Касе, ки шафоати писандидае кунад, аз [хайри] он насибе хоҳад дошт ва касе, ки шафоати нописанде кунад, аз [шарри] он насибе хоҳад дошт. Ва Аллоҳ таоло ҳамвора бар ҳар чизе муроқиб аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
85. Пас ҳар кас ки дигареро дар кори хайре ёрӣ диҳад, ӯро аз савоби он баҳрае бошад. Ва ҳар кас дигареро бар анҷоми кори бад ёрӣ кунад, ӯро аз азоби он ҳиссае бошад. Ва Аллоҳ бар ҳар чизе гувоҳ ва ҳофиз аст.
الترجمة الطاجيكية
مَّن يَشۡفَعۡ شَفَٰعَةً حَسَنَةٗ يَكُن لَّهُۥ نَصِيبٞ مِّنۡهَاۖ وَمَن يَشۡفَعۡ شَفَٰعَةٗ سَيِّئَةٗ يَكُن لَّهُۥ كِفۡلٞ مِّنۡهَاۗ وَكَانَ ٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ مُّقِيتٗا
Ҳар кас дар кори неке миёнарав шавад, ӯро аз он насибест ва ҳар кас дар кори баде миёнарав шавад, ӯро аз он баҳраест. Ва Худо нигаҳбон бар ҳар чизест!
Tajik - Tajik translation