Surah An-Naml in Тоҷикӣ

НАМЛ · سورة النمل

Meccan Verses: 93 Juz 19 Page 377 Revelation order: 48

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

طسٓۚ تِلۡكَ ءَايَٰتُ ٱلۡقُرۡءَانِ وَكِتَابࣲ مُّبِينٍ ١

1. То, Син. Ин оёти Қуръон ва китоби равшан аст, ки маънояш возеҳ ва шомили илмҳову ҳикматҳо ва шариъатҳост.

هُدࣰى وَبُشۡرَىٰ لِلۡمُؤۡمِنِينَ ٢

2.  Оёти Қуръон раҳнамо аст дар дунё ва охират ва хушхабарест барои мӯъминон:

ٱلَّذِينَ يُقِيمُونَ ٱلصَّلَوٰةَ وَيُؤۡتُونَ ٱلزَّكَوٰةَ وَهُم بِٱلۡأٓخِرَةِ هُمۡ يُوقِنُونَ ٣

3.   Сифати онон, ин аст, ки панҷ вақт намозро мукаммал мегузоранд ва ҳаққи закоти фарзиро пурра ба мустаҳиққонаш медиҳанд ва ба савобу иқоби рӯзи қиёмат яқин доранд.

إِنَّ ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡأٓخِرَةِ زَيَّنَّا لَهُمۡ أَعۡمَٰلَهُمۡ فَهُمۡ يَعۡمَهُونَ ٤

4.  Бегумон касоне, ки ба охират имон намеоваранд, амалҳои бади онҳоро дар назарашон биёростем.
Пас, онҳо дар ин дунё саргардону ҳайрон мешаванд ва гумон доранд, ки дар амал некӯкорӣ мекунанд.

أُوْلَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ لَهُمۡ سُوٓءُ ٱلۡعَذَابِ وَهُمۡ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ هُمُ ٱلۡأَخۡسَرُونَ ٥

5.  Онҳо ҳамон касонанд, ки барояшон дар дунё азоби бад аст ва онҳо дар охират зиёнкортаринанд.(1)
1. Тафсири Табарӣ 19\426

وَإِنَّكَ لَتُلَقَّى ٱلۡقُرۡءَانَ مِن لَّدُنۡ حَكِيمٍ عَلِيمٍ ٦

6.   Ту эй Расул, касе ҳастӣ, ки Қуръон аз ҷониби Аллоҳи ҳакиму доно ба ту нозил мешавад.

إِذۡ قَالَ مُوسَىٰ لِأَهۡلِهِۦٓ إِنِّيٓ ءَانَسۡتُ نَارࣰا سَـَٔاتِيكُم مِّنۡهَا بِخَبَرٍ أَوۡ ءَاتِيكُم بِشِهَابࣲ قَبَسࣲ لَّعَلَّكُمۡ تَصۡطَلُونَ ٧

7.   Ба ёд ор қиссаи Мӯсоро, ҳангоме ки аз Мадян ба Миср сафар мекард, ба хонаводаи худ гуфт: "Биистед, ман аз дур оташе дидам, ба зудӣ, ки аз он бароятон хабаре аз роҳ(1) биёварам ё пораи оташе. Шояд гарм шавед".(2)
1. Мӯсо бо хонаводааш дар шаб роҳро гум карданд. 2. Тафсири Бағавӣ 6\144

فَلَمَّا جَآءَهَا نُودِيَ أَنۢ بُورِكَ مَن فِي ٱلنَّارِ وَمَنۡ حَوۡلَهَا وَسُبۡحَٰنَ ٱللَّهِ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٨

8.  Чун ба назди оташ расид, Аллоҳ нидояш дод, ки муборак бод касе, ки даруни оташ аст (мурод фариштагон аст) ва он, ки дар канори он аст. Ва пок аст Аллоҳи якто, он Парвардигори ҷаҳониён аст!

يَٰمُوسَىٰٓ إِنَّهُۥٓ أَنَا ٱللَّهُ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ ٩

9.   (Аллоҳ ба ӯ хабар дод:)
«Эй Мӯсо, Ман Аллоҳи пирӯзманд ҳастам бар душманонам ва ҳаким ҳастам дар корҳо ва офариниши худ.

وَأَلۡقِ عَصَاكَۚ فَلَمَّا رَءَاهَا تَهۡتَزُّ كَأَنَّهَا جَآنࣱّ وَلَّىٰ مُدۡبِرࣰا وَلَمۡ يُعَقِّبۡۚ يَٰمُوسَىٰ لَا تَخَفۡ إِنِّي لَا يَخَافُ لَدَيَّ ٱلۡمُرۡسَلُونَ ١٠

10.  Эй Мӯсо, асои худро
биафкан!» Чун асоро дид, ки монанди море меҷунбад, гурезон бозгашт ва ба ақиб нанигарист. (Аллоҳ ба ӯ хабар дод:) «Эй Мӯсо, матарс. Ҳароина, паёмбарон набояд, ки дар назди ман битарсанд,

إِلَّا مَن ظَلَمَ ثُمَّ بَدَّلَ حُسۡنَۢا بَعۡدَ سُوٓءࣲ فَإِنِّي غَفُورࣱ رَّحِيمࣱ ١١

11.    магар касе, ки гуноҳе карда бошад ва пас тавба кунад ва бадиро ба некӣ табдил намояд. Пас, бегумон Ман омурзандаву меҳрубон ҳастам!

وَأَدۡخِلۡ يَدَكَ فِي جَيۡبِكَ تَخۡرُجۡ بَيۡضَآءَ مِنۡ غَيۡرِ سُوٓءࣲۖ فِي تِسۡعِ ءَايَٰتٍ إِلَىٰ فِرۡعَوۡنَ وَقَوۡمِهِۦٓۚ إِنَّهُمۡ كَانُواْ قَوۡمࣰا فَٰسِقِينَ ١٢

12.    Ва дасти худро ба гиребони худ дарор, то сафед шуда бе ҳеҷ айбе берун ояд. Бо нӯҳ мӯъҷиза(1) назди Фиръавн ва қавмаш бирав, ки онҳо мардуми фосиқанд».
1. Яъне, асо, даст, қаҳтӣ, офати меваҳо, туфон, малах, шабушк, қурбоқа ва хун.

فَلَمَّا جَآءَتۡهُمۡ ءَايَٰتُنَا مُبۡصِرَةࣰ قَالُواْ هَٰذَا سِحۡرࣱ مُّبِينࣱ ١٣

13.    Чун нишонаҳои равшани Моро диданд, ки бар ҳақ далолат мекард, гуфтанд: «Ин ҷодуи ошкоро аст!»(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\600

وَجَحَدُواْ بِهَا وَٱسۡتَيۡقَنَتۡهَآ أَنفُسُهُمۡ ظُلۡمࣰا وَعُلُوࣰّاۚ فَٱنظُرۡ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلۡمُفۡسِدِينَ ١٤

14.    Ва он мӯъҷизоти Илоҳиро аз рӯи ситамгарию саркашӣ инкор карданд ва ҳол он
ки дилҳояшон ба он яқин дошт, ки инҳо мӯъҷизоти Илоҳӣ ҳастанд. Пас бингар,
эй Расул, ки охири кори фасодкорон чӣ гуна буд? (Яъне, Аллоҳ онҳоро нобуд кард ва дар дарё ғарқашон кард).(1)
1. Тафсири Табарӣ 19\437

وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَا دَاوُۥدَ وَسُلَيۡمَٰنَ عِلۡمࣰاۖ وَقَالَا ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ ٱلَّذِي فَضَّلَنَا عَلَىٰ كَثِيرࣲ مِّنۡ عِبَادِهِ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ١٥

15.    Мо ба Довуду Сулаймон дониши бузурге додем. Он ду гуфтанд: «Сипос аз они Аллоҳ аст, ки моро бар бисёре аз бандагони мӯъмини худ бартарӣ дод!»(1)
1. Дар ин оят далеле аст бар бузургии илм ва манзалати аҳли илм.

وَوَرِثَ سُلَيۡمَٰنُ دَاوُۥدَۖ وَقَالَ يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ عُلِّمۡنَا مَنطِقَ ٱلطَّيۡرِ وَأُوتِينَا مِن كُلِّ شَيۡءٍۖ إِنَّ هَٰذَا لَهُوَ ٱلۡفَضۡلُ ٱلۡمُبِينُ ١٦

16.   Ва Сулаймон вориси Довуд шуд (дар паёмбарӣ, илм ва мулк) ва Сулаймон гуфт:
«Эй мардум, ба мо забони парандагон омӯхтанд ва аз ҳар неъмате арзонӣ доштанд. Бегумон ин фазли ошкорест, ки аз дигарон моро бартарӣ доданд!»

وَحُشِرَ لِسُلَيۡمَٰنَ جُنُودُهُۥ مِنَ ٱلۡجِنِّ وَٱلۡإِنسِ وَٱلطَّيۡرِ فَهُمۡ يُوزَعُونَ ١٧

17.    Лашкарҳои Сулаймон аз ҷинну одамӣ ва парандагон гирд оварда шуданд, он
гоҳ нигоҳ дошта шуданд, то ҳама онҳо ба якдигар бипайванданд.

حَتَّىٰٓ إِذَآ أَتَوۡاْ عَلَىٰ وَادِ ٱلنَّمۡلِ قَالَتۡ نَمۡلَةࣱ يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّمۡلُ ٱدۡخُلُواْ مَسَٰكِنَكُمۡ لَا يَحۡطِمَنَّكُمۡ سُلَيۡمَٰنُ وَجُنُودُهُۥ وَهُمۡ لَا يَشۡعُرُونَ ١٨

18.    Пас, ҳаракат карданд, то ба водии мӯрчагон расиданд. Мӯрчае гуфт:
«Эй мӯрчагон, ба лонаҳои худ дароед, то Сулаймону лашкариёнаш шуморо
поймол накунанд, дар ҳоле ки намефаҳманд».

فَتَبَسَّمَ ضَاحِكࣰا مِّن قَوۡلِهَا وَقَالَ رَبِّ أَوۡزِعۡنِيٓ أَنۡ أَشۡكُرَ نِعۡمَتَكَ ٱلَّتِيٓ أَنۡعَمۡتَ عَلَيَّ وَعَلَىٰ وَٰلِدَيَّ وَأَنۡ أَعۡمَلَ صَٰلِحࣰا تَرۡضَىٰهُ وَأَدۡخِلۡنِي بِرَحۡمَتِكَ فِي عِبَادِكَ ٱلصَّٰلِحِينَ ١٩

19.    Сулаймон аз сухани он мӯрча табассум карду гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро тавфиқ деҳ, то шукри неъмати туро, ки бар ман ва падару модари ман арзонӣ доштаӣ, ба ҷой оварам ва тавфиқ ато фармо то корҳои шоистае кунам, ки ту хушнуд шавӣ ва маро ба раҳмати худ дар шумори бандагони шоистаат дарор!»

وَتَفَقَّدَ ٱلطَّيۡرَ فَقَالَ مَا لِيَ لَآ أَرَى ٱلۡهُدۡهُدَ أَمۡ كَانَ مِنَ ٱلۡغَآئِبِينَ ٢٠

20.    Ва Сулаймон миёни парандагон ҷустуҷӯ кард ва гуфт: «Чаро ҳудҳудро намебинам. Ё ӯ аз ғоибон аст? Пас яқин донист, ки ӯ ғоиб аст, гуфт:

لَأُعَذِّبَنَّهُۥ عَذَابࣰا شَدِيدًا أَوۡ لَأَاْذۡبَحَنَّهُۥٓ أَوۡ لَيَأۡتِيَنِّي بِسُلۡطَٰنࣲ مُّبِينࣲ ٢١

21.    Ҳатман, ҳудҳудро ба сахттарин тарзе азобаш мекунам ё сарашро мебурам, магар он ки барои ман далели равшане биёварад».

فَمَكَثَ غَيۡرَ بَعِيدࣲ فَقَالَ أَحَطتُ بِمَا لَمۡ تُحِطۡ بِهِۦ وَجِئۡتُكَ مِن سَبَإِۭ بِنَبَإࣲ يَقِينٍ ٢٢

22.    Дере нагузашта буд, ки ҳудҳуд биёмаду гуфт: «Ба чизе даст ёфтаам, ки ту даст наёфта будӣ ва аз сарзамини Сабаъ(1) бароят хабари дуруст овардаам.
1. Яке аз музофоти деринаи Яман.

إِنِّي وَجَدتُّ ٱمۡرَأَةࣰ تَمۡلِكُهُمۡ وَأُوتِيَتۡ مِن كُلِّ شَيۡءࣲ وَلَهَا عَرۡشٌ عَظِيمࣱ ٢٣

23. Занеро ёфтам, ки бар онҳо(1) подшоҳӣ мекунад. Ва аз ҳар неъмате бархурдор аст ва тахти бузурге дорад.
1. Яъне, бар аҳли Сабаъ.

وَجَدتُّهَا وَقَوۡمَهَا يَسۡجُدُونَ لِلشَّمۡسِ مِن دُونِ ٱللَّهِ وَزَيَّنَ لَهُمُ ٱلشَّيۡطَٰنُ أَعۡمَٰلَهُمۡ فَصَدَّهُمۡ عَنِ ٱلسَّبِيلِ فَهُمۡ لَا يَهۡتَدُونَ ٢٤

24.     Дидам, ки худ ва мардумаш ба ҷои Аллоҳи якто офтобро саҷда мекунанд. Ва шайтон аъмолашонро дар назарашон биёростааст ва аз роҳи Аллоҳ(1) гумроҳашон кардааст, чунонки рӯи ҳидоят нахоҳанд дид.
1. Ва он роҳ имон ба ягонагии Адлоҳ ва ибодати Ӯст.

أَلَّاۤ يَسۡجُدُواْۤ لِلَّهِ ٱلَّذِي يُخۡرِجُ ٱلۡخَبۡءَ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَيَعۡلَمُ مَا تُخۡفُونَ وَمَا تُعۡلِنُونَ ٢٥

25.     Шайтон ин кор ва роҳу равиши ботилеро, ки дар он қарор доштанд, барояшон ороста буд, то саҷда накунанд барои Аллоҳе, ки чизи пӯшидаро дар осмонҳову замин берун меоварад; аз борону наботот ва он чи махфӣ аст, ошкор мекунад ва ҳар чиро пинҳон медоред ё ошкор месозед, медонад.(1)
1. Тафсири Табарӣ 19\448

ٱللَّهُ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ رَبُّ ٱلۡعَرۡشِ ٱلۡعَظِيمِ۩ ٢٦

26.     Аллоҳе, ки ҷуз Ӯ маъбуди барҳаққе нест. Парвардигори Арши азим аст».

۞ قَالَ سَنَنظُرُ أَصَدَقۡتَ أَمۡ كُنتَ مِنَ ٱلۡكَٰذِبِينَ ٢٧

27.     Гуфт (Сулаймон барои ҳудҳуд): «Акнун бингарем, ки рост гуфтаӣ ё дар шумори
дурӯғгӯёнӣ.

ٱذۡهَب بِّكِتَٰبِي هَٰذَا فَأَلۡقِهۡ إِلَيۡهِمۡ ثُمَّ تَوَلَّ عَنۡهُمۡ فَٱنظُرۡ مَاذَا يَرۡجِعُونَ ٢٨

28.     Ин номаи маро бибар ва бар аҳли Сабаъ биафкан, сипас як сӯ шав ва бингар, ки чӣ ҷавоб медиҳанд»,

قَالَتۡ يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡمَلَؤُاْ إِنِّيٓ أُلۡقِيَ إِلَيَّ كِتَٰبࣱ كَرِيمٌ ٢٩

29.    ( Маликаи Сабаъ) гуфт: «Эй бузургон, номае гиромӣ ба сӯи ман афканда шуд.

إِنَّهُۥ مِن سُلَيۡمَٰنَ وَإِنَّهُۥ بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ ٣٠

30.     Ҳамоно нома аз Сулаймон аст ва сароғози он чунин аст: «Ба номи Аллоҳи бахшояндаи меҳрубон».

أَلَّا تَعۡلُواْ عَلَيَّ وَأۡتُونِي مُسۡلِمِينَ ٣١

31.     «Бар ман такаббур накунед дар он чизҳое, ки шуморо ба он даъват менамоям ва таслим шуда назди ман биёед».

قَالَتۡ يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡمَلَؤُاْ أَفۡتُونِي فِيٓ أَمۡرِي مَا كُنتُ قَاطِعَةً أَمۡرًا حَتَّىٰ تَشۡهَدُونِ ٣٢

32.     (Малика) гуфт: «Эй бузургон, дар кори ман раъй бидиҳед, ки ман ҳеҷ гоҳ бераъй ва машварати шумо коре накардаам».

قَالُواْ نَحۡنُ أُوْلُواْ قُوَّةࣲ وَأُوْلُواْ بَأۡسࣲ شَدِيدࣲ وَٱلۡأَمۡرُ إِلَيۡكِ فَٱنظُرِي مَاذَا تَأۡمُرِينَ ٣٣

33.     Гуфтанд: Мо қудратмандон ва соҳибони набарди сахт ҳастем. Корҳо ба дасти туст. Бингар, ки чӣ фармон медиҳӣ ва мо ҳамеша фармонбардори ту ҳастем.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 6\159

قَالَتۡ إِنَّ ٱلۡمُلُوكَ إِذَا دَخَلُواْ قَرۡيَةً أَفۡسَدُوهَا وَجَعَلُوٓاْ أَعِزَّةَ أَهۡلِهَآ أَذِلَّةࣰۚ وَكَذَٰلِكَ يَفۡعَلُونَ ٣٤

34.     (Малика) гуфт: «Подшоҳон чун ба шаҳре дароянд, бо куштан ва асир гирифтани мардум вайронаш мекунанд ва азизонашро
хор месозанд. Ва ҳамчунин мекунанд.

وَإِنِّي مُرۡسِلَةٌ إِلَيۡهِم بِهَدِيَّةࣲ فَنَاظِرَةُۢ بِمَ يَرۡجِعُ ٱلۡمُرۡسَلُونَ ٣٥

35.    Малика гуфт: Ман, ҳатман, ҳадяе наздашон мефиристам ва менигарам, ки фиристодагон чӣ ҷавоб меоваранд».

فَلَمَّا جَآءَ سُلَيۡمَٰنَ قَالَ أَتُمِدُّونَنِ بِمَالࣲ فَمَآ ءَاتَىٰنِۦَ ٱللَّهُ خَيۡرࣱ مِّمَّآ ءَاتَىٰكُمۚ بَلۡ أَنتُم بِهَدِيَّتِكُمۡ تَفۡرَحُونَ ٣٦

36.    Чун фиристодаи Малика назди Сулаймон омад, Сулаймон гуфт: «Оё мехоҳед ба мол маро ёрӣ кунед? Он чи Аллоҳ ба ман дода, беҳтар аст аз он чи ба шумо додааст. Балки, ин шумо ҳастед, ки ба ҳадяатон шодмон мешавед. Аммо ман ба он дилхуш намешавам ва ба моли дунё ниёзе надорам.(1)
1. Тафсири Табарӣ 19\459

ٱرۡجِعۡ إِلَيۡهِمۡ فَلَنَأۡتِيَنَّهُم بِجُنُودࣲ لَّا قِبَلَ لَهُم بِهَا وَلَنُخۡرِجَنَّهُم مِّنۡهَآ أَذِلَّةࣰ وَهُمۡ صَٰغِرُونَ ٣٧

37.    Сулаймон ба фиристодаи малика мегӯяд: Акнун ҳамроҳи ҳадяат ба наздашон бозгард. Пас, албатта, бо лашкароне ба сӯи онҳо хоҳем омад, ки ҳаргиз тоқати онро надошта бошанд. Ва онҳоро аз он сарзамин бо хорию пастӣ берун хоҳем кард».

قَالَ يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡمَلَؤُاْ أَيُّكُمۡ يَأۡتِينِي بِعَرۡشِهَا قَبۡلَ أَن يَأۡتُونِي مُسۡلِمِينَ ٣٨

38.    Сулаймон гуфт: «Эй бузургон, кадом аз шумо тахти ӯро пеш аз он, ки фармонбардоршуда назди ман ояд, бароям меоваред?»

قَالَ عِفۡرِيتࣱ مِّنَ ٱلۡجِنِّ أَنَا۠ ءَاتِيكَ بِهِۦ قَبۡلَ أَن تَقُومَ مِن مَّقَامِكَۖ وَإِنِّي عَلَيۡهِ لَقَوِيٌّ أَمِينࣱ ٣٩

39.    Ифрите(1) аз миёни ҷинҳо гуфт: Ман қабл аз он, ки аз ҷоят бархезӣ, онро назди ту ҳозир мекунам, ки ман бар ин кор ҳам тавонояму ҳам амин ва чизеро аз он кам ва иваз нахоҳам кард.(2)
1. Ҷинни бисёр чолок ва қавӣ. 2. Тафсири Табарӣ 19\465

قَالَ ٱلَّذِي عِندَهُۥ عِلۡمࣱ مِّنَ ٱلۡكِتَٰبِ أَنَا۠ ءَاتِيكَ بِهِۦ قَبۡلَ أَن يَرۡتَدَّ إِلَيۡكَ طَرۡفُكَۚ فَلَمَّا رَءَاهُ مُسۡتَقِرًّا عِندَهُۥ قَالَ هَٰذَا مِن فَضۡلِ رَبِّي لِيَبۡلُوَنِيٓ ءَأَشۡكُرُ أَمۡ أَكۡفُرُۖ وَمَن شَكَرَ فَإِنَّمَا يَشۡكُرُ لِنَفۡسِهِۦۖ وَمَن كَفَرَ فَإِنَّ رَبِّي غَنِيࣱّ كَرِيمࣱ ٤٠

40.    Ва он кас, ки аз илми китоби илоҳӣ баҳрае дошт, гуфт: «Албатта, ман, пеш аз
он, ки чашм барҳам занӣ (мижа занӣ), онро назди ту меоварам». Пас Сулаймон ба ӯ рухсат дод, ӯ дуо кард ва тахти Малика оварда шуд. Чун онро назди худ дид, гуфт: «Ин бахшиши Парвардигори ман аст, то маро биёзмояд, ки сипосгузорам ё носипосӣ мекунам. Пас ҳар кӣ сипос гӯяд, барои худ гуфтааст ва ҳар кӣ ношукрӣ кунад, ҳароина, Парвардигори ман бениёзу карим аст».(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\605

قَالَ نَكِّرُواْ لَهَا عَرۡشَهَا نَنظُرۡ أَتَهۡتَدِيٓ أَمۡ تَكُونُ مِنَ ٱلَّذِينَ لَا يَهۡتَدُونَ ٤١

41.    Гуфт: «Тахташро барои имтиҳон дигаргун кунед, бубинем онро мешиносад ё аз онҳост, ки бознатавонанд шинохт».

فَلَمَّا جَآءَتۡ قِيلَ أَهَٰكَذَا عَرۡشُكِۖ قَالَتۡ كَأَنَّهُۥ هُوَۚ وَأُوتِينَا ٱلۡعِلۡمَ مِن قَبۡلِهَا وَكُنَّا مُسۡلِمِينَ ٤٢

42.    Чун (Маликаи Сабаъ) омад, барояш гуфтанд: «Оё тахти ту чунин буд?» Гуфт: «Гӯё ин ҳамон аст. Ва мо пеш аз ин огоҳ шуда будем ба қудрати Аллоҳ ва ҳақ будани паёмбарии Сулаймон алайҳиссалом ва мусалмон ва фармонбардор ҳастем.»

وَصَدَّهَا مَا كَانَت تَّعۡبُدُ مِن دُونِ ٱللَّهِۖ إِنَّهَا كَانَتۡ مِن قَوۡمࣲ كَٰفِرِينَ ٤٣

43.    Ва он чи ба ҷои Аллоҳи якто мепарастид(1), ӯро аз роҳи ислом боздошта буд. Зеро ӯ (Малика) ҳақиқатан дар зумраи кофирон буд.
1. Яъне, офтобпараст буд.

قِيلَ لَهَا ٱدۡخُلِي ٱلصَّرۡحَۖ فَلَمَّا رَأَتۡهُ حَسِبَتۡهُ لُجَّةࣰ وَكَشَفَتۡ عَن سَاقَيۡهَاۚ قَالَ إِنَّهُۥ صَرۡحࣱ مُّمَرَّدࣱ مِّن قَوَارِيرَۗ قَالَتۡ رَبِّ إِنِّي ظَلَمۡتُ نَفۡسِي وَأَسۡلَمۡتُ مَعَ سُلَيۡمَٰنَ لِلَّهِ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٤٤

44.    Гуфтанд (ба Билқис)(1): «Ба саҳни қаср дароӣ!» Чун онро бидид, пиндошт, ки ҳавзи пур аз об аст. Доман аз соқҳояш баргирифт. Сулаймон гуфт: «Ин саҳнаест соф аз шиша», пас, ҳоҷат ба доман бар задан нест. Малика Гуфт: «Эй Парвардигори ман, ҳароина, ман бо шарик овардан ба хештан ситам кардаам ва инак бо Сулаймон дар баробари Парвардигори ҷаҳониён таслим шудам».
1. Номи маликаи Сабо.

وَلَقَدۡ أَرۡسَلۡنَآ إِلَىٰ ثَمُودَ أَخَاهُمۡ صَٰلِحًا أَنِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ فَإِذَا هُمۡ فَرِيقَانِ يَخۡتَصِمُونَ ٤٥

45.    Ва ба қавми Самуд бародарашон Солеҳро фиристодем, ки Аллоҳи
якторо бипарастед ва бо Аллоҳ шарик маёред. Ҳангоме ки Солеҳ онҳоро ба яктопарастӣ даъват кард, ногаҳон ду гурӯҳ шуданд, баъзе мӯъмин шуданд ва баъзе кофар шуданд ва бо якдигар ба хусумат бархостанд.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\606

قَالَ يَٰقَوۡمِ لِمَ تَسۡتَعۡجِلُونَ بِٱلسَّيِّئَةِ قَبۡلَ ٱلۡحَسَنَةِۖ لَوۡلَا تَسۡتَغۡفِرُونَ ٱللَّهَ لَعَلَّكُمۡ تُرۡحَمُونَ ٤٦

46.    Солеҳ ба гӯруҳи кофирон гуфт: «Эй қавми ман, чаро пеш аз некӣ бар бадӣ мешитобед ва ба ҷои раҳмат азоби Илоҳиро металабед? Чаро аз Аллоҳ омурзиш намехоҳед? То шояд мавриди раҳмат қарор гиред».(1)
1. Тафсири Бағавӣ 6\169

قَالُواْ ٱطَّيَّرۡنَا بِكَ وَبِمَن مَّعَكَۚ قَالَ طَٰٓئِرُكُمۡ عِندَ ٱللَّهِۖ بَلۡ أَنتُمۡ قَوۡمࣱ تُفۡتَنُونَ ٤٧

47.    Ба Солеҳ гуфтанд: «Мо туро ва ёронатро ба фоли бад гирифтаем». Солеҳ ба онҳо гуфт: «Он чи аз неку бад ба шумо мерасад он бар шумо тақдир карда шудааст ва фоли бади шумо назди Аллоҳ аст. Балки шумо гурӯҳе ҳастед, ки мавриди озмоиш қарор мегиред!»

وَكَانَ فِي ٱلۡمَدِينَةِ تِسۡعَةُ رَهۡطࣲ يُفۡسِدُونَ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَا يُصۡلِحُونَ ٤٨

48.    Дар шаҳри (Ҳиҷр)(1) нӯҳ марди носолеҳ буданд, ки дар он сарзамин фасод
мекарданд ва ислоҳ намекарданд.
1. Шаҳри Солеҳ алайҳиссалом, ки дар шимолу ғарбии ҷазираи Араб воқеъ аст.

قَالُواْ تَقَاسَمُواْ بِٱللَّهِ لَنُبَيِّتَنَّهُۥ وَأَهۡلَهُۥ ثُمَّ لَنَقُولَنَّ لِوَلِيِّهِۦ مَا شَهِدۡنَا مَهۡلِكَ أَهۡلِهِۦ وَإِنَّا لَصَٰدِقُونَ ٤٩

49.    Гуфтанд: «Ба Аллоҳ савганд хӯред, ки ҳатман бар ӯ (Солеҳ) ва хонаводааш шабехун мезанем ва онҳоро мекушем. Ва чун касе бар талаби хунаш бархезад, бигӯем: «Мо ба ҳангоми ҳалокат ва нобудии хонаводааш ҳозир набудем ва аз онҳо хабар надорем ва бегумон мо ростгуфторем».

وَمَكَرُواْ مَكۡرࣰا وَمَكَرۡنَا مَكۡرࣰا وَهُمۡ لَا يَشۡعُرُونَ ٥٠

50.    Ва онҳо барои қатли Солеҳ ва пайравонаш ҳила ва найранге ба кор бурданд ва Мо низ ҳила ва тадбире барои ҳалоки онҳо ва наҷоти Солеҳ ва пайравонаш андешидем, дар ҳоле ки онҳо намедонистанд.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\607

فَٱنظُرۡ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ مَكۡرِهِمۡ أَنَّا دَمَّرۡنَٰهُمۡ وَقَوۡمَهُمۡ أَجۡمَعِينَ ٥١

51.    Бингар, эй Расул, ки оқибати макрашон чӣ шуд? Ҳароина, Мо онҳо ва қавмашонро ба тамомӣ ҳалок кардем.

فَتِلۡكَ بُيُوتُهُمۡ خَاوِيَةَۢ بِمَا ظَلَمُوٓاْۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةࣰ لِّقَوۡمࣲ يَعۡلَمُونَ ٥٢

52.    Он хонаҳои онҳост, ки ба ҷазои зулме, (ширке) ки мекарданд, холӣ аз сокинонаш мондааст. Ҳароина, дар ин қиссаи мазкур ибратест барои гурӯҳе, ки медонанд.

وَأَنجَيۡنَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَكَانُواْ يَتَّقُونَ ٥٣

53.    Онҳоеро, ки имон оварда буданд ва парҳезгор буданд, наҷот додем.

وَلُوطًا إِذۡ قَالَ لِقَوۡمِهِۦٓ أَتَأۡتُونَ ٱلۡفَٰحِشَةَ وَأَنتُمۡ تُبۡصِرُونَ ٥٤

54.    Ва Лутро ба ёд ор. Он гоҳ ки ба қавми худ гуфт: «Корҳои зишт (лавота) мекунед, дар ҳоле ки худ саранҷом ва зиштии онро мебинед?

أَئِنَّكُمۡ لَتَأۡتُونَ ٱلرِّجَالَ شَهۡوَةࣰ مِّن دُونِ ٱلنِّسَآءِۚ بَلۡ أَنتُمۡ قَوۡمࣱ تَجۡهَلُونَ ٥٥

55.    Оё шумо аз рӯи шаҳват ба ҷои занон ба суроғи мардон меравед? Балки шумо мардуми нодон ҳастед!»

۞ فَمَا كَانَ جَوَابَ قَوۡمِهِۦٓ إِلَّآ أَن قَالُوٓاْ أَخۡرِجُوٓاْ ءَالَ لُوطࣲ مِّن قَرۡيَتِكُمۡۖ إِنَّهُمۡ أُنَاسࣱ يَتَطَهَّرُونَ ٥٦

56.    Ҷавоби қавми ӯ ин буд, ки (ба якдигар масхараомезона) гуфтанд: «Хонадони Лутро аз шаҳри худ берун кунед, ки онҳо мардумони покдоман ва покизаҷӯ ҳастанд».

فَأَنجَيۡنَٰهُ وَأَهۡلَهُۥٓ إِلَّا ٱمۡرَأَتَهُۥ قَدَّرۡنَٰهَا مِنَ ٱلۡغَٰبِرِينَ ٥٧

57.    Пас, ӯ ва хонаводаашро наҷот додем, магар занаш, ки муқаддар кардем ӯ аз бозмондагон дар он шаҳр бошад.

وَأَمۡطَرۡنَا عَلَيۡهِم مَّطَرࣰاۖ فَسَآءَ مَطَرُ ٱلۡمُنذَرِينَ ٥٨

58.    Ва бороне аз санг бар сари онҳо боронидем ва борони бимдодашудагон чӣ бад боронест!

قُلِ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ وَسَلَٰمٌ عَلَىٰ عِبَادِهِ ٱلَّذِينَ ٱصۡطَفَىٰٓۗ ءَآللَّهُ خَيۡرٌ أَمَّا يُشۡرِكُونَ ٥٩

59.    Бигӯ эй Паёмбар: «Сипос Аллоҳро ва салом бар бандагони интихоб кардаи Ӯ. Оё Аллоҳ беҳтар аст ё он чизҳое, ки шарики Ӯ қарор медиҳанд? Онҳо на барои
худ ва на барои дигарон нафъ ё зараре расонида наметавонанд.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\607

أَمَّنۡ خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ وَأَنزَلَ لَكُم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءࣰ فَأَنۢبَتۡنَا بِهِۦ حَدَآئِقَ ذَاتَ بَهۡجَةࣲ مَّا كَانَ لَكُمۡ أَن تُنۢبِتُواْ شَجَرَهَآۗ أَءِلَٰهࣱ مَّعَ ٱللَّهِۚ بَلۡ هُمۡ قَوۡمࣱ يَعۡدِلُونَ ٦٠

60.    Оё ин маъбудони ботили шумо беҳтаранд ё касе, ки осмонҳову заминро офарид ва аз осмон бароятон об фиристод ва бо он боғҳои хуррам ва зебо рӯёнидем, ки шумо ҳаргиз тавони рӯёнидани дарахтони онро надоштед. Оё маъбуди дигаре ҳаст бо Аллоҳ? На, балки онҳо мардуме ҳастанд аз ҳақ каҷ мераванд ва бутҳоро бо Аллоҳ шарик меоваранд!(2)
2. Тафсири Бағавӣ 6\171

أَمَّن جَعَلَ ٱلۡأَرۡضَ قَرَارࣰا وَجَعَلَ خِلَٰلَهَآ أَنۡهَٰرࣰا وَجَعَلَ لَهَا رَوَٰسِيَ وَجَعَلَ بَيۡنَ ٱلۡبَحۡرَيۡنِ حَاجِزًاۗ أَءِلَٰهࣱ مَّعَ ٱللَّهِۚ بَلۡ أَكۡثَرُهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ ٦١

61.    Оё ин бутҳо беҳтаранд ё касе, ки заминро оромгоҳ сохт ва дар миёни он дарёҳо падид овард ва барои замин кӯҳҳоро собиту устувор сохт ва миёни ду баҳр монеае қарор дод? Оё маъбуди дигаре ҳаст бо Аллоҳ?
На, балки аксари онҳо намедонанд!

أَمَّن يُجِيبُ ٱلۡمُضۡطَرَّ إِذَا دَعَاهُ وَيَكۡشِفُ ٱلسُّوٓءَ وَيَجۡعَلُكُمۡ خُلَفَآءَ ٱلۡأَرۡضِۗ أَءِلَٰهࣱ مَّعَ ٱللَّهِۚ قَلِيلࣰا مَّا تَذَكَّرُونَ ٦٢

62.    Оё ин бутҳо беҳтаранд ё касе, ки дуои дармондаро чун бихонадаш, иҷобат мекунад ва ранҷ аз ӯ дур мекунад ва шуморо дар
замин ҷонишини пешиниён месозад. Оё маъбуди дигаре ҳаст бо Аллоҳ? Чӣ андак панд мегиред!

أَمَّن يَهۡدِيكُمۡ فِي ظُلُمَٰتِ ٱلۡبَرِّ وَٱلۡبَحۡرِ وَمَن يُرۡسِلُ ٱلرِّيَٰحَ بُشۡرَۢا بَيۡنَ يَدَيۡ رَحۡمَتِهِۦٓۗ أَءِلَٰهࣱ مَّعَ ٱللَّهِۚ تَعَٰلَى ٱللَّهُ عَمَّا يُشۡرِكُونَ ٦٣

63.     Оё ин бутҳо беҳтаранд ё касе, ки шуморо дар торикиҳои биёбону дарё роҳ менамояд ва Он ки пеш аз борони раҳматаш бодҳоро ба мужда мефиристад? Оё маъбуди дигаре ҳаст бо Аллоҳ? Аллоҳ бартар аст аз ҳар чӣ шарики Ӯ месозанд!

أَمَّن يَبۡدَؤُاْ ٱلۡخَلۡقَ ثُمَّ يُعِيدُهُۥ وَمَن يَرۡزُقُكُم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِۗ أَءِلَٰهࣱ مَّعَ ٱللَّهِۚ قُلۡ هَاتُواْ بُرۡهَٰنَكُمۡ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ ٦٤

64.     Оё ин маъбудони ботил беҳтаранд ё касе, ки махлуқотро меофаринад, сипас онҳоро бори дигар бозмегардонад ва касе, ки аз осмону замин ба шумо рӯзӣ медиҳад. Оё маъбуди дигаре ҳаст бо Аллоҳ? Эй Паёмбар бигӯ: «Агар рост мегӯед: далелатонро биёваред!»

قُل لَّا يَعۡلَمُ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ ٱلۡغَيۡبَ إِلَّا ٱللَّهُۚ وَمَا يَشۡعُرُونَ أَيَّانَ يُبۡعَثُونَ ٦٥

65.   Эй Паёмбар, бигӯ: «Ҳеҷ кас дар осмонҳову замин ғайбро намедонад, магар Аллоҳ. Ва низ намедонанд чӣ вақт зинда мешаванд!»

بَلِ ٱدَّٰرَكَ عِلۡمُهُمۡ فِي ٱلۡأٓخِرَةِۚ بَلۡ هُمۡ فِي شَكࣲّ مِّنۡهَاۖ بَلۡ هُم مِّنۡهَا عَمُونَ ٦٦

66.     Балки илми мушрикон дар охират такомул меёбад ва ҳолу аҳволи қиёматро дар охират ба чашми сар мебинанд, аммо камоли илмашон дар охират ҳеҷ суде ба ҳолашон надорад, балки онҳо дар дунё аз вуҷуди охират дар шак қарор доранд, балки онҳо дар мавриди он кӯрдиланд ва чизе аз далелҳои охиратро дарк намекунанд.(1)
1. Тафсири Ибни Касир 6\208

وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ أَءِذَا كُنَّا تُرَٰبࣰا وَءَابَآؤُنَآ أَئِنَّا لَمُخۡرَجُونَ ٦٧

67.   Кофирон гуфтанд:
«Оё ҳангоме ки мо ва падаронамон хок шудем, оё боз зинда мешавем
ва аз гӯрҳо берун оварда мешавем?

لَقَدۡ وُعِدۡنَا هَٰذَا نَحۡنُ وَءَابَآؤُنَا مِن قَبۡلُ إِنۡ هَٰذَآ إِلَّآ أَسَٰطِيرُ ٱلۡأَوَّلِينَ ٦٨

68.   Ба дурустӣ, ба мо ва падаронамон ҳам пеш аз ин чунин ваъдае(1) дода буданд. Агар ин амр рост буд, меомад.(2) Инҳо чизе ҷуз афсонаҳои пешиниён нест».
1. Ваъда ва вуқӯъи қиёмат. 2. Тафсири Саъдӣ 1\609

قُلۡ سِيرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَٱنظُرُواْ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلۡمُجۡرِمِينَ ٦٩

69.  ( Эй Паёмбар), барои онҳо бигӯ: Дар замин сайр кунед ва бингаред, ки поёни кори гунаҳгорон чӣ гуна будааст! Ва Аллоҳ низ ба шумо чунин кунад, агар аз куфратон бознагардед.(1)
1. Тафсири Табарӣ 19\491

وَلَا تَحۡزَنۡ عَلَيۡهِمۡ وَلَا تَكُن فِي ضَيۡقࣲ مِّمَّا يَمۡكُرُونَ ٧٠

70.   Ва бар имон наовардани онҳо андӯҳгин мабош ва аз ҳилае, ки меандешиданд, дилтанг машав.

وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هَٰذَا ٱلۡوَعۡدُ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ ٧١

71. Ва (эй Паёмбар мушрикони қавмат ба ту) мегӯянд: Агар рост мегӯед он ваъдаи қиёмат чи вақт хоҳад буд?

قُلۡ عَسَىٰٓ أَن يَكُونَ رَدِفَ لَكُم بَعۡضُ ٱلَّذِي تَسۡتَعۡجِلُونَ ٧٢

72. Эй Паёмбар, бигӯ: «Шояд баъзе аз он чиро, ки(1) ба шитоб металабед, ба шумо наздик шуда бошад».
1. Яъне, азоби Аллоҳро.

وَإِنَّ رَبَّكَ لَذُو فَضۡلٍ عَلَى ٱلنَّاسِ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَهُمۡ لَا يَشۡكُرُونَ ٧٣

73. Ва бегумон Парвардигори ту фазли худро бар мардум арзонӣ медорад ва бар маъсият карданашон онҳоро зуд ба азоб гирифтор намекунад, вале аксари онҳо шукр намегузоранд!(1)
1. Тафсири Бағавӣ 6\175

وَإِنَّ رَبَّكَ لَيَعۡلَمُ مَا تُكِنُّ صُدُورُهُمۡ وَمَا يُعۡلِنُونَ ٧٤

74.   Ва ҳароина, Парвардигори
ту медонад, ки чӣ чизро дар
дил ниҳон кардаанд ва чӣ чизро ошкор месозанд!

وَمَا مِنۡ غَآئِبَةࣲ فِي ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِ إِلَّا فِي كِتَٰبࣲ مُّبِينٍ ٧٥

75. Ва ҳеҷ пинҳоне дар осмону замин нест, магар он, ки дар Китоби равшан, Лавҳи Маҳфуз навишта шудааст.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 6\175

إِنَّ هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانَ يَقُصُّ عَلَىٰ بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ أَكۡثَرَ ٱلَّذِي هُمۡ فِيهِ يَخۡتَلِفُونَ ٧٦

76. Ҳароина, ин Қуръон бисёре аз чизҳоеро, ки банӣ Исроил дар он ихтилоф доранд, барояшон ҳикоят мекунад.

وَإِنَّهُۥ لَهُدࣰى وَرَحۡمَةࣱ لِّلۡمُؤۡمِنِينَ ٧٧

77. Ва ба ростӣ, Қуръон барои мӯъминон ҳидояту раҳмат аст.

إِنَّ رَبَّكَ يَقۡضِي بَيۡنَهُم بِحُكۡمِهِۦۚ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡعَلِيمُ ٧٨

78.   Албатта, Парвардигори ту дар қиёмат ба ҳукми худ миёнашон доварӣ мекунад, ки Ӯ пирӯзманд аст, ҳукми Ӯро бозгардонда намешавад ва доност, ки ҳақро аз ботил ҷудо мекунад!(1)
1. Тафсири Табарӣ 19\494

فَتَوَكَّلۡ عَلَى ٱللَّهِۖ إِنَّكَ عَلَى ٱلۡحَقِّ ٱلۡمُبِينِ ٧٩

79.   Пас, эй Паёмбар, ба Аллоҳ таваккал кун, ки бешак, ту бар дини рости равшан ҳастӣ!

إِنَّكَ لَا تُسۡمِعُ ٱلۡمَوۡتَىٰ وَلَا تُسۡمِعُ ٱلصُّمَّ ٱلدُّعَآءَ إِذَا وَلَّوۡاْ مُدۡبِرِينَ ٨٠

80.   Эй Паёмбар, ҳароина, ту наметавонӣ суханатро ба мурдагон бишунавонӣ ва ба гӯши кароне, ки аз ту рӯй мегардонанд, суханатро бирасонӣ.

وَمَآ أَنتَ بِهَٰدِي ٱلۡعُمۡيِ عَن ضَلَٰلَتِهِمۡۖ إِن تُسۡمِعُ إِلَّا مَن يُؤۡمِنُ بِـَٔايَٰتِنَا فَهُم مُّسۡلِمُونَ ٨١

81.   Ту наметавонӣ кӯронро аз гумроҳияшон бозгардонӣ ва роҳ намоӣ. Ту танҳо метавонӣ сухани худро ба касоне бишунавонӣ, ки ба оёти Мо имон доранд.
Пас, онҳо дар баробари ҳақ таслимшудагон ҳастанд.

۞ وَإِذَا وَقَعَ ٱلۡقَوۡلُ عَلَيۡهِمۡ أَخۡرَجۡنَا لَهُمۡ دَآبَّةࣰ مِّنَ ٱلۡأَرۡضِ تُكَلِّمُهُمۡ أَنَّ ٱلنَّاسَ كَانُواْ بِـَٔايَٰتِنَا لَا يُوقِنُونَ ٨٢

82.   Ва ҳангоме ки саркашии мардум зиёд гардид, фармони азоб бар онҳо воқеъ шавад ва ҳодисаи қиёмат наздик шавад, барояшон ҷунбандае аз замин берун меоварем, ки бо онон сухан бигӯяд, ки он мардум,
ҳароина, ба оёти Мо яқин намеоваранд.

وَيَوۡمَ نَحۡشُرُ مِن كُلِّ أُمَّةࣲ فَوۡجࣰا مِّمَّن يُكَذِّبُ بِـَٔايَٰتِنَا فَهُمۡ يُوزَعُونَ ٨٣

83.   Рӯзе, ки аз ҳар миллате гурӯҳеро аз онон, ки оёти Моро дурӯғ мебароварданд, гирд меоварем ва ононро то расидани дигарон нигоҳ дошта мешавад, баъд аз
он барои ҳисоб бурда мешаванд,(1)
1. Тафсири Бағавӣ 6\180

حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءُو قَالَ أَكَذَّبۡتُم بِـَٔايَٰتِي وَلَمۡ تُحِيطُواْ بِهَا عِلۡمًا أَمَّاذَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ٨٤

84.   то чун ба сарзамини маҳшар бирасанд, Аллоҳ мефармояд: «Оё шумо оёти Моро дурӯғ мебаровардед, ки он оёт далолат бар тавҳиди Ман буд ва ҳол он, ки дониши шумо онро фаро нагирифта буд? Он чӣ коре буд, ки мекардед?»

وَوَقَعَ ٱلۡقَوۡلُ عَلَيۡهِم بِمَا ظَلَمُواْ فَهُمۡ لَا يَنطِقُونَ ٨٥

85.   Ба хотири ситаме, ки кардаанд, ҳукми азоб бар онҳо воқеъ мешавад, пас, онҳо ҳеҷ сухане намегӯянд, чунки далел ва ҳуҷҷате надоранд.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\610

أَلَمۡ يَرَوۡاْ أَنَّا جَعَلۡنَا ٱلَّيۡلَ لِيَسۡكُنُواْ فِيهِ وَٱلنَّهَارَ مُبۡصِرًاۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتࣲ لِّقَوۡمࣲ يُؤۡمِنُونَ ٨٦

86.   Оё намебинанд, ки шабро падид овардем, то дар он биёроманд ва рӯзро равшанӣ бахшидем, то барои касби маош берун оянд. Албатта, дар ин умур барои
мӯъминон нишонаҳое равшан аст.

وَيَوۡمَ يُنفَخُ فِي ٱلصُّورِ فَفَزِعَ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَن فِي ٱلۡأَرۡضِ إِلَّا مَن شَآءَ ٱللَّهُۚ وَكُلٌّ أَتَوۡهُ دَٰخِرِينَ ٨٧

87.   (Ба ёд ор эй Паёмбар), рӯзе, ки дар сур дамида шавад ва ҳамаи касоне, ки дар осмонҳову замин ҳастанд, магар он ки Аллоҳ бихоҳад, аз ҳавли сур битарсанд ва ҳама хору залил ба пешгоҳи Ӯ таоло биёянд.

وَتَرَى ٱلۡجِبَالَ تَحۡسَبُهَا جَامِدَةࣰ وَهِيَ تَمُرُّ مَرَّ ٱلسَّحَابِۚ صُنۡعَ ٱللَّهِ ٱلَّذِيٓ أَتۡقَنَ كُلَّ شَيۡءٍۚ إِنَّهُۥ خَبِيرُۢ بِمَا تَفۡعَلُونَ ٨٨

88.   Ва кӯҳҳоро бубинӣ ва онҳоро бар ҷой истода пиндорӣ, ҳол он, ки онҳо ба суръати абр мераванд. Ин кори Аллоҳ аст, ки ҳар чизеро маҳкам ва устувор сохтааст. Албатта,
Ӯ ба ҳар чи мекунед аз неку бад, огоҳ аст.

مَن جَآءَ بِٱلۡحَسَنَةِ فَلَهُۥ خَيۡرࣱ مِّنۡهَا وَهُم مِّن فَزَعࣲ يَوۡمَئِذٍ ءَامِنُونَ ٨٩

89.   Ҳар кас, ки кори неке кунад (чун имон ба Аллоҳ ва ихлос дар тоат), беҳтар аз онро мукофот гирад, ки ризо ва хушнудии парвардигор аст ва некӯкорон аз ваҳшати он рӯз, ки қиёмат фаро мерасад ва тарсу хавф мардумро фаро мегирад дар амон бошанд ва ғаму андӯҳ ва нигарониҳо аз онҳо дур бошад.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 6\183

وَمَن جَآءَ بِٱلسَّيِّئَةِ فَكُبَّتۡ وُجُوهُهُمۡ فِي ٱلنَّارِ هَلۡ تُجۡزَوۡنَ إِلَّا مَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ٩٠

90.   Ва ононро, ки корҳои бад мекунанд (чун ширк ва маъсият), сарнагун дар оташ андозанд ва ба онҳо сарзаниш
карда гуфта шавад: Оё ҷуз мувофиқи корҳое, ки дар дунё кардаед, ҷазо дода мешавед?

إِنَّمَآ أُمِرۡتُ أَنۡ أَعۡبُدَ رَبَّ هَٰذِهِ ٱلۡبَلۡدَةِ ٱلَّذِي حَرَّمَهَا وَلَهُۥ كُلُّ شَيۡءࣲۖ وَأُمِرۡتُ أَنۡ أَكُونَ مِنَ ٱلۡمُسۡلِمِينَ ٩١

91.   (Эй Паёмбар бигӯ:) Ҳароина, ба ман фармон шудааст, ки танҳо Парвардигори ин шаҳрро (Маккаро) бипарастам. Шаҳреро, ки Аллоҳ, ки ҳама чиз аз они Ӯст, ҳурматаш ниҳода ва онро ҳарами амн ва амон сохтааст ва дар он куштани инсоне ё зулм
ба касе ва ё забҳи ҳайвон ё кандани гиёҳу дарахти он, ҳаром ҳукм гардидааст ва амр шудаам, ки аз мусалмонон бошам.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 6\184

وَأَنۡ أَتۡلُوَاْ ٱلۡقُرۡءَانَۖ فَمَنِ ٱهۡتَدَىٰ فَإِنَّمَا يَهۡتَدِي لِنَفۡسِهِۦۖ وَمَن ضَلَّ فَقُلۡ إِنَّمَآ أَنَا۠ مِنَ ٱلۡمُنذِرِينَ ٩٢

92.   Ва ба ман фармуда шуд, ин ки Қуръонро тиловат кунам. Пас ҳар кӣ ҳидоят ёфт, ба нафъи худ ҳидоят ёфтааст ва ҳар кӣ гумроҳ шуд, бигӯ: «Ҳароина, ман аз бимдиҳандагон ҳастам».

وَقُلِ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ سَيُرِيكُمۡ ءَايَٰتِهِۦ فَتَعۡرِفُونَهَاۚ وَمَا رَبُّكَ بِغَٰفِلٍ عَمَّا تَعۡمَلُونَ ٩٣

93.   Ва эй Паёмбар, барои мушрикони қавмат бигӯ: «Сипос Аллоҳрост. Оёти худро дар вуҷуди шумо ва дар осмону замин ба шумо хоҳад намуд, то онҳоро бишносед. Ва Парвардигори ту аз ҳар коре, ки мекунед, бехабар нест».(1)
1. Тафсири Ибни Касир 6\219

Other translations of this surah

Tafsir of this surah in Arabic Тоҷикӣ translation

Surahs

1 Al-Fatihah ФОТИҲА · 7 verses · Meccan Juz 1 · Revealed 5 الفاتحة 2 Al-Baqarah БАҚАРА · 286 verses · Medinan Juz 1 · Revealed 87 البقرة 3 Al-Imran ОЛИ ИМРОН · 200 verses · Medinan Juz 3 · Revealed 89 آل عمران 4 An-Nisa' НИСО · 176 verses · Medinan Juz 4 · Revealed 92 النساء 5 Al-Ma'idah МОИДА · 120 verses · Medinan Juz 6 · Revealed 112 المائدة 6 Al-An'am АНЪОМ · 165 verses · Meccan Juz 7 · Revealed 55 الأنعام 7 Al-A'raf АЪРОФ · 206 verses · Meccan Juz 8 · Revealed 39 الأعراف 8 Al-Anfal АНФОЛ · 75 verses · Medinan Juz 9 · Revealed 88 الأنفال 9 At-Taubah ТАВБА · 129 verses · Medinan Juz 10 · Revealed 113 التوبة 10 Yunus ЮНУС · 109 verses · Meccan Juz 11 · Revealed 51 يونس 11 Hood ҲУД · 123 verses · Meccan Juz 11 · Revealed 52 هود 12 Yusuf ЮСУФ · 111 verses · Meccan Juz 12 · Revealed 53 يوسف 13 Ar-Ra'd РАЪД · 43 verses · Medinan Juz 13 · Revealed 96 الرعد 14 Ibrahim ИБРОҲИМ · 52 verses · Meccan Juz 13 · Revealed 72 إبراهيم 15 Al-Hijr ҲИҶР · 99 verses · Meccan Juz 14 · Revealed 54 الحجر 16 An-Nahl НАҲЛ · 128 verses · Meccan Juz 14 · Revealed 70 النحل 17 Al-Isra ИСРО · 111 verses · Meccan Juz 15 · Revealed 50 الإسراء 18 Al-Kahf КАҲФ · 110 verses · Meccan Juz 15 · Revealed 69 الكهف 19 Maryam МАРЯМ · 98 verses · Meccan Juz 16 · Revealed 44 مريم 20 Ta­Ha ТОҲО · 135 verses · Meccan Juz 16 · Revealed 45 طه 21 Al-Anbiya' АНБИЁ · 112 verses · Meccan Juz 17 · Revealed 73 الأنبياء 22 Al-Hajj ҲАҶ · 78 verses · Medinan Juz 17 · Revealed 103 الحج 23 Al-Mu'minun МУЪМИНУН · 118 verses · Meccan Juz 18 · Revealed 74 المؤمنون 24 An-Nur НУР · 64 verses · Medinan Juz 18 · Revealed 102 النور 25 Al-Furqan ФУРҚОН · 77 verses · Meccan Juz 18 · Revealed 42 الفرقان 26 Ash-Shu'ara' ШУЪАРО · 227 verses · Meccan Juz 19 · Revealed 47 الشعراء 27 An-Naml НАМЛ · 93 verses · Meccan Juz 19 · Revealed 48 النمل 28 Al-Qasas ҚАСАС · 88 verses · Meccan Juz 20 · Revealed 49 القصص 29 Al-'Ankabut АНКАБУТ · 69 verses · Meccan Juz 20 · Revealed 85 العنكبوت 30 Ar­Room РУМ · 60 verses · Meccan Juz 21 · Revealed 84 الروم 31 Luqman ЛУҚМОН · 34 verses · Meccan Juz 21 · Revealed 57 لقمان 32 As­Sajdah САҶДА · 30 verses · Meccan Juz 21 · Revealed 75 السجدة 33 Al­Ahzab АҲЗОБ · 73 verses · Medinan Juz 21 · Revealed 90 الأحزاب 34 Saba' САБА · 54 verses · Meccan Juz 22 · Revealed 58 سبأ 35 Fatir ФОТИР · 45 verses · Meccan Juz 22 · Revealed 43 فاطر 36 Ya­Sin ЁСИН · 83 verses · Meccan Juz 22 · Revealed 41 يس 37 As-Saffat СОФФОТ · 182 verses · Meccan Juz 23 · Revealed 56 الصافات 38 Sad СОД · 88 verses · Meccan Juz 23 · Revealed 38 ص 39 Az-Zumar ЗУМАР · 75 verses · Meccan Juz 23 · Revealed 59 الزمر 40 Ghafir ҒОФИР · 85 verses · Meccan Juz 24 · Revealed 60 غافر 41 Fussilat ФУССИЛАТ · 54 verses · Meccan Juz 24 · Revealed 61 فصلت 42 Ash-Shura ШУРО · 53 verses · Meccan Juz 25 · Revealed 62 الشورى 43 Az-Zukhruf ЗУХРУФ · 89 verses · Meccan Juz 25 · Revealed 63 الزخرف 44 Ad-Dukhan ДУХОН · 59 verses · Meccan Juz 25 · Revealed 64 الدخان 45 Al-Jathiya ҶОСИЯ · 37 verses · Meccan Juz 25 · Revealed 65 الجاثية 46 Al-Ahqaf АҲҚОФ · 35 verses · Meccan Juz 26 · Revealed 66 الأحقاف 47 Muhammad МУҲАММАД · 38 verses · Medinan Juz 26 · Revealed 96 محمد 48 Al-Fath ФАТҲ · 29 verses · Medinan Juz 26 · Revealed 111 الفتح 49 Al-Hujurat ҲУҶУРОТ · 18 verses · Medinan Juz 26 · Revealed 106 الحجرات 50 Qaf ҚОФ · 45 verses · Meccan Juz 26 · Revealed 34 ق 51 Az-Zariyat ЗОРИЁТ · 60 verses · Meccan Juz 26 · Revealed 67 الذاريات 52 At-Tur ТУР · 49 verses · Meccan Juz 27 · Revealed 76 الطور 53 An-Najm НАҶМ · 62 verses · Meccan Juz 27 · Revealed 23 النجم 54 Al-Qamar ҚАМАР · 55 verses · Meccan Juz 27 · Revealed 37 القمر 55 Ar-Rahman РАҲМОН · 78 verses · Medinan Juz 27 · Revealed 97 الرحمن 56 Al-Waqi'ah ВОҚИА · 96 verses · Meccan Juz 27 · Revealed 46 الواقعة 57 Al-Hadid ҲАДИД · 29 verses · Medinan Juz 27 · Revealed 94 الحديد 58 Al-Mujadilah МУҶОДАЛА · 22 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 105 المجادلة 59 Al-Hashr ҲАШР · 24 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 101 الحشر 60 Al-Mumtahinah МУМТАҲИНА · 13 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 91 الممتحنة 61 As-Saff САФ · 14 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 109 الصف 62 Al-Jumu'ah ҶУМЪА · 11 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 110 الجمعة 63 Al-Munafiqun МУНОФИҚИН · 11 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 104 المنافقون 64 At-Taghabun ТАҒОБУН · 18 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 108 التغابن 65 At-Talaq ТАЛОҚ · 12 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 99 الطلاق 66 At-Tahrim ТАҲРИМ · 12 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 107 التحريم 67 Al-Mulk МУЛК · 30 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 77 الملك 68 Al-Qalam ҚАЛАМ · 52 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 2 القلم 69 Al-Haqqah ҲОҚҚА · 52 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 87 الحاقة 70 Al-Ma'arij МАЪОРИҶ · 44 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 79 المعارج 71 Nooh НУҲ · 28 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 71 نوح 72 Al-Jinn ҶИН · 28 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 40 الجن 73 Al-Muzzammil МУЗЗАММИЛ · 20 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 3 المزمل 74 Al-Muddaththir МУДДАССИР · 56 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 4 المدثر 75 Al-Qiyamah ҚИЁМАТ · 40 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 31 القيامة 76 Al-Insan ИНСОН · 31 verses · Medinan Juz 29 · Revealed 98 الإنسان 77 Al-Mursalat МУРСАЛОТ · 50 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 33 المرسلات 78 An-Naba' НАБА · 40 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 80 النبأ 79 An-Nazi'at НОЗИЪОТ · 46 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 81 النازعات 80 'Abasa АБАСА · 42 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 24 عبس 81 At-Takwir ТАКВИР · 29 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 7 التكوير 82 Al-Infitar ИНФИТОР · 19 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 82 الإنفطار 83 Al-Mutaffifin МУТАФФИФИН · 36 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 86 المطففين 84 Al-Inshiqaq ИНШИҚОҚ · 25 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 83 الإنشقاق 85 Al-Buruj БУРУҶ · 22 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 27 البروج 86 At-Tariq ТОРИҚ · 17 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 36 الطارق 87 Al-A'la АЪЛО · 19 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 8 الأعلى 88 Al-Ghashiyah ҒОШИЯ · 26 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 68 الغاشية 89 Al-Fajr ФАҶР · 30 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 10 الفجر 90 Al-Balad БАЛАД · 20 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 35 البلد 91 Ash-Shams ШАМС · 15 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 26 الشمس 92 Al-Lail ЛАЙЛ · 21 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 9 الليل 93 Ad-Duha ЗУҲО · 11 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 11 الضحى 94 Ash-Sharh ШАРҲ · 8 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 12 الشرح 95 At-Tin ТИН · 8 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 28 التين 96 Al-'Alaq АЛАҚ · 19 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 1 العلق 97 Al-Qadr ҚАДР · 5 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 25 القدر 98 Al-Baiyinah БАЙЙИНА · 8 verses · Medinan Juz 30 · Revealed 100 البينة 99 Az-Zalzalah ЗИЛЗИЛА · 8 verses · Medinan Juz 30 · Revealed 93 الزلزلة 100 Al-'Adiyat ЪОДИЁТ · 11 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 14 العاديات 101 Al-Qari'ah ҚОРИЪА · 11 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 30 القارعة 102 At-Takathur ТАКОСУР · 8 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 16 التكاثر 103 Al-'Asr АСР · 3 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 13 العصر 104 Al-Humazah ҲУМАЗА · 9 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 32 الهمزة 105 Al-Fil ФИЛ · 5 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 19 الفيل 106 Quraish ҚУРАЙШ · 4 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 29 قريش 107 Al-Ma'un МОЪУН · 7 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 17 الماعون 108 Al-Kauthar КАВСАР · 3 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 15 الكوثر 109 Al-Kafirun КОФИРУН · 6 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 18 الكافرون 110 An-Nasr НАСР · 3 verses · Medinan Juz 30 · Revealed 114 النصر 111 Al-Masad МАСАД · 5 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 6 المسد 112 Al-Ikhlas ИХЛОС · 4 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 22 الإخلاص 113 Al-Falaq ФАЛАҚ · 5 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 20 الفلق 114 An-Nas НОС · 6 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 21 الناس

Reading settings

View
Compare with

Pick up to two more translations to show under each verse.

Arabic size
100%
Translation size
100%
Line spacing
Theme

Verse

Arabic tafsir
Highlight

Highlights stay in this browser and are listed on the bookmarks page. /bookmarks