Агар ду баробари он чи дар замин аст, дар ихтиёри ситамгорон [мушрикон] бошад, ҳамаро барои наҷоти худ аз сахтии азоби рӯзи қиёмат фидо мекунанд [Вале пазируфтанӣ нест]. Ва аз ҷониби Аллоҳ таоло умуре барояшон ошкор мегардад, ки тасаввурашро ҳам намекарданд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
47. Ҳароина, агар ҳар чӣ дар рӯи замин аст аз мол ва захираҳо ва монанди он ҳамроҳаш аз они ситамкорон бошад, ки дар рӯзи қиёмат онро бидиҳанд, то аз азоби Аллоҳ раҳоӣ ёбанд, аз онҳо пазируфта намешавад ва ҳеҷ чизе азоби Аллоҳро аз онҳо дур намесозад ва аз сӯи Аллоҳ барояшон чизҳое ошкор шавад, ки ҳаргиз дар дунё омадани онро гумон намекарданд.
الترجمة الطاجيكية
وَلَوۡ أَنَّ لِلَّذِينَ ظَلَمُواْ مَا فِي ٱلۡأَرۡضِ جَمِيعٗا وَمِثۡلَهُۥ مَعَهُۥ لَٱفۡتَدَوۡاْ بِهِۦ مِن سُوٓءِ ٱلۡعَذَابِ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۚ وَبَدَا لَهُم مِّنَ ٱللَّهِ مَا لَمۡ يَكُونُواْ يَحۡتَسِبُونَ
Агар ҳар чӣ дар рӯи замин аст ва ҳамонанди он аз они ситамкорон мебуд, дар рӯзи қиёмат худро бо он аз азоби дарднок бозмехариданд. Ва аз Худо барояшон чизҳое ошкор мешуд, ки ҳаргиз ҳисобашро намекарданд.
Tajik - Tajik translation