Ҳангоме ки ба мардум [ранҷу] зиёне бирасад, зорикунон Парвардигорашонро мехонанд, сипас чун [Аллоҳ таоло] раҳмате аз ҷониби хеш ба онон бичашонад [ва гиреҳ аз корашон бикшояд], он гоҳ гурӯҳе аз онон ба Парвардигорашон ширк меоваранд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
33. Ва ҳар замоне ба мардум ранҷ ва зиёне бирасад, бо ихлос Парвардигорашонро дуову илтиҷо кунанд ва тавбакунон ба сӯи Ӯ бозмегарданд. Сипас чун раҳмати хеш ба онҳо бичашонад, онгоҳ гурӯҳе аз онон бори дигар ба Парвардигорашон ширк меоваранд.
الترجمة الطاجيكية
وَإِذَا مَسَّ ٱلنَّاسَ ضُرّٞ دَعَوۡاْ رَبَّهُم مُّنِيبِينَ إِلَيۡهِ ثُمَّ إِذَآ أَذَاقَهُم مِّنۡهُ رَحۡمَةً إِذَا فَرِيقٞ مِّنۡهُم بِرَبِّهِمۡ يُشۡرِكُونَ
Чун бар одамиён зиёне расад, Парвардигорашонро бихонанд ва ба даргоҳи Ӯ тавба кунанд ва чун раҳмати худ ба онҳо бичашонад, гурӯҳеро бинӣ, ки ба Парвардигорашон ширк меоваранд.
Tajik - Tajik translation