Ва [низ барои] касоне, ки амволашонро барои [худнамоӣ ва] нишон додан ба мардум инфоқ мекунанд ва ба Аллоҳ таоло ва рӯзи охират имон надоранд [чунин шахсе ёри шайтон аст] ва касе,ки шайтон ҳамдамаш бошад, чи бад ҳамдаме дорад!
الترجمة الطاجيكية - عارفي
38. Ва касоне, ки молҳояшонро барои он хайр кунанд, ки мардум онҳоро бубинанд ва ситоиш кунанд ва онҳоро таъзим намоянд ва хайр ва бахшиши онҳо аз ихлос ва имони ба Аллоҳ ва умед ба подоши Ӯ сарчашма нагирифтааст, пас ин роҳи шайтон ва кори ӯст, ки гурӯҳи худро ба сӯи он даъват мекунад, то аз аҳли ҷаҳаннам шавад. Ва ҳар кас, ки шайтон ҳамроҳи ӯ бошад, бисёр ҳамроҳ ва ҳамдами баде аст, зеро мехоҳад вайро ҳалок кунад. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/178
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/178
الترجمة الطاجيكية
وَٱلَّذِينَ يُنفِقُونَ أَمۡوَٰلَهُمۡ رِئَآءَ ٱلنَّاسِ وَلَا يُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَلَا بِٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِۗ وَمَن يَكُنِ ٱلشَّيۡطَٰنُ لَهُۥ قَرِينٗا فَسَآءَ قَرِينٗا
Ва низ касонеро, ки амволи хеш барои худнамоӣ харҷ мекунанд ва ба Худову рӯзи қиёмат имон намеоваранд. Ва ҳар кӣ шайтон қарини ӯ бошад, қарине бад дорад!
Tajik - Tajik translation