Аллоҳ таоло аст, ки бодҳоро равон мекунад ва [онҳо низ тудаи] абреро ба ҳаракат дармеоваранд ва [Аллоҳ таоло] онҳоро чунон ки мехоҳад дар [паҳнои] осмон мегустаронад ва ба сурати пораҳое дармеоварад ва боронро мебинӣ, ки аз миёни он [абрҳо] берун меояд ва чун [Парвардигори меҳрубон] ин [борони ҳаётбахш]-ро ба ҳар як аз бандагонаш, ки бихоҳад фурӯборад, он гоҳ аст, ки шодмон мешаванд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
48. Аллоҳ Зотест, ки бодҳоро мефиристад, то абрҳоро барангезад ва чунонки хоҳад бар осмон паҳну парешон кунад ва онро порча - порча кунад, пас бинӣ, ки борон аз даруни абрҳо берун меояд. Ва чун боронро ба ҳар кӣ хоҳад аз бандагонаш бирасонад, онҳо, шодмон шаванд.
الترجمة الطاجيكية
ٱللَّهُ ٱلَّذِي يُرۡسِلُ ٱلرِّيَٰحَ فَتُثِيرُ سَحَابٗا فَيَبۡسُطُهُۥ فِي ٱلسَّمَآءِ كَيۡفَ يَشَآءُ وَيَجۡعَلُهُۥ كِسَفٗا فَتَرَى ٱلۡوَدۡقَ يَخۡرُجُ مِنۡ خِلَٰلِهِۦۖ فَإِذَآ أَصَابَ بِهِۦ مَن يَشَآءُ مِنۡ عِبَادِهِۦٓ إِذَا هُمۡ يَسۡتَبۡشِرُونَ
Худост, ки бодҳоро мефиристад, то абрҳоро барангезад ва чунон ки хоҳад, бар осмон паҳн кунад ва онро пора-пора кунад ва бинӣ, ки борон аз даруни абрҳо берун меояд. Ва чун боронро ба ҳар кӣ хоҳад аз бандагонаш бирасонад, шодмон шаванд,
Tajik - Tajik translation