Surah Ash-Shu'ara' in Тоҷикӣ

ШУЪАРО · سورة الشعراء

Meccan Verses: 227 Juz 19 Page 367 Revelation order: 47

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

طسٓمٓ ١

1. То, Син,
Мим.(1)
1. Дар бораи ин ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гуфта шуд.

تِلۡكَ ءَايَٰتُ ٱلۡكِتَٰبِ ٱلۡمُبِينِ ٢

2. Ин оёт китоби равшан аст.

لَعَلَّكَ بَٰخِعࣱ نَّفۡسَكَ أَلَّا يَكُونُواْ مُؤۡمِنِينَ ٣

3. Шояд аз ин ки онҳо имон намеоваранд, худро ҳалок созӣ.(1)
1. Яъне, набояд худро ҳалок созӣ, зеро ҳидояти онҳо аз тарафи Аллоҳ аст ва вазифаи ту танҳо расонидани паёми Парвардигорат аст. Тафсири Саъдӣ 1 \ 589

إِن نَّشَأۡ نُنَزِّلۡ عَلَيۡهِم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ ءَايَةࣰ فَظَلَّتۡ أَعۡنَٰقُهُمۡ لَهَا خَٰضِعِينَ ٤

4. Агар бихоҳем, аз осмон барояшон ояте (мӯъҷизае) нозил мекунем, ки гарданҳояшон дар баробари он таслим гардад, лекин инро намехоҳем, зеро имони судманд, ихтиёран ба ғайб бовар кардан аст.

وَمَا يَأۡتِيهِم مِّن ذِكۡرࣲ مِّنَ ٱلرَّحۡمَٰنِ مُحۡدَثٍ إِلَّا كَانُواْ عَنۡهُ مُعۡرِضِينَ ٥

5. Барояшон ҳеҷ сухане тоза аз Аллоҳи меҳрубон нозил намешавад, магар он ки аз он бо дилу ҷисмашон рӯй мегардонанд ва онро қабул намекунанд.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\589

فَقَدۡ كَذَّبُواْ فَسَيَأۡتِيهِمۡ أَنۢبَٰٓؤُاْ مَا كَانُواْ بِهِۦ يَسۡتَهۡزِءُونَ ٦

6. Пас ҳамоно Қуръонро дурӯғ бароварданд. Ба зудӣ хабари он чизҳое, ки масхарааш мекарданд, ба онҳо ҳатман бирасад.

أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ إِلَى ٱلۡأَرۡضِ كَمۡ أَنۢبَتۡنَا فِيهَا مِن كُلِّ زَوۡجࣲ كَرِيمٍ ٧

7. Оё ба замин нанигаристаанд, ки чӣ қадар аз ҳар гуна гиёҳони некӯ ва фоидаовар дар он рӯёнидаем, ки ҳеҷ кас ба рӯёндани он тавоноӣ надорад, ба ҷуз Парвардигори ҷаҳониён.

إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةࣰۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ ٨

8. Дар ин нишонаҳо ибратест, вале аксари онҳо мӯъмин набудаанд.

وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ ٩

9. Ба ростӣ, Парвардигори ту пирӯзманд аст, ки қудрату тавоноӣ бар ҳама дорад ва меҳрубон аст, ки раҳматаш ҳама чизро фаро гирифтааст!(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\589

وَإِذۡ نَادَىٰ رَبُّكَ مُوسَىٰٓ أَنِ ٱئۡتِ ٱلۡقَوۡمَ ٱلظَّٰلِمِينَ ١٠

10. Ва ба ёд ор эй Расул барои қавмат, ки Парвардигорат Мӯсоро нидо дод, ки эй Мӯсо, ба сӯи он мардуми ситамкор бирав,

قَوۡمَ فِرۡعَوۡنَۚ أَلَا يَتَّقُونَ ١١

11. қавми Фиръавн ва барояшон бигӯ: Оё намехоҳанд парҳезгор шаванд?(1)
1. Яъне, аз азоби Аллоҳ наметарсед ва аз куфру гумроҳиатон даст намекашед? Тафсири Саъдӣ 1\589

قَالَ رَبِّ إِنِّيٓ أَخَافُ أَن يُكَذِّبُونِ ١٢

12.   Мӯсо гуфт: «Эй Парвардигори ман, метарсам, ки дурӯғгӯям хонанд.

وَيَضِيقُ صَدۡرِي وَلَا يَنطَلِقُ لِسَانِي فَأَرۡسِلۡ إِلَىٰ هَٰرُونَ ١٣

13.   Ва дили ман танг гардад ва забонам кушода нашавад, пас бародарам Ҳорунро низ пайғамбарӣ деҳ, то маро ёрӣ кунад.

وَلَهُمۡ عَلَيَّ ذَنۢبࣱ فَأَخَافُ أَن يَقۡتُلُونِ ١٤

14.   Ва онҳо бар гардани ман гуноҳе (даъво)(1) доранд, пас метарсам, ки маро бикушанд».
1. Яъне, ба сабаби ман марде аз онҳо кушта шуд.

قَالَ كَلَّاۖ فَٱذۡهَبَا بِـَٔايَٰتِنَآۖ إِنَّا مَعَكُم مُّسۡتَمِعُونَ ١٥

15.   Аллоҳ таоло гуфт: Ҳаргиз, туро натавонанд кушт, пас оёти Маро ки далолат бар ҳақиқати паёмбарии шумо мекунад, ҳарду назди онҳо биравед, Мо низ ба илм ва ҳифз ва нусрати худ бо шумо ҳастем ва мешунавем.

فَأۡتِيَا فِرۡعَوۡنَ فَقُولَآ إِنَّا رَسُولُ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ١٦

16.   Пас, назди Фиръавн равед ва бигӯед: «Мо расули (фиристодаи) Парвардигори ҷаҳониён ҳастем,

أَنۡ أَرۡسِلۡ مَعَنَا بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ ١٧

17.   ки банӣ Исроилро бо мо бифиристӣ, то Парвардигорашонро парастиш намоянд.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\590

قَالَ أَلَمۡ نُرَبِّكَ فِينَا وَلِيدࣰا وَلَبِثۡتَ فِينَا مِنۡ عُمُرِكَ سِنِينَ ١٨

18. Фиръавн ба Мӯсо миннат карда гуфт: «Оё ба ҳангоми кӯдакӣ назди худ парваришат надодем ва ту чанд сол аз умратро дар миёни мо нагузаронидӣ?

وَفَعَلۡتَ فَعۡلَتَكَ ٱلَّتِي فَعَلۡتَ وَأَنتَ مِنَ ٱلۡكَٰفِرِينَ ١٩

19. Ва он кори кардаатро, кардӣ? Пас, ту аз носипосонӣ».(1)
1. Мӯсо алайиҳиссалом ҳангоме, ки дар қасри Фираъвн зиндагӣ мекард, марди Қибтиеро ба хатогӣ кушт. Тафсири Саъдӣ 1 / 589

قَالَ فَعَلۡتُهَآ إِذࣰا وَأَنَا۠ مِنَ ٱلضَّآلِّينَ ٢٠

20.   Мӯсо гуфт: Он вақт ки чунон кардам, аз саргаштагон будам. Ва он кор аз рӯи нодонӣ ва иштибоҳ буд, на қасдан.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\590

فَفَرَرۡتُ مِنكُمۡ لَمَّا خِفۡتُكُمۡ فَوَهَبَ لِي رَبِّي حُكۡمࣰا وَجَعَلَنِي مِنَ ٱلۡمُرۡسَلِينَ ٢١

21.   Ва чун аз шумо тарсидам, ба тарафи Мадян гурехтам. Вале Парвардигори ман ба ман пайғамбарӣ дод ва маро дар шумори паёмбарон овард.

وَتِلۡكَ نِعۡمَةࣱ تَمُنُّهَا عَلَيَّ أَنۡ عَبَّدتَّ بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ ٢٢

22.   Ва миннати ин неъматро бар ман мениҳӣ, ҳол он ки банӣ Исроилро ғуломи худ сохтаӣ?

قَالَ فِرۡعَوۡنُ وَمَا رَبُّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٢٣

23.   Фиръавн гуфт: «Парвардигори ҷаҳониён кист, ки ту даъвои паёмбарӣ мекунӣ?»

قَالَ رَبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَآۖ إِن كُنتُم مُّوقِنِينَ ٢٤

24.   Мӯсо гуфт: «Агар ахли яқин ҳастед, пас имон оваред, ки Ӯ Парвардигори осмонҳову
замин ва ҳар чи миёни онҳост».

قَالَ لِمَنۡ حَوۡلَهُۥٓ أَلَا تَسۡتَمِعُونَ ٢٥

25.   Фиръавн ба онон, ки дар атрофаш буданд, гуфт: «Оё намешунавед, ки ин мард чӣ мегӯяд?»

قَالَ رَبُّكُمۡ وَرَبُّ ءَابَآئِكُمُ ٱلۡأَوَّلِينَ ٢٦

26.   Мӯсо гуфт: Парвардигоре, ки ман шуморо ба сӯи он даъват менамоям, «Парвардигори шумо ва Парвардигори ниёгони шумост».

قَالَ إِنَّ رَسُولَكُمُ ٱلَّذِيٓ أُرۡسِلَ إِلَيۡكُمۡ لَمَجۡنُونࣱ ٢٧

27.   Фиръавн гуфт: «Ба дурустӣ, ки ин паёмбаре, ки бар шумо фиристода шуда, девона аст».

قَالَ رَبُّ ٱلۡمَشۡرِقِ وَٱلۡمَغۡرِبِ وَمَا بَيۡنَهُمَآۖ إِن كُنتُمۡ تَعۡقِلُونَ ٢٨

28.   Мӯсо гуфт: «Ӯст Парвардигори машриқу мағриб ва ҳар чи миёни он ду аст, агар оқилона биандешед».

قَالَ لَئِنِ ٱتَّخَذۡتَ إِلَٰهًا غَيۡرِي لَأَجۡعَلَنَّكَ مِنَ ٱلۡمَسۡجُونِينَ ٢٩

29.   Фиръавн ба Мӯсо таҳдид карда гуфт: «Агар ҷуз ман каси дигареро ба маъбудӣ гирӣ, ба зиндонат меафканам».

قَالَ أَوَلَوۡ جِئۡتُكَ بِشَيۡءࣲ مُّبِينࣲ ٣٠

30.   Мӯсо гуфт: «Ҳатто агар мӯъҷизаи равшане барои ту оварда бошам, ки далолат кунад бар сиҳатии он чи овардаам, боз ҳам маро зиндонӣ мекунй?»(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\590

قَالَ فَأۡتِ بِهِۦٓ إِن كُنتَ مِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ ٣١

31.   Фиръавн гуфт: «Пас агар аз роспӯёнӣ онро биёвар».

فَأَلۡقَىٰ عَصَاهُ فَإِذَا هِيَ ثُعۡبَانࣱ مُّبِينࣱ ٣٢

32. Пас, Мӯсо асои худро биандохт, ки ногаҳон вай аждаҳои ошкоро шуд.

وَنَزَعَ يَدَهُۥ فَإِذَا هِيَ بَيۡضَآءُ لِلنَّٰظِرِينَ ٣٣

33. Ва дасташро берун овард, ки ногаҳон дар назари бинандагон сафед ва равшан менамуд.

قَالَ لِلۡمَلَإِ حَوۡلَهُۥٓ إِنَّ هَٰذَا لَسَٰحِرٌ عَلِيمࣱ ٣٤

34. Фиръавн аз тарсе, ки қавмаш имон наоранд, ба бузургони қавмаш, ки дар атрофи ӯ буданд, гуфт: «Бегумон ин мард ҷодугари доноест, ки

يُرِيدُ أَن يُخۡرِجَكُم مِّنۡ أَرۡضِكُم بِسِحۡرِهِۦ فَمَاذَا تَأۡمُرُونَ ٣٥

35. мехоҳад ба ҷодуи худ шуморо аз сарзаминатон берун кунад. Пас, маро чӣ мефармоед?»

قَالُوٓاْ أَرۡجِهۡ وَأَخَاهُ وَٱبۡعَثۡ فِي ٱلۡمَدَآئِنِ حَٰشِرِينَ ٣٦

36. Қавмаш ба ӯ гуфтанд: «Ӯ ва бародарашро мӯхлат бидеҳ ва ҷамъкунандагонро дар шаҳрҳо бифирист,

يَأۡتُوكَ بِكُلِّ سَحَّارٍ عَلِيمࣲ ٣٧

37. то ҳар ҷодугари моҳир ва доноеро, ки ҳаст, назди ту биёранд».

فَجُمِعَ ٱلسَّحَرَةُ لِمِيقَٰتِ يَوۡمࣲ مَّعۡلُومࣲ ٣٨

38. Пас ҷодугаронро дар рӯзи муайяне(1) ба ваъдагоҳ оварданд.
1. Ва он рӯз, рӯзи зиннат ва хушию шоди буд, ки ҳама ба вақти чоштгоҳ ҳозир шуданд.

وَقِيلَ لِلنَّاسِ هَلۡ أَنتُم مُّجۡتَمِعُونَ ٣٩

39. Ва ба мардум гуфта шуд: «Оё шумо низ ҷамъ мешавед?

لَعَلَّنَا نَتَّبِعُ ٱلسَّحَرَةَ إِن كَانُواْ هُمُ ٱلۡغَٰلِبِينَ ٤٠

40. Агар ҷодугарон ғолиб шаванд, бувад, ки пайравии онҳо кунем ва дар динамон устувор истем!»

فَلَمَّا جَآءَ ٱلسَّحَرَةُ قَالُواْ لِفِرۡعَوۡنَ أَئِنَّ لَنَا لَأَجۡرًا إِن كُنَّا نَحۡنُ ٱلۡغَٰلِبِينَ ٤١

41.   Чун ҷодугарон омаданд, ба Фиръавн гуфтанд: «Оё агар мо бар Мӯсо пирӯз шавем, барои мо музде ҳаст?»

قَالَ نَعَمۡ وَإِنَّكُمۡ إِذࣰا لَّمِنَ ٱلۡمُقَرَّبِينَ ٤٢

42.   Фиръавн гуфт: «Оре, ба дурустӣ, ки шумо ҳама аз наздикони ман хоҳед буд».

قَالَ لَهُم مُّوسَىٰٓ أَلۡقُواْ مَآ أَنتُم مُّلۡقُونَ ٤٣

43.   Мӯсо барои ботил сохтани ҷодуи онҳо ба онҳо гуфт: «Ҳар чи мехоҳед, аз ҷодуи худ бияфканед!»

فَأَلۡقَوۡاْ حِبَالَهُمۡ وَعِصِيَّهُمۡ وَقَالُواْ بِعِزَّةِ فِرۡعَوۡنَ إِنَّا لَنَحۡنُ ٱلۡغَٰلِبُونَ ٤٤

44.   Онон ресмонҳову асоҳои худ бияфканданд ва гуфтанд:
«Ба иззати Фиръавн, ки мо албатта, ғолибем!»

فَأَلۡقَىٰ مُوسَىٰ عَصَاهُ فَإِذَا هِيَ تَلۡقَفُ مَا يَأۡفِكُونَ ٤٥

45.   Пас, Мӯсо асояшро афканд. Ногоҳ ба сурати аждаҳое гашт ва ҳамаи он дурӯғҳоеро, ки сохта буданд, фурӯ бурд.

فَأُلۡقِيَ ٱلسَّحَرَةُ سَٰجِدِينَ ٤٦

46.   Ҷодугарон ҳақро дида ва донистанд, ки ин аз амалиёти ҷодугарон нест, пас саҷдакунон ба замин афтоданд.

قَالُوٓاْ ءَامَنَّا بِرَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٤٧

47.   Гуфтанд: «Ба Парвардигори ҷаҳониён имон овардем,

رَبِّ مُوسَىٰ وَهَٰرُونَ ٤٨

48.   Парвардигори Мӯсо ва
Ҳорун!»

قَالَ ءَامَنتُمۡ لَهُۥ قَبۡلَ أَنۡ ءَاذَنَ لَكُمۡۖ إِنَّهُۥ لَكَبِيرُكُمُ ٱلَّذِي عَلَّمَكُمُ ٱلسِّحۡرَ فَلَسَوۡفَ تَعۡلَمُونَۚ لَأُقَطِّعَنَّ أَيۡدِيَكُمۡ وَأَرۡجُلَكُم مِّنۡ خِلَٰفࣲ وَلَأُصَلِّبَنَّكُمۡ أَجۡمَعِينَ ٤٩

49.    Фиръавн гуфт: «Оё пеш аз он ки шуморо рухсат диҳам, ба Мӯсо имон овардед? Албатта, ин мард (яъне, Мӯсо) бузурги шумост, ки шуморо ҷоду омӯхтааст. Ҳатман азоби маро хоҳед дид. Акнун дастҳову пойҳоятонро аз чапу рост(1) хоҳам бурид ва албатта, ҳамаатонро бар дор хоҳам кард!»
1. Яъне, дасти рост ва пои чапи шуморо хоҳам бурид.

قَالُواْ لَا ضَيۡرَۖ إِنَّآ إِلَىٰ رَبِّنَا مُنقَلِبُونَ ٥٠

50.    Ҷодугарон ба Фиръавн гуфтанд: «Аз он чи ки моро метарсонӣ боке нест, ба дурустӣ, ки мо назди Парвардигорамон бозмегардем.

إِنَّا نَطۡمَعُ أَن يَغۡفِرَ لَنَا رَبُّنَا خَطَٰيَٰنَآ أَن كُنَّآ أَوَّلَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ٥١

51.    Мо умед дорем, ки Парвардигорамон хатоҳои моро аз куфру ҷодугарӣ бубахшад, ки мо нахустин касоне ҳастем, ки имон овардем».

۞ وَأَوۡحَيۡنَآ إِلَىٰ مُوسَىٰٓ أَنۡ أَسۡرِ بِعِبَادِيٓ إِنَّكُم مُّتَّبَعُونَ ٥٢

52.    Ва ба Мӯсо ваҳй кардем, ки ҳангоми шаб бандагони Маро аз Миср берун бибар, ба дурустӣ, ки аз паи шумо биёянд.

فَأَرۡسَلَ فِرۡعَوۡنُ فِي ٱلۡمَدَآئِنِ حَٰشِرِينَ ٥٣

53.    Пас, Фиръавн аз берун рафтани онҳо огоҳ гардида гирдоварандагони сипоҳро ба шаҳрҳо фиристод.

إِنَّ هَٰٓؤُلَآءِ لَشِرۡذِمَةࣱ قَلِيلُونَ ٥٤

54.   Ва гуфт: ҳароина, ки инҳо (банӣ Исроил) гурӯҳе андак ва ночиз ҳастанд

وَإِنَّهُمۡ لَنَا لَغَآئِظُونَ ٥٥

55.   ва инҳо моро ба таҳқиқ, ба хашм овардаанд,

وَإِنَّا لَجَمِيعٌ حَٰذِرُونَ ٥٦

56.   ҳароина, ҳамаи мо бояд аз онҳо барҳазар бошем, зеро душмани мо ҳастанд.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\591

فَأَخۡرَجۡنَٰهُم مِّن جَنَّٰتࣲ وَعُيُونࣲ ٥٧

57.   Пас, онҳо (Фиръавн ва қавмаш)-ро аз боғҳову чашмасорҳои Миср берун кардем

وَكُنُوزࣲ وَمَقَامࣲ كَرِيمࣲ ٥٨

58.   ва низ аз ганҷҳову хонаҳои некӯ ва қасрҳои бузург берун рондем.

كَذَٰلِكَۖ وَأَوۡرَثۡنَٰهَا بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ ٥٩

59.   Оре, инчунин кардем ва банӣ Исроилро вориси онҳо сохтем.

فَأَتۡبَعُوهُم مُّشۡرِقِينَ ٦٠

60.   Фиръавниён ба ҳангоми баромадани офтоб аз паи онҳо рафтанд.

فَلَمَّا تَرَٰٓءَا ٱلۡجَمۡعَانِ قَالَ أَصۡحَٰبُ مُوسَىٰٓ إِنَّا لَمُدۡرَكُونَ ٦١

61.   Чун он ду гурӯҳ якдигарро диданд, ёрони Мӯсо гуфтанд: «Ҳароина, мо дар чанголи фиръавниён гирифтор шудем!»

قَالَ كَلَّآۖ إِنَّ مَعِيَ رَبِّي سَيَهۡدِينِ ٦٢

62.   Мӯсо барояшон гуфт: «Ҳаргиз, чунин нест, он чи ки шумо мегӯед Парвардигори ман ҳароина, бо ман аст ва маро роҳнамоӣ хоҳад кард».

فَأَوۡحَيۡنَآ إِلَىٰ مُوسَىٰٓ أَنِ ٱضۡرِب بِّعَصَاكَ ٱلۡبَحۡرَۖ فَٱنفَلَقَ فَكَانَ كُلُّ فِرۡقࣲ كَٱلطَّوۡدِ ٱلۡعَظِيمِ ٦٣

63. Пас, ба Мӯсо ваҳй кардем, ки асоятро ба баҳр бизан. Баҳр аз ҳам бишикофт ва ба адади қабилаҳои банӣ Исроил дувоздаҳ роҳ дар он боз шуд ва ҳар бахше монанди кӯҳи бузурге буд.

وَأَزۡلَفۡنَا ثَمَّ ٱلۡأٓخَرِينَ ٦٤

64. Ва он гурӯҳи дигар (яъне, Фиръавн ва қавмаш)-ро низ ба баҳр расонидем.

وَأَنجَيۡنَا مُوسَىٰ وَمَن مَّعَهُۥٓ أَجۡمَعِينَ ٦٥

65. Мӯсо ва ҳамаи ҳамроҳонашро наҷот додем.

ثُمَّ أَغۡرَقۡنَا ٱلۡأٓخَرِينَ ٦٦

66. Сипас он дигар (яъне, Фиръавн ва қавмаш)-ро ғарқ сохтем.

إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةࣰۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ ٦٧

67. Албатта, дар ин ҳодисаи ғарқ шудани Фиръавн ва қавмаш ибратест, вале аксарашон аз пайравони Фиръавн имон наоварданд!

وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ ٦٨

68. Ҳароина, Парвардигори ту пирӯзманду бахшанда аст!(1)
1. Яъне, ба иззаташ кофиронро ҳалок сохт ва ба раҳматаш Мӯсо ва ҳамроҳонашро наҷот дод.Тафсири Табарӣ 19 \ 361

وَٱتۡلُ عَلَيۡهِمۡ نَبَأَ إِبۡرَٰهِيمَ ٦٩

69. Ва эй Расул, достони Иброҳимро барояшон (барои кофирон) тиловат кун!

إِذۡ قَالَ لِأَبِيهِ وَقَوۡمِهِۦ مَا تَعۡبُدُونَ ٧٠

70. Он гоҳ ки ба падару қавми худ гуфт: «Чӣ чизро мепарастед?»

قَالُواْ نَعۡبُدُ أَصۡنَامࣰا فَنَظَلُّ لَهَا عَٰكِفِينَ ٧١

71.   Гуфтанд: «Бутонеро мепарастем, пас ҳамеша бар ибодаташон қоим ҳастем».

قَالَ هَلۡ يَسۡمَعُونَكُمۡ إِذۡ تَدۡعُونَ ٧٢

72.   Иброҳим гуфт: «Оё вақте онҳоро ба кӯмак мехонед, садоятонро мешунаванд?

أَوۡ يَنفَعُونَكُمۡ أَوۡ يَضُرُّونَ ٧٣

73.   Ё барои шумо фоидае медиҳанд, агар парастиши онҳо кардед, ё зиёне мерасонанд, агар тарки парастиши онҳо кардед?»(1)
1. Тафсири Бағавӣ 6\116

قَالُواْ بَلۡ وَجَدۡنَآ ءَابَآءَنَا كَذَٰلِكَ يَفۡعَلُونَ ٧٤

74.   Гуфтанд: «На, балки падаронамонро дидаем, ки чунин мекардаанд».

قَالَ أَفَرَءَيۡتُم مَّا كُنتُمۡ تَعۡبُدُونَ ٧٥

75.   Иброҳим гуфт: «Оё медонед, ки чӣ мепарастидаед,

أَنتُمۡ وَءَابَآؤُكُمُ ٱلۡأَقۡدَمُونَ ٧٦

76.   шумо ва ниёгонатон?

فَإِنَّهُمۡ عَدُوࣱّ لِّيٓ إِلَّا رَبَّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٧٧

77.   Пас, ба дурустӣ, ки ҳамаи онҳо душманони мананд, вале Парвардигори ҷаҳониён дӯсти ман аст.

ٱلَّذِي خَلَقَنِي فَهُوَ يَهۡدِينِ ٧٨

78.   Ҳамон касе, ки маро биёфарид, сипас Ӯ роҳнамоиям мекунад

وَٱلَّذِي هُوَ يُطۡعِمُنِي وَيَسۡقِينِ ٧٩

79.   ва ҳамон касе, ки ба ман таом медиҳад ва маро сероб месозад

وَإِذَا مَرِضۡتُ فَهُوَ يَشۡفِينِ ٨٠

80.   ва чун бемор шавам, пас Ӯ маро шифо медиҳад

وَٱلَّذِي يُمِيتُنِي ثُمَّ يُحۡيِينِ ٨١

81.     ва касе, ки маро мемиронад, сипас зинда мекунад

وَٱلَّذِيٓ أَطۡمَعُ أَن يَغۡفِرَ لِي خَطِيٓـَٔتِي يَوۡمَ ٱلدِّينِ ٨٢

82.     ва касе, ки умед медорам, ки дар рӯзи қиёмат хатоямро бибахшояд.

رَبِّ هَبۡ لِي حُكۡمࣰا وَأَلۡحِقۡنِي بِٱلصَّٰلِحِينَ ٨٣

83.     Эй Парвардигори ман, маро ҳикмат бахш ва маро ба зумраи шоистагон дар ҷаннат бипайванд.

وَٱجۡعَل لِّي لِسَانَ صِدۡقࣲ فِي ٱلۡأٓخِرِينَ ٨٤

84.     Ва то рӯзи қиёмат барои ман дар миёни ояндагон овозаи нек ва зикри хайр қарор бидеҳ.

وَٱجۡعَلۡنِي مِن وَرَثَةِ جَنَّةِ ٱلنَّعِيمِ ٨٥

85.     Ва маро аз ворисони биҳишти пурнеъмат қарор деҳ.

وَٱغۡفِرۡ لِأَبِيٓ إِنَّهُۥ كَانَ مِنَ ٱلضَّآلِّينَ ٨٦

86.     Ва падарамро(1) биёмурз, ки ҳамоно ӯ аз гумроҳон аст.
1. Ин дуъои Иброҳим барои падараш буд, вақте маълум гашт, ки то дами маргаш ба куфру ширкаш боқӣ мемонад, пас аз ӯ безорӣ ҷуст.

وَلَا تُخۡزِنِي يَوۡمَ يُبۡعَثُونَ ٨٧

87.     Ва дар рӯзи қиёмат, ки мардум аз қабрҳояшон барои ҳисобу ҷазо бармехезанд, маро расво масоз,

يَوۡمَ لَا يَنفَعُ مَالࣱ وَلَا بَنُونَ ٨٨

88.     рӯзе, ки на мол фоида медиҳад ва на фарзандон,

إِلَّا مَنۡ أَتَى ٱللَّهَ بِقَلۡبࣲ سَلِيمࣲ ٨٩

89.     магар он кас, ки бо қалби салим (холӣ аз ширк, куфр ва нифоқ) ба назди Аллоҳ биёяд!

وَأُزۡلِفَتِ ٱلۡجَنَّةُ لِلۡمُتَّقِينَ ٩٠

90.   Ва биҳиштҳоро барои парҳезгорон(1) наздик оранд.
1. Ононе, ки аз куфру маъсият дурӣ ҷустанд ва фармонҳои Аллоҳро иҷро намуданд. Тафсири Табарӣ 19 \ 366

وَبُرِّزَتِ ٱلۡجَحِيمُ لِلۡغَاوِينَ ٩١

91.   Ва ҷаҳаннамро дар назари кофирон ошкор кунанд.

وَقِيلَ لَهُمۡ أَيۡنَ مَا كُنتُمۡ تَعۡبُدُونَ ٩٢

92.   Ба онҳо сарзаниш карда гӯянд: «Чизҳое, ки аз ғайри Аллоҳ мепарастидед, куҷоянд?

مِن دُونِ ٱللَّهِ هَلۡ يَنصُرُونَكُمۡ أَوۡ يَنتَصِرُونَ ٩٣

93.   Маъбудҳое, ғайр аз Аллоҳ ёриатон мекунанд дар баробари азоби Аллоҳ ё худ ёрӣ меҷӯянд?»

فَكُبۡكِبُواْ فِيهَا هُمۡ وَٱلۡغَاوُۥنَ ٩٤

94.   Пас, онҳо (бутҳо) ва кофиронро сарнагун дар ҷаҳаннам андозанд.

وَجُنُودُ إِبۡلِيسَ أَجۡمَعُونَ ٩٥

95.   Ва низ андохта шавад ҳамаи лашкари Иблисро, ки барои мардум амали бадро зинат медоданд.

قَالُواْ وَهُمۡ فِيهَا يَخۡتَصِمُونَ ٩٦

96.   Онон дар дӯзах бо касоне, ки онҳоро ба залолат бурда буданд, ба кашмакаш мепардозанд ва мегӯянд:

تَٱللَّهِ إِن كُنَّا لَفِي ضَلَٰلࣲ مُّبِينٍ ٩٧

97.   «Ба Аллоҳ савганд, ки мо дар гумроҳии ошкор будем,

إِذۡ نُسَوِّيكُم بِرَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٩٨

98.   он гоҳ ки шуморо бо Парвардигори ҷаҳониён баробар медонистем.

وَمَآ أَضَلَّنَآ إِلَّا ٱلۡمُجۡرِمُونَ ٩٩

99.   Ва ба ҷуз ин бадкорон касе моро гумроҳ накард.

فَمَا لَنَا مِن شَٰفِعِينَ ١٠٠

100.  Пас, акнун моро ҳеҷ шафоаткунандае нест

وَلَا صَدِيقٍ حَمِيمࣲ ١٠١

101.  ва моро дӯсти меҳрубоне нест.

فَلَوۡ أَنَّ لَنَا كَرَّةࣰ فَنَكُونَ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ١٠٢

102.  Кош бори дигар ба дунё бозгардем, то аз мӯъминон гардем».

إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةࣰۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ ١٠٣

103.  Ба таҳқиқ, дар ин (қиссаи Иброҳим) ибратест ва аксари онҳо бо шунидани ин қисса ҳам имон наёварданд.

وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ ١٠٤

104.  Албатта, Парвардигори ту пирӯзманду меҳрубон аст!

كَذَّبَتۡ قَوۡمُ نُوحٍ ٱلۡمُرۡسَلِينَ ١٠٥

105.  Қавми Нӯҳ ҳамаи паёмбаронро дурӯғгӯ бароварданд.

إِذۡ قَالَ لَهُمۡ أَخُوهُمۡ نُوحٌ أَلَا تَتَّقُونَ ١٠٦

106.  Он гоҳ ки бародарашон Нӯҳ ба онҳо гуфт: «Магар парҳезгорӣ намекунед, (яъне, наметарсед)?

إِنِّي لَكُمۡ رَسُولٌ أَمِينࣱ ١٠٧

107.  Ба таҳқиқ, ман барои шумо паёмбари амин ҳастам.

فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ ١٠٨

108.  Аз Аллоҳ битарсед дар он чи шуморо ба он фармон медиҳад ва ё аз он наҳӣ мекунад(1) ва аз ман итоат
кунед.
1. Тафсири Саъдӣ 1\594

وَمَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ١٠٩

109.  Ман аз шумо дар муқобили даъвати худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст.

فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ ١١٠

110. Пас, аз Аллоҳ битарсед ва маро бо ба ҷо овардани фармудаҳояш ва бо парҳез кардан аз манъкардашудаҳояш итоат кунед!»

۞ قَالُوٓاْ أَنُؤۡمِنُ لَكَ وَٱتَّبَعَكَ ٱلۡأَرۡذَلُونَ ١١١

111. Гуфтанд: «Оё ба ту имон биёварем ва ҳол он ки бенавоён (бечизу бемақом) пайрави ту ҳастанд?»

قَالَ وَمَا عِلۡمِي بِمَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ ١١٢

112. Нӯҳ гуфт: «Ман чи медонам онҳо чи кор кардаанд, вале вазифадор ҳастам, ки онҳоро ба сӯи имон даъват намоям.»

إِنۡ حِسَابُهُمۡ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّيۖ لَوۡ تَشۡعُرُونَ ١١٣

113. Агар бидонед, ҳисобашон ба ҷуз бар Парвардигори ман бар касе нест.

وَمَآ أَنَا۠ بِطَارِدِ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ١١٤

114. Ва ман ҳаргиз мӯъминонро ба даъвати худ дур нахоҳам кард.

إِنۡ أَنَا۠ إِلَّا نَذِيرࣱ مُّبِينࣱ ١١٥

115. Ман ба ҷуз бимдиҳандаи ошкоро каси дигар нестам.

قَالُواْ لَئِن لَّمۡ تَنتَهِ يَٰنُوحُ لَتَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡمَرۡجُومِينَ ١١٦

116. Гуфтанд: «Эй Нӯҳ, агар аз даъвати худ бас накунӣ, албатта, сангсор мешавӣ».

قَالَ رَبِّ إِنَّ قَوۡمِي كَذَّبُونِ ١١٧

117. Нӯҳ дуо карда гуфт:
«Эй Парвардигори ман, қавми ман маро дурӯғгӯ мебароранд.

فَٱفۡتَحۡ بَيۡنِي وَبَيۡنَهُمۡ فَتۡحࣰا وَنَجِّنِي وَمَن مَّعِيَ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ١١٨

118. Пас, миёни ману миёни онҳо (қатъӣ) ҳукм кун; ва марову ононро аз мӯъминон, ки ҳамроҳи мананд, наҷот деҳ!».

فَأَنجَيۡنَٰهُ وَمَن مَّعَهُۥ فِي ٱلۡفُلۡكِ ٱلۡمَشۡحُونِ ١١٩

119. Пас, ӯ ва ҳамроҳонашро дар он киштии пуркардашуда аз тамоми навъи махлуқот наҷот додем.

ثُمَّ أَغۡرَقۡنَا بَعۡدُ ٱلۡبَاقِينَ ١٢٠

120. Ба боқимондаи ононро, ки имон наоварданд, ғарқ кардем.

إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةࣰۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ ١٢١

121. Албатта, дар ин(1) нишонаи равшанест ва бештари онҳо бинобар шунидани ин қисса мӯъмин набуданд.
1. Яъне, дар наҷот ёфтани Нӯҳ ва пайравонаш ва ҳалок шудани касоне, ки ба ӯ имон наоварданд, далели равшан ва ибрати бузургест барои дигарон.

وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ ١٢٢

122. Албатта, Парвардигори ту пирӯзманд аст аз интиқом гирифтани кофирон ва меҳрубон аст бо бандагони мӯъминонаш!

كَذَّبَتۡ عَادٌ ٱلۡمُرۡسَلِينَ ١٢٣

123. Қавми Од низ паёмбаронро дурӯғгӯ бароварданд.

إِذۡ قَالَ لَهُمۡ أَخُوهُمۡ هُودٌ أَلَا تَتَّقُونَ ١٢٤

124. Он гоҳ ки бародарашон Ҳуд гуфт: «Оё аз Аллоҳ наметарсед ва ибодати ғайри Ӯро тарк намекунед?

إِنِّي لَكُمۡ رَسُولٌ أَمِينࣱ ١٢٥

125. Ҳароина, ман барои шумо паёмбари амин ҳастам ва шумо инро медонед.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\595

فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ ١٢٦

126. Аз Аллоҳ битарсед ва он чиро ки аз назди Аллоҳ овардаам, итоат кунед.

وَمَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ١٢٧

127. Ман аз шумо барои таблиғи рисолат ҳеҷ музде талаб намекунам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст.

أَتَبۡنُونَ بِكُلِّ رِيعٍ ءَايَةࣰ تَعۡبَثُونَ ١٢٨

128. Оё бар сари ҳар баландӣ ба беҳудагӣ нишонае аз рӯи ҳавову ҳавас месозед?

وَتَتَّخِذُونَ مَصَانِعَ لَعَلَّكُمۡ تَخۡلُدُونَ ١٢٩

129. Ва қасрҳои маҳкам ва устувор бино мекунед, гӯё ки дар дунё ҷовидон мемонед?

وَإِذَا بَطَشۡتُم بَطَشۡتُمۡ جَبَّارِينَ ١٣٠

130. Ва чун интиқом гиред, ба монанди золимон бераҳмона интиқом мегиред?

فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ ١٣١

131. Пас, аз Аллоҳ битарсед ва ба он чи ки ман шуморо даъват менамоям итоат кунед.

وَٱتَّقُواْ ٱلَّذِيٓ أَمَدَّكُم بِمَا تَعۡلَمُونَ ١٣٢

132. Ва битарсед аз он Аллоҳе, ки он чиро, ки медонед, ба шумо ато кардааст.

أَمَدَّكُم بِأَنۡعَٰمࣲ وَبَنِينَ ١٣٣

133. Ва ба шумо чорпоёну фарзандон арзонӣ доштааст

وَجَنَّٰتࣲ وَعُيُونٍ ١٣٤

134. ва низ боғҳову чашмасорон арзонӣ доштааст.

إِنِّيٓ أَخَافُ عَلَيۡكُمۡ عَذَابَ يَوۡمٍ عَظِيمࣲ ١٣٥

135. (Ҳуд алайҳиссалом гуфт:) Ман аз азоби рӯзи бузург бар шумо метарсам, ки ба сабаби имон наоварданатон бар шумо азоб фуруд ояд(1).
1. Тафсири Ибни Касир 6\135

قَالُواْ سَوَآءٌ عَلَيۡنَآ أَوَعَظۡتَ أَمۡ لَمۡ تَكُن مِّنَ ٱلۡوَٰعِظِينَ ١٣٦

136.  Гуфтанд: «Барои мо яксон аст, ки моро панд диҳӣ ё панд надиҳӣ, ҳаргиз имон намеорем.

إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا خُلُقُ ٱلۡأَوَّلِينَ ١٣٧

137.  Гуфтанд: Инҳо ҷуз ҳамон дурӯғу найранги пешиниён чизи дигаре нест.

وَمَا نَحۡنُ بِمُعَذَّبِينَ ١٣٨

138.  Ва мо ҳаргиз азоб нахоҳем
шуд».

فَكَذَّبُوهُ فَأَهۡلَكۡنَٰهُمۡۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةࣰۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ ١٣٩

139.  Пас, ӯро дурӯғгӯ бароварданд ва бар куфрашон давомат карданд, пас Мо ононро ҳалок кардем. Албатта, дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд!

وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ ١٤٠

140. Ҳароина, Парвардигори ту пирӯзманд аст ба нобуд сохтани кофирон ва меҳрубон аст ба мӯъминон!

كَذَّبَتۡ ثَمُودُ ٱلۡمُرۡسَلِينَ ١٤١

141. Қавми Самуд паёмбаронро дурӯғгӯ бароварданд.(1)
1. Яъне, Содеҳ ва дигар паёмбарон алайҳимус саломро.

إِذۡ قَالَ لَهُمۡ أَخُوهُمۡ صَٰلِحٌ أَلَا تَتَّقُونَ ١٤٢

142.  Он гоҳ ки бародарашон Солеҳ гуфт: «Оё аз азоби Аллоҳ наметарсед ва танҳо Ӯро парастиш намекунед?

إِنِّي لَكُمۡ رَسُولٌ أَمِينࣱ ١٤٣

143.  Ҳароина, ман дар таблиғи рисолати Аллоҳ барои шумо паёмбари амин ҳастам.

فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ ١٤٤

144. Аз иқоби Аллоҳ битарсед ва он чиро ки ман ба шумо овардаам итоат кунед!

وَمَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ١٤٥

145. Ман аз шумо барои таблиғи рисолат музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст!

أَتُتۡرَكُونَ فِي مَا هَٰهُنَآ ءَامِنِينَ ١٤٦

146. Оё мепиндоред, ки шумо дар ин неъматҳои ин ҷо эмин гузошта хоҳед шуд?

فِي جَنَّٰتࣲ وَعُيُونࣲ ١٤٧

147. Дар ин боғҳову чашмасорҳо?

وَزُرُوعࣲ وَنَخۡلࣲ طَلۡعُهَا هَضِيمࣱ ١٤٨

148. Ва дар ин киштзорҳову хурмозорҳо бо он шукуфаҳои нарму латиф?

وَتَنۡحِتُونَ مِنَ ٱلۡجِبَالِ بُيُوتࣰا فَٰرِهِينَ ١٤٩

149. Ва сармастии шумо ба ҳадде расидааст, ки моҳирона дар кӯҳҳо хонаҳое метарошед?

فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ ١٥٠

150. Пас, аз азоби Аллоҳ битарсед ва ба насиҳати ман итоат кунед!

وَلَا تُطِيعُوٓاْ أَمۡرَ ٱلۡمُسۡرِفِينَ ١٥١

151. Ва фармони ин
исрофкоронро мапазиред.

ٱلَّذِينَ يُفۡسِدُونَ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَا يُصۡلِحُونَ ١٥٢

152. Онҳоеро, ки дар замин ба ҷои ислоҳ фасод мекунанд.

قَالُوٓاْ إِنَّمَآ أَنتَ مِنَ ٱلۡمُسَحَّرِينَ ١٥٣

153. Самудиён ба паёмбарашон Солеҳ гуфтанд: «Ҷуз ин нест, ки туро ҷоду кардаанд.

مَآ أَنتَ إِلَّا بَشَرࣱ مِّثۡلُنَا فَأۡتِ بِـَٔايَةٍ إِن كُنتَ مِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ ١٥٤

154. Ту низ инсоне монанди мо ҳастӣ. Агар рост мегӯӣ, нишонае биёвар».

قَالَ هَٰذِهِۦ نَاقَةࣱ لَّهَا شِرۡبࣱ وَلَكُمۡ شِرۡبُ يَوۡمࣲ مَّعۡلُومࣲ ١٥٥

155. Солеҳ гуфт: «Ин модашутуре аст, ки як навбат об хӯрдан барои вай аст ва навбати рӯзи муайян барои шумо.

وَلَا تَمَسُّوهَا بِسُوٓءࣲ فَيَأۡخُذَكُمۡ عَذَابُ يَوۡمٍ عَظِيمࣲ ١٥٦

156. Ба он камтарин озоре нарасонед, ки азоби рӯзи бузург ба саратон меояд».

فَعَقَرُوهَا فَأَصۡبَحُواْ نَٰدِمِينَ ١٥٧

157. Пас, онро куштанд ва пушаймон шуданд, вале пушаймонӣ барояшон фоиде набахшид.

فَأَخَذَهُمُ ٱلۡعَذَابُۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةࣰۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ ١٥٨

158. Пас, азоби Аллоҳ онҳоро фурӯ гирифт. Албатта, дар ин ҳалок шудани Самудиён ибратест ва бисёрии онҳо имон наёварданд.

وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ ١٥٩

159. Ва албатта, Парвардигори ту пирӯзманд аст бар душманонаш ва меҳрубон аст ба ононе, ки имон оварданд!

كَذَّبَتۡ قَوۡمُ لُوطٍ ٱلۡمُرۡسَلِينَ ١٦٠

160. Қавми Лут низ паёмбаронро дурӯғгӯ бароварданд.

إِذۡ قَالَ لَهُمۡ أَخُوهُمۡ لُوطٌ أَلَا تَتَّقُونَ ١٦١

161. Он гоҳ бародарашон Лут ба онҳо гуфт: «Оё аз азоби Аллоҳ наметарсед?

إِنِّي لَكُمۡ رَسُولٌ أَمِينࣱ ١٦٢

162. Ҳароина, ман барои шумо паёмбари амин ҳастам.

فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ ١٦٣

163. Аз имон наоварданатон аз Аллоҳ битарсед ва ба он чизе, ки шуморо даъват мекунам, маро итоат кунед!

وَمَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ١٦٤

164. Ман аз шумо дар баробари таблиғи рисолати Аллоҳ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст!

أَتَأۡتُونَ ٱلذُّكۡرَانَ مِنَ ٱلۡعَٰلَمِينَ ١٦٥

165. Оё ба қасди қазои шаҳват аз миёни аҳли олам ба сӯи мардон меравед?

وَتَذَرُونَ مَا خَلَقَ لَكُمۡ رَبُّكُم مِّنۡ أَزۡوَٰجِكُمۚ بَلۡ أَنتُمۡ قَوۡمٌ عَادُونَ ١٦٦

166. Вале ҳамсаронеро, ки Парвардигоратон барои шумо ҳалолу покиза офаридааст, тарк мекунед? Балки, шумо мардуми таҷовузкор ҳастед!»

قَالُواْ لَئِن لَّمۡ تَنتَهِ يَٰلُوطُ لَتَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡمُخۡرَجِينَ ١٦٧

167. Қавми Лут гуфтанд: «Эй Лут, агар бас накунӣ, ҳатман, аз шаҳр берунат мекунем».

قَالَ إِنِّي لِعَمَلِكُم مِّنَ ٱلۡقَالِينَ ١٦٨

168. Лут барояшон гуфт: «Ба дурустӣ, ки ман душмани ашадии амали шумо ҳастам.»

رَبِّ نَجِّنِي وَأَهۡلِي مِمَّا يَعۡمَلُونَ ١٦٩

169. Баъд аз он Лут дуо карда гуфт: Эй Парвардигори ман, маро ва аҳламро аз оқибати амале, ки мекунанд, наҷот бидеҳ!»

فَنَجَّيۡنَٰهُ وَأَهۡلَهُۥٓ أَجۡمَعِينَ ١٧٠

170. Пас, ӯ ва ҳамаи аҳлашро наҷот додем,

إِلَّا عَجُوزࣰا فِي ٱلۡغَٰبِرِينَ ١٧١

171. ғайри пиразане, ки хост бимонад.(1)
1. Ва ӯ ҳамсари Лут буд, ки имон наёварда буд.

ثُمَّ دَمَّرۡنَا ٱلۡأٓخَرِينَ ١٧٢

172.  Сипас дигаронро, ки аз аҳли куффор буданд ба сахттарин азоб ҳалок кардем.

وَأَمۡطَرۡنَا عَلَيۡهِم مَّطَرࣰاۖ فَسَآءَ مَطَرُ ٱلۡمُنذَرِينَ ١٧٣

173.  Бар онҳо бороне аз санг боронидем ва чӣ бад буд борони бимдодашудагон!

إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةࣰۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ ١٧٤

174.  Ҳароина, дар ин азоби фурудомада бар қави Лут ибратест ва аксари онҳо имон наёварданд.

وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ ١٧٥

175.  Ва ҳароина, Парвардигори ту пирӯзманд аст бар кофирон ва меҳрубон аст ба мӯьминон!

كَذَّبَ أَصۡحَٰبُ لۡـَٔيۡكَةِ ٱلۡمُرۡسَلِينَ ١٧٦

176.  Мардуми Айка(1) (қавми Шуъайб) паёмбарони Аллоҳро дурӯғгӯ бароварданд.
1. Соҳибони боғҳои сердарахт ва онҳо аҳолии Мадян буданд.

إِذۡ قَالَ لَهُمۡ شُعَيۡبٌ أَلَا تَتَّقُونَ ١٧٧

177.  Он гоҳ ки Шуъайб ба онҳо гуфт: «Оё бар ширк ва маъсият оварданатон аз иқоби Аллоҳ наметарсед?

إِنِّي لَكُمۡ رَسُولٌ أَمِينࣱ ١٧٨

178.  Ҳароина, ман барои ҳидояти шумо паёмбари амин ҳастам.

فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ ١٧٩

179.  Аз Аллоҳ битарсед ва ба он чи ки ман шуморо даъват менамоям, маро итоат кунед!

وَمَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ١٨٠

180.  Ман аз шумо барои таблиғи рисолати Аллоҳ музде наметалабам. Музди
ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст.

۞ أَوۡفُواْ ٱلۡكَيۡلَ وَلَا تَكُونُواْ مِنَ ٱلۡمُخۡسِرِينَ ١٨١

181. Шуъайб барояшон гуфт: Паймонаро тамом бипардозед ва аз зумраи зиёндиҳандагон мабошед.

وَزِنُواْ بِٱلۡقِسۡطَاسِ ٱلۡمُسۡتَقِيمِ ١٨٢

182. Ва бо тарозуи дуруст вазн кунед.

وَلَا تَبۡخَسُواْ ٱلنَّاسَ أَشۡيَآءَهُمۡ وَلَا تَعۡثَوۡاْ فِي ٱلۡأَرۡضِ مُفۡسِدِينَ ١٨٣

183. Ба мардум ашёашонро кам мадиҳед ва дар замин ба фасод макӯшед.

وَٱتَّقُواْ ٱلَّذِي خَلَقَكُمۡ وَٱلۡجِبِلَّةَ ٱلۡأَوَّلِينَ ١٨٤

184. Аз он Кас, ки шумо ва халоиқи пеш аз шуморо офаридааст, битарсед».

قَالُوٓاْ إِنَّمَآ أَنتَ مِنَ ٱلۡمُسَحَّرِينَ ١٨٥

185.Гуфтанд: Эй Шуъайб ҷуз ин нест, ки туро ҷоду кардаанд.

وَمَآ أَنتَ إِلَّا بَشَرࣱ مِّثۡلُنَا وَإِن نَّظُنُّكَ لَمِنَ ٱلۡكَٰذِبِينَ ١٨٦

186. Ту низ инсоне монанди мо ҳастӣ ва мепиндорем, ки ҳамоно ту дурӯғ мегӯӣ.

فَأَسۡقِطۡ عَلَيۡنَا كِسَفࣰا مِّنَ ٱلسَّمَآءِ إِن كُنتَ مِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ ١٨٧

187. Агар рост мегӯӣ, пас Аллоҳатро дуъо кун, ки пораи азобе аз осмон бар сари мо афтад, то нобуд созад моро.

قَالَ رَبِّيٓ أَعۡلَمُ بِمَا تَعۡمَلُونَ ١٨٨

188. Шуъайб гуфт: «Парвардигори ман ба ҳар коре, ки мекунед, донотар аст».

فَكَذَّبُوهُ فَأَخَذَهُمۡ عَذَابُ يَوۡمِ ٱلظُّلَّةِۚ إِنَّهُۥ كَانَ عَذَابَ يَوۡمٍ عَظِيمٍ ١٨٩

189. Пас ӯро дурӯғгӯ бароварданд ва бар куфрашон давомат карданд ва гармии сахт онҳоро фаро гирифт ва зери сояи абр қарор гирифтанд ва дар он рӯзи абрнок азоб ононро фурӯ гирифт. Ҳамоно он, азоби рӯзи бузург буд!(1)
1. Тафсири Бағавӣ 6\128

إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةࣰۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ ١٩٠

190. Албатта, дар ин азобе, ки бар онҳо фуруд омад ибратест ва аксари онҳо имон наёварданд.

وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ ١٩١

191. Албатта, Парвардигори ту пирӯзманд аст бар душманонаш ва меҳрубон аст, ба бандагони яктопарасташ.

وَإِنَّهُۥ لَتَنزِيلُ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ١٩٢

192. Ва ҳароина, ин китоб нозилшуда аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст.

نَزَلَ بِهِ ٱلرُّوحُ ٱلۡأَمِينُ ١٩٣

193. Онро Рӯҳуламин(1) нозил кардааст.
1. Ҷибраил алайҳиссалом аст; фариштаи гиромиқадр ва бузургест, ки ваҳйи Аллоҳро ба паёмбарон мерасонад.

عَلَىٰ قَلۡبِكَ لِتَكُونَ مِنَ ٱلۡمُنذِرِينَ ١٩٤

194. Бар дили ту эй Муҳаммад, то аз бимдиҳандагон бошӣ ва ба василаи он мардумро ҳидоят намоӣ,

بِلِسَانٍ عَرَبِيࣲّ مُّبِينࣲ ١٩٥

195. ба забони арабии равшан, ки беҳтарини забонҳост.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\597

وَإِنَّهُۥ لَفِي زُبُرِ ٱلۡأَوَّلِينَ ١٩٦

196. Ва ҳароина, зикри Қуръон дар китобҳои паёмбарони пешиниён низ ҳаст.

أَوَلَمۡ يَكُن لَّهُمۡ ءَايَةً أَن يَعۡلَمَهُۥ عُلَمَٰٓؤُاْ بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ ١٩٧

197. Оё ин нишона бар онҳо басанда нест, ки ту эй Муҳаммад паёмбари барҳаққӣ, ҳол он ки уламои банӣ Исроил аз он огоҳанд?(1)
1. Тафсири Бағавӣ 6\129

وَلَوۡ نَزَّلۡنَٰهُ عَلَىٰ بَعۡضِ ٱلۡأَعۡجَمِينَ ١٩٨

198. Ва агар он Қуръонро бар яке аз аҷамиён (ғайри арабҳо) нозил карда будем

فَقَرَأَهُۥ عَلَيۡهِم مَّا كَانُواْ بِهِۦ مُؤۡمِنِينَ ١٩٩

199. ва барояшон онро мехонд, ба он имон намеоварданд.

كَذَٰلِكَ سَلَكۡنَٰهُ فِي قُلُوبِ ٱلۡمُجۡرِمِينَ ٢٠٠

200. Ба ин сон инкор кардани Қуръонро дар дилҳои гунаҳгрон роҳ додем.

لَا يُؤۡمِنُونَ بِهِۦ حَتَّىٰ يَرَوُاْ ٱلۡعَذَابَ ٱلۡأَلِيمَ ٢٠١

201. Ба хотири зулмашон ба он имон намеоваранд, то азоби дарднокро бо чашми худ бингаранд.

فَيَأۡتِيَهُم بَغۡتَةࣰ وَهُمۡ لَا يَشۡعُرُونَ ٢٠٢

202. Ва дар дунё он азоб ногаҳон ва бехабар бар онон фуруд меояд.

فَيَقُولُواْ هَلۡ نَحۡنُ مُنظَرُونَ ٢٠٣

203. Пас, азобро мушоҳида карда мегӯянд: «Оё ба мо мӯҳлате дода хоҳад шуд?»(1)
1. То аз шарик овардан ба Аллоҳ тавба кунем. Тафсири Ибни Касир 6\ 164

أَفَبِعَذَابِنَا يَسۡتَعۡجِلُونَ ٢٠٤

204. Оё онҳоро мӯҳлат додани Ман мағрур кардааст, ки барои фуруд омадани азоби Мо мешитобанд?

أَفَرَءَيۡتَ إِن مَّتَّعۡنَٰهُمۡ سِنِينَ ٢٠٥

205. Магар намедонӣ, ки солҳо баҳрамандашон созем,

ثُمَّ جَآءَهُم مَّا كَانُواْ يُوعَدُونَ ٢٠٦

206. сипас азобе, ки ба онҳо ваъда дода мешавад, бар сари онҳо биёяд.

مَآ أَغۡنَىٰ عَنۡهُم مَّا كَانُواْ يُمَتَّعُونَ ٢٠٧

207. Вақте ки аз шарик оварданашон тавба накарданд он баҳрамандиҳояшон дар ҳаёти дунё фоидае барои онҳо нахоҳад дошт.(1)
1. Тафсири Табарӣ 19\402

وَمَآ أَهۡلَكۡنَا مِن قَرۡيَةٍ إِلَّا لَهَا مُنذِرُونَ ٢٠٨

208. Ва Мо аҳли ҳеҷ шаҳреро ҳалок накардаем, магар ки барояшон бимдиҳандагоне буданд,

ذِكۡرَىٰ وَمَا كُنَّا ظَٰلِمِينَ ٢٠٩

209. то пандашон диҳанд ва мардумро аз кори бад нигоҳ доранд. Ва Мо ситамкор набудем, ки онҳоро пеш аз бим додан нобуд созем.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\598

وَمَا تَنَزَّلَتۡ بِهِ ٱلشَّيَٰطِينُ ٢١٠

210. Ва ин Қуръонро шайтонҳо бар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам нозил накардаанд, чунон ки кофирон гумон мебаранд.

وَمَا يَنۢبَغِي لَهُمۡ وَمَا يَسۡتَطِيعُونَ ٢١١

211. Онон на лоиқи ин коранд ва на тавоноии он доранд.

إِنَّهُمۡ عَنِ ٱلسَّمۡعِ لَمَعۡزُولُونَ ٢١٢

212. Ҳароина, шайтонҳоро аз шунидани ваҳй дур доштаанд.

فَلَا تَدۡعُ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَ فَتَكُونَ مِنَ ٱلۡمُعَذَّبِينَ ٢١٣

213.Пас, ба Аллоҳи якто маъбуди дигареро махон, то мабодо дар шумори азобшавандагон дароӣ.

وَأَنذِرۡ عَشِيرَتَكَ ٱلۡأَقۡرَبِينَ ٢١٤

214. Эй Паёмбар, хешовандони наздикатро битарсон, то ба сабаби куфрашон азоб бар онҳо фуруд наояд.(1)
1. Тафсири Табарӣ 19\404

وَٱخۡفِضۡ جَنَاحَكَ لِمَنِ ٱتَّبَعَكَ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ٢١٥

215. Дар баробари ҳар як аз
мӯъминон, ки аз ту пайравӣ мекунад, хоксор бош.

فَإِنۡ عَصَوۡكَ فَقُلۡ إِنِّي بَرِيٓءࣱ مِّمَّا تَعۡمَلُونَ ٢١٦

216. Ва агар бар ту нофармонӣ карданд, бигӯ: «Ҳароина, ман аз корҳои ширки шумо безорам!»

وَتَوَكَّلۡ عَلَى ٱلۡعَزِيزِ ٱلرَّحِيمِ ٢١٧

217. Ва бар Аллоҳи пирӯзманду меҳрубон таваккал кун.

ٱلَّذِي يَرَىٰكَ حِينَ تَقُومُ ٢١٨

218. Ҳамоно касе, ки туро ба ҳангоме ки барои ибодат дар торикии шаб бармехезӣ мебинад,

وَتَقَلُّبَكَ فِي ٱلسَّٰجِدِينَ ٢١٩

219. ва нишастану бархостани туро(1) дар миёни саҷдакунандагон мебинад.
1. вақте ки ба рӯкуъ ва саҷда меравӣ.

إِنَّهُۥ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ ٢٢٠

220. Албатта, Ӯ шунаво аст ба тиловати ту ва доно аст, ба нияту амали ту!

هَلۡ أُنَبِّئُكُمۡ عَلَىٰ مَن تَنَزَّلُ ٱلشَّيَٰطِينُ ٢٢١

221. Оё шуморо огоҳ кунам, ки шайтонҳо ба назди киҳо меоянд?

تَنَزَّلُ عَلَىٰ كُلِّ أَفَّاكٍ أَثِيمࣲ ٢٢٢

222. Бар ҳар дурӯғгӯи гунаҳкор меоянд,

يُلۡقُونَ ٱلسَّمۡعَ وَأَكۡثَرُهُمۡ كَٰذِبُونَ ٢٢٣

223. ва шунидаҳои худро, ки аз осмон дуздиданд ба дуругӯён мепартоянд ва аксари онҳо дурӯғгӯёнанд.

وَٱلشُّعَرَآءُ يَتَّبِعُهُمُ ٱلۡغَاوُۥنَ ٢٢٤

224.  Ва шоирон касоне ҳастанд, ки гумроҳон аз паи онҳо мераванд.

أَلَمۡ تَرَ أَنَّهُمۡ فِي كُلِّ وَادࣲ يَهِيمُونَ ٢٢٥

225.  Оё гумроҳии онҳоро надидаӣ, ки шоирон дар ҳар водие (аз водиҳои шеър)(1) саргардонанд?
1. Яъне, баъзеҳоро таъна мезананд ва баъзе дигарро таъриф мекунанд ё номуси касеро олуда мекунанд...

وَأَنَّهُمۡ يَقُولُونَ مَا لَا يَفۡعَلُونَ ٢٢٦

226.  Ва сифати шоирон ин аст, ки чизҳое мегӯянд, ки худ амал намекунанд?

إِلَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ وَذَكَرُواْ ٱللَّهَ كَثِيرࣰا وَٱنتَصَرُواْ مِنۢ بَعۡدِ مَا ظُلِمُواْۗ وَسَيَعۡلَمُ ٱلَّذِينَ ظَلَمُوٓاْ أَيَّ مُنقَلَبࣲ يَنقَلِبُونَ ٢٢٧

227.  Магар он шоироне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд ва Аллоҳро бисёр ёд карданд ва дар васфи ягонагии Аллоҳ ва дифоъ аз паёмбари Аллоҳ шеърҳо гуфтанд, ки мардумро ба ёди Аллоҳ меандозад ва чун мавриди ситам воқеъ шуданд, бо василаи шеъри худ аз мушрикону кофирон интиқом гирифтанд. Ва ситамгорон ба зудӣ хоҳанд донист, ки ба чӣ маконе бозмегарданд.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\599

Other translations of this surah

Tafsir of this surah in Arabic Тоҷикӣ translation

Surahs

1 Al-Fatihah ФОТИҲА · 7 verses · Meccan Juz 1 · Revealed 5 الفاتحة 2 Al-Baqarah БАҚАРА · 286 verses · Medinan Juz 1 · Revealed 87 البقرة 3 Al-Imran ОЛИ ИМРОН · 200 verses · Medinan Juz 3 · Revealed 89 آل عمران 4 An-Nisa' НИСО · 176 verses · Medinan Juz 4 · Revealed 92 النساء 5 Al-Ma'idah МОИДА · 120 verses · Medinan Juz 6 · Revealed 112 المائدة 6 Al-An'am АНЪОМ · 165 verses · Meccan Juz 7 · Revealed 55 الأنعام 7 Al-A'raf АЪРОФ · 206 verses · Meccan Juz 8 · Revealed 39 الأعراف 8 Al-Anfal АНФОЛ · 75 verses · Medinan Juz 9 · Revealed 88 الأنفال 9 At-Taubah ТАВБА · 129 verses · Medinan Juz 10 · Revealed 113 التوبة 10 Yunus ЮНУС · 109 verses · Meccan Juz 11 · Revealed 51 يونس 11 Hood ҲУД · 123 verses · Meccan Juz 11 · Revealed 52 هود 12 Yusuf ЮСУФ · 111 verses · Meccan Juz 12 · Revealed 53 يوسف 13 Ar-Ra'd РАЪД · 43 verses · Medinan Juz 13 · Revealed 96 الرعد 14 Ibrahim ИБРОҲИМ · 52 verses · Meccan Juz 13 · Revealed 72 إبراهيم 15 Al-Hijr ҲИҶР · 99 verses · Meccan Juz 14 · Revealed 54 الحجر 16 An-Nahl НАҲЛ · 128 verses · Meccan Juz 14 · Revealed 70 النحل 17 Al-Isra ИСРО · 111 verses · Meccan Juz 15 · Revealed 50 الإسراء 18 Al-Kahf КАҲФ · 110 verses · Meccan Juz 15 · Revealed 69 الكهف 19 Maryam МАРЯМ · 98 verses · Meccan Juz 16 · Revealed 44 مريم 20 Ta­Ha ТОҲО · 135 verses · Meccan Juz 16 · Revealed 45 طه 21 Al-Anbiya' АНБИЁ · 112 verses · Meccan Juz 17 · Revealed 73 الأنبياء 22 Al-Hajj ҲАҶ · 78 verses · Medinan Juz 17 · Revealed 103 الحج 23 Al-Mu'minun МУЪМИНУН · 118 verses · Meccan Juz 18 · Revealed 74 المؤمنون 24 An-Nur НУР · 64 verses · Medinan Juz 18 · Revealed 102 النور 25 Al-Furqan ФУРҚОН · 77 verses · Meccan Juz 18 · Revealed 42 الفرقان 26 Ash-Shu'ara' ШУЪАРО · 227 verses · Meccan Juz 19 · Revealed 47 الشعراء 27 An-Naml НАМЛ · 93 verses · Meccan Juz 19 · Revealed 48 النمل 28 Al-Qasas ҚАСАС · 88 verses · Meccan Juz 20 · Revealed 49 القصص 29 Al-'Ankabut АНКАБУТ · 69 verses · Meccan Juz 20 · Revealed 85 العنكبوت 30 Ar­Room РУМ · 60 verses · Meccan Juz 21 · Revealed 84 الروم 31 Luqman ЛУҚМОН · 34 verses · Meccan Juz 21 · Revealed 57 لقمان 32 As­Sajdah САҶДА · 30 verses · Meccan Juz 21 · Revealed 75 السجدة 33 Al­Ahzab АҲЗОБ · 73 verses · Medinan Juz 21 · Revealed 90 الأحزاب 34 Saba' САБА · 54 verses · Meccan Juz 22 · Revealed 58 سبأ 35 Fatir ФОТИР · 45 verses · Meccan Juz 22 · Revealed 43 فاطر 36 Ya­Sin ЁСИН · 83 verses · Meccan Juz 22 · Revealed 41 يس 37 As-Saffat СОФФОТ · 182 verses · Meccan Juz 23 · Revealed 56 الصافات 38 Sad СОД · 88 verses · Meccan Juz 23 · Revealed 38 ص 39 Az-Zumar ЗУМАР · 75 verses · Meccan Juz 23 · Revealed 59 الزمر 40 Ghafir ҒОФИР · 85 verses · Meccan Juz 24 · Revealed 60 غافر 41 Fussilat ФУССИЛАТ · 54 verses · Meccan Juz 24 · Revealed 61 فصلت 42 Ash-Shura ШУРО · 53 verses · Meccan Juz 25 · Revealed 62 الشورى 43 Az-Zukhruf ЗУХРУФ · 89 verses · Meccan Juz 25 · Revealed 63 الزخرف 44 Ad-Dukhan ДУХОН · 59 verses · Meccan Juz 25 · Revealed 64 الدخان 45 Al-Jathiya ҶОСИЯ · 37 verses · Meccan Juz 25 · Revealed 65 الجاثية 46 Al-Ahqaf АҲҚОФ · 35 verses · Meccan Juz 26 · Revealed 66 الأحقاف 47 Muhammad МУҲАММАД · 38 verses · Medinan Juz 26 · Revealed 96 محمد 48 Al-Fath ФАТҲ · 29 verses · Medinan Juz 26 · Revealed 111 الفتح 49 Al-Hujurat ҲУҶУРОТ · 18 verses · Medinan Juz 26 · Revealed 106 الحجرات 50 Qaf ҚОФ · 45 verses · Meccan Juz 26 · Revealed 34 ق 51 Az-Zariyat ЗОРИЁТ · 60 verses · Meccan Juz 26 · Revealed 67 الذاريات 52 At-Tur ТУР · 49 verses · Meccan Juz 27 · Revealed 76 الطور 53 An-Najm НАҶМ · 62 verses · Meccan Juz 27 · Revealed 23 النجم 54 Al-Qamar ҚАМАР · 55 verses · Meccan Juz 27 · Revealed 37 القمر 55 Ar-Rahman РАҲМОН · 78 verses · Medinan Juz 27 · Revealed 97 الرحمن 56 Al-Waqi'ah ВОҚИА · 96 verses · Meccan Juz 27 · Revealed 46 الواقعة 57 Al-Hadid ҲАДИД · 29 verses · Medinan Juz 27 · Revealed 94 الحديد 58 Al-Mujadilah МУҶОДАЛА · 22 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 105 المجادلة 59 Al-Hashr ҲАШР · 24 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 101 الحشر 60 Al-Mumtahinah МУМТАҲИНА · 13 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 91 الممتحنة 61 As-Saff САФ · 14 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 109 الصف 62 Al-Jumu'ah ҶУМЪА · 11 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 110 الجمعة 63 Al-Munafiqun МУНОФИҚИН · 11 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 104 المنافقون 64 At-Taghabun ТАҒОБУН · 18 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 108 التغابن 65 At-Talaq ТАЛОҚ · 12 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 99 الطلاق 66 At-Tahrim ТАҲРИМ · 12 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 107 التحريم 67 Al-Mulk МУЛК · 30 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 77 الملك 68 Al-Qalam ҚАЛАМ · 52 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 2 القلم 69 Al-Haqqah ҲОҚҚА · 52 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 87 الحاقة 70 Al-Ma'arij МАЪОРИҶ · 44 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 79 المعارج 71 Nooh НУҲ · 28 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 71 نوح 72 Al-Jinn ҶИН · 28 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 40 الجن 73 Al-Muzzammil МУЗЗАММИЛ · 20 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 3 المزمل 74 Al-Muddaththir МУДДАССИР · 56 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 4 المدثر 75 Al-Qiyamah ҚИЁМАТ · 40 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 31 القيامة 76 Al-Insan ИНСОН · 31 verses · Medinan Juz 29 · Revealed 98 الإنسان 77 Al-Mursalat МУРСАЛОТ · 50 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 33 المرسلات 78 An-Naba' НАБА · 40 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 80 النبأ 79 An-Nazi'at НОЗИЪОТ · 46 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 81 النازعات 80 'Abasa АБАСА · 42 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 24 عبس 81 At-Takwir ТАКВИР · 29 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 7 التكوير 82 Al-Infitar ИНФИТОР · 19 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 82 الإنفطار 83 Al-Mutaffifin МУТАФФИФИН · 36 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 86 المطففين 84 Al-Inshiqaq ИНШИҚОҚ · 25 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 83 الإنشقاق 85 Al-Buruj БУРУҶ · 22 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 27 البروج 86 At-Tariq ТОРИҚ · 17 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 36 الطارق 87 Al-A'la АЪЛО · 19 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 8 الأعلى 88 Al-Ghashiyah ҒОШИЯ · 26 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 68 الغاشية 89 Al-Fajr ФАҶР · 30 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 10 الفجر 90 Al-Balad БАЛАД · 20 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 35 البلد 91 Ash-Shams ШАМС · 15 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 26 الشمس 92 Al-Lail ЛАЙЛ · 21 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 9 الليل 93 Ad-Duha ЗУҲО · 11 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 11 الضحى 94 Ash-Sharh ШАРҲ · 8 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 12 الشرح 95 At-Tin ТИН · 8 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 28 التين 96 Al-'Alaq АЛАҚ · 19 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 1 العلق 97 Al-Qadr ҚАДР · 5 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 25 القدر 98 Al-Baiyinah БАЙЙИНА · 8 verses · Medinan Juz 30 · Revealed 100 البينة 99 Az-Zalzalah ЗИЛЗИЛА · 8 verses · Medinan Juz 30 · Revealed 93 الزلزلة 100 Al-'Adiyat ЪОДИЁТ · 11 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 14 العاديات 101 Al-Qari'ah ҚОРИЪА · 11 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 30 القارعة 102 At-Takathur ТАКОСУР · 8 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 16 التكاثر 103 Al-'Asr АСР · 3 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 13 العصر 104 Al-Humazah ҲУМАЗА · 9 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 32 الهمزة 105 Al-Fil ФИЛ · 5 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 19 الفيل 106 Quraish ҚУРАЙШ · 4 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 29 قريش 107 Al-Ma'un МОЪУН · 7 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 17 الماعون 108 Al-Kauthar КАВСАР · 3 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 15 الكوثر 109 Al-Kafirun КОФИРУН · 6 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 18 الكافرون 110 An-Nasr НАСР · 3 verses · Medinan Juz 30 · Revealed 114 النصر 111 Al-Masad МАСАД · 5 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 6 المسد 112 Al-Ikhlas ИХЛОС · 4 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 22 الإخلاص 113 Al-Falaq ФАЛАҚ · 5 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 20 الفلق 114 An-Nas НОС · 6 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 21 الناس

Reading settings

View
Compare with

Pick up to two more translations to show under each verse.

Arabic size
100%
Translation size
100%
Line spacing
Theme

Verse

Arabic tafsir
Highlight

Highlights stay in this browser and are listed on the bookmarks page. /bookmarks