Вақте [аз ғазваи Табук] ба сӯяшон баргардед, бароятон узр меоваранд. [Эй паёмбар] Бигӯ: «Узр наёваред, мо ҳаргиз [сухани] шуморо бовар намекунем. Дар ҳақиқат, Аллоҳ таоло моро аз ахбори шумо огоҳ кардааст ва ба зудӣ Аллоҳ таоло ва паёмбараш рафторатонро хоҳанд дид [ки оё тавба мекунед ё бар нифоқ мемонед]. Он гоҳ ба сӯйи [Аллоҳ таолои] донои пинҳон ва ошкор бозгардонда мешавед ва Ӯ шуморо аз ончи мекардед, огоҳ мекунад»
الترجمة الطاجيكية - عارفي
94. Эй мӯъминон, чун шумо ба наздашон бозгардед, (барои нарафтанашон ба ҷиҳод) меоянду узр мепурсанд. Бигӯ: «Узр мапурсед, гуфторатонро ҳаргиз бовар надорем, ки Аллоҳ моро аз ахбори шумо огоҳ кардааст.
Ба зудӣ Аллоҳу паёмбараш амали шуморо дар дунё хоҳанд дид. Оё шумо аз нифоқи худ тавба мекунед ё бар он пойдор меистед? Он гоҳ шуморо назди он Аллоҳе, ки донои ниҳону ошкор аст, мебаранд, то аз натиҷаи аъмолатон огоҳатон созад!»(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 14/424
Ба зудӣ Аллоҳу паёмбараш амали шуморо дар дунё хоҳанд дид. Оё шумо аз нифоқи худ тавба мекунед ё бар он пойдор меистед? Он гоҳ шуморо назди он Аллоҳе, ки донои ниҳону ошкор аст, мебаранд, то аз натиҷаи аъмолатон огоҳатон созад!»(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 14/424
الترجمة الطاجيكية
يَعۡتَذِرُونَ إِلَيۡكُمۡ إِذَا رَجَعۡتُمۡ إِلَيۡهِمۡۚ قُل لَّا تَعۡتَذِرُواْ لَن نُّؤۡمِنَ لَكُمۡ قَدۡ نَبَّأَنَا ٱللَّهُ مِنۡ أَخۡبَارِكُمۡۚ وَسَيَرَى ٱللَّهُ عَمَلَكُمۡ وَرَسُولُهُۥ ثُمَّ تُرَدُّونَ إِلَىٰ عَٰلِمِ ٱلۡغَيۡبِ وَٱلشَّهَٰدَةِ فَيُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ
Чун шумо ба наздашон бозгардед, меоянду узр меоваранд. Бигӯ: «Узр маёваред, гуфторатонро бовар надорем, ки Худо моро аз ахбори шумо огоҳ кардааст. Ба зудӣ Худову паёмбараш ба аъмоли шумо хоҳанд расид. Он гоҳ шуморо назди он Худованде, ки донои ниҳону ошкор аст, мебаранд, то аз натиҷаи аъмолатон огоҳатон созад!»
Tajik - Tajik translation