Магар онҳое, ки бо ҳампаймонони шумо паймон бастаанд ё онҳое, ки наздатон меоянд ва аз ҷанг бо шумо ё қавми худ ба танг омадаанд. Ва агар Аллоҳ таоло мехост, ононро бар шумо мусаллат мекард, ки бо шумо биҷанганд, пас, агар аз шумо канорагирӣ карданд ва бо шумо наҷангиданд ва таслим [-у фармонбардор]-и шумо шуданд, [бидонед, ки дигар] Аллоҳ таоло барои шумо роҳе [барои таҷовуз] бар онон қарор надодааст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
90. Магар касоне, ки бо гурӯҳе пайванд пайдо мекунанд, ки миёни шумо ва онон паймонест, пас ба онҳо маҷангед ва инчунин касоне, ки назди шумо меоянд, дар ҳоле ки намехоҳанд бо шумо биҷанганд ва намехоҳанд бо қавмашон биҷанганд, пас онҳо на ҳамроҳи шумоанд ва на ҳамроҳи қавмашон.
Пас бо онҳо маҷангед ва агар Аллоҳ мехост онҳоро бар шумо ҳукмрон ва пирӯз мегардонд ва онон ҳамроҳи душманони шумо (мушрикон) бо шумо меҷангиданд. Ва лекин Аллоҳ ба фазлу қудраташ онҳоро аз шумо нигоҳ дошт. Бинобар ин агар аз шумо канорагирӣ карданд ва бо шумо наҷангиданд ва пешниҳоди сулҳ карданд, Аллоҳ барои шумо ҳеҷ роҳе бар зидди онҳо накушодааст.

الترجمة الطاجيكية
إِلَّا ٱلَّذِينَ يَصِلُونَ إِلَىٰ قَوۡمِۭ بَيۡنَكُمۡ وَبَيۡنَهُم مِّيثَٰقٌ أَوۡ جَآءُوكُمۡ حَصِرَتۡ صُدُورُهُمۡ أَن يُقَٰتِلُوكُمۡ أَوۡ يُقَٰتِلُواْ قَوۡمَهُمۡۚ وَلَوۡ شَآءَ ٱللَّهُ لَسَلَّطَهُمۡ عَلَيۡكُمۡ فَلَقَٰتَلُوكُمۡۚ فَإِنِ ٱعۡتَزَلُوكُمۡ فَلَمۡ يُقَٰتِلُوكُمۡ وَأَلۡقَوۡاْ إِلَيۡكُمُ ٱلسَّلَمَ فَمَا جَعَلَ ٱللَّهُ لَكُمۡ عَلَيۡهِمۡ سَبِيلٗا
Ғайри касоне, ки ба қавме, ки миёни шумо ва онҳо паимонест, мепайванданд ё худ назди шумо меоянд, дар ҳоле, ки аз ҷангидан бо шумо ё ҷангидан бо қавми худ малул шуда бошанд. Ва агар Худо мехост, бар шумо пирӯзашон месохт ва бо шумо ба ҷанг бармехостанд. Пас ҳар гоҳ канора гирифтанд ва бо шумо наҷангиданд ва ба шумо пешниҳоди сулҳ карданд, Худо ҳеҷ роҳе барои шумо бар зидди онҳо накушода аст.
Tajik - Tajik translation