Ва ҳамчунон [ки хобашон кардем] ононро [аз хоб] бедор намудем, то байни худ аз якдигар суол кунанд. Яке аз онон гуфт: «Чи муддат дар хоб мондед?» [Бақия] Гуфтанд: «Як рӯз ё бахше аз як рӯз». [Саранҷом] Гуфтанд: «Парвардигоратон донотар аст, ки чи қадар [дар ин ҳолат] мондаед. Пас, [акнун] як нафар аз худатонро бо ин сикка[-ҳоя]-тон ба шаҳр бифиристед, то бубинад, кадом як аз [фурушандагони он ҷо косибӣ ва] ғизояш покизатар аст ва аз [назди] ӯ ғизое бароятон биёварад; ва бояд [дар рафтуомаду харид пинҳонкорӣ ва] зиракӣ намояд ва ҳеҷ касро аз [ҳоли] шумо огоҳ насозад
الترجمة الطاجيكية - عارفي
19. Ҳамчунин бедорашон кардем, то бо якдигар гуфтугӯ кунанд. Яке аз онҳо пурсид: «Чанд вақт аст,
ки оромидаед?» Гуфтанд: «Як рӯз ё ниме аз рӯз оромидаем». Гуфтанд: «Парвардигоратон беҳтар донад, ки чанд вақт оромидаед. Якеро аз худ бо ин пулатон ба шаҳр бифиристед, то бингарад, ки ғизои покиза кадом аст ва аз он бароятон рӯзиятонро биёварад. Ва бояд ки бо ҳушёрӣ (эҳтиёт) рафтор кунад, то касе ба шумо огоҳӣ наёбад. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ. 5/160.
ки оромидаед?» Гуфтанд: «Як рӯз ё ниме аз рӯз оромидаем». Гуфтанд: «Парвардигоратон беҳтар донад, ки чанд вақт оромидаед. Якеро аз худ бо ин пулатон ба шаҳр бифиристед, то бингарад, ки ғизои покиза кадом аст ва аз он бароятон рӯзиятонро биёварад. Ва бояд ки бо ҳушёрӣ (эҳтиёт) рафтор кунад, то касе ба шумо огоҳӣ наёбад. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ. 5/160.
الترجمة الطاجيكية
وَكَذَٰلِكَ بَعَثۡنَٰهُمۡ لِيَتَسَآءَلُواْ بَيۡنَهُمۡۚ قَالَ قَآئِلٞ مِّنۡهُمۡ كَمۡ لَبِثۡتُمۡۖ قَالُواْ لَبِثۡنَا يَوۡمًا أَوۡ بَعۡضَ يَوۡمٖۚ قَالُواْ رَبُّكُمۡ أَعۡلَمُ بِمَا لَبِثۡتُمۡ فَٱبۡعَثُوٓاْ أَحَدَكُم بِوَرِقِكُمۡ هَٰذِهِۦٓ إِلَى ٱلۡمَدِينَةِ فَلۡيَنظُرۡ أَيُّهَآ أَزۡكَىٰ طَعَامٗا فَلۡيَأۡتِكُم بِرِزۡقٖ مِّنۡهُ وَلۡيَتَلَطَّفۡ وَلَا يُشۡعِرَنَّ بِكُمۡ أَحَدًا
Ҳамчунин бедорашон кардем, то бо якдигар гуфтушунид кунанд. Яке аз онҳо пурсид: «Чанд вақт аст, ки орамидаед?» Гуфтанд: «Як рӯз ё порае аз рӯзро орамидаем». Гуфтанд: «Парвардигоратон беҳтар донад, ки чанд вақт орамидаед. Якеро аз худ бо ин пулатон ба шаҳр бифиристед, то бингаред, ки ғизои покиза кадом аст ва бароятон аз он рӯзиятонро биёварад. Ва бояд, ки ба меҳрубонӣ рафтор кунад, то касе ба шумо огоҳӣ наёбад.
Tajik - Tajik translation