Ва он чи дар осмонҳо ва замин аст аз они Аллоҳ таоло аст ва мо ба касоне, ки пеш аз шумо ба онон китоб [-и осмонӣ] дода шуд ва [ҳамчунин] ба шумо супориш кардем, ки: "Аз Аллоҳ таоло парво кунед [битарсед]" ва агар кофир шудед, [бидонед, ки] он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ таоло аст ва Аллоҳ таоло бениёзи сутуда аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
131. Аз они Аллоҳ аст, он чӣ дар осмонҳо ва замин аст. Ва ҳамоно аҳли китобро, ки пеш аз шумо буданд ва низ шуморо, эй умматони Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) амр кардем, ки аз Аллоҳ битарсед ва шариъатро барпо доред ва агар куфр ҳам варзед, ҳеҷ зараре ба Аллоҳ натавонед расонид. Ба дурустӣ он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар замин аст, зери тасарруфи Аллоҳ аст ва Ӯст бениёз аз халқаш ва лоиқи ситоиш аст дар сифот ва афъолаш! (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 9/295
____________________
1. Тафсири Табарӣ 9/295
الترجمة الطاجيكية
وَلِلَّهِ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۗ وَلَقَدۡ وَصَّيۡنَا ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ مِن قَبۡلِكُمۡ وَإِيَّاكُمۡ أَنِ ٱتَّقُواْ ٱللَّهَۚ وَإِن تَكۡفُرُواْ فَإِنَّ لِلَّهِ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۚ وَكَانَ ٱللَّهُ غَنِيًّا حَمِيدٗا
Аз они Худост он чӣ дар осмонҳо ва замин аст. Ва албатта аҳли китобро, ки пеш аз шумо буданд ва низ шуморо супориш кардем, ки аз Худо битарсед, агар ҳам куфр варзед, боз ҳам он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар замин аст, аз они Худост ва Ӯст бениёз ва лоиқи ситоиш!
Tajik - Tajik translation