   Ва чун гунаҳкорон оташро мебинанд ва медонанд, ки дар он хоҳанд афтод ва аз он ҳеҷ роҳи хурезе наёбанд.

وَلَقَدۡ صَرَّفۡنَا فِي هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانِ لِلنَّاسِ مِن كُلِّ مَثَلࣲۚ وَكَانَ ٱلۡإِنسَٰنُ أَكۡثَرَ شَيۡءࣲ جَدَلࣰا ٥٤

54.   Дар ин Қуръон барои мардум ҳар гуна достоне баён кардаем, то ки панд гиранд ва имон оранд, вале одамӣ беш аз ҳама муҷодалагар (хусуматгар) аст.

وَمَا مَنَعَ ٱلنَّاسَ أَن يُؤۡمِنُوٓاْ إِذۡ جَآءَهُمُ ٱلۡهُدَىٰ وَيَسۡتَغۡفِرُواْ رَبَّهُمۡ إِلَّآ أَن تَأۡتِيَهُمۡ سُنَّةُ ٱلۡأَوَّلِينَ أَوۡ يَأۡتِيَهُمُ ٱلۡعَذَابُ قُبُلࣰا ٥٥

55.   Ва чизе мардумро бознадошт аз ин ки вақте ҳидоят ба сӯяшон боз омад имон наёваранд ва аз Парвардигорашон талаби омурзиш кунанд, ҷуз ин ки мехостанд сарнавишти пешиниён барои онон биёяд ё азоб дар баробарашон қарор гирад.

وَمَا نُرۡسِلُ ٱلۡمُرۡسَلِينَ إِلَّا مُبَشِّرِينَ وَمُنذِرِينَۚ وَيُجَٰدِلُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِٱلۡبَٰطِلِ لِيُدۡحِضُواْ بِهِ ٱلۡحَقَّۖ وَٱتَّخَذُوٓاْ ءَايَٰتِي وَمَآ أُنذِرُواْ هُزُوࣰا ٥٦

56.   Ва Мо паёмбаронро нафиристодем, ҷуз он ки ба ахли имон ва некӯкорон мужда диҳанд ё ахли куфр ва гунаҳгоронро битарсонанд. Ва кофироне, ки мехоҳанд ба нирӯи ботил ҳақро аз миён бибаранд, ҷидол мекунанд ва оёти Маро ва чизе аз он бим дода шудаанд, масхара мекунанд.

وَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّن ذُكِّرَ بِـَٔايَٰتِ رَبِّهِۦ فَأَعۡرَضَ عَنۡهَا وَنَسِيَ مَا قَدَّمَتۡ يَدَاهُۚ إِنَّا جَعَلۡنَا عَلَىٰ قُلُوبِهِمۡ أَكِنَّةً أَن يَفۡقَهُوهُ وَفِيٓ ءَاذَانِهِمۡ وَقۡرࣰاۖ وَإِن تَدۡعُهُمۡ إِلَى ٱلۡهُدَىٰ فَلَن يَهۡتَدُوٓاْ إِذًا أَبَدࣰا ٥٧

57.   Кист ситамгортар аз он, ки оёти Парвардигорашро барояш бихонанд, пас
ӯ баъди фаҳмидан рӯй гардонад ва корҳои баде, ки аз пеш карда, фаромӯш кунад? Ҳамоно Мо бар дили онҳо парда афкандем, то оёти Қуръонро нафаҳманд ва гӯшҳояшонро кар сохтем, то онро нашунаванд. Агар даъват кунӣ кофиронро ба сӯйи ҳидоят, ҳаргиз роҳ наёбанд.(1)
1. Ин оят барои касоне, ки аз ҳақ (Қуръон) рӯй мегардонанд, ҳушдоре аст. Тафсири Саъдӣ. 1/180.

وَرَبُّكَ ٱلۡغَفُورُ ذُو ٱلرَّحۡمَةِۖ لَوۡ يُؤَاخِذُهُم بِمَا كَسَبُواْ لَعَجَّلَ لَهُمُ ٱلۡعَذَابَۚ بَل لَّهُم مَّوۡعِدࣱ لَّن يَجِدُواْ مِن دُونِهِۦ مَوۡئِلࣰا ٥٨

58.   Ва Парвардигорат омурзандаву
меҳрубон аст. Агар мехост, кофиронро ба сабаби кирдори бадашон ба зудӣ дар ин ҷаҳон азоб медод. Аммо барои онҳо замони муъайяне аст, ки чун фаро расад, ҳаргиз, паноҳгоҳе наёбанд.(1)
1. Тафсири Бағавӣ. 5/1183.

وَتِلۡكَ ٱلۡقُرَىٰٓ أَهۡلَكۡنَٰهُمۡ لَمَّا ظَلَمُواْ وَجَعَلۡنَا لِمَهۡلِكِهِم مَّوۡعِدࣰا ٥٩

59.   Ва он шаҳрҳоеро, ки наздики Макка ҳастанд, чун кофир шуданд, ба ҳалокат расонидем ва барои ҳалокаташон вақтро муайян намудем.(1)
1. Яъне, мардуми он шаҳрҳо қавми Ҳуд, Солеҳ, Лут ва Шуъайб буданд. Тафсири Табарӣ. 18/53.

وَإِذۡ قَالَ مُوسَىٰ لِفَتَىٰهُ لَآ أَبۡرَحُ حَتَّىٰٓ أَبۡلُغَ مَجۡمَعَ ٱلۡبَحۡرَيۡنِ أَوۡ أَمۡضِيَ حُقُبࣰا ٦٠

60.   Ва ба ёд овар эй Расул, чун Мӯсо ба шогирди худ (Юшаъ ибни Нун) гуфт:
Ман ҳамчунон хоҳам рафт, то он ҷо, ки ду баҳр ба ҳам расидаанд. Ё биравам муддатҳои дароз, то бирасам ба назди марди солеҳе, ки аз ӯ таълим бигирам.

فَلَمَّا بَلَغَا مَجۡمَعَ بَيۡنِهِمَا نَسِيَا حُوتَهُمَا فَٱتَّخَذَ سَبِيلَهُۥ فِي ٱلۡبَحۡرِ سَرَبࣰا ٦١

61.   Пас чун он ду ба он ҷо, ки ду баҳр ба ҳам расида буданд, расиданд, нишастанд болои санге ва он моҳиеро, ки барои хӯрдан гирифта буданд, фаромӯш карданд ва моҳӣ роҳашро сарозер ба дарё гирифт.

فَلَمَّا جَاوَزَا قَالَ لِفَتَىٰهُ ءَاتِنَا غَدَآءَنَا لَقَدۡ لَقِينَا مِن سَفَرِنَا هَٰذَا نَصَبࣰا ٦٢

62.   Чун аз он ҷо гузаштанд,
Мӯсо ба шогирди худ гуфт: «Хӯроки чоштамонро биёвар, ки дар ин сафарамон машаққате дидаем».

قَالَ أَرَءَيۡتَ إِذۡ أَوَيۡنَآ إِلَى ٱلصَّخۡرَةِ فَإِنِّي نَسِيتُ ٱلۡحُوتَ وَمَآ أَنسَىٰنِيهُ إِلَّا ٱلشَّيۡطَٰنُ أَنۡ أَذۡكُرَهُۥۚ وَٱتَّخَذَ سَبِيلَهُۥ فِي ٱلۡبَحۡرِ عَجَبࣰا ٦٣

63.   (Он ҷавоне, ки ҳамроҳи Мӯсо буд,) гуфт: «Оё ба ёд дорӣ он замонеро, ки дар канори санг макон гирифта будем, то ки истироҳат кунем? Ман моҳиро фаромӯш кардам
он ҷо. Ва ин шайтон буд, ки сабаб шуд фаромӯш кунам, хабар додани қиссаашро, ки чӣ гуна моҳӣ зинда шуд ва ба тариқи таъаҷҷубовар ба баҳр рафт».

قَالَ ذَٰلِكَ مَا كُنَّا نَبۡغِۚ فَٱرۡتَدَّا عَلَىٰٓ ءَاثَارِهِمَا قَصَصࣰا ٦٤

64. Мӯсо гуфт: «Он ҷо ҳамон ҷоест, ки дар талабаш будаем». Пас ба нишони қадамҳои худ ҷустуҷӯкунон бозгаштанд.

فَوَجَدَا عَبۡدࣰا مِّنۡ عِبَادِنَآ ءَاتَيۡنَٰهُ رَحۡمَةࣰ مِّنۡ عِندِنَا وَعَلَّمۡنَٰهُ مِن لَّدُنَّا عِلۡمࣰا ٦٥

65.Ва дар он ҷо бандае аз бандагони некӯкори Мо (Хизр алайҳиссалом)-ро, ки раҳмати хеш бар ӯ арзонӣ дошта будем ва худ ба ӯ дониш омӯхта будем, биёфтанд.

قَالَ لَهُۥ مُوسَىٰ هَلۡ أَتَّبِعُكَ عَلَىٰٓ أَن تُعَلِّمَنِ مِمَّا عُلِّمۡتَ رُشۡدࣰا ٦٦

66. Мӯсо ба ӯ гуфт: «Оё туро пайравӣ кунам, то аз он чи ба ту Аллоҳ омӯхтааст(1) ва он мояи рушд аст, ба ман биёмӯзӣ?
1. Аллоҳи меҳрубон ба Хизр каромот дода буд, ки ҳақиқати бисёре аз корҳои пӯшидаеро медонист, ки дигарон намедонистанд. Тафсири Саъдӣ. 1/481.

قَالَ إِنَّكَ لَن تَسۡتَطِيعَ مَعِيَ صَبۡرࣰا ٦٧

67.Хизр гуфт: «Ту ҳаргиз наметавони ҳамроҳи ман сабр кунӣ.

وَكَيۡفَ تَصۡبِرُ عَلَىٰ مَا لَمۡ تُحِطۡ بِهِۦ خُبۡرࣰا ٦٨

68.Ва чӣ гуна дар баробари чизе, ки ба он огаҳӣ наёфтаи, сабр хоҳи кард?»

قَالَ سَتَجِدُنِيٓ إِن شَآءَ ٱللَّهُ صَابِرࣰا وَلَآ أَعۡصِي لَكَ أَمۡرࣰا ٦٩

69.Мӯсо гуфт: «Агар Аллоҳ бихоҳад, маро сабркунанда хоҳи ёфт, он чунон ки дар ҳеҷ коре туро нофармонӣ накунам».

قَالَ فَإِنِ ٱتَّبَعۡتَنِي فَلَا تَسۡـَٔلۡنِي عَن شَيۡءٍ حَتَّىٰٓ أُحۡدِثَ لَكَ مِنۡهُ ذِكۡرࣰا ٧٠

70.Хизр гуфт: «Агар аз паи ман меоӣ, набояд, ки аз ман чизе бипурсӣ, то ман, худ туро аз он огоҳ кунам».

فَٱنطَلَقَا حَتَّىٰٓ إِذَا رَكِبَا فِي ٱلسَّفِينَةِ خَرَقَهَاۖ قَالَ أَخَرَقۡتَهَا لِتُغۡرِقَ أَهۡلَهَا لَقَدۡ جِئۡتَ شَيۡـًٔا إِمۡرࣰا ٧١

71.     Пас ба роҳ баромаданд, то ба киштӣ савор шуданд.
Хизр киштиро сӯрох кард.
Мӯсо гуфт: «Киштиро сӯрох мекунӣ, то мардумашро ғарқ созӣ? Коре, ки кардӣ, бегумон кори бисёр бадест!»

قَالَ أَلَمۡ أَقُلۡ إِنَّكَ لَن تَسۡتَطِيعَ مَعِيَ صَبۡرࣰا ٧٢

72.     Хизр гуфт: «Оё нагуфта будам, ки ту ҳаргиз бо ман сабр карда наметавонй?»

قَالَ لَا تُؤَاخِذۡنِي بِمَا نَسِيتُ وَلَا تُرۡهِقۡنِي مِنۡ أَمۡرِي عُسۡرࣰا ٧٣

73.     Мӯсо гуфт: «Фаромӯш кардам, маро бозхост макун ва ба ин андоза бар ман сахт магир».

فَٱنطَلَقَا حَتَّىٰٓ إِذَا لَقِيَا غُلَٰمࣰا فَقَتَلَهُۥ قَالَ أَقَتَلۡتَ نَفۡسࣰا زَكِيَّةَۢ بِغَيۡرِ نَفۡسࣲ لَّقَدۡ جِئۡتَ شَيۡـࣰٔا نُّكۡرࣰا ٧٤

74.     Пас, ба роҳи худ идома доданд, то ба писаре вохӯрданд, Хизр ӯро кушт. Мӯсо гуфт: «Оё шахси поку бегуноҳе, ки ҳеҷ касеро накуштааст, ту ӯро куштӣ?
Ба ростӣ кори зиште анҷом додӣ».

۞ قَالَ أَلَمۡ أَقُل لَّكَ إِنَّكَ لَن تَسۡتَطِيعَ مَعِيَ صَبۡرࣰا ٧٥

75.     Хизр гуфт: «Оё нагуфта будам, ки ту ҳаргиз бо ман сабр карда наметавонӣ?»

قَالَ إِن سَأَلۡتُكَ عَن شَيۡءِۭ بَعۡدَهَا فَلَا تُصَٰحِبۡنِيۖ قَدۡ بَلَغۡتَ مِن لَّدُنِّي عُذۡرࣰا ٧٦

76.  Мӯсо гуфт: «Агар аз ин пас аз ту чизе бипурсам, бо ман ҳамроҳӣ макун! Ҳамоно ту аз ҷониби ман маъзур бошӣ».

فَٱنطَلَقَا حَتَّىٰٓ إِذَآ أَتَيَآ أَهۡلَ قَرۡيَةٍ ٱسۡتَطۡعَمَآ أَهۡلَهَا فَأَبَوۡاْ أَن يُضَيِّفُوهُمَا فَوَجَدَا فِيهَا جِدَارࣰا يُرِيدُ أَن يَنقَضَّ فَأَقَامَهُۥۖ قَالَ لَوۡ شِئۡتَ لَتَّخَذۡتَ عَلَيۡهِ أَجۡرࣰا ٧٧

77.   Пас ба роҳи худ идома доданд, то ба шаҳре расиданд. Аз мардуми он шаҳр таоме хостанд. Пас онон меҳмондорияшон накарданд. Он ҷо деворе диданд, ки
наздик буд, бияфтад. Хизр деворро рост кард. Мӯсо гуфт: «Агар мехостӣ метавонисти дар баробари ин кор музде бигирӣ».

قَالَ هَٰذَا فِرَاقُ بَيۡنِي وَبَيۡنِكَۚ سَأُنَبِّئُكَ بِتَأۡوِيلِ مَا لَمۡ تَسۡتَطِع عَّلَيۡهِ صَبۡرًا ٧٨

78.   Хизр гуфт: «Акнун замони ҷудоӣ миёни ману туст ва туро аз сирри он корҳо, ки таҳаммулашонро надоштӣ, огоҳ мекунам.

أَمَّا ٱلسَّفِينَةُ فَكَانَتۡ لِمَسَٰكِينَ يَعۡمَلُونَ فِي ٱلۡبَحۡرِ فَأَرَدتُّ أَنۡ أَعِيبَهَا وَكَانَ وَرَآءَهُم مَّلِكࣱ يَأۡخُذُ كُلَّ سَفِينَةٍ غَصۡبࣰا ٧٩

79.   Аммо он киштӣ аз они бенавоёне буд, ки дар баҳр кор мекарданд. Хостам хароб (нуқсондор)-аш кунам, зеро дар пеши рӯяшон подшоҳе буд, ки киштиҳои солимро ба зӯрӣ мегирифт.

وَأَمَّا ٱلۡغُلَٰمُ فَكَانَ أَبَوَاهُ مُؤۡمِنَيۡنِ فَخَشِينَآ أَن يُرۡهِقَهُمَا طُغۡيَٰنࣰا وَكُفۡرࣰا ٨٠

80. Ва аммо он писарро падару модараш мӯъмин буданд.
Пас тарсидам, ки он дуро ба исёну куфр дарандозад.

فَأَرَدۡنَآ أَن يُبۡدِلَهُمَا رَبُّهُمَا خَيۡرࣰا مِّنۡهُ زَكَوٰةࣰ وَأَقۡرَبَ رُحۡمࣰا ٨١

81.  Пас хостем то дар ивази ӯ Парвардигорашон ба ҷои ӯ фарзанди поктар ва меҳрубонтар барояшон ато фармояд.

وَأَمَّا ٱلۡجِدَارُ فَكَانَ لِغُلَٰمَيۡنِ يَتِيمَيۡنِ فِي ٱلۡمَدِينَةِ وَكَانَ تَحۡتَهُۥ كَنزࣱ لَّهُمَا وَكَانَ أَبُوهُمَا صَٰلِحࣰا فَأَرَادَ رَبُّكَ أَن يَبۡلُغَآ أَشُدَّهُمَا وَيَسۡتَخۡرِجَا كَنزَهُمَا رَحۡمَةࣰ مِّن رَّبِّكَۚ وَمَا فَعَلۡتُهُۥ عَنۡ أَمۡرِيۚ ذَٰلِكَ تَأۡوِيلُ مَا لَمۡ تَسۡطِع عَّلَيۡهِ صَبۡرࣰا ٨٢

82. Аммо девор аз они ду ятими мардуми ин шаҳр буд, дар зераш ганҷе буд аз они писарон. Падарашон марди солеҳе буд. Парвардигори ту мехост он ду бар ҳадди балоғат (ба воя) расанд ва ганҷи худро берун оранд. Ва ман ин корро ба майли худ накардам, балки ба амри Аллоҳ кардам. Раҳмати Парвардигори ту буд. Ин аст таъвили он чи ки дар он сабр карда натавонистӣ.(1).
1. Тафсири Бағавӣ. 5/198.

وَيَسۡـَٔلُونَكَ عَن ذِي ٱلۡقَرۡنَيۡنِۖ قُلۡ سَأَتۡلُواْ عَلَيۡكُم مِّنۡهُ ذِكۡرًا ٨٣

83. Эй Паёмбар, аз ту дар бораи Зулқарнайн (подшоҳи одил) мепурсанд. Бигӯ: "Барои шумо аз саргузашти ӯ хабаре хоҳам дод."

إِنَّا مَكَّنَّا لَهُۥ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَءَاتَيۡنَٰهُ مِن كُلِّ شَيۡءࣲ سَبَبࣰا ٨٤

84. Ҳамоно мо ӯро дар замин қудрат додем ва роҳи расидан ба ҳар чизеро бар ӯ нишон додем.

فَأَتۡبَعَ سَبَبًا ٨٥

85. Пас ӯ низ он роҳро бо кӯшишу ғайрат пай гирифт.

حَتَّىٰٓ إِذَا بَلَغَ مَغۡرِبَ ٱلشَّمۡسِ وَجَدَهَا تَغۡرُبُ فِي عَيۡنٍ حَمِئَةࣲ وَوَجَدَ عِندَهَا قَوۡمࣰاۖ قُلۡنَا يَٰذَا ٱلۡقَرۡنَيۡنِ إِمَّآ أَن تُعَذِّبَ وَإِمَّآ أَن تَتَّخِذَ فِيهِمۡ حُسۡنࣰا ٨٦

86. То ба ғурубгоҳи хуршед расид. Дид, ки хуршед дар чашми гилолуди сиёҳ ғуруб мекунад ва бар он ҷо мардумеро ёфт. Мо гуфтем: "Эй Зулқарнайн, мехоҳӣ азобашон кун агар ба ягонагии Худо иқрор нашаванд ва мехоҳӣ бо онҳо некӣ кун (Яъне, ба онҳо роҳи ҳақро нишон бидеҳ.)"

قَالَ أَمَّا مَن ظَلَمَ فَسَوۡفَ نُعَذِّبُهُۥ ثُمَّ يُرَدُّ إِلَىٰ رَبِّهِۦ فَيُعَذِّبُهُۥ عَذَابࣰا نُّكۡرࣰا ٨٧

87. Гуфт: "Аммо ҳар кас, ки ситам кунад (кофир шавад), мо азобаш хоҳем кард. Он гоҳ ӯро назди Парвардигораш баргардонида шавад, то Ӯ еиз ба сахтӣ дар ҷаҳаннам азобаш кунад.

وَأَمَّا مَنۡ ءَامَنَ وَعَمِلَ صَٰلِحࣰا فَلَهُۥ جَزَآءً ٱلۡحُسۡنَىٰۖ وَسَنَقُولُ لَهُۥ مِنۡ أَمۡرِنَا يُسۡرࣰا ٨٨

88.   Ва аммо ҳар кас, ки имон оварад ва корҳои шоиста кунад, аҷре некӯ дорад. Ва Мо бо фармони худ ӯро ба кори осоне хоҳем гузошт.»

ثُمَّ أَتۡبَعَ سَبَبًا ٨٩

89.   Боз ҳам роҳро пай гирифт. Яъне ба сӯйи машриқ бозгашт бо сабабҳое, ки Аллоҳ ба ӯ дода буд.

حَتَّىٰٓ إِذَا بَلَغَ مَطۡلِعَ ٱلشَّمۡسِ وَجَدَهَا تَطۡلُعُ عَلَىٰ قَوۡمࣲ لَّمۡ نَجۡعَل لَّهُم مِّن دُونِهَا سِتۡرࣰا ٩٠

90.   То ба макони баромадани офтоб расид. Дар он ҷо дид, ки бар қавме метобад, ки дар баробари тобиши офтоб барояшон пӯшише қарор надода будем.

كَذَٰلِكَۖ وَقَدۡ أَحَطۡنَا بِمَا لَدَيۡهِ خُبۡرࣰا ٩١

91.   Чунин буд. Ва мо бар аҳволи ӯ ҳар ҷое, ки мерафт, хабар дорем.

ثُمَّ أَتۡبَعَ سَبَبًا ٩٢

92.   Боз ҳам Зулқарнайн роҳро пай гирифт.

حَتَّىٰٓ إِذَا بَلَغَ بَيۡنَ ٱلسَّدَّيۡنِ وَجَدَ مِن دُونِهِمَا قَوۡمࣰا لَّا يَكَادُونَ يَفۡقَهُونَ قَوۡلࣰا ٩٣

93.   То ба миёни ду кӯҳ расид. Дар паси он ду кӯҳ мардумеро дид, ки ҳеҷ суханеро намефаҳмиданд.

قَالُواْ يَٰذَا ٱلۡقَرۡنَيۡنِ إِنَّ يَأۡجُوجَ وَمَأۡجُوجَ مُفۡسِدُونَ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَهَلۡ نَجۡعَلُ لَكَ خَرۡجًا عَلَىٰٓ أَن تَجۡعَلَ بَيۡنَنَا وَبَيۡنَهُمۡ سَدࣰّا ٩٤

94.   Гуфтанд: «Эй Зулқарнайн, ҳамоно Яъҷуҷу Маъҷуҷ(1) дар ин сарзамин фасод мекунанд. Пас, оё барои ту муздеро
мукқаррар кунем, то ту миёни мову онҳо садде (деворе) бисозӣ?»
1. Ин ду гурӯҳ умматони фасодкор, аз авлоди Ёфус писари Нӯҳ мебошанд. Тафсири Бағавӣ. 5/202.

قَالَ مَا مَكَّنِّي فِيهِ رَبِّي خَيۡرࣱ فَأَعِينُونِي بِقُوَّةٍ أَجۡعَلۡ بَيۡنَكُمۡ وَبَيۡنَهُمۡ رَدۡمًا ٩٥

95.   Гуфт: «Он чи Парвардигори ман маро ба он тавоноӣ додааст, беҳтар аст аз музде, ки ба ман медиҳед. Маро ба нерӯи хеш мадад кунед, то миёни шумову онҳо садде (деворе) бисозам.

ءَاتُونِي زُبَرَ ٱلۡحَدِيدِۖ حَتَّىٰٓ إِذَا سَاوَىٰ بَيۡنَ ٱلصَّدَفَيۡنِ قَالَ ٱنفُخُواْۖ حَتَّىٰٓ إِذَا جَعَلَهُۥ نَارࣰا قَالَ ءَاتُونِيٓ أُفۡرِغۡ عَلَيۡهِ قِطۡرࣰا ٩٦

96.   Барои ман порчаҳои оҳан биёваред». Чун миёни он ду кӯҳро баробар кард, гуфт: «Оташ бидамед!». То он оҳанро бигудохт. Ва гуфт: «Миси гудохта биёваред, то бар он резам».

فَمَا ٱسۡطَٰعُوٓاْ أَن يَظۡهَرُوهُ وَمَا ٱسۡتَطَٰعُواْ لَهُۥ نَقۡبࣰا ٩٧

97.   Натавонистанд Яъҷуҷу Маъҷуҷ аз он девор боло раванд ва натавонистанд низ дар он сӯрохӣ кунанд.

قَالَ هَٰذَا رَحۡمَةࣱ مِّن رَّبِّيۖ فَإِذَا جَآءَ وَعۡدُ رَبِّي جَعَلَهُۥ دَكَّآءَۖ وَكَانَ وَعۡدُ رَبِّي حَقࣰّا ٩٨

98.  Зулқарнайн гуфт: «Ин деворе, ки ман сохтам, раҳмате буд аз ҷониби Парвардигори ман ва чун ваъдаи Парвардигори ман даррасид,(1) онро зеру забар кунад ва ваъдаи Парвардигори ман рост аст».
1. Яъне, чун Яъҷуҷу Маъҷуҷ бароянд.

۞ وَتَرَكۡنَا بَعۡضَهُمۡ يَوۡمَئِذࣲ يَمُوجُ فِي بَعۡضࣲۖ وَنُفِخَ فِي ٱلصُّورِ فَجَمَعۡنَٰهُمۡ جَمۡعࣰا ٩٩

99.   Ва дар он рӯз баъзе онҳоро раҳо мекунем, то чун мавҷ дарҳам омезанд аз сабаби бисёр буданашон ва чун дар сур дамида шавад, комилан ҳамаашонро як ҷо гирд оварем.(1).
1. Тафсири Бағавӣ. 5/209.

وَعَرَضۡنَا جَهَنَّمَ يَوۡمَئِذࣲ لِّلۡكَٰفِرِينَ عَرۡضًا ١٠٠

100. Ва дар он рӯз ҷаҳаннамро чунон ки бояд, ба кофирон нишон хоҳем дод.

ٱلَّذِينَ كَانَتۡ أَعۡيُنُهُمۡ فِي غِطَآءٍ عَن ذِكۡرِي وَكَانُواْ لَا يَسۡتَطِيعُونَ سَمۡعًا ١٠١

101.Он касон (кофирон), ки чашмонашон аз ёди ман дар парда буда (яъне қудратҳои Манро намедиданд) ва тавони шунидани ҳуҷҷатҳоеро, ки далолат мекарданд, ба имон овардани ба Ман ва расуламро надоштаанд.

أَفَحَسِبَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ أَن يَتَّخِذُواْ عِبَادِي مِن دُونِيٓ أَوۡلِيَآءَۚ إِنَّآ أَعۡتَدۡنَا جَهَنَّمَ لِلۡكَٰفِرِينَ نُزُلࣰا ١٠٢

102.Оё кофирон пиндоранд, ки ба ҷои Ман бандагони Манро ба маъбудӣ гиранд? Мо ҷаҳаннамро омода сохтаем, то манзилгоҳи кофирон бошад.

قُلۡ هَلۡ نُنَبِّئُكُم بِٱلۡأَخۡسَرِينَ أَعۡمَٰلًا ١٠٣

103. Эй Паёмбар, бигӯ: «Оё шуморо огоҳ кунем, ки аъмоли чӣ касоне беш аз ҳама ба зиёнашон буд?

ٱلَّذِينَ ضَلَّ سَعۡيُهُمۡ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا وَهُمۡ يَحۡسَبُونَ أَنَّهُمۡ يُحۡسِنُونَ صُنۡعًا ١٠٤

104.Он касоне ҳастанд, ки(1) кӯшишҳояшон дар зиндагии дунё барбод рафтаанд ва мепиндоштанд, кори некӯ мекунанд.
1. Монанди мушрикон ва ҳар як қавме, ки мисли яҳудиёну насрониҳо дар гумроҳӣ ҳастанд. Тафсири Бағавӣ. 5/210.

أُوْلَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِـَٔايَٰتِ رَبِّهِمۡ وَلِقَآئِهِۦ فَحَبِطَتۡ أَعۡمَٰلُهُمۡ فَلَا نُقِيمُ لَهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ وَزۡنࣰا ١٠٥

105.  Онон ба оёти Парвардигорашон ва ба мулоқот бо Ӯ имон наёварданд, пас аъмолашон несту нобуд шуд ва Мо дар рӯзи қиёмат барояшон ҳеҷ арзиш ва манзалатеро нахоҳем ниҳод.

ذَٰلِكَ جَزَآؤُهُمۡ جَهَنَّمُ بِمَا كَفَرُواْ وَٱتَّخَذُوٓاْ ءَايَٰتِي وَرُسُلِي هُزُوًا ١٠٦

106.  Сазои онҳо ба сабаби куфрашон, ҷаҳаннам аст ва низ ба он сабаб, ки оятҳои Қуръону паёмбарони Маро масхара мекарданд.

إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ كَانَتۡ لَهُمۡ جَنَّٰتُ ٱلۡفِرۡدَوۡسِ نُزُلًا ١٠٧

107.  Касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, албатта ҷойгоҳашон боғҳои фирдавс аст.

خَٰلِدِينَ فِيهَا لَا يَبۡغُونَ عَنۡهَا حِوَلࣰا ١٠٨

108.  Дар он ҷо ҷовидонанд ва ҳаргиз дархости берун рафтан накунанд.

قُل لَّوۡ كَانَ ٱلۡبَحۡرُ مِدَادࣰا لِّكَلِمَٰتِ رَبِّي لَنَفِدَ ٱلۡبَحۡرُ قَبۡلَ أَن تَنفَدَ كَلِمَٰتُ رَبِّي وَلَوۡ جِئۡنَا بِمِثۡلِهِۦ مَدَدࣰا ١٠٩

109.  Эй Паёмбар, бигӯ: «Агар баҳр барои навиштани суханони Парвардигори ман ранг шавад, баҳр ба поён мерасад ва суханони Парвардигори ман ба поён намерасад, ҳарчанд баҳри дигаре ба мадади он биёварем».(1)
1. Тафсири Бағавӣ. 5/212.

قُلۡ إِنَّمَآ أَنَا۠ بَشَرࣱ مِّثۡلُكُمۡ يُوحَىٰٓ إِلَيَّ أَنَّمَآ إِلَٰهُكُمۡ إِلَٰهࣱ وَٰحِدࣱۖ فَمَن كَانَ يَرۡجُواْ لِقَآءَ رَبِّهِۦ فَلۡيَعۡمَلۡ عَمَلࣰا صَٰلِحࣰا وَلَا يُشۡرِكۡ بِعِبَادَةِ رَبِّهِۦٓ أَحَدَۢا ١١٠

110.  Бигӯ эй Паёмбар: «Ман фақат инсоне ҳастам монанди шумо. Ба ман ваҳй мешавад, ки албатта, Аллоҳи шумо, маъбуди яктост.
Пас ҳар кас хоҳони дидори Парвардигори хеш аст, бояд кори шоиста кунад ва дар парастиши Парвардигораш ҳеҷ касро шарик насозад».

Other translations of this surah

Tafsir of this surah in Arabic Тоҷикӣ translation

Surahs

1 Al-Fatihah ФОТИҲА · 7 verses · Meccan Juz 1 · Revealed 5 الفاتحة 2 Al-Baqarah БАҚАРА · 286 verses · Medinan Juz 1 · Revealed 87 البقرة 3 Al-Imran ОЛИ ИМРОН · 200 verses · Medinan Juz 3 · Revealed 89 آل عمران 4 An-Nisa' НИСО · 176 verses · Medinan Juz 4 · Revealed 92 النساء 5 Al-Ma'idah МОИДА · 120 verses · Medinan Juz 6 · Revealed 112 المائدة 6 Al-An'am АНЪОМ · 165 verses · Meccan Juz 7 · Revealed 55 الأنعام 7 Al-A'raf АЪРОФ · 206 verses · Meccan Juz 8 · Revealed 39 الأعراف 8 Al-Anfal АНФОЛ · 75 verses · Medinan Juz 9 · Revealed 88 الأنفال 9 At-Taubah ТАВБА · 129 verses · Medinan Juz 10 · Revealed 113 التوبة 10 Yunus ЮНУС · 109 verses · Meccan Juz 11 · Revealed 51 يونس 11 Hood ҲУД · 123 verses · Meccan Juz 11 · Revealed 52 هود 12 Yusuf ЮСУФ · 111 verses · Meccan Juz 12 · Revealed 53 يوسف 13 Ar-Ra'd РАЪД · 43 verses · Medinan Juz 13 · Revealed 96 الرعد 14 Ibrahim ИБРОҲИМ · 52 verses · Meccan Juz 13 · Revealed 72 إبراهيم 15 Al-Hijr ҲИҶР · 99 verses · Meccan Juz 14 · Revealed 54 الحجر 16 An-Nahl НАҲЛ · 128 verses · Meccan Juz 14 · Revealed 70 النحل 17 Al-Isra ИСРО · 111 verses · Meccan Juz 15 · Revealed 50 الإسراء 18 Al-Kahf КАҲФ · 110 verses · Meccan Juz 15 · Revealed 69 الكهف 19 Maryam МАРЯМ · 98 verses · Meccan Juz 16 · Revealed 44 مريم 20 Ta­Ha ТОҲО · 135 verses · Meccan Juz 16 · Revealed 45 طه 21 Al-Anbiya' АНБИЁ · 112 verses · Meccan Juz 17 · Revealed 73 الأنبياء 22 Al-Hajj ҲАҶ · 78 verses · Medinan Juz 17 · Revealed 103 الحج 23 Al-Mu'minun МУЪМИНУН · 118 verses · Meccan Juz 18 · Revealed 74 المؤمنون 24 An-Nur НУР · 64 verses · Medinan Juz 18 · Revealed 102 النور 25 Al-Furqan ФУРҚОН · 77 verses · Meccan Juz 18 · Revealed 42 الفرقان 26 Ash-Shu'ara' ШУЪАРО · 227 verses · Meccan Juz 19 · Revealed 47 الشعراء 27 An-Naml НАМЛ · 93 verses · Meccan Juz 19 · Revealed 48 النمل 28 Al-Qasas ҚАСАС · 88 verses · Meccan Juz 20 · Revealed 49 القصص 29 Al-'Ankabut АНКАБУТ · 69 verses · Meccan Juz 20 · Revealed 85 العنكبوت 30 Ar­Room РУМ · 60 verses · Meccan Juz 21 · Revealed 84 الروم 31 Luqman ЛУҚМОН · 34 verses · Meccan Juz 21 · Revealed 57 لقمان 32 As­Sajdah САҶДА · 30 verses · Meccan Juz 21 · Revealed 75 السجدة 33 Al­Ahzab АҲЗОБ · 73 verses · Medinan Juz 21 · Revealed 90 الأحزاب 34 Saba' САБА · 54 verses · Meccan Juz 22 · Revealed 58 سبأ 35 Fatir ФОТИР · 45 verses · Meccan Juz 22 · Revealed 43 فاطر 36 Ya­Sin ЁСИН · 83 verses · Meccan Juz 22 · Revealed 41 يس 37 As-Saffat СОФФОТ · 182 verses · Meccan Juz 23 · Revealed 56 الصافات 38 Sad СОД · 88 verses · Meccan Juz 23 · Revealed 38 ص 39 Az-Zumar ЗУМАР · 75 verses · Meccan Juz 23 · Revealed 59 الزمر 40 Ghafir ҒОФИР · 85 verses · Meccan Juz 24 · Revealed 60 غافر 41 Fussilat ФУССИЛАТ · 54 verses · Meccan Juz 24 · Revealed 61 فصلت 42 Ash-Shura ШУРО · 53 verses · Meccan Juz 25 · Revealed 62 الشورى 43 Az-Zukhruf ЗУХРУФ · 89 verses · Meccan Juz 25 · Revealed 63 الزخرف 44 Ad-Dukhan ДУХОН · 59 verses · Meccan Juz 25 · Revealed 64 الدخان 45 Al-Jathiya ҶОСИЯ · 37 verses · Meccan Juz 25 · Revealed 65 الجاثية 46 Al-Ahqaf АҲҚОФ · 35 verses · Meccan Juz 26 · Revealed 66 الأحقاف 47 Muhammad МУҲАММАД · 38 verses · Medinan Juz 26 · Revealed 96 محمد 48 Al-Fath ФАТҲ · 29 verses · Medinan Juz 26 · Revealed 111 الفتح 49 Al-Hujurat ҲУҶУРОТ · 18 verses · Medinan Juz 26 · Revealed 106 الحجرات 50 Qaf ҚОФ · 45 verses · Meccan Juz 26 · Revealed 34 ق 51 Az-Zariyat ЗОРИЁТ · 60 verses · Meccan Juz 26 · Revealed 67 الذاريات 52 At-Tur ТУР · 49 verses · Meccan Juz 27 · Revealed 76 الطور 53 An-Najm НАҶМ · 62 verses · Meccan Juz 27 · Revealed 23 النجم 54 Al-Qamar ҚАМАР · 55 verses · Meccan Juz 27 · Revealed 37 القمر 55 Ar-Rahman РАҲМОН · 78 verses · Medinan Juz 27 · Revealed 97 الرحمن 56 Al-Waqi'ah ВОҚИА · 96 verses · Meccan Juz 27 · Revealed 46 الواقعة 57 Al-Hadid ҲАДИД · 29 verses · Medinan Juz 27 · Revealed 94 الحديد 58 Al-Mujadilah МУҶОДАЛА · 22 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 105 المجادلة 59 Al-Hashr ҲАШР · 24 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 101 الحشر 60 Al-Mumtahinah МУМТАҲИНА · 13 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 91 الممتحنة 61 As-Saff САФ · 14 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 109 الصف 62 Al-Jumu'ah ҶУМЪА · 11 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 110 الجمعة 63 Al-Munafiqun МУНОФИҚИН · 11 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 104 المنافقون 64 At-Taghabun ТАҒОБУН · 18 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 108 التغابن 65 At-Talaq ТАЛОҚ · 12 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 99 الطلاق 66 At-Tahrim ТАҲРИМ · 12 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 107 التحريم 67 Al-Mulk МУЛК · 30 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 77 الملك 68 Al-Qalam ҚАЛАМ · 52 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 2 القلم 69 Al-Haqqah ҲОҚҚА · 52 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 87 الحاقة 70 Al-Ma'arij МАЪОРИҶ · 44 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 79 المعارج 71 Nooh НУҲ · 28 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 71 نوح 72 Al-Jinn ҶИН · 28 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 40 الجن 73 Al-Muzzammil МУЗЗАММИЛ · 20 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 3 المزمل 74 Al-Muddaththir МУДДАССИР · 56 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 4 المدثر 75 Al-Qiyamah ҚИЁМАТ · 40 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 31 القيامة 76 Al-Insan ИНСОН · 31 verses · Medinan Juz 29 · Revealed 98 الإنسان 77 Al-Mursalat МУРСАЛОТ · 50 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 33 المرسلات 78 An-Naba' НАБА · 40 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 80 النبأ 79 An-Nazi'at НОЗИЪОТ · 46 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 81 النازعات 80 'Abasa АБАСА · 42 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 24 عبس 81 At-Takwir ТАКВИР · 29 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 7 التكوير 82 Al-Infitar ИНФИТОР · 19 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 82 الإنفطار 83 Al-Mutaffifin МУТАФФИФИН · 36 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 86 المطففين 84 Al-Inshiqaq ИНШИҚОҚ · 25 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 83 الإنشقاق 85 Al-Buruj БУРУҶ · 22 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 27 البروج 86 At-Tariq ТОРИҚ · 17 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 36 الطارق 87 Al-A'la АЪЛО · 19 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 8 الأعلى 88 Al-Ghashiyah ҒОШИЯ · 26 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 68 الغاشية 89 Al-Fajr ФАҶР · 30 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 10 الفجر 90 Al-Balad БАЛАД · 20 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 35 البلد 91 Ash-Shams ШАМС · 15 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 26 الشمس 92 Al-Lail ЛАЙЛ · 21 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 9 الليل 93 Ad-Duha ЗУҲО · 11 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 11 الضحى 94 Ash-Sharh ШАРҲ · 8 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 12 الشرح 95 At-Tin ТИН · 8 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 28 التين 96 Al-'Alaq АЛАҚ · 19 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 1 العلق 97 Al-Qadr ҚАДР · 5 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 25 القدر 98 Al-Baiyinah БАЙЙИНА · 8 verses · Medinan Juz 30 · Revealed 100 البينة 99 Az-Zalzalah ЗИЛЗИЛА · 8 verses · Medinan Juz 30 · Revealed 93 الزلزلة 100 Al-'Adiyat ЪОДИЁТ · 11 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 14 العاديات 101 Al-Qari'ah ҚОРИЪА · 11 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 30 القارعة 102 At-Takathur ТАКОСУР · 8 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 16 التكاثر 103 Al-'Asr АСР · 3 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 13 العصر 104 Al-Humazah ҲУМАЗА · 9 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 32 الهمزة 105 Al-Fil ФИЛ · 5 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 19 الفيل 106 Quraish ҚУРАЙШ · 4 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 29 قريش 107 Al-Ma'un МОЪУН · 7 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 17 الماعون 108 Al-Kauthar КАВСАР · 3 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 15 الكوثر 109 Al-Kafirun КОФИРУН · 6 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 18 الكافرون 110 An-Nasr НАСР · 3 verses · Medinan Juz 30 · Revealed 114 النصر 111 Al-Masad МАСАД · 5 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 6 المسد 112 Al-Ikhlas ИХЛОС · 4 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 22 الإخلاص 113 Al-Falaq ФАЛАҚ · 5 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 20 الفلق 114 An-Nas НОС · 6 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 21 الناس

Reading settings

View
Compare with

Pick up to two more translations to show under each verse.

Arabic size
100%
Translation size
100%
Line spacing
Theme

Verse

Arabic tafsir
Highlight

Highlights stay in this browser and are listed on the bookmarks page. /bookmarks