Surah Fussilat in Тоҷикӣ

ФУССИЛАТ · سورة فصلت

Meccan Verses: 54 Juz 24 Page 477 Revelation order: 61

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

حمٓ ١

1.       Ҳо, Мим. (Зикри ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гузашт.)

تَنزِيلࣱ مِّنَ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ ٢

2.       Ин Қуръон китобест, ки аз ҷониби он бахшояндаи меҳрубон бар паёмбараш Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил шудааст.

كِتَٰبࣱ فُصِّلَتۡ ءَايَٰتُهُۥ قُرۡءَانًا عَرَبِيࣰّا لِّقَوۡمࣲ يَعۡلَمُونَ ٣

3.       Китобест, ки оятҳояш бо тафсилу фаҳмо баён шуда, Қуръонест, ки ба забони арабӣ, осонфаҳм барои мардуме, ки забони арабиро медонанд

بَشِيرࣰا وَنَذِيرࣰا فَأَعۡرَضَ أَكۡثَرُهُمۡ فَهُمۡ لَا يَسۡمَعُونَ ٤

4.       Ҳам муждадиҳанда аст ин китоб мӯъминро ба подоши дунё ва охират ва ҳам бимдиҳанда кофирро ба азоби дунё ва охират. Бештарини мардум аз он рӯй гардонидаанд ва онҳо намешунаванд.
5. Шунидане, ки аз он қабул ва иҷобати он мужда ҳосил шавад. Тафсири Саъдӣ 1/744

وَقَالُواْ قُلُوبُنَا فِيٓ أَكِنَّةࣲ مِّمَّا تَدۡعُونَآ إِلَيۡهِ وَفِيٓ ءَاذَانِنَا وَقۡرࣱ وَمِنۢ بَيۡنِنَا وَبَيۡنِكَ حِجَابࣱ فَٱعۡمَلۡ إِنَّنَا عَٰمِلُونَ ٥

5.       Кофирон ба паёмбар Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфтанд:
Дилҳои мо аз он чӣ моро ба он даъват мекунӣ, дар парда аст ва гӯшҳоямон вазнин аст ва миёни мову ту (эй Муҳаммад) ҳиҷобест. Пас амал кун ту ба дини худ, албатта мо ҳам амалкунандаем ба дини ҳуд. (1)
1. Тафсири Бағавӣ 7/161

قُلۡ إِنَّمَآ أَنَا۠ بَشَرࣱ مِّثۡلُكُمۡ يُوحَىٰٓ إِلَيَّ أَنَّمَآ إِلَٰهُكُمۡ إِلَٰهࣱ وَٰحِدࣱ فَٱسۡتَقِيمُوٓاْ إِلَيۡهِ وَٱسۡتَغۡفِرُوهُۗ وَوَيۡلࣱ لِّلۡمُشۡرِكِينَ ٦

6.       Бигӯ (эй Паёмбар): «Ман инсоне ҳастам монанди шумо. Ба ман ваҳй шуда, ки маъбуди шумо, Аллоҳи яктост, ки лоиқи ибодат аст. Пас, ба Ӯ рӯй оваред ва аз
Ӯ омӯрзиш бихоҳед. Ва вой (азоб), бар мушрикон:

ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡتُونَ ٱلزَّكَوٰةَ وَهُم بِٱلۡأٓخِرَةِ هُمۡ كَٰفِرُونَ ٧

7.       Онҳое, ки ба ғайри Аллоҳ бутонеро парастиш карданд, ки фоида ва зараре нарасонанд ва нафсҳояшонро ба тавҳид ва ихлос пок накарданд ва намоз нахонданд ва закот надоданд ва ба охират (яъне ба баъс, ҷаннат ва дӯзах) имон надоранд.
Тафсири Саъдӣ 1/744

إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَهُمۡ أَجۡرٌ غَيۡرُ مَمۡنُونࣲ ٨

8.       Ҳамоно онон, ки ба Аллоҳу Расулаш ва Китобаш имон овардаанд ва корҳои шоиста карданд, барояшон подошест (мукофотест) тамомношуданй.

۞ قُلۡ أَئِنَّكُمۡ لَتَكۡفُرُونَ بِٱلَّذِي خَلَقَ ٱلۡأَرۡضَ فِي يَوۡمَيۡنِ وَتَجۡعَلُونَ لَهُۥٓ أَندَادࣰاۚ ذَٰلِكَ رَبُّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٩

9.Бигӯ эй Паёмбар ба он мушрикон: Оё ба Аллоҳе, ки заминро дар ду рӯз офаридааст, кофир мешавед ва барои Ӯ шарикҳо қарор медиҳед? Ӯст Парвардигори тамоми ҷаҳониён!

وَجَعَلَ فِيهَا رَوَٰسِيَ مِن فَوۡقِهَا وَبَٰرَكَ فِيهَا وَقَدَّرَ فِيهَآ أَقۡوَٰتَهَا فِيٓ أَرۡبَعَةِ أَيَّامࣲ سَوَآءࣰ لِّلسَّآئِلِينَ ١٠

10.Ӯ зотест, ки офарид дар болои замин кӯҳҳои устуворро ва баракат(1) ниҳод дар он ва муайян сохт дар рӯи замин ризқу рӯзӣ (аҳли онро) дар муддати чаҳор рӯз(2), ин тафсилот барои суолкунандагон аст.
1. Яъне, сарсабзу хуррам гардонид. 2. Яъне, ду рӯз заминро офарид ва ду рӯзи дигар дар он куҳҳоро офарид. Тафсири Саъдӣ 1/745

ثُمَّ ٱسۡتَوَىٰٓ إِلَى ٱلسَّمَآءِ وَهِيَ دُخَانࣱ فَقَالَ لَهَا وَلِلۡأَرۡضِ ٱئۡتِيَا طَوۡعًا أَوۡ كَرۡهࣰا قَالَتَآ أَتَيۡنَا طَآئِعِينَ ١١

11.Сипас Аллоҳи пок ба осмон мутаваҷҷиҳ
шуд ва он дудмонанд буд. Пас, ба осмону замин гуфт: «Хоҳ ё нохоҳ биёед(1)». Гуфтанд: «Фармонбардор омадем»(2).
1. Яъне, таслими ҳукми Ман шавед Тафсири Саъдӣ 1/745 2- Яъне, нашояд иродаи мо мухолифи иродаи Ту бошад.

فَقَضَىٰهُنَّ سَبۡعَ سَمَٰوَاتࣲ فِي يَوۡمَيۡنِ وَأَوۡحَىٰ فِي كُلِّ سَمَآءٍ أَمۡرَهَاۚ وَزَيَّنَّا ٱلسَّمَآءَ ٱلدُّنۡيَا بِمَصَٰبِيحَ وَحِفۡظࣰاۚ ذَٰلِكَ تَقۡدِيرُ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡعَلِيمِ ١٢

12.Он гоҳ ҳафт осмонро дар ду рӯз офарид. Ва ба ҳар осмоне фармони лозимаашро ваҳй кард(1). Ва осмони дунёро ба чароғҳое (ситорагоне) биёростем ва ҳифзаш кардем(2). Ин аст тадбири (Аллоҳи) ғолибу доно.
1- Яъне, ба ҳамин тариқ осмонҳову заминҳоро дар шаш рӯз халқ кард. Ва ҳикмати офариниши онҳоро худаш медонад, ҳол он, ки қодир буд дар як лаҳзае онҳоро биофарад. 2. Яъне, аз шайтонҳо, ки хабари осмонро надузданд. Тафсири Бағавӣ 7/166

فَإِنۡ أَعۡرَضُواْ فَقُلۡ أَنذَرۡتُكُمۡ صَٰعِقَةࣰ مِّثۡلَ صَٰعِقَةِ عَادࣲ وَثَمُودَ ١٣

13.   Пас, агар рӯй гардонанд он мушрикон, баъд аз он, ки сифатҳои Қуръони накӯ ва сифатҳои Аллоҳи бузург ба онҳо баён шуд. Пас бигӯ ба онҳо: Шуморо аз раъду барқе метарсонам, монанди раъду барқе, ки бар Оду Самуд (ҳангоми кофир шуданашон) фурӯд омад.

إِذۡ جَآءَتۡهُمُ ٱلرُّسُلُ مِنۢ بَيۡنِ أَيۡدِيهِمۡ وَمِنۡ خَلۡفِهِمۡ أَلَّا تَعۡبُدُوٓاْ إِلَّا ٱللَّهَۖ قَالُواْ لَوۡ شَآءَ رَبُّنَا لَأَنزَلَ مَلَٰٓئِكَةࣰ فَإِنَّا بِمَآ أُرۡسِلۡتُم بِهِۦ كَٰفِرُونَ ١٤

14.   Он гоҳ ки расулон аз пешу паси онҳо (пай дар пай) наздашон омаданд ва гуфтанд, ки ҷуз Аллоҳи барҳақро мапарастед, (ба паёмбаронашон) гуфтанд: «Агар Парвардигори мо мехост, ки Ӯро ягона ибодат кунем ҳароина, фариштагонеро ба сифати паёмбарон аз осмон нозил мекард. Пас мо ба он чӣ шумо ба он фиристода шудаед, аз имон овардан ба Аллоҳи ягона бовар надорем.(1)
1. Тафсири Табарӣ 21/443

فَأَمَّا عَادࣱ فَٱسۡتَكۡبَرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ بِغَيۡرِ ٱلۡحَقِّ وَقَالُواْ مَنۡ أَشَدُّ مِنَّا قُوَّةًۖ أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ أَنَّ ٱللَّهَ ٱلَّذِي خَلَقَهُمۡ هُوَ أَشَدُّ مِنۡهُمۡ قُوَّةࣰۖ وَكَانُواْ بِـَٔايَٰتِنَا يَجۡحَدُونَ ١٥

15.   Пас аммо Од (қавми Ҳуд) ба ноҳаққӣ дар рӯи замин гарданкашӣ карданд ва (мағрурона) гуфтанд: «Чӣ касе аз мо нерӯмандтар аст?» Оё намедиданд,
ки албатта, Аллоҳе, ки онҳоро офаридааст, аз онҳо нерӯмандтар аст ва оёту ҳуҷҷатҳои Моро инкор мекарданд?

فَأَرۡسَلۡنَا عَلَيۡهِمۡ رِيحࣰا صَرۡصَرࣰا فِيٓ أَيَّامࣲ نَّحِسَاتࣲ لِّنُذِيقَهُمۡ عَذَابَ ٱلۡخِزۡيِ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۖ وَلَعَذَابُ ٱلۡأٓخِرَةِ أَخۡزَىٰۖ وَهُمۡ لَا يُنصَرُونَ ١٦

16.   Пас Мо низ боди сахти хунуки овоздор дар рӯзҳое шум бар сарашон фиристодем, то дар дунё азоби хориро ба онҳо бичашонем. Ва албатта, азоби охират хоркунандатар аст ва ҳеҷ касе барои манъ кардани азоб ба ёриашон барнахезад!
1. Тафсири Бағавӣ 7/169

وَأَمَّا ثَمُودُ فَهَدَيۡنَٰهُمۡ فَٱسۡتَحَبُّواْ ٱلۡعَمَىٰ عَلَى ٱلۡهُدَىٰ فَأَخَذَتۡهُمۡ صَٰعِقَةُ ٱلۡعَذَابِ ٱلۡهُونِ بِمَا كَانُواْ يَكۡسِبُونَ ١٧

17.   Ва аммо Самуд (қавми Солеҳ)-ро, пас ҳамоно роҳи ҳақ ва рушдро барояшон баён кардем. Пас онҳо кӯриро бар ҳидоят ихтиёр карданд, пас ба хотири гуноҳҳое(1), ки мекарданд, оташаки азоби хоркунанда онҳоро фурӯ гирифт.
1. Ба Аллоҳ куфр меоварданд ва паёмбаронро дурӯғ мебароварданд.

وَنَجَّيۡنَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَكَانُواْ يَتَّقُونَ ١٨

18.   Ва Мо касонеро, ки имон оварда буданд ва парҳезгор буданд, аз азобе, ки Оду Самудро фаро гирифт, наҷот додем.

وَيَوۡمَ يُحۡشَرُ أَعۡدَآءُ ٱللَّهِ إِلَى ٱلنَّارِ فَهُمۡ يُوزَعُونَ ١٩

19.   Ва рӯзе, ки барангехта шаванд душманони Аллоҳ, пас онҳоро ронанд фариштаҳои азобкунанда ба сӯи дӯзах.

حَتَّىٰٓ إِذَا مَا جَآءُوهَا شَهِدَ عَلَيۡهِمۡ سَمۡعُهُمۡ وَأَبۡصَٰرُهُمۡ وَجُلُودُهُم بِمَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ ٢٠

20.   Чун ба канори оташ оянд, аз иқрори гуноҳҳои худ саркашӣ кунанд, ин ҳангом гӯшу чашмҳо ва пӯстҳояшон ба аъмоле, ки дар дунё кардаанд, бар зиддашон шаҳодат диҳанд.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1/747

وَقَالُواْ لِجُلُودِهِمۡ لِمَ شَهِدتُّمۡ عَلَيۡنَاۖ قَالُوٓاْ أَنطَقَنَا ٱللَّهُ ٱلَّذِيٓ أَنطَقَ كُلَّ شَيۡءࣲۚ وَهُوَ خَلَقَكُمۡ أَوَّلَ مَرَّةࣲ وَإِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ ٢١

21.   Ва он душманони Аллоҳ ба пӯстҳои худ гӯянд: «Чаро бар зидди мо шаҳодат додед?». Гӯянд пӯстҳояшон: «Он Аллоҳе, ки ҳар чизеро ба сухан меоварад ва шуморо нахустин бор биёфарид ва ҳеҷ чиз набудед ва баъд аз марг барои ҳисобу китоб ба сӯй У бозгашт мекунед, моро ба сухан овардааст».

وَمَا كُنتُمۡ تَسۡتَتِرُونَ أَن يَشۡهَدَ عَلَيۡكُمۡ سَمۡعُكُمۡ وَلَآ أَبۡصَٰرُكُمۡ وَلَا جُلُودُكُمۡ وَلَٰكِن ظَنَنتُمۡ أَنَّ ٱللَّهَ لَا يَعۡلَمُ كَثِيرࣰا مِّمَّا تَعۡمَلُونَ ٢٢

22.   Ва аз ин ки гӯшу чашмҳо ва пӯстҳоятон ба зиёни шумо шаҳодат медиҳанд, ҳангоме ки гуноҳ мекардед чизеро пинҳон намедоштед валекин мепиндоштед, ки Аллоҳ бар бисёре аз корҳои гуноҳеро, ки мекунед, огоҳ нест.

وَذَٰلِكُمۡ ظَنُّكُمُ ٱلَّذِي ظَنَنتُم بِرَبِّكُمۡ أَرۡدَىٰكُمۡ فَأَصۡبَحۡتُم مِّنَ ٱلۡخَٰسِرِينَ ٢٣

23.   Ва ин бадгумоние(1), ки дар ҳаққи Парвардигоратон доштед, ҳалокатон кард ва (дӯзахӣ шуда) дар шумори зиёнкардагон гардидед.
1. Гумонатон ба ин ки Аллоҳ бисёре аз амалҳоятонро намедонад, пас ба ҳамин сабаб ба гуноҳ шитоб кардед ва ҳамин амр шуморо ҳалок гардонид. Тафсири Табарӣ 21/456

فَإِن يَصۡبِرُواْ فَٱلنَّارُ مَثۡوࣰى لَّهُمۡۖ وَإِن يَسۡتَعۡتِبُواْ فَمَا هُم مِّنَ ٱلۡمُعۡتَبِينَ ٢٤

24.   Пас, агар сабр кунанд ва бар азоб ҳам тобу тоқат варзанд, пас ҷойгоҳашон дар оташ аст ва агар ҳам толиби афв шаванд(1), касе онҳоро афв накунад.
1. Яъне, ин, ки ду бора ба дунё оянд ва амали шоиста кунанд, пас қабул карда нашавад ин талабашон. Тафсири Саъдӣ 1/747

۞ وَقَيَّضۡنَا لَهُمۡ قُرَنَآءَ فَزَيَّنُواْ لَهُم مَّا بَيۡنَ أَيۡدِيهِمۡ وَمَا خَلۡفَهُمۡ وَحَقَّ عَلَيۡهِمُ ٱلۡقَوۡلُ فِيٓ أُمَمࣲ قَدۡ خَلَتۡ مِن قَبۡلِهِم مِّنَ ٱلۡجِنِّ وَٱلۡإِنسِۖ إِنَّهُمۡ كَانُواْ خَٰسِرِينَ ٢٥

25. Ва барои он мушрикон
ҳамнишинҳои бад муқаррар кардем аз шаётини инс ва ҷин, пас барои онҳо аъмоли зишташонро дар дунё дар назарашон биёростанд ва низ барояшон ояндаашонро оростанд(1). Ва бар онҳо низ ҳамонанди пешиниёнашон аз ҷинну инс азоб муқаррар шуд. Ҳамоно онҳо ба сабаби амалҳои бади хеш зиёнкор буданд дар дунё ва низ зиён карданд рӯзи қиёмат. (2)
1. Яъне, он чӣ ваъда мешавад дар охират аз қиёмат, ҳисоб, ҷаннат ва дузах ва ғайра дар назарашон дур ё, ки воқеъ нашаванда нишон доданд. 2- Тафсири Саъдӣ 1/747

وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لَا تَسۡمَعُواْ لِهَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانِ وَٱلۡغَوۡاْ فِيهِ لَعَلَّكُمۡ تَغۡلِبُونَ ٢٦

26. Ва гуфтанд кофирон ба якдигар: «Ба ин Қуръон гӯш мадиҳед ва амрҳои онро итоъат накунед ва сухани беҳуда гӯед дар вақти Қуръон хондани Муҳаммад, шояд, ки ба ин роҳ пирӯз шавед бар Муҳаммад ва аз хондани Қуръон бозистад!»(1)
1. Тафсири Табарӣ 21/460

فَلَنُذِيقَنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ عَذَابࣰا شَدِيدࣰا وَلَنَجۡزِيَنَّهُمۡ أَسۡوَأَ ٱلَّذِي كَانُواْ يَعۡمَلُونَ ٢٧

27. Пас ҳароина, кофиронро азоби сахт мечашонем дар дунёву охират ва ҳамоно сазо медиҳем онҳоро дар охират мувофиқи бадтарин куфру исёне, ки дар дунё мекарданд.

ذَٰلِكَ جَزَآءُ أَعۡدَآءِ ٱللَّهِ ٱلنَّارُۖ لَهُمۡ فِيهَا دَارُ ٱلۡخُلۡدِ جَزَآءَۢ بِمَا كَانُواْ بِـَٔايَٰتِنَا يَجۡحَدُونَ ٢٨

28. Ин аст ҷазои душманони Аллоҳ, оташ. Дар даруни он хонаи ҳамешагӣ доранд. Ин ҷазои онҳост, зеро оёти Моро дар дунё инкор мекарданд.(1)
1. Ин оят далолат мекунад ба бузургии гуноҳи шахсе, ки одамонро аз Қуръон ва ҳидоят ба ҳар роҳе боз дорад.

وَقَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ رَبَّنَآ أَرِنَا ٱلَّذَيۡنِ أَضَلَّانَا مِنَ ٱلۡجِنِّ وَٱلۡإِنسِ نَجۡعَلۡهُمَا تَحۡتَ أَقۡدَامِنَا لِيَكُونَا مِنَ ٱلۡأَسۡفَلِينَ ٢٩

29. Ва кофирон дар дӯзах гӯянд: «Эй Парвардигори мо, он ду танро аз ҷину инс, ки моро гумроҳ карданд, ба мо нишон деҳ, то, ки онҳоро зери пой кунем, то ки бошанд аз зертарини қаъри дӯзах!»

إِنَّ ٱلَّذِينَ قَالُواْ رَبُّنَا ٱللَّهُ ثُمَّ ٱسۡتَقَٰمُواْ تَتَنَزَّلُ عَلَيۡهِمُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ أَلَّا تَخَافُواْ وَلَا تَحۡزَنُواْ وَأَبۡشِرُواْ بِٱلۡجَنَّةِ ٱلَّتِي كُنتُمۡ تُوعَدُونَ ٣٠

30.Ҳамоно онҳое, ки гуфтанд: «Парвардигори мо Аллоҳ аст» баъд аз он дар шариъати У пойдорӣ варзиданд, дар вақти марг фариштагон фуруд меоянд ва мегӯянд: Матарсед аз марг ва ғамгин мабошед бар гузашта, шуморо мужда аст ба биҳиште, ки ба шумо ваъда дода мешуд.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 7/173

نَحۡنُ أَوۡلِيَآؤُكُمۡ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا وَفِي ٱلۡأٓخِرَةِۖ وَلَكُمۡ فِيهَا مَا تَشۡتَهِيٓ أَنفُسُكُمۡ وَلَكُمۡ فِيهَا مَا تَدَّعُونَ ٣١

31.Фариштагон ба онҳо мегӯянд: Мо ба амри Аллоҳ дар дунё дӯстон ва муҳофизи шумо будем ва низ дар охират дӯстони шумоем. Ва дар биҳишт ҳар чӣ дилатон бихоҳад ва ҳар чӣ талаб кунед, бароятон фароҳам аст(1).
1. Тафсири Бағавӣ 7/173

نُزُلࣰا مِّنۡ غَفُورࣲ رَّحِيمࣲ ٣٢

32.Меҳмоннавозист аз ҷониби Аллоҳи омӯрзандаи меҳрубон.

وَمَنۡ أَحۡسَنُ قَوۡلࣰا مِّمَّن دَعَآ إِلَى ٱللَّهِ وَعَمِلَ صَٰلِحࣰا وَقَالَ إِنَّنِي مِنَ ٱلۡمُسۡلِمِينَ ٣٣

33.Ва кист некӯтар (ба эътибори сухан) аз сухани он, ки ба сӯи тавҳид ва ибодати Аллоҳи ягона даъват мекунад ва корҳои шоиста мекунад ва мегӯяд, албатта, ки ман аз мусалмононам?(1)
1. Ин оят баёнгари бузургии уламоест, ки аз рӯи басират ва мувофиқи суннат даъват мекунанд. Тафсири Саъдӣ 1/749

وَلَا تَسۡتَوِي ٱلۡحَسَنَةُ وَلَا ٱلسَّيِّئَةُۚ ٱدۡفَعۡ بِٱلَّتِي هِيَ أَحۡسَنُ فَإِذَا ٱلَّذِي بَيۡنَكَ وَبَيۡنَهُۥ عَدَٰوَةࣱ كَأَنَّهُۥ وَلِيٌّ حَمِيمࣱ ٣٤

34.   Ҳаргиз шахсони имондори нек хулқ ва шахсони кофири бад хулқ баробар нестанд. Бартараф кун, (яъне ҷавоб гардон ҳар гуна бадиро) ба муъомалаву хислати беҳтару некӯтар ва мебинй, ки ногоҳ касе, ки миёни ту ва ӯ душманист гӯё ӯ ба ту дӯсту хешованд аст.(1)
1. Тафсири Табарӣ 21/470

وَمَا يُلَقَّىٰهَآ إِلَّا ٱلَّذِينَ صَبَرُواْ وَمَا يُلَقَّىٰهَآ إِلَّا ذُو حَظٍّ عَظِيمࣲ ٣٥

35.    Ва бархурдор нашаванд аз ин хислати некӯ магар касоне, ки босабр бошанд ва касоне, ки соҳиби насиби бузурганд дар дунё ва охират.

وَإِمَّا يَنزَغَنَّكَ مِنَ ٱلشَّيۡطَٰنِ نَزۡغࣱ فَٱسۡتَعِذۡ بِٱللَّهِۖ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ ٣٦

36.   Ва чун аз ҷониби шайтон гирифтори васвасае гардӣ(1), пас ба Аллоҳ паноҳ бибар, ки албатта, Ӯ таъоло шунавову доност ба корҳои халқаш!
1. Барои анҷом додани бадиро бо бади. Тафсири Табарӣ 21/473

وَمِنۡ ءَايَٰتِهِ ٱلَّيۡلُ وَٱلنَّهَارُ وَٱلشَّمۡسُ وَٱلۡقَمَرُۚ لَا تَسۡجُدُواْ لِلشَّمۡسِ وَلَا لِلۡقَمَرِ وَٱسۡجُدُواْۤ لِلَّهِۤ ٱلَّذِي خَلَقَهُنَّ إِن كُنتُمۡ إِيَّاهُ تَعۡبُدُونَ ٣٧

37.   Ва аз нишонаҳои қудрат ва ягонагии Ӯ пайи ҳам омадани шабу рӯз ва офтобу моҳ аст. Ба офтобу моҳ саҷда макунед, ки онҳо махлуқанд. Ва ба Аллоҳи барҳақ, ки онҳоро офаридааст, саҷда кунед, агар хос Ӯро итоъат мекунед ва мепарастед!(1)
1. Тафсири Табарӣ 21/473

فَإِنِ ٱسۡتَكۡبَرُواْ فَٱلَّذِينَ عِندَ رَبِّكَ يُسَبِّحُونَ لَهُۥ بِٱلَّيۡلِ وَٱلنَّهَارِ وَهُمۡ لَا يَسۡـَٔمُونَ۩ ٣٨

38.      Пас агар он мушрикон аз саҷда кардани барои Аллоҳ такаббур меварзанд, пас ҳамоно фариштагоне, ки дар назди Парвардигори ту ҳастанд, такаббур намеварзанд, балки бехастагиву дилгиршавӣ, шабу рӯз тасбеҳи Ӯ мегӯянд.(1)
1. Ояти мазкур саҷдаи навбатист, ки бар хонандаву шунаванда як бор саҷда кардан воҷиб мешавад.

وَمِنۡ ءَايَٰتِهِۦٓ أَنَّكَ تَرَى ٱلۡأَرۡضَ خَٰشِعَةࣰ فَإِذَآ أَنزَلۡنَا عَلَيۡهَا ٱلۡمَآءَ ٱهۡتَزَّتۡ وَرَبَتۡۚ إِنَّ ٱلَّذِيٓ أَحۡيَاهَا لَمُحۡيِ ٱلۡمَوۡتَىٰٓۚ إِنَّهُۥ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءࣲ قَدِيرٌ ٣٩

39.      Ва аз аломоти ягонагӣ ва қудрати Ӯ он, ки ту заминро хушк мебинӣ. Пас чун об бар он бифиристем, ба ҷунбиш ояд ва гиёҳ бирӯёнад.
Он Зоте, ки заминро пас аз хушк шудан зинда мекунад, албатта, қодир аст, ки мурдагонро баъд аз маргашон зинда кунад.
Ва ҳароина, Ӯ бар ҳар чизе тавоност! Пас чунон ки аз зинда кардани замин оҷиз намемонад, инчунин аз зинда кардани мурдагон оҷиз намемонад.

إِنَّ ٱلَّذِينَ يُلۡحِدُونَ فِيٓ ءَايَٰتِنَا لَا يَخۡفَوۡنَ عَلَيۡنَآۗ أَفَمَن يُلۡقَىٰ فِي ٱلنَّارِ خَيۡرٌ أَم مَّن يَأۡتِيٓ ءَامِنࣰا يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۚ ٱعۡمَلُواْ مَا شِئۡتُمۡ إِنَّهُۥ بِمَا تَعۡمَلُونَ بَصِيرٌ ٤٠

40. Ҳамоно касоне, ки аз ҳақ дур мешаванд ва ба Қуръон кофир мешаванду онро дигаргун мекунанд, бар Мо пӯшида нестанд. Оё он мулҳиде(1), ки ба оташ афканда мешавад, беҳтар аст ё касе, ки биёяд эмин шуда дар рӯзи қиёмат? Ҳар чӣ мехоҳед эй мулҳидон бикунед, ҳароина, Ӯ ба кард ва кирдорҳоятон биност!(2)
1. Яъне, мункирон ё таҳриф кунандаҳои оятҳои Аллоҳ. Тафсири Саъдӣ 1/750 2. Яъне, мебинад амали шуморо ва тибқи он мукофот медиҳад ба шумо. Тафсири Саъдӣ 1/750

إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِٱلذِّكۡرِ لَمَّا جَآءَهُمۡۖ وَإِنَّهُۥ لَكِتَٰبٌ عَزِيزࣱ ٤١

41. Ҳамоно онҳое, ки ба Қуръон чун бар онҳо нозил шуд инкор карданд, кофир шуданд ва дар баробари куфри хеш, ҳалокшавандаву азоб кардашуда мебошанд. Ва ҳамоно ин Қуръон китоби арҷманду гиромиқадр аст
ва аз ҳар тағйиру табдил маҳфуз аст.

لَّا يَأۡتِيهِ ٱلۡبَٰطِلُ مِنۢ بَيۡنِ يَدَيۡهِ وَلَا مِنۡ خَلۡفِهِۦۖ تَنزِيلࣱ مِّنۡ حَكِيمٍ حَمِيدࣲ ٤٢

42. Ҳаргиз аз пешу паси ӯ ботил роҳ намеёбад. Нозилшуда аз ҷониби Аллоҳе, ки доност ба корҳои бандагонаш ва соҳиби ҳамду саност ба сифатҳои камол.

مَّا يُقَالُ لَكَ إِلَّا مَا قَدۡ قِيلَ لِلرُّسُلِ مِن قَبۡلِكَۚ إِنَّ رَبَّكَ لَذُو مَغۡفِرَةࣲ وَذُو عِقَابٍ أَلِيمࣲ ٤٣

43. Ҳар чӣ дар бораи ту (эй Паёмбар он мушрикон) мегӯянд, дар бораи паёмбарони пеш аз ту низ гуфтаанд. Пас сабр кун ва дар даъвати худ устувор бош! Албатта, Парвардигори ту ҳам омӯрзандаи тавбакунандагон аст ва ҳам соҳиби азоби дардовар аст кофиронро!(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1/750

وَلَوۡ جَعَلۡنَٰهُ قُرۡءَانًا أَعۡجَمِيࣰّا لَّقَالُواْ لَوۡلَا فُصِّلَتۡ ءَايَٰتُهُۥٓۖ ءَا۬عۡجَمِيࣱّ وَعَرَبِيࣱّۗ قُلۡ هُوَ لِلَّذِينَ ءَامَنُواْ هُدࣰى وَشِفَآءࣱۚ وَٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ فِيٓ ءَاذَانِهِمۡ وَقۡرࣱ وَهُوَ عَلَيۡهِمۡ عَمًىۚ أُوْلَٰٓئِكَ يُنَادَوۡنَ مِن مَّكَانِۭ بَعِيدࣲ ٤٤

44. Ва агар ин Қуръонро (эй паёмбар) ба забони Аҷам (ғайри араб) мефиристодем, ҳароина, мушрикон мегуфтанд: «Чаро оёташ ба равшанӣ баён нашудааст то, ки онро бифаҳмем? Китобе бо забони Аҷам ва паёмбаре араб?» Бигӯ ба онҳо эй паёмбар: «Ин Қуръон барои онҳое, ки имон оварданд ҳидоят аз гумроҳӣ ва шифо аз шаку шубҳа аст. Ва касоне, ки имон намеоранд ин Қуръон вазнинии гӯшҳояшон ва кӯрии чашмонашон аст, пас ҳидоят намеёбанд. Ҳоли он мушрикон ба мисли онҳоест, ки онҳоро аз ҷои дур нидо мекунанд. (1)
1. Тафсири Табарӣ 21/482

وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَا مُوسَى ٱلۡكِتَٰبَ فَٱخۡتُلِفَ فِيهِۚ وَلَوۡلَا كَلِمَةࣱ سَبَقَتۡ مِن رَّبِّكَ لَقُضِيَ بَيۡنَهُمۡۚ وَإِنَّهُمۡ لَفِي شَكࣲّ مِّنۡهُ مُرِيبࣲ ٤٥

45.      Ва ҳароина, ба Мӯсо китоби Таврот додем, ҳамчунон ки ба ту Қуръонро додем, пас дар он қавми ӯ ихтилоф карданд, баъзеяшон имон оварданд ва баъзеяшон кофир шуданд. Ва агар набуд он калимае(1), ки Парвардигорат пеш гуфта буд, ҳароина, миёнашон кор ба поён меомад. Ва албатта, ҳанӯз мушрикон дар шакку шубҳаи сахтанд аз Қуръон.
1. Яъне, таъхири азоб аз қавмат то рӯзи қиёмат, дар ҳол азоб карда мешуданд. Тафсири Саъдӣ 1/751

مَّنۡ عَمِلَ صَٰلِحࣰا فَلِنَفۡسِهِۦۖ وَمَنۡ أَسَآءَ فَعَلَيۡهَاۗ وَمَا رَبُّكَ بِظَلَّٰمࣲ لِّلۡعَبِيدِ ٤٦

46.      Ҳар кас, ки кори шоистае кунад ва итоъати Аллоҳу Расулаш кунад, ба фоидаи худи ӯст ва ҳар кӣ бад кунад ва нофармонии Аллоҳу Расулаш кунад, ба зиёни ӯст. Ва Парвардигори ту ба бандагон ситам раво намедорад.(1)
1. Яъне, дар додани сазову ҷазо. Тафсири Табарӣ 21\487

۞ إِلَيۡهِ يُرَدُّ عِلۡمُ ٱلسَّاعَةِۚ وَمَا تَخۡرُجُ مِن ثَمَرَٰتࣲ مِّنۡ أَكۡمَامِهَا وَمَا تَحۡمِلُ مِنۡ أُنثَىٰ وَلَا تَضَعُ إِلَّا بِعِلۡمِهِۦۚ وَيَوۡمَ يُنَادِيهِمۡ أَيۡنَ شُرَكَآءِي قَالُوٓاْ ءَاذَنَّٰكَ مَا مِنَّا مِن شَهِيدࣲ ٤٧

47.      Сӯӣ Аллоҳи ягона бармегардад илми вуқӯъи қиёмат (яъне, соати барпошавии қиёматро танҳо Аллоҳ медонад). Ва ҳеҷ мевае аз ғилофи хеш берун намеояд ва ҳеҷ модае ҳомила намешаваду намезояд, магар он ки Ӯ таъоло ба он огоҳ аст. Ва рӯзи қиёмат, ки Аллоҳ мушриконро нидо диҳад, ки шарикони Ман куҷоянд(1)? Гӯянд: «Огоҳат кардем, ки нест ҳеҷ касе аз мо хувоҳӣ диҳад, ки Ту бо худ шарике дорй ва имрӯз мо ҳама яктопараст ҳастем!
1. Яъне, онҳоеро, ки дар ибодати Ман шарик мекардед. Тафсири Табарӣ 21/488

وَضَلَّ عَنۡهُم مَّا كَانُواْ يَدۡعُونَ مِن قَبۡلُۖ وَظَنُّواْ مَا لَهُم مِّن مَّحِيصࣲ ٤٨

48.      Ва мушрикон он чиро пеш аз ғайри Аллоҳ мепарастиданд, аз даст доданд ва донистанд, ки аз азоби Аллоҳ роҳи гурезе надоранд.

لَّا يَسۡـَٔمُ ٱلۡإِنسَٰنُ مِن دُعَآءِ ٱلۡخَيۡرِ وَإِن مَّسَّهُ ٱلشَّرُّ فَيَـُٔوسࣱ قَنُوطࣱ ٤٩

49.      Дилгиру хаста намешавад инсон аз талаби хайр аз Парвардигораш, (яъне, аз талаби молу давлат, бахту саъодат). Ва агар бирасадаш сахтӣ (яъне камбағалӣ ва сахтӣ). Пас ӯ аз раҳмати Аллоҳ ноумед аст, ва бадандеш аст.(1)
1. Яъне, ба нисбати Парвардигораш.Тафсири Саъдӣ 1/752

وَلَئِنۡ أَذَقۡنَٰهُ رَحۡمَةࣰ مِّنَّا مِنۢ بَعۡدِ ضَرَّآءَ مَسَّتۡهُ لَيَقُولَنَّ هَٰذَا لِي وَمَآ أَظُنُّ ٱلسَّاعَةَ قَآئِمَةࣰ وَلَئِن رُّجِعۡتُ إِلَىٰ رَبِّيٓ إِنَّ لِي عِندَهُۥ لَلۡحُسۡنَىٰۚ فَلَنُنَبِّئَنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِمَا عَمِلُواْ وَلَنُذِيقَنَّهُم مِّنۡ عَذَابٍ غَلِيظࣲ ٥٠

50.      Агар пас аз ранҷе, ки ба инсон расида, раҳмате ба ӯ бичашонем, шукри Аллоҳ намекунад, балки гуноҳ карда мегӯяд: «Ин ҳаққи ман аст ва бовар надорам, ки қиёмат барпо шавад(1). Ва агар ҳам маро назди Парвардигорам баргардонанд, албатта назди Ӯ ҳолате хуштар (ҷаннате бароям) бошад». Пас, ҳатман, кофиронро рӯзи қиёмат ба аъмоле, ки кардаанд, огоҳ мекунем ва ба онҳо азоби сахте мечашонем.(2)
1. Яъне, ба рӯзи (баъс) аз нав зинда шудан бовар надорам. 2. Тафсири Табарӣ 21/491

وَإِذَآ أَنۡعَمۡنَا عَلَى ٱلۡإِنسَٰنِ أَعۡرَضَ وَنَـَٔا بِجَانِبِهِۦ وَإِذَا مَسَّهُ ٱلشَّرُّ فَذُو دُعَآءٍ عَرِيضࣲ ٥١

51.      Ва чун ба одамӣ неъмате (саломатӣ ё ризқу рузӣ) инъом кунем, рӯйгардон мешавад ва бо такаббур гардан боло мекунад. Ва агар ба ӯ балое бирасад, дар ҳол ба Парвардигораш дуъову илтиҷои бисёре кунад.(1)
1. Яъне, ӯ Парвардигорашро дар сахтиҳо мешиносад ва дар осониҳо намешиносад.

قُلۡ أَرَءَيۡتُمۡ إِن كَانَ مِنۡ عِندِ ٱللَّهِ ثُمَّ كَفَرۡتُم بِهِۦ مَنۡ أَضَلُّ مِمَّنۡ هُوَ فِي شِقَاقِۭ بَعِيدࣲ ٥٢

52.      Бигӯ эй Паёмбар ба мушрикон: «Хабар диҳед ба ман, агар ин Қуръон, аз ҷониби Аллоҳ бошад, сипас шумо онро дурӯғ бароварда боз кофир шавед, дар ин ҳол ҳеҷ кас -ба сабаби адоват ва ситезии шумо бо ҳақ- аз шумо гумроҳтар нест.

سَنُرِيهِمۡ ءَايَٰتِنَا فِي ٱلۡأٓفَاقِ وَفِيٓ أَنفُسِهِمۡ حَتَّىٰ يَتَبَيَّنَ لَهُمۡ أَنَّهُ ٱلۡحَقُّۗ أَوَلَمۡ يَكۡفِ بِرَبِّكَ أَنَّهُۥ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءࣲ شَهِيدٌ ٥٣

53.      Ба зудӣ, нишон хоҳем дод ба ин мункирон нишонаҳои қудрати худро аз футуҳот ва зоҳир шудани Ислом дар атрофи олам ва дар вуҷуди худашон, то барояшон возеҳу равшан шавад, ки ҳароина, Қуръоне, ки аз назди Парвардигори оламиён ваҳй шудааст, ҳақ аст. Оё кофӣ нест барои онҳо гувоҳии Парвардигори ту бар ин, ки Қуръон ҳақ аст ва касе, ки онро овардааст ростқавл аст. Пас ба дурустӣ, Ӯ таъоло шоҳидӣ додааст ба ҳақ барои ӯ. Ва Ӯ таъоло бар ҳама чиз шоҳид аст ва шаҳодати Ӯ таъоло аз ҳама шаҳодатҳо бузургтар аст.(1)
1.Тафсири Саъдӣ 1/752

أَلَآ إِنَّهُمۡ فِي مِرۡيَةࣲ مِّن لِّقَآءِ رَبِّهِمۡۗ أَلَآ إِنَّهُۥ بِكُلِّ شَيۡءࣲ مُّحِيطُۢ ٥٤

54.      Огоҳ бош, ки ҳароина, кофирон аз дидори Парвардигорашон ва аз ду бора зинда шудан дар шубҳаанд. Огоҳ бош, ки Ӯ ҳароина, (аз рӯи илм ва қудрат ва иззат) бар ҳар чизе иҳота дорад. Ҳеҷ чизе дар замину осмон аз Ӯ пинҳон нест.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1/752

Other translations of this surah

Tafsir of this surah in Arabic Тоҷикӣ translation

Surahs

1 Al-Fatihah ФОТИҲА · 7 verses · Meccan Juz 1 · Revealed 5 الفاتحة 2 Al-Baqarah БАҚАРА · 286 verses · Medinan Juz 1 · Revealed 87 البقرة 3 Al-Imran ОЛИ ИМРОН · 200 verses · Medinan Juz 3 · Revealed 89 آل عمران 4 An-Nisa' НИСО · 176 verses · Medinan Juz 4 · Revealed 92 النساء 5 Al-Ma'idah МОИДА · 120 verses · Medinan Juz 6 · Revealed 112 المائدة 6 Al-An'am АНЪОМ · 165 verses · Meccan Juz 7 · Revealed 55 الأنعام 7 Al-A'raf АЪРОФ · 206 verses · Meccan Juz 8 · Revealed 39 الأعراف 8 Al-Anfal АНФОЛ · 75 verses · Medinan Juz 9 · Revealed 88 الأنفال 9 At-Taubah ТАВБА · 129 verses · Medinan Juz 10 · Revealed 113 التوبة 10 Yunus ЮНУС · 109 verses · Meccan Juz 11 · Revealed 51 يونس 11 Hood ҲУД · 123 verses · Meccan Juz 11 · Revealed 52 هود 12 Yusuf ЮСУФ · 111 verses · Meccan Juz 12 · Revealed 53 يوسف 13 Ar-Ra'd РАЪД · 43 verses · Medinan Juz 13 · Revealed 96 الرعد 14 Ibrahim ИБРОҲИМ · 52 verses · Meccan Juz 13 · Revealed 72 إبراهيم 15 Al-Hijr ҲИҶР · 99 verses · Meccan Juz 14 · Revealed 54 الحجر 16 An-Nahl НАҲЛ · 128 verses · Meccan Juz 14 · Revealed 70 النحل 17 Al-Isra ИСРО · 111 verses · Meccan Juz 15 · Revealed 50 الإسراء 18 Al-Kahf КАҲФ · 110 verses · Meccan Juz 15 · Revealed 69 الكهف 19 Maryam МАРЯМ · 98 verses · Meccan Juz 16 · Revealed 44 مريم 20 Ta­Ha ТОҲО · 135 verses · Meccan Juz 16 · Revealed 45 طه 21 Al-Anbiya' АНБИЁ · 112 verses · Meccan Juz 17 · Revealed 73 الأنبياء 22 Al-Hajj ҲАҶ · 78 verses · Medinan Juz 17 · Revealed 103 الحج 23 Al-Mu'minun МУЪМИНУН · 118 verses · Meccan Juz 18 · Revealed 74 المؤمنون 24 An-Nur НУР · 64 verses · Medinan Juz 18 · Revealed 102 النور 25 Al-Furqan ФУРҚОН · 77 verses · Meccan Juz 18 · Revealed 42 الفرقان 26 Ash-Shu'ara' ШУЪАРО · 227 verses · Meccan Juz 19 · Revealed 47 الشعراء 27 An-Naml НАМЛ · 93 verses · Meccan Juz 19 · Revealed 48 النمل 28 Al-Qasas ҚАСАС · 88 verses · Meccan Juz 20 · Revealed 49 القصص 29 Al-'Ankabut АНКАБУТ · 69 verses · Meccan Juz 20 · Revealed 85 العنكبوت 30 Ar­Room РУМ · 60 verses · Meccan Juz 21 · Revealed 84 الروم 31 Luqman ЛУҚМОН · 34 verses · Meccan Juz 21 · Revealed 57 لقمان 32 As­Sajdah САҶДА · 30 verses · Meccan Juz 21 · Revealed 75 السجدة 33 Al­Ahzab АҲЗОБ · 73 verses · Medinan Juz 21 · Revealed 90 الأحزاب 34 Saba' САБА · 54 verses · Meccan Juz 22 · Revealed 58 سبأ 35 Fatir ФОТИР · 45 verses · Meccan Juz 22 · Revealed 43 فاطر 36 Ya­Sin ЁСИН · 83 verses · Meccan Juz 22 · Revealed 41 يس 37 As-Saffat СОФФОТ · 182 verses · Meccan Juz 23 · Revealed 56 الصافات 38 Sad СОД · 88 verses · Meccan Juz 23 · Revealed 38 ص 39 Az-Zumar ЗУМАР · 75 verses · Meccan Juz 23 · Revealed 59 الزمر 40 Ghafir ҒОФИР · 85 verses · Meccan Juz 24 · Revealed 60 غافر 41 Fussilat ФУССИЛАТ · 54 verses · Meccan Juz 24 · Revealed 61 فصلت 42 Ash-Shura ШУРО · 53 verses · Meccan Juz 25 · Revealed 62 الشورى 43 Az-Zukhruf ЗУХРУФ · 89 verses · Meccan Juz 25 · Revealed 63 الزخرف 44 Ad-Dukhan ДУХОН · 59 verses · Meccan Juz 25 · Revealed 64 الدخان 45 Al-Jathiya ҶОСИЯ · 37 verses · Meccan Juz 25 · Revealed 65 الجاثية 46 Al-Ahqaf АҲҚОФ · 35 verses · Meccan Juz 26 · Revealed 66 الأحقاف 47 Muhammad МУҲАММАД · 38 verses · Medinan Juz 26 · Revealed 96 محمد 48 Al-Fath ФАТҲ · 29 verses · Medinan Juz 26 · Revealed 111 الفتح 49 Al-Hujurat ҲУҶУРОТ · 18 verses · Medinan Juz 26 · Revealed 106 الحجرات 50 Qaf ҚОФ · 45 verses · Meccan Juz 26 · Revealed 34 ق 51 Az-Zariyat ЗОРИЁТ · 60 verses · Meccan Juz 26 · Revealed 67 الذاريات 52 At-Tur ТУР · 49 verses · Meccan Juz 27 · Revealed 76 الطور 53 An-Najm НАҶМ · 62 verses · Meccan Juz 27 · Revealed 23 النجم 54 Al-Qamar ҚАМАР · 55 verses · Meccan Juz 27 · Revealed 37 القمر 55 Ar-Rahman РАҲМОН · 78 verses · Medinan Juz 27 · Revealed 97 الرحمن 56 Al-Waqi'ah ВОҚИА · 96 verses · Meccan Juz 27 · Revealed 46 الواقعة 57 Al-Hadid ҲАДИД · 29 verses · Medinan Juz 27 · Revealed 94 الحديد 58 Al-Mujadilah МУҶОДАЛА · 22 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 105 المجادلة 59 Al-Hashr ҲАШР · 24 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 101 الحشر 60 Al-Mumtahinah МУМТАҲИНА · 13 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 91 الممتحنة 61 As-Saff САФ · 14 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 109 الصف 62 Al-Jumu'ah ҶУМЪА · 11 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 110 الجمعة 63 Al-Munafiqun МУНОФИҚИН · 11 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 104 المنافقون 64 At-Taghabun ТАҒОБУН · 18 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 108 التغابن 65 At-Talaq ТАЛОҚ · 12 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 99 الطلاق 66 At-Tahrim ТАҲРИМ · 12 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 107 التحريم 67 Al-Mulk МУЛК · 30 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 77 الملك 68 Al-Qalam ҚАЛАМ · 52 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 2 القلم 69 Al-Haqqah ҲОҚҚА · 52 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 87 الحاقة 70 Al-Ma'arij МАЪОРИҶ · 44 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 79 المعارج 71 Nooh НУҲ · 28 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 71 نوح 72 Al-Jinn ҶИН · 28 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 40 الجن 73 Al-Muzzammil МУЗЗАММИЛ · 20 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 3 المزمل 74 Al-Muddaththir МУДДАССИР · 56 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 4 المدثر 75 Al-Qiyamah ҚИЁМАТ · 40 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 31 القيامة 76 Al-Insan ИНСОН · 31 verses · Medinan Juz 29 · Revealed 98 الإنسان 77 Al-Mursalat МУРСАЛОТ · 50 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 33 المرسلات 78 An-Naba' НАБА · 40 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 80 النبأ 79 An-Nazi'at НОЗИЪОТ · 46 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 81 النازعات 80 'Abasa АБАСА · 42 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 24 عبس 81 At-Takwir ТАКВИР · 29 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 7 التكوير 82 Al-Infitar ИНФИТОР · 19 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 82 الإنفطار 83 Al-Mutaffifin МУТАФФИФИН · 36 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 86 المطففين 84 Al-Inshiqaq ИНШИҚОҚ · 25 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 83 الإنشقاق 85 Al-Buruj БУРУҶ · 22 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 27 البروج 86 At-Tariq ТОРИҚ · 17 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 36 الطارق 87 Al-A'la АЪЛО · 19 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 8 الأعلى 88 Al-Ghashiyah ҒОШИЯ · 26 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 68 الغاشية 89 Al-Fajr ФАҶР · 30 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 10 الفجر 90 Al-Balad БАЛАД · 20 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 35 البلد 91 Ash-Shams ШАМС · 15 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 26 الشمس 92 Al-Lail ЛАЙЛ · 21 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 9 الليل 93 Ad-Duha ЗУҲО · 11 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 11 الضحى 94 Ash-Sharh ШАРҲ · 8 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 12 الشرح 95 At-Tin ТИН · 8 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 28 التين 96 Al-'Alaq АЛАҚ · 19 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 1 العلق 97 Al-Qadr ҚАДР · 5 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 25 القدر 98 Al-Baiyinah БАЙЙИНА · 8 verses · Medinan Juz 30 · Revealed 100 البينة 99 Az-Zalzalah ЗИЛЗИЛА · 8 verses · Medinan Juz 30 · Revealed 93 الزلزلة 100 Al-'Adiyat ЪОДИЁТ · 11 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 14 العاديات 101 Al-Qari'ah ҚОРИЪА · 11 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 30 القارعة 102 At-Takathur ТАКОСУР · 8 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 16 التكاثر 103 Al-'Asr АСР · 3 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 13 العصر 104 Al-Humazah ҲУМАЗА · 9 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 32 الهمزة 105 Al-Fil ФИЛ · 5 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 19 الفيل 106 Quraish ҚУРАЙШ · 4 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 29 قريش 107 Al-Ma'un МОЪУН · 7 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 17 الماعون 108 Al-Kauthar КАВСАР · 3 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 15 الكوثر 109 Al-Kafirun КОФИРУН · 6 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 18 الكافرون 110 An-Nasr НАСР · 3 verses · Medinan Juz 30 · Revealed 114 النصر 111 Al-Masad МАСАД · 5 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 6 المسد 112 Al-Ikhlas ИХЛОС · 4 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 22 الإخلاص 113 Al-Falaq ФАЛАҚ · 5 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 20 الفلق 114 An-Nas НОС · 6 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 21 الناس

Reading settings

View
Compare with

Pick up to two more translations to show under each verse.

Arabic size
100%
Translation size
100%
Line spacing
Theme

Verse

Arabic tafsir
Highlight

Highlights stay in this browser and are listed on the bookmarks page. /bookmarks