Эй паёмбар] Ҳаргиз дар он масҷид [ба намоз] наист, [зеро] шоистатар аст дар масҷиде [ба намоз] биистӣ, ки аз рӯзи нахуст бар пояи парҳезгорӣ бино шудааст. [Оре, масҷиди Қубост] Ки дар он, мардоне ҳастанд, ки дӯст медоранд, ки [аз гуноҳу олудагӣ] поку покиза гарданд. Ва Аллоҳ таоло покизагонро дӯст медорад
الترجمة الطاجيكية - عارفي
108. Эй Паёмбар, ҳаргиз дар он масҷид намоз магузор. Масҷиде, ки аз рӯзи нахуст бар парҳезгорӣ бунёд шуд ва он (масҷиди Расули Аллоҳ) шоистатар аст, ки дар он ҷо намоз гузорӣ. Дар он ҷо мардоне ҳастанд, ки дӯст доранд аз наҷосатҳову палидиҳо ва аз гуноҳҳову маъсиятҳо покиза бошанд, зеро Аллоҳ покизагонро дӯст дорад.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 14/479
____________________
1. Тафсири Табарӣ 14/479
الترجمة الطاجيكية
لَا تَقُمۡ فِيهِ أَبَدٗاۚ لَّمَسۡجِدٌ أُسِّسَ عَلَى ٱلتَّقۡوَىٰ مِنۡ أَوَّلِ يَوۡمٍ أَحَقُّ أَن تَقُومَ فِيهِۚ فِيهِ رِجَالٞ يُحِبُّونَ أَن يَتَطَهَّرُواْۚ وَٱللَّهُ يُحِبُّ ٱلۡمُطَّهِّرِينَ
Ҳаргиз дар он масҷид намоз магузор. Масҷиде, ки аз рӯзи нахуст бар парҳезгорӣ бунёд шуда, шоистатар аст, ки дар он ҷо намоз кунӣ. Дар он ҷо мардоне ҳастанд, ки дӯст доранд покиза бошанд, зеро Худо покизагонро дӯст дорад.
Tajik - Tajik translation