Бе гумон, Аллоҳ таоло бар паёмбар ва муҳоҷирин ва ансор, ки дар ҳангоми душворӣ [ғазваи Табук] аз Ӯ пайравӣ карданд, раҳмат овард, баъд аз онки наздик буд дилҳои гурӯҳе аз онон билағжад [ва ба сабаби сахтиҳои фаровон ҷиҳодро тарк кунанд], пас, [боз] тавбаи ононро пазируфт. Бе тардид, Ӯ [нисбат] ба онон дилсӯз [ва] меҳрубон аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
117. Аллоҳ ба паёмбараш тавфиқашро арзонӣ кард ва муҳоҷирин ва ансорро ба тавба кардан мушарраф сохт, ки дар ғазваи Табук дар гармии сахт дар машаққату ташнагӣ пайравии ӯ карданд, баъд аз он ки қариб буд, ки дили гурӯҳе аз онон беҷо шавад ва шак кунад дар динаш ва аз ҷанг бигардад. Тавбаашонро пазируфт, зеро
ба онҳо рауфу (мушфиқу) меҳрубон аст!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 14/539
ба онҳо рауфу (мушфиқу) меҳрубон аст!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 14/539
الترجمة الطاجيكية
لَّقَد تَّابَ ٱللَّهُ عَلَى ٱلنَّبِيِّ وَٱلۡمُهَٰجِرِينَ وَٱلۡأَنصَارِ ٱلَّذِينَ ٱتَّبَعُوهُ فِي سَاعَةِ ٱلۡعُسۡرَةِ مِنۢ بَعۡدِ مَا كَادَ يَزِيغُ قُلُوبُ فَرِيقٖ مِّنۡهُمۡ ثُمَّ تَابَ عَلَيۡهِمۡۚ إِنَّهُۥ بِهِمۡ رَءُوفٞ رَّحِيمٞ
Худо тавбаи паёмбару муҳоҷирин ва ансорро, ки дар он соати усрат ҳамроҳи Ӯ буданд, аз он пас, ки наздик буд, ки гурӯҳеро дил аз ҷанг бигардад, пазируфт. Тавбаашон пазируфт, зеро ба онҳо рауфу (мушфиқу) меҳрубон аст!
Tajik - Tajik translation