Аллоҳ таоло беҳтарин суханро дар сурати китобе нозил карда, ки [бархе аз оёташ] ҳаммонанди якдигар ва [бархе низ] мукаррар аст. Касоне, ки аз [муҷозоти] Парвардигорашон бим доранд, [бо шунидани ин оёт] мӯй бар танашон рост мешавад ва сипас дилу ҷонашон ба ёди Аллоҳ таоло ором мегирад. Ин ҳидояти Аллоҳ таоло аст, ки ҳар киро бихоҳад, ба он роҳ менамояд ва ҳар киро Аллоҳ таоло гумроҳ созад, ҳеҷ ҳидоятгаре нахоҳад дошт
الترجمة الطاجيكية - عارفي
23. Аллоҳ беҳтарин суханро нозил кардааст, ки Қуръон аст. Китобе, ки оёташ муташобеҳ(1) (монанди якдигар) ва мукаррар(2) аст, ки аз шунидани он пӯстҳои бадани касоне, ки аз Парвардигорашон метарсанд, ба ларза меафтад. Сипас пӯстҳояшон ва дилҳояшон ба ёди Аллоҳ нарм мешавад ва ором мегирад. Ин роҳи Аллоҳ аст, ки ҳар киро бихоҳад, ба он роҳнамоӣ мекунад ва ҳар киро Аллоҳ гумроҳ кунад, ӯро ҳеҷ роҳнамое нахоҳад буд!
____________________
1. Яъне, баъзе аз оёти Қуръон бо баъзе дигари он дар зебои, ҳукм, сиҳатии маъно, баён ва расидан то бартарин дараҷаҳои балоғат монандӣ дорад. 2. Яъне, достонҳо, андарзҳо ва аҳком дар он ба такрор меоянд.
____________________
1. Яъне, баъзе аз оёти Қуръон бо баъзе дигари он дар зебои, ҳукм, сиҳатии маъно, баён ва расидан то бартарин дараҷаҳои балоғат монандӣ дорад. 2. Яъне, достонҳо, андарзҳо ва аҳком дар он ба такрор меоянд.
الترجمة الطاجيكية
ٱللَّهُ نَزَّلَ أَحۡسَنَ ٱلۡحَدِيثِ كِتَٰبٗا مُّتَشَٰبِهٗا مَّثَانِيَ تَقۡشَعِرُّ مِنۡهُ جُلُودُ ٱلَّذِينَ يَخۡشَوۡنَ رَبَّهُمۡ ثُمَّ تَلِينُ جُلُودُهُمۡ وَقُلُوبُهُمۡ إِلَىٰ ذِكۡرِ ٱللَّهِۚ ذَٰلِكَ هُدَى ٱللَّهِ يَهۡدِي بِهِۦ مَن يَشَآءُۚ وَمَن يُضۡلِلِ ٱللَّهُ فَمَا لَهُۥ مِنۡ هَادٍ
Худо беҳтарин суханро нозил кардааст. Китобе муташобеҳ ва дуто-дуто, ки аз тиловати он касонеро, ки аз Парвардигорашон метарсанд, аз тарс тан биларзад. Сипас тану ҷонашон ба ёди Худо биёромад. Ин роҳи Худост, ки ҳар киро бихоҳад, ба он роҳнамоӣ мекунад ва ҳар киро Худо гумроҳ кунад, ӯро ҳеҷ роҳнамое нахоҳад буд!
Tajik - Tajik translation