[Қурбонӣ кардани] шутур [ва гов дар мавсими ҳаҷ]-ро барои шумо аз шаоири дин [ва нишонаҳои ибодати Аллоҳ таоло] қарор додем. Дар ин [кор] бароятон хайр [-у баракат] аст. Пас, [ҳангоми қурбонӣ] дар ҳоле ки [шутурон] бар по истодаанд, номи Аллоҳро бар онҳо бибаред [ва наҳрашон кунед]. Он гоҳ чун бар хок афтоданд, аз [гӯшти] онҳо бихӯред ва тиҳидастони обрӯманд ва гадоёнро низ таом диҳед. Онҳо [чаҳорпоён]-ро инчунин ба хидмати шумо гумоштем, бошад, ки сипос гузоред
الترجمة الطاجيكية - عارفي
36. Шутурони қурбониро барои шумо аз шаъоири Аллоҳ қарор додем, то ба он ба сӯи Аллоҳ наздик шавед. Шуморо дар онҳо хайру баракатест; аз хӯрдан, садақа кардан ва савоб гирифтан. Пас ҳангоми қурбонӣ, дар ҳоле, ки бар пой истодаанд, номи Аллоҳро бар онҳо бихонед ва чун пахлӯяшон бар замин расид, аз гӯшти онҳо бихӯред ва фақирони боқаноат ва гадоёнро бихӯронед. Ин гуна Мо онҳоро барои шумо ром кардем. Бошад, ки шумо сипосгузорӣ кунед!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\538
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\538
الترجمة الطاجيكية
وَٱلۡبُدۡنَ جَعَلۡنَٰهَا لَكُم مِّن شَعَـٰٓئِرِ ٱللَّهِ لَكُمۡ فِيهَا خَيۡرٞۖ فَٱذۡكُرُواْ ٱسۡمَ ٱللَّهِ عَلَيۡهَا صَوَآفَّۖ فَإِذَا وَجَبَتۡ جُنُوبُهَا فَكُلُواْ مِنۡهَا وَأَطۡعِمُواْ ٱلۡقَانِعَ وَٱلۡمُعۡتَرَّۚ كَذَٰلِكَ سَخَّرۡنَٰهَا لَكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ
Шутурони қурбониро барои шумо аз шиорҳои Худо қарор додем. Шуморо дар он хайрест. Ва ҳамчунон ки бар пой истодаанд, номи Худоро бар онҳо бихонед ва чун паҳлӯяшон бар замин расид, аз онҳо бихӯред ва фақиронро қонеъу гадоёнро таъом диҳед. Инҳоро барои шумо ром кардем. Бошад, ки шукргузорӣ кунед!
Tajik - Tajik translation