Эй аҳли китоб, ба он чи ки [бар Муҳаммад] нозил кардем ва китоби осмонӣ шуморо тасдиқ мекунад, имон биёваред, пеш аз он ки чеҳраҳоро маҳв кунем ва онҳоро [ҳамчун] пушти сарашон [софу зишт] бигардонем, ё эшонро ҳамчун асҳоби сабт [яҳудиёни нофармоне, ки рӯзи шанбе моҳӣ гирифтанд] лаънат кунем [ва ба шакли маймун дароварем] ва [бидонед, ки] фармони Аллоҳ таоло, ҳатман, ба вуқуъ мепайвандад
الترجمة الطاجيكية - عارفي
47. Эй аҳли китоб! Имон оваред ба он чи Мо нозил кардаем аз Қуръон, ки тасдиқкунандаи чизҳоест, ки шумо бо худ доред. Пас ҳамон тавре ки онҳо ҳақро тарк гуфта ва ботилро ривоҷ доданд, ба сазое аз навъи корашон ҷазо дода шуданд ва чеҳраҳояшон маҳв гардид, ҳамон тавре ки онҳо ҳақро маҳв карданд. Ва баргардондани чеҳраҳояшон ба сурате буд, ки чеҳраи онон дар пушт қарор гирифт ва ин зишттарин сурат аст. Ё онҳоро лаънат кунем, ҳамон тавре ки ёрони шанберо лаънат кардем. (Яъне, онҳоро аз раҳмати худ дур намуд ва табдил ба маймун гардонд, ҳамон тавр ки Аллоҳ бо бародаронашон, ки дар рӯзи шанбе таҷовуз ва сарпечӣ карданд, чунин кард). Ва фармони Алдоҳ анҷом шуданӣ аст. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/181
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/181
الترجمة الطاجيكية
يَـٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ ءَامِنُواْ بِمَا نَزَّلۡنَا مُصَدِّقٗا لِّمَا مَعَكُم مِّن قَبۡلِ أَن نَّطۡمِسَ وُجُوهٗا فَنَرُدَّهَا عَلَىٰٓ أَدۡبَارِهَآ أَوۡ نَلۡعَنَهُمۡ كَمَا لَعَنَّآ أَصۡحَٰبَ ٱلسَّبۡتِۚ وَكَانَ أَمۡرُ ٱللَّهِ مَفۡعُولًا
Эй касоне, ки шуморо китоб дода шуда, ба китобе, ки нозил кардаем ва китоби шуморо низ тасдиқ мекунад, имон биёваред; пеш аз он ки нақши чеҳраҳоеро нест кунем ва рӯйҳоро ба қафо баргардонем. Ё ҳамчунон, ки асҳоби сабтро лаънат кардем, шуморо ҳам лаънат кунем. Ва фармони Худо шуданист!
Tajik - Tajik translation