Эй касоне, ки имон овардаед, дар ҳоли мастӣ ба намоз наистед, то замоне, ки бидонед чи мегӯед ва [ҳамчунин] ҳангоме ки ҷунуб ҳастед, то ғусл накардаед, ба намоз [ва масҷид] наздик нашавед, магар он ки раҳгузар бошед. Ва агар бемор ё мусофир будед, ё яке аз шумо аз макони қазои ҳоҷат омад ё бо занон омезиш кардед ва [барои вузу ё ғусл] об наёфтаед, пас, [бояд] бо хоки пок таяммум кунед, [ба ин равиш, ки] чеҳра ва дастҳоятонро [бо он] маҳс намоед. Бе гумон, Аллоҳ таоло бахшояндаи омурзгор аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
43. Эй касоне, ки имон овардед! Дар ҳоле ки маст ҳастед, дар намоз наистед, то вақте ки бидонед чи мегӯед ва дар ҳоле, ки ҷунуб ҳастед, дар намоз наистед ва ба маконҳое (масҷидҳое), ки намоз гузорида мешавад, наздик машавед, магар касоне аз шумо, ки мехоҳанд аз яке аз дарҳои масҷид ворид шуда ва аз дари дигаре хориҷ шаванд, (яъне, роҳгузар бошед), то вақте ки таҳорат баргиред ва агар бемор бошед ё дар мусофират будед ё яке аз шумо аз қазои ҳоҷат омад, ё бо занон омезиш кардед ва об наёфтед, таяммум кунед, (1) пас рӯй ва дастҳоятонро масҳ кунед. (Аллоҳ таяммумро барои бемор ба таври мутлақ, хоҳ об вуҷуд дошта бошад ё на, ҷоиз қарор дод. Иллати ҷоиз будани таямум барои дардманд беморӣ аст, ки аз истифодаи об, бемориаш бештар мешавад. Таяммумро дар сафар низ ҷоиз қарор додааст, зеро гумон меравад, ки дар сафар об ёфт нашавад. Ва ҳамчунин ҳар гоҳ инсон ба сабаби қазои ҳоҷат ё омезиш бо занон нопок шуд, агар обро наёфт, барояш ҷоиз аст таяммум кунад, хоҳ дар сафар бошад ё на, ҳамон тавр ки умуми оят бар ин матлаб далолат мекунад).(2)
Ҳамоно Аллоҳ авфкунанда ва омӯрзанда аст.
____________________
1. Таяммум бо ҳар он чи ки аз сатҳи замин боло бошад ва ғубор дошта бошад
ё на, хоҳ хок бошад, ё дарахт ё санг ё гиёҳ ба шарте, ки пок бошад, анҷом мешавад
2. Тафсири Саъдӣ 1/179
Ҳамоно Аллоҳ авфкунанда ва омӯрзанда аст.
____________________
1. Таяммум бо ҳар он чи ки аз сатҳи замин боло бошад ва ғубор дошта бошад
ё на, хоҳ хок бошад, ё дарахт ё санг ё гиёҳ ба шарте, ки пок бошад, анҷом мешавад
2. Тафсири Саъдӣ 1/179
الترجمة الطاجيكية
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَقۡرَبُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَأَنتُمۡ سُكَٰرَىٰ حَتَّىٰ تَعۡلَمُواْ مَا تَقُولُونَ وَلَا جُنُبًا إِلَّا عَابِرِي سَبِيلٍ حَتَّىٰ تَغۡتَسِلُواْۚ وَإِن كُنتُم مَّرۡضَىٰٓ أَوۡ عَلَىٰ سَفَرٍ أَوۡ جَآءَ أَحَدٞ مِّنكُم مِّنَ ٱلۡغَآئِطِ أَوۡ لَٰمَسۡتُمُ ٱلنِّسَآءَ فَلَمۡ تَجِدُواْ مَآءٗ فَتَيَمَّمُواْ صَعِيدٗا طَيِّبٗا فَٱمۡسَحُواْ بِوُجُوهِكُمۡ وَأَيۡدِيكُمۡۗ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ عَفُوًّا غَفُورًا
Эй касоне, ки имон овардаед, он гоҳ, ки маст ҳастед, гирди намоз магардед, то бидонед, ки чӣ мегӯед. Ва низ дар ҳоли ҷанобат, то ғусл кунед, магар он ки роҳгузар бошед. Ва агар бемор ё дар сафар будед, ё аз макони қазои ҳочат бозгаштаед, ё бо занон ҷимоъ кардаед ва об наёфтед, бо хоки пок таяммум кунед ва рую дастҳоятонро бо он хок масҳ кунед. Албатта Худо авфкунанда ва омурзанда аст!
Tajik - Tajik translation