Ва [шумо мардон] ҳарчанд бикӯшед, ҳаргиз наметавонед [аз назари муҳаббати қалбӣ] миёни занон адолат барқарор кунед, пас, яксара [ба яке майл накунед ва] аз яке рӯ нагардонед, ки ӯро билотаклиф раҳо кунед. Ва агар созиш намоед ва парҳезгорӣ кунед, бе тардид, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
129. Эй мардон, ҳарчанд бикушед, ҳаргиз натавонед, ки дар миёни занон (дар муҳаббат ва хуфтухоб) ба адолат рафтор кунед. Ҳарчанд бар адолат ҳарис бошед. Акнун ки ҳаргиз натавонед миёни занон тамоман адолат кунед, якбора ба сӯи яке аз онро, ки дӯсташ медоред майл накунед, то дигареро, ки дӯсташ намедоред муаллақ (1) монад. Агар ба салоҳ оед ва парҳезгорӣ кунед, Аллоҳ омӯрзанда ва меҳрубон аст ва аз камбудиҳое, ки қаблан аз шумо сар зада шуморо азоб намекунад! (2)
____________________
1. Зане аст, ки на шавҳар доштани худро эҳсос мекунад на талоқ шудани
худро медонад
2. Тафсири Бағавӣ 2/295
____________________
1. Зане аст, ки на шавҳар доштани худро эҳсос мекунад на талоқ шудани
худро медонад
2. Тафсири Бағавӣ 2/295
الترجمة الطاجيكية
وَلَن تَسۡتَطِيعُوٓاْ أَن تَعۡدِلُواْ بَيۡنَ ٱلنِّسَآءِ وَلَوۡ حَرَصۡتُمۡۖ فَلَا تَمِيلُواْ كُلَّ ٱلۡمَيۡلِ فَتَذَرُوهَا كَٱلۡمُعَلَّقَةِۚ وَإِن تُصۡلِحُواْ وَتَتَّقُواْ فَإِنَّ ٱللَّهَ كَانَ غَفُورٗا رَّحِيمٗا
Ҳарчанд бикушед, ҳаргиз натавонед, ки дар миёни занон ба адолат рафтор кунед. Лекин якбора ба сӯи яке майл накунед то дигареро саргашта раҳо карда бошед. Агар аз дари оштӣ дароед ва парҳезгорӣ кунед, Худо омурзанда ва меҳрубон аст!
Tajik - Tajik translation