ترجمة سورة العاديات

الترجمة الطاجيكية
ترجمة معاني سورة العاديات باللغة الطاجيكية من كتاب الترجمة الطاجيكية .
من تأليف: خوجه ميروف خوجه مير .

1.       Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба аспони тозандае ки нафасзанон ба тарафи душман ҳамла мекунанд.
2.       Савганд, ба аспоне, ки ба наъли худ сангро зада оташ мебароранд;
3.       Пас савганд ба аспоне, ки бар муқобили душман бомдодон ҳуҷум оваранд
4.       ва он гоҳ дар он ҷо ғубор бархезонанд
5.       ва он гоҳ дар он ҷо дар миён дароянд ва душманро сарнагун созанд.
6.       Ба дурустӣ, ки одамӣ Парвардигори худро шукр намегӯяд.
7.       Ба дурустӣ, ӯ худ бар ин гувоҳ аст.
8.       Ва ӯ алоқаи сахт бо дороӣ ва мол дорад.
9.       Оё инсоне, ки мағрур аст намедонад Аллоҳ таъоло мурдагонро аз гурҳояшон
барои ҳисобу ҷазо берун меоварад.
10.   ва он чӣ дар дилҳо аз неку бад пинҳон аст, ошкор шавад.
11.   Парвардигорашон дар он рӯз аз ҳоли онҳо ва амалҳояшон огоҳ аст. Ва ҳеҷ чизе аз Ӯ пинҳон нахоҳад монд.
Icon