Surah An-Nahl in Тоҷикӣ

НАҲЛ · سورة النحل

Meccan Verses: 128 Juz 14 Page 267 Revelation order: 70

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

أَتَىٰٓ أَمۡرُ ٱللَّهِ فَلَا تَسۡتَعۡجِلُوهُۚ سُبۡحَٰنَهُۥ وَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يُشۡرِكُونَ ١

1.       (Эй мушрикон, он чи Аллоҳ ба шумо дар рӯзи қиёмат аз азоб ваъда додааст), наздик омад, инак барои вуқӯъи он фармони Аллоҳ даррасид, пас онро бо шитобзадагӣ талаб макунед ва барои расулонаш масхаракунон нагӯед, ки агар рост мегӯед, ки қиёмате ҳаст аз Аллоҳ бихоҳед ҳар чи зудтар азоби онро бинамояд. Ӯ пок аст аз сифатҳое, ки мушрикон дар бораи Ӯ ба забон меронанд ва аз ҳар чӣ, ки шарики Ӯ месозанд, болотар аст.(1)
1. Тафсири Табарӣ 17\164

يُنَزِّلُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةَ بِٱلرُّوحِ مِنۡ أَمۡرِهِۦ عَلَىٰ مَن يَشَآءُ مِنۡ عِبَادِهِۦٓ أَنۡ أَنذِرُوٓاْ أَنَّهُۥ لَآ إِلَٰهَ إِلَّآ أَنَا۠ فَٱتَّقُونِ ٢

2.       Фариштагонро ҳамроҳи ваҳй, ки фармони Ӯст, бар ҳар яке аз бандагонаш, ки бихоҳад, фурӯ мефиристад, то бим диҳед бандагони Маро аз шарик овардан ба Ман,
ки ҷуз Ман, ҳеҷ маъбуди барҳақе нест, пас аз Ман битарсед бо адо намудани фарзҳо ва холис Маро ибодат кунед.(1)
1. Тафсири Табарӣ 17\165

خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ بِٱلۡحَقِّۚ تَعَٰلَىٰ عَمَّا يُشۡرِكُونَ ٣

3. Осмонҳову заминро бар ҳақ биёфарид, аз ҳар чӣ бо Ӯ шарик месозанд, пок аст.(1)
1. Аллоҳ ба бузургии худ барои бандагонаш ҳуҷҷат меорад, ки Ӯ дар офариниши осмонҳову замин касеро шарик нагирифтааст, инчунин дар ибодаташ касеро шарик нагирифтааст. Пас Ӯ танҳо сазовори ибодат шуда метавонад Тафсири Ибни Касир 4\555

خَلَقَ ٱلۡإِنسَٰنَ مِن نُّطۡفَةࣲ فَإِذَا هُوَ خَصِيمࣱ مُّبِينࣱ ٤

4. Одамиро аз нутфа биёфарид, чун ӯ тавоноӣ ёфт, ба он мағрур мешавад. Пас, он гоҳ ӯ ошкоро хусумат мекунад бо Офаридгори худ, ба монанде, ки мегӯяд: "кӣ устухонҳои пӯсидаро зинда мегардонад?"(1).
1. Тафсири Ибни Касир 4\557

وَٱلۡأَنۡعَٰمَ خَلَقَهَاۖ لَكُمۡ فِيهَا دِفۡءࣱ وَمَنَٰفِعُ وَمِنۡهَا تَأۡكُلُونَ ٥

5. Чаҳорпоёнро (чун гову, бузу, шутуру гӯсфанд) бароятон биёфарид, шуморо аз пашм ва пӯсти онҳо гармӣ дод ва дигар фоидаҳоест чун насл гирифтан ва ширу саворӣ дарёфт кардан. Ва аз гӯшти ҳалоли онҳо мехӯред.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\9

وَلَكُمۡ فِيهَا جَمَالٌ حِينَ تُرِيحُونَ وَحِينَ تَسۡرَحُونَ ٦

6. Ва бароятон дар онҳо зебоиву ҳусну ҷамол аст, чун ҳангоми шаб онҳоро аз чарогоҳон бозмегардонед ва бомдодон онҳоро ба саҳро берун меронед,

وَتَحۡمِلُ أَثۡقَالَكُمۡ إِلَىٰ بَلَدࣲ لَّمۡ تَكُونُواْ بَٰلِغِيهِ إِلَّا بِشِقِّ ٱلۡأَنفُسِۚ إِنَّ رَبَّكُمۡ لَرَءُوفࣱ رَّحِيمࣱ ٧

7. Борҳоятонро ба шаҳрҳое, ки ҷуз ба ранҷи бисёре ба онҳо натавонед расид, ба худ бардошта мебаранд. Ҳамоно
Парвардигоратон мушфиқу меҳрубон аст!(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\9

وَٱلۡخَيۡلَ وَٱلۡبِغَالَ وَٱلۡحَمِيرَ لِتَرۡكَبُوهَا وَزِينَةࣰۚ وَيَخۡلُقُ مَا لَا تَعۡلَمُونَ ٨

8.       Ва аспону уштурону харонро барои он офаридааст, ки саворашон шавед ва низ зиннати шумо бошанд. Ва Аллоҳ чизҳоеро меофарад, ки шумо намедонед.

وَعَلَى ٱللَّهِ قَصۡدُ ٱلسَّبِيلِ وَمِنۡهَا جَآئِرࣱۚ وَلَوۡ شَآءَ لَهَدَىٰكُمۡ أَجۡمَعِينَ ٩

9.       Ҳидояти мардум бар Аллоҳ аст, ки роҳи ростро бинамояд роҳе, ки ба хайру ҳақ мерасад ва он Ислом аст. Аз миёни роҳҳо низ роҳе каҷ ҳаст, ки ба хайр ё ҳақ намерасад ва он роҳи тамоми миллатҳои куфр аст. Агар Аллоҳ мехост, ҳамаи шуморо ҳидоят мекард.
1. Тафсири Бағавӣ 5\11

هُوَ ٱلَّذِيٓ أَنزَلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءࣰۖ لَّكُم مِّنۡهُ شَرَابࣱ وَمِنۡهُ شَجَرࣱ فِيهِ تُسِيمُونَ ١٠

10.   Ӯ зоте аст, ки аз осмон бароятон борон нозил кард. Аз он менӯшед ва аз он гиёҳ ва дарахт мерӯяд ва чорпоёнро дар он мечаронед.

يُنۢبِتُ لَكُم بِهِ ٱلزَّرۡعَ وَٱلزَّيۡتُونَ وَٱلنَّخِيلَ وَٱلۡأَعۡنَٰبَ وَمِن كُلِّ ٱلثَّمَرَٰتِۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةࣰ لِّقَوۡمࣲ يَتَفَكَّرُونَ ١١

11.   Ва бо он борон бароятон киштзор ва зайтуну хурмоҳо ва ангур ва ҳар навъ мева бирӯёнад. Албатта, дар ин боридани борон ва рӯёнидани гиёҳ ибратест барои мардуме, ки меандешанд.

وَسَخَّرَ لَكُمُ ٱلَّيۡلَ وَٱلنَّهَارَ وَٱلشَّمۡسَ وَٱلۡقَمَرَۖ وَٱلنُّجُومُ مُسَخَّرَٰتُۢ بِأَمۡرِهِۦٓۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتࣲ لِّقَوۡمࣲ يَعۡقِلُونَ ١٢

12.. Ва мусаххару тобе кард шабро барои роҳати шумо ва рӯзро барои дарёфти зиндагиатон ва хуршедро бароятон равшан сохт ва моҳро бароятон партави нур гардонд ва ситорагон ҳама дар осмон фармонбардори амри Ӯ ҳастанд. Албатта, дар ин кори офаридан ва мутеъ сохтан, ки хирадмандон меандешанд, ибоатҳост.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\437

وَمَا ذَرَأَ لَكُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ مُخۡتَلِفًا أَلۡوَٰنُهُۥٓۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةࣰ لِّقَوۡمࣲ يَذَّكَّرُونَ ١٣

13. Дар замин чизҳое бо рангҳои гуногун офарид аз чорпоён, дарахтҳо ва меваҳо,(1) ҳамоно дар ин ибратест барои мардуме, ки панд мегиранд!
1. Тафсири Табарӣ 17\180

وَهُوَ ٱلَّذِي سَخَّرَ ٱلۡبَحۡرَ لِتَأۡكُلُواْ مِنۡهُ لَحۡمࣰا طَرِيࣰّا وَتَسۡتَخۡرِجُواْ مِنۡهُ حِلۡيَةࣰ تَلۡبَسُونَهَاۖ وَتَرَى ٱلۡفُلۡكَ مَوَاخِرَ فِيهِ وَلِتَبۡتَغُواْ مِن فَضۡلِهِۦ وَلَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ ١٤

14. Ӯст, ки дарёро мусаххар сохтааст, то аз он гӯшти моҳие, ки сайд мекунед тоза бихӯред ва зеварҳое аз он берун оред ва хештанро бо он биороед ва киштиҳоро бинӣ, ки баҳрро мешикофанд ва пеш мераванд ва меоянд ва саворашон мешавед, то аз фазли Аллоҳ рӯзӣ биталабед, бошад, ки шукр гӯед бар он неъмати бузурге, ки ба шумо арзонӣ кард, пас ғайри Ӯро ибодат макунед!(1)
1. Тафсири Табарӣ 17\182

وَأَلۡقَىٰ فِي ٱلۡأَرۡضِ رَوَٰسِيَ أَن تَمِيدَ بِكُمۡ وَأَنۡهَٰرࣰا وَسُبُلࣰا لَّعَلَّكُمۡ تَهۡتَدُونَ ١٥

15. Ва бар замин кӯҳҳоро устувор ва мустаҳкам қарор дод, то шуморо наларзонад. Ва дарёҳову роҳҳо падид овард. Шояд ҳидоят ёбед!

وَعَلَٰمَٰتࣲۚ وَبِٱلنَّجۡمِ هُمۡ يَهۡتَدُونَ ١٦

16. Ва дар рӯз нишонаҳоеро қарор дод чун дарёҳо ва кӯҳҳо ва дар шаб ба василаи ситорагон роҳ меёбанд.(1)
1. Тафсири Табарӣ 17\185

أَفَمَن يَخۡلُقُ كَمَن لَّا يَخۡلُقُۚ أَفَلَا تَذَكَّرُونَ ١٧

17. Оё он касе, ки меофарад ҳамаи чизҳоро, монанди касест, ки намеофарад?
Оё аз бузургии Аллоҳ панд намегиред, то Ӯро ба ягонагиаш парастиш намоед.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\437

وَإِن تَعُدُّواْ نِعۡمَةَ ٱللَّهِ لَا تُحۡصُوهَآۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَغَفُورࣱ رَّحِيمࣱ ١٨

18.   Агар бихоҳед неъматҳои Аллоҳро шумор кунед, пас аз сабаби бисёр ва гуногун буданаш ҳисобидан натавонед. Албатта, Аллоҳ барои шумо омурзандаву меҳрубон аст ва аз камбудиҳоятон неъматашро аз шумо қатъ намекунад ва шуморо тез ба уқубат намегирад!(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\14

وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ مَا تُسِرُّونَ وَمَا تُعۡلِنُونَ ١٩

19.   Он чиро, ки пинҳон мекунед ва ё ошкор месозед, Аллоҳ ба он огоҳ аст. Ва аз он дар рӯзи қиёмат ҳисобатон хоҳад кард(1)
1. Тафсири Табарӣ 17\187

وَٱلَّذِينَ يَدۡعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ لَا يَخۡلُقُونَ شَيۡـࣰٔا وَهُمۡ يُخۡلَقُونَ ٢٠

20.   Ва онҳоеро, ки ба ҷои Аллоҳ маъбуд мехонанд аз бутон, наметавонанд чизе биёфаринанд ва худ офарида
мешаванд.

أَمۡوَٰتٌ غَيۡرُ أَحۡيَآءࣲۖ وَمَا يَشۡعُرُونَ أَيَّانَ يُبۡعَثُونَ ٢١

21.   Он бутҳоеро, ки мепарастанд мурдаанд ва беҷонанд, намедонанд, ки чи вақт зинда мешаванд.(1)
1. Тафсири Табарӣ 17\188

إِلَٰهُكُمۡ إِلَٰهࣱ وَٰحِدࣱۚ فَٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡأٓخِرَةِ قُلُوبُهُم مُّنكِرَةࣱ وَهُم مُّسۡتَكۡبِرُونَ ٢٢

22.   Аллоҳи шумо ягона маъбудест, ки Ӯст сазовори ибодат. Ва онон, ки ба охират имон намеоваранд, дилҳояшон ягонагии Аллоҳро инкоркунандааст ва аз сабаби натарсиданашон аз азоби Парвардигор худашон мутакаббир ҳастанд.(1)
1. Тафсири Табарӣ 17\189

لَا جَرَمَ أَنَّ ٱللَّهَ يَعۡلَمُ مَا يُسِرُّونَ وَمَا يُعۡلِنُونَۚ إِنَّهُۥ لَا يُحِبُّ ٱلۡمُسۡتَكۡبِرِينَ ٢٣

23.   Ба ростӣ, ки Аллоҳ медонад, ки чӣ дар ақидаҳо, гуфторҳо ва кирдорҳо пинҳон медоранд ва чӣ чизеро
аз он ошкор месозанд ва Ӯ мутакаббиронро дӯст намедорад ва рӯзи қиёмат
мувофиқи аъмолашон онҳоро ҷазо хоҳад дод!(1)
1. Тафсири Табарӣ 17\189

وَإِذَا قِيلَ لَهُم مَّاذَآ أَنزَلَ رَبُّكُمۡ قَالُوٓاْ أَسَٰطِيرُ ٱلۡأَوَّلِينَ ٢٤

24.   Чун ба онҳое, ки ба охират имон намеоранд аз мушрикон гуфта шавад: «Парвардигоратон чӣ чизҳоеро нозил кардааст?» Ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯянд: «Афсонаҳои гузаштагонро нозил кардааст».(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\438

لِيَحۡمِلُوٓاْ أَوۡزَارَهُمۡ كَامِلَةࣰ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ وَمِنۡ أَوۡزَارِ ٱلَّذِينَ يُضِلُّونَهُم بِغَيۡرِ عِلۡمٍۗ أَلَا سَآءَ مَا يَزِرُونَ ٢٥

25.   То дар рӯзи қиёмат ҳамаи бори гуноҳи хеш(1) ва бори гуноҳи касонеро, ки ба нодонӣ гумроҳашон карда буданд, бардоранд. Огоҳ бош, ки чи бори баде бар дӯш мебардоранд!
1. Ба сабаби имон наоварданашон ба Аллоҳ ва куфр оварданашон ба он чи нозил шудааст ба Муҳаммад салдаллоҳу алайҳи ва саллам. Тафсири Табарӣ 17\190

قَدۡ مَكَرَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡ فَأَتَى ٱللَّهُ بُنۡيَٰنَهُم مِّنَ ٱلۡقَوَاعِدِ فَخَرَّ عَلَيۡهِمُ ٱلسَّقۡفُ مِن فَوۡقِهِمۡ وَأَتَىٰهُمُ ٱلۡعَذَابُ مِنۡ حَيۡثُ لَا يَشۡعُرُونَ ٢٦

26.   Дар ҳақиқат пеш аз мушрикон ахли куффор низ бар паёмбаронашон ва барои рад кардани он чи аз даъвати ҳақ оварда буданд, ҳилаву найрангҳоро ба кор бурданд. Пас, фармони Аллоҳ даррасид ва он биноҳояшонро аз поя вайрон сохт ва сақф аз болои сарашон фурӯ афтод ва азоби Аллоҳ аз ҷое, ки фикрашро намекарданд, ба онон расид, балки гумони он доштанд, ки комилан дар амонанд.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\438

ثُمَّ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ يُخۡزِيهِمۡ وَيَقُولُ أَيۡنَ شُرَكَآءِيَ ٱلَّذِينَ كُنتُمۡ تُشَٰٓقُّونَ فِيهِمۡۚ قَالَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡعِلۡمَ إِنَّ ٱلۡخِزۡيَ ٱلۡيَوۡمَ وَٱلسُّوٓءَ عَلَى ٱلۡكَٰفِرِينَ ٢٧

27.    Пас, дар рӯзи қиёмат хорашон месозад ва мефармояд: «Бутоне, ки шарики Ман мехондед ва бар сари онҳо бо якдигар ихтилоф мекардед, акнун куҷоянд то ки аз шумо азобро дур кунанд?» Донишмандони мӯъминон мегӯянд: «Ба ростӣ, имрӯз насиби кофирон хориву ранҷ аст!»(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\16

ٱلَّذِينَ تَتَوَفَّىٰهُمُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ ظَالِمِيٓ أَنفُسِهِمۡۖ فَأَلۡقَوُاْ ٱلسَّلَمَ مَا كُنَّا نَعۡمَلُ مِن سُوٓءِۭۚ بَلَىٰٓۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمُۢ بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ٢٨

28.    Касоне ҳастанд, ки бар худ ситам раво доштаанд дар ҳоли куфрашон, чун фариштагон ҷонашонро биситонанд, сари таслим фуруд оранд ва гӯянд: «Мо ҳеҷ кори баде (ширке) намекардем». Фариштагон барояшон гӯянд: Оре, Аллоҳ аз корҳое, ки мекардед, огоҳ аст ва бар он амалҳоятон ҷазоятон хоҳад дод.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\16

فَٱدۡخُلُوٓاْ أَبۡوَٰبَ جَهَنَّمَ خَٰلِدِينَ فِيهَاۖ فَلَبِئۡسَ مَثۡوَى ٱلۡمُتَكَبِّرِينَ ٢٩

29.    Сипас аз дарҳои ҷаҳаннам дохил шавед, дар ҳоле ки дар он ҷо ҷовидона хоҳед
буд. Чи бад аст ҷойгоҳи мутакаббирон!

۞ وَقِيلَ لِلَّذِينَ ٱتَّقَوۡاْ مَاذَآ أَنزَلَ رَبُّكُمۡۚ قَالُواْ خَيۡرࣰاۗ لِّلَّذِينَ أَحۡسَنُواْ فِي هَٰذِهِ ٱلدُّنۡيَا حَسَنَةࣱۚ وَلَدَارُ ٱلۡأٓخِرَةِ خَيۡرࣱۚ وَلَنِعۡمَ دَارُ ٱلۡمُتَّقِينَ ٣٠

30.   Ва аз парҳезгороне, ки аз Аллоҳ метарсанд, пурсанд: «Парвардигори шумо бар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам чӣ чиз нозил кардааст», мегӯянд: «Хайр ва хубӣ, ки барои некӯкорон дар ҳамин дунё некӣ аст ва сарои охират беҳтар хоҳад буд ва чи хуб аст сарои парҳезгорон»!(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\17

جَنَّٰتُ عَدۡنࣲ يَدۡخُلُونَهَا تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُۖ لَهُمۡ فِيهَا مَا يَشَآءُونَۚ كَذَٰلِكَ يَجۡزِي ٱللَّهُ ٱلۡمُتَّقِينَ ٣١

31.   Ба боғҳои биҳишт, ки ба он ворид мешаванд, ҷуйборҳое дар зери дарахтони он равон аст, дар он ҷо ҳар чӣ бихоҳанд, хоҳанд дошт. Аллоҳ инчунин ба парҳезгорон подош медиҳад.

ٱلَّذِينَ تَتَوَفَّىٰهُمُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ طَيِّبِينَ يَقُولُونَ سَلَٰمٌ عَلَيۡكُمُ ٱدۡخُلُواْ ٱلۡجَنَّةَ بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ٣٢

32.   Онон, ки фариштагон дар ҳоле ҷонашонро мегиранд, ки бар тақвои Аллоҳ пойдор буданд, мегӯянд: «Салом бар шумо! Ба подоши корҳое, ки мекардаед, ба биҳишт дароед».

هَلۡ يَنظُرُونَ إِلَّآ أَن تَأۡتِيَهُمُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ أَوۡ يَأۡتِيَ أَمۡرُ رَبِّكَۚ كَذَٰلِكَ فَعَلَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡۚ وَمَا ظَلَمَهُمُ ٱللَّهُ وَلَٰكِن كَانُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ يَظۡلِمُونَ ٣٣

33.   Оё мунтазиранд, ки фариштагон наздашон биёянд ва дар ҳоли куфрашон ҷонашонро бигиранд, ё фармони Парвардигорат фаро расад ва ба азоб ҳалокашон созад? Гурӯҳе низ, ки пеш аз онҳо буданд, чунин мекарданд, пас Аллоҳ ҳалокашон кард ва Аллоҳ ба онон ситам накард, балки онон худ ба худ ситам мекарданд.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\18

فَأَصَابَهُمۡ سَيِّـَٔاتُ مَا عَمِلُواْ وَحَاقَ بِهِم مَّا كَانُواْ بِهِۦ يَسۡتَهۡزِءُونَ ٣٤

34.    Пас, ба ҷазои кирдори бадашон расиданд ва ҳамон чизҳоеро, ки ба масхара мегирифтанд, (яъне азоб) бар сарашон омад.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\439

وَقَالَ ٱلَّذِينَ أَشۡرَكُواْ لَوۡ شَآءَ ٱللَّهُ مَا عَبَدۡنَا مِن دُونِهِۦ مِن شَيۡءࣲ نَّحۡنُ وَلَآ ءَابَآؤُنَا وَلَا حَرَّمۡنَا مِن دُونِهِۦ مِن شَيۡءࣲۚ كَذَٰلِكَ فَعَلَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡۚ فَهَلۡ عَلَى ٱلرُّسُلِ إِلَّا ٱلۡبَلَٰغُ ٱلۡمُبِينُ ٣٥

35.   Мушрикон аз рӯи истеҳзо ва тамасхӯр гуфтанд: «Агар Аллоҳ мехост, мову падаронамон ғайр аз Аллоҳ ҳеҷ чизеро намепарастидем ва он чиро ҳаром кардаем, ҳаром намекардем».(1) Мардуме ҳам, ки пеш аз онҳо буданд, чунин мекарданд
(ва бо ин гуна баҳонаҳо ва ҳаром гардонидани чизҳо мақсадашон қабул накардани ҳақ буд, вале худашон медонистанд, ки ин дар назди Аллоҳ ҳуҷҷат намешавад.)(2) Бар паёмбарон ҷуз таблиғи ошкоро вазифаи дигаре нест.
1. Ба монанди "баҳира" ва "соиба" ва "васила" ва "ҳом". Тафсири Бағавӣ 5\18. Нигар ба сураи Моида, ояти 103 2. Тафсири Саъдӣ 1\440

وَلَقَدۡ بَعَثۡنَا فِي كُلِّ أُمَّةࣲ رَّسُولًا أَنِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ وَٱجۡتَنِبُواْ ٱلطَّٰغُوتَۖ فَمِنۡهُم مَّنۡ هَدَى ٱللَّهُ وَمِنۡهُم مَّنۡ حَقَّتۡ عَلَيۡهِ ٱلضَّلَٰلَةُۚ فَسِيرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَٱنظُرُواْ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلۡمُكَذِّبِينَ ٣٦

36.   Ва ба таҳқиқ дар миёни ҳар миллате паёмбаре фиристодем, ки Аллоҳро бипарастед ва аз тоғут(1) дурӣ ҷӯед. Баъзеро, ки Аллоҳ ҳидоят кард, ки илман ва амалан пайрави паёмбарон буданд ва бар баъзе гумроҳӣ муқаррар гашт, ки онон пайрави роҳи гумроҳӣ буданд. Пас, дар замин бигардед ва бинед, ки оқибати кори касоне, ки паёмбаронро ба дурӯғ нисбат медоданд, чӣ гуна будааст.(2)
1. Ҳар чизе, ки ғайр аз Аллоҳ парастиш карда мешавад; аз шайтон, бут, мурдаҳо ва ғайра. 2. Тафсири Саъдӣ 1\440

إِن تَحۡرِصۡ عَلَىٰ هُدَىٰهُمۡ فَإِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي مَن يُضِلُّۖ وَمَا لَهُم مِّن نَّٰصِرِينَ ٣٧

37.   Ва агар ту ба ҳидояти онҳо ҳарис бошӣ, ҷаҳди худро дар онҳо сарф намоӣ, Аллоҳ онро, ки гумроҳ кардааст, ҳидоят намекунад ва ин гумроҳонро ҳеҷ ёридиҳандае нест, ки аз азоби Аллоҳ наҷоташон диҳад.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\440

وَأَقۡسَمُواْ بِٱللَّهِ جَهۡدَ أَيۡمَٰنِهِمۡ لَا يَبۡعَثُ ٱللَّهُ مَن يَمُوتُۚ بَلَىٰ وَعۡدًا عَلَيۡهِ حَقࣰّا وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ ٣٨

38.   Ва ба таври ҷиддӣ ба Аллоҳ қасам хӯрданд, ки Аллоҳ мурдаро рӯзи қиёмат
аз нав зинда намекунад, аммо Аллоҳ ин қасамҳои онҳоро дурӯғ бароварда мегӯяд: Оре, ин ваъдаест (яъне дубора зинда кардани
Аллоҳ мурдагонро), ки бешубҳа, анҷом додани он бар ӯҳдаи Ӯст, вале бештари мардум аз сабаби ҷаҳлашон намедонанд ва мухолифати паёмбарон карда дучори куфр мешаванд.(1)
1. Тафсири Ибни Касир 4\571

لِيُبَيِّنَ لَهُمُ ٱلَّذِي يَخۡتَلِفُونَ فِيهِ وَلِيَعۡلَمَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ أَنَّهُمۡ كَانُواْ كَٰذِبِينَ ٣٩

39.   Оре, Аллоҳ ҳама бандагонро зинда мегардонад, то он чиро, ки дар он ихтилоф мекарданд, барояшон ошкор кунад ва ҳамоно кофирон бидонанд, ки ҳақиқатан дурӯғ мегуфтанд.(1)
1. Тафсири Табарӣ 17\204

إِنَّمَا قَوۡلُنَا لِشَيۡءٍ إِذَآ أَرَدۡنَٰهُ أَن نَّقُولَ لَهُۥ كُن فَيَكُونُ ٤٠

40.   Ҳаргоҳ фармони Мо ба ҳар чизе,(1) ки иродаашро бикунем, ин аст, ки мегӯем: «Мавҷуд шав!», пас мавҷуд мешавад.
1. Яъне, аз нав зинда гардонидан бар Мо осон аст. Тафсири Бағавӣ 5\19

وَٱلَّذِينَ هَاجَرُواْ فِي ٱللَّهِ مِنۢ بَعۡدِ مَا ظُلِمُواْ لَنُبَوِّئَنَّهُمۡ فِي ٱلدُّنۡيَا حَسَنَةࣰۖ وَلَأَجۡرُ ٱلۡأٓخِرَةِ أَكۡبَرُۚ لَوۡ كَانُواْ يَعۡلَمُونَ ٤١

41.   Ва ононе, ки мавриди ситам қарор гирифтанд ва дар роҳи Аллоҳ муҳоҷират карданд, дар ин ҷаҳон(1) ҷойгоҳе некӯ медиҳем. Ва агар инҳо, пасмондагон медонистанд, чӣ гуна аҷри охират бузургтар аст, ҳеҷ кас аз муҳоҷират кардан дар роҳи Аллоҳ дар ватанаш боқӣ намемонд.(2)
1. Дар Мадина. 2. Тафсири Саъдӣ 1\440

ٱلَّذِينَ صَبَرُواْ وَعَلَىٰ رَبِّهِمۡ يَتَوَكَّلُونَ ٤٢

42.   Ононе, ки сабр пеша карданд ва бар Парвардигорашон таваккал мекунанд.

وَمَآ أَرۡسَلۡنَا مِن قَبۡلِكَ إِلَّا رِجَالࣰا نُّوحِيٓ إِلَيۡهِمۡۖ فَسۡـَٔلُوٓاْ أَهۡلَ ٱلذِّكۡرِ إِن كُنتُمۡ لَا تَعۡلَمُونَ ٤٣

43.   Ва нафиристодем пеш аз ту эй Расул, магар паёмбаронеро, ки ваҳй фиристодем ба сӯяшон аз мардони башарият буданд на фариштагон. Ва агар худ намедонед эй мушрикони Қурайш, пас аз уламои аҳли китоб бипурсед, ки оё паёмбарон башар буданд?(1)
1. Аз ин оят чунин қоида бар меояд, ки агар инсон чизеро аз масоили динӣ
Нафаҳмад бояд аз олимони собит қадам дар илм бипурсад. Тафсири Саъдӣ 1/441

بِٱلۡبَيِّنَٰتِ وَٱلزُّبُرِۗ وَأَنزَلۡنَآ إِلَيۡكَ ٱلذِّكۡرَ لِتُبَيِّنَ لِلنَّاسِ مَا نُزِّلَ إِلَيۡهِمۡ وَلَعَلَّهُمۡ يَتَفَكَّرُونَ ٤٤

44.   Онҳоро ба далелҳои равшан ва китобҳои осмонӣ фиристодем. Ва ба сӯи ту эй Расул, низ Қуръонро нозил кардем, то он чиро барои мардум нозил шудааст, барояшон баён кунӣ ва бошад, ки бияндешанд ва итоат кунанд.(1)
1. Тафсири Табарӣ 17\211

أَفَأَمِنَ ٱلَّذِينَ مَكَرُواْ ٱلسَّيِّـَٔاتِ أَن يَخۡسِفَ ٱللَّهُ بِهِمُ ٱلۡأَرۡضَ أَوۡ يَأۡتِيَهُمُ ٱلۡعَذَابُ مِنۡ حَيۡثُ لَا يَشۡعُرُونَ ٤٥

45.   Оё он мушрикони араб, ки муртакиби бадиҳо мешаванд, магар эминанд аз ин, ки замин ба фармони Аллоҳ онҳоро
фурӯ барад ё азоб аз ҷое, ки намедонанд, бар сарашон фуруд ояд?

أَوۡ يَأۡخُذَهُمۡ فِي تَقَلُّبِهِمۡ فَمَا هُم بِمُعۡجِزِينَ ٤٦

46.   Ё ба ҳангоми омаду рафт онҳоро фурӯ бигирад, пас онҳо оҷиз карда наметавонанд Аллоҳро.

أَوۡ يَأۡخُذَهُمۡ عَلَىٰ تَخَوُّفࣲ فَإِنَّ رَبَّكُمۡ لَرَءُوفࣱ رَّحِيمٌ ٤٧

47.   Ё ин ки дар ҳоли бим ва ҳаросе аз марг, беморӣ, тангдастӣ ва дигар балову мусибатҳо азобашон кунанд? Пас, ҳароина, Парвардигоратон мушфиқу меҳрубон аст, зуд ба уқубат намегирад!(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\21

أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ إِلَىٰ مَا خَلَقَ ٱللَّهُ مِن شَيۡءࣲ يَتَفَيَّؤُاْ ظِلَٰلُهُۥ عَنِ ٱلۡيَمِينِ وَٱلشَّمَآئِلِ سُجَّدࣰا لِّلَّهِ وَهُمۡ دَٰخِرُونَ ٤٨

48.   Оё инҳо кофирон чизҳоеро, ки Аллоҳ офаридааст, наменигаранд, ки барои саҷда ба даргоҳи Ӯ сояҳояшон аз росту чап ҳаракат доранд ва дар баробари Ӯ фурӯтан шудаанд.?

وَلِلَّهِۤ يَسۡجُدُۤ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِ مِن دَآبَّةࣲ وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ وَهُمۡ لَا يَسۡتَكۡبِرُونَ ٤٩

49.   Ва он чӣ дар осмонҳову замин аст аз ҷунбандагон ва фариштагон Аллоҳро саҷда мекунанд ва онҳо такаббур намеварзанд.

يَخَافُونَ رَبَّهُم مِّن فَوۡقِهِمۡ وَيَفۡعَلُونَ مَا يُؤۡمَرُونَ۩ ٥٠

50. Малоикаҳо аз Парвардигорашон, ки дар болои сарашон аст, метарсанд ва ба ҳар чӣ амр шудаанд, ҳамонро мекунанд.(1)
1. Дар ин оят исботи сифати олӣ ва боло будани Аллоҳ таоло бар ҷамиъи махлуқоташ омадаст.

۞ وَقَالَ ٱللَّهُ لَا تَتَّخِذُوٓاْ إِلَٰهَيۡنِ ٱثۡنَيۡنِۖ إِنَّمَا هُوَ إِلَٰهࣱ وَٰحِدࣱ فَإِيَّٰيَ فَٱرۡهَبُونِ ٥١

51. Аллоҳ ба бандагонаш гуфт: «Ду маъбудро мапарастед ва ҷуз ин нест, ки Ӯ таоло маъбуди ягона. Пас аз Ман битарсед!»

وَلَهُۥ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَلَهُ ٱلدِّينُ وَاصِبًاۚ أَفَغَيۡرَ ٱللَّهِ تَتَّقُونَ ٥٢

52. Ҳар чӣ дар осмонҳову
замин аст аз фариштагону бандагон, аз они Ӯст ва ҳамеша бо ихлос парастиш кардан хоси Ӯст. Оё аз ғайри Аллоҳ метарсед?(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\23

وَمَا بِكُم مِّن نِّعۡمَةࣲ فَمِنَ ٱللَّهِۖ ثُمَّ إِذَا مَسَّكُمُ ٱلضُّرُّ فَإِلَيۡهِ تَجۡـَٔرُونَ ٥٣

53. Ва ҳар неъмате, аз
саломатӣ, фарохии ризқ ва фарзанд шумо доред, аз ҷониби Аллоҳ аст ва чун ранҷе ба шумо расад аз камбағалӣ, беморӣ ва қаҳтӣ, пас, ба сӯи Ӯ зорӣ ва илтиҷо мекунед.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\442

ثُمَّ إِذَا كَشَفَ ٱلضُّرَّ عَنكُمۡ إِذَا فَرِيقࣱ مِّنكُم بِرَبِّهِمۡ يُشۡرِكُونَ ٥٤

54. Ва боз чун сахтиро аз сари шумо бардорад, гурӯҳе аз шумо ба Парвардигорашон мушрик мешаванд.

لِيَكۡفُرُواْ بِمَآ ءَاتَيۡنَٰهُمۡۚ فَتَمَتَّعُواْ فَسَوۡفَ تَعۡلَمُونَ ٥٥

55. Бигузор, то неъматеро, ки ба онҳо додаем, ношукрӣ кунанд. Пас, баҳраманд шавед, дар дунё андаке ба зуди хоҳед донист оқибати исён ва куфри худро!(1)
1. Тафсири Ибни Касир 4\577

وَيَجۡعَلُونَ لِمَا لَا يَعۡلَمُونَ نَصِيبࣰا مِّمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡۗ تَٱللَّهِ لَتُسۡـَٔلُنَّ عَمَّا كُنتُمۡ تَفۡتَرُونَ ٥٦

56.   Ва он гоҳ аз он чӣ рӯзиашон додаем, барои бутоне, ки ҳеҷ фоида ва зараре намерасонанд, ҳиссае муъайян мекунанд. Ба Аллоҳ савганд, ба сабаби дурӯғе, ки мебандед, пурсида мешавед!

وَيَجۡعَلُونَ لِلَّهِ ٱلۡبَنَٰتِ سُبۡحَٰنَهُۥ وَلَهُم مَّا يَشۡتَهُونَ ٥٧

57.   Ва кофирон барои Аллоҳ духтаронро муқаррар мекунанд, ки Ӯ пок аст ва ниёз ба фарзанд надорад ва барои худ ҳар чӣ дӯст доранд аз писарон, онро муқаррар мекунанд.

وَإِذَا بُشِّرَ أَحَدُهُم بِٱلۡأُنثَىٰ ظَلَّ وَجۡهُهُۥ مُسۡوَدࣰّا وَهُوَ كَظِيمࣱ ٥٨

58.   Ва чун ба якешон муждаи таваллуди духтар диҳанд, сияҳрӯй шавад аз ғаме, ки ба ӯ расидааст ва хашмгин гардад.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\442

يَتَوَٰرَىٰ مِنَ ٱلۡقَوۡمِ مِن سُوٓءِ مَا بُشِّرَ بِهِۦٓۚ أَيُمۡسِكُهُۥ عَلَىٰ هُونٍ أَمۡ يَدُسُّهُۥ فِي ٱلتُّرَابِۗ أَلَا سَآءَ مَا يَحۡكُمُونَ ٥٩

59.   Ба хотири ин муждаи бад аз мардум пинҳон мешавад ва ба андеша афтад, ки оё бо хорӣ духтарро нигоҳаш дорад ё зинда дар зери хок қарораш кунад? Огоҳ бошед, ки чи қазовати баде мекарданд.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\442

لِلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡأٓخِرَةِ مَثَلُ ٱلسَّوۡءِۖ وَلِلَّهِ ٱلۡمَثَلُ ٱلۡأَعۡلَىٰۚ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ ٦٠

60.   Сифати бад аз они касонест, ки ба қиёмат имон намеоваранд ва сифати бартар ва олӣ аз они Аллоҳ аст. Ва Ӯст пирӯзманду ҳаким!

وَلَوۡ يُؤَاخِذُ ٱللَّهُ ٱلنَّاسَ بِظُلۡمِهِم مَّا تَرَكَ عَلَيۡهَا مِن دَآبَّةࣲ وَلَٰكِن يُؤَخِّرُهُمۡ إِلَىٰٓ أَجَلࣲ مُّسَمࣰّىۖ فَإِذَا جَآءَ أَجَلُهُمۡ لَا يَسۡتَـٔۡخِرُونَ سَاعَةࣰ وَلَا يَسۡتَقۡدِمُونَ ٦١

61.   Ва агар Аллоҳ бихоҳад, ки мардумро ба гуноҳашон ҳалок кунад, бар рӯи замин ҳеҷ ҷунбандае боқӣ нагузорад, вале Аллоҳ бо меҳрубониаш ононро то муддате муайян ба таъхир меафканад. Ва чун аҷалашон фаро расад, на соате бозмонанд ва на соате пеш раванд.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\26

وَيَجۡعَلُونَ لِلَّهِ مَا يَكۡرَهُونَۚ وَتَصِفُ أَلۡسِنَتُهُمُ ٱلۡكَذِبَ أَنَّ لَهُمُ ٱلۡحُسۡنَىٰۚ لَا جَرَمَ أَنَّ لَهُمُ ٱلنَّارَ وَأَنَّهُم مُّفۡرَطُونَ ٦٢

62.   Ва он чиро намеписанданд барои худашон аз духтарон, ба Аллоҳ нисбат мекунанд ва забонҳояшонро бо дурӯғ пардохта мегӯянд, ки хубиҳо (яъне ҷаннат) аз они онҳост. На, бешак, насиби онҳо дар охират оташ аст ва онҳоро ба шитоб ба сӯи он баранд!
1. Тафсири Бағавӣ 5\26

تَٱللَّهِ لَقَدۡ أَرۡسَلۡنَآ إِلَىٰٓ أُمَمࣲ مِّن قَبۡلِكَ فَزَيَّنَ لَهُمُ ٱلشَّيۡطَٰنُ أَعۡمَٰلَهُمۡ فَهُوَ وَلِيُّهُمُ ٱلۡيَوۡمَ وَلَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمࣱ ٦٣

63.   Ба Аллоҳ савганд чунон ки ба ин уммат паёмбар фиристодаем, барои мардуме ҳам, ки пеш аз ту будаанд, паёмбароне фиристодаем. Ва шайтон аъмоли бадашонро
дар чашмашон биёрост. Пас, имрӯз шайтон дӯст ва ёри онҳо аст ва барои онҳо дар охират азоби дарддиҳанда ҳаст!(1).
1. Тафсири Бағавӣ 5\27

وَمَآ أَنزَلۡنَا عَلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَ إِلَّا لِتُبَيِّنَ لَهُمُ ٱلَّذِي ٱخۡتَلَفُواْ فِيهِ وَهُدࣰى وَرَحۡمَةࣰ لِّقَوۡمࣲ يُؤۡمِنُونَ ٦٤

64.   Мо ин китоб (Қуръон)-ро бар ту нозил кардаем, барои он ки ҳар чиро, ки дар он ихтилоф доранд, барояшон баён кунӣ. Ва низ роҳнамову раҳмате барои мӯъминон бошад.

وَٱللَّهُ أَنزَلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءࣰ فَأَحۡيَا بِهِ ٱلۡأَرۡضَ بَعۡدَ مَوۡتِهَآۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةࣰ لِّقَوۡمࣲ يَسۡمَعُونَ ٦٥

65.   Ва Аллоҳ аз осмон борон фиристод ва замини мурда (хушк)-ро бо он зинда кард. Бегумон барои мардуме, ки гӯши шунаво доранд, дар ин ибратест!

وَإِنَّ لَكُمۡ فِي ٱلۡأَنۡعَٰمِ لَعِبۡرَةࣰۖ نُّسۡقِيكُم مِّمَّا فِي بُطُونِهِۦ مِنۢ بَيۡنِ فَرۡثࣲ وَدَمࣲ لَّبَنًا خَالِصࣰا سَآئِغࣰا لِّلشَّٰرِبِينَ ٦٦

66.   Ва бегумон дар вуҷуди чорпоён барои шумо пандест. Аз шири холис, ки аз шикамашон, аз миёни саргину хун, берун меояд, ба шумо менӯшонем. Шире, ки барои нӯшандагон гуворост.

وَمِن ثَمَرَٰتِ ٱلنَّخِيلِ وَٱلۡأَعۡنَٰبِ تَتَّخِذُونَ مِنۡهُ سَكَرࣰا وَرِزۡقًا حَسَنًاۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةࣰ لِّقَوۡمࣲ يَعۡقِلُونَ ٦٧

67.   Ва бароятон низ ибратест аз меваҳои дарахтони хурмоҳову ангурҳо шароби мастиоваре ва ризқи некӯ ба даст меоваред ва хирадмандонро дар ин ибратест.(1)
1. Ин оят пеш аз ҳаром шудани арақ (хамр) нозил шуда буд. Тафсири Табарӣ 17\241

وَأَوۡحَىٰ رَبُّكَ إِلَى ٱلنَّحۡلِ أَنِ ٱتَّخِذِي مِنَ ٱلۡجِبَالِ بُيُوتࣰا وَمِنَ ٱلشَّجَرِ وَمِمَّا يَعۡرِشُونَ ٦٨

68.   Парвардигори ту ба занбӯри асал илҳом кард, ки аз кӯҳҳову дарахтон ва дар биноҳое, ки мардум месозанд, лонае интихоб кун.

ثُمَّ كُلِي مِن كُلِّ ٱلثَّمَرَٰتِ فَٱسۡلُكِي سُبُلَ رَبِّكِ ذُلُلࣰاۚ يَخۡرُجُ مِنۢ بُطُونِهَا شَرَابࣱ مُّخۡتَلِفٌ أَلۡوَٰنُهُۥ فِيهِ شِفَآءࣱ لِّلنَّاسِۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةࣰ لِّقَوۡمࣲ يَتَفَكَّرُونَ ٦٩

69.   Он гоҳ аз ҳар мева бихӯр ва фармонбардорона ба роҳи Парвардигорат бирав. Аз шикамҳои занбӯрон шаробе (асали) рангоранге (сафед, сурх, зард) берун меояд, ки дар он шифо аст барои мардум. Ҳамоно барои гурӯҳе, ки тафаккур мекунанд, дар ин ибратест.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\30

وَٱللَّهُ خَلَقَكُمۡ ثُمَّ يَتَوَفَّىٰكُمۡۚ وَمِنكُم مَّن يُرَدُّ إِلَىٰٓ أَرۡذَلِ ٱلۡعُمُرِ لِكَيۡ لَا يَعۡلَمَ بَعۡدَ عِلۡمࣲ شَيۡـًٔاۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمࣱ قَدِيرࣱ ٧٠

70.   Ва Аллоҳ шуморо биёфарид, баъд аз он мемиронад шуморо дар синни кудакӣ
ё ҷавонӣ ва аз миёни шумо касеро ба пирӣ мерасонад, то ҳар чиро, ки омӯхтааст, аз ёд бибарад, зеро Аллоҳ донову тавоност!(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\30

وَٱللَّهُ فَضَّلَ بَعۡضَكُمۡ عَلَىٰ بَعۡضࣲ فِي ٱلرِّزۡقِۚ فَمَا ٱلَّذِينَ فُضِّلُواْ بِرَآدِّي رِزۡقِهِمۡ عَلَىٰ مَا مَلَكَتۡ أَيۡمَٰنُهُمۡ فَهُمۡ فِيهِ سَوَآءٌۚ أَفَبِنِعۡمَةِ ٱللَّهِ يَجۡحَدُونَ ٧١

71.   Аллоҳ рӯзии баъзе аз
шуморо аз баъзе дигар афзун кардааст.(1) Пас онон, ки ризқу рӯзиашон зиёд шуд, аз рӯзии худ ба зердастони хеш намедиҳанд, то ҳама дар ризқу рӯзӣ баробар шаванд, пас чӣ гуна барои Аллоҳ шариконеро муқаррар менамоянд, ки бо Аллоҳ баробар бошанд. Оё неъмати Аллоҳро инкор мекунанд, агар ба неъмати Аллоҳ иқрор мебуданд, ҳеҷгоҳ барои Ӯ шарик намеоварданд?(2)
1. Баъзе доро, баъзе камбағал, баъзе шоҳу баъзе гадо. 2. Тафсири Саъдӣ1\444

وَٱللَّهُ جَعَلَ لَكُم مِّنۡ أَنفُسِكُمۡ أَزۡوَٰجࣰا وَجَعَلَ لَكُم مِّنۡ أَزۡوَٰجِكُم بَنِينَ وَحَفَدَةࣰ وَرَزَقَكُم مِّنَ ٱلطَّيِّبَٰتِۚ أَفَبِٱلۡبَٰطِلِ يُؤۡمِنُونَ وَبِنِعۡمَتِ ٱللَّهِ هُمۡ يَكۡفُرُونَ ٧٢

72.   Аллоҳ барои шумо аз ҷинси худатон занонро офарид то бо онҳо оромиш ёбед ва аз занонатон барои шумо писарону наберагонро офарид, то бароятон хизмат кунанд ва ҳоҷатҳоятонро баробар намоянд ва аз чизҳои ҳалолу пок рӯзиятон дод. Оё ҳанӯз ба ботил (бутон) имон меоваранд ва неъмати Аллоҳро ношукрة мекунанд?(1)
1. Тафсири Табарӣ 5\32

وَيَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ مَا لَا يَمۡلِكُ لَهُمۡ رِزۡقࣰا مِّنَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ شَيۡـࣰٔا وَلَا يَسۡتَطِيعُونَ ٧٣

73.   Ва ғайр аз Аллоҳ касонеро мепарастанд, ки барояшон аз осмонҳо борон ва аз замин чизе рӯзӣ дода наметавонанд ва қудрату тавоноӣ надоранд.(1)
1. Тафсири Саъдӣ1\445

فَلَا تَضۡرِبُواْ لِلَّهِ ٱلۡأَمۡثَالَۚ إِنَّ ٱللَّهَ يَعۡلَمُ وَأَنتُمۡ لَا تَعۡلَمُونَ ٧٤

74.   Пас, барои Аллоҳ чизеро мисол (шабеҳ, назир, анбоз) наёваред; Албатта, Аллоҳ медонад ва гувоҳӣ медиҳад ин ки ба ҷуз Ӯ ҳеҷ касеро ибодат карда намешавад ва шумо намедонед ва ба Ӯ шарик меоред.(1)
1. Тафсири Ибни Касир 4\588

۞ ضَرَبَ ٱللَّهُ مَثَلًا عَبۡدࣰا مَّمۡلُوكࣰا لَّا يَقۡدِرُ عَلَىٰ شَيۡءࣲ وَمَن رَّزَقۡنَٰهُ مِنَّا رِزۡقًا حَسَنࣰا فَهُوَ يُنفِقُ مِنۡهُ سِرࣰّا وَجَهۡرًاۖ هَلۡ يَسۡتَوُۥنَۚ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِۚ بَلۡ أَكۡثَرُهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ ٧٥

75.   Аллоҳ баён мекунад ақидаи вайрони мушриконро ба мисоли ғуломеро, ки ҳеҷ қудрате надорад, ки молеро дар роҳи Аллоҳ хайр кунад ва касеро, ки аз назди худ ризқи некӯяш (ҳалол) додаем ва дар пинҳону ошкоро нафақа мекунад. Оё ин ду баробаранд? Сипосу ситойиш хоси Аллоҳ аст, балки бештари мушрикон намедонанд.(1)
1. Тафсири Табарӣ 17\261

وَضَرَبَ ٱللَّهُ مَثَلࣰا رَّجُلَيۡنِ أَحَدُهُمَآ أَبۡكَمُ لَا يَقۡدِرُ عَلَىٰ شَيۡءࣲ وَهُوَ كَلٌّ عَلَىٰ مَوۡلَىٰهُ أَيۡنَمَا يُوَجِّههُّ لَا يَأۡتِ بِخَيۡرٍ هَلۡ يَسۡتَوِي هُوَ وَمَن يَأۡمُرُ بِٱلۡعَدۡلِ وَهُوَ عَلَىٰ صِرَٰطࣲ مُّسۡتَقِيمࣲ ٧٦

76.   Ва Аллоҳ мисоли ду марди дигареро баён мекунад, ки яке гунг асту намефаҳмад ва фаҳмонида наметавонад ва бар ҳеҷ чиз қудрате надорад ва ӯ бар хоҷаи худ гарон аст, ҳар ҷо ки ӯро бифиристад, ҳеҷ фоидае ҳосил намекунад. Оё ин мард бо он кас, ки мардумро ба адл фармон медиҳад ва худ бар роҳи рост меравад, баробар аст? (Пас, чӣ гуна байни бутони гунгу кар ва байни Аллоҳи қодиру мунъим баробар медонед).(1)
1. Тафсири Табарӣ 17\262

وَلِلَّهِ غَيۡبُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ وَمَآ أَمۡرُ ٱلسَّاعَةِ إِلَّا كَلَمۡحِ ٱلۡبَصَرِ أَوۡ هُوَ أَقۡرَبُۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءࣲ قَدِيرࣱ ٧٧

77.   Аз они Аллоҳ аст илми ниҳони (ғайб) осмонҳову замин. Ва фаро расидани қиёмат танҳо як чашм барҳам задан (як мижа задан) ё наздиктар аз он аст. Ҳамоно Аллоҳ бар ҳар коре тавоност!

وَٱللَّهُ أَخۡرَجَكُم مِّنۢ بُطُونِ أُمَّهَٰتِكُمۡ لَا تَعۡلَمُونَ شَيۡـࣰٔا وَجَعَلَ لَكُمُ ٱلسَّمۡعَ وَٱلۡأَبۡصَٰرَ وَٱلۡأَفۡـِٔدَةَ لَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ ٧٨

78.   Аллоҳ шуморо аз батни модаронатон берун овард ва ҳеҷ чизро намедонистед. Ва бароятон чашму гӯшу дил биёфарид, то ки шукргузорӣ кунед!(1)
1. Яъне, ақл дод, то неку бадро ҷудо намоед ва биноӣ дод, то бубинед ва якдигарро бишносед ва шунавоӣ дод, то бишунавед овозҳоро. Тафсири Табарӣ 17\265

أَلَمۡ يَرَوۡاْ إِلَى ٱلطَّيۡرِ مُسَخَّرَٰتࣲ فِي جَوِّ ٱلسَّمَآءِ مَا يُمۡسِكُهُنَّ إِلَّا ٱللَّهُۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتࣲ لِّقَوۡمࣲ يُؤۡمِنُونَ ٧٩

79.   Оё инҳо мушрикон он парандагони ромшударо дар фазои осмон намебинанд? Ҳеҷ кас ҷуз Аллоҳ онҳоро дар ҳаво нигоҳ дошта наметавонад. Ҳамоно дар ин парандаи ромшудае, ки дар ҳаво парвоз мекунад барои мардуме, ки имон меоваранд, ибратҳост.
1. Тафсири Табарӣ 17\266

وَٱللَّهُ جَعَلَ لَكُم مِّنۢ بُيُوتِكُمۡ سَكَنࣰا وَجَعَلَ لَكُم مِّن جُلُودِ ٱلۡأَنۡعَٰمِ بُيُوتࣰا تَسۡتَخِفُّونَهَا يَوۡمَ ظَعۡنِكُمۡ وَيَوۡمَ إِقَامَتِكُمۡ وَمِنۡ أَصۡوَافِهَا وَأَوۡبَارِهَا وَأَشۡعَارِهَآ أَثَٰثࣰا وَمَتَٰعًا إِلَىٰ حِينࣲ ٨٠

80.   Ва Аллоҳ хонаҳоятонро ҷои оромишатон қарор дод ва дар он аз гармию хунукӣ шуморо муҳофизат намуд ва аз пӯсти чаҳорпоён бароятон чодарҳо сохт, ки ба ҳангоми сафар ва ҳангоми иқомат сабукашон меёбед ва аз бардоштани онҳо дар ранҷ намеафтед. Ва аз пашми гӯсфанд ва пашми шутур ва мӯйи буз то рӯзи қиёмат бароятон асоси хона ва асбоби зиндагӣ сохт.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\446

وَٱللَّهُ جَعَلَ لَكُم مِّمَّا خَلَقَ ظِلَٰلࣰا وَجَعَلَ لَكُم مِّنَ ٱلۡجِبَالِ أَكۡنَٰنࣰا وَجَعَلَ لَكُمۡ سَرَٰبِيلَ تَقِيكُمُ ٱلۡحَرَّ وَسَرَٰبِيلَ تَقِيكُم بَأۡسَكُمۡۚ كَذَٰلِكَ يُتِمُّ نِعۡمَتَهُۥ عَلَيۡكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تُسۡلِمُونَ ٨١

81.    Ва Аллоҳ барои шумо аз чизҳое, ки офаридааст мисли дарахтон ва дигар чизҳо, сояҳо падид овард. Ва дар кӯҳҳо бароятон ғорҳо сохт. Ва ҷомаҳо аз пахтаю пашм, ки шуморо аз гармӣ ва хунукӣ ҳифз мекунад ва либосҳое (зиреҳҳо), ки дар ҷанг нигаҳдори шумост. Аллоҳ неъматҳои худро инчунин бар шумо комил мекунад. Бошад ки таслими фармони Ӯ шавед ва дар ибодати Ӯ чизеро шарик наоред.(1)
1. Тафсири Табарӣ 17\270

فَإِن تَوَلَّوۡاْ فَإِنَّمَا عَلَيۡكَ ٱلۡبَلَٰغُ ٱلۡمُبِينُ ٨٢

82.    Пас, агар аз тоати Ӯ рӯй гардонанд, ҷуз ин нест, ки вазифаи ту таблиғи ошкор аст, аммо ҳидоят аз тарафи Мост, эй Расул.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\446

يَعۡرِفُونَ نِعۡمَتَ ٱللَّهِ ثُمَّ يُنكِرُونَهَا وَأَكۡثَرُهُمُ ٱلۡكَٰفِرُونَ ٨٣

83.    Инҳо мушрикон неъматҳои Аллоҳро мешиносанд ва он ба паёмбарӣ фиристода шудани Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст, боз ҳам мункири нубуввати он мешаванд, зеро бисёрии онҳо кофиронанд.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\36

وَيَوۡمَ نَبۡعَثُ مِن كُلِّ أُمَّةࣲ شَهِيدࣰا ثُمَّ لَا يُؤۡذَنُ لِلَّذِينَ كَفَرُواْ وَلَا هُمۡ يُسۡتَعۡتَبُونَ ٨٤

84.   Хабар деҳ, эй Муҳаммад, барояшон, ки рӯзе қиёмат фаро мерасад аз ҳар уммате паёмбарашро бар қавми худ гувоҳе бигирем, сипас ба кофирон рухсати сухан гуфтан дода нашавад, то узри худ баён кунанд ва узрашон пазируфта нашавад.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\446

وَإِذَا رَءَا ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ ٱلۡعَذَابَ فَلَا يُخَفَّفُ عَنۡهُمۡ وَلَا هُمۡ يُنظَرُونَ ٨٥

85.   Ва чун ситамкорон (яъне кофирон) азоби дӯзахро бингаранд, локин азобашон аз онон сабук намешавад ва онон мӯҳлат намеёбанд.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\36

وَإِذَا رَءَا ٱلَّذِينَ أَشۡرَكُواْ شُرَكَآءَهُمۡ قَالُواْ رَبَّنَا هَٰٓؤُلَآءِ شُرَكَآؤُنَا ٱلَّذِينَ كُنَّا نَدۡعُواْ مِن دُونِكَۖ فَأَلۡقَوۡاْ إِلَيۡهِمُ ٱلۡقَوۡلَ إِنَّكُمۡ لَكَٰذِبُونَ ٨٦

86.   Ва чун мушрикон рӯзи қиёмат маъбудони худро, ки шарики Аллоҳ месохтанд, бубинанд, мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, инҳо шарикони мо ҳастанд, ки мо ба ҷои Ту онҳоро ибодат мекардем». Маъбудонашон дар ҷавоб мегӯянд, ки шумо дурӯғ мегӯед!(1)
1. Яъне, шуморо ба ин амр накардаем ва дар гумони он набудем, ки мо шоистаи парастиш ҳастем, пас худро маломат кунед. Тафсири Саъдӣ 1\446

وَأَلۡقَوۡاْ إِلَى ٱللَّهِ يَوۡمَئِذٍ ٱلسَّلَمَۖ وَضَلَّ عَنۡهُم مَّا كَانُواْ يَفۡتَرُونَ ٨٧

87.    Ва дар ин рӯз ҳамаи мушрикон баъд аз такаббур ва саркашиҳои дунявӣ ба бандагӣ хештанро таслими Аллоҳ мекунанд ва он дурӯғҳо, ки мебофтанд, нобуд шавад.(1)
1. Тафсири Табарӣ 17\276

ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَصَدُّواْ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ زِدۡنَٰهُمۡ عَذَابࣰا فَوۡقَ ٱلۡعَذَابِ بِمَا كَانُواْ يُفۡسِدُونَ ٨٨

88.    Онон, ки кофир шуданд (ва паёмбарии туро, эй Муҳаммад, инкор намуданд) ва дигаронро аз роҳи Аллоҳ боздоштанд, ба ҷазои фасоде, ки мекарданд, азобе бар азобашон хоҳем афзуд.(1)
1. Тафсири Табарӣ 17\276

وَيَوۡمَ نَبۡعَثُ فِي كُلِّ أُمَّةࣲ شَهِيدًا عَلَيۡهِم مِّنۡ أَنفُسِهِمۡۖ وَجِئۡنَا بِكَ شَهِيدًا عَلَىٰ هَٰٓؤُلَآءِۚ وَنَزَّلۡنَا عَلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَ تِبۡيَٰنࣰا لِّكُلِّ شَيۡءࣲ وَهُدࣰى وَرَحۡمَةࣰ وَبُشۡرَىٰ لِلۡمُسۡلِمِينَ ٨٩

89.    Ва рӯзе бошад, ки аз ҳар уммате гувоҳе аз худашон бар худашон бифиристем ва туро бар онон (қавмат ва умматонат) гувоҳ мегирем. Ва мо Қуръонро, ки баёнкунандаи ҳар чизест аз ҳалолу ҳаром, савобу азоб, ҳидояту раҳмат ва муждаест барои мусалмонон, бар ту нозил кардаем.(1)
1. Тафсири Табарӣ 17\278

۞ إِنَّ ٱللَّهَ يَأۡمُرُ بِٱلۡعَدۡلِ وَٱلۡإِحۡسَٰنِ وَإِيتَآيِٕ ذِي ٱلۡقُرۡبَىٰ وَيَنۡهَىٰ عَنِ ٱلۡفَحۡشَآءِ وَٱلۡمُنكَرِ وَٱلۡبَغۡيِۚ يَعِظُكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تَذَكَّرُونَ ٩٠

90.    Ҳамоно Аллоҳ дар ин китоб бар адлу инсоф эҳсон ба мардум ва бахшиш ба хешовандон, силаи раҳм фармон медиҳад. Ва аз фаҳшову зишткорӣ аз гуфтору кирдори бад ва он чи дар шариат писандида нашудааст ва аз ситам кибру зулм, бозмедорад. Шуморо панд медиҳад, бошад ки панд бигиред.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\39

وَأَوۡفُواْ بِعَهۡدِ ٱللَّهِ إِذَا عَٰهَدتُّمۡ وَلَا تَنقُضُواْ ٱلۡأَيۡمَٰنَ بَعۡدَ تَوۡكِيدِهَا وَقَدۡ جَعَلۡتُمُ ٱللَّهَ عَلَيۡكُمۡ كَفِيلًاۚ إِنَّ ٱللَّهَ يَعۡلَمُ مَا تَفۡعَلُونَ ٩١

91.   Чун бо Аллоҳ аҳду паймон бастед ё ки бо мардум, пас агар он аҳду паймонатон мухолифи китоби Аллоҳ ва суннати паёмбар набошад, ба он вафо кунед ва чун савганд хӯрдед баъди таъкид сохтан, онро нашиканед, ки шумо Аллоҳро бар худатон нигаҳбон гардонидаед ва ҳамоно Аллоҳ медонад, ки чӣ мекунед. Ва ҳар касеро мувофиқи ният ва мақсадаш ҷазо хоҳад дод!(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\447

وَلَا تَكُونُواْ كَٱلَّتِي نَقَضَتۡ غَزۡلَهَا مِنۢ بَعۡدِ قُوَّةٍ أَنكَٰثࣰا تَتَّخِذُونَ أَيۡمَٰنَكُمۡ دَخَلَۢا بَيۡنَكُمۡ أَن تَكُونَ أُمَّةٌ هِيَ أَرۡبَىٰ مِنۡ أُمَّةٍۚ إِنَّمَا يَبۡلُوكُمُ ٱللَّهُ بِهِۦۚ وَلَيُبَيِّنَنَّ لَكُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ مَا كُنتُمۡ فِيهِ تَخۡتَلِفُونَ ٩٢

92.   Ва дар аҳду паймонҳои худ мабошед, монанди он зан, ки риштаеро, ки маҳкам тофта буд, аз ҳам кушод ва пора-пора кард ва савгандҳои худро василаи фиреби якдигар насозед, то гурӯҳе аз гурӯҳе афзунтар шавад.(1) Ба дурустӣ, ки Аллоҳ шуморо ба он меозмояд ва албатта, дар рӯзи қиёмат чизеро, ки дар он ихтилоф мекардед, бароятон баён мекунад.(2)
1. Яъне, барои фоидаи дунё, то молу чизҳои зиёда ба даст орад. 2. Тафсири Бағаввӣ 5\40

وَلَوۡ شَآءَ ٱللَّهُ لَجَعَلَكُمۡ أُمَّةࣰ وَٰحِدَةࣰ وَلَٰكِن يُضِلُّ مَن يَشَآءُ وَيَهۡدِي مَن يَشَآءُۚ وَلَتُسۡـَٔلُنَّ عَمَّا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ٩٣

93.   Агар Аллоҳ мехост, ҳамаи шуморо як уммат (яъне бар миллати ислом) карда буд, вале ҳар киро бихоҳад, бо адолаташ гумроҳ месозад ва ҳар киро бихоҳад, аз фазли худ тавфиқу ҳидоят мекунад ва албатта, аз ҳар коре, ки мекунед, рӯзи қиёмат ҳатман пурсида мешавед.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\40

وَلَا تَتَّخِذُوٓاْ أَيۡمَٰنَكُمۡ دَخَلَۢا بَيۡنَكُمۡ فَتَزِلَّ قَدَمُۢ بَعۡدَ ثُبُوتِهَا وَتَذُوقُواْ ٱلسُّوٓءَ بِمَا صَدَدتُّمۡ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ وَلَكُمۡ عَذَابٌ عَظِيمࣱ ٩٤

94.   Савгандҳои худро василаи фиреби якдигар масозед, то қадамеро, ки устувор сохтаед, билағжад ва ба сабаби рӯйгардониатон аз роҳи Аллоҳ ба гирифтори бад дучор шавед ва ба азоби бузург гирифтор оед.

وَلَا تَشۡتَرُواْ بِعَهۡدِ ٱللَّهِ ثَمَنࣰا قَلِيلًاۚ إِنَّمَا عِندَ ٱللَّهِ هُوَ خَيۡرࣱ لَّكُمۡ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ ٩٥

95.   Паймони Аллоҳро ба баҳои андак барои моли дунё мафурӯшед, бегумон агар бидонед, он чи дар назди Аллоҳ аст, аз савоб бароятон беҳтар аст!(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\41

مَا عِندَكُمۡ يَنفَدُ وَمَا عِندَ ٱللَّهِ بَاقࣲۗ وَلَنَجۡزِيَنَّ ٱلَّذِينَ صَبَرُوٓاْ أَجۡرَهُم بِأَحۡسَنِ مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ ٩٦

96.   Он чи назди шумост, дар дунё фано мешавад ва он чи назди Аллоҳ аст, боқӣ мемонад. Ва ҳамоно ононро, ки сабр варзиданд бар вафо кардан дар осудаҳолию сахтӣ, подоши беҳтар аз кирдорашон хоҳем дод.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\41

مَنۡ عَمِلَ صَٰلِحࣰا مِّن ذَكَرٍ أَوۡ أُنثَىٰ وَهُوَ مُؤۡمِنࣱ فَلَنُحۡيِيَنَّهُۥ حَيَوٰةࣰ طَيِّبَةࣰۖ وَلَنَجۡزِيَنَّهُمۡ أَجۡرَهُم بِأَحۡسَنِ مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ ٩٧

97.    Ҳар зану марде, ки кори некӯ анҷом диҳад, агар ба Аллоҳ ва расули Ӯ имон оварда бошад, зиндагии хушу покизае (яъне, ризқи ҳалолу пок) ба ӯ хоҳем дод агарчанде молу мулки каме ҳам дошта бошад ва дар охират подоши беҳтар аз кирдорашон ато хоҳем кард.(1)
1. Тафсири Ибни Касир 4\601

فَإِذَا قَرَأۡتَ ٱلۡقُرۡءَانَ فَٱسۡتَعِذۡ بِٱللَّهِ مِنَ ٱلشَّيۡطَٰنِ ٱلرَّجِيمِ ٩٨

98.    Ва чун эй мӯъмин, хоҳӣ ки Қуръон бихонӣ, пас аз шайтони раҷим, ки аз раҳмати Аллоҳ ронда шудааст, ба Аллоҳ паноҳ бубар.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\42

إِنَّهُۥ لَيۡسَ لَهُۥ سُلۡطَٰنٌ عَلَى ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَلَىٰ رَبِّهِمۡ يَتَوَكَّلُونَ ٩٩

99.    Албатта, шайтонро бар касоне, ки имон оварданд ва бар Аллоҳ таваккал мекунанд, ғолибияте нест.(1)
1. Яъне, шайтон бар онҳо ғолиб шуда наметавонад, ки онҳоро бар гуноҳе барад, ки омурзида нашавад. Тафсири Бағавӣ 5\43

إِنَّمَا سُلۡطَٰنُهُۥ عَلَى ٱلَّذِينَ يَتَوَلَّوۡنَهُۥ وَٱلَّذِينَ هُم بِهِۦ مُشۡرِكُونَ ١٠٠

100. Ҳамоно ғолибияти ӯ танҳо бар касонест, ки дӯсташ медоранд ва ӯро итоат мекунанд ва аз фармонаш берун намеоянд ва касоне,
ки ба Аллоҳ ширк меоваранд.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\43

وَإِذَا بَدَّلۡنَآ ءَايَةࣰ مَّكَانَ ءَايَةࣲ وَٱللَّهُ أَعۡلَمُ بِمَا يُنَزِّلُ قَالُوٓاْ إِنَّمَآ أَنتَ مُفۡتَرِۭۚ بَلۡ أَكۡثَرُهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ ١٠١

101. Ва чун оятеро ба ҷои ояти дигар ҷойгир кунем, Аллоҳ беҳтар медонад, ки чи чизеро барои бандагонаш хубӣ меорад ва медонад дар чи чиз ҳукмашро тағйир диҳад. Мушрикон мегӯянд: Эй Муҳаммад, ба дурустӣ, ки ту бар Аллоҳ дурӯғ мебандӣ, балки бештари онҳо намедонанд!(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\43

قُلۡ نَزَّلَهُۥ رُوحُ ٱلۡقُدُسِ مِن رَّبِّكَ بِٱلۡحَقِّ لِيُثَبِّتَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَهُدࣰى وَبُشۡرَىٰ لِلۡمُسۡلِمِينَ ١٠٢

102. Бигӯ: «Он Қуръонро Руҳулқудс (Ҷабраил) ба ҳақу ростӣ аз ҷониби Парвардигорат нозил кардааст, то мӯъминонро устувор созад ва ҳидояту башорате бошад барои мусалмонон».(1)
1. Тафсири Ибни Касир 4\603

وَلَقَدۡ نَعۡلَمُ أَنَّهُمۡ يَقُولُونَ إِنَّمَا يُعَلِّمُهُۥ بَشَرࣱۗ لِّسَانُ ٱلَّذِي يُلۡحِدُونَ إِلَيۡهِ أَعۡجَمِيࣱّ وَهَٰذَا لِسَانٌ عَرَبِيࣱّ مُّبِينٌ ١٠٣

103. Ва ба ростӣ медонем, ки мушрикон мегӯянд: «Ин Қуръонро башаре ба ӯ меомӯзонад». Забони касе,(1) ки ба ӯ нисбат медиҳанд, ғайри арабист, ҳол он ки ин
Қуръон бо забони арабии равшанест, ки ҳатто шумо арабҳо ҳам дар фасоҳати он ҳайрон ва аз сохтани як сурааш нотавон ва дармондаед.(2)
1. Яъне, ишора ба марди аҷамие мекунанд, ки насронӣ буд, ҳол он ки вай арабиро хуб намедонист, магар чизе андаке ба қадри ҷавоб додан. Гӯё Паёмбар аз ӯ хабар гирифта ба онҳо мегӯяд. Тафсири Ибни Касир 4\604 2. Тафсири Ибни Касир 4\603

إِنَّ ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ لَا يَهۡدِيهِمُ ٱللَّهُ وَلَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٌ ١٠٤

104. Бегумон Аллоҳ касонеро, ки ба оёташ имон намеоваранд, ҳидоят намекунад ва барояшон азоби дардоваре муҳайёст.

إِنَّمَا يَفۡتَرِي ٱلۡكَذِبَ ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِۖ وَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡكَٰذِبُونَ ١٠٥

105. Ҳақиқатан касоне, ки дурӯғ мебофанд, ба оёти Аллоҳ имон надоранд ва инҳо худ дурӯғгӯянд. Аммо Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба оёти Аллоҳ имон дорад ва фармонбардори Парвардигораш аст, маҳол аст, ки ӯ дурӯғ бофад.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\450

مَن كَفَرَ بِٱللَّهِ مِنۢ بَعۡدِ إِيمَٰنِهِۦٓ إِلَّا مَنۡ أُكۡرِهَ وَقَلۡبُهُۥ مُطۡمَئِنُّۢ بِٱلۡإِيمَٰنِ وَلَٰكِن مَّن شَرَحَ بِٱلۡكُفۡرِ صَدۡرࣰا فَعَلَيۡهِمۡ غَضَبࣱ مِّنَ ٱللَّهِ وَلَهُمۡ عَذَابٌ عَظِيمࣱ ١٠٦

106. Ҳамоно дурӯғ мебофад ба Аллоҳ касе, ки ба ихтиёри худ, пас аз имон оварданаш ба Аллоҳ кофир мешавад, магар он ки ӯро ба зӯрӣ маҷбур карда шавад, то изҳори куфр кунад ва ҳол он ки дилаш ба имони хеш оромгирандаву осуда аст. Вале онон, ки дари дилро ба рӯи куфр мекушоянд, (яъне розӣ ҳастанд) мавриди хашми Аллоҳанд ва барояшон азоби бузург аст.

ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمُ ٱسۡتَحَبُّواْ ٱلۡحَيَوٰةَ ٱلدُّنۡيَا عَلَى ٱلۡأٓخِرَةِ وَأَنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلۡكَٰفِرِينَ ١٠٧

107.  Ва ин хашми Аллоҳ ва азоби бузург ба он сабаб аст, ки ин мушрикон зиндагии дунёро бештар аз зиндагии охират дӯст доранд ва Аллоҳ мардуми кофирро ҳидоят намекунад.(1)
1. Тафсири Табарӣ 17\305

أُوْلَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ طَبَعَ ٱللَّهُ عَلَىٰ قُلُوبِهِمۡ وَسَمۡعِهِمۡ وَأَبۡصَٰرِهِمۡۖ وَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡغَٰفِلُونَ ١٠٨

108.  Онҳо касоне ҳастанд, ки Аллоҳ бар дилу гӯшҳо ва чашмонашон мӯҳр ниҳодааст ва онҳо аз азоби Аллоҳ бехабаранд, пас имон намеоранд ва ҳидоят намеёбанд.

لَا جَرَمَ أَنَّهُمۡ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ هُمُ ٱلۡخَٰسِرُونَ ١٠٩

109.  Шак нест, ки дар охират ҳам аз зиёндидагон бошанд.(1)
1. Яъне, ҳалокшавандаанд. Тафсири Табарӣ 17\306

ثُمَّ إِنَّ رَبَّكَ لِلَّذِينَ هَاجَرُواْ مِنۢ بَعۡدِ مَا فُتِنُواْ ثُمَّ جَٰهَدُواْ وَصَبَرُوٓاْ إِنَّ رَبَّكَ مِنۢ بَعۡدِهَا لَغَفُورࣱ رَّحِيمࣱ ١١٠

110.  Сипас Парвардигори ту эй Муҳаммад, барои касоне, ки пас аз ранҷ кашидан ҳиҷрат карданд ва баъд аз он ба ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ рафтанд ва дар баробари сахтиҳо сабр ва шикебоӣ варзиданд, албатта, Парвардигорат баъд аз ин ҳама машаққатҳо омурзандаву меҳрубон аст.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\47

۞ يَوۡمَ تَأۡتِي كُلُّ نَفۡسࣲ تُجَٰدِلُ عَن نَّفۡسِهَا وَتُوَفَّىٰ كُلُّ نَفۡسࣲ مَّا عَمِلَتۡ وَهُمۡ لَا يُظۡلَمُونَ ١١١

111. Ба ёд ор барояшон эй Паёмбар, ки рӯзи қиёмат ҳар кас барои дифои худ ба муҷодала мепардозад(1) ва ба ҳар шахс ҷазои он чи кардааст, ба пуррагӣ дода шавад ва онҳо ситам карда нашаванд.(2)
1. Ҳуҷҷат меорад. 2. Тафсири Бағавӣ 5\48

وَضَرَبَ ٱللَّهُ مَثَلࣰا قَرۡيَةࣰ كَانَتۡ ءَامِنَةࣰ مُّطۡمَئِنَّةࣰ يَأۡتِيهَا رِزۡقُهَا رَغَدࣰا مِّن كُلِّ مَكَانࣲ فَكَفَرَتۡ بِأَنۡعُمِ ٱللَّهِ فَأَذَٰقَهَا ٱللَّهُ لِبَاسَ ٱلۡجُوعِ وَٱلۡخَوۡفِ بِمَا كَانُواْ يَصۡنَعُونَ ١١٢

112. Аллоҳ деҳаеро (яъне, Маккаро) мисол меорад, ки амну ором буд, ризқи мардумаш ба фаровонӣ аз ҳар ҷо мерасид, аммо ношукрии неъмати Аллоҳ карданд (яъне оёти Аллоҳро инкор карданд ва ба расулаш имон наоварданд) ва Аллоҳ ба ҷазои аъмолашон ба гуруснагӣ ва хавф аз лашкарҳои паёмбар саллаллоху алайҳи ва саллам мубталояшон сохт.(1)
1. Тафсири Табарӣ 17\311

وَلَقَدۡ جَآءَهُمۡ رَسُولࣱ مِّنۡهُمۡ فَكَذَّبُوهُ فَأَخَذَهُمُ ٱلۡعَذَابُ وَهُمۡ ظَٰلِمُونَ ١١٣

113. Аллоҳ таоло ба аҳли Макка, Паёмбареро аз худашон ба наздашон фиристод, ки ӯ Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам буд, насабу ростӣ ва амонаташро медонистанд, вале он чиро ки барояшон овард, қабулаш накарданд, дурӯғгӯяш номиданд, пас
азоби сахт ва гуруснагию хавф он ситамкоронро фаро гирифт.(1)
1. Тафсири Табарӣ 17\312

فَكُلُواْ مِمَّا رَزَقَكُمُ ٱللَّهُ حَلَٰلࣰا طَيِّبࣰا وَٱشۡكُرُواْ نِعۡمَتَ ٱللَّهِ إِن كُنتُمۡ إِيَّاهُ تَعۡبُدُونَ ١١٤

114.  Пас, эй мӯъминон, аз ин чизҳои ҳалолу покизае, ки Аллоҳ ба шумо рӯзӣ додааст, бихӯред ва шукри неъматашро ба ҷой оваред, агар Аллоҳро мепарастед ва Ӯро дар он чи ки амр ва наҳй мекунад, итоат мекардед!(1)
1. Тафсири Табарӣ 17\312

إِنَّمَا حَرَّمَ عَلَيۡكُمُ ٱلۡمَيۡتَةَ وَٱلدَّمَ وَلَحۡمَ ٱلۡخِنزِيرِ وَمَآ أُهِلَّ لِغَيۡرِ ٱللَّهِ بِهِۦۖ فَمَنِ ٱضۡطُرَّ غَيۡرَ بَاغࣲ وَلَا عَادࣲ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَفُورࣱ رَّحِيمࣱ ١١٥

115.  Аллоҳ ҳаром кардааст бар шумо моли худмурдаву хун ва гӯшти хук ва ҳар чиро, ки дар вақти забҳ бо номи ғайри Аллоҳ забҳ кунанд. Аммо касе, ки ночор шавад, ба хотири ҳифзи ҷон аз чизи ҳаром бихӯрад, дар ҳоле ки ситамгор набошад ва аз ҳад таҷовуз накунад, пас Аллоҳ таоло омурзандаву меҳрубон аст.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\451

وَلَا تَقُولُواْ لِمَا تَصِفُ أَلۡسِنَتُكُمُ ٱلۡكَذِبَ هَٰذَا حَلَٰلࣱ وَهَٰذَا حَرَامࣱ لِّتَفۡتَرُواْ عَلَى ٱللَّهِ ٱلۡكَذِبَۚ إِنَّ ٱلَّذِينَ يَفۡتَرُونَ عَلَى ٱللَّهِ ٱلۡكَذِبَ لَا يُفۡلِحُونَ ١١٦

116.  Ва чизеро ки забони шумо ба дурӯғ баёни ҳукми он мекунад, нагӯед, ки ин ҳалол аст ва ин ҳаром аст, то бар Аллоҳ дурӯғро бандед. Албатта, касоне, ки ба Аллоҳ дурӯғ мебанданд, наҷот намеёбанд на дар дунё ва на дар охират!(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\451

مَتَٰعࣱ قَلِيلࣱ وَلَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمࣱ ١١٧

117. Чизи андакест дар дунё ва дар охират барояшон азоби дардовар аст.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\50

وَعَلَى ٱلَّذِينَ هَادُواْ حَرَّمۡنَا مَا قَصَصۡنَا عَلَيۡكَ مِن قَبۡلُۖ وَمَا ظَلَمۡنَٰهُمۡ وَلَٰكِن كَانُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ يَظۡلِمُونَ ١١٨

118. Ба Мо бар яхудиён он чиро, ки пеш аз ин барои ту эй Паёмбар ҳикоят кардем, ҳаром карда будем.(1) Мо ба онҳо ситам накардаем, онон худ ба хештан ситам кардаанд.
1. Яъне, ҳар ҳайвон ва парандаи соҳибнохунеро ва аз гову гӯсфанд чарбаи он ҳар дуро, ҷуз он чӣ бар пушти онҳост ё бар чарби рӯдаи онҳост, ё ба устухонашон часпида бошад. Тафсири Табарӣ 17\315

ثُمَّ إِنَّ رَبَّكَ لِلَّذِينَ عَمِلُواْ ٱلسُّوٓءَ بِجَهَٰلَةࣲ ثُمَّ تَابُواْ مِنۢ بَعۡدِ ذَٰلِكَ وَأَصۡلَحُوٓاْ إِنَّ رَبَّكَ مِنۢ بَعۡدِهَا لَغَفُورࣱ رَّحِيمٌ ١١٩

119. Пас, бегумон Парвардигори ту барои касоне, ки аз рӯи нодонӣ анҷомдиҳандаи кори зиште шаванд, сипас тавба кунанд аз гуноҳони худ ва ислоҳ шаванд ва ба он чи ки Аллоҳ дӯст медорад ва розӣ аст, амал намоянд, ҳамоно Парвардигори ту баъд аз тавбаашон барои онҳо омурзандаву меҳрубон аст!(1)
1. Тафсири Табарӣ 17\316

إِنَّ إِبۡرَٰهِيمَ كَانَ أُمَّةࣰ قَانِتࣰا لِّلَّهِ حَنِيفࣰا وَلَمۡ يَكُ مِنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ ١٢٠

120. Дар ҳақиқат Иброҳим пешвои аҳли ҳидоят итоаткунанда ва фармонбари Аллоҳ ва соҳиби дини ҳаниф (ҳақгаро) буд. Ва аз мушрикон набуд.

شَاكِرࣰا لِّأَنۡعُمِهِۚ ٱجۡتَبَىٰهُ وَهَدَىٰهُ إِلَىٰ صِرَٰطࣲ مُّسۡتَقِيمࣲ ١٢١

121.  Ва шукргузори неъматҳои Ӯ буд, Аллоҳ ӯро ба паёмбарӣ баргузид ва ба роҳи рост ҳидоят кард.(1)
1. Яъне, ба дини Ислом, на дини яҳуд ва насоро. Тафсири Табарӣ 17\316

وَءَاتَيۡنَٰهُ فِي ٱلدُّنۡيَا حَسَنَةࣰۖ وَإِنَّهُۥ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ لَمِنَ ٱلصَّٰلِحِينَ ١٢٢

122.  Ва бинобар итоати Парвардигораш ва шукргузории неъматаш ва ихлос дар ибодаташ,(1) дар дунё ба ӯ некӣ иноят кардем ва албатта, ӯ дар охират низ аз ҷумлаи солеҳон хоҳад буд.
1. Тафсири Табарӣ 17\319

ثُمَّ أَوۡحَيۡنَآ إِلَيۡكَ أَنِ ٱتَّبِعۡ مِلَّةَ إِبۡرَٰهِيمَ حَنِيفࣰاۖ وَمَا كَانَ مِنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ ١٢٣

123.  Сипас эй Паёмбар, ба
ту низ ваҳй кардем, ки ба дини ҳанифи Иброҳим пайравӣ кун, ки ӯ мусалмон буд ва аз мушрикон набуд.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\51

إِنَّمَا جُعِلَ ٱلسَّبۡتُ عَلَى ٱلَّذِينَ ٱخۡتَلَفُواْ فِيهِۚ وَإِنَّ رَبَّكَ لَيَحۡكُمُ بَيۡنَهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ فِيمَا كَانُواْ فِيهِ يَخۡتَلِفُونَ ١٢٤

124.  Ҳамоно бузург доштани рӯзи шанбе воҷиб гардид барои яҳудиҳое, ки дар он ихтилоф карда буданд. Албатта, Парвардигори ту дар рӯзи қиёмат дар бораи он чи ихтилоф мекарданд, ҳукм хоҳад кард!(1)
1. Тафсири Бағавӣ 5\52

ٱدۡعُ إِلَىٰ سَبِيلِ رَبِّكَ بِٱلۡحِكۡمَةِ وَٱلۡمَوۡعِظَةِ ٱلۡحَسَنَةِۖ وَجَٰدِلۡهُم بِٱلَّتِي هِيَ أَحۡسَنُۚ إِنَّ رَبَّكَ هُوَ أَعۡلَمُ بِمَن ضَلَّ عَن سَبِيلِهِۦ وَهُوَ أَعۡلَمُ بِٱلۡمُهۡتَدِينَ ١٢٥

125. Мардумро бо ҳикмат (Қуръону суннат) ва панду насиҳати некӯ ба роҳи Парвардигорат даъват кун ва бо беҳтарин тарз бо онон гуфтугӯ кун.(1) Бегумон Парвардигори ту ба ҳоли касоне, ки аз роҳи Ӯ гумроҳ мешаванд, огоҳтар аст ва Ӯ ба роҳёфтагон донотар аст.
1. Яъне, аз хусумату азияташон рӯй гардон ва дар расонидани рисолати ҳақ камбудӣ макун. Тафсири Ибни Касир 4\613

وَإِنۡ عَاقَبۡتُمۡ فَعَاقِبُواْ بِمِثۡلِ مَا عُوقِبۡتُم بِهِۦۖ وَلَئِن صَبَرۡتُمۡ لَهُوَ خَيۡرࣱ لِّلصَّٰبِرِينَ ١٢٦

126. Ва агар хоҳед, ки интиқом (қасос) кунед, пас, чунон интиқом кунед, ки шуморо интиқом кардаанд. Ва агар сабр кунед, собиронро сабр некӯтар аст.

وَٱصۡبِرۡ وَمَا صَبۡرُكَ إِلَّا بِٱللَّهِۚ وَلَا تَحۡزَنۡ عَلَيۡهِمۡ وَلَا تَكُ فِي ضَيۡقࣲ مِّمَّا يَمۡكُرُونَ ١٢٧

127. Эй паёмбар! Сабр кун, ки сабри ту ҷуз ба тавфиқи Аллоҳ нест ва барояшон (яъне барои имон наёвардани кофирон, ки туро мухолифат мекунанд) ғамгин мабош ва аз макру душманиашон дилтангӣ нанамоӣ.

إِنَّ ٱللَّهَ مَعَ ٱلَّذِينَ ٱتَّقَواْ وَّٱلَّذِينَ هُم مُّحۡسِنُونَ ١٢٨

128.Бегумон Аллоҳ бо ҳамроҳи касоне аст, ки парҳез мекунанд ва онон
некӯкоронанд!(1)
1. Яъне, бо нусрат ва мададаш.Тафсири Ибни Касир 4\615

Other translations of this surah

Tafsir of this surah in Arabic Тоҷикӣ translation

Surahs

1 Al-Fatihah ФОТИҲА · 7 verses · Meccan Juz 1 · Revealed 5 الفاتحة 2 Al-Baqarah БАҚАРА · 286 verses · Medinan Juz 1 · Revealed 87 البقرة 3 Al-Imran ОЛИ ИМРОН · 200 verses · Medinan Juz 3 · Revealed 89 آل عمران 4 An-Nisa' НИСО · 176 verses · Medinan Juz 4 · Revealed 92 النساء 5 Al-Ma'idah МОИДА · 120 verses · Medinan Juz 6 · Revealed 112 المائدة 6 Al-An'am АНЪОМ · 165 verses · Meccan Juz 7 · Revealed 55 الأنعام 7 Al-A'raf АЪРОФ · 206 verses · Meccan Juz 8 · Revealed 39 الأعراف 8 Al-Anfal АНФОЛ · 75 verses · Medinan Juz 9 · Revealed 88 الأنفال 9 At-Taubah ТАВБА · 129 verses · Medinan Juz 10 · Revealed 113 التوبة 10 Yunus ЮНУС · 109 verses · Meccan Juz 11 · Revealed 51 يونس 11 Hood ҲУД · 123 verses · Meccan Juz 11 · Revealed 52 هود 12 Yusuf ЮСУФ · 111 verses · Meccan Juz 12 · Revealed 53 يوسف 13 Ar-Ra'd РАЪД · 43 verses · Medinan Juz 13 · Revealed 96 الرعد 14 Ibrahim ИБРОҲИМ · 52 verses · Meccan Juz 13 · Revealed 72 إبراهيم 15 Al-Hijr ҲИҶР · 99 verses · Meccan Juz 14 · Revealed 54 الحجر 16 An-Nahl НАҲЛ · 128 verses · Meccan Juz 14 · Revealed 70 النحل 17 Al-Isra ИСРО · 111 verses · Meccan Juz 15 · Revealed 50 الإسراء 18 Al-Kahf КАҲФ · 110 verses · Meccan Juz 15 · Revealed 69 الكهف 19 Maryam МАРЯМ · 98 verses · Meccan Juz 16 · Revealed 44 مريم 20 Ta­Ha ТОҲО · 135 verses · Meccan Juz 16 · Revealed 45 طه 21 Al-Anbiya' АНБИЁ · 112 verses · Meccan Juz 17 · Revealed 73 الأنبياء 22 Al-Hajj ҲАҶ · 78 verses · Medinan Juz 17 · Revealed 103 الحج 23 Al-Mu'minun МУЪМИНУН · 118 verses · Meccan Juz 18 · Revealed 74 المؤمنون 24 An-Nur НУР · 64 verses · Medinan Juz 18 · Revealed 102 النور 25 Al-Furqan ФУРҚОН · 77 verses · Meccan Juz 18 · Revealed 42 الفرقان 26 Ash-Shu'ara' ШУЪАРО · 227 verses · Meccan Juz 19 · Revealed 47 الشعراء 27 An-Naml НАМЛ · 93 verses · Meccan Juz 19 · Revealed 48 النمل 28 Al-Qasas ҚАСАС · 88 verses · Meccan Juz 20 · Revealed 49 القصص 29 Al-'Ankabut АНКАБУТ · 69 verses · Meccan Juz 20 · Revealed 85 العنكبوت 30 Ar­Room РУМ · 60 verses · Meccan Juz 21 · Revealed 84 الروم 31 Luqman ЛУҚМОН · 34 verses · Meccan Juz 21 · Revealed 57 لقمان 32 As­Sajdah САҶДА · 30 verses · Meccan Juz 21 · Revealed 75 السجدة 33 Al­Ahzab АҲЗОБ · 73 verses · Medinan Juz 21 · Revealed 90 الأحزاب 34 Saba' САБА · 54 verses · Meccan Juz 22 · Revealed 58 سبأ 35 Fatir ФОТИР · 45 verses · Meccan Juz 22 · Revealed 43 فاطر 36 Ya­Sin ЁСИН · 83 verses · Meccan Juz 22 · Revealed 41 يس 37 As-Saffat СОФФОТ · 182 verses · Meccan Juz 23 · Revealed 56 الصافات 38 Sad СОД · 88 verses · Meccan Juz 23 · Revealed 38 ص 39 Az-Zumar ЗУМАР · 75 verses · Meccan Juz 23 · Revealed 59 الزمر 40 Ghafir ҒОФИР · 85 verses · Meccan Juz 24 · Revealed 60 غافر 41 Fussilat ФУССИЛАТ · 54 verses · Meccan Juz 24 · Revealed 61 فصلت 42 Ash-Shura ШУРО · 53 verses · Meccan Juz 25 · Revealed 62 الشورى 43 Az-Zukhruf ЗУХРУФ · 89 verses · Meccan Juz 25 · Revealed 63 الزخرف 44 Ad-Dukhan ДУХОН · 59 verses · Meccan Juz 25 · Revealed 64 الدخان 45 Al-Jathiya ҶОСИЯ · 37 verses · Meccan Juz 25 · Revealed 65 الجاثية 46 Al-Ahqaf АҲҚОФ · 35 verses · Meccan Juz 26 · Revealed 66 الأحقاف 47 Muhammad МУҲАММАД · 38 verses · Medinan Juz 26 · Revealed 96 محمد 48 Al-Fath ФАТҲ · 29 verses · Medinan Juz 26 · Revealed 111 الفتح 49 Al-Hujurat ҲУҶУРОТ · 18 verses · Medinan Juz 26 · Revealed 106 الحجرات 50 Qaf ҚОФ · 45 verses · Meccan Juz 26 · Revealed 34 ق 51 Az-Zariyat ЗОРИЁТ · 60 verses · Meccan Juz 26 · Revealed 67 الذاريات 52 At-Tur ТУР · 49 verses · Meccan Juz 27 · Revealed 76 الطور 53 An-Najm НАҶМ · 62 verses · Meccan Juz 27 · Revealed 23 النجم 54 Al-Qamar ҚАМАР · 55 verses · Meccan Juz 27 · Revealed 37 القمر 55 Ar-Rahman РАҲМОН · 78 verses · Medinan Juz 27 · Revealed 97 الرحمن 56 Al-Waqi'ah ВОҚИА · 96 verses · Meccan Juz 27 · Revealed 46 الواقعة 57 Al-Hadid ҲАДИД · 29 verses · Medinan Juz 27 · Revealed 94 الحديد 58 Al-Mujadilah МУҶОДАЛА · 22 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 105 المجادلة 59 Al-Hashr ҲАШР · 24 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 101 الحشر 60 Al-Mumtahinah МУМТАҲИНА · 13 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 91 الممتحنة 61 As-Saff САФ · 14 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 109 الصف 62 Al-Jumu'ah ҶУМЪА · 11 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 110 الجمعة 63 Al-Munafiqun МУНОФИҚИН · 11 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 104 المنافقون 64 At-Taghabun ТАҒОБУН · 18 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 108 التغابن 65 At-Talaq ТАЛОҚ · 12 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 99 الطلاق 66 At-Tahrim ТАҲРИМ · 12 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 107 التحريم 67 Al-Mulk МУЛК · 30 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 77 الملك 68 Al-Qalam ҚАЛАМ · 52 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 2 القلم 69 Al-Haqqah ҲОҚҚА · 52 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 87 الحاقة 70 Al-Ma'arij МАЪОРИҶ · 44 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 79 المعارج 71 Nooh НУҲ · 28 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 71 نوح 72 Al-Jinn ҶИН · 28 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 40 الجن 73 Al-Muzzammil МУЗЗАММИЛ · 20 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 3 المزمل 74 Al-Muddaththir МУДДАССИР · 56 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 4 المدثر 75 Al-Qiyamah ҚИЁМАТ · 40 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 31 القيامة 76 Al-Insan ИНСОН · 31 verses · Medinan Juz 29 · Revealed 98 الإنسان 77 Al-Mursalat МУРСАЛОТ · 50 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 33 المرسلات 78 An-Naba' НАБА · 40 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 80 النبأ 79 An-Nazi'at НОЗИЪОТ · 46 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 81 النازعات 80 'Abasa АБАСА · 42 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 24 عبس 81 At-Takwir ТАКВИР · 29 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 7 التكوير 82 Al-Infitar ИНФИТОР · 19 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 82 الإنفطار 83 Al-Mutaffifin МУТАФФИФИН · 36 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 86 المطففين 84 Al-Inshiqaq ИНШИҚОҚ · 25 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 83 الإنشقاق 85 Al-Buruj БУРУҶ · 22 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 27 البروج 86 At-Tariq ТОРИҚ · 17 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 36 الطارق 87 Al-A'la АЪЛО · 19 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 8 الأعلى 88 Al-Ghashiyah ҒОШИЯ · 26 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 68 الغاشية 89 Al-Fajr ФАҶР · 30 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 10 الفجر 90 Al-Balad БАЛАД · 20 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 35 البلد 91 Ash-Shams ШАМС · 15 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 26 الشمس 92 Al-Lail ЛАЙЛ · 21 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 9 الليل 93 Ad-Duha ЗУҲО · 11 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 11 الضحى 94 Ash-Sharh ШАРҲ · 8 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 12 الشرح 95 At-Tin ТИН · 8 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 28 التين 96 Al-'Alaq АЛАҚ · 19 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 1 العلق 97 Al-Qadr ҚАДР · 5 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 25 القدر 98 Al-Baiyinah БАЙЙИНА · 8 verses · Medinan Juz 30 · Revealed 100 البينة 99 Az-Zalzalah ЗИЛЗИЛА · 8 verses · Medinan Juz 30 · Revealed 93 الزلزلة 100 Al-'Adiyat ЪОДИЁТ · 11 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 14 العاديات 101 Al-Qari'ah ҚОРИЪА · 11 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 30 القارعة 102 At-Takathur ТАКОСУР · 8 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 16 التكاثر 103 Al-'Asr АСР · 3 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 13 العصر 104 Al-Humazah ҲУМАЗА · 9 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 32 الهمزة 105 Al-Fil ФИЛ · 5 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 19 الفيل 106 Quraish ҚУРАЙШ · 4 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 29 قريش 107 Al-Ma'un МОЪУН · 7 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 17 الماعون 108 Al-Kauthar КАВСАР · 3 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 15 الكوثر 109 Al-Kafirun КОФИРУН · 6 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 18 الكافرون 110 An-Nasr НАСР · 3 verses · Medinan Juz 30 · Revealed 114 النصر 111 Al-Masad МАСАД · 5 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 6 المسد 112 Al-Ikhlas ИХЛОС · 4 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 22 الإخلاص 113 Al-Falaq ФАЛАҚ · 5 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 20 الفلق 114 An-Nas НОС · 6 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 21 الناس

Reading settings

View
Compare with

Pick up to two more translations to show under each verse.

Arabic size
100%
Translation size
100%
Line spacing
Theme

Verse

Arabic tafsir
Highlight

Highlights stay in this browser and are listed on the bookmarks page. /bookmarks