[Шумо мунофиқон] Ҳаммонанди касоне [ҳастед], ки пеш аз шумо буданд, [балки] онон аз шумо нерумандтар буданд ва амволу фарзандони бештаре доштанд. Пас, аз баҳраи хеш [дар дунё] бархӯрдор шуданд ва шумо низ аз баҳраи худ бархӯрдор шудед ҳамчунон ки онон ки пеш аз шумо буданд [низ] аз баҳраи хеш бархӯрдор шуданд. Ва шумо [дар гуноҳи такзиби ҳақ ва тавҳин ба паёмбари худ] фурӯ рафтед, ҳамон тавре ки онон фурӯ рафтанд. Онон аъмолашон дар дунё ва охират табоҳ гашт ва ононанд, ки табоҳкоронанд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
69. Феълу хӯи шумо (эй мунофиқон дар тамасхур ва куфр) ба монанди касонест, ки пеш аз шумо нерумандтар ва дорои амвол ва фарзандони бештаре буданд, пас онҳо аз насиби хеш баҳраманд шудаед, ҳамчунон касоне, ки пеш аз шумо будаанд, аз насиби хеш баҳраманд шуда буданд. Шумо суханони ботил гуфтед, ҳамчунон, ки онҳо сухани ботил мегуфтанд. Аъмоли онон дар дунёву охират ночиз гардид ва зиёнманд шуданд.
الترجمة الطاجيكية
كَٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِكُمۡ كَانُوٓاْ أَشَدَّ مِنكُمۡ قُوَّةٗ وَأَكۡثَرَ أَمۡوَٰلٗا وَأَوۡلَٰدٗا فَٱسۡتَمۡتَعُواْ بِخَلَٰقِهِمۡ فَٱسۡتَمۡتَعۡتُم بِخَلَٰقِكُمۡ كَمَا ٱسۡتَمۡتَعَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِكُم بِخَلَٰقِهِمۡ وَخُضۡتُمۡ كَٱلَّذِي خَاضُوٓاْۚ أُوْلَـٰٓئِكَ حَبِطَتۡ أَعۡمَٰلُهُمۡ فِي ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِۖ وَأُوْلَـٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡخَٰسِرُونَ
Ҳамонанди касоне, ки пеш аз шумо буданд, бо нерӯи бештар ва дороиву фарзандонн бештар, Онҳо аз насиби хеш баҳраманд шуданд. Шумо низ аз насиби хеш баҳраманд шудаед, ҳамчунон, ки касоне, ки пеш аз шумо будаанд, аз насиби хеш баҳраманд шуда буданд. Шумо суханони ботил гуфтед, ҳамчунон, ки онҳо сухани ботил мегуфтанд. Аъмоли онон дар дунёву охират ночиз гардид ва зиёнманд шуданд.
Tajik - Tajik translation