ترجمة معاني سورة الحاقة باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية
خوجه ميروف خوجه مير
آية رقم 1
ﮯ
ﮰ
1.Он рӯзи барҳақ, (яъне қиёмате, ки омадани он ҳақ аст ва савобу азоб ва ҳақиқат дар он рӯз ошкор мешавад!)
آية رقم 2
ﮱﯓ
ﯔ
2.Чист аҳвол ва сифатҳои он рӯзи барҳақ?
آية رقم 3
ﯕﯖﯗﯘ
ﯙ
3.Ва чӣ чиз туро эй Расул огоҳ кард, аз ҳақиқат ва сахтии он рӯзи барҳақ?(1)
1. Тафсири Бағавӣ 8\204
آية رقم 4
ﯚﯛﯜﯝ
ﯞ
4.Қавми Самуду Од сахтии рӯзи қиёматро дурӯғ шумориданд.
آية رقم 5
ﯟﯠﯡﯢ
ﯣ
5.Пас, аммо қавми Самуд ба он бонги сахт қавӣ ва ҳалоккунанда ҳалок шуданд.
آية رقم 6
ﯤﯥﯦﯧﯨﯩ
ﯪ
6.Ва аммо қавми Од бо вазиши боди Сарсар (сахт сард) ба ҳалокат расиданд.
آية رقم 7
7. Он азобро ҳафт шабу ҳашт рӯз пай дар пай бар онон фиристод, на қатъ мешуд ва на ором мегирифт. Он қавмро дар он шабҳову рӯзҳо аз по дар афтода чун танаҳои пӯсидаи дарахти хурмо решаканшуда медидӣ, ки афтодаанду мурдаанд.
آية رقم 8
ﯼﯽﯾﯿﰀ
ﰁ
8. Оё касеро мебинӣ, ки аз онҳо бар ҷой монда бошад? (Ҳаргиз!)
آية رقم 9
ﭑﭒﭓﭔﭕﭖ
ﭗ
9. Ва Фиръавну мардуме, ки пеш аз ӯ буданд, аз аҳли куффор ва низ мардуми Мӯътафика(1) гунаҳкор омаданд.
1. Яъне, мардуми шаҳрҳои ба замин фурӯрафта, ки он ободиҳои қами Лут алайҳиссалом буд. Аллоҳ таъоло ба сабаби феъли мункарашон; (аз ширк, куфр ва зино) онҳоро ба замин фурӯ бурд. Тафсири Табарӣ 23\576
آية رقم 10
ﭘﭙﭚﭛﭜﭝ
ﭞ
10. Ҳар уммате аз онҳо фиристодаи Парвардигорашонро нофармонӣ карданд, пас, Аллоҳ низ онҳоро ба ниҳоят сахтӣ фурӯ гирифт.
آية رقم 11
11. Мо он гоҳ, ки об аз ҳад гузашт ва бар ҳама чиз баланд шуд, шуморо бар сулби падаратон ба киштӣ савор кардем,
آية رقم 12
ﭧﭨﭩﭪﭫﭬ
ﭭ
12. то наҷот додани мӯъминон ва ғарқ кардани кофиронро барои шумо панде қарор диҳем ва гӯшҳои шунаво онро бишунаванд ва ба ёд супоранд.(1)
1. Тафсири Табарӣ 23\578
آية رقم 13
ﭮﭯﭰﭱﭲﭳ
ﭴ
13. Пас чун як бор дар сур дамида шавад, ҳама мардум мемиранд ва олам вайрон мешавад
آية رقم 14
ﭵﭶﭷﭸﭹﭺ
ﭻ
14. ва замину кӯҳҳо бардошта шавад ва якбора дарҳам кӯбида шаванд, пас шикаста шаванд,
آية رقم 15
ﭼﭽﭾ
ﭿ
15. пас он рӯз он воқеъа (қиёмат) рӯй диҳад.
آية رقم 16
ﮀﮁﮂﮃﮄ
ﮅ
16. Ва осмон шикофта мешавад, пас дар он рӯз суст мегардад ва фурӯ мерезад.
آية رقم 17
17. Ва фариштагон дар атрофи осмон бошанд, Ва дар он рӯз ҳашт тан аз онҳо Арши Парвардигоратро бар болои сарашон мебардоранд.
آية رقم 18
ﮑﮒﮓﮔﮕﮖ
ﮗ
18. Он рӯз шуморо, эй одамон барои ҳисобу ҷазо назди Парвардигоратон пеш оваранд ва ҳеҷ чиз аз асрори шумо ниҳон намонад.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\883
آية رقم 19
19. Пас чун ҳар касро, ки номаи аъмолашро ба дасти росташ диҳанд, пас аз хурсандӣ мегӯяд: Номаи маро бигиреду бихонед.
آية رقم 20
ﮢﮣﮤﮥﮦ
ﮧ
20. Ман дар дунё яқин доштам, ки ҳисоби худро рӯзи қиёмат хоҳам дид ва аз барои имрӯз бо имону амали солеҳ худро
омода кардаам.
омода кардаам.
آية رقم 21
ﮨﮩﮪﮫ
ﮬ
21. 21. Пас, ӯ дар як зиндагии
писандидаву хуш хоҳад буд,
писандидаву хуш хоҳад буд,
آية رقم 22
ﮭﮮﮯ
ﮰ
22. дар биҳиште олӣ,
آية رقم 23
ﮱﯓ
ﯔ
23. ки меваҳояш дастрас бошад.
آية رقم 24
24. 24. Барояшон гуфта мешавад: Бихӯреду биёшомед, гуворо бод шуморо. Инҳо мукофоти аъмолест, ки дар айёми гузашта дар дунё пеш фиристода будед!(1)
1. Тафсири Бағавӣ 8\212
آية رقم 25
25. 25. Ва аммо он кас, ки номаи аъмолашро ба дасти чапаш диҳанд, (аз рӯи ҳасрат) мегӯяд: «Эй кош, номаи маро ба дасти ман надода буданд
آية رقم 26
ﯩﯪﯫﯬ
ﯭ
26. ва надониста будам, ки тҳисоби ман чист!
آية رقم 27
ﯮﯯﯰ
ﯱ
27. Эй кош, ҳамон марг дар дунё мебуду бас! Ва дар охират зинда намешудам
آية رقم 28
ﯲﯳﯴﯵﯶ
ﯷ
28. Дороии ман, ки дар дунё ҷамъ намуда будам, маро суд набахшид,
آية رقم 29
ﯸﯹﯺ
ﯻ
29. қудрат ва ҳуҷҷати ман аз дасти ман рафт ва ба куллӣ нобуд шуд ва маро ҳуҷҷате нест, ки ба он ҳуҷҷатоварӣ намоям)!(1)
1. Тафсири Табарӣ 23\588
آية رقم 30
ﯼﯽ
ﯾ
30. Ба нигаҳбонони дӯзах гуфта мешавад: «Бигиред ва дастони ӯро бар гарданаш бо занҷирҳо бубандед!
آية رقم 31
ﯿﰀﰁ
ﰂ
31. Ба баъд аз он ба ҷаҳаннамаш дароред, то гармии онро бичашад!
آية رقم 32
32. Ва ӯро бо занҷире, ки дарозии он ҳафтод зироъ(1) аст, бикашед!
1. Яъне зироъ аз оринҷ то ангуштро гӯянд.
آية رقم 33
ﰋﰌﰍﰎﰏﰐ
ﰑ
33. Зеро ба Аллоҳи бузург имон надошт ва ба гуфтаҳои Ӯ амал намекард
آية رقم 34
ﰒﰓﰔﰕﰖ
ﰗ
34. ва дар дунё ба таъом додан ба мискинон касеро тарғиб намекард.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 8\213
آية رقم 35
ﰘﰙﰚﰛﰜ
ﰝ
35. Пас барои кофир имрӯз дар ин ҷо дар рӯзи қиёмат дӯсти самиме ва меҳрубоне надорад, ки аз азоби Аллоҳ ӯро наҷот диҳад.
آية رقم 36
ﭑﭒﭓﭔﭕ
ﭖ
36. Таъомаш чизе ҷуз чирку хуни ахди дӯзах нест.
آية رقم 37
ﭗﭘﭙﭚ
ﭛ
37. Танҳо хатокорон, ки бар куфри худ пойдоранд аз он таъом мехӯранд.(1)
1. Тафсири Саъдӣ 1\884
آية رقم 38
ﭜﭝﭞﭟ
ﭠ
38. Пас, Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба он чӣ мебинед аз диданиҳо
آية رقم 39
ﭡﭢﭣ
ﭤ
39. ва он чӣ намебинед, аз нодиданиҳо,
آية رقم 40
ﭥﭦﭧﭨ
ﭩ
40. ки албатта, ин ҳароина, Қуръон сухани фиристодае бузургвор аст, ки онро
паёмбари азимушшаън тиловат мекунад,
паёмбари азимушшаън тиловат мекунад,
آية رقم 41
41. на сухани шоъире. Чӣ андак имон меоваред!
آية رقم 42
42. Ва низ сухани коҳине (фолбин, ҷодугар) нест. Чӣ андак панд мегиред!
آية رقم 43
ﭻﭼﭽﭾ
ﭿ
43. Валекин аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён бар фиристодаи худ, Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нозил шудааст.(1)
1. Тафсири Бағавӣ 8\214
آية رقم 44
ﮀﮁﮂﮃﮄ
ﮅ
44. Агар (Муҳаммад) баъзе суханонро аз худ бофта бар мо мебаст,
آية رقم 45
ﮆﮇﮈ
ﮉ
45. ҳароина, бо қудрат ӯро фурӯ мегирифтем,
آية رقم 46
ﮊﮋﮌﮍ
ﮎ
46. сипас, ҳароина, раги дилашро пора мекардем
آية رقم 47
ﮏﮐﮑﮒﮓﮔ
ﮕ
47. ва ҳеҷ як аз шуморо тавони он набувад, ки аз азоби ӯ монеъ шавад.
آية رقم 48
ﮖﮗﮘ
ﮙ
48. Ва албатта, Қуръон барои парҳезгорон пандест, ки онҳо фармудаҳои Аллоҳро ба ҷо меоранд ва аз манъкардаҳояш дур меистанд.(1)
1. Тафсири Табарӣ 23\595
آية رقم 49
ﮚﮛﮜﮝﮞ
ﮟ
49. Мо, ҳароина, медонем, ки аз миёни шумо касоне ҳастанд, ки ба ин Қуръон бо вуҷуди равшан будани оёташ такзиб мекунанд, дурӯғ мешуморанд.
آية رقم 50
ﮠﮡﮢﮣ
ﮤ
50. Ва албатта, Қуръон кофиронро мояи ҳасрат ва пушаймонӣ аст дар рӯзи қиёмат, онгоҳ, ки подоши мӯъминон ва азобашонро мебинанд.
آية رقم 51
ﮥﮦﮧ
ﮨ
51. Ва он, ҳароина, сухани ҳақ ва яқин аст, ки дар он шакке нест.
آية رقم 52
ﮩﮪﮫﮬ
ﮭ
52. Пас, ба номи Парвардигори бузургат тасбеҳ бигӯй ва аз он чӣ ки ба Зоти поки Ӯ лоиқ нест, ба покӣ ёд кун.
تقدم القراءة