Тарҷумаи сураи ЁСИН ба الطاجيكية аз الترجمة الطاجيكية - عارفي
Verse 1
ﭬ
ﭭ
Ё, син
Verse 2
ﭮﭯ
ﭰ
Савганд ба Қуръони ҳаким
Verse 3
ﭱﭲﭳ
ﭴ
Бе тардид, ту аз паёмбарон [-и Мо] ҳастӣ
Verse 4
ﭵﭶﭷ
ﭸ
[Ва] Бар роҳи рост [Ислом қарор дорӣ]
Verse 5
ﭹﭺﭻ
ﭼ
[Ин Қуръон] Фуруфиристодаи [Парвардигори] шикастнопазири меҳрубон аст
Verse 6
То мардумеро [дар бораи азоби қиёмат] бим диҳӣ, ки падаронашон ҳушдор наёфтаанд ва [бад-ин сабаб] онҳо низ ғофиланд
Verse 7
Яқинан, фармон [-и азоби илоҳӣ] бар бештарашон таҳаққуқ ёфтааст; пас, [лаҷоҷат мекунанд ва] имон намеоваранд
Verse 8
[Мисоли гумроҳии кофирон, чунон аст, ки гӯӣ] Мо бар гарданҳояшон занҷирҳое ниҳодаем, ки то зери манаҳояшон [печидашуда] аст, чунонки сарҳояшон боло мондааст [ва аз анҷоми ҳар хайре оҷизанд ва роҳи ҳидоятро намеёбанд]
Verse 9
Ва аз пеши рӯяшон деворе ва аз пушти сарашон низ деворе ниҳодаем ва чашмонашонро бо пардае пӯшонидаем; аз ин рӯст, ки [ҳақиқатро] намебинанд
Verse 10
[Эй паёмбар] барояшон яксон аст, ки ононро бим диҳӣ ё надиҳӣ; [дар ҳар ҳол] имон намеоваранд
Verse 11
Ҷуз ин нест, ки ту ба касе бим медиҳӣ [ва ин кор барои касе суд дорад], ки пайрави Қуръон бошад ва дар ниҳон аз [Парвардигори] Раҳмон битарсад; пас, Ӯро [ки чунин аст] ба омурзиш ва подоши арҷманд башорат бидеҳ
Verse 12
Яқинан, Моем, ки мурдагонро зинда мекунем ва он чиро, ки аз пеш фиристодаанд ва осори [боқимонда аз] эшонро менависем; ва ҳама чизро дар Китоби равшан [Лавҳ-ул-маҳфуз] ба шумор овардаем
Verse 13
[Эй паёмбар] барояшон [моҷарои] мардуми он шаҳрро мисол бизан, он гоҳ ки паёмбарон наздашон рафтанд
Verse 14
Ва вақте ду нафар аз паёмбаронро ба сӯяшон фиристодем; аммо [мардум] ононро дурӯғгӯ ангоштанд; пас, бо фиристодани паёмбари савум он дуро [таъйид ва] тақвият кардем. Онон [ба аҳолии шаҳр] мегуфтанд: «Мо фиристодагон [-и илоҳӣ] ба сӯи шумо ҳастем»
Verse 15
[Онон дар посух] гуфтанд: «Шумо ҷуз башаре ҳаммонанди мо нестед ва [Парвардигори] Раҳмон чизе [аз ваҳй] нозил накардааст. Шумо ҷуз дурӯғ намегӯед»
Verse 16
ﭶﭷﭸﭹﭺﭻ
ﭼ
[Паёмбарон] гуфтанд: «Парвардигорамон медонад, ки қатъан, ба сӯйи шумо фиристода шудаем
Verse 17
ﭽﭾﭿﮀﮁ
ﮂ
Ва мо вазифае ҷуз расонидани ошкор [-и ваҳй] надорем»
Verse 18
[Мардум] Гуфтанд: «Мо шуморо ба фоли бад гирифтаем. Агар [аз таблиғ] даст барнадоред, ҳатман, сангсоратон мекунем ва бе тардид, азоби дардноке аз [ҷониби] мо ба шумо хоҳад расид»
Verse 19
[Паёмбарон] Гуфтанд: «Шумии шумо бо худатон [ва ношӣ аз куфру гуноҳ] аст. Оё агар пандатон диҳанд, [онро шум мепиндоред?] балки [ҳақиқат ин аст, ки шумо дар иртикоби гуноҳ] мардуми исрофкоред»
Verse 20
Ва марде аз дуртарин нуқтаи шаҳр шитобон омад [ва] гуфт: «Эй қавми ман, аз ин паёмбарон пайравӣ кунед»
Verse 21
Пайрави касоне бошед, ки аз шумо подоше намехоҳанд ва худ ҳидоят ёфтаанд
Verse 22
Ва чаро маъбудеро напарастам, ки маро офаридааст ва [шумо низ] ба сӯяш бозгардонда мешавед?
Verse 23
Оё ба ҷои Ӯ маъбудоне баргузинам, ки агар [Парвардигори] Раҳмон бихоҳад, газанде ба ман бирасонад, на шафоаташон бароям суде дорад ва на метавонанд [аз азоби илоҳӣ] наҷотам диҳанд?
Verse 24
ﯪﯫﯬﯭﯮ
ﯯ
Дар он сурат, яқинан, дар гумроҳии ошкоре хоҳам буд
Verse 25
ﯰﯱﯲﯳ
ﯴ
Ман ба Парвардигоратон имон овардаам [ва аз марг ҳаросе надорам] пас, суханонамро бишунавед
Verse 26
[Пас, чун он мард ба дасти қавмаш ба шаҳодат расид] Ба вай гуфта шуд: «Вориди биҳишт шав». Ӯ гуфт: «Эй кош, қавми ман медонистанд,
Verse 27
ки Парвардигорам маро омурзида ва гиромӣ доштааст»
Verse 28
Пас аз [шаҳодати] ӯ бар қавмаш ҳеҷ сипоҳе аз осмон нафиристодем ва [пеш аз ин низ] фуру фиристанда набудем
Verse 29
[Кайфарашон] Ҷуз як бонги маргбор набуд; пас, ба ногоҳ ҳамагӣ [мурда ва] хомӯш гаштанд
Verse 30
Эй афсӯс, бар ин бандагон! Ҳеҷ паёмбаре ба сӯяшон наёмад, магар он ки масхарааш мекарданд
Verse 31
Оё надиданд [ва намедонанд] ки қабл аз онон чи бисёр наслҳоро ҳалок кардаем, ки дигар назди инҳо [ба дунё] бознамегарданд?
Verse 32
ﮂﮃﮄﮅﮆﮇ
ﮈ
Ва [рӯзи қиёмат] ҳеҷ кас нест, магар он ки ҳамагӣ назди Мо эҳзор мешаванд
Verse 33
Барои онон [ки қиёматро бовар надоранд] замини хушк нишонае [ибратомӯз] аст: Мо он [замин]-ро зинда кардем ва аз [хоки] он донаҳое рӯёнидем, ки [махлуқоти илоҳӣ] аз он мехӯранд
Verse 34
Ва дар он [замин] боғҳое аз нахл ва ангур падид овардем ва дар он чашмаҳо равон сохтем
Verse 35
То мардум аз мевааш бихӯранд, дар ҳоле ки ин [маҳсулот, ҳосили талоши онҳо нест ва онҳо]-ро бо дастони худ амал наовардаанд. Пас, оё сипос намегузоранд?
Verse 36
Пок ва муназзаҳ аст, он [Парвардигоре] ки ҳамаи нару модаҳоро офарида аст; аз он чи замин мерӯёнад [гиёҳону дарахтон] ва аз худашон [инсонҳо] ва аз он чи намедонанд
Verse 37
Ва шаб барои онон нишонае [дигар аз қудрати илоҳӣ] аст, [ки] рӯзро аз он барканор мекунем ва ногаҳон [ҳама] дар торикӣ фуру мераванд
Verse 38
Ва хуршед [низ пайваста] ба сӯйи қароргоҳаш дар ҳаракат аст. Ин тақдири [Парвардигори] шикастнопазиру доност
Verse 39
Ва барои моҳ [низ] манзилгоҳҳое муқаррар намудаем, то [саранҷом аз қурси комил ба ҳилол ва] ба шакли шохаи хушки хурмо бозгардад
Verse 40
На хуршедро сазовор аст, ки [дар сайри худ] ба моҳ бирасад в на шаб бар рӯз пешӣ мегирад; ва ҳар як аз [ситораву сайёра] дар мадоре шиноваранд
Verse 41
Нишонае [дигар аз қудрати Парвардигор] барои онон ин аст, ки падаронашонро дар киштӣ анбошта [аз сарнишин ва бор] ҳамл кардем
Verse 42
ﭚﭛﭜﭝﭞﭟ
ﭠ
Ҳамчунин, барояшон чизе ҳаммонанди он [киштӣ] офаридаем, ки савораш шаванд
Verse 43
Агар бихоҳем, ғарқашон мекунем; дар ин сурат, на фарёдрасе доранд ва на [аз тақдири илоҳӣ] раҳоӣ меёбанд
Verse 44
ﭫﭬﭭﭮﭯﭰ
ﭱ
Магар ин ки раҳмате аз ҷониби Мо [бинанд] ва баҳрамандӣ [аз неъматҳои дунё] то замоне [муайян шомили ҳолашон шавад]
Verse 45
Ва чун ба онон [мушрикон] гуфта мешавад: «Аз он чи пешорӯи шумост [азоби охират] ва он чи пушти сар мегузоред [сахтиҳои дунё] парво кунед; бошад, ки мавриди раҳмат қарор гиред», [итоат намекунанд]
Verse 46
Ҳеҷ нишонае аз нишонаҳои [қудрат ва бузургии] Парвардигорашон бар онон арза намегардад, магар он ки аз он рӯй мегардонанд
Verse 47
Ва чун ба онон гуфта мешавад: «Аз он чи Аллоҳ таоло рӯзиятон кардааст, инфоқ кунед», касоне, ки куфр варзидаанд, ба онон, ки имон овардаанд мегӯянд: «Оё ба касе ғизо бидиҳем, ки агар Аллоҳ таоло мехост, [Худ] ба ӯ ғизо медод? Шумо ҷуз дар гумроҳии ошкор нестед»
Verse 48
Ва [бо тамасхур ба муъминон] мегӯянд: «Агар ростгӯед, ин ваъда [қиёмат] кай хоҳад буд»?
Verse 49
[Ин мункирони қиёмат] ҷуз дар интизори як бонги маргбор нестанд, ки ногаҳон, дар ҳоле ки саргарми ҷидол [дар умури дунё] ҳастанд, ононро фаро гирад
Verse 50
Пас, [дар он ҳангом] наметавонанд [ба касе] васият кунанд ва на ба сӯи хонаводаи худ бозгарданд
Verse 51
Ва [ҳангоме ки барои дувумин бор] дар сур дамида шавад ва ногаҳон аз қабрҳояшон [берун меоянд ва] ба сӯи Парвардигорашон мешитобанд
Verse 52
[Ва бо нобоварӣ] Мегӯянд: «Вой бар мо! Чи касе моро аз қабрҳоямон барангехт?» [Ба онон гуфта мешавад] «Ин ҳамон [рӯзе] аст, ки [Парвардигори] Раҳмон ваъда дода буд; ва паёмбарон [дар ин бора] рост мегуфтанд
Verse 53
[Барангехтани мурдагон аз гӯр] Ҷуз як бонги ҳавлнок [дувумин дамидани сур] нест ва ногаҳон ҳамаро назди Мо ҳозир мекунанд
Verse 54
Пас, [бидонед, ки] имрӯз, ба ҳеҷ кас ситаме намешавад ва ҷуз дар баробари он чи [дар дунё] кардаед, ҷазо намебинед
Verse 55
Бе тардид, аҳли биҳишт имрӯз бо шодмонӣ саргарм [-и неъматҳои илоҳӣ] ҳастанд
Verse 56
Онон ва ҳамсаронашон дар сояҳо [-и густурдаи биҳиштӣ] бар тахтҳо такя задаанд
Verse 57
ﭡﭢﭣﭤﭥﭦ
ﭧ
Дар он ҷо [ҳар гуна] мева ва ҳар чи бихоҳанд, барояшон [фароҳам] ҳаст
Verse 58
ﭨﭩﭪﭫﭬ
ﭭ
[Бартар аз ин неъматҳо] саломест, ки сухани Парвардигори меҳрубон аст
Verse 59
ﭮﭯﭰﭱ
ﭲ
[Он гоҳ ба мушрикон хитоб мешавад] «Эй гунаҳкорон, имрӯз [аз муъминон] ҷудо шавед
Verse 60
Эй фарзандони Одам, оё бо шумо паймон набастам [ва фармон надодам], ки шайтонро напарастед, [ки] қатъан ӯ душмани ошкори шумост?
Verse 61
ﮃﮄﮅﮆﮇﮈ
ﮉ
Ва ин ки [танҳо] Маро бипарастед, [ки] роҳи рост ҳамин аст?
Verse 62
Ва бе тардид, шайтон бисёре аз шуморо гумроҳ сохт. Оё андеша намекардед?
Verse 63
ﮔﮕﮖﮗﮘ
ﮙ
Ин [ҳамон] дузахест, ки ба шумо ваъда дода мешуд
Verse 64
ﮚﮛﮜﮝﮞ
ﮟ
Имрӯз ба сазои он ки куфр меварзидед, ба он [оташ] ворид шавед»
Verse 65
Имрӯз бар даҳонҳояшон муҳр мениҳем ва дастҳояшон бо Мо сухан мегӯянд ва пойҳояшон ба он чи мекарданд, гувоҳӣ медиҳанд
Verse 66
Ва агар бихоҳем, бе тардид, чашмонашонро маҳв мекунем, пас, [бо чашми баста] ба сӯйи [пули] сирот [аз якдигар] пешӣ мегиранд [то ба биҳишт роҳ ёбанд]; аммо магар куҷоро мебинанд?
Verse 67
Ва агар бихоҳем [зоҳирашонро тағйир медиҳем ва чунон] ононро дар ҷои худ масх [ва замингир] мекунем, ки натавонанд гоме ба пеш бигузоранд ё ба ақиб бозгарданд
Verse 68
Ва Мо ба ҳар ки умри тӯлонӣ бидиҳем, дар офариниш дигаргунаш мекунем [ва ӯро ба нотавонии зеҳнӣ ва бадани даврони кӯдакӣ бармегардонем]. Пас, оё [дар бораи қудрати Парвардигор] намеандешанд?
Verse 69
Ва Мо ба ӯ [Муҳаммад] шеър наомӯхтаем ва [шоирӣ] шоистаи ӯ нест. Ин [ки омӯхтаем, чизе] нест, магар андарз ва Қуръоне равшан
Verse 70
То ҳар киро зинда [-дил] бошад, бим диҳад ва азоб бар кофирон муҳаққақ гардад
Verse 71
Оё надидаанд, ки Мо аз он чи дастҳоямон сохтааст, чаҳорпоёне барояшон офаридаем, ки молики онҳо ҳастанд?
Verse 72
ﭞﭟﭠﭡﭢﭣ
ﭤ
Ва онҳоро дар хидмати эшон гузоштаем, то бар бархе савор шаванд ва аз [гӯшти] бархе тағзия кунанд
Verse 73
Ва аз он [ҳайвонот] баҳраҳои дигар ва нӯшиданиҳое [шир] доранд. Пас, оё сипос намегузоранд?
Verse 74
[Бо ин ҳама неъмат мушрикон] ба ҷои Аллоҳ таоло маъбудоне баргузидаанд; ба ин умед, ки [аз сӯйи онҳо] ёрӣ шаванд
Verse 75
Он [маъбудҳои беҷон] қодир ба ёриашон нестанд; ва ин [мушрикон дар қиёмат] лашкаре барои онҳо [бутҳо] хоҳанд буд, ки [ҳамагӣ дар оташи дузах] эҳзор мешаванд
Verse 76
[Эй Паёмбар] сухани онон туро ғамгин насозад. Бе тардид, Мо он чиро пинҳон мекунанд ва ошкор месозанд, [ба хубӣ] медонем
Verse 77
Оё инсон надидааст, ки Мо ӯро аз нутфае офаридаем [он гоҳ мароҳили рушдро тай кард ва] сипас душмане ошкор шуд?
Verse 78
Ва барои Мо мисоле зад ва офариниши хешро фаромӯш кард [ва] гуфт: «Чи касе ин устухонҳоро [дубора] зинда мекунад, дар ҳоле ки пӯсидааст?»
Verse 79
Бигӯ: «ҳамон касе зиндааш мекунад, ки нахустин бор онро падид овард ва Ӯ ба ҳар офаринише доност
Verse 80
Ҳамон ки аз дарахти сабз оташе бароятон падид овард ва шумо [дар сурати ниёз] худ аз он [дарахт] оташ меафрӯзед»
Verse 81
Оё касе, ки осмонҳо ва заминро офаридааст, наметавонад ҳаммонанди инҳоро [пас аз маргашон дубора] биофаринад? Оре [метавонад] ва Ӯ Офаринандаи доност
Verse 82
Фармони Ӯ чун чизеро ирода кунад, танҳо ин аст, ки ба он мегӯяд: «Мавҷуд шав»; пас, [бедиранг] мавҷуд мешавад
Verse 83
Пас, пок ва муназзаҳ аст Парвардигоре, ки [ҳокимият ва] ихтиёри ҳама чиз ба дасти Ӯст ва [ҳамагӣ] ба сӯи Ӯ бозгардонида мешавед
تقدم القراءة