Оё [мушрикон] дар замин гардиш накардаанд, то бубинанд саранҷоми касоне, ки пеш аз онон буданд, чи гуна будааст? Онҳо бисёр нерумандтар аз инон буданд ва заминро [барои кишоварзӣ ва ободкорӣ] беш аз инон дигаргун сохтанд ва обод карданд ва паёмбаронашон бо далоили равшан ба суроғашон омаданд [аммо онон инкор карданд ва нобуд шуданд]. Аллоҳ таоло ҳаргиз бар он набуд, ки ба эшон ситам кунад, балки онон худ ба хештан ситам мекарданд
الترجمة الطاجيكية - عارفي
9. Оё ин кофирони аз охират бехабар дар замин нагаштаанд, то бингаранд, ки оқибати касоне, ки пеш аз онҳо буданд(1), чӣ гуна будааст? Онҳо дар ҷисм басе нерумандтар аз онҳо буданд(2) ва заминро шудгор карданд ва дар он зироатҳо коштанд ва беш аз он чи инҳо (аҳли Макка) ободаш кардаанд,
онро обод сохтаанд, вале иморатҳои онҳо ва умри дарозашон ба онҳо фоидае накард. Ва паёмбаронашон бо мӯъҷизаҳо ба сӯяшон омаданд, вале бо вуҷуди ин, онҳо имон наёварданд, пас Аллоҳ бар онҳо ситам накардааст, балки онҳо бо ширку маъсияти худ дар ҳаққи хеш ситам мекарданд.(3)
____________________
1. Монанди Оду Самуд, ки фиристодагони Аллоҳро дуруғ бароварданд. 2. Аз кофирони Макка. 3. Тафсири Бағавӣ 6\263

الترجمة الطاجيكية
أَوَلَمۡ يَسِيرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَيَنظُرُواْ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡۚ كَانُوٓاْ أَشَدَّ مِنۡهُمۡ قُوَّةٗ وَأَثَارُواْ ٱلۡأَرۡضَ وَعَمَرُوهَآ أَكۡثَرَ مِمَّا عَمَرُوهَا وَجَآءَتۡهُمۡ رُسُلُهُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِۖ فَمَا كَانَ ٱللَّهُ لِيَظۡلِمَهُمۡ وَلَٰكِن كَانُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ يَظۡلِمُونَ
Оё дар замин намегарданд, то бингаранд, ки чӣ гуна будааст оқибати касоне, ки пеш аз онҳо зистаанд? Касоне, ки тавонашон бештар будааст ва заминро ба шудгор задан зеру рӯ карда ва бештар аз инҳо ободаш сохта буданд ва паёмбароне бо мӯъҷизаҳо бар онҳо фиристода шуда буд. Худо ба онҳо зулм намекард, онон худ ба худашон зулм мекарданд.
Tajik - Tajik translation