2.Эй касоне, ки имон овардаед, нишонаҳои Аллоҳро он корҳое, ки дар ҳолати иҳром ё дар Макка ҳаром аст ҳалол надонед ва на ҷанг кардан дар моҳҳои ҳаром (1) ва на қурбониҳои бенишон ва на нишондор (2) ва на касонеро, ки қасди омадан ба хонаи Аллоҳро (Каъба) доранд ва аз паи талаби рӯзӣ ва хушнудии Парвардигорашон ҳастанд.. Ва чун аз иҳром барои ҳаҷ ё умра берун омадед (иҳромро аз тан бароваред), шикор кунед. Ва душманӣ бо қавме, ки шуморо аз Масҷидулҳаром боздоштанд, водоратон насозад, ки аз ҳадди хеш таҷовуз кунед ва аз онон интиқом бигиред.
Ва дар некӯкорӣ (3) ва тақво (4) ҳамкорӣ намоед, на дар гуноҳу таҷовуз. Ва аз Аллоҳ битарсед, ки Ӯ ба сахтӣ азоб мекунад. (5)
1. Муҳаррам, раҷаб, зулқаъда ва зулҳиҷҷа. Ҷумҳури уламо бар ин бовар ҳастанд, ки манъшудани ҷанг дар моҳҳои ҳаром бо ояти 5- уми сураи Тавба мансух гардидааст,
2. Яъне қурбоние, ки дар гарданашон занҷир ё гарданбанд ё чизи дигаре овехта шудааст, то маълум шавад, ки ин мол махсус барои қурбонӣ аст.
3. Яъне, номест, дарбаргирандаи тамоми амалҳои зоҳири ва ботиние, ки Парвардигор онҳоро дӯст медорад ва меписандад.
4. Ва "Тақво" дар инҷо номе аст, ки дарбаргирандаи тарки тамоми амалҳои зоҳирӣ ва ботиние, ки Аллоҳ ва расулаш онҳоро дӯст намедоранд.
5. Тафсири Саъдӣ 1/ 218 /219
3.Ҳаром шуд бар шумо хӯрдани ҳайвони худмурда ва хуни забҳ ва гӯшти хук ва ҳар ҳайвоне, ки ба ҳангоми куштанаш номи дигаре ҷуз Аллоҳро бар ӯ бигӯянд ва он чӣ нафасгиршуда мурда бошад ё ба санг зада бошанд ё аз боло дарафтода бошад ё аз шох задани ҳайвони дигаре бимирад ё даррандагон аз он хӯрда бошанд, магар он ки пеш аз мурданаш сар бурида бошед. Ва низ ҳар чӣ барои бутон сар бурида шавад ва он чӣ ба василаи тирҳои қимор қисмат кунед, (1) ки ин кор худ нофармонист.
Имрӯз (яъне рӯзи Арафа) кофирон аз бозгашти шумо аз дини хеш ноумед шудаанд. Аз онон матарсед, аз Ман битарсед. Имрӯз дини шуморо бо Қуръону суннат ба камол расонидам ва неъмати худ бар шумо тамом кардам ва Исломро ҳамчун дин барои шумо интихоб намудам. Пас ҳар кӣ дар гуруснагӣ ночор монад, бе он ки қасди гуноҳ дошта бошад яъне, гуруснагӣ маҷбураш созад, ки аз мурдор ё он чӣ дар ин оят баршумурда ва ҳаром шудааст, бихӯрад, дар сурате, ки танҳо барои ҳифзи ҳаёт бошад, бидонад, ки Аллоҳ бахшанда ва меҳрубон аст ва хӯрдани худмурда, хук ва чизҳои манъшуда ва ҳаромро дар ин ҳол барои ӯ мубоҳ кард! (2)
4.Аз ту эй Паёмбар мепурсанд, ки чӣ чизҳое бар онҳо ҳалол шудааст? Бигу: Чизҳои покиза ҳар он чизе аст, ки дар он фоида ё лаззате бошад ва зиёне барои бадан ва ақл надошта бошад бар шумо ҳалол шуда ва низ хурдани сайди паррандагон ва он ҳайвоне, ки ба он сайд кардан омӯхтаед, чун ҷонварони шикории таълим додашуда ва сагони шикорӣ, ҳар гоҳ онҳоро ба он тавре, ки Парвардигоратон барои шумо омӯзонидааст, таълим дода бошед, аз он сайд, ки бароятон мегиранд ва нигоҳ медоранд, бихӯред ва номи Аллоҳро бар он бихонед ва аз Аллоҳ битарсед, ки рӯзи қиёмат наздик аст ва Ӯ таъоло зуд ба ҳисоб расандааст! (1)
5.Имрӯз чизҳои покиза барои шумо ҳалол шудааст. Таъоми (1) аҳли Китоб бар шумо ҳалол аст ва таъоми шумо низ бар онҳо ҳалол аст. Ва низ издивоҷ бо занони порсо ва покдомани мӯъмина ва занони порсо ва покдомани аҳли китоб (яҳуду насоро) ҳар гоҳ маҳрашонро бипардозед, қасдатон аз ин издивоҷ поқдоманӣ бошад, на ба қасди зинокорӣ ва на пинҳонӣ дӯст гирифтан, бар шумо ҳалоланд. Ва ҳар кас, ки ба Аллоҳу паёмбараш ва ба дини Ислом кофир шавад, амалаш нобуд шавад ва дар охират аз зиёнкорон ва бадбахтон хоҳад буд. (2)
6. Эй касоне, ки имон овардаед, чун барои хондани намоз бархестед, рӯй ва дастҳоятонро то оринҷ бишӯед ва сари худро масҳ кашед, пойҳоятонро то банди по (буҷилак) бишӯед. Ва агар ҷунуб (олуда) будед, худро пок созед (яъне, тамоми баданро бишӯед.) Ва агар бемор ё дар сафар будед ё аз ҷои қазои ҳоҷат омада будед, ё бо занон (ҳамсарони худ) наздикӣ карда будед ва об наёфтед, бо хоки пок ва ҳар он чизе, ки аз ҷинси замин бошад таяммум (1) кунед ва рӯю дастҳоятонро бо он масҳ кунед. Аллоҳ намехоҳад шумо дар ранҷ ва машаққат афтед, балки мехоҳад, ки шуморо покиза созад (2) ва неъматашро бар шумо тамом кунад, бошад, ки шукргузор шавед, то ба мақомҳои баланд ва олӣ бирасед! (3)
1. Молидани хок ба рӯй ва дастҳо. 2. Яъне бо пок кардани зоҳир бо об ё хок ва пок кардани ботин бо тавҳид ва тавбаи ростин.
3. Тафсири Бағавӣ 3/ 20
11. Эй касоне, ки имон овардаед, аз неъмате, ки Аллоҳ ба шумо бахшидааст, ёд кунед: Он гоҳ, ки гурӯҳе (бани Назир) қасди он карданд, то бар шумо даст бардоранд (яъне, ба болои сари Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам санги осиёро чаппа кунанд), (1) ва Аллоҳ дасти ононро аз шумо боздошт. Аз Аллоҳ битарсед. Ва мӯъминон бар Аллоҳ таваккал мекунанд. (2)
1. Тафсири Ибни Касир 3/ 63
2. Таваккали банда ба қадри имонаш мебошад ва аҳли илм ҳама бар он иттифоқанд, ки таваккал ба Аллоҳ аз воҷиботи қалб аст Тафсири Саъдӣ 1/ 223
12. Ва ба дурустӣ Парвардигор аз бани Исроил паймон гирифт ва аз миёни онон дувоздаҳ сардор таъин кард. Ва Аллоҳ гуфт: «Агар намоз бихонед ва закоти молатонро ба муҳтоҷон бидиҳед ва ба паёмбарони ман имон биёваред ва ёриашон кунед ва ба Аллоҳ қарзи нек бидиҳед, (1) ман бо шумоям (яъне, шуморо ёрӣ ва кӯмак мекунам). Бадиҳоятонро дур мекунам ва шуморо ба биҳиштҳое дохил мекунам, ки дар он ҷӯйборҳо равон бошад. Ва ҳар кас аз шумо, ки аз он пас кофир шавад, роҳи ростро гум кардааст». (2)
13. Пас ба хотири ин ки паймонашонро шикастанд, онҳоро лаънат кардем (аз раҳматамон дур кардем) ва дилҳояшонро сахт гардондем, ки сухани ҳақро қабул намекард. Суханро аз ҷойгоҳаш таҳриф ва табдил мекунанд, (яъне, маъноеро, ки Аллоҳ ва паёмбараш аз сухане дар назар доранд, дигаргун
карда ва маънои дигаре бар он медиҳанд.) Ва қисми бисёреро аз он чиро ки бар он панд дода шуда буданд дар Таврот, фаромӯш карданд. Ва ту ҳамеша хиёнатеро аз онҳо нисбат ба Аллоҳ ва мардум мебинӣ, ғайр аз теъдоди андаке аз онон, ки ба паймони бо Аллоҳ бастаашон вафо карданд. Пас, аз онҳо ба сабаби он озорҳое, ки ба ту мерасонанд, даргузар ва ононро бубахш, ҳамоно Парвардигор некӯкоронро дӯст дорад (1)
15. Эй ахли китоб, паёмбари Мо (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) назди шумо омад, то бисёре аз китоби Аллоҳро, ки аз мардуми оддӣ ва бесавод пинҳон медоштед, (сифатҳои Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ояти раҷм ва монанди инро) бароятон баён кунад ва аз баёни бисёр чизҳое, ки ҳикмате дар он нест, сарфи назар кунад ва даргузарад, ҳамоно аз ҷониби Аллоҳ нуре (Ислом) ва китобе сареҳу ошкор (Қуръон) бар шумо нозил шудааст, ки ба воситаи он торикии бесаводӣ ба нури илму дониш равшан мешавад. (1)
16. То Аллоҳ ба он ҳар касро, ки дар пайи хушнудии Ӯст, ба роҳҳои саломат (Ислом) ҳидоят кунад ва бо фармони худ аз торикии куфр ва бидъат ба рӯшноии имон ва суннат бубарад ва ононро ба роҳи рост (Ислом) ҳидоят ва раҳнамоӣ кунад.
17. Ба таҳқиқ, касоне ки мегуянд (аз насоро): "Аллоҳ Масеҳ писари Марям аст", кофир шуданд. Бигӯ: "Агар Аллоҳ бихоҳад Масеҳ писари Марям ва модараш ва ҳамаи касонеро, ки дар рӯи замин ҳастанд, ҳалок кунад, чи касе метавонад дар муқобили Аллоҳ коре бикунад"? Ва фармонравоии осмонҳо ва замин ва он чи байни осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ аст. Ҳар чи бихоҳад, меофаринад. (Агар бихоҳад аз модар ва падар меофаринад, ҳамон тавре, ки тамоми инсонҳоро офаридааст ва агар бихоҳад фақат аз падар меофаринад, монанди Ҳаво, ки бидуни модар офарида шудааст ва агар бихоҳад аз модар меофаринад, монанди Исо алайҳиссалом. Ва агар бихоҳад бидуни падар ва модар меофаринад, монанди Одам алайҳиссалом. Пас навъи офариниш ба Парвардигори мутаъол ва хости Ӯ вобастагӣ дорад.) Бинобар ин Парвардигор бар ҳар чизе тавоност. (1)
19. Эй аҳли китоб, (яҳудиҳо) фиристодаи Мо (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар давроне, ки паёмбарон чанд муддате фиристодашуда набуданд, мабъус шуд, то ҳақро бар шумо ошкор кунад ва нагӯед, ки муждадиҳанда ва бимдиҳандае бар мо фиристода нашудааст.
Инак, он муждадиҳанда ба савоби дунё ва охират ва бимдиҳанда аз азоби дунё ва охират омадааст ва Аллоҳ бар ҳар чиз тавоност ва ҳамаи чизҳо дар муқобили қудрати Ӯ таслим ҳастанд! (1)
22. Гуфтанд: «Эй Мӯсо, дар он ҷо (замини муқаддас) мардуме ҳастанд зӯрманду боқувватанд ва мо ба он сарзамин ҳаргиз дохил намешавем, то он гоҳ, ки он қавм берун шаванд.
Агар онон аз он сарзамин берун шаванд, ба он дохил шавем».
35. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расули Ӯ имон овардаед ва ба шариати Ӯ амал кардаед аз Аллоҳ битарсед ва ба тоаташ наздикӣ ҷӯед ва ба ризогии Ӯ амал намоед ва дар роҳаш ҷиҳод кунед, то ки растагор гардед! (1)
36. Онон, ки ба ягонагии Парвардигор ва шариати Ӯ кофир шудаанд, агар ҳамаи он чӣ дар рӯи замин аст ва монанди он аз они онҳо бошад ва бихоҳанд худро бо он аз азоби рӯзи қиёмат бозхаранд, аз онҳо пазируфта нашавад зеро вақти бозхаридани худ аз азоб аз байн рафта ва ба азоби дардовар гирифтор шаванд! (1)
38. Дасти марди дузд ва зани дуздро ба ҷазои коре, ки кардаанд, то банди даст бибуред. Ин уқубатест аз ҷониби Аллоҳ барои дузд ва дигарон, то аз дуздӣ баргарданд. Ва Аллоҳ пирӯзманду ҳаким аст! (1)
40. Оё надонистай эй Паёмбар, ки фармонравоии осмонҳову замин аз они Аллоҳ аст, ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад ва ҳар киро бихоҳад, меомӯрзад ва Аллоҳ бар ҳар коре тавоност?
41. Эй Паёмбар ғамгин накунад туро кирдори онон, ки ба куфр мешитобанд. Чи онҳое, ки ба забон гуфтанд, ки имон овардем ва ба дил имон наёварданд ва чӣ он яҳудон, ки гӯш меандозанд, то дурӯғ банданд ва барои гурӯҳе дигар, ки худ назди ту намеоянд, суханчинӣ мекунанд ва сухани Аллоҳро дигаргун месозанд ва мегӯянд: «Агар шуморо (Муҳаммад) инчунин гуфт, (ки мувофиқи он чи ки мо онро тағйир додаем аз ҳукмҳои Таврот) бипазиред ва агар бо он мухолиф ояд, аз қабул ва амал кардани вай дурӣ ҷӯед!» Ва ҳар касро, ки Аллоҳ азоби ӯро бихоҳад, ту ӯро аз қаҳри Аллоҳ раҳоӣ нахоҳӣ дод. Инҳо касоне, ҳастанд, (яъне яҳуду мунофиқон)(1) ки Аллоҳ нахостааст, ки дилҳояшонро аз палидии куфр пок гардонад. Ононро дар дунё хорӣ ва дар охират азоби дарднок аст!
42. Инҳо яҳудиён шунавандагони дурӯғанд, хурандагони ҳароманд.
Пас агар назди ту омаданд, миёнашон ҳукм кун ё аз онҳо рӯй гардон ва агар рӯй гардонӣ, ҳеҷ ба ту зиёне нарасонанд. Ва агар миёнашон ҳукм кунӣ, ба адолат ҳукм кун, ки албатта Аллоҳ адолатпешагонро дӯст дорад.
45. Ва дар Таврот бар онон муқаррар доштем, (яъне фарз кардем), ки шахс дар баробари шахс ва чашм дар баробари чашм ва бинӣ дар баробари бинӣ ва гӯш дар баробари гӯш ва дандон дар баробари дандон ва ҳар захмеро қасосест. Ва ҳар кӣ аз қасос даргузарад, гуноҳашро кафорае (товоне) хоҳад буд. Ва ҳар кӣ ба он чӣ Аллоҳ нозил кардааст, дар қасос ва ғайри он ҳукм накунад, пас ӯ аз ситамкорон аст. (1)
46. Ва аз паи онҳо Исо писари Марямро фиристодем, ки тасдиқкунандаи Тавроте буд,
ки пеш аз ӯ фиристода будем ва Инҷилро, ба ӯ додем, ки дар он ҳидоятест, ки ба роҳи ҳақ даъват менамояд ва нурест, ки ҳақро аз ботил ҷудо мегардонад ва тасдиқкунандаи Тавротест, ки пеш аз он нозил карда шудааст ва бар сиҳатии он гувоҳӣ медиҳад ва бо он мувофиқ аст ва барои парҳезгорон, ҳидоят ва пандест.(1)
48. Ва ин китобро (эй Муҳаммад) ба ростӣ бар ту нозил кардем ва ҳар он чи дар он аст
ҳақ аст, тасдиқкунанда ва ҳукмкунанда бар китобҳоест, ки пеш аз он будаанд. Ва баён медорад он чи аз он китобҳо, ки тағйир дода шуданд. Пас, мувофиқи он чӣ Аллоҳ нозил кардааст, дар миёнашон (яҳудиён) ҳукм кун ва аз пайи хоҳишҳояшон марав, то он чиро ки аз ҳақ бар ту нозил шудааст, вогузорӣ. Барои ҳар гурӯҳе аз шумо шариъат ва равише ниҳодем. Ва агар Аллоҳ мехост, ҳамаи шуморо як уммат месохт. Вале хост дар он чӣ бар шумо арзонӣ доштааст, биёзмоядатон, то фармонбардори шумо аз нофармонбардор маълум гардад. Пас бо амал карданатон ба Қуръон ба сӯи некиҳо бишитобед. Бозгаштани ҳамаи шумо ба сӯи Аллоҳ аст, то аз он чӣ дар он ихтилоф мекардед, огоҳатон созад.
49. Ва эй Паёмбар, миёни яҳудиён бар мувофиқи он чӣ ки Аллоҳ нозил кардааст, ҳукм кун ва аз хостаҳояшон пайравӣ макун ва аз онҳо бипарҳез, ки мабодо бифиребандат, то аз баъзе аз чизҳое, ки Аллоҳ бар ту нозил кардааст, рӯй бигардонӣ. Ва агар аз ҳукми ту рӯй гардонданд, бидон, ки Аллоҳ мехоҳад ононро зудтар ба подоши баъзе гуноҳҳонашон дар дунё азоб кунад ва ҳароина бисёре аз мардуми яҳуд аз тоати Парвардигорашон саркашанд.(1)
55. Танҳо Аллоҳ ва паёмбари Ӯ ва мӯъминон дӯсти шумо ҳастанд, касоне, ки намозро бо хушӯъ барпо медоранд ва закоти фарзиро адо менамоянд ва дар баробари Аллоҳ фурӯтан ҳастанд.
57. Эй мӯъминон касонеро, ки дини шуморо бо тамасхӯр ва бозӣ гирифтаанд, аз касоне, ки ба онҳо пеш аз шумо китоб дода шуд ва кофиронро дӯст магиред ва агар мӯъмин ҳастед аз Аллоҳ битарсед. Зеро имоне, ки дар вуҷуди мӯъминон аст, иҷоб мекунад, то дӯстии эшонро тарк намоянд ва аз дари душманӣ бо онҳо дароянд. (1)
65. Ва агар аҳли Китоб имон ба Аллоҳ ва расулаш биёваранд ва парҳезгорӣ кунанд (яъне, фармудаҳояшро ба ҷо оранд ва аз он чи манъ кардааст, дур биистанд), гуноҳонашонро хоҳем нобуд кард ва онҳоро ба биҳиштҳои пурнеъмат дохил хоҳем кард.
66. Ва агар Таврот ва Инҷил ва он чиро, ки аз ҷониби Аллоҳ бар онҳо нозил шуда, (Қуръонро) барпой доранд, аз болои сару зери пояшон рӯзӣ бихуранд (яъне ризқҳои онҳо фаровон гардад). Баъзе аз онҳо мардуме миёнарав ҳастанд ва бар ҳақ устуворанд ва бисёриашон бадкирдоранд ва аз роҳи ҳақ гумроҳанд. (1)
67. Эй Паёмбар, он чиро аз Парвардигорат бар ту нозил шудааст, ба мардум бирасон. Агар чунин накунӣ ва чизеро аз он пинҳон кунӣ, амри рисолати Ӯро адо накардаӣ. Аллоҳ туро аз мардум ҳифз мекунад ва бар душманонат пирӯз мегардонад ва вазифаи ту расонидани ҳақ аст ба сӯи мардум. Ба дурустӣ Аллоҳ мардуми кофирро ҳидоят намекунад. (1)
1. Ва касе гумон барад, ки Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам чизеро пинҳон кардааст аз амри Парвардигор, ба дурустӣ бар Аллоҳ дурӯғи бузургеро бофтааст.Тафсири Бағавӣ 3/78
68. Бигӯ: «Эй аҳли китоб, шумо бар чизе нестед, (яъне ба Қуръон, Муҳаммад, паёмбари худ ва китобатон имон наовардаед) то он гоҳ, ки Таврот ва Инҷил ва он чиро аз ҷониби
Парвардигоратон бар шумо нозил шудааст, барпой доред». Он чӣ аз ҷониби Парвардигорат бар ту нозил шудааст, бар туғён ва куфри бештарашон бияфзояд. Пас бар ин мардуми кофир ғамгин мабош.
69. Албатта, аз миёни онон, ки имон овардаанд (яъне, мусалмонон) ва яҳудиён ва собиин(1) ва насоро, (пайравони Исо алайҳиссалом) ҳар кӣ ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон дошта бошад ва кори шоиста кунад, аз аҳволи рӯзи қиёмат биме бар онҳо нест ва он чи ки дар дунё тарк намуданд, бар он гамгин намешаванд.
1. Онон қавмеанд, ки бар фитраташон боқи монданд ва барояшон дини муқарраре нест, ки ба он пайравӣ кунанд.
71. Ва пиндоштанд, ки ҳеҷ азобе нахоҳад буд. Пас аз дидани ҳақ кӯр ва аз шунидани он кар шуданд. Он гоҳ Аллоҳ тавбаашон бипазируфт.
Боз бисёре аз онҳо кӯру кар шуданд. Ва Аллоҳ ба он чӣ мекунанд бино аст.
74. (Сипас Парвардигор онҳоро ба тавба кардан аз он чӣ аз онҳо сар зада даъват кард ва баён намуд): Оё ба даргоҳи Аллоҳ тавба намекунанд ва аз Ӯ омӯрзиш намехоҳанд? Аллоҳ омӯрзанда ва меҳрубон аст!
77. (Эй Паёмбар ба насоро) бигӯ: «Эй аҳли китоб, ба ноҳақ дар дини хеш ғулув (зиёдаравӣ) макунед дар он чи ки аз шахсияти Масеҳ эътиқод доред ва аз хоҳишҳои он мардуме, ки пеш гумроҳ шуда буданд ва мардуми бисёреро гумроҳ карданд ва худ аз роҳи рост каҷравӣ кардаанд, пайравӣ макунед».
80. Бисёре аз яҳудиёнро мебинӣ, ки бо кофирон (яъне, бо мушрикони Макка, ки бар зидди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба ҷанг баромаданд) дӯстӣ меварзанд. Бад аст, он чӣ пештар барои худ фиристоданд. Хашми Аллоҳ бар онҳост ва рӯзи қиёмат дар азоби ҷовидонаанд. (1)
81. Ва агар он яҳудиёне ки мушриконро дастиёрӣ карданд ба Аллоҳ ва паёмбар (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва он
чӣ бар ӯ нозил шуда, (Қуръон) имон оварда буданд, кофиронро дӯст намегирифтанд, вале бештарашон фосиқонанд. (Яъне, аз тоъати Аллоҳ ва расулаш берунанд) (1)
83. Аз нишонаҳои дӯстии онҳо ба мусалмонон он аст, ки гурӯҳе аз онҳо(1) он чиро, ки бар паёмбар нозил шуда, бишнаванд, чашмонашон ба сабаби он чи аз ҳақ шинохтанд, пур аз ашк мешавад, ки он ҳақ ва аз назди Парвардигор аст ва ба Аллоҳ имон меоваранд ва расули Ӯро пайравӣ мекунанд ва мегӯянд: "Эй Парвардигори мо, имон овардем, моро низ дар зумраи гувоҳидиҳандагон бинавис".(2)
1. Яъне гурӯҳе аз деҳқонони ҳабаш. Тафсири Ибни Касир 3\ 168
2. Яъне, дар рӯзи қиёмат бо ҳамроҳи уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам Тафсири Бағавӣ 3 \ 88
86. Ва онон, ки куфр варзиданд ба ягонагии Парвардигор ва инкор карданд (паёмбарии Муҳамммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро) ва оёти моро, ки бар паёмбарон нозил шуда дурӯғ шумориданд, онҳо аз ахли ҷаҳаннаманд.
88. Ва аз чизҳои ҳалолу покизае, ки Аллоҳ ба шумо рӯзӣ додааст, бихӯред ва аз Аллоҳе, ки ба Ӯ имон овардаед, битарсед. Ва амрҳояшро ба ҷо оред ва аз манъ кардаҳояш дурӣ ҷӯед.
90. Эй касоне, ки имон овардаед ба Аллоҳ ва расули Ӯ, шароб (1) ва қимор ва бутҳо ва гаравбандӣ бо тирҳо (тирҳое, ки фол мекушоянд), палидӣ ва кори шайтон аст, аз он гуноҳон парҳез кунед, то ба ҷаннат комёб шавед! (Ин корҳо аз ҷиҳати маънавӣ палид ва наҷас ҳастанд, гарчӣ дар зоҳир палид нестанд).
92. Аллоҳу паёмбарашро итоъат кунед ва фармонбардорӣ намоед. Агар рӯй гардонед, аз фармудаҳои Парвардигор ва амал кардед ба он чи манъ карда шудед, бидонед, ки вазифаи паёмбари Мо (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) расонидани паёми равшани Парвардигор аст!
93. Бар касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, дар он чӣ хӯрдаанд, пеш аз ҳаром шудани шароб ва қимор гуноҳе нест, ҳар гоҳ парҳезгорӣ кунанд аз корҳои ҳаром ва имон биёваранд ва ба корҳои шоиста пардозанд, боз ҳам парҳезгорӣ кунанд ва имон биёваранд, боз ҳам парҳезгорӣ ва некӣ кунанд, (яъне, хавфашон онҳоро ба некӯкорӣ овард ҳатто, ки гӯё Аллоҳро дида ибодат мекунанд) ва Аллоҳ некӯкоронро дӯст дорад. (1)
1. Некӯкорӣ амалест, ки Парвардигор онро бар бандагонаш мубоҳ гардондаст, балки бо анҷоми он ба даргоҳи Аллоҳ наздик мешаванд ва ризоияташро дармеёбанд ва аз азобаш худро дур мекунанд. Тафсири Табарӣ 10\576
96. Шикори сайдҳои дарёӣ ва хӯрдани он дар ҳоли иҳром аз ҷиҳати баҳраманд шуданатон аз он бар шумо ва мусофирон ҳалол шудааст ва шикори саҳроӣ, то ҳангоме ки дар иҳром ҳастед, (дар ҳаҷ ё умра) бар шумо ҳаром аст. Ва аз Парвардигоре, ки ба назди Ӯ гирд оварда мешавед, битарсед, то ба савоби бузурге сазовор шавед ва аз азоби дардноки Ӯ солим монед!
97. Парвардигор бар бандагонаш миннат карда мефармояд: Каъба, Байтулҳаромро ва моҳҳои ҳаром (1) ва қурбонии беқилода (бегарданбанд) ва қурбонии боқилода (гарданбанддор) сабаби интизоми кори дин ва дунё ва осоиштагӣ барои ҳаёташон гардонид, Ин ба он хотир аст, то бидонед Парвардигор ба тамоми он чи дар осмонҳо ва дар замин мебошад, огоҳ аст. Аз ҷумла огоҳии Парвардигор ин аст, ки зиёрати ин хонаро бароятон муқаррар сохт, чун медонист бисёре аз манофеъи динӣ ва дунявии шумо дар он таъмин мешавад. (2)
102. Мардуме, ки пеш аз шумо буданд, аз он чизҳо суол карданд ва онро ба ҷо наоварданд ва ба он сабаб кофир шуданд. Пас эҳтиёт кунед, то мисли онон мабошед! (1)
103. Парвардигор дар бораи баҳира ва соиба ва васила ва ҳомӣ (1) ҳукме муқаррар накардааст, вале кофирон бар Аллоҳ дурӯғ мебанданд ва бештаринашон бехираданд.
1. "Баҳира" он модашутуре аст, ки ӯро барои бутон муқаррар мекарданд ва шири онро ба касе намедоданд; "соиба" ҳайвоне, ки барои бутон мегузоштанд ва бар пушти ӯ бор намениҳоданд; "васила" модашутуре аст, ки бори якум дар аввали умр шутури мода зояд, баъд аз он бори дигар мода зояд, пас онро барои бутон мегузоштанд, "ҳомӣ" шутури наре, ки чун аз он чанд бача мегирифтанд, онро аз саворӣ ва ғайри он озод нигоҳ медоштанд. Ислом ҳамаи инҳоро ботил кард. Тафсири Табарӣ 11 \ 124
107. Ва ҳар гоҳ маълум шавад, ки он ду шоҳид муртакиби гуноҳи хиёнат шуданд, ду шоҳиди дигар аз ворисони наздикони майит, ки авлотар аз он ду бошанд, ҷои онҳоро бигиранд. Он ду ба Аллоҳ қасам хӯранд, ки шаҳодати мо аз шаҳодати он ду дурусттар аст ва мо аз ҳақ нагузарем, ҳар гоҳ чунин кунем, аз ситамкорон бошем.
112. Ва ба ёд овар, он гоҳ ки ҳавориён гуфтанд: Эй Исо писари Марям! Оё Парвардигорат метавонад аз осмон дастархони пур аз таъом бар мо нозил кунад? Гуфт: «Агар имон овардаед, аз Аллоҳ битарсед».
113. Гуфтанд: «Мехоҳем, ки аз он дастархон бихурем, то дилҳоямон ба василаи имон ором гирад ва бо мушоҳидаи нишонаҳо ва мӯъҷизоти ошкор имон ва боварии мо ба ҳақиқат табдил гардад ва бидонем, ки ту ба мо рост гуфтаӣ ва бар он шаҳодат диҳем».
114. Исо ибни Марям дархости ҳавориёнро пазируфт ва гуфт: «Ё Аллоҳ! Эй Парвардигори мо, барои мо дастархоне аз осмон бифирист, то моро ва ононро, ки баъд аз мо меоянд, иде ва нишоне аз ягонагии Ту бошад ва моро рӯзӣ деҳ, ки Ту беҳтарини рӯзидиҳандагон ҳастӣ».
115. Аллоҳ гуфт: «Ман он дастархонро барои шумо мефиристам, вале ҳар кӣ аз шумо аз он пас кофир шавад, чунон азобаш мекунам, ки ҳеҷ як аз мардуми ҷаҳонро ончунон азоб накарда бошам». (Пас инкор карданд ва куфр варзиданд, пас аз фуруд омадани дастархон бар онҳо).(1)
116. Ва ба ёдовар он гоҳ, ки Аллоҳ ба Исо писари Марям рӯзи қиёмат гӯяд: «Оё ту ба мардум гуфтӣ, ки марову модарамро аз ғайри Аллоҳ ба маъбудӣ гиред?» Гуфт: «Ба покӣ ёд мекунам Туро! Ту аз ин сухани зишт ва аз он чи ки шоистаи Ту нест пок ҳастӣ. Насазад маро, ки чизе гӯям, ки шоистаи он набошам. Агар ман чунин гуфта будам, Ту худ медонистӣ, зеро ба он чӣ дар замири ман мегузарад, доноӣ ва ман аз он чӣ дар замири Туст, бехабарам.
Зеро Ту донотарин Зоти пок ба гайб ҳастӣ!
117. (Исо алайҳиссалом мегуяд:) Чизе ба онон нагуфтаам ҷуз он чи маро ба гуфтани он дастур додаӣ. Гуфтам, Парвардигорро бипарастед, ки Парвардигори ман ва шумо аст. Ва ман то замоне, ки дар миёнашон будам, бар онон гувоҳ будам ва чун маро баргирифтӣ (яъне,
ба осмон бурдӣ), Ту худ гувоҳ ва нигаҳбони ақида ва аъмолашон гаштӣ. Ва Ту бар ҳар чизе огоҳӣ.(1)
118. Агар ононро азоб кунӣ, бандагони Ту ҳастанд ва Ту ба аҳволашон донотар ҳастӣ ва агар ононро биёмӯрзӣ, он касонеро ки ба назди
Ту ба тавба баргаштанд, пас ҳамоно Ту пирӯзманду ҳакимӣ!»
119. (Парвардигор ба Исо алайҳиссалом рӯзи қиёмат мегӯяд:) «Ин рӯзест, ки ростгӯёнро ростии ният, гуфтор ва кирдорашон фоида диҳад. Аз они онҳост, биҳиштҳое, ки дар он ҷӯйҳо ҷорӣ мешаванд. Ҳамеша дар он ҷовидон хоҳанд буд». Парвардигор аз онон хушнуд ва хубиҳояшонро қабул кардааст ва онон низ аз Парвардигор хушнуданд аз он савобҳое, ки ба онҳо дода шудааст. Ин аст комёбии бузург!