Ва ҳар ки дар роҳи Аллоҳ таоло ҳиҷрат кунад, дар замин сарпаноҳи бисёр ва кушоише [дар рӯзӣ ва кор] меёбад ва касе, ки ба қасди ҳиҷрат ба сӯйи Аллоҳ таоло ва паёмбараш аз хонааш хориҷ шавад ва он гоҳ маргаш фаро расад, ҳатман, подошаш бар [уҳдаи] Аллоҳ таоло аст ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
الترجمة الطاجيكية - عارفي
100. Ва ҳар кас дар роҳи Аллоҳ тарки ватан кунад, иқоматгоҳи зиёд ва кушоиш (1) дар замин хоҳад дид. Ва ҳар кас ки аз хонааш берун равад ба сӯи Аллоҳ ва паёмбараш ва ҳадафаш аз ҳиҷрат, Аллоҳ ва хушнудии вай ва муҳаббати паёмбар бошад ва ҳадафи дигар надошта бошад, сипас марг ӯро дарёбад, ба ростӣ, ӯ савоби муҳоҷирро ба даст овардааст. Ва Аллоҳ ба бандагонаш омӯрзгор ва меҳрубон аст.(2)
____________________
1. Дар масолеҳи дин ва дунё. 2. Тафсири Саъдӣ 1/196
____________________
1. Дар масолеҳи дин ва дунё. 2. Тафсири Саъдӣ 1/196
الترجمة الطاجيكية
۞وَمَن يُهَاجِرۡ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ يَجِدۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ مُرَٰغَمٗا كَثِيرٗا وَسَعَةٗۚ وَمَن يَخۡرُجۡ مِنۢ بَيۡتِهِۦ مُهَاجِرًا إِلَى ٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ ثُمَّ يُدۡرِكۡهُ ٱلۡمَوۡتُ فَقَدۡ وَقَعَ أَجۡرُهُۥ عَلَى ٱللَّهِۗ وَكَانَ ٱللَّهُ غَفُورٗا رَّحِيمٗا
Он кас, ки дар роҳи Худо тарки ватан кунад, дар рӯи замин бархӯрдориҳои бисёр ва кушоишҳо хоҳад ёфт. Ва ҳар кас, ки аз хонаи хеш берун ояд, то ба сӯи Худо ва расулаш ҳиҷрат кунад ва он гоҳ марг ӯро дарёбад, муздаш бар ӯҳдаи Худост ва Худо омурзандаву меҳрубон аст!
Tajik - Tajik translation