Surah Yusuf in Тоҷикӣ

ЮСУФ · سورة يوسف

Meccan Verses: 111 Juz 12 Page 235 Revelation order: 53

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

الٓرۚ تِلۡكَ ءَايَٰتُ ٱلۡكِتَٰبِ ٱلۡمُبِينِ ١

1.Алиф, Лом, Ро(1). Ин оётҳои Китоб маъноҳояш равшан, роҳи ҳақ ва ҳалолу ҳаромро баён мекунад(2).
1. Дар бораи ҳарфҳои муқаттаъа дар аввали сураи Бақара гуфта шуд.
2. Тафсири Бағавӣ 4\209

إِنَّآ أَنزَلۡنَٰهُ قُرۡءَٰنًا عَرَبِيࣰّا لَّعَلَّكُمۡ تَعۡقِلُونَ ٢

2.Мо Қуръонро ба забони арабӣ нозил кардем, то ин ки шумо (эй арабҳо) маънои онро бифаҳмед ва он чиро, ки дар он аст, ба ақл дарёбед ва ба роҳнамудиаш амал намоед!(1)
1. Тафсири Бағавӣ 4\209

نَحۡنُ نَقُصُّ عَلَيۡكَ أَحۡسَنَ ٱلۡقَصَصِ بِمَآ أَوۡحَيۡنَآ إِلَيۡكَ هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانَ وَإِن كُنتَ مِن قَبۡلِهِۦ لَمِنَ ٱلۡغَٰفِلِينَ ٣

3. Бо ин Қуръон, ки ба ту - эй Расул, ваҳй кардаем, беҳтарин қиссаҳоро ҳикоят мекунем ва туро бар онҳо хабардор месозем, ки ту пеш аз ин аз аҳволи қавмҳои гузашта аз бехабарон будӣ.

إِذۡ قَالَ يُوسُفُ لِأَبِيهِ يَٰٓأَبَتِ إِنِّي رَأَيۡتُ أَحَدَ عَشَرَ كَوۡكَبࣰا وَٱلشَّمۡسَ وَٱلۡقَمَرَ رَأَيۡتُهُمۡ لِي سَٰجِدِينَ ٤

4. Эй Паёмбар, ба ёд ор он замонеро, ки чун Юсуф ба падари худ гуфт:
«Эй падар, ман дар хоб ёздаҳ ситора ва хуршед ва моҳро дидам. Онҳоро
дидам, ки саҷдаам мекунанд».(1)
1. Гуфта шудааст, ки хоби паёмбарон ваҳй аст. Тафсири Табарӣ 15\554. Ва ин хоб муждаест барои Юсуф алайҳиссалом, ки далолат ба баландии мартабаи ӯ мекунад.

قَالَ يَٰبُنَيَّ لَا تَقۡصُصۡ رُءۡيَاكَ عَلَىٰٓ إِخۡوَتِكَ فَيَكِيدُواْ لَكَ كَيۡدًاۖ إِنَّ ٱلشَّيۡطَٰنَ لِلۡإِنسَٰنِ عَدُوࣱّ مُّبِينࣱ ٥

5.  Яъқуб ба писараш Юсуф гуфт: «Эй писаракам, хобатро барои бародаронат ҳикоят макун, ки ба ту ҳасад мебаранд ва ба ту ҳиллае меандешанд. Зеро шайтон душмани ошкори одамиён аст! Пас, Юсуф ба фармони падараш хобашро аз бародаронаш пинҳон кард.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\393

وَكَذَٰلِكَ يَجۡتَبِيكَ رَبُّكَ وَيُعَلِّمُكَ مِن تَأۡوِيلِ ٱلۡأَحَادِيثِ وَيُتِمُّ نِعۡمَتَهُۥ عَلَيۡكَ وَعَلَىٰٓ ءَالِ يَعۡقُوبَ كَمَآ أَتَمَّهَا عَلَىٰٓ أَبَوَيۡكَ مِن قَبۡلُ إِبۡرَٰهِيمَ وَإِسۡحَٰقَۚ إِنَّ رَبَّكَ عَلِيمٌ حَكِيمࣱ ٦

6.       Ва он чунон ки дар хоб ба ту намуд, Парвардигорат туро ихтиёр мекунад ва таъбири хобро ба ту таълим медиҳад ва ҳамчунон, ки неъмати худро пеш аз ин бар падарони ту Иброҳиму Исҳоқ пурра карда буд, бар туву хонадони Яъқуб ҳам пурра мекунад, ки Парвардигорат доно аст, ҳар киро бихоҳад аз бандагонаш ихтиёр мекунад ва ҳаким аст дар ҷо ба ҷойгузории корҳои махлуқоташ!»(1)
1. Тафсири Табарӣ 15\561

۞ لَّقَدۡ كَانَ فِي يُوسُفَ وَإِخۡوَتِهِۦٓ ءَايَٰتࣱ لِّلسَّآئِلِينَ ٧

7.       Бегумон, дар саргузашти Юсуф ва бародаронаш барои онон, ки аз он
пурсон мешаванд, ибратҳост.

إِذۡ قَالُواْ لَيُوسُفُ وَأَخُوهُ أَحَبُّ إِلَىٰٓ أَبِينَا مِنَّا وَنَحۡنُ عُصۡبَةٌ إِنَّ أَبَانَا لَفِي ضَلَٰلࣲ مُّبِينٍ ٨

8.       Он гоҳ ки бародаронаш гуфтанд: «Юсуф ва бародараш (Бинёмин, ки аз як падару як модаранд) назди падарамон маҳбубтар аз мо ҳастанд, ҳол он ки мо худ як гӯруҳи нерӯмандем. Албатта, падарамон дар иштибоҳи ошкорест»(1)
1. Яъне, падарамон иштибоҳ мекунад бар ин ки ду нафарро бар даҳ нафар тарҷеҳ медиҳад. Тафсири Табарӣ 15 \ 563

ٱقۡتُلُواْ يُوسُفَ أَوِ ٱطۡرَحُوهُ أَرۡضࣰا يَخۡلُ لَكُمۡ وَجۡهُ أَبِيكُمۡ وَتَكُونُواْ مِنۢ بَعۡدِهِۦ قَوۡمࣰا صَٰلِحِينَ ٩

9.       «Юсуфро бикушед ё дар сарзамини номаълуме биандозед, то таваҷҷӯҳи падар хоси шумо гардад ва аз он пас аз гуноҳатон пушаймонӣ карда, тавба мекунед мардуме шоиста ба шумор меоед, зеро ки Аллоҳ тавбапазир аст ва падар ҳам узратонро қабул менамояд».(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\394

قَالَ قَآئِلࣱ مِّنۡهُمۡ لَا تَقۡتُلُواْ يُوسُفَ وَأَلۡقُوهُ فِي غَيَٰبَتِ ٱلۡجُبِّ يَلۡتَقِطۡهُ بَعۡضُ ٱلسَّيَّارَةِ إِن كُنتُمۡ فَٰعِلِينَ ١٠

10.   Яке аз онҳо гуфт: «Агар Юсуфро аз падар дур карданиед, ӯро макушед, ки куштори одами бегуноҳ аз гуноҳи азим аст, балки ӯро дар қаъри чоҳи торик бияфканед, то мусофироне ӯро бигиранд, агар мехоҳед коре бикунед».(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\394

قَالُواْ يَٰٓأَبَانَا مَا لَكَ لَا تَأۡمَ۬نَّا عَلَىٰ يُوسُفَ وَإِنَّا لَهُۥ لَنَٰصِحُونَ ١١

11.   Гуфтанд: «Эй падарҷон, чаро бар Юсуф ба мо боварӣ надорӣ, ҳол он ки мо хайрхоҳи ӯ ҳастем?

أَرۡسِلۡهُ مَعَنَا غَدࣰا يَرۡتَعۡ وَيَلۡعَبۡ وَإِنَّا لَهُۥ لَحَٰفِظُونَ ١٢

12.   Фардо ӯро бо мо бифирист, то сайру гашту бозй кунад ва ҳамоно, мо нигаҳбони ӯ ҳастем».

قَالَ إِنِّي لَيَحۡزُنُنِيٓ أَن تَذۡهَبُواْ بِهِۦ وَأَخَافُ أَن يَأۡكُلَهُ ٱلذِّئۡبُ وَأَنتُمۡ عَنۡهُ غَٰفِلُونَ ١٣

13.   Яъқуб гуфт: «Агар ӯро бибаред, ғамгин мешавам ва метарсам, ки аз ӯ ғофил шавед ва гург ӯро бихӯрад».

قَالُواْ لَئِنۡ أَكَلَهُ ٱلذِّئۡبُ وَنَحۡنُ عُصۡبَةٌ إِنَّآ إِذࣰا لَّخَٰسِرُونَ ١٤

14.   Бародарони Юсуф ба падарашон гуфтанд: «Бо ин ҷамоати нерӯманде, ки мо ҳастем, агар гург ӯро бихӯрад, ҳамоно, мо аз зиёнкорон хоҳем буд».

فَلَمَّا ذَهَبُواْ بِهِۦ وَأَجۡمَعُوٓاْ أَن يَجۡعَلُوهُ فِي غَيَٰبَتِ ٱلۡجُبِّۚ وَأَوۡحَيۡنَآ إِلَيۡهِ لَتُنَبِّئَنَّهُم بِأَمۡرِهِمۡ هَٰذَا وَهُمۡ لَا يَشۡعُرُونَ ١٥

15.   Пас, чун ӯро бурданд ва тасмим гирифтанд, ки дар қаъри чоҳи торик бияфкананд, ба ӯ ваҳй кардем, ки албатта, онҳоро дар оянда аз ин корашон огоҳ хоҳӣ сохт дар ҳоле, ки намефаҳманд ва онҳо туро намешиносанд.

وَجَآءُوٓ أَبَاهُمۡ عِشَآءࣰ يَبۡكُونَ ١٦

16.   Ва бегоҳӣ бародарони Юсуф гирён назди падарашон бозомаданд.

قَالُواْ يَٰٓأَبَانَآ إِنَّا ذَهَبۡنَا نَسۡتَبِقُ وَتَرَكۡنَا يُوسُفَ عِندَ مَتَٰعِنَا فَأَكَلَهُ ٱلذِّئۡبُۖ وَمَآ أَنتَ بِمُؤۡمِنࣲ لَّنَا وَلَوۡ كُنَّا صَٰدِقِينَ ١٧

17.   Гуфтанд: «Эй падар, ҳамоно, мо ба мусобиқа (давидан ва тирандозӣ) рафта будем
ва Юсуфро назди матоъи худ (либосҳоямон) гузошта будем, пас, хург ӯро хӯрд. Ва ҳарчанд рост бигӯем ҳам, ту суханони моро бовар надорӣ».(1)
1. Тафсири Бағавӣ 4\222

وَجَآءُو عَلَىٰ قَمِيصِهِۦ بِدَمࣲ كَذِبࣲۚ قَالَ بَلۡ سَوَّلَتۡ لَكُمۡ أَنفُسُكُمۡ أَمۡرࣰاۖ فَصَبۡرࣱ جَمِيلࣱۖ وَٱللَّهُ ٱلۡمُسۡتَعَانُ عَلَىٰ مَا تَصِفُونَ ١٨

18.   Ва ҷомаашро, ки ба хуни дурӯғин оғӯшта буд, оварданд, то бар дурӯғашон ҳуҷҷате шавад. Яъқуб алайҳиссалом ба фарзандонаш гуфт: «Нафси бади шумо кореро дар назаратон биёростааст, ки бо Юсуф чунин кардаед. Акнун барои ман сабри ҷамил (сабре, ки шикоят надошта бошад) беҳтар аст ва бар он чи шумо баён мекунед, Аллоҳ мададгори ман аст».(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\394

وَجَآءَتۡ سَيَّارَةࣱ فَأَرۡسَلُواْ وَارِدَهُمۡ فَأَدۡلَىٰ دَلۡوَهُۥۖ قَالَ يَٰبُشۡرَىٰ هَٰذَا غُلَٰمࣱۚ وَأَسَرُّوهُ بِضَٰعَةࣰۚ وَٱللَّهُ عَلِيمُۢ بِمَا يَعۡمَلُونَ ١٩

19.   Ва ҷамоате аз мусофирон омаданд; пас обкаши худро фиристоданд. Сатилро обкаш дар чоҳ(1) фурӯ кард, ки Юсуф дар гӯшае аз қаъри чоҳ қарор дошт, пас худро ба таноби сатил овезон кард, чун соҳиби сатил ӯро дид, зебоияш ӯро дар тааҷҷуб даровард ва гуфт: «Муждагонӣ, ин навҷавонест». Обкаш бо
шарикони худ Юсуфро аз боқимондаи мусофирон чун матоъе пинҳон сохтанд ва Аллоҳ ба коре, ки ба Юсуф мекарданд, огоҳ буд.(2)
1. Чоҳе дар сарзамини Байтулмуқаддас, ки макони он маълум аст. 2. Тафсири Табарӣ 15\3

وَشَرَوۡهُ بِثَمَنِۭ بَخۡسࣲ دَرَٰهِمَ مَعۡدُودَةࣲ وَكَانُواْ فِيهِ مِنَ ٱلزَّٰهِدِينَ ٢٠

20.   Ва бародарони Юсуф, Юсуфро ба баҳои андак, ба чанд дирҳам фурӯхтанд, ки ҳеҷ рағбате ба ӯ надоштанд. Зеро онҳо намедонистанд, ки Аллоҳ ӯро ба манзалаи бузург ва ба паёмбарӣ мерасонад.(1)
1.  Тафсири Ибни Касир 4\377

وَقَالَ ٱلَّذِي ٱشۡتَرَىٰهُ مِن مِّصۡرَ لِٱمۡرَأَتِهِۦٓ أَكۡرِمِي مَثۡوَىٰهُ عَسَىٰٓ أَن يَنفَعَنَآ أَوۡ نَتَّخِذَهُۥ وَلَدࣰاۚ وَكَذَٰلِكَ مَكَّنَّا لِيُوسُفَ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلِنُعَلِّمَهُۥ مِن تَأۡوِيلِ ٱلۡأَحَادِيثِۚ وَٱللَّهُ غَالِبٌ عَلَىٰٓ أَمۡرِهِۦ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ ٢١

21.   Ва касе аз мардуми Миср (яъне азизи Миср), ки ӯро харида буд, ба занаш гуфт: «То дар ин ҷост, гиромияш бидор, шояд ба мо суде бирасонад ё ӯро ба фарзандӣ бипазирем». Ва ҳамчунин Юсуфро дар замини Миср мартабаи баланд додем ва ӯро молики хазинаҳои Миср гардонидем, то ба ӯ таъбири хоб омӯзем. Ва Аллоҳ бар кори хеш ғолиб аст. Вале бештари мардум намедонанд!(1)
1.   Тафсири Бағавӣ 4\226

وَلَمَّا بَلَغَ أَشُدَّهُۥٓ ءَاتَيۡنَٰهُ حُكۡمࣰا وَعِلۡمࣰاۚ وَكَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُحۡسِنِينَ ٢٢

22.   Ва чун ҷавони нерӯманд ва хирадманд шуд, ҳикмату донишаш додем
ва некукоронро ҳамчунин подош медиҳем.

وَرَٰوَدَتۡهُ ٱلَّتِي هُوَ فِي بَيۡتِهَا عَن نَّفۡسِهِۦ وَغَلَّقَتِ ٱلۡأَبۡوَٰبَ وَقَالَتۡ هَيۡتَ لَكَۚ قَالَ مَعَاذَ ٱللَّهِۖ إِنَّهُۥ رَبِّيٓ أَحۡسَنَ مَثۡوَايَۖ إِنَّهُۥ لَا يُفۡلِحُ ٱلظَّٰلِمُونَ ٢٣

23.   Ва зани азизи Миср, ки Юсуф дар хонааш буд, аз ҳусни зебои ӯ мафтун шуда Юсуфро бо сухани нарму мулоим ба назди худ талаб кард. Ва дарҳоро басту гуфт: «Биё ба сӯи ман». Юсуф гуфт: «Паноҳ мебарам ба Аллоҳ, аз он чи ки маро ба он даъват кардӣ, ӯ (яъне, шавҳари ту) сарвари ман аст ва маро обрӯи баланд дода ва ахли ӯро нахоҳам хиёнат кард. Албатта, ситамкорон наҷот намеёбанд».(1)
1. Тафсири Табарӣ 16\33

وَلَقَدۡ هَمَّتۡ بِهِۦۖ وَهَمَّ بِهَا لَوۡلَآ أَن رَّءَا بُرۡهَٰنَ رَبِّهِۦۚ كَذَٰلِكَ لِنَصۡرِفَ عَنۡهُ ٱلسُّوٓءَ وَٱلۡفَحۡشَآءَۚ إِنَّهُۥ مِنۡ عِبَادِنَا ٱلۡمُخۡلَصِينَ ٢٤

24.   Ва ба таҳқиқ он зан қасди ӯ кард. Ва агар бурҳони(1) Парвардигорашро намедид, ӯ низ қасди он зан мекард. Чунин кардем, то бадӣ (хиёнати сайид ё мавло) ва беҳаёиро аз ӯ дур созем. Чунки Юсуф аз бандагони покиза ва ихтиёркардаи Мо буд!
1. Қавли аксари муфассирон ин аст, ки Юсуф сурати Яъқубро дид, ки бо ӯ мегуфт: Эй Юсуф, амали бехирадонро мекунӣ, ҳол он ки ту дар зумраи паёмбарон китобат шудаӣ! Тафсири Бағавӣ 4\232

وَٱسۡتَبَقَا ٱلۡبَابَ وَقَدَّتۡ قَمِيصَهُۥ مِن دُبُرࣲ وَأَلۡفَيَا سَيِّدَهَا لَدَا ٱلۡبَابِۚ قَالَتۡ مَا جَزَآءُ مَنۡ أَرَادَ بِأَهۡلِكَ سُوٓءًا إِلَّآ أَن يُسۡجَنَ أَوۡ عَذَابٌ أَلِيمࣱ ٢٥

25.   Юсуф ба сӯи дар фирор кард ва ҳамсари азиз аз пушти ӯ давид, то ӯро баргардонад ва зан ҷомаи ӯро аз ақиб бидаронд. Ва шавҳари он занро тасодуфан наздики дар ёфтанд. Зан гуфт: «Ҷазои касе, ки бо зани ту қасди баде дошта бошад, чист ва тарсид, ки Юсуфро накушад ва гуфт: ҷуз ин ки ба зиндон афтад ё ба азобе дардовар гирифтор ояд?»(1)
1. Тафсири Бағавӣ 4\234

قَالَ هِيَ رَٰوَدَتۡنِي عَن نَّفۡسِيۚ وَشَهِدَ شَاهِدࣱ مِّنۡ أَهۡلِهَآ إِن كَانَ قَمِيصُهُۥ قُدَّ مِن قُبُلࣲ فَصَدَقَتۡ وَهُوَ مِنَ ٱلۡكَٰذِبِينَ ٢٦

26.    Юсуф гуфт: «Ӯ аз нафси ман хоҳише кард ва маро ба худ хонд». Ва шоҳиде аз хонаводаи зан (яъне, кӯдаки ширхорае буд дар гаҳвора) гувоҳӣ дод, ки агар ҷомааш аз пеш даридааст, пас зан рост мегӯяд ва ӯ аз дурӯғгӯён аст.

وَإِن كَانَ قَمِيصُهُۥ قُدَّ مِن دُبُرࣲ فَكَذَبَتۡ وَهُوَ مِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ ٢٧

27.    Ва агар ҷомааш аз пас даридааст, пас зан дурӯғ мегӯяд ва ӯ аз ростгӯён аст.

فَلَمَّا رَءَا قَمِيصَهُۥ قُدَّ مِن دُبُرࣲ قَالَ إِنَّهُۥ مِن كَيۡدِكُنَّۖ إِنَّ كَيۡدَكُنَّ عَظِيمࣱ ٢٨

28.    Пас, чун шавҳари зан дид, ҷомааш аз пас даридааст, гуфт: «Ин аз макри шумо аст, ҳамоно, макри шумо эй занон, макри бузург аст!

يُوسُفُ أَعۡرِضۡ عَنۡ هَٰذَاۚ وَٱسۡتَغۡفِرِي لِذَنۢبِكِۖ إِنَّكِ كُنتِ مِنَ ٱلۡخَاطِـِٔينَ ٢٩

29.    Азизи Миср гуфт: Эй Юсуф, забони хеш нигоҳ дор ва ба касе магӯ! Ва эй зан, аз гуноҳи худ омурзиш бихоҳ, ки ҳамоно, ту аз гунаҳкоронӣ».(1)
1. Тафсири Ибни Касир 4\384

۞ وَقَالَ نِسۡوَةࣱ فِي ٱلۡمَدِينَةِ ٱمۡرَأَتُ ٱلۡعَزِيزِ تُرَٰوِدُ فَتَىٰهَا عَن نَّفۡسِهِۦۖ قَدۡ شَغَفَهَا حُبًّاۖ إِنَّا لَنَرَىٰهَا فِي ضَلَٰلࣲ مُّبِينࣲ ٣٠

30. Ва ин хабар ба шаҳр расид, заноне дар шаҳр гуфтанд: «Зани Азиз(1) (сарвазири Миср) хостааст, ки ходими худро бифиребад ва ба худ хонад ва албатта, муҳаббат ва ишқи ин ҷавон дар қалбаш нуфуз кардааст. Мо ба таҳқиқ ӯро дар гумроҳии ошкоро мебинем».
1. Ибни Аббос гуфтааст: Номи Азиз, Қитфир буд ва масъулияти хазинаҳои Мисрро дошт. Тафсири Табарӣ 15 \ 17

فَلَمَّا سَمِعَتۡ بِمَكۡرِهِنَّ أَرۡسَلَتۡ إِلَيۡهِنَّ وَأَعۡتَدَتۡ لَهُنَّ مُتَّكَـࣰٔا وَءَاتَتۡ كُلَّ وَٰحِدَةࣲ مِّنۡهُنَّ سِكِّينࣰا وَقَالَتِ ٱخۡرُجۡ عَلَيۡهِنَّۖ فَلَمَّا رَأَيۡنَهُۥٓ أَكۡبَرۡنَهُۥ وَقَطَّعۡنَ أَيۡدِيَهُنَّ وَقُلۡنَ حَٰشَ لِلَّهِ مَا هَٰذَا بَشَرًا إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا مَلَكࣱ كَرِيمࣱ ٣١

31. Пас, чун (зани Азиз) ғайбат ва суханони бадашонро шунид, наздашон кас фиристод ва меҳмоние тартиб дод ва барои пӯст кардани мева ба ҳар яке корде дод ва гуфт: «Берун ой, то туро бингаранд». Чун Юсуфро диданд, бузургаш шумурданд ва аз ҳусну ҷамоли ӯ дасти хеш бибуриданд ва гуфтанд: «Маъозаллоҳ, ин одамизода нест, балки фариштае бузургвор аст!»(1)
1. Тафсири Бағавӣ 4\237

قَالَتۡ فَذَٰلِكُنَّ ٱلَّذِي لُمۡتُنَّنِي فِيهِۖ وَلَقَدۡ رَٰوَدتُّهُۥ عَن نَّفۡسِهِۦ فَٱسۡتَعۡصَمَۖ وَلَئِن لَّمۡ يَفۡعَلۡ مَآ ءَامُرُهُۥ لَيُسۡجَنَنَّ وَلَيَكُونࣰا مِّنَ ٱلصَّٰغِرِينَ ٣٢

32. (Зани Азиз) гуфт: «Ин ҳамон аст, ки маро дар боби дӯст доштани ӯ маломат мекардед. Ва ҳамоно, ман ӯро ба худ хондаам ва ӯ хештанро нигоҳ дошт. Агар он чи фармонаш медиҳам, накунад, ба зиндон хоҳад афтод ва хор хоҳад шуд». Пас, Юсуф бар худ зиндонро ихтиёр кард.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 4\238

قَالَ رَبِّ ٱلسِّجۡنُ أَحَبُّ إِلَيَّ مِمَّا يَدۡعُونَنِيٓ إِلَيۡهِۖ وَإِلَّا تَصۡرِفۡ عَنِّي كَيۡدَهُنَّ أَصۡبُ إِلَيۡهِنَّ وَأَكُن مِّنَ ٱلۡجَٰهِلِينَ ٣٣

33.    Гуфт Юсуф паноҳҷуёна аз шарри занон: «Эй Парвардигори ман, барои ман зиндон маҳбубтар аст аз он чӣ маро ба он мехонанд ва агар макри ин занонро аз ман нагардонӣ, ба онҳо майл мекунам ва дар шумори нодонон дармеоям.

فَٱسۡتَجَابَ لَهُۥ رَبُّهُۥ فَصَرَفَ عَنۡهُ كَيۡدَهُنَّۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ ٣٤

34.    Пас, Парвардигораш дуояшро иҷобат кард ва макри занонро аз ӯ дур кард. Албатта, Аллоҳ ба дуои Юсуф ва дуои ҳар як дуокунанда шунаво аст ва ба он чи ки Юсуф ва ҷамии бандагонаш ба он эҳтиёҷ доранд ва барояшон шоиста аст, доност!(1)
1. Тафсири Табарӣ 16\90

ثُمَّ بَدَا لَهُم مِّنۢ بَعۡدِ مَا رَأَوُاْ ٱلۡأٓيَٰتِ لَيَسۡجُنُنَّهُۥ حَتَّىٰ حِينࣲ ٣٥

35.    Пас, бо он нишонаҳо,(1) ки бар Азиз ва ҷамоаташ зоҳир шуд, тасмим гирифтанд, ки барои дафъи овозаи мардум муддати номаълуме ба зиндонаш бияфкананд.(2)
1. Яъне, куртаи Юсуф аз пушт дарида шуда буд. 2. Тафсири Табарӣ 16\92

وَدَخَلَ مَعَهُ ٱلسِّجۡنَ فَتَيَانِۖ قَالَ أَحَدُهُمَآ إِنِّيٓ أَرَىٰنِيٓ أَعۡصِرُ خَمۡرࣰاۖ وَقَالَ ٱلۡأٓخَرُ إِنِّيٓ أَرَىٰنِيٓ أَحۡمِلُ فَوۡقَ رَأۡسِي خُبۡزࣰا تَأۡكُلُ ٱلطَّيۡرُ مِنۡهُۖ نَبِّئۡنَا بِتَأۡوِيلِهِۦٓۖ إِنَّا نَرَىٰكَ مِنَ ٱلۡمُحۡسِنِينَ ٣٦

36. Ва ду ҷавон низ бо ӯ ба зиндон афтоданд. Яке аз он ду гуфт: Дар хоб худро дидам, ки ангур мефишорам, то шароб гардад. Дигаре гуфт: Худро дидам, ки нон бар сар ниҳода мебарам ва парандагон аз он мехӯрданд. Моро аз таъбири он огоҳ кун, ки ҳамоно, мо туро мебинем, ки ибодати Аллоҳро ба хубӣ анҷом медиҳӣ ва бо мардум некӯкорӣ мекунӣ.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 4\241

قَالَ لَا يَأۡتِيكُمَا طَعَامࣱ تُرۡزَقَانِهِۦٓ إِلَّا نَبَّأۡتُكُمَا بِتَأۡوِيلِهِۦ قَبۡلَ أَن يَأۡتِيَكُمَاۚ ذَٰلِكُمَا مِمَّا عَلَّمَنِي رَبِّيٓۚ إِنِّي تَرَكۡتُ مِلَّةَ قَوۡمࣲ لَّا يُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَهُم بِٱلۡأٓخِرَةِ هُمۡ كَٰفِرُونَ ٣٧

37. Гуфт (Юсуф): «Ба шумо ҳеҷ навъ таоме, ки дар хоб дода мешавед, нахоҳад омад, магар хабардор кунам шуморо ба таъбири он, пеш аз он ки далели сидқи ин таъбир дар бедорӣ ба шумо биёяд, чунон ки Парвардигорам ба ман омӯзонидааст. Ҳамоно, ман дини мардумеро, ки ба Аллоҳи якто имон надоранд ва ба рӯзи қиёмат кофиранд, тарк кардаам.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 4\241

وَٱتَّبَعۡتُ مِلَّةَ ءَابَآءِيٓ إِبۡرَٰهِيمَ وَإِسۡحَٰقَ وَيَعۡقُوبَۚ مَا كَانَ لَنَآ أَن نُّشۡرِكَ بِٱللَّهِ مِن شَيۡءࣲۚ ذَٰلِكَ مِن فَضۡلِ ٱللَّهِ عَلَيۡنَا وَعَلَى ٱلنَّاسِ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَشۡكُرُونَ ٣٨

38. Ва ман пайрави дини падаронам Иброҳиму Исҳоқу Яъқуб ҳастам ва моро насазад, ки ҳеҷ чизро шарики Аллоҳ қарор диҳем. Ин (яктопарастӣ) фазилатест, ки Аллоҳ бар мову бар мардуми дигар арзонӣ доштааст, вале бештари мардум ношукрӣ мекунанд.

يَٰصَٰحِبَيِ ٱلسِّجۡنِ ءَأَرۡبَابࣱ مُّتَفَرِّقُونَ خَيۡرٌ أَمِ ٱللَّهُ ٱلۡوَٰحِدُ ٱلۡقَهَّارُ ٣٩

39.   Юсуф барои ин ду ҷавон гуфт: Эй ду рафиқи зиндонии ман, оё ибодати маъбудони пароканда беҳтар аст ё ибодати Аллоҳи яктои ғолиб бар ҳамагон?

مَا تَعۡبُدُونَ مِن دُونِهِۦٓ إِلَّآ أَسۡمَآءࣰ سَمَّيۡتُمُوهَآ أَنتُمۡ وَءَابَآؤُكُم مَّآ أَنزَلَ ٱللَّهُ بِهَا مِن سُلۡطَٰنٍۚ إِنِ ٱلۡحُكۡمُ إِلَّا لِلَّهِ أَمَرَ أَلَّا تَعۡبُدُوٓاْ إِلَّآ إِيَّاهُۚ ذَٰلِكَ ٱلدِّينُ ٱلۡقَيِّمُ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ ٤٠

40.   Намепарастед ғайри Аллоҳи якто, магар бутонеро, ки худ ва падаронатон онҳоро ба номҳое хондаед (яъне, он бутҳоро маъбудони худ хондаед) ва Аллоҳ ҳуҷҷате бар сиҳатӣ ва исботи онҳо нозил накардааст. Ҳукм, ҷуз ҳукми Аллоҳ нест. Фармон додааст, ки ҷуз Ӯро напарастед. Ин аст дини росту устувор, вале бештари мардум ҳақиқати онро намедонанд.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\398

يَٰصَٰحِبَيِ ٱلسِّجۡنِ أَمَّآ أَحَدُكُمَا فَيَسۡقِي رَبَّهُۥ خَمۡرࣰاۖ وَأَمَّا ٱلۡأٓخَرُ فَيُصۡلَبُ فَتَأۡكُلُ ٱلطَّيۡرُ مِن رَّأۡسِهِۦۚ قُضِيَ ٱلۡأَمۡرُ ٱلَّذِي فِيهِ تَسۡتَفۡتِيَانِ ٤١

41.   Эй ду рафиқи зиндонии ман, пас яке аз шумо барои хоҷаи хеш шароб мерезад, пас дигареро, ба дор овехта мешавад ва парандагон аз майнаи сари ӯ мехӯранд. Коре, ки дар бораи он мепурсед қабул кунед ё
накунед, фармони Аллоҳ муқаррар шудааст».

وَقَالَ لِلَّذِي ظَنَّ أَنَّهُۥ نَاجࣲ مِّنۡهُمَا ٱذۡكُرۡنِي عِندَ رَبِّكَ فَأَنسَىٰهُ ٱلشَّيۡطَٰنُ ذِكۡرَ رَبِّهِۦ فَلَبِثَ فِي ٱلسِّجۡنِ بِضۡعَ سِنِينَ ٤٢

42.   Ва Юсуф ба яке аз он ду нафаре, ки медонист, наҷот меёбад, гуфт: «Қиссаи маро назди хоҷаи худ ёд кун, ки ман мазлумам ва бегуноҳ ба зиндон афтодаам!» Аммо шайтон қиссаи Юсуфро(1) аз хотираш дур кард, ки пеши мавлояш аз қиссаи ӯ ёд кунад ва Юсуф (алайҳиссалом) чанд сол дар зиндон бимонд.
1. Ибни Аббос ва аксари муфассирон мегӯянд: Шайтон аз хотири Юсуф ёди Парвардигорашро фаромӯш кунонд, вақте ки халосиро аз ғайри Ӯ хост ва ёрдам аз махлуқ талабид. Тафсири Бағавӣ 4\244

وَقَالَ ٱلۡمَلِكُ إِنِّيٓ أَرَىٰ سَبۡعَ بَقَرَٰتࣲ سِمَانࣲ يَأۡكُلُهُنَّ سَبۡعٌ عِجَافࣱ وَسَبۡعَ سُنۢبُلَٰتٍ خُضۡرࣲ وَأُخَرَ يَابِسَٰتࣲۖ يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡمَلَأُ أَفۡتُونِي فِي رُءۡيَٰيَ إِن كُنتُمۡ لِلرُّءۡيَا تَعۡبُرُونَ ٤٣

43.   Ва подшоҳ гуфт: «Дар. хоб ҳафт гови фарбеҳро дидам, ки онҳоро ҳафт гови лоғар мехӯранд ва ҳафт хӯшаи сабз ва ҳафт хӯшаи хушки дигарро дидам. Эй пешвоёни халқ, хоби маро таъбир кунед, агар таъбири хоб медонед».

قَالُوٓاْ أَضۡغَٰثُ أَحۡلَٰمࣲۖ وَمَا نَحۡنُ بِتَأۡوِيلِ ٱلۡأَحۡلَٰمِ بِعَٰلِمِينَ ٤٤

44.   Гуфтанд: «Ин хобҳо аз зумраи хобҳои парешон аст ва мо аз таъбири ин хобҳо огоҳӣ надорем».

وَقَالَ ٱلَّذِي نَجَا مِنۡهُمَا وَٱدَّكَرَ بَعۡدَ أُمَّةٍ أَنَا۠ أُنَبِّئُكُم بِتَأۡوِيلِهِۦ فَأَرۡسِلُونِ ٤٥

45.   Ва яке(1) аз он ду ҷавони дар зиндон буда, ки аз қатл наҷот ёфта буд ва пас аз муддате хоҳиши Юсуф ба ёдаш омада буд, гуфт: «Ман шуморо аз таъбири он хабар медиҳам. Пас, маро назди Юсуф бифиристед».(2)
1. Он ки барои хоҷаи хеш шароб мерезад. 2. Тафсири Табарӣ 16\119

يُوسُفُ أَيُّهَا ٱلصِّدِّيقُ أَفۡتِنَا فِي سَبۡعِ بَقَرَٰتࣲ سِمَانࣲ يَأۡكُلُهُنَّ سَبۡعٌ عِجَافࣱ وَسَبۡعِ سُنۢبُلَٰتٍ خُضۡرࣲ وَأُخَرَ يَابِسَٰتࣲ لَّعَلِّيٓ أَرۡجِعُ إِلَى ٱلنَّاسِ لَعَلَّهُمۡ يَعۡلَمُونَ ٤٦

46.    Эй Юсуф, эй марди бисёр ростгӯй дар гуфтор ва росткор дар кирдор, барои мо таъбир кун, ки ҳафт гови фарбеҳро ҳафт гови лоғар мехӯранд ва ҳафт хӯшаи сабзу ҳафт хӯшаи хушк. Бошад, ки ман назди мардум бозгардам ва онон аз таъбири ин хоб огоҳ гарданд».(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\399

قَالَ تَزۡرَعُونَ سَبۡعَ سِنِينَ دَأَبࣰا فَمَا حَصَدتُّمۡ فَذَرُوهُ فِي سُنۢبُلِهِۦٓ إِلَّا قَلِيلࣰا مِّمَّا تَأۡكُلُونَ ٤٧

47.    Юсуф ба пурсандаи хоби подшоҳ гуфт: Ҳафт сол пай дар пай бо ҷиддият кишт кунед ва ҳар чӣ ки медаравед, ҷуз андаке, ки мехӯред, боқимондаро бо хӯша анбор кунед, то замоне бисёр истад ва зуд вайрон нашавад.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 4\247

ثُمَّ يَأۡتِي مِنۢ بَعۡدِ ذَٰلِكَ سَبۡعࣱ شِدَادࣱ يَأۡكُلۡنَ مَا قَدَّمۡتُمۡ لَهُنَّ إِلَّا قَلِيلࣰا مِّمَّا تُحۡصِنُونَ ٤٨

48.    Аз он пас ҳафт сол қаҳтӣ ва сахтӣ меояд ва дар он ҳафт сол он чӣ барояшон ҷамъ кардаед, бихӯранд, магар каме, аз онро бо эҳтиёт нигоҳ доред.

ثُمَّ يَأۡتِي مِنۢ بَعۡدِ ذَٰلِكَ عَامࣱ فِيهِ يُغَاثُ ٱلنَّاسُ وَفِيهِ يَعۡصِرُونَ ٤٩

49.    Пас аз он соле ояд, ки мардумонро борон дода шавад ва дар он
сол афшурданиҳоро мефишуранд (яъне, хайру баракат бисёр мешавад).(1)
1. Тафсири Бағавӣ 4\247

وَقَالَ ٱلۡمَلِكُ ٱئۡتُونِي بِهِۦۖ فَلَمَّا جَآءَهُ ٱلرَّسُولُ قَالَ ٱرۡجِعۡ إِلَىٰ رَبِّكَ فَسۡـَٔلۡهُ مَا بَالُ ٱلنِّسۡوَةِ ٱلَّٰتِي قَطَّعۡنَ أَيۡدِيَهُنَّۚ إِنَّ رَبِّي بِكَيۡدِهِنَّ عَلِيمࣱ ٥٠

50.   Ва подшоҳ ба муовинонаш гуфт: Таъбиркунандаи хоби маро аз зиндон озод кунед ва ӯро назди ман биёваред». Чун фиристода назди ӯ омад, Юсуф ба ӯ гуфт: «Назди хоҷаат бозгард ва бипурс: Ҳоли он заноне, ки дастҳои худро буриданд, чист?(1) Албатта, Парвардигори ман ба макрашон огоҳ аст!»
1. Яъне, то ҳақиқат ба ҳама маълум шавад, ки Юсуф аз гуноҳ пок аст. Тафсири Ибни Касир 4\393

قَالَ مَا خَطۡبُكُنَّ إِذۡ رَٰوَدتُّنَّ يُوسُفَ عَن نَّفۡسِهِۦۚ قُلۡنَ حَٰشَ لِلَّهِ مَا عَلِمۡنَا عَلَيۡهِ مِن سُوٓءࣲۚ قَالَتِ ٱمۡرَأَتُ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡـَٰٔنَ حَصۡحَصَ ٱلۡحَقُّ أَنَا۠ رَٰوَدتُّهُۥ عَن نَّفۡسِهِۦ وَإِنَّهُۥ لَمِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ ٥١

51.   (Подшоҳ) гуфт: «Эй занон, чӣ гуна буд ин кори шумо, ки Юсуфро ба назди худ хондед, ӯ хоҳиши нафси шумо кард ё шумо хоҳиши нафси ӯ кардед?» Гуфтанд: «Маъозаллоҳ (паноҳ бар Аллоҳ)! Надидем аз ӯ ҳеҷ хиёнате, вале зани Азиз ба мо хабар дод, ки ӯ Юсуфро ба худ хондааст». Зани Азиз иқрор шуда гуфт: «Акнун ҳақ ошкор шуд. Ман хостам Юсуфро, вале ӯ худро аз ин амал боз дошт, албатта, ӯ дар зумраи ростгӯён аст дар суханоне, ки мегӯяд!»(1)
1. Тафсири Табарӣ 16\139

ذَٰلِكَ لِيَعۡلَمَ أَنِّي لَمۡ أَخُنۡهُ بِٱلۡغَيۡبِ وَأَنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي كَيۡدَ ٱلۡخَآئِنِينَ ٥٢

52.   (Зани Азиз гуфт): Ин ҳама барои он аст, ки то бидонад (Азиз), ки ман ғоибона хиёнати ӯ накардаам ва аз ман кори зиште содир нашудааст ва ҳамоно, Аллоҳ ҳилаи хоинонро ба мақсад намерасонад.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\400

۞ وَمَآ أُبَرِّئُ نَفۡسِيٓۚ إِنَّ ٱلنَّفۡسَ لَأَمَّارَةُۢ بِٱلسُّوٓءِ إِلَّا مَا رَحِمَ رَبِّيٓۚ إِنَّ رَبِّي غَفُورࣱ رَّحِيمࣱ ٥٣

53.   Ва ман (яъне, зани Азиз) хештанро бегуноҳ намедонам, ҳамоно, нафс одамиро ба бадӣ (фаҳш ва гуноҳ) фармон медиҳад. Магар касе, ки Парвардигори ман ӯро нигоҳ дорад, албатта, Парвардигори ман омурзандаву меҳрубон аст!»(1)
1. Тафсири Ибни Касир 4\394

وَقَالَ ٱلۡمَلِكُ ٱئۡتُونِي بِهِۦٓ أَسۡتَخۡلِصۡهُ لِنَفۡسِيۖ فَلَمَّا كَلَّمَهُۥ قَالَ إِنَّكَ ٱلۡيَوۡمَ لَدَيۡنَا مَكِينٌ أَمِينࣱ ٥٤

54.   Ва подшоҳ гуфт: «Юсуфро назди ман биёваред то ҳамнишини хоси худ гардонам». Ва чун бо ӯ дар сухан шуд, гуфт: «Ҳамоно, ту аз имрӯз назди мо соҳибқадр ва амонатдор ҳастӣ».

قَالَ ٱجۡعَلۡنِي عَلَىٰ خَزَآئِنِ ٱلۡأَرۡضِۖ إِنِّي حَفِيظٌ عَلِيمࣱ ٥٥

55.   (Юсуф) гуфт: «Маро бар хазинаҳои хӯрок ва амволи ин сарзамин муқаррар кун, ҳамоно, ман муҳофизаткунандаам хазинаҳоро ва доноям ба сарфи дурусти он».(1)
1. Тафсири Табарӣ 16\149

وَكَذَٰلِكَ مَكَّنَّا لِيُوسُفَ فِي ٱلۡأَرۡضِ يَتَبَوَّأُ مِنۡهَا حَيۡثُ يَشَآءُۚ نُصِيبُ بِرَحۡمَتِنَا مَن نَّشَآءُۖ وَلَا نُضِيعُ أَجۡرَ ٱلۡمُحۡسِنِينَ ٥٦

56.   Ва инчунин Юсуфро дар он сарзамини Миср обрӯ додем. Ҳар ҷо ки мехост, ҷой мегирифт. Раҳмати худро ба ҳар кас, ки бихоҳем, арзонӣ медорем ва подоши некӯкоронро барбод намекунем.

وَلَأَجۡرُ ٱلۡأٓخِرَةِ خَيۡرࣱ لِّلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَكَانُواْ يَتَّقُونَ ٥٧

57.   Ва албатта, подоши охират барои касоне, ки имон овардаанд ва парҳезгорӣ мекунанд, беҳтар аст (яъне, аз азоби Аллоҳ метарсанд ва амру наҳйяшро ба ҷо меоранд).(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\400

وَجَآءَ إِخۡوَةُ يُوسُفَ فَدَخَلُواْ عَلَيۡهِ فَعَرَفَهُمۡ وَهُمۡ لَهُۥ مُنكِرُونَ ٥٨

58.   Ва бародарони Юсуф, ки дар сарзаминашон хушкӣ омада буд, ба Миср омаданд ва бар назди ӯ дохил шуданд, Юсуф онҳоро шинохт ва онҳо ӯро нашинохтанд.

وَلَمَّا جَهَّزَهُم بِجَهَازِهِمۡ قَالَ ٱئۡتُونِي بِأَخࣲ لَّكُم مِّنۡ أَبِيكُمۡۚ أَلَا تَرَوۡنَ أَنِّيٓ أُوفِي ٱلۡكَيۡلَ وَأَنَا۠ خَيۡرُ ٱلۡمُنزِلِينَ ٥٩

59.   Ва Юсуф(1) чун борҳояшонро як шутур бор аз таом ва ғалла муҳайё сохт, гуфт: «Бародари падариятонро низ назди ман биёваред, оё намебинед, ки паймонаро комил адо мекунам ва беҳтарин мизбонам?
1. Юсуф кори худ номаълум карда онҳоро битарсонид ва гуфт шумо ҷосусонед! Гуфтанд: мо аз замини Канъонем. Ёздаҳ бародар, аз зодагони паёмбарон Иброҳиму Исҳоқу Яъқубем. Юсуф гуфт: агар ёздаҳ бародаред, чаро даҳ нафар омадед? Пас аз онҳо талаб кард, ки бародарашонро низ биёранд, то аз баҳри вай ҳам як хирвор гандум бидиҳад. Тафсири Бағавӣ 4\255

فَإِن لَّمۡ تَأۡتُونِي بِهِۦ فَلَا كَيۡلَ لَكُمۡ عِندِي وَلَا تَقۡرَبُونِ ٦٠

60.   Пас, агар ӯро (яъне, бародаратонро) назди ман наёваред, паймонае (яъне, таоме) назди ман нахоҳед ёфт ва ба ман наздик машавед».(1)
1. Тафсири Табарӣ 16\155

قَالُواْ سَنُرَٰوِدُ عَنۡهُ أَبَاهُ وَإِنَّا لَفَٰعِلُونَ ٦١

61.   Гуфтанд: «Мо ӯро ба кӯшиши зиёд аз падараш хоҳем хост ва ин корро албатта, хоҳем кард».

وَقَالَ لِفِتۡيَٰنِهِ ٱجۡعَلُواْ بِضَٰعَتَهُمۡ فِي رِحَالِهِمۡ لَعَلَّهُمۡ يَعۡرِفُونَهَآ إِذَا ٱنقَلَبُوٓاْ إِلَىٰٓ أَهۡلِهِمۡ لَعَلَّهُمۡ يَرۡجِعُونَ ٦٢

62.   Ва Юсуф (алайҳиссалом) ба ходимони худ гуфт: «Сармояашонро (яъне, пуле, ки ба ивази озуқа дода буданд) дар борҳояшон пинҳонӣ биниҳед, бошад, ки чун назди хонаводаашон бозгарданд ва онро (сармояашонро) бишиносанд ва меҳмондории моро қадр карда боз оянд».(1)
1. Тафсири Бағавӣ 4\255

فَلَمَّا رَجَعُوٓاْ إِلَىٰٓ أَبِيهِمۡ قَالُواْ يَٰٓأَبَانَا مُنِعَ مِنَّا ٱلۡكَيۡلُ فَأَرۡسِلۡ مَعَنَآ أَخَانَا نَكۡتَلۡ وَإِنَّا لَهُۥ لَحَٰفِظُونَ ٦٣

63.   Пас, чун назди падар бозгаштанд, гуфтанд: «Эй падар, паймона бар мо манъ карда шуд. Бародарамонро бо мо бифирист, то паймона бозгирем. Ва ҳамоно, мо нигаҳдори ӯ ҳастем».

قَالَ هَلۡ ءَامَنُكُمۡ عَلَيۡهِ إِلَّا كَمَآ أَمِنتُكُمۡ عَلَىٰٓ أَخِيهِ مِن قَبۡلُ فَٱللَّهُ خَيۡرٌ حَٰفِظࣰاۖ وَهُوَ أَرۡحَمُ ٱلرَّٰحِمِينَ ٦٤

64.   Гуфт Яъқуб (алайҳиссалом): "Оё ман дар бораи ӯ (Бинёмин) ба шумо бовар кунам, ҳамон гуна ки қаблан дар бораи бародараш (Юсуф) ба шумо бовар кардам, пас ман ба аҳди шумо бовар намекунам, балки ба Аллоҳ таваккал менамоям, пас Аллоҳ беҳтарин нигоҳбон ва меҳрубонтарини меҳрубонон аст.!(1)
1. Тафсири Табарӣ 16\161

وَلَمَّا فَتَحُواْ مَتَٰعَهُمۡ وَجَدُواْ بِضَٰعَتَهُمۡ رُدَّتۡ إِلَيۡهِمۡۖ قَالُواْ يَٰٓأَبَانَا مَا نَبۡغِيۖ هَٰذِهِۦ بِضَٰعَتُنَا رُدَّتۡ إِلَيۡنَاۖ وَنَمِيرُ أَهۡلَنَا وَنَحۡفَظُ أَخَانَا وَنَزۡدَادُ كَيۡلَ بَعِيرࣲۖ ذَٰلِكَ كَيۡلࣱ يَسِيرࣱ ٦٥

65.   Ва чун бори ҳудро бикушоданд, сармояи худро ёфтанд, ки ба онҳо бозгардонида шудааст. Гуфтанд: «Эй падари мо, беш аз ин чӣ мехоҳем?! Ин сармояи мо аст, ки ба сӯи мо бозгардонида шудааст. Пас, бозравем ва барои хонаводаҳои худ озуқа оварем; бародари худро нигаҳбонӣ кунем ва бори як шутур зиёда орем; ва ба даст овардани ин бор бароямон осон аст".

قَالَ لَنۡ أُرۡسِلَهُۥ مَعَكُمۡ حَتَّىٰ تُؤۡتُونِ مَوۡثِقࣰا مِّنَ ٱللَّهِ لَتَأۡتُنَّنِي بِهِۦٓ إِلَّآ أَن يُحَاطَ بِكُمۡۖ فَلَمَّآ ءَاتَوۡهُ مَوۡثِقَهُمۡ قَالَ ٱللَّهُ عَلَىٰ مَا نَقُولُ وَكِيلࣱ ٦٦

66.   Гуфт Яъқуб (алайҳиссалом): «Ҳаргиз ӯро бо шумо намефиристам, то бо ман ба номи Аллоҳ паймоне бибандед ва ба номи Ӯ қасам хӯред, ки ӯро ба назди ман бозмегардонед. Магар он ки чизе бар сари шумо ояд ва ҳама гирифтор шавед ва тавоноии аз он халос шуданро надошта бошед». Пас, чун аҳди хешро доданд, гуфт (Яъқуб): «Аллоҳ бар он чӣ мегӯем, гувоҳ аст!»(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\401

وَقَالَ يَٰبَنِيَّ لَا تَدۡخُلُواْ مِنۢ بَابࣲ وَٰحِدࣲ وَٱدۡخُلُواْ مِنۡ أَبۡوَٰبࣲ مُّتَفَرِّقَةࣲۖ وَمَآ أُغۡنِي عَنكُم مِّنَ ٱللَّهِ مِن شَيۡءٍۖ إِنِ ٱلۡحُكۡمُ إِلَّا لِلَّهِۖ عَلَيۡهِ تَوَكَّلۡتُۖ وَعَلَيۡهِ فَلۡيَتَوَكَّلِ ٱلۡمُتَوَكِّلُونَ ٦٧

67.   Ва гуфт падарашон: «Эй писарони ман, чун ба Миср расидед, аз як дарвоза дохил нашавед, аз дарвозаҳои гуногун дохил шавед, то захми чашм нарасад бар шумо. Ва наметавонам чизеро ки Аллоҳ бар шумо муқаррар кардааст аз шумо дур кунам ва ҳеҷ фармоне ҷуз фармони Аллоҳ нест.
Бар Ӯ таваккал кардам ва таваккалкунандагон бар Ӯ таваккал кунанд».(1)
1. Тафсири Табарӣ 16\166

وَلَمَّا دَخَلُواْ مِنۡ حَيۡثُ أَمَرَهُمۡ أَبُوهُم مَّا كَانَ يُغۡنِي عَنۡهُم مِّنَ ٱللَّهِ مِن شَيۡءٍ إِلَّا حَاجَةࣰ فِي نَفۡسِ يَعۡقُوبَ قَضَىٰهَاۚ وَإِنَّهُۥ لَذُو عِلۡمࣲ لِّمَا عَلَّمۡنَٰهُ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ ٦٨

68.   Ва чун аз ҷое, ки падар фармон дода буд, дохил шуданд, ин кор қазо ва ҳукми Аллоҳро бар онҳо бартараф накард. Танҳо ниёзе дар замири Яъқуб буд метарсид, ки ба фарзандонаш чашм нарасад, ки онро ошкор сохт, ва ҳамоно, Яъқубро илме буд, ки Худ ба ӯ омӯхта будем, вале бештари мардум намедонанд.(1)
1. Тафсири Табарӣ 16\167

وَلَمَّا دَخَلُواْ عَلَىٰ يُوسُفَ ءَاوَىٰٓ إِلَيۡهِ أَخَاهُۖ قَالَ إِنِّيٓ أَنَا۠ أَخُوكَ فَلَا تَبۡتَئِسۡ بِمَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ ٦٩

69.   Ва чун бар Юсуф дохил шуданд, бародарашро (Бинёмин) назди худ ҷой дод. Гуфт (пинҳонӣ ба бародараш): "Ҳамоно, ман бародари ту ҳастам. Аз коре, ки инҳо бар ман кардаанд, андӯҳгин мабош ва ин суҳбати моро ба ҳеҷ кас магӯй».(1)
1. Тафсири Ибни Касир 4\400

فَلَمَّا جَهَّزَهُم بِجَهَازِهِمۡ جَعَلَ ٱلسِّقَايَةَ فِي رَحۡلِ أَخِيهِ ثُمَّ أَذَّنَ مُؤَذِّنٌ أَيَّتُهَا ٱلۡعِيرُ إِنَّكُمۡ لَسَٰرِقُونَ ٧٠

70.   Пас, чун Юсуф борҳояшонро омода кард, ба ходимонаш фармуд, то зарферо, ки бо он гандум бармекашиданд дар бори бародараш (Бинёмин) ба тарзи пинҳонӣ бигузоранд. Он гоҳ нидокунанда нидо кард: «Эй корвониён, ҳамоно, шумо Дуздонед».(1)
1. Тафсири Ибни Касир 4\401

قَالُواْ وَأَقۡبَلُواْ عَلَيۡهِم مَّاذَا تَفۡقِدُونَ ٧١

71.   Корвониён рӯй ба сӯи онҳо карданд ва гуфтанд: «чӣ гум кардаед?»

قَالُواْ نَفۡقِدُ صُوَاعَ ٱلۡمَلِكِ وَلِمَن جَآءَ بِهِۦ حِمۡلُ بَعِيرࣲ وَأَنَا۠ بِهِۦ زَعِيمࣱ ٧٢

72.   Гуфтанд: «Зарфи подшоҳро, ки бо он паймона мекард,(1) гум кардаем. Ва ҳар ки биёварадаш, ӯро мукофотест як бори шутур ва гуфт нидокунанда ман ба ин ваъда зоминам».(2)
1. Бармекашид. 2. Тафсири Саъдӣ 1\402

قَالُواْ تَٱللَّهِ لَقَدۡ عَلِمۡتُم مَّا جِئۡنَا لِنُفۡسِدَ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَمَا كُنَّا سَٰرِقِينَ ٧٣

73.   Гуфтанд бародарони Юсуф: «Ҳамоно қасам ба Аллоҳ, шумо худ медонед, ки мо барои фасод кардан дар ин сарзамини Миср наёмадаем ва дузд набудаем».(1)
1. Тафсири Бағавӣ 4\261

قَالُواْ فَمَا جَزَٰٓؤُهُۥٓ إِن كُنتُمۡ كَٰذِبِينَ ٧٤

74.   Гуфтанд: «Агар дурӯғ гуфта бошед, ҷазои дузд чист?»

قَالُواْ جَزَٰٓؤُهُۥ مَن وُجِدَ فِي رَحۡلِهِۦ فَهُوَ جَزَٰٓؤُهُۥۚ كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلظَّٰلِمِينَ ٧٥

75.   Гуфтанд (бародарони Юсуф): «Сазояш ин аст, ки ҳар касе он паймона дар бораш ёфт шавад, асир гардад ва мо инчунин ҷазо медиҳем дар динамон касонеро, ки ба сабаби дуздӣ ба ҷони худ ситам мекунанд.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\403

فَبَدَأَ بِأَوۡعِيَتِهِمۡ قَبۡلَ وِعَآءِ أَخِيهِ ثُمَّ ٱسۡتَخۡرَجَهَا مِن وِعَآءِ أَخِيهِۚ كَذَٰلِكَ كِدۡنَا لِيُوسُفَۖ مَا كَانَ لِيَأۡخُذَ أَخَاهُ فِي دِينِ ٱلۡمَلِكِ إِلَّآ أَن يَشَآءَ ٱللَّهُۚ نَرۡفَعُ دَرَجَٰتࣲ مَّن نَّشَآءُۗ وَفَوۡقَ كُلِّ ذِي عِلۡمٍ عَلِيمࣱ ٧٦

76.   Пас, шурӯъ кард Юсуф ба кофтукови борхалтаҳояшон, пеш аз кофтани борхалтаи бародараш (Бинёмин), баъд аз он дар охир баровард паймонаро аз борхалтаи бародараш, ҳамчунин тадбир омӯхтем барои Юсуф, чунки Юсуф омода набуд, ки асир гирад бародари худро дар дини подшоҳи Миср, лек
ба воситаи ин тадбир асир гирифтан иродаи хоси Аллоҳ буд. Баланд мегардонем мартабаи ҳар касеро, ки хоҳем ва болои ҳар соҳибилм боз донишманде ҳаст.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 4\263

۞ قَالُوٓاْ إِن يَسۡرِقۡ فَقَدۡ سَرَقَ أَخࣱ لَّهُۥ مِن قَبۡلُۚ فَأَسَرَّهَا يُوسُفُ فِي نَفۡسِهِۦ وَلَمۡ يُبۡدِهَا لَهُمۡۚ قَالَ أَنتُمۡ شَرࣱّ مَّكَانࣰاۖ وَٱللَّهُ أَعۡلَمُ بِمَا تَصِفُونَ ٧٧

77.   Гуфтанд (бародаронаш): «Мумкин аст агар ӯ дуздӣ кунад, чунки бародараш (яъне Юсуф) низ пеш аз ин дуздӣ кардааст». Юсуф ҷавоби он сухан дар дил пинҳон дошт ва ҳеҷ изҳоре накард ва гуфт дар дили худ): «Шумо мақоми бадтаре доред ва Аллоҳ ба он чи ки баён мекунед, донотар аст!» (1)
1. Тафсири Ибни Касир 4\403

قَالُواْ يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡعَزِيزُ إِنَّ لَهُۥٓ أَبࣰا شَيۡخࣰا كَبِيرࣰا فَخُذۡ أَحَدَنَا مَكَانَهُۥٓۖ إِنَّا نَرَىٰكَ مِنَ ٱلۡمُحۡسِنِينَ ٧٨

78.   Гуфтанд (бародаронаш): «Эй азиз, ӯро падарест солхӯрда. Яке аз моро ба ҷои ӯ бигир, ҳамоно мебинем туро, аз некӯкорон».

قَالَ مَعَاذَ ٱللَّهِ أَن نَّأۡخُذَ إِلَّا مَن وَجَدۡنَا مَتَٰعَنَا عِندَهُۥٓ إِنَّآ إِذࣰا لَّظَٰلِمُونَ ٧٩

79.   Гуфт (Юсуф): «Аллоҳ паноҳ диҳад, ки ҷуз он касро, ки бори хеш назди ӯ ёфтаем, бигирем. Агар чунин кунем, аз ситамкорон хоҳем буд».

فَلَمَّا ٱسۡتَيۡـَٔسُواْ مِنۡهُ خَلَصُواْ نَجِيࣰّاۖ قَالَ كَبِيرُهُمۡ أَلَمۡ تَعۡلَمُوٓاْ أَنَّ أَبَاكُمۡ قَدۡ أَخَذَ عَلَيۡكُم مَّوۡثِقࣰا مِّنَ ٱللَّهِ وَمِن قَبۡلُ مَا فَرَّطتُمۡ فِي يُوسُفَۖ فَلَنۡ أَبۡرَحَ ٱلۡأَرۡضَ حَتَّىٰ يَأۡذَنَ لِيٓ أَبِيٓ أَوۡ يَحۡكُمَ ٱللَّهُ لِيۖ وَهُوَ خَيۡرُ ٱلۡحَٰكِمِينَ ٨٠

80.   Чун аз ӯ ноумед шуданд, барои машварат ба каноре рафтанд ва бузургтаринашон гуфт: «Оё намедонед, ки падаратон аз шумо ба номи Аллоҳ паймон(1) гирифта ва пеш аз ин низ дар ҳаққи Юсуф кӯтоҳӣ кардаед? Ман аз ин сарзамини Миср берун намеоям, то падарам маро иҷозат диҳад ё Аллоҳ дар ҳаққи ман доварие кунад, ки Ӯ беҳтарини доварон аст.(2)
1. Яъне, Бинминро боз пас ба ман меоред. 2. Тафсири Бағавӣ 4\265

ٱرۡجِعُوٓاْ إِلَىٰٓ أَبِيكُمۡ فَقُولُواْ يَٰٓأَبَانَآ إِنَّ ٱبۡنَكَ سَرَقَ وَمَا شَهِدۡنَآ إِلَّا بِمَا عَلِمۡنَا وَمَا كُنَّا لِلۡغَيۡبِ حَٰفِظِينَ ٨١

81.   Назди падар бозгардед ва бигӯед: «Эй падар, писарат дуздӣ кард ва мо ҷуз ба он чӣ медонистем, шаҳодат надодем ва аз ғайб низ огоҳ нестем. (Яъне, чун ба ту ваъда дода будем, ки ӯро ҳимоя мекунем, намедонистем, ки дар оянда дуздӣ мекунад).(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\403

وَسۡـَٔلِ ٱلۡقَرۡيَةَ ٱلَّتِي كُنَّا فِيهَا وَٱلۡعِيرَ ٱلَّتِيٓ أَقۡبَلۡنَا فِيهَاۖ وَإِنَّا لَصَٰدِقُونَ ٨٢

82.   Аз аҳли шаҳре, ки дар он будаем ва аз корвоне, ки ҳамроҳаш омадаем, бипурс, ки ҳамоно мо рост мегӯем».

قَالَ بَلۡ سَوَّلَتۡ لَكُمۡ أَنفُسُكُمۡ أَمۡرࣰاۖ فَصَبۡرࣱ جَمِيلٌۖ عَسَى ٱللَّهُ أَن يَأۡتِيَنِي بِهِمۡ جَمِيعًاۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلۡعَلِيمُ ٱلۡحَكِيمُ ٨٣

83.   Гуфт (Яъқуб): «Балки, нафсҳои шумо кори бадеро дар назаратон зиннат дод ва маро сабри ҷамил1. беҳтар аст. Умед ҳаст, ки Аллоҳ ҳамаро (яъне Юсуф, Бинёмин ва писари калониамро) ба ман бозгардонад, ки Ӯ доно аст бар ҳоли ман ва боҳикмат аст дар корҳояш!(2)
1. Сабре, ки дар он дар назди мардум нолаву шикояте нест. 2. Тафсири Саъдӣ 1\403

وَتَوَلَّىٰ عَنۡهُمۡ وَقَالَ يَٰٓأَسَفَىٰ عَلَىٰ يُوسُفَ وَٱبۡيَضَّتۡ عَيۡنَاهُ مِنَ ٱلۡحُزۡنِ فَهُوَ كَظِيمࣱ ٨٤

84.   Яъқуб рӯи худ аз онҳо бигардониду гуфт: «Эй вой бар андӯҳи ман, бар дурӣ аз Юсуф». Ва чашмонаш аз ғам сапедӣ гирифт ва ҳамчунон андӯҳи худ фурӯ мебурд.

قَالُواْ تَٱللَّهِ تَفۡتَؤُاْ تَذۡكُرُ يُوسُفَ حَتَّىٰ تَكُونَ حَرَضًا أَوۡ تَكُونَ مِنَ ٱلۡهَٰلِكِينَ ٨٥

85.   Гуфтанд писаронаш: «Ба Аллоҳ савганд, пайваста Юсуфро ёд мекунӣ, то бемор гардӣ ё бимирӣ».

قَالَ إِنَّمَآ أَشۡكُواْ بَثِّي وَحُزۡنِيٓ إِلَى ٱللَّهِ وَأَعۡلَمُ مِنَ ٱللَّهِ مَا لَا تَعۡلَمُونَ ٨٦

86.   Гуфт Яъқуб: «Ҷуз ин нест, ки шарҳи андӯҳи хеш танҳо бо Аллоҳ мегӯям. Зеро
он чӣ ман аз Аллоҳ дар бобати меҳрубониву фазлу раҳматаш медонам, шумо намедонед!(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\404

يَٰبَنِيَّ ٱذۡهَبُواْ فَتَحَسَّسُواْ مِن يُوسُفَ وَأَخِيهِ وَلَا تَاْيۡـَٔسُواْ مِن رَّوۡحِ ٱللَّهِۖ إِنَّهُۥ لَا يَاْيۡـَٔسُ مِن رَّوۡحِ ٱللَّهِ إِلَّا ٱلۡقَوۡمُ ٱلۡكَٰفِرُونَ ٨٧

87.   Эй писарони ман, бираведу Юсуф ва бародарашро биҷӯед ва аз раҳмати Аллоҳ ноумед машавед. Зеро танҳо кофирон аз раҳмати Аллоҳ ноумед мешаванд».

فَلَمَّا دَخَلُواْ عَلَيۡهِ قَالُواْ يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡعَزِيزُ مَسَّنَا وَأَهۡلَنَا ٱلضُّرُّ وَجِئۡنَا بِبِضَٰعَةࣲ مُّزۡجَىٰةࣲ فَأَوۡفِ لَنَا ٱلۡكَيۡلَ وَتَصَدَّقۡ عَلَيۡنَآۖ إِنَّ ٱللَّهَ يَجۡزِي ٱلۡمُتَصَدِّقِينَ ٨٨

88.   Чун ба Миср рафтанд ва ба назди Юсуф дохил шуданд, гуфтанд: «Эй азиз, мову хонаводаамон ба гуруснагӣ афтодаем ва бо сармояи андак омадаем, паймонаи моро комил адо кун ва бар мо садақа бидеҳ, ҳамоно Аллоҳ садақадиҳандагонро дӯст дорад!»
1. Тафсири Ибни Касир 4\407

قَالَ هَلۡ عَلِمۡتُم مَّا فَعَلۡتُم بِيُوسُفَ وَأَخِيهِ إِذۡ أَنتُمۡ جَٰهِلُونَ ٨٩

89.    Гуфт Юсуф: «Медонед, ки аз рӯи нодонӣ бо Юсуф ва бародараш чӣ кардед?»

قَالُوٓاْ أَءِنَّكَ لَأَنتَ يُوسُفُۖ قَالَ أَنَا۠ يُوسُفُ وَهَٰذَآ أَخِيۖ قَدۡ مَنَّ ٱللَّهُ عَلَيۡنَآۖ إِنَّهُۥ مَن يَتَّقِ وَيَصۡبِرۡ فَإِنَّ ٱللَّهَ لَا يُضِيعُ أَجۡرَ ٱلۡمُحۡسِنِينَ ٩٠

90.    Гуфтанд: «Оё ба ҳақиқат ту Юсуфӣ?» Гуфт: «Ман Юсуфам ва ин бародари ман аст ва Аллоҳ ба мо неъмат дод ва байни моро ҷамъ кард. Ҳамоно ҳар кас, ки парҳезгорӣ кунад ва сабрро пеша кунад, Аллоҳ муздашро нобуд намегардонад, балки беҳтарин подош барояш ато хоҳад кард».(1).
1. Тафсири Бағавӣ 4\274

قَالُواْ تَٱللَّهِ لَقَدۡ ءَاثَرَكَ ٱللَّهُ عَلَيۡنَا وَإِن كُنَّا لَخَٰطِـِٔينَ ٩١

91.    Гуфтанд: «Ба Аллоҳ савганд, ки Аллоҳ туро бар мо фазилату бартарӣ додааст.
Ва ҳамаи мо он чи қасдан дар ҳаққи ту ва бародарат кардем, хато кардаем».

قَالَ لَا تَثۡرِيبَ عَلَيۡكُمُ ٱلۡيَوۡمَۖ يَغۡفِرُ ٱللَّهُ لَكُمۡۖ وَهُوَ أَرۡحَمُ ٱلرَّٰحِمِينَ ٩٢

92.    Гуфт (Юсуф): «Имрӯз шуморо сарзанишу маломат набояд кард; Аллоҳ шуморо мебахшояд, ки Ӯ меҳрубонтарини меҳрубонон аст!

ٱذۡهَبُواْ بِقَمِيصِي هَٰذَا فَأَلۡقُوهُ عَلَىٰ وَجۡهِ أَبِي يَأۡتِ بَصِيرࣰا وَأۡتُونِي بِأَهۡلِكُمۡ أَجۡمَعِينَ ٩٣

93.    Ин ҷомаи маро бибаред ва бар рӯи падарам андозед, то бино гардад. Ва ҳамаи аҳлу аёли худро назди ман биёваред».

وَلَمَّا فَصَلَتِ ٱلۡعِيرُ قَالَ أَبُوهُمۡ إِنِّي لَأَجِدُ رِيحَ يُوسُفَۖ لَوۡلَآ أَن تُفَنِّدُونِ ٩٤

94. Чун корвон аз Миср, берун шуд, падарашон гуфт: «Ҳамоно агар маро девона нахонед, бӯи Юсуфро ҳис мекунам».(1)
1. Тафсири Бағавӣ 4\275

قَالُواْ تَٱللَّهِ إِنَّكَ لَفِي ضَلَٰلِكَ ٱلۡقَدِيمِ ٩٥

95. Гуфтанд (ҳаммаҷлисонаш): «Ба Аллоҳ савганд, ки ҳамоно ту дар ҳамон гумроҳии деринаи хеш ҳастӣ!»

فَلَمَّآ أَن جَآءَ ٱلۡبَشِيرُ أَلۡقَىٰهُ عَلَىٰ وَجۡهِهِۦ فَٱرۡتَدَّ بَصِيرࣰاۖ قَالَ أَلَمۡ أَقُل لَّكُمۡ إِنِّيٓ أَعۡلَمُ مِنَ ٱللَّهِ مَا لَا تَعۡلَمُونَ ٩٦

96. Чун муждадиҳанда омад ва ҷома бар рӯи Яъқуб андохт, бино гашт. Гуфт: «Оё ба шумо нагуфтам, ки он чӣ ман аз Аллоҳ медонам дар бобати меҳрубониаш, шумо намедонед?»

قَالُواْ يَٰٓأَبَانَا ٱسۡتَغۡفِرۡ لَنَا ذُنُوبَنَآ إِنَّا كُنَّا خَٰطِـِٔينَ ٩٧

97. Гуфтанд писаронаш: «Эй падар барои гуноҳони мо аз Парвардигорат омурзиш бихоҳ, ки ҳамоно мо дар ҳаққи ту ва Юсуф гунаҳкор будаем».(1)
1. Тафсири Табарӣ 16\261

قَالَ سَوۡفَ أَسۡتَغۡفِرُ لَكُمۡ رَبِّيٓۖ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلۡغَفُورُ ٱلرَّحِيمُ ٩٨

98. Гуфт Яъқуб (алайҳиссалом): «Ба зудӣ аз Парвардигорам барои шумо омурзиш(1) хоҳам хост, ҳамоно Ӯ омурзандаи гуноҳи бандагон ва бар тавбакунандагон меҳрубон аст!»
1. Аксари муфассирон гуфтанд, ки Яъқуб алайҳиссалом дуоро ба охири шаб таъхир кунонд, зеро он вақтест, Аллоҳ ба осмони дунё фуруд меояд ва мегӯяд: кист, ки дуо кунад, то дуояшро иҷобат намоям. Пас, Аллоҳ дуояшро қабул кард, аз гуноҳҳони ӯ ва фарзандонаш даргузашт. Тафсири Бағавӣ 4\217

فَلَمَّا دَخَلُواْ عَلَىٰ يُوسُفَ ءَاوَىٰٓ إِلَيۡهِ أَبَوَيۡهِ وَقَالَ ٱدۡخُلُواْ مِصۡرَ إِن شَآءَ ٱللَّهُ ءَامِنِينَ ٩٩

99. Чун бар назди Юсуф дохил шуданд, падару модарро ба оғӯш кашиду гуфт: «Ба Миср дароед, ки агар Аллоҳ бихоҳад (аз хушкиву қаҳтӣ), дар амон хоҳед буд!»

وَرَفَعَ أَبَوَيۡهِ عَلَى ٱلۡعَرۡشِ وَخَرُّواْ لَهُۥ سُجَّدࣰاۖ وَقَالَ يَٰٓأَبَتِ هَٰذَا تَأۡوِيلُ رُءۡيَٰيَ مِن قَبۡلُ قَدۡ جَعَلَهَا رَبِّي حَقࣰّاۖ وَقَدۡ أَحۡسَنَ بِيٓ إِذۡ أَخۡرَجَنِي مِنَ ٱلسِّجۡنِ وَجَآءَ بِكُم مِّنَ ٱلۡبَدۡوِ مِنۢ بَعۡدِ أَن نَّزَغَ ٱلشَّيۡطَٰنُ بَيۡنِي وَبَيۡنَ إِخۡوَتِيٓۚ إِنَّ رَبِّي لَطِيفࣱ لِّمَا يَشَآءُۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلۡعَلِيمُ ٱلۡحَكِيمُ ١٠٠

100. Падару модарро бар тахт баровард ва ҳама (падару модар ва ёздаҳ бародар) дар баробари Юсуф барои ҳурмату эҳтиром(1) ба саҷда даромаданд. Гуфт "Эй падар, ин аст таъбири он хоби ман, ки ба таҳқиқ, Парвардигорам онро рост
баровард. Ва чӣ қадар ба
ман некӣ кардааст, он гоҳ ки
маро аз зиндон бираҳонид
ва пас аз он, ки шайтон
миёни ману бародаронам
фасод карда буд, шуморо
аз бодия ба ин ҷо овард.
Парвардигори ман ба ҳар чӣ ирода кунад, санҷида, дақиқ анҷом медиҳад, ки Ӯ донову ҳаким аст!(2)
1. Мурод аз саҷда кардан, ниҳодани пешониҳо бар рӯи замин нест, балки сар хам кардан ва фурӯтанӣ аст, ё гуфта шудааст, ки дар дини онҳо саҷда кардан ҷоиз буд, вале бо зуҳури ислом саҷда карданро дар назди инсон ҳаром гардонд. Тафсири Бағавӣ 4\200 2. Тафсири Ибни Касир 4\412

۞ رَبِّ قَدۡ ءَاتَيۡتَنِي مِنَ ٱلۡمُلۡكِ وَعَلَّمۡتَنِي مِن تَأۡوِيلِ ٱلۡأَحَادِيثِۚ فَاطِرَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ أَنتَ وَلِيِّۦ فِي ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِۖ تَوَفَّنِي مُسۡلِمࣰا وَأَلۡحِقۡنِي بِٱلصَّٰلِحِينَ ١٠١

101.  Эй Парвардигори ман, маро подшоҳӣ додӣ ва маро илми таъбири хоб омӯхтӣ. Эй офаринандаи осмонҳову замин, Ту дар дунёву охират сарпарасти манӣ. Маро то охири ҳаётам мусалмон бимирон ва бипайванд маро бо бандагони солеҳат!(1)
1. Яъне, бо паёмбарон, некукорон ва баргузидагон. Тафсири Саъдӣ 1\ 406

ذَٰلِكَ مِنۡ أَنۢبَآءِ ٱلۡغَيۡبِ نُوحِيهِ إِلَيۡكَۖ وَمَا كُنتَ لَدَيۡهِمۡ إِذۡ أَجۡمَعُوٓاْ أَمۡرَهُمۡ وَهُمۡ يَمۡكُرُونَ ١٠٢

102.  Инҳо аз хабарҳои ғайб аст, ки ба ту эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ваҳй мекунем. Ва он ҳангом ки бо якдигар (бародарони Юсуф) гирд омада буданд ва машварат мекарданд ва найранг(1) месохтанд, ту назди онҳо набудӣ!
1. Яъне, Юсуфро бо роҳи найранг ба саҳро бурда ва ӯро дар чоҳ меандозанд. Тафсири Бағавӣ 4\ 282

وَمَآ أَكۡثَرُ ٱلنَّاسِ وَلَوۡ حَرَصۡتَ بِمُؤۡمِنِينَ ١٠٣

103.  Ҳарчанд ту эй Паёмбар, ба имонашон (яъне, ба имон овардани қавмат) ҳарис бошӣ, мардуми қавми ту имон намеоваранд!(1)
1. Тафсири Табарӣ 16\284

وَمَا تَسۡـَٔلُهُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍۚ إِنۡ هُوَ إِلَّا ذِكۡرࣱ لِّلۡعَٰلَمِينَ ١٠٤

104.  Ва ту дар муқобили паёмбарият аз онҳо музде наметалабӣ ва ин Қуръон ҷуз панде барои мардуми ҷаҳон нест!

وَكَأَيِّن مِّنۡ ءَايَةࣲ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ يَمُرُّونَ عَلَيۡهَا وَهُمۡ عَنۡهَا مُعۡرِضُونَ ١٠٥

105. Чӣ бисёр нишонаҳое(1) аст, ки далолат мекунанд ҳама ба ягонагии Аллоҳ дар осмонҳову замин, ки аз канори он мегузаранд ва аз он рӯй барметобанду ва панду ибрате намегиранд!
1. Яъне, ба монанди офтоб, моҳтоб, кӯҳҳо ва дарахтон. Тафсири Табарӣ 16 \ 285

وَمَا يُؤۡمِنُ أَكۡثَرُهُم بِٱللَّهِ إِلَّا وَهُم مُّشۡرِكُونَ ١٠٦

106. Ва бештарашон ба Аллоҳ имон намеоваранд, магар ин ки онон мушриканд.

أَفَأَمِنُوٓاْ أَن تَأۡتِيَهُمۡ غَٰشِيَةࣱ مِّنۡ عَذَابِ ٱللَّهِ أَوۡ تَأۡتِيَهُمُ ٱلسَّاعَةُ بَغۡتَةࣰ وَهُمۡ لَا يَشۡعُرُونَ ١٠٧

107. Оё эмин ҳастанд, аз он ки азоби фарогире аз сӯи Аллоҳ ононро дарбар гирад, ё ногаҳон қиёмат ба суроғашон биёяд, дар ҳоле ки ғофил ва бехабар бошанд!?

قُلۡ هَٰذِهِۦ سَبِيلِيٓ أَدۡعُوٓاْ إِلَى ٱللَّهِۚ عَلَىٰ بَصِيرَةٍ أَنَا۠ وَمَنِ ٱتَّبَعَنِيۖ وَسُبۡحَٰنَ ٱللَّهِ وَمَآ أَنَا۠ مِنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ ١٠٨

108. Бигӯ эй Паёмбар: «Ин роҳи ман аст. Ману пайравонам ҳамагонро бо далелу ҳуҷҷат ба сӯи Аллоҳи ягона даъват мекунем. Пок аст Аллоҳ ва ман ҳаргиз аз мушрикон нестам!»

وَمَآ أَرۡسَلۡنَا مِن قَبۡلِكَ إِلَّا رِجَالࣰا نُّوحِيٓ إِلَيۡهِم مِّنۡ أَهۡلِ ٱلۡقُرَىٰٓۗ أَفَلَمۡ يَسِيرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَيَنظُرُواْ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡۗ وَلَدَارُ ٱلۡأٓخِرَةِ خَيۡرࣱ لِّلَّذِينَ ٱتَّقَوۡاْۚ أَفَلَا تَعۡقِلُونَ ١٠٩

109. Ва Мо пеш аз ту эй Паёмбар, ба паёмбарӣ нафиристодем, магар мардонеро аз мардуми шаҳрҳо ва ободиҳо, ки ба онҳо ваҳй мекардем. Оё дар рӯи замин намегарданд, то бингаранд, ки поёни кори пешиниёнашон онон, ки беимон буданд, чӣ будааст? Ва ҳамоно саройи охират(1) парҳезгоронро беҳтар аст, чаро намеандешед?(2)
1. Яъне ҷаннат. 2. Тафсири Саъдӣ 1\406

حَتَّىٰٓ إِذَا ٱسۡتَيۡـَٔسَ ٱلرُّسُلُ وَظَنُّوٓاْ أَنَّهُمۡ قَدۡ كُذِبُواْ جَآءَهُمۡ نَصۡرُنَا فَنُجِّيَ مَن نَّشَآءُۖ وَلَا يُرَدُّ بَأۡسُنَا عَنِ ٱلۡقَوۡمِ ٱلۡمُجۡرِمِينَ ١١٠

110. Мӯҳлат додем аз ҳалокату омадани азоб, то замоне, ки ноумед шуданд паёмбарон аз имон овардани он уммату қавми худ ва гумон карданд қавмҳояшон, ки онҳо ба дурӯғ ваъда карда шудаанд, ногоҳ ёриву нусрати Мо
ба паёмбарон расид. Ва ҳар киро, ки хостем, аз паёмбарон ва пайравонашон наҷот додем ва азоби Мо аз мардуми гунаҳкор бозгардонида нашавад!(1)
1. Тафсири Табарӣ 16\296

لَقَدۡ كَانَ فِي قَصَصِهِمۡ عِبۡرَةࣱ لِّأُوْلِي ٱلۡأَلۡبَٰبِۗ مَا كَانَ حَدِيثࣰا يُفۡتَرَىٰ وَلَٰكِن تَصۡدِيقَ ٱلَّذِي بَيۡنَ يَدَيۡهِ وَتَفۡصِيلَ كُلِّ شَيۡءࣲ وَهُدࣰى وَرَحۡمَةࣰ لِّقَوۡمࣲ يُؤۡمِنُونَ ١١١

111. Ҳамоно хирадмандонро дар қиссаҳои паёмбарон панду ибратест. Ин Қуръон сухани сохта нест, балки тасдиқи сухани китобҳои пешиниён ва баёнкунандаи ҳар чизест ва барои онҳо, ки имон овардаанд, раҳнамо ва раҳмат аст.(1).
1. Тафсири Саъдӣ 1\406

Other translations of this surah

Tafsir of this surah in Arabic Тоҷикӣ translation

Surahs

1 Al-Fatihah ФОТИҲА · 7 verses · Meccan Juz 1 · Revealed 5 الفاتحة 2 Al-Baqarah БАҚАРА · 286 verses · Medinan Juz 1 · Revealed 87 البقرة 3 Al-Imran ОЛИ ИМРОН · 200 verses · Medinan Juz 3 · Revealed 89 آل عمران 4 An-Nisa' НИСО · 176 verses · Medinan Juz 4 · Revealed 92 النساء 5 Al-Ma'idah МОИДА · 120 verses · Medinan Juz 6 · Revealed 112 المائدة 6 Al-An'am АНЪОМ · 165 verses · Meccan Juz 7 · Revealed 55 الأنعام 7 Al-A'raf АЪРОФ · 206 verses · Meccan Juz 8 · Revealed 39 الأعراف 8 Al-Anfal АНФОЛ · 75 verses · Medinan Juz 9 · Revealed 88 الأنفال 9 At-Taubah ТАВБА · 129 verses · Medinan Juz 10 · Revealed 113 التوبة 10 Yunus ЮНУС · 109 verses · Meccan Juz 11 · Revealed 51 يونس 11 Hood ҲУД · 123 verses · Meccan Juz 11 · Revealed 52 هود 12 Yusuf ЮСУФ · 111 verses · Meccan Juz 12 · Revealed 53 يوسف 13 Ar-Ra'd РАЪД · 43 verses · Medinan Juz 13 · Revealed 96 الرعد 14 Ibrahim ИБРОҲИМ · 52 verses · Meccan Juz 13 · Revealed 72 إبراهيم 15 Al-Hijr ҲИҶР · 99 verses · Meccan Juz 14 · Revealed 54 الحجر 16 An-Nahl НАҲЛ · 128 verses · Meccan Juz 14 · Revealed 70 النحل 17 Al-Isra ИСРО · 111 verses · Meccan Juz 15 · Revealed 50 الإسراء 18 Al-Kahf КАҲФ · 110 verses · Meccan Juz 15 · Revealed 69 الكهف 19 Maryam МАРЯМ · 98 verses · Meccan Juz 16 · Revealed 44 مريم 20 Ta­Ha ТОҲО · 135 verses · Meccan Juz 16 · Revealed 45 طه 21 Al-Anbiya' АНБИЁ · 112 verses · Meccan Juz 17 · Revealed 73 الأنبياء 22 Al-Hajj ҲАҶ · 78 verses · Medinan Juz 17 · Revealed 103 الحج 23 Al-Mu'minun МУЪМИНУН · 118 verses · Meccan Juz 18 · Revealed 74 المؤمنون 24 An-Nur НУР · 64 verses · Medinan Juz 18 · Revealed 102 النور 25 Al-Furqan ФУРҚОН · 77 verses · Meccan Juz 18 · Revealed 42 الفرقان 26 Ash-Shu'ara' ШУЪАРО · 227 verses · Meccan Juz 19 · Revealed 47 الشعراء 27 An-Naml НАМЛ · 93 verses · Meccan Juz 19 · Revealed 48 النمل 28 Al-Qasas ҚАСАС · 88 verses · Meccan Juz 20 · Revealed 49 القصص 29 Al-'Ankabut АНКАБУТ · 69 verses · Meccan Juz 20 · Revealed 85 العنكبوت 30 Ar­Room РУМ · 60 verses · Meccan Juz 21 · Revealed 84 الروم 31 Luqman ЛУҚМОН · 34 verses · Meccan Juz 21 · Revealed 57 لقمان 32 As­Sajdah САҶДА · 30 verses · Meccan Juz 21 · Revealed 75 السجدة 33 Al­Ahzab АҲЗОБ · 73 verses · Medinan Juz 21 · Revealed 90 الأحزاب 34 Saba' САБА · 54 verses · Meccan Juz 22 · Revealed 58 سبأ 35 Fatir ФОТИР · 45 verses · Meccan Juz 22 · Revealed 43 فاطر 36 Ya­Sin ЁСИН · 83 verses · Meccan Juz 22 · Revealed 41 يس 37 As-Saffat СОФФОТ · 182 verses · Meccan Juz 23 · Revealed 56 الصافات 38 Sad СОД · 88 verses · Meccan Juz 23 · Revealed 38 ص 39 Az-Zumar ЗУМАР · 75 verses · Meccan Juz 23 · Revealed 59 الزمر 40 Ghafir ҒОФИР · 85 verses · Meccan Juz 24 · Revealed 60 غافر 41 Fussilat ФУССИЛАТ · 54 verses · Meccan Juz 24 · Revealed 61 فصلت 42 Ash-Shura ШУРО · 53 verses · Meccan Juz 25 · Revealed 62 الشورى 43 Az-Zukhruf ЗУХРУФ · 89 verses · Meccan Juz 25 · Revealed 63 الزخرف 44 Ad-Dukhan ДУХОН · 59 verses · Meccan Juz 25 · Revealed 64 الدخان 45 Al-Jathiya ҶОСИЯ · 37 verses · Meccan Juz 25 · Revealed 65 الجاثية 46 Al-Ahqaf АҲҚОФ · 35 verses · Meccan Juz 26 · Revealed 66 الأحقاف 47 Muhammad МУҲАММАД · 38 verses · Medinan Juz 26 · Revealed 96 محمد 48 Al-Fath ФАТҲ · 29 verses · Medinan Juz 26 · Revealed 111 الفتح 49 Al-Hujurat ҲУҶУРОТ · 18 verses · Medinan Juz 26 · Revealed 106 الحجرات 50 Qaf ҚОФ · 45 verses · Meccan Juz 26 · Revealed 34 ق 51 Az-Zariyat ЗОРИЁТ · 60 verses · Meccan Juz 26 · Revealed 67 الذاريات 52 At-Tur ТУР · 49 verses · Meccan Juz 27 · Revealed 76 الطور 53 An-Najm НАҶМ · 62 verses · Meccan Juz 27 · Revealed 23 النجم 54 Al-Qamar ҚАМАР · 55 verses · Meccan Juz 27 · Revealed 37 القمر 55 Ar-Rahman РАҲМОН · 78 verses · Medinan Juz 27 · Revealed 97 الرحمن 56 Al-Waqi'ah ВОҚИА · 96 verses · Meccan Juz 27 · Revealed 46 الواقعة 57 Al-Hadid ҲАДИД · 29 verses · Medinan Juz 27 · Revealed 94 الحديد 58 Al-Mujadilah МУҶОДАЛА · 22 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 105 المجادلة 59 Al-Hashr ҲАШР · 24 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 101 الحشر 60 Al-Mumtahinah МУМТАҲИНА · 13 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 91 الممتحنة 61 As-Saff САФ · 14 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 109 الصف 62 Al-Jumu'ah ҶУМЪА · 11 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 110 الجمعة 63 Al-Munafiqun МУНОФИҚИН · 11 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 104 المنافقون 64 At-Taghabun ТАҒОБУН · 18 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 108 التغابن 65 At-Talaq ТАЛОҚ · 12 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 99 الطلاق 66 At-Tahrim ТАҲРИМ · 12 verses · Medinan Juz 28 · Revealed 107 التحريم 67 Al-Mulk МУЛК · 30 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 77 الملك 68 Al-Qalam ҚАЛАМ · 52 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 2 القلم 69 Al-Haqqah ҲОҚҚА · 52 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 87 الحاقة 70 Al-Ma'arij МАЪОРИҶ · 44 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 79 المعارج 71 Nooh НУҲ · 28 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 71 نوح 72 Al-Jinn ҶИН · 28 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 40 الجن 73 Al-Muzzammil МУЗЗАММИЛ · 20 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 3 المزمل 74 Al-Muddaththir МУДДАССИР · 56 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 4 المدثر 75 Al-Qiyamah ҚИЁМАТ · 40 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 31 القيامة 76 Al-Insan ИНСОН · 31 verses · Medinan Juz 29 · Revealed 98 الإنسان 77 Al-Mursalat МУРСАЛОТ · 50 verses · Meccan Juz 29 · Revealed 33 المرسلات 78 An-Naba' НАБА · 40 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 80 النبأ 79 An-Nazi'at НОЗИЪОТ · 46 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 81 النازعات 80 'Abasa АБАСА · 42 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 24 عبس 81 At-Takwir ТАКВИР · 29 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 7 التكوير 82 Al-Infitar ИНФИТОР · 19 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 82 الإنفطار 83 Al-Mutaffifin МУТАФФИФИН · 36 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 86 المطففين 84 Al-Inshiqaq ИНШИҚОҚ · 25 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 83 الإنشقاق 85 Al-Buruj БУРУҶ · 22 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 27 البروج 86 At-Tariq ТОРИҚ · 17 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 36 الطارق 87 Al-A'la АЪЛО · 19 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 8 الأعلى 88 Al-Ghashiyah ҒОШИЯ · 26 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 68 الغاشية 89 Al-Fajr ФАҶР · 30 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 10 الفجر 90 Al-Balad БАЛАД · 20 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 35 البلد 91 Ash-Shams ШАМС · 15 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 26 الشمس 92 Al-Lail ЛАЙЛ · 21 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 9 الليل 93 Ad-Duha ЗУҲО · 11 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 11 الضحى 94 Ash-Sharh ШАРҲ · 8 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 12 الشرح 95 At-Tin ТИН · 8 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 28 التين 96 Al-'Alaq АЛАҚ · 19 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 1 العلق 97 Al-Qadr ҚАДР · 5 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 25 القدر 98 Al-Baiyinah БАЙЙИНА · 8 verses · Medinan Juz 30 · Revealed 100 البينة 99 Az-Zalzalah ЗИЛЗИЛА · 8 verses · Medinan Juz 30 · Revealed 93 الزلزلة 100 Al-'Adiyat ЪОДИЁТ · 11 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 14 العاديات 101 Al-Qari'ah ҚОРИЪА · 11 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 30 القارعة 102 At-Takathur ТАКОСУР · 8 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 16 التكاثر 103 Al-'Asr АСР · 3 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 13 العصر 104 Al-Humazah ҲУМАЗА · 9 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 32 الهمزة 105 Al-Fil ФИЛ · 5 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 19 الفيل 106 Quraish ҚУРАЙШ · 4 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 29 قريش 107 Al-Ma'un МОЪУН · 7 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 17 الماعون 108 Al-Kauthar КАВСАР · 3 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 15 الكوثر 109 Al-Kafirun КОФИРУН · 6 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 18 الكافرون 110 An-Nasr НАСР · 3 verses · Medinan Juz 30 · Revealed 114 النصر 111 Al-Masad МАСАД · 5 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 6 المسد 112 Al-Ikhlas ИХЛОС · 4 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 22 الإخلاص 113 Al-Falaq ФАЛАҚ · 5 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 20 الفلق 114 An-Nas НОС · 6 verses · Meccan Juz 30 · Revealed 21 الناس

Reading settings

View
Compare with

Pick up to two more translations to show under each verse.

Arabic size
100%
Translation size
100%
Line spacing
Theme

Verse

Arabic tafsir
Highlight

Highlights stay in this browser and are listed on the bookmarks page. /bookmarks